БОБОБЕКОВА Меҳриниссо

Раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»

Соли таваллуд: 19 январи соли 1950
Ҷои таваллуд: шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: таърихчӣ, муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ
Донандаи забони русӣ мебошад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1972-1973-корманди илмии Институти шарқшиносӣ;
  • Солҳои 1973-1976-сафари хизматӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон;
  • Солҳои 1976-1985-муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ дар мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1985-1987-муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносии омӯзишгоҳи касбии №31-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1987-1989-коршиноси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон;
  • Солҳои 1989-1991-муҳаррири шуъбаи маърифат ва илми маҷаллаи Фирӯза;
  • Солҳои 1991-1996-мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-2007-мушовири Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикстон бо мамолики хориҷӣ;
  • Аз соли 2007-то инҷониб-Раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»
ШАРИКОН: