ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

(АМОҶТ с. 2004, №12, қ.1, мод.699; с.2008, №10, мод.805; мод.817, с.2013, №12, мод. 896; с.2015,№3,мод.215)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурўшандагонро ҳангоми фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

-истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) – ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рўзгор ва ѓайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;

-истеҳсолкунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро ҷиҳати фурўш барои истеъмолкунандагон истеҳсол мекунанд;

-иҷрокунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин соҳибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибқи шартномаи бемузд ё музднок иҷро мекунанд ё хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд;

-фурўшанда — ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро тибқи шартномаи хариду фурўш ба истеъмолкунанда мефурўшанд;

-чеки молталони хазинадорӣ бо суроѓаи фурўшанда ва сабти маблаѓ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурўши он мансуб мебошад;

-чеки хазинадорӣ – талони дар мошини назоратии хазина чопшуда бо зикри маблаѓи гирифташуда, санаи фурўш, номи ташкилоте (соҳибкори инфиродие), ки молро барои фурўш истеҳсол мекунад;

-стандарт – стандарти давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, бинокорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тибқи қонун талаботи ҳатмиро ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар менамояд;

-сифати мол (кор, хизматрасонӣ) — маҷмўи хусусиятҳои моле (коре, хизматрасоние), ки ба талаботи муқарраргардида ва ё эҳтимолии истеъмолкунанда (бехатарӣ, коршоямӣ, хусусиятҳои истифода, боэътимодӣ, камхарҷӣ, талаботи иттилоотии завқӣ ва ѓайра) — ро қонеъ гардонидани он нисбат дорад;

-мўҳлати кафолат – мўҳлати тақвимӣ (ба ҳисоби моҳ) ё кор (ба ҳисоби соат, давраи хизмат, километри гашт ва ҳоказо), ки дар ин муддат мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) бояд ба тамоми талаботи сифате ҷавобгў бошад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ муайян карда шудааст;

-мўҳлати коршоямӣ – даврае, ки баъди гузаштани он мол (натиҷаи кор) барои истифода кардан аз рўи таъиноташ корношоям дониста мешавад;

-мўҳлати хизмат – даврае, ки дар ҷараёни он истеҳсолкунанда ўҳдадор мешавад ба истеъмолкунанда имконияти аз рўи таъинот истифода бурдани мол (натиҷаи кор)-ро муҳаё намояд ва бехатарии мол (иҷрои кор)-ро барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва ҳамчунин барои муҳити зист кафолат медиҳад;

-мўҳлати нигоҳдорӣ – даврае, ки дар рафти он мол (натиҷаи кор, ё хизматрасонӣ), дар сурати риоя шудани шартҳои муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, хусусиятҳои дар ҳуҷҷати меъёрӣ ва ё дар шартнома зикршуда, ки талаботро нисбати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар кардааст, нигоҳ медорад;

-нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) ё худ моли дорои сифати номатлуб номувофиқатии мол (кор, хизматрасонӣ) ба стандарт, ба шартҳои шартнома ё худ ба талаботи оддии сифати мол (кор, хизматрасонӣ);

-нуқсони ҷиддии мол (кор, хизматрасонӣ) – нуқсоне, ки истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) – ро мутобиқи таъиноташ номумкин ё нораво мегардонад ё онро бартараф кардан мумкин нест ва ё баъди рафъаш боз зоҳир мешавад, ки барои бартараф кардани он маблаѓи калон лозим аст ё худ бар асари он истеъмолкунанда ба андозаи зиёдтар аз баҳрае маҳрум мешавад, ки ҳангоми имзои шартнома ба он умед баста буд;

-бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он, инчунин бехатарии ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастагӣ дорад;

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Ҳуқуқи истеъмолкунанда

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:

— ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;

— ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он;

— ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);

— ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);

— ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);

— ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;

-ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд; (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

— ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;

— ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурўшанда).

 

Моддаи 4. Таъмини ҳуқуқи истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда

Ҳуқуқ доштани истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо роҳи ба барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани масъалаҳо оид ба асосҳои дониши истеъмолӣ (матлуботӣ) ва ҳамчунин бо роҳи ташкили системаи огоҳонии истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо таъмин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

Дар фанҳои таълимӣ мавзўъҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

 

Моддаи 5. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ)

Истеъмолкунанда дар вақти барояш муносиб бо назардошти тартиботи кори фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба интихоби озодонаи моли (кори, хизматрасонии) хушсифат ҳуқуқ дорад.

Фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда дар интихоби озодонаи мол (кор, хизматрасонӣ) ёрӣ расонад.

Ба баъзе гурўҳҳои истеъмолкунандагон дар хизматгузории тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои хизматгузории истеъмолкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз ва бартарият дода мешавад.

Ба муқаррар намудани бартариятҳо, маҳдудиятҳои бевосита ё худ бавосита ҳангоми интихоби мол (кор, хизматрасонӣ), ѓайр аз бартарие ё маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 6. Сифат ва миқдори мол (кор, хизматрасонӣ)

Фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда моле фурўшад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки сифат ва миқдори он ба шартнома мувофиқ бошад.

Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ), фурўшанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст барои мақсадҳое, ки чунин мол (кор, хизматрасонӣ) одатан истифода мешавад, ба истеъмолкунанда мол фурўшад (корро иҷро намояд, хизмат расонад).

Агар фурўшанда (иҷрокунанда) ҳангоми бастани шартнома доир ба мақсадҳои мушаххаси харидории мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) аз ҷониби истеъмолкунанда огоҳ шуда бошад, фурўшанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки он мувофиқи ин мақсадҳо барои истифода коршоям бошад.

Ҳангоми фурўши мол аз рўи намуна ва ё тавсиф фурўшанда ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда моли ба намуна ва ё тавсиф мувофиқро фурўшад.

Агар бо стандарт нисбати сифати мол (кор, хизматрасонӣ) талаботи ҳатмӣ пешбинӣ шуда бошад, фурўшанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро супорад (коре, хизматеро ба ҷо оварад), ки он мувофиқи ин талабот бошад.

Истеъмолкунанда фақат маблаѓи миқдори муайяни моли гирифтааш (кори, хизмати ба ҷо овардааш) — ро пардохт менамояд.

Баҳисобгирии моли (кори, хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонӣ барояш иҷрокарда) — ро фурўшанда бо воситаҳои ченаке, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида, тамѓа задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда, аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд. (қҷт 06.10.08 №424)

Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба истеъмолкунанда назар ба миқдори пешбининамудаи шартнома камтар мол супурда (кору хизматро ба ҷо оварда) бошад, пас фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ўҳдадор аст, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, зарари аз ин кашидаи истеъмолкунандаро пурра ҷуброн намояд.

Дар шартнома пешбинӣ намудани шартҳое, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро нисбат ба ҳуқуқҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ маҳдуд месозанд, манъ аст.

Моддаи 7. Ўҳдадориҳои истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ҷиҳати муқаррар намудани мўҳлатҳои хизмат, коршоямӣ ва кафолати мол (кор)

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст мўҳлати хизмати моли (кори) истифодааш дарозмуддат, аз ҷумла маснуоти комплектӣ (ҷузъу қисмҳо, агрегатҳо) – ро, ки бо мурури замон барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда хавфнок шуда, ба амволи ў ё ба муҳити зист зарар расонда метавонад, муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

Мўҳлати хизмати мол (кор) бо воҳиди вақт ва ҳамчунин бо воҳидҳои дигари ченак (километр, метр ва ѓайра) вобаста ба таъинот ва хусусияти мол ҳисоб карда мешавад.

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст ба маҳсулоти озуқа, ороишиву атриёт, доруворӣ, молҳои кимиёвӣ, рўзгор ва ба дигар молҳои ҳаммонанд мўҳлати коршоямӣ муқаррар намояд.

Фурўхтани мол (иҷрои кор) баъди гузаштани мўҳлати муқарраршудаи коршоямиаш ва ҳамчунин моле (иҷрои коре), ки бояд ба он мўҳлати хизмат ё мўҳлати коршоямӣ муқаррар карда шавад, вале муқаррар нагардидааст, манъ аст.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)

Истеъмолкунанда ҳангоми риояи шартҳои муқарраршуда истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии мол (кор, хизматрасонӣ), ки барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист бехатар бошад, инчунин ба амволи ў зиён нарасонад, ҳуқуқ дорад.

Талаботе, ки бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро барои ҳаёту саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист таъмин месозад, инчунин расидани зарарро ба амволи истеъмолкунанда пешгирӣ менамояд, ҳатмӣ буда, тибқи қонун муқаррар карда мешавад.

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо воситаҳои ахбори умум дар бораи моле (коре, хизматрасоние) , ки барои ҳаёт, саломатӣ, амвол ва муҳити зист хавфу хатар дорад, аз ҳисоби фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) иттилоот дошта бошад.

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи кафолат ё мўҳлати коршоямии мол (кор) бехатарии мол (кор) — ро таъмин намояд.

Зараре, ки дар натиҷаи таъмин накардани бехатарии мол (кор) ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонида шудааст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

Агар барои бехатарии истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он риояи қоидаҳои махсус (минбаъд – қоидаҳо) зарур бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст ин қоидаҳоро дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамѓакоѓаз, зикр намояд, нишонагузорӣ кунад ё ба дигар тарз зикр намояд ва фурўшанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст, ки ин қоидаҳоро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

Агар ба мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи қонунҳо ё бо стандартҳо талаботи ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, ки бехатарии онро барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунандагон, муҳити зист ва пешгирии зарарро ба амволи истеъмолкунанда таъмин мекунанд ва ҳамчунин воситаҳое, ки бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандаро таъмин менамоянд, бояд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад. Номгўи мол (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла моли (кори, хизматрасонии) воридотӣ, бидуни маълумоти сертификати ҳатмӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ва дар мавриди зарурат бо хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ва мутобиқати он ба талаботи зикргардидаи қисми шашуми ҳамин модда, инчунин бидуни маълумоти алифбои рақамӣ ва хатҳои рамзӣ манъ мебошад.

Агар муқаррар карда шавад, ки ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда риоя гардидани қоидаҳои муқаррарнамудаи истифода, нигоҳдорӣ ё интиқоли мол (кор) он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда, муҳити зист зарар мерасонад ё расонда метавонад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ўҳдадор аст, истеҳсоли (фурўши) онро то бартараф намудани сабабҳои зарар фавран ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои аз муомилот ва аз истеъмолкунанда (истеъмолкунандагон) бозпас гирифтани он тадбирҳо андешад.

Агар бартараф кардани сабабҳои зарар ѓайриимкон бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ўҳдадор аст, истеҳсоли чунин мол (кор, хизматрасонӣ)-ро қатъ намояд. Ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда ( иҷрокунанда) иҷро нашудани ин ўҳдадориҳо бо супориши мақомоти босалоҳияти идоракунии давлатӣ, ки сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) — ро назорат мекунанд, истеҳсоли ин мол (кор, хизматрасонӣ) қатъ гардида, аз истеҳсолот, муомилот ва аз истеъмолкунандагон бозпас гирифта мешавад.

Зараре, ки ба истеъмолкунанда дар натиҷаи бозпас гирифтани мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, бояд аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) пурра ҷуброн карда шавад.

Агар муқаррар карда шавад, ки фурўшанда (иҷрокунанда) молеро мефурўшад (кореро иҷро менамояд), ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошад, чунин мол (кор) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фурўшанда (иҷрокунанда) бозпас гирифта мешавад.

Тартиби аз муомилот гирифтани молҳои ѓайрихўрокворие, ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд ва мўҳлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

 

 

Моддаи 8 1. Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти мол

Истеъмолкунанда ҳангоми хариди мол ва иҷрои кор ҳуқуқ дорад, ки чеки хазинадорӣ, чеки мол ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти молро аз истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда), ба истиснои соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият мекунанд, талаб намуда, гирад.

Ҳангоми фурўши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ  истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ўҳдадор аст, ки ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро диҳад. Дар сурати пешниҳод накардани чеки мол ва чеки хазинадорӣ, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

Моддаи 9. Маълумот дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ)

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаб намояд ва истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ўҳдадор аст сари вақт ба истеъмолкунанда дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) маълумоти зарурӣ ва боэътимоде пешниҳод намояд, ки имконияти интихоби дурусти онро таъмин созад. Номгўи намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) ва тарзи расонидани маълумот ба истеъмолкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Маълумоти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда рўшану возеҳ ва фаҳмо ба маълумоти истеъмолкунандагон ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурўш ва қарордодҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои маъмули баъзе соҳаҳои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ба забонҳои давлатӣ ва русӣ расонида мешавад.

Маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба таври ҳатмӣ бояд ҳолатҳои зеринро дар бар гирад:

— зикри стандартҳое, ки мол (кор, хизматрасонӣ), нишони мол ё нишони хизматии ба қайд гирифташуда (патент кардашуда) бояд ба талаботи ҳатмии ин стандартҳо мувофиқат намояд;

— маълумот оид ба хусусиятҳои асосии истеъмоли мол (кор, хизматрасонӣ), нисбати озуқа – маълумот оид ба таркиб (аз ҷумла номгўи дигар маводи хўрок ва иловаи хўрок, ки дар ҷараёни тайёр кардани онҳо истифода шудаанд), вазн ва ҳаҷми мавод, калорияи (қувваи) озуқа, таркиби моддаҳои барои саломатӣ зарарнок дар муқоиса бо талаботи стандартҳо, инчунин қобили истеъмол набудани истеъмоли он дар мавриди баъзе бемориҳо. Номгўи моле (коре, хизматрасоние), ки маълумот дар хусуси он дар мавриди баъзе бемориҳо бояд дорои нишондоди ѓайри қобили истифода бошад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

— нарх ва шартҳои ба даст овардани мол (кор, хизматрасонӣ);

— мўҳлати кафолат, агар он муқаррар шуда бошад;

— қоида ва шартҳои истифодаи самаранок ва бехатари мол (кор, хизматрасонӣ);

— мўҳлати хизмат ва мўҳлати коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ), ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст ва ҳамчунин маълумот дар бораи амали зарурии истеъмолкунанда баъди гузаштани мўҳлати мазкур ва оқибати имконпазир дар сурати иҷро накардани чунин амал, ба шарте, ки мол (кор, хизматрасонӣ) баъди гузаштани мўҳлати зикршуда барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда хавфу хатар пеш оварад ё худ барои истифода аз рўи таъинот корношоям шавад;

— ишораи тарзи тайёр кардани маводи хўроквории зудтайёршаванда (нимтайёр) дар борҷомаи онҳо;

— маҳалли ҷойгиршавӣ (суроѓаи ҳуқуқӣ), номи фирмавии (номи) истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (ташкилотҳо), ки барои қабули шикоятҳои истеъмолкунандагон, таъмиркунандагон ва хизматрасонии техникии мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурўшанда) ваколатдор карда шудаанд;

— маълумот оид ба сертификати ҳатмии мувофиқати мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), инчунин дар мавриди зарурат маълумот оид ба хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ;

— маълумот дар бораи қоидаҳои фурўши мол (кор, хизматрасонӣ);

— зикри шахси мушаххасе, ки кор (хизматрасонӣ) — ро иҷро мекунад ва агар ин аҳамият дошта бошад, маълумот дар хусуси ў бо назардошти хусусияти кор (хизматрасонӣ);

— зикри истифодаи фонограммаҳо ҳангоми хизматрасонии фароѓатӣ аз ҷониби иҷрокунандагони асарҳои мусиқӣ.

Агар моли харидаи истеъмолкунанда истифода шуда бошад ё нуқсони (нуқсонҳои) он бартараф шуда бошад, бояд дар ин хусус ба истеъмолкунанда маълумот дода шавад.

Истеъмолкунанда аз маълумоти пешбининамудаи моддаи мазкур дар ҳуҷҷатҳои замимашавандаи техникии мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамѓакоѓазҳо, нишонагузорӣ ё ба тарзи дигари барои намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) қабулгардида огоҳонида мешавад.

Маълумот дар бораи сертификати мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) дар шакли нишонагузории мол (кор, хизматрасонӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи аломатҳои мувофиқат ба қайди маълумот дар ҳуҷҷати техникӣ оид ба гузаштани сертификат, рақами сертификат, мўҳлати амали он ва доир ба ташкилоте, ки онро додааст, иборат мебошад.

Агар ҳуҷҷатҳои техникии мол (шиносномаи техникӣ, дастурамали истифода ва ѓайра) ба забони хориҷӣ тартиб дода шуда бошанд, тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ё ба забони русӣ ҳатмист.

Маводи хўроквории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандӣ ё дар қуттиҳо ҷойгир кардашуда бояд дорои маълумоти маҳалли истеҳсоли он бошад.

 

Моддаи 10. Маълумот дар бораи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда)

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад доир ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) маълумоти зарурӣ ва боэътимод талаб намояд.

Ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурўш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои қабулнамудаи соҳаҳои алоҳидаи хизматрасонии истеъмолкунандагон, маълумоти мазкур дар шакли аёнӣ ва дастрас бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ба таври илова бо забони русӣ ва дигар забонҳо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонида мешавад.

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ҳамчунин ўҳдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, маҳалли ҷойгиршавӣ, суроѓаи ҳуқуқӣ ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

Агар намуди (намудҳои) фаъолияте, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) анҷом медиҳад литсензия карда шавад, бояд ба истеъмолкунанда оид ба рақами литсензия, мўҳлати амали он, инчунин доир ба мақоме, ки ин литсензияро додааст, маълумот пешниҳод намояд.

Маълумоти пешбининамудаи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда)  ҳангоми савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар биноҳои муваққатӣ, ярмаркаҳо, дўконҳо, инчунин хизматрасониҳое, ки берун аз маҳалли доимии мавҷудияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) анҷом дода мешаванд, бояд ба маълумоти  истеъмолкунанда расонида шаванд. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

 

Моддаи 11. Тартиби кори фурўшанда (иҷрокунанда)

Тартиби кори ташкилотҳои давлатии савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ бо қарори  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Тартиби кори ташкилотҳое, ки дар соҳаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ фаъолият мекунанд ва дар қисми якуми моддаи мазкур зикр нагардидаанд, инчунин соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби онҳо дар мувофиқа бо  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.

Тартиби кори фурўшанда (иҷрокунанда) ба маълумоти истеъмолкунанда расонида мешавад ва бояд ба тартиби муқарраршуда мувофиқат кунад.

Барои вайрон кардани тартиби кори корхонаи давлатии савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

 

Моддаи 12. Масъулияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) барои маълумоти нодуруст доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва оид ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда)

Агар ҳангоми бастани шартнома ба истеъмолкунанда оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) имконияти фавран ба даст овардани маълумот муҳаё карда нашуда бошад, вай ҳуқуқ дорад аз фурўшанда (иҷрокунанда) товони зарареро талаб намояд, ки дар натиҷаи саркашии беасос аз бастани шартнома расидааст ва агар шартнома баста шуда бошад, онро дар мўҳлати муносиб бекор кунад ва баргардонидани маблаѓи барои мол (кор, хизматрасонӣ) пардохташуда ва ҷуброни дигар зарарҳоро талаб намояд.

Ҳангоми бекор кардани шартнома истеъмолкунанда ўҳдадор аст мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) — ро, агар аз рўи хусусияташ он имконпазир бошад, ба фурўшанда (иҷрокунанда) баргардонад.

Фурўшандае (иҷрокунандае), ки оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба харидор маълумоти пурра ва боэътимод пешниҳод накардааст, мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ), ки баъди ба истеъмолкунанда фурўхтани он ба сабаби дар дасти вай мавҷуд набудани чунин маълумот пайдо гардидааст, ҷавобгар мебошад.

Бо сабаби пешниҳод накардани маълумоти пурра ва боэътимод оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), ки дар натиҷаи он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зарар расидааст, вай ҳуқуқ дорад ҷуброни чунин зарари пешбининамудаи Қонуни мазкурро, аз ҷумла ҷуброни пурраи зарарҳои ба иншоотҳои табиӣ расидаро, ки моликияти (дар ихтиёри) истеъмолкунанда мебошанд, талаб намояд.

Моддаи 13. Масъулияти фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои вайрон кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Фурўшанда барои вайрон кардани ҳуқуқи истеъмолкунанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад.

Агар тибқи қонун тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, зарари ба истеъмолкунанда расида дар ҳаҷми пурра, бо замми ноустуворонаи (пушаймонаи) муқаррарнамудаи қонун ё шартнома ҷуброн карда мешавад.

Пардохти ноустуворона (пушаймона) ва ҷуброни зарар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда)-ро дар асл аз иҷрои ўҳдадориҳои дар назди истеъмолкунанда доштааш озод намекунад.

Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) исбот намояд, ки ўҳдадориҳояшро бинобар қувваи рафънопазир иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст ва дар ин бобат ў гуноҳе надорад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.

Талаботи истеъмолкунанда оид ба пардохти ноустуворонаи (пушаймонаи) пешбининамудаи қонун ё шартнома аз ҷониби фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ихтиёрӣ қонеъ гардонида мешавад.

Дар сурати аз ҷониби суд қонеъ гардонидани талаботи тибқи қонун муқарраршудаи истеъмолкунандагон, суд ҳуқуқ дорад аз фурўшандае (истеҳсолкунандае, иҷрокунандае), ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст, барои риоя накардани тартиби ихтиёран қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар хусуси рўёнидани ҷарима ба андозаи арзиши даъво қарор барорад.

 

Моддаи 14. Ҷавобгарии амволӣ барои зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст

Зарари ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонидашуда дар натиҷаи нуқсони сохт, истеҳсолӣ, дастурӣ ва дигари мол (кор, хизматрасонӣ) пурра ҷуброн карда мешавад.

Ҳар як ҷабрдида, сарфи назар аз он ки бо фурўшанда (иҷрокунанда) муносибатҳои шартномавӣ дошта буд ё не, барои талаб кардани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, ҳуқуқ дорад.

Агар зарар дар мўҳлати муқарраршудаи хизмат ё коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда расида бошад, он ҷуброн карда мешавад.

Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) бояд мўҳлати хизмат ё мўҳлати коршоямӣ муқаррар карда мешуду вале он муқаррар карда нашуда бошад, ё худ истеъмолкунандае, ки мол ба ў фурўхта (кораш ба ҷо оварда) шудааст, аз иҷрои амалҳои зарурии баъди гузаштани мўҳлати хизмат ё мўҳлати коршоямӣ ва аз оқибати эҳтимолии иҷро накардани ин амалҳо огоҳонида нашуда бошад, товони зиён, қатъи назар аз вақту соати расиданаш, бояд пардохта шавад.

Агар мутобиқи ҳамин Қонун истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ба мол (кор) мўҳлати хизмат муқаррар накарда бошад, дар сурати зарар дидан он бояд дар давоми даҳ соли ба истеъмолкунанда супурдани он ва агар рўзи супурдани мол (кор) — ро муқаррар кардан ѓайриимкон бошад, аз рўзи тайёр намудани мол (анҷоми иҷрои кор) бояд ҷуброн карда шавад.

Зарари бинобар нуқсони мол расида аз ҷониби фурўшандаи мол ҷуброн карда мешавад.

Зарари дар натиҷаи нуқсони кор ё хизматрасонӣ расидаро иҷрокунанда ҷуброн менамояд.

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) барои зараре, ки дар натиҷаи истифодаи маводу таҷҳизот, асбобҳо ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ, муҳити зист ё амволи истеъмолкунанда расидааст, сарфи назар аз он ки дараҷаи дониши илмию техникиаш барои ошкор намудани хусусиятҳои хоси онҳо имконият медод ё не, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Агар истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) исбот намояд, ки мол (кор, хизматрасонӣ) дар натиҷаи таъсири қувваи рафънопазир ва ё аз тарафи истеъмолкунанда бинобар вайрон кардани қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли он зарар дидааст, ў аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 15. Ҷуброни зарари маънавӣ

Зарари маънавие, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқҳои бо қонунгузорӣ пешбининамудаи истеъмолкунанда ба ў расондааст, аз ҷониби гунаҳкор ҷуброн карда мешавад.

Зарари маънавӣ сарфи назар аз пардохти товони зиёни амволӣ ҷуброн карда мешавад. Зарари маънавӣ бо пул ҷуброн карда мешавад.

Ҳаҷми ҷубронпулии зарари маънавиро суд муайян мекунад.

 

Моддаи 16. Беэътибор донистани шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозад

Шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандаро маҳдуд месозанд ва хилофи меъёру қоидаҳое мебошанд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.

Агар дар натиҷаи иҷрои шартҳои шартнома ҳуқуқи истеъмолкунанда маҳдуд карда шавад ва ба ў зарар расад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) онро дар ҳаҷми пурра ҷуброн мекунад.

Зимни харидории як мол гузоштани шарти ҳатман харидани моли дигар манъ аст. Зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеъмолкунанда мерасад, аз ҷониби фурўшанда (иҷрокунанда) дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.

Фурўшанда (иҷрокунанда) ҳуқуқ надорад, ки бе розигии истеъмолкунанда кору хизматрасонии иловагии музднокро иҷро намояд. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз пардохти чунин кор (хизматрасонӣ) даст кашад ва агар он пардохта шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз фурўшанда (иҷрокунанда) баргардонидани маблаѓи пардохташударо талаб намояд.

 

Моддаи 17. Ҳимояи судии ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Ҳуқуқҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаи истеъмолкунандагонро суд ҳимоя мекунад.

Даъвоҳо ба суди маҳалли зисти даъвогар ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ва ё маҳалли зарари расида пешниҳод карда мешаванд.

Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он), ки ба сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунанд,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (иттифоқҳо ва ассотсиатсияҳои онҳо) доир ба даъвоҳое, ки ба манфиати истеъмолкунандагон, гурўҳи истеъмолкунандагон, гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон пешниҳод мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

БОБИ 2. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ҲАНГОМИ ФУРЎШИ МОЛ

 

Моддаи 18. Оқибати фурўши моли дорои сифати номатлуб

Истеъмолкунандае, ки ба ў моли дорои сифати номатлуб фурўхтаанд ва ўро фурўшанда пешакӣ аз он огоҳ накардааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:

— он ба моли дигари ҳамин хел тамѓа (модел, артикул) ё ба ҳамон хел моли тамѓаи (модели, артикули) дигар бо ҳисобу китоби дахлдори нархи хариди мол иваз карда шавад;

— нуқсони молро бемузд бартараф намуда ё маблаѓе, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн карда шавад;

— шартномаи хариду фурўш бекор карда шавад;

— нархи хариди мол мутобиқан кам карда шавад.

Ҳамзамон истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурўхтани моли дорои сифати номатлуб ба ў расидаро талаб намояд.

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад иваз кардани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ (ҷиддан риоя нашудани талабот нисбати сифати мол) талаб намояд. Номгўи молҳои мураккаби техникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Талаботи дар қисми якуми ҳамин модда зикргардидаро истеъмолкунанда ба фурўшанда ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшандаро дар асоси шартномаи хариду фурўш иҷро мекунад, пешниҳод менамояд.

Дар сурати ошкор шудани нуқсони мол, ки хусусияти он имкон намедиҳад ин нуқсон бартараф карда шавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ чунин молро ба моли дигари сифатнок иваз намояд ё қимати фурўши онро мутаносибан паст намояд, шартномаро бекор кунад.

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли дорои сифати номатлубро ба истеҳсолкунанда баргардонад ва маблаѓи барои он пардохташударо талаб намояд. Ҳангоми ба истеъмолкунанда баргардонидани пули мол фурўшанда ҳақ надорад аз ў маблаѓеро, ки арзиши мол дар натиҷаи пурра ё қисман истифода кардан ба ин андоза паст шудааст, ҳуснаш коҳидааст ё худ бинобар ҳолатҳои дигари ба ин монанддошта гирад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи харидории молро надоштани истеъмолкунанда барои қонеъ нагардонидани талаботи ў асос шуда наметавонад.

Барои тасдиқи харидории мол шаҳодат, нишонаҳои унсурҳои маводи борпечонӣ (зарф), ки аз ҳамин фурўшанда харида шудани молро тасдиқ менамоянд ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳо ва дигар воситаҳои исботкунандае ки аз ҳамин фурўшанда харидорӣ шудани молро нишон медиҳанд, истифода шуда метавонанд.

Фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ ўҳдадоранд моли дорои сифати номатлубро аз истеъмолкунанда қабул карда гирад ва дар мавриди зарурӣ сифати молро бисанҷад.

Дар сурати сар задани баҳс доир ба ошкор гардидани нуқсони мол фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда)-ро иҷро менамояд, дар асоси шартномаи байни худ ўҳдадоранд молро аз ҳисоби худ экспертиза кунанд. Истеъмолкунанда бояд аз ҷой ва рўзу соати гузаронидани экспертизаи мол хаттӣ огоҳонида шавад. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар санҷиши (экспертизаи) сифати мол шахсан ё намояндааш иштирок намояд. Истеъмолкунанда ҳақ дорад доир ба хулосаи чунин экспертиза бо эътироз ба суд муроҷиат намояд.

Хароҷоти экспертизаро фурўшанда (истеҳсолкунанда) медиҳад. Агар дар натиҷаи экспертиза муқаррар гардад, ки мол баъди харидани истеъмолкунанда бинобар риоя накардани қоидаҳои истифода, нигоҳдорӣ ё интиқол нуқсондор шудааст, хароҷоти гузаронидани экспертиза ва ҳамчунин хароҷоти ба сабаби гузаронидани он интиқол додани молро ба фурўшанда (истеҳсолкунанда) бояд истеъмолкунанда ҷуброн намояд.

Фурўшанда (истеҳсолкунанда) ва ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда)-ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ барои нуқсони моле, ки барояш мўҳлати кафолат муқаррар нашудааст, ба шарте, ки истеъмолкунанда исбот намояд, ки мол то замони ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ва ё худ ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шудааст, ҷавобгар мебошад.

Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда)- ро иҷро мекунад, исбот карда натавонад, ки моли дорои мўҳлати кафолат баъди фурўхтан ба истеъмолкунанда бо сабаби қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли онро риоя накардани истеъмолкунанда ва бинобар, амалҳои шахсони сеюм ва ё қувваи рафънопазир нуқсон пайдо кардааст, ҷавобгар мебошад.

Дар ҳолати аз ду сол камтар будани мўҳлати кафолати дар шартнома пешбинигардида ва нуқсони молро баъди гузаштани мўҳлати кафолат ошкор кардани истеъмолкунанда, ба шарте, ки нуқсони мол дар давоми ду соли ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ошкор шуда бошад ва харидор исбот кунад, ки нуқсони мол пеш аз супурдани он ба истеъмолкунанда ва ё бо сабабҳои то ин лаҳза ошкор гардидааст, фурўшанда ҷавобгар мебошад.

Моли калонҳаҷм ва моли вазнаш зиёда аз панҷ килограмм барои таъмир, паст кардани нарх, иваз намудан ва баргардонидан ба истеъмолкунанда бо қувва ва аз ҳисоби фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро иҷро мекунад, интиқол дода мешавад. Агар ин вазифа иҷро нагардад, инчунин ҳангоми набудани фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро иҷро мекунад, худи истеҳсолкунанда метавонад молро ба маҳалли истеъмолкунанда расонад ва аз он ҷо баргардонад. Ҳамзамон фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро иҷро мекунад ўҳдадоранд хароҷоти истеъмолкунандаро, барои интиқол ва баргардонидани моли мазкур ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 19. Мўҳлати пешниҳоди талаботи истеъмолкунандагон нисбати нуқсони мол

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол талаботи пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро, ба шарте, ки он дар давоми мўҳлати кафолат ё мўҳлати коршоямии мол, ки истеҳсолкунанда муайян кардааст, ошкор гардида бошад, ба фурўшанда ё истеҳсолкунанда пешниҳод намояд.

Нисбати моле, ки мўҳлати кафолат ё мўҳлати коршоямиаш муқаррар нагардидааст ва агар нуқсони мол дар мўҳлати мувофиқ, вале дар давоми ду соли фурўхта шуданаш ошкор гардида бошад ва агар Қонун ё шартнома мўҳлати дарозеро пешбинӣ накарда бошанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи мазкурро пешниҳод кунад.

Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, мўҳлати кафолати мол аз рўзи ба истеъмолкунанда фурўхта шуданаш ҳисоб карда мешавад. Агар рўзи фурўхтани молро муайян кардан ѓайриимкон бошад, он аз рўзи истеҳсоли мол ҳисоб карда мешавад.

Барои моли мавсимӣ (пойафзол, либос ва ѓайра) ин мўҳлатро аз лаҳзаи фаро расидани мавсими дахлдор, ки мўҳлати фарорасӣ бо назардошти шароити иқлимии маҳалли будубоши истеъмолкунанда муайян мегардад, ҳисоб мекунанд.

Ҳангоми фурўхтани мол аз рўи намуна, ба воситаи почта, инчунин дар ҳолатҳое, ки рўзи бастани шартномаи хариду фурўш ва рўзи ба истеъмолкунанда фурўхтани мол мувофиқ наояд, он аз рўзи ба дасти истеъмолкунанда расидани мол ҳисоб карда мешавад. Агар истеъмолкунанда ҳангоми ҳолати вобаста ба фурўшанда аз имконияти истифодаи мол маҳрум бошад, (чунончӣ, агар молро насб, пайваст ё васл кардан лозим бошад), мўҳлати кафолат аз рўзи чунин ҳолатҳоро бартараф намудани фурўшанда шурўъ мегардад. Агар рўзи расонидан, насб, пайваст, васл кардани мол ва бартараф сохтани ҳолатҳои ба фурўшанда вобастаро, ки дар асари онҳо истеъмолкунанда наметавонад молро тибқи таъинот истифода намояд, муайян кардан ѓайриимкон бошад, ин мўҳлатҳо аз рўзи бастани шартномаи хариду фурўш ҳисоб карда мешавад.

Ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол низ мўҳлати кафолат муқаррар карда мешавад. Ба маснуоти иловагӣ ва қисмҳои таркибӣ мўҳлати кафолат аз рўи тартиби мўҳлати кафолати барои моли асосӣ муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.

Мўҳлати кафолат ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол, агар дар шартнома тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, баробари мўҳлати кафолати маснуоти асосӣ ҳисоб карда мешавад.

Агар дар шартнома барои маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол нисбат ба мўҳлати кафолати маснуоти асосӣ мўҳлати кўтоҳтари кафолат муқаррар шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҳангоми дар давоми мўҳлати кафолати маснуоти асосӣ ошкор гардидани нуқсони маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол талабот пешниҳод намояд, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар барои маснуоти комплектӣ нисбат ба мўҳлати кафолати моли асосӣ мўҳлати дарозтар муқаррар гардида бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол, ба шарте, ки нуқсони маснуоти комплектӣ дар давоми мўҳлати кафолати ин маҳсулот ошкор шуда бошад, сарфи назар аз гузаштани мўҳлати кафолати моли асосӣ, талабот пешниҳод намояд.

Дар ҳолатҳое, ки тибқи шартномаи пешбинигардида мўҳлати кафолат на камтар аз ду солро ташкил диҳад ва нуқсони мол бо гузаштани мўҳлати кафолат, вале дар давоми ду сол аз ҷониби истеъмолкунанда ошкор гардида бошад, истеъмолкунанда, агар исбот намояд, ки мол пеш аз фурўхта шуданаш ба истеъмолкунанда ё бо сабабҳои то ин лаҳза фарорасида нуқсондор шудааст, ҳуқуқ дорад ба фурўшанда (истеҳсолкунанда) талаботи дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.

Дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддии мол, аз ҷумла нуқсонҳои истеҳсолӣ, сохтӣ, дастурӣ ва нуқсонҳои дигаре, ки бо фарсуда, кўҳна шудани мол ва дигар равандҳои физикии он алоқаманд нестанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба истеҳсолкунанда талаботи пешбининамудаи моддаи 18 ҳамин Қонунро пешниҳод кунад, ба шарте, ки исбот намояд, ки он мол то рўзи ба истеъмолкунанда фурўхта шуданаш ва ё ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шуда бошад. Агар нуқсони мол баъди ба истеъмолкунанда фурўхта шудан дар давоми мўҳлати хизмати дар мол муқарраргардида ва ё дар давоми даҳ соли фурўхта шуданаш ошкор гардида бошаду мўҳлати хизматаш муқаррар карда нашуда бошад, ин талаботро пешниҳод кардан мумкин аст.

 

Моддаи 20. Аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурўшанда) бартараф намудани нуқсони мол

Нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурўшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурўшанда) — ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо мўҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Мўҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рўзи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рўз дарозтар буда наметавонад.

Нисбати моли истифодааш дарозмуддатро истеҳсолкунанда (фурўшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурўшанда) — ро иҷро мекунад, ўҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир моли ҳаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниҳод намуда, дар муддати се рўз аз ҳисоби худ ба ў расонад Номгўи молҳои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл надоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар ҳолати бартараф намудани нуқсони мол мўҳлати кафолати он ба андозаи давраи истифода нагардиданаш дароз карда мешавад. Ин давра аз рўзе, ки истеъмолкунанда барои бартараф намудани нуқсони мол муроҷиат намудааст, то рўзи додани он пас аз анҷоми таъмир ҳисоб карда мешавад.

Ҳангоми бартараф намудани нуқсони мол бо роҳи иваз намудани маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии моли асосие, ки ба он мўҳлати кафолат муқаррар карда шудааст, барои маснуоти комплектии нав ё қисми таркибии маснуоти асосӣ мўҳлати кафолат ба ҳадди маснуоти комплектии ивазшуда ё қисми таркибии моли асосӣ муқаррар карда мешавад, агар мутобиқи шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва мўҳлати кафолат аз рўзи ба истеъмолкунанда баъди таъмир додани ин мол ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 21. Иваз намудани моли дорои сифати номатлуб

Дар ҳолати нуқсони молро ошкор кардани истеъмолкунанда ва пешниҳод намудани талабот оид ба ивази чунин мол, фурўшанда (истеҳсолкунанда) ўҳдадор аст ин молро фавран ва дар сурати зарурати тафтиши иловагии сифати чунин мол аз тарафи фурўшанда (истеҳсолкунанда) дар давоми 14 рўзи тақвимӣ пешниҳод кардани талаботи зикргардида иваз намояд.

Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда) дар рўзи пешниҳод намудани талаботи мазкур моли ивазшаванда надошта бошад, чунин молро бояд дар давоми як моҳи пешниҳод намудани талаботи мазкур иваз намояд.

Дар сурати моли чунин намуна (тамѓа, хел, артикул) – ро надоштани фурўшанда (истеҳсолкунанда), ки ин ба ў вобаста нест, ў ўҳдадор аст дар давоми як моҳи аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод шудани талабот ба вай ин гуна моли намунаи (тамѓаи, хели, артикули) дигарро бо розигии истеъмолкунанда пешкаш намояд.

Моли дорои сифати номатлуб бояд ба моли нав, яъне ба моли истифоданагардида иваз карда шавад.

Ҳангоми иваз намудани мол мўҳлати кафолат аз нав, аз рўзи ба истеъмолкунанда фурўхтани мол ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 22. Мўҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда

Талаботи истеъмолкунанда оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди моли дорои сифати номатлуб, ҷуброни хароҷот аз тарафи истеъмолкунанда ё шахси сеюм барои рафъи нуқсони мол, инчунин ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бекор кардани шартномаи хариду фурўш (ба истеҳсолкунанда баргардонидани моли дорои сифати номатлуб) ба истеъмолкунанда расидааст, аз ҷониби фурўшанда (истеҳсолкунанда) бояд фавран қонеъ гардонида шавад. Мўҳлати ниҳоии қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда аз рўзи пешниҳод намудани талаботи дахлдор аз ҳафт рўз ва ҳангоми зарурати гузаронидани экспертиза аз чаҳордаҳ рўзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 23. Масъулияти фурўшанда (истеҳсолкунанда) барои таъхири иҷрои талаботи истеъмолкунанда

Фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро иҷро мекунад, барои риоя накардани мўҳлати пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур, инчунин барои иҷро накардани (боздоштани иҷрои) талаботи истеъмолкунанда, ки бояд моли ҳаммонандро дар давраи таъмир (иваз) кардан ба ў пешниҳод намоянд, барои ҳар рўзи таъхир ба андозаи як фоизи нархи мол ноустуворона (пушаймона) мепардозад.

Агар талабот ихтиёран қонеъ гардонида нашуда бошад, нархи мол бо назардошти нархи дар рўзи ноустуворонаро пардохтани фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё худ дар рўзи баровардани қарори суд мавҷудаи моли намуна (тамѓа, хел, артикул ва ѓайра) муайян карда мешавад. Агар дар рўзи ба истеъмолкунанда фурўхтани мол нархаш назар ба чунин моли дар рўзи пардохти ноустуворонаи он дар рўзи баровардани қарори суд баландтар бошад, пас андозаи ноустуворона бо назардошти нархи рўзи ба истеъмолкунанда фурўхта шудани мол муайян карда мешавад.

Агар талаботи истеъмолкунанда дар мўҳлатҳои пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур иҷро нагардад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ дигар талаботи муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 24. Ҳисоббаробаркунӣ бо истеъмолкунанда ҳангоми харидани моли дорои сифати номатлуб

Ҳангоми ба моли тамѓаи ҳаммонанд (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб арзиши он аз нав ҳисоб карда намешавад.

Дар мавриди ба ҳамон хел моли тамѓаи дигар (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб, ба шарте, ки нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодгардида пасттар бошад, истеъмолкунанда фарқи нархҳоро мепардозад. Агар нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодшаванда баландтар бошад, фарқи нархҳо ба истеъмолкунанда пардохта мешавад.

Ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод намудани талабот оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди мол он дар лаҳзаи пешниҳод намудани чунин талабот оид ба паст кардани нарх ба ҳисоб гирифта мешавад ё ин ки агар он ба таври ихтиёрӣ қонеъ нагардида бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд оид ба мутаносибан паст намудани нархи харид ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар сурати бекор намудани шартномаи хариду фурўш истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад баргардонидани пули барои мол додааш ва ҳамчунин ҷуброни фарқи байни нархи моли тибқи шартнома муқарраргардида ва нархи моли дахлдорро дар лаҳзаи ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонидани чунин талабот, ё ки агар талабот ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд талаб намояд.

Ба истеъмолкунандагоне, ки мол ба қарз фурўхта шудааст, дар ҳолати бекор намудани шартномаи хариду фурўш маблаѓ ба андозаи қарзи дар рўзи баргардонидани мол пардохташуда баргардонида мешавад, инчунин маблаѓи пешниҳоднамудаи қарз ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 25. Ҳуқуқи истеъмолкунанда барои иваз намудани моли дорои сифати матлуб

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар давоми чаҳордаҳ рўзи тақвимии ба ў супурдани моли ѓайриозуқавӣ, ба шарте, ки фурўшанда мўҳлати аз ин дарозтарро таъкид накарда бошад, моли харидаашро дар ҷои харидааш ё худ дар ҷойҳои дигари таъкиднамудаи фурўшанда ба чунин моли андоза, сохт, хурд ё калон, дўхту шакл, ранг ва ё комплекти дигар иваз намуда, дар сурати фарқ кардани нархаш онро бо фурўшанда аз нав ҳисобу китоб кунад.

Талаби харидор дар бобати иваз кардан ё баргардонидани мол бояд қонеъ гардонида шавад, ба шарте, ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш осеб надида, далеле дар даст бошад, ки он маҳз аз ҳамин фурўшанда харидорӣ шудааст.

Номгўи молҳоеро, ки тибқи асосҳои зикргардидаи моддаи мазкур иваз карда намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Агар моли ҳаммонанд дар рўзи ба фурўшанда муроҷиат намудани истеъмолкунанда дар фурўш набошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли харидаашро ба фурўшанда баргардонда, маблаѓи барои моли мазкур пардохташударо талаб кунад.

 

БОБИ 3. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

ҲАНГОМИ ИҶРОИ КОР (ХИЗМАТРАСОНӢ)

 

Моддаи 26. Мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)

Иҷрокунанда ўҳдадор аст кор (хизматрасонӣ) – ро дар мўҳлати муқаррарнамудаи шартномаи иҷрои намуди кор (хизматрасонӣ) ба ҷо оварад.

Мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) мумкин аст бо санае (даврае), ки бояд иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба анҷом расанд (ва) ё санае (даврае), ки иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурўъ намояд, муайян карда мешавад.

Агар кор (хизматрасонӣ) қисм ба қисм (расонидани нашрияҳои матбуоти даврӣ, хизматрасонии техникӣ) дар давоми амали шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба иҷро расад, бояд мўҳлати (давраи) дахлдори иҷрои чунин кор (хизматрасонӣ) пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 27. Оқибати аз ҷониби иҷрокунанда риоя нашудани мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)

Агар иҷрокунанда мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) – мўҳлати оѓоз ва анҷоми кор (хизматрасонӣ) ва мўҳлати мобайнии иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро вайрон карда бошад ё ҳангоми иҷрои кор (хизматрасонӣ) маълум гардад, ки он дар мўҳлати муайян иҷро намешавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:

— барои иҷрокунанда мўҳлати нав таъин кунад, ки дар давоми он иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурўъ кунад ва ё иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро анҷом диҳад ва пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро талаб намояд;

— иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро ба шахсони сеюм супориш диҳад ё бо қувваи худ анҷом диҳад ва аз иҷрокунанда ҷуброни зарари расидаро талаб намояд;

— пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) — ро талаб намояд;

— шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) — ро бекор кунад.

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи риоя накардани мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба вай расидаро талаб намояд.

Мўҳлати нави иҷрои кори (хизматрасонии) таъинкардаи истеъмолкунанда дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) зикр карда мешавад.

Ҳангоми гузаштани мўҳлати нав истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи муқарраргардидаи қисми якуми моддаи мазкурро пешниҳод намояд.

Ҳангоми бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), инчунин дар сурати паст кардани нархи иҷрои кори (хизматрасонии) ба инобат гирифташаванда, музди ба истеъмолкунанда баргардонидашаванда кори (хизматрасонии) иҷрогардида мутобиқи қисми сеюми моддаи 24 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

Дар мавриди бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ҳуқуқ надорад ҷуброни хароҷоти худро, ки дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) анҷом дода шудаанд, инчунин пардохти иҷрои кор (хизматрасонӣ) — ро ба истиснои ҳолате, ки истеъмолкунанда кори (хизматрасонии) иҷрогардидаро қабул карда бошад, талаб намояд.

Дар сурати риоя нашудани мўҳлати муқарраргардидаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё мўҳлати нави дар асоси қисми якуми моддаи мазкур таъиннамудаи истеъмолкунанда иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рўзи (соати, агар мўҳлат бо соат муайян гардида бошад) гузаштани мўҳлати ноустуворона (пушаймона) месупорад, ба андозаи як фоизи кор (хизматрасонӣ) ва агар нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) муайян карда нашуда бошад, нархи умумии супоришро пардохт мекунад. Бо шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда метавонад андозаи хеле баландтари ноустуворона (пушаймона) муқаррар карда шавад.

Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки кор (хизматрасонӣ) дар натиҷаи қувваи рафънопазир ё бо гуноҳи истеъмолкунанда ба иҷро нарасидааст, талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишудаи истеъмолкунанда қонеъ гардонида намешавад.

Моддаи 28. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ)

Истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:

— камбудии кори иҷрошуда (хизмати расонида) бе музд бартараф карда шавад;

— нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;

— моли дигар бемузд тайёр намуда ё кор (хизматрасонӣ) такроран бемузд иҷро карда шавад;

— хароҷоти бартараф намудани камбудии кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо қувваи худ ё шахси сеюм ҷуброн карда шавад.

Қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда оид ба бемузд бартараф намудани камбудӣ, оид ба тайёр намудани моли дигар ё оид ба иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) иҷрокунандаро барои риоя накардани мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) аз пардохти ноустуворона озод намекунад.

Агар камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар мўҳлати муқарраркардаи шартномаи мазкур аз ҷониби иҷрокунанда бартараф нашуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) — ро бекор кунад ва ҷуброни пурраи зарарро талаб намояд. Агар истеъмолкунанда камбудии ҷиддии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё худ риоя нашудани шартҳои дигари шартномаро ошкор намояд, ҳамчунин ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кору (хизматрасонӣ) — ро бекор кунад.

Истеъмолкунанда низ ҳуқуқ дорад пурра ҷуброн намудани зарари аз камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба ў расидаро талаб намояд. Зарар дар мўҳлати муқарраргардидаи қонеъ гардонидани талаботи дахлдори истеъмолкунанда ҷуброн мешавад.

Талабҳое, ки бо камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобаста мебошанд, метавонанд ҳангоми қабули иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва ё агар ҳангоми қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) камбудиро ошкор намудан имконнопазир бошад, дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи қисми шашуми моддаи мазкур пешниҳод карда шаванд.

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи ба камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастаро, ки дар муддати мўҳлати кафолат ошкор шудааст ва агар он ошкор нашуда бошад, дар давоми ду соли қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё панҷ сол дар нисбати камбудии биноҳо ё дигар молу мулки ѓайриманқул пешниҳод намояд.

Агар истеъмолкунанда исбот намояд, ки ин камбудӣ пеш аз корро қабул кардани ў ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, иҷрокунанда барои камбудии кор (хизматрасонӣ), ки барои он мўҳлати кафолат муқаррар нагардидааст, ҷавобгар мебошад.

Агар иҷрокунанда исбот карда натавонад, ки камбудии кори (хизматрасонии) дорои мўҳлати кафолат баъди кор (хизматрасонӣ) – ро қабул намудани истеъмолкунанда, бинобар риоя накардани қоидаҳои истифодаи натиҷаи кор (хизматрасонӣ), амали шахсони сеюм ё қувваи рафънопазир рух додааст, ҷавобгар мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки мўҳлати кафолати тибқи шартнома пешбинигардида камтар аз ду сол (панҷ сол барои амволи ѓайриманқул) бошад ва истеъмолкунанда камбудии кор (хизматрасонӣ) — ро бо гузаштани мўҳлати кафолат, вале дар давраи ду сол (панҷ сол барои амволи ѓайриманқул) ошкор намояд ва агар исбот намояд, ки чунин камбудӣ то қабул намудани кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишударо пешниҳод намояд.

Дар мавриди ошкор шудани камбудии ҷиддии кор (хизматрасонӣ), агар истеъмолкунанда исбот карда тавонад, ки ин камбудӣ то қабул намудани натиҷаи кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда талаботи бемузд бартараф намудани камбудиро пешниҳод намояд. Агар бо гузаштани ду сол (панҷ сол барои амволи ѓайриманқул) аз рўи қабули натиҷаи кор (хизматрасонӣ), вале дар доираи барои натиҷаи кор (хизматрасонӣ) муқаррар намудани мўҳлати кафолат ё дар давоми даҳ соли аз ҷониби истеъмолкунанда қабул гардидани натиҷаи кор (хизматрасонӣ), агар мўҳлати коршоямӣ муқаррар нагардида бошад, чунин камбудӣ ошкор гардида бошад, ин талабот метавонад пешниҳод карда шавад. Агар талаботи мазкур дар мўҳлати бо Қонуни мазкур муқарраргардида қонеъ гардонида нашавад ё камбудӣ бартарафшаванда бошад, истеъмолкунанда бо хости худ ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки:

— нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;

— хароҷоти бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахсони сеюм ҷуброн карда шавад;

— шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва ҷуброни зарар бекор карда шавад.

 

Моддаи 29. Мўҳлати бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ)

Камбудии кор (хизматрасонӣ) бояд аз тарафи иҷрокунанда дар давоми чаҳордаҳ рўзи тақвимӣ бартараф карда шавад, ба шарте, ки дар созишномаи тарафайн мўҳлати дарозтар муқаррар карда нашуда бошад.

Барои риоя накардани мўҳлати пешбининамудаи моддаи мазкур ҷиҳати рафъи камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рўзи гузаштани мўҳлат ба андозаи як фоизи арзиши иҷрои кор ноустуворона (пушаймона) мепардозад.

Дар ҳолати риоя накардани ин мўҳлат истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 30. Мўҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда

Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати паст кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ҷуброни хароҷоти рафъи камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахси сеюм, инчунин ҷуброни зарари дар натиҷаи бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) расида, ки дар қисми якуми моддаи 27 ва қисмҳои якум ва чоруми моддаи 28 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бояд аз рўзи пешниҳоди талаботи дахлдор дар мўҳлати даҳ рўз қонеъ гардонида шавад.

Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати бемузд тайёр намудани ашёи дигар аз маводи ҳаммонанди сифаташ якхела ё иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) бояд дар мўҳлати барои иҷрои фаврии кор (хизматрасонӣ) муқарраргардида ва агар ин мўҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мўҳлати пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ки ба таври матлуб иҷро нагардида буд, қонеъ гардонида шавад.

Барои риоя накардани мўҳлати қонеъгардонии талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рўзи гузаштани мўҳлат ба андозаи як фоизи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ноустуворона (пушаймона) мепардозад. Ба шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда фоизи зиёдтари ноустуворона муқаррар шуда метавонад.

Дар ҳолати риоя накардани мўҳлати мазкур истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи дар Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 31. Сметаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)

Барои иҷрои кори (хизматрасонии) пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) метавонад  арзиши сметавӣ ё калкулятсия тартиб дода шавад.

Бо талаби истеъмолкунанда ё иҷрокунанда тартиб додани  арзиши сметавӣ ё калкулятсия ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар мавриди баланд шудани арзиши мавод ва таҷҳизоти аз ҷониби иҷрокунанда пешниҳодшаванда, ҳамчунин арзиши хизмати аз ҷониби шахсони сеюм дар рафти иҷрои шартнома расонидашаванда, ки дар мавриди бастани шартнома пешбинӣ карданашон ѓайриимкон буд, зиёд кардани  арзиши сметавӣ ё калкулятсияро талаб намояд. Дар мавриди даст кашидани истеъмолкунанда аз иҷрои ин талабот иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаро бо тартиби судӣ бекор кунад.

Агар зарурати иҷрои кори (хизматрасонии) иловагӣ пеш ояд ва ба ин сабаб  арзиши сметавӣ ё калкулятсияро хеле зиёд кардан зарур шавад, иҷрокунанда ўҳдадор аст истеъмолкунандаро дар ин хусус сари вақт огоҳ намояд. Агар истеъмолкунанда барои баланд шудани арзиши  арзиши сметавӣ ё калкулятсия розӣ набошад, вай ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартнома даст кашад. Дар ин ҳолат иҷрокунанда метавонад аз истеъмолкунанда пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) — ро талаб намояд.

Иҷрокунандае, ки истеъмолкунандаро аз зарурати баланд шудани  арзиши сметавӣ ё калкулятсия сари вақт огоҳ накардааст, ўҳдадор аст шартномаро иҷро кунад, ки дар ин ҳолат ҳуқуқи дар доираи  арзиши сметавӣ ё калкулятсия пардохтани музди кор (хизматрасонӣ) барояш боқӣ мемонад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

Дар сурати сарф нашудани воситаҳои пулии пардохташуда, ки бо  арзиши сметавӣ  пешбинӣ шудаанд ё калкулятсияи беасоси иқтисодӣ тартибдодашуда барои кори иҷрошуда (хизмати расонидашуда), фарқияти ошкоршудаи нарх бояд ба истеъмолкунанда баргардонида шавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

 

Моддаи 32. Иҷрои кор аз масолеҳи иҷрокунанда

Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, иҷрокунанда ўҳдадор аст кори тибқи шартномаи иҷрои кор муайянгардидаро аз масолеҳ ва маблаѓи худ иҷро намояд.

Иҷрокунандае, ки барои иҷрои кор масолеҳ пешниҳод намудааст, барои сифати номатлуби он аз рўи қоидаҳои масъулияти фурўшанда барои моли дорои сифати номатлуб ҷавобгар мебошад.

Пули масолеҳи иҷрокунанда ҳангоми бастани шартномаи мазкур аз ҷониби истеъмолкунанда пурра ё дар ҳаҷме пардохта мешавад, ки дар шартномаи иҷрои кор бо шарти ҳисоби ниҳоӣ кардан ҳангоми кори баҷоовардаи иҷрокунандаро қабул карда гирифтани истеъмолкунанда зикр гардидааст, ба шарте, ки бо мувофиқаи тарафҳо тартиби дигари ҳисоби маводи иҷрокунанда пешбинӣ нагардида бошад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор иҷрокунанда метавонад ба истеъмолкунанда масолеҳро ба тариқи кредит пешниҳод кунад. Таѓйирёбии минбаъдаи нархи масолеҳи қарздодаи иҷрокунанда боиси ҳисобу китоби нав шуда наметавонад.

Масолеҳи иҷрокунанда, воситаҳои техникӣ, асбобҳо ва маводи дигари барои иҷрои кор зарурро ба маҳалли иҷрои кор иҷрокунанда мерасонад.

 

Моддаи 33. Иҷрои кор аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда

Агар кор пурра ё қисман аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда ба ҷо оварда шавад, иҷрокунанда барои эҳтиёт кардани ин масолеҳ (ашё) ва истифодаи сарфакоронаи он ҷавобгар аст.

Иҷрокунанда ўҳдадор аст, ки:

— истеъмолкунандаро аз корношоямӣ ё бадсифатии масолеҳи (ашёи) супурдаи ў огоҳ намояд;

— дар бораи сарфи масолеҳ ҳисобот диҳад ва боқимондаи онро баргардонад ё бо розигии истеъмолкунанда музди (сметаи) корро бо назардошти арзиши масолеҳи истифоданашудае, ки дар дасти иҷрокунанда мондааст, камтар кунад.

Иҷрокунанда ўҳдадор аст, ки дар сурати пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳи (ашёи) аз истеъмолкунанда гирифтааш дар давоми се рўз бо ҳамин гуна масолеҳи (ашёи) сифаташ якхела иваз намояд ва бо майлу хоҳиши истеъмолкунанда дар мўҳлати мувофиқагардида аз масолеҳи (ашёи) шабеҳи он маснуот созад ва дар мавриди ноилоҷӣ ба истеъмолкунанда арзиши дукаратаи масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) ва ҳамчунин хароҷоти истеъмолкунандаро ҷуброн намояд.

Арзиши масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) дар асоси нархи мавҷудаи масолеҳ (ашё) дар ҷое, ки талаби истеъмолкунанда бояд аз тарафи иҷрокунанда дар рўзи ихтиёрӣ қонеъгардонӣ ё худ дар рўзи баровардани қарори суд қонеъ гардонида шавад, муайян карда мешавад, агар талаби истеъмолкунанда ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад.

Дар шартномаи иҷрои кор ва ё дигар ҳуҷҷате (расидае супорише), ки далели баста шудани шартнома аст, бояд ному тавсиф ва нархи аниқи масолеҳ (ашё), ки бо созишномаи тарафайн муайян карда мешавад, зикр шуда бошад.

Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки истеъмолкунандаро аз хосиятҳои махсуси масолеҳе (ашёе) огоҳонидааст, ки боиси пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) он мегардад, аз масъулияти пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳ (ашё) озод мегардад. Агар савияи дониши илмӣ ва техникии иҷрокунанда барои ошкор кардани хосиятҳои махсуси масолеҳ (ашё) имконият надода бошад, ў аз ҷавобгарӣ озод намешавад.

 

Моддаи 34. Ўҳдадории иҷрокунандагон дар бобати огоҳонидани истеъмолкунанда аз ҳолатҳое, ки метавонанд ба сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) таъсир расонанд ё худ боиси сари вақт иҷро нашудани он гарданд

Иҷрокунанда ўҳдадор аст истеъмолкунандаро сари вақт хаттӣ аз он огоҳонад, ки риоя кардани дастурҳои истеъмолкунанда ва ҳолатҳои дигари вобаста ба истеъмолкунанда метавонад сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро паст кунад ё худ боиси сари вақт иҷро нашудани он гарданд.

Агар истеъмолкунанда, қатъи назар аз сари вақт ва аз ҷониби иҷрокунанда асоснок огоҳонида шуданаш масолеҳи корношоям ё бадсифатро дар мўҳлати мувофиқашуда иваз накунад, дастурҳоро доир ба тарзу усули иҷрои кор (хизматрасонӣ) таѓйир надиҳад ё дигар ҳолатҳоеро бартараф нанамояд, ки сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро паст карда метавонанд, иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро бекор кунад ва ҷуброни зарари ба ў расидаро талаб намояд.

 

Моддаи 35. Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида)

Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо шартномаи байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда муайян карда мешавад.

Истеъмолкунанда ўҳдадор аст, ки музди кори (хизмати) дар ҳаҷми пурра баҷоовардаи иҷрокунандаро баъди қабул карда гирифтани он пардозад. Бо розигии истеъмолкунанда музди кор (хизмат) ҳангоми бастани шартнома дар ҳаҷми пурра ё ба тариқи пешакӣ метавонад пардохта шавад.

 

Моддаи 36. Савдо, хўроки умумӣ хизматрасонии маишӣ ва дигар намунаҳои хизматрасонии истеъмолкунандагон

Савдо, хўроки умумӣ хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии истеъмолкунандагон (савдо, хўроки умумӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи кор ва савдо, хўроки умумӣ хизматрасонии намудаҳои алоҳида) – ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (қҷт 06.10.08 №424)

 

Моддаи 37. Танзими намудҳои алоҳидаи хизмат

Оқибати вайрон кардани талабҳои шартнома дар бораи намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ, агар чунин шартнома бо хусусияти худ ба доираи амали Қонуни мазкур дохил нагардад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4. ҲИФЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТИИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

 

Моддаи 38. Ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ

Назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд — мақоми зиддиинҳисорӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ҷиҳати хотима додани ҳуқуқвайронкуниҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла оид ба нафурўхтани моли мўҳлати коршоямиаш гузашта, инчунин оид ба нафурўхтани моле (иҷрои коре), ки бояд мўҳлати коршоямиаш муқаррар карда мешуд, вале он муқаррар нашудааст ва оид ба боздоштани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), амрномаҳоро ирсол менамояд ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ);

— ба мақомоти дахлдор оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои пеш аз мўҳлат бекор кардан ва ё боздоштани амали иҷозатнома оид ба фаъолияти муайян мавод ирсол менамояд;

— маводро ба мақомоти прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи тобеият барои ҳалли масъалаҳои оѓоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ аз рўи аломатҳои ҷиноят, ки бо вайрон намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон алоқаманданд, пешниҳод мекунад.

Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои ошкор гардидани вайронкуниҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба суд муроҷиат намояд, ба манфиати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон, аз ҷумла оид ба қатъи фаъолияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ё фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайронкунии бисёркарата ва даѓалонаи ҳуқуқҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷарима барои саркашӣ аз иҷрои амрияҳо ё барои сари вақт иҷро накардани онҳо ба суд даъво пешниҳод кунад.

Мақоми зиддиинҳисорӣ метавонад аз ҷониби суд барои иштирок дар мурофиаи судӣ ҷалб карда шавад ё бо ташаббуси худ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои додани хулосаҳо аз рўи парванда дар мурофиаи судӣ иштирок намояд.

 

Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти давлатие, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро анҷом медиҳанд (қҷт 06.10.08 №424)

Бо мақсади таъмини бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ, мақомоти экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, дар доираи салоҳияти худ назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) — ро анҷом медиҳанд: (қҷт 06.10.08 №424)

— назорати риояи талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро анҷом медиҳанд;

— барои бартараф намудани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), талаботи аз истеҳсолот гирифтани чунин мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан ва нафурўхтани чунин мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), нафурўхтани моли мўҳлати коршоямиаш гузашта ва моле (коре), ки бояд ба он мўҳлати коршоямӣ муқаррар мешуду вале муқаррар карда нашудааст, инчунин талаботи боздоштани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), оид ба гирифтани онҳо аз истеъмолкунандагон ва дар ин хусус хабардор намудани истеъмолкунандагон амрия ирсол мекунанд;

— ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) риоя нагардидани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) нисбати онҳо ба суд даъво пешниҳод мекунад.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) — ро анҷом медиҳанд, инчунин ташкил ва иҷрои корҳои тасдиқи ҳатмии мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) ба талаботи муқарраршуда ба зиммаи мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад. (қҷт 06.10.08 №424)

Мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ чунин вазифаҳоро баҷо меоварад: (қҷт 06.10.08 №424)

— тартиби сертификатсия кардани мол (кор, хизматрасонӣ) – ро муайян менамояд;

— мақомоти сертификатсияи намудҳои мушаххаси мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо барои санҷишҳои дахлдор ваколатдор месозад;

— ба дуруст сертификатсия шудани мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунад;

— феҳристонии давлатии моли (кори, хизматрасонии) сертификатсияшуда, мақомоти ваколатдорро доир ба сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо ба роҳ мемонад;

— дар бораи эътирофи сертификатсияҳое, ки ба мақомоти хориҷӣ ва байналмилалӣ додааст, қарор қабул менамояд, дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ аз рўи масъалаҳои сертификатсияи мол (кор, хизматрасонӣ) аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

-риояи қоидаҳои савдо, хўроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардумро назорат мекунад; (қҷт 06.10.08 №424)

 

Моддаи 40. Хориҷ (қҷт.аз 28.12.13,№1052)

 

Моддаи 41. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя карда шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои дахлдор ташкил карда мешаванд, ки онҳо:

— шикояти истеъмолкунандагонро баррасӣ мекунанд ва ба онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон маслиҳат медиҳанд:

— шартномаҳои бо фурўшандагон (иҷрокунандагон, истеҳсолкунандагон) бастаи истеъмолкунандагонро бо мақсади ошкор намудани шартҳое, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозанд, таҳлил мекунанд;

— ҳангоми ошкор намудани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати номатлуб, инчунин барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунандагон ва барои муҳити зист хатарнок мақомоти ҳокимияти иҷроияро, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) — ро амалӣ мекунанд, фавран огоҳ месозанд;

— дар ҳолати ошкор намудани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки маълумоти дуруст ва кофӣ надорад ё мўҳлати коршоямиаш гузаштааст ё худ мўҳлати коршоямиаш зикр нашудааст, агар муқаррар намудани ин мўҳлатҳо ҳатмӣ бошад, фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) — ро то пешниҳод намудани маълумот боз медоранд ё қатъ мекунанд;

— ба суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) муроҷиат мекунанд.

 

Моддаи 42. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо)

Шаҳрвандон ҳуқуқи ихтиёран дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) муттаҳид шуданро доранд.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) дар мавридҳои пешбининамудаи оинномаи иттиҳодияҳои мазкур (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) ҳуқуқ доранд, ки:

— дар таҳияи талабот ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин ба стандартҳое, ки талаботи ҳатмиро дар ин соҳа муқаррар менамоянд, ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда танзим менамоянд, иштирок кунанд;

— экспертизаи мустақилонаи сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро аз рўи супориш дар ташкилотҳои дахлдор ё дар мавриди доштани лабораторияҳои худӣ гузаронанд, ба шарте, ки мақомоти дахлдор барои салоҳияти техникӣ доштани онҳо иҷозат дода бошанд;

— риоя шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва қоидаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои ба истеъмолкунандагон хизматрасониро тафтиш намоянд, бо супориши истеъмолкунандагон дар гузаронидани экспертиза доир ба риоя нашудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок кунанд;

— ба мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо доир ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан, аз муомилот гирифтани моле (коре, хизматрасоние), ки барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист хавфу хатар доранд, таклифҳо пешниҳод намоянд;

— ҳамроҳи мақомоти идоракунии давлатӣ дар назорати татбиқи нархҳои идорашаванда ширкат варзад, тарифҳоеро, ки мақомоти давлатӣ барои ба ҷо овардани хизмати аҳолӣ (истеъмолкунандагон) муқаррар менамояд, мустақиман экспертиза кунад;

— ба мақомоти прокуратура ва мақомоти идоракунии давлатӣ дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони барои истеҳсолу фурўши моли (иҷрои кори, хизматрасонии) ба талаботи муқарраргардида нисбати бехатарӣ ва сифати мол (кор, хизматрасонӣ) номувофиқ ва ҳамчунин барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон айбдоранд, мавод пешниҳод намоянд;

— аз мақомоти прокуратура хоҳиш намоянд, ки дар бораи беэътибор донистани санадҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва санадҳои мақомоти худидораи маҳаллӣ, ки хилофи қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонанд, эътироз баён кунанд;

— барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ( доираи номуайяни истеъмолкунандагон) ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 43. Ҳифзи манфиати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон

Мақоми зиддиинҳисорӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) — ро анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд дар бораи эътирофи амали фурўшандаҳо (истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон) ё ташкилоте, ки дар асоси шартнома бо онҳо вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро иҷро мекунад, нисбати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон ва қатъи ин амалҳо ба суд даъво пешниҳод намоянд.

Ҳангоми қонеъ гардонидани чунин даъво суд қонуншиканро  ўҳдадор месозад, ки дар мўҳлати муқаррарнамудаи суд аз тариқи воситаҳои ахбори умум ё бо тарзи дигар қарори судро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

Қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд нисбати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон оид ба зиддиҳуқуқӣ эътироф намудани амалҳои фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти тибқи шартномаи бо ў басташуда вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро иҷрокунанда, барои суде, ки даъвои истеъмолкунандаро дар хусуси оқибатҳои ҳуқуқии граждании амали фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти дар асоси шартномаи бо ў басташуда вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) — ро иҷрокунанда баррасӣ менамояд, оид ба масъалаҳои ҷой доштан ё надоштани ин амалҳо ва аз ҷониби шахсони мазкур содир гардидан ё нагардидани ин амалҳо ҳатмӣ мебошад.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 44. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, моддаи 135) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 441. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1193)

Моддаи 45. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 9 декабри соли 2004

№ 72

ШАРИКОН: