Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Самиҷон аз номи роҳбарият ҳайати кормандонро бо ин санаи муқаддас табрику таҳният  намуда, доир ба муҳиммияти Конститутсия суханронӣ кард.

Дар идома мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Нарзулло Маҳмудов роҷеъ ба таърихи қабули Конститутсия маърӯза карда, зикр намуд, ки санади мазкур дар марҳилаи барои халқи тоҷик тақдирсоз ба тариқи райъпурсии  умумихалқӣ қабул гардида, роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян сохт.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нурулло Қурбонализода зимни баромади худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон маънидод намуда, зикр сохт, ки бобати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ, маҳз дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола халқи Тоҷикистон 6 ноябрро ҳамчун иди умумихалқӣ бо шаҳомати хос ҷашн мегиранд, зеро қабули Конститутсия ба марҳилаи навбатии рушду инкишофи Тоҷикистон оғози тоза бахшид.

 

ШАРИКОН: