Дӯстзода Ҳасан Тағдир

* Аз 15 апрели соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин шудааст, аз 27 июли соли 2023 дар мансаби муовини сардори раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

* Соли таваллуд:   02.01.1974                * Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Нуробод

* Миллат:   тоҷик                                * Таҳсилот:   олӣ

* Соли 1996  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро хатм кардааст.

* Ихтисос:  муносибатҳои иқтисоди байналмиллалӣ

* Унвони илмӣ:  надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  нест

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  медали «Хизмати шоиста» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016, №723

* Вазъи оилавӣ:  оиладор

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои  1997-1998- Раиси иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод
Солҳои  1998-2000- Мутахассиси дараҷаи дуюми шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи  Дарбанд
Солҳои 2000-2001- Мутахассиси дараҷаи аввали шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанд
Солҳои 2001-2006- Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи  Дарбанди Кумитаи кор бо ҷавонони назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2010- Раиси Ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод
Солҳои 2010-2015- Муовини якуми  раиси ноҳияи Нуробод
Солҳои 2015-2021- Раиси ноҳияи Нуробод
Аз 27 июли соли 2023 — Муовини сардори раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия
ШАРИКОН: