Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия

Имрӯз дар толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳар ду ҷониб доир гардид.

Дар оғози кори Комиссия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентиро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парламентиро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобила маънидод карданд.

Тавре таъкид гардид, имрӯз муносибатҳои байни Тоҷикистону Россия рӯ ба рушд буда, мулоқоти имрӯза шаҳодати барҷастаи он ба шумор меравад.

Бо кӯшиши тарафайн ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо ва пеш аз ҳама, соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва амниятӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд.

Тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия, на танҳо ифодаи иродаи Роҳбарияти олии сиёсии  ду давлат, инчунин саҳми парламентҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Дар ин самт нақши муҳими фаъолияти пурсамари Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияро таъкид намудан ба маврид аст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита зикр намуданд, ки ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия барои густариши  минбаъда дорои иқтидорҳои калон мебошад.

Ва амалисозии онҳо вазифаи асосии Комиссияи муштарак маҳсуб меёбад, ки он масъалаҳои зерин, аз ҷумла таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҷоннок кардани ҳамкориҳои соҳибкорони ду давлат, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ дар соҳаи савдои берунӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз ва бонкӣ, стандартизатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳтарсозии муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, илм ва дигар соҳаҳоро фаро мегирад.

Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия, ки дорои иқтидорҳои ғанӣ буда, яке аз омилҳои муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими амнияту осоиш дар минтақа мебошад, баҳои баланд доданд.

Иштирокдорони маҷлис ба Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия дар роҳи таҳкими муносибатҳои гуногунпаҳлӯи байни ду кишвар барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дидан карданд.

ШАРИКОН: