УБАЙДУЛЛОЕВ Маҳмадсаид

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 1 феврали соли 1952
Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1974 Донишкадаи политехникии Харков ва соли 1985 Мактаби олии партиявии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис-барќчӣ
Донандаи хуби забони русӣ мебошад.
Аз соли 2000 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо орденҳои «Дустӣ» ва «Исмоили Сомонӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1968-1970-донишҷӯи Донишкадаи политехникии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1970-1974 -донишҷӯи Донишкадаи политехникии Харков, РСС  Украина;
  • Солҳои 1974-1975-инженери калони гурӯҳи роҳбарӣ ва назорати стансияи ахборотию ҳисоббаробарӣ ва ҳисоби мошинии ноҳиявии идораи омори  вилояти Кӯлоби РСС  Тоҷикистон;
  • Солҳои 1975-1976-саринженери  стансияи ҳисоби мошинии идораи омори  вилояти  Кӯлоб;
  • Соли  1976 (02.11)-сардори стансияи ҳисоби мошинии идораи омори шаҳри  Кӯлоби вилояти Кӯлоби РСС  Тоҷикистон;
  • Солҳои 1976-1979-сардори маркази ҳисоббарории  идораи омори шаҳри  Кӯлоби вилояти Кӯлоб РСС  Тоҷикистон;
  • Солҳои 1979-1981-инструктори шуъбаи ташкилии комитети партиявии  шаҳри  Кӯлоб;
  • Солҳои 1981-1983-мудири шуъбаи ташкилии комитети партиявии шаҳри Кӯлоб;
  • Солҳои 1983-1985-шунавандаи Мактаби олии партиявии  шаҳри Тошкенти РСС Ӯзбекистон;
  • Солҳои 1985-1986-ҷонишини Сардори идораи маркази омори РСС Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986-1988-мудири шуъбаи саноат, наќлиёт ва молҳои истеъмоли  халќи комитети партиявии вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1988-1990-Сардори идораи омори вилояти Қурғонтеппаи РСС Тоҷикистон;
  • Солҳои 1990-1992-ҷонишини Раиси комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халќи вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1992-1994-ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1994-1996-муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-01. 2017-Раиси шаҳри Душанбе;
  • Аз соли 2000- то инҷониб- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ШАРИКОН: