Ҷонибдории як қатор қонунҳо дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 майи соли 2017 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 52 масъалаҳои дар он шомилгардида шуруъ намуданд.

Нахуст тибқи рӯзномаи иҷлосия узви тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло дар фазои тантанавӣ савганд ёд намуда, бо қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб гардид.

Сипас, аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони Кумитаҳои марбутаи Маҷли­си мил­лӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ пешниҳодгардида 1 кодекс ва 4 қонунҳои мукаммал: Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра  қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ҷумла, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  ҷонибдорӣ ёфтанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ зимни ҷонибдорӣ аз ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади такмил додани он аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки зимни вохӯриҳои пайваста бо интихобкунандагон фикру андешаҳои онҳоро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, дар муҳлати як моҳ ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ пешниҳод манзур созанд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ  гузоришҳои раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ «Оиди иҷрои супориши протоколии иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум №7 аз 15 июли соли 2016 доир ба масъалаи таъсир ба сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ (дар асоси имтиҳонҳои марказонидашуда)» ва раиси Комиссияи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Арамбегим Маҳтобшозодаро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар иҷлосия, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бозхонд намудани муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷабор Сатторзода, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Изатулло, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ховар Нурмуҳаммад, Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар ва Раҳимзода Исмоил қарорҳои дахлдор қабул намуда, Аминзода Зокирҷон Тоҳир муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Лутфулло Изатулло судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азиззода Зафар Нусрат судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Суҳроб, Ҷалолиддин Азизӣ, Қаландарзода Мансур Сафар ва Нуриддинӣ Нурулло Бадалзодаро ба ҳайси судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Бо баррасии тамоми масъалаҳои дар рӯзнома шомилгардида Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

ШАРИКОН: