ШОДИХОН Ҷамшед

Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 22 марти соли 1962
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1985 Донишгоҳи тиббииТоҷикистон ба номи Абӯали ибни Синоро хатм намудааст.
Ихтисос: кори табобатӣ
«Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Аз соли 2015 муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2011 бо медали «Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1986-1987-духтури хирург, касалхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 1987-1989-духтури нейрохирурги шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 1989-1991-ординатори кафедраи ҷарроҳии асаби шаҳри Душанбе; Солҳои 1991-1993-духтури ҷарроҳии асаби РКБ №3 НХО шаҳри Душанбе; Солҳои 1993-1996 -духтури травмотолог ва ҷарроҳии асаби касалхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 1996-2002-мудири шуъбаи ортопедӣ ва таддории касалхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 2002-2008-сардухтури касалхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ;
  • Салҳои 2008-2009-сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 2009-2010-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон;
  • Солҳои 2010-2013-раиси ноҳияи Шуғнон;
  • Аз моҳи ноябри соли 2013-то инҷониб-Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
ШАРИКОН: