Файзов Ёдгор Доёрович

Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Файзов Ёдгор Доёрович 30 декабри соли 1961 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (собиқ Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон) ва соли 1990 Мактаби олии комсомолии шаҳри Москваро бо ихтисос­ҳои ветеринар ва сиёсатшиносӣ хатм кардааст.
Дар вазифаҳои духтур — ветеринари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инструктори Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мудири шуъбаи ташкилии Комитети комсомолии шаҳри Хоруғ, котиби якуми Комитети комсомолии шаҳри Хоруғ, котиби якуми Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси Созмони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оғохон, менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оғохон, директори Фонди Оғохони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 1 октябри соли 2018 то 25 феврали соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ ва аз 25 феврали соли 2019 дар мансаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекунад.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2019-2020) буд.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад
Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

ШАРИКОН: