РАҲМОН Озода Эмомалӣ

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст,
миллаташ тоҷик,
маълумоташ олӣ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

  • Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.
  • Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.
  • Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
  • Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
  • Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
  • Раҳмон О.Э. дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.
  • Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти Раҳмон О.Э. дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ  бо ибтикор ва роҳбарии ӯ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба фаъолаияти консулӣ такмил гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра «Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ», «Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии маълумот ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуданд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардиданд.
  • Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раҳмон О.Э шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷорӣ гардида, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
  • Саҳми Раҳмон О.Э. дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки боиси боз ҳам боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, тавсеа ёфтани муносибатҳои дипломатӣ хеле назаррас мебошад.
  • Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.
  • Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
  • Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
  • Аз моҳи июли соли 2016 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
ШАРИКОН: