ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи боҷи давлатӣ

(АМОҶТ, с.2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с.2006, №12,м.541; с.2008, №6, м.460; с.2008; №12, қ.2, мод.1000; с. 2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8; мод.10; с.2010, №12,қ.1, м.823; с. 2012, №12, қ.1, м.999; с.2013, №3, мод.190; с. 2014, №7,қ.2,мод.408;с.2015,№11,мод.968,мод.969,мод.970; с.2016,№5. мод. 368)

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» тартиби аз  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— боҷи давлатӣ —  пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— супорандагони боҷи  давлатӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие  мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқӣ дошта ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд;

— мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст; (қҷт. 19.03.2013, №947)

— мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд –  мақомоте, ки мувофиқи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ситонидани боҷи давлатӣ ваколатдор карда шудаанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ

Боҷи давлатӣ ситонида мешавад:

аз аризаҳои даъвогӣ, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд; (қҷт, 28.12.2012, №905)

— барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия, мақомиоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин  ва андоз; «қҷт 12.01.2010 №586» (қҷт. 29.12.10 №664)

— барои анҷом додани амалиёти нотариалӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳое, ки бо гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;

— барои анҷом додани дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ , ки ҳамин Қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 4. Андозаи боҷи давлатӣ

  1. Оид ба парвандаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) аз дархости шахсони воқеӣ – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) аз пешниҳоди мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
  • аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ аз рўи нархи

даъво:

то 50  нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 3% аз нархи даъво;

зиёда аз 50 то 100  нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 2% аз нархи даъво;

зиёда аз 100 то 500  нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 0,7% аз нархи даъво;

зиёда аз 500  нишондиҳанда барои ҳисобҳо  –  0,5 % аз  нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти ѓайримолумулкӣ, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд:

барои шахсони воқеӣ –  5% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс   боҷ аз рўи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад;

4) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳои пеш аз шартномавӣ –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ   –  2 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, таѓйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо –  андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор  донистани санадҳои ѓайримеъёрии мақомоти давлатӣ:

барои шахсони воқеӣ — ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои шахсони ҳуқуқӣ — ба андозаи даҳкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ, маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳо дар шакли асл — ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:

барои шахсони ҳуқуқӣ — ба андозаи даҳкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои соҳибкорони инфиродӣ — ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки  аҳамияти ҳуқуқӣ  доранд –  ба  андозаи секаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамоянд, ки  мутобиқи  андозаи боҷи давлатӣ, ки барои  аризаи даъвогии дорои хусусияти ѓайримолумулкӣ пешбинӣ шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ – тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки  аз андозаи маблаѓи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;

8) аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ нисбати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодӣ ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои судӣ,  рад кардан ва  додани варақаи иҷро –  50 % аз андозаи боҷи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвогӣ ситонида мешавад. (қҷт, 28.12.2012, №905)

  1. Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулкӣ ва ѓайримолумулкӣ мебошад, дар як вақт боҷи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ ва ѓайримолумулкӣ муқарраргардида ситонида мешавад.
  2. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои тиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолият, ҳамчунин филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ — ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолият — ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд — ба андозаи 2 нишондиҳанда  барои ҳисобҳо;

4) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд — ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва (ё) қатъ намудани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва (ё) намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ — ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;

6) барои додани нусхаи (дубликати) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ — ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст. «қҷт 12.01.2010 №584»(қҷт, 28.12.2012, №905)

  1. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳмияти ҳуқуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ҷумҳуриявӣ – ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ноҳиявӣ ё шаҳрӣ – ба андозаи 25 нишондиҳанда ьарои ҳисобҳо;

3) барои азнавбақайдгирии ташкилотҳои динӣ ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. (қҷт. 29.12.10 №664)

  1. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо — ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1111)

2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ — ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ — ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ — ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1111)

5) барои додани щаҳодатнома дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи  давлатӣ, ки барои бақайдгирӣ ситонида мешавад; (қҷт. 29.12.10 №664)

6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ — ба андозаи 50  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ — ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект  пешбинӣ карда шудааст;

8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо — ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав — ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда — ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

11) барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул — ба андозаи 5  фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (қҷт. 29.12.10 №664)

12) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ — ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; «қҷт 12.01.2010 №584»

13) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

14) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

15) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

16) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ — ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

17) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ — ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

18) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо — ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

19) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо — ба андозаи  3  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

20) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо — ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

21) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ — ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

22) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ — ба андозаи  1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

23) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ — ба андозаи    1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

24) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи  2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

25) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ — ба андозаи  1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

26) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ — ба андозаи  1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

27) барои  ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

28) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ — ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

29) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ — ба андозаи 1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

30) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ — ба андозаи  1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.  (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1317)

  1. Барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардан (хариду фурўш, ҳадя, иваз ва ѓайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ѓайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бўстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ѓайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ѓайриманқули дигаре, ки тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи: «қҷт 26.03.09 №495»

а) барои фарзандон, аз ҷумла писархонд (духтархонд), ҳамсар, падару модар дар:

-шаҳри Душанбе – 10% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-шаҳри Хуҷанд – 7 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-шаҳрҳои Қўрѓонтеппа, Кўлоб ва Хоруѓ – 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 2% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-деҳот – 1% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:

-шаҳри Душанбе – 20% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-шаҳри Хуҷанд – 15% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-шаҳрҳои Қўрѓонтеппа, Кўлоб ва Хоруѓ – 10% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-деҳот – 2% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

в) барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар:

-шаҳри Душанбе – 40% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-шаҳри Хуҷанд – 30% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-шаҳрҳои Қўрѓонтеппа, Кўлоб ва Хоруѓ – 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 10% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-деҳот – 5% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои тасдиқи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурўш, ҳадя, иваз ва ѓайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (қҷт 18.06.08, №402)

3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

-барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (қҷт 18.06.08, №402)

5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад, — ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда мешавад, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм — ба андозаи 1 фоиз аз маблаѓи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; «қҷт 12.01.2010 №584»

7) барои тасдиқи васиятномаҳо –20% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8)  барои додани шаҳодатнома дар бораи  ҳуқуқи моликият – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ѓайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст: «қҷт 26.03.09 №495»

ба меросхўрони навбати аввал  –   0,5 % аз маблаѓи мерос;

ба меросхўрони навбати дуюм –  1% аз маблаѓи мерос;

ба меросхўрони навбати сеюм — 1,5 % аз маблаѓи мерос;

ба меросхўрони дигар –  2 %  аз маблаѓи мерос;

10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати амволи дар хориҷа буда, ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:

барои меросхўрони навбати аввал    –   1 % аз маблаѓи мерос;

барои меросхўрони навбати дуюм –  1,5% аз маблаѓи мерос;

барои меросхўрони навбати сеюм — 2 % аз маблаѓи мерос;

барои меросхўрони дигар –  3 %  аз маблаѓи мерос;

  • барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи амволи меросӣ – ба андозаи

яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 ҳамин қисм):

барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхон, ҳамсар, падару модар –25% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ –  50% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ:

барои фарзандон, аз ҷумла барои фарзандхон, ҳамсар, падару модар – 25% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1248)

барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ – 50% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

— барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ — ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо — ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо. (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1249)

14)  барои тасдиқи ваколатномаҳои дигар –  20%  аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар –  5% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуҷҷати тарҷумашуда;

16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ѓайриаксепт будани он, набудани санаи аксепт ва барои тасдиқи напардохтани чек –  1 % аз маблаѓи пардохтнагардида;

17) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо –  5%  аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо –  2%  аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуҷҷат ё иқтибос аз онҳо;

19) барои дурустии тасдиқи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иқтибоси ҳуҷҷатҳо (ба ѓайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 18 ҳамин қисм нишондодашуда) — 2% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифа;

20) барои тасдиқи асли имзо:

дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) – 3% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

дар варақаҳои бонкӣ (барои ҳар як имзо ба ҳар як варақа) –  3% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношўӣ ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон –  10%  аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

22) барои додани нусхаи такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

23) барои тасдиқ  кардани шартномаи аз соҳибӣ соқиткунии амволи ѓайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурўхта мешавад – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

24) барои ба ҷо овардани  номаҳои иҷро – 3% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

25) барои ба ҷо овардани эътирози баҳрӣ — ба андозаи секаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) —  20% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) — 20% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванд) бо шахси (шаҳрванди) дар сурати фотографӣ аксёфта — 20% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо — 10% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

30) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ — 10% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

31) барои қабули маблаѓ ва коѓази қиматнок ба амонат (депозит) — 10% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

32) барои таъмини далелҳо — 50% аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариалӣ ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣ ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста аст, пардохта мешавад.
  2. Аз рўи шартномаҳои мубодилаи амволи ѓайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон амволи ѓайриманқуле муайян карда мешавад, ки масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд. «қҷт 26.03.09 №495»
  3. Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин модда пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад. «қҷт 26.03.09 №495»
  4. Дар ҳолати бастани шартнома, ки предмети он аз соҳибӣ соқит кардани (хариду  фурўш, тўҳфа, иваз ва ѓ.) маблаѓи амволе, ки маблаѓи он аз маблаѓи дар ҳуҷҷати нархгузорӣ  нишондода камтар аст, боҷи давлатӣ бо назардошти маблаѓи дар ҳуҷҷати нархгузорӣ нишондодашуда  ҳисоб карда мешавад.
  5. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷӣ предмети мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайян- кардаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рўзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.
  6. Барои анҷом додани амалиётҳои вобастаи барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) барои сабти ақди никоҳе, ки агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад —   ба андозаи панҷкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои сабт ва додани шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ:

бо розигии зану шавҳар, ки фарзандони ноболиѓ надоранд –  ба андозаи якунимкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

бо қарори суд дар бораи бекор кардани никоҳ – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

ба шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ё дар натиҷаи  касалии рўҳӣ ва ё камақлӣ ѓайриқобили амал эътирофшуда, ё ба шахсоне, ки  барои содир намудани ҷиноят ба муддати  на камтар аз се сол маҳкум шудаанд – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои таҳияи хулоса ва барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба таѓйир додан, илова намудан ва барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, бастани ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ ва дар бораи вафот – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ –  ба андозаи яккаратаи   нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои додани шаҳодатномаи дигар кардани ном, номи падар ва насаб (фамилия) —  ба андозаи дукаратаи   нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешаванд:

1) барои додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ) ё дароз намудани мўҳлати  эътибори он —  ба андозаи якунимкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои додани раводид ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, ҷиҳати рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои дароз намудани мўҳлати эътибори раводид – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон –  25%  аз  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои додан ва дароз намудани мўҳлати эътибори раводид бо шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои:

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи   нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии   Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи   нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои додани раводидҳои чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои додани ҳуҷҷат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як даъватшаванда;

7) барои ворид намудани таѓйиротҳо (ба истиснои дароз намудани мўҳлати эътибори раводид)  ба ҳуҷҷати каблан додашуда барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

8) барои додан ё дароз намудани  мўҳлати иҷозати зисти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

9) барои бақайдгирӣ ё дароз намудани мўҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

10) барои ба ивази  шиносномаи хориҷии гумшуда ё вайронгардида,  раводид, ҳуҷҷати даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозати зист ё шаҳодатнома барои сафар ба хориҷа додани ҳамин гуна ҳуҷҷат – ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

11)  аз ариза ва дархости  ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан, аз нав қабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо аризаҳо оид ба муайян намудани мансубияти шаҳрвандӣ – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ бо андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1)  барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи шикор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон –  ба андозаи даҳкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои амалиёте, ки  дар биржаҳои тиҷоратӣ, ашёи хом, асъор ва биржаҳои дигар анҷом меёбанд:

аз ҳаҷми аҳди то 500 ҳазор сомонӣ – 0,5% аз маблаѓи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ то  1млн. сомонӣ –  0,2% аз маблаѓи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 1млн. сомонӣ –  0,1% аз маблаѓи аҳд;

3) барои фурўхтани ҷойи брокер –  0,5% аз маблаѓи воқеии аҳди басташуда;

4) барои муомилоти коѓазҳои қиматнок:

— барои бақайдгирии давлатии барориши коѓазҳои қиматноки ѓайридавлатӣ — 0,15% аз ҳаҷми барориши мазкур;». (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1317)

барои бастани аҳд — 1 сомонӣ аз ҳар 1 ҳазор сомонии аҳди басташуда;

5) барои гузаронидани музояда –  0,2% аз нархи ибтидоии умумии ҳаҷми моле, ки  ба фурўш гузошта шудааст;

6) барои аҳдҳое, ки дар музояда анҷом меёбанд –  0,1%  аз нархи аҳди басташуда;

7) барои харидани амволи корхонаҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон –  0,5%  аз маблаѓи амволи харидашаванда;

8) барои гузаронидани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ – ба андозаи  панҷкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;  (қҷт 26.12.05, №115)

9) барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ. (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1247)

Қисмҳои 6,7,8,9,10,11,12,13,14 ва 15 мутаносибан қисмҳои 7,8,9,10,11,12,13,14,15 ва 16 ҳисобида шаванд. (қҷт. 29.12.10 №664); (қҷт. 19.03.2013, №947)

 

Моддаи 5. Имтиёзҳои пардохти боҷи давлатӣ

  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) шаҳрвандон — аз рўи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пулӣ) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бармеоянд;

2) даъвогарон – аз рўи баҳсҳои муаллифӣ, муаллифон – тибқи даъвое, ки аз ҳуқуқи ҳаммуаллифӣ,  ҳуқуқи ихтироъ, намунаи муфид, намунаҳои саноатӣ, инчунин аз дигар ҳуқуқҳо, ки аз моликияти зеҳнӣ бармеоянд;

3) даъвогарон – аз рўи даъвои рўёнидани алимент;

4) даъвогарон – аз рўи даъвоҳои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зарар ба саломатӣ, инчунин фавти саробон расонида шудааст;

5) мақомоти суѓуртаи иҷтимоӣ ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ – аз рўи даъвоҳои мутақобил (регрессӣ) аз зараррасон  ситонидани маблаѓи кўмакпулиҳо  ва нафақа, ки ба ҷабрдида  пардохта шудааст ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ – инчунин аз рўи даъвои дар бораи рўёнидани кўмакпулӣ ва нафақаи нодуруст пардохташуда;

6) даъвогарон – аз рўи даъвоҳои талофӣ намудани зарари моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда;

7) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва парвандаҳо оид ба рўёнидани алимент;

8) тарафҳо – аз  шикояти кассатсионӣ оид ба парвандаи бекор кардани ақди никоҳ;

9) прокурор,  мақомоти  ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлат ва ҷамъият муроҷиат мекунанд;

10) мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун даъвогар – аз рўи парвандаҳои ситонидани хароҷот доир ба ҷустуҷўи шахсоне,  ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтҳо саркашӣ мекунанд, инчунин оид ба парвандаҳои ҷуброни хароҷоти иловагӣ ҷиҳати ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва ё айбдоршавандагон, ки дар  маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, инчунин кофтукови онҳо ва табобат  ҳангоми зарар ба саломатии худ;

11) муассисаҳо ва мақомоти  иҷрои ҷазои ҷиноятӣ – аз рўи даъвоҳои ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ё айбдоршавандагони дар ҳабс буда, ҳамчунин ҷустуҷўи шахсони ба маҳдудияти озодӣ, ҳабс ё маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда ва табобати онҳо дар ҳолати қасдан расондани зарар ба саломатии худ;

12) мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот ҳамчун даъвогарону ҷавобгарон  – аз рўи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рўёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буҷет ва баргардонидани онҳо аз буҷет; (қҷт 22.12.06, №217); «қҷт 12.01.2010 №584»

13) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқҳои ҳифзкунандаи қонун ва манфиатҳои  шахсони дигар муроҷиат мекунанд — дар сурати қонеъ гардонидани даъвои онҳо;

14)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ– ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандозӣ ё дароз намудани мўҳлати иҷрои қарорҳо  оид ба таѓйирёбии тарз ва тартиби иҷрои қарорҳо, барқарорсозии мўҳлатҳои гузашта, аз нав баррасӣ намудани қарорҳо, таъинот ва қарори суд оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав баррасӣ намудани қарори ѓоибонаи суде, ки онро баровардааст;

15)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ҳангоми шикоятҳо ба амалҳои иҷрокунандаи судӣ, инчунин шикоятҳо нисбати қарорҳо ба парвандаҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти ваколатдор баровардашуда;

16) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ –ҳангоми додани шикоятҳои хусусӣ нисбат ба таъиноти суд, аз ҷумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъминоти дигар, оид ба қатъ ё боздоштани парвандаҳо, оид ба рад кардани зиёд ё кам намудани ҳаҷми ҷаримае, ки суд таъин намудааст;

17) шаҳрвандон – аз рўи  шикоятҳои кассатсионӣ оид ба  парвандаҳои ҷиноятие, ки дурустии ситонидани зарари моддӣ дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда  мавриди баҳс қарор гирифтааст;

18) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ёрдампулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ заруранд. (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1248)

19) маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – аз рўи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон; (ҚҶТ 26.12.05, №115)

20) шаҳрвандон – ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ.

  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд;

2) мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот,ки ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад мекунанд  – аз рўи даъвоҳои ситондани андозҳо, рўёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буҷети дахлдор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст. (қҷт 22.12.06, №217); «қҷт 12.01.2010 №584»

  1. Аз пардохти боҷи давлатӣ дар мақомоте, ки амалҳои нотариалиро иҷро мекунанд, озод карда мешаванд:

1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун – барои анҷом додани амали нотариалӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат намудаанд;

2)  шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо, аслӣ будани имзоҳо дар ҳуҷҷатҳо, барои тасдиқи ваколатномаҳо, ки барои  гирифтани нафақа ва кўмакпулӣ, пешниҳоди имтиёзҳо заруранд, ҳамчунин оид ба парвандаҳои васоят ва  фарзандхондӣ; (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1248)

3) шаҳрвандон – барои тасдиқи васиятнома ва шартномаҳои тўҳфаи амвол  ба фоидаи давлат;

4) ворисони то рўзи меросгирӣ ба  балоѓат нарасида,  инчунин шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба онҳо васоят муқаррар гардидааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ  дар тамоми ҳолатҳо сарфи назар аз навъи амволи меросӣ;

5) мақомоти молия, андоз ва гумрук барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи давлат ба мерос; «қҷт 12.01.2010 №584»

6) меросхўроне, ки то рўзи кушода шудани мерос дар манзили истиқоматии  меросӣ бо меросгузор якҷоя истиқомат мекарданд ва то рўзи вафоти меросгузор дар манзили истиқоматии меросӣ қайди истиқомат доранд. «қҷт 12.01.2010 №584»

  1. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба корҳои ноболиѓон — барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд оид ба фиристодани кўдакони ятим ва кўдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба хонаҳои кўдакон ва мактаб – интернатҳо, инчунин шаҳодатнома дар бораи вафоти падару модари ин кўдакон;

2) шаҳрвандон – барои бақайдгирии давлатӣ ва додани шаҳодатномаҳои дахлдори таваллуд (бо назардошти гузаштани мўҳлати бақайдгирии таваллуди кўдак (азнавбарқароркунӣ), вафот, ақди никоҳ (ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд), фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ; (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1248)

3) шаҳрвандон — барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ заруранд, оид ба масъалаҳои таъин намудан ё аз нав ҳисоб кардани нафақа ва кўмакпулиҳо;

4) шаҳрвандон – барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрорӣ ё иваз намудани шаҳодатномаҳои ба онҳо додашуда оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.

  1. Аз парвандаҳои вобаста ба хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷкистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан шахсони зерин аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои додани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

2) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан, агар сафари онҳо ба марг ё зиёрати қабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчунин барои додани ҳуҷҷатҳои ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатҳо истиқоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;

3) хориҷиёне, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додааст ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аъзои оилаи онҳо ва фарзандони онҳо – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;

4) шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада – барои додан ва дароз намудани гувоҳномаи иқомат, бақайдгирӣ ва дароз намудани мўҳлати бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, инчунин барои додани ҳуҷҷатҳо оид ба даъвати дигар шахсон аз дигар мамлакатҳо бо шартҳои мутақобил;

5) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида — барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои сафар ба хориҷа;

6)  сайёҳони хориҷӣ — барои бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ.

  1. Аз пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқоматии онҳо, инчунин барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо гувоҳномаи иқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, инҳо озод карда мешаванд:

1) шахсоне, ки дар хона–интернатҳо барои кўҳансолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд;

2) хонандагони муассисаҳои таълимии барои кўдакони ятим ва кўдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта ва муассисаҳои маълумоти касбӣ – техникии ибтидоии дар таъминоти пурраи давлатӣ буда ва  дар хобгоҳҳо  зиндагикунанда.

  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

1) мақомоти ваколатдор — аз рўи даъвоҳо оид ба ситонидани зарари ба давлат расонидашуда аз ифлос намудани муҳити зист ва ѓайриоқилона истифода намудани захираҳои табиӣ;

2) даъвогарон – мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа — аз рўи даъвоҳо дар хусуси ба буҷет ситонидани маблаѓҳое, ки аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо бо аҳдномаҳои ѓайриқонунӣ гирифта шудааанд, оид ба ситонидани  андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки сари вақт аз тарафи шаҳрвандон супорида нашудаанд, оид ба  барҳам  додани корхона, ё манъ кардани машѓулияти фаъолияти соҳибкорӣ; «қҷт 12.01.2010 №584»

3) мақомоти ваколатдор –аз рўи даъвоҳои беэътибор донистан ва бекор намудани аҳдномаҳо ва ситонидани маблаѓҳои вобаста ба хусусигардонӣ.

4) мақомоти ваколатдор – аз рўи даъво оид ба вайронкунии қонунгузории замин;

5) осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, хазинаҳо ва дигар маҳфузгоҳҳои давлатии сарватҳои фарҳангӣ, ки дар ҳолати муваққатан ба намоишгоҳҳо баровардани сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳифзи доимии онҳо мебошанд;

6) ансамблҳои давлатии мусиқӣ, мутрибону навозандагон барои соз ва воситаҳои техникие, ки муваққатан барои гастрол бароварда мешавад.

  1. Дар ҳолатҳои бо ташаббуси давлат ҷорӣ гардидани азнавбақайдгирии умумии шахсони ҳуқуқӣ ё ба Оинномаи (Низомномаи) онҳо ворид намудани таѓйироту иловаҳои барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ҳатмӣ  шахсони ҳуқуқӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод мебошанд.

Моддаи 6. Тартиби пардохт ва баргардонидани боҷи  давлатӣ

  1. Боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунин тавассути интиқоли маблаѓҳои боҷи давлатӣ аз ҳисоби боҷсупоранда ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо) пардохта мешавад. Қабули боҷи давлатӣ аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия амалӣ мегардад.
  2. Боҷи давлатӣ пардохта мешавад:

1) аз рўи парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд — то пешниҳод намудани аризаи дахлдор (шикоятҳои кассатсионӣ ё назоратӣ), ҳамчунин ҳангоми аз тарафи судяҳо  додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо; (қҷт, 28.12.2012, №905)

2) барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он инчунин мақомоти андоз – ҳангоми бақайдгирии давлатӣ; (қҷт, 28.12.2012, №905)

3) барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ — ҳангоми иҷрои амалиётҳои нотариалӣ, барои додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо бошад — ҳангоми супоридани онҳо;

4) барои сабти давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ оид ба ворид намудани ислоҳу таѓйирот дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ- ҳангоми додани аризаҳои дахлдор;

5) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ ва гувоҳнома — ҳангоми додани онҳо;

6) барои сабти давлатии бекоркунии ақди никоҳ аз рўи ризоияти дутарафаи ҳамсарон, ки фарзандони ноболиѓи умумӣ надоранд – ҳангоми сабти санад;

7) барои қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи гувоҳномаи иқомат истиқомат доранд – то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

8) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба шикор ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ —  то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

9) аз рўи парвандаҳое, ки бо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст – то гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

10) аз рўи амалиётҳое, ки дар биржаҳо бо қоѓазҳои қимматнок, ҳангоми харидани амволи корхонаҳои давлатӣ доир мегарданд – ҳангоми иҷро;

11) барои гузаронидани музояда ва гузаронидани экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ — то гузаронидани он.

  1. Боҷи давлатӣ пурра ба Буҷети давлатӣ ворид карда мешавад. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (қҷт. 19.03.2013, №947)
  2. Боҷи давлатии пардохташуда дар ҳолатҳои зерин қисман ё пурра баргардонида мешавад:

1) ба андозаи зиёд ворид намудани боҷи  давлатӣ назар ба андозае, ки Қонуни мазкур  муқаррар намудааст;

2) баргардонидан ё рад намудани қабули аризаҳо, шикоятҳо ва ё муроҷиати дигар аз ҷониби судҳо, ҳамчунин рад намудани иҷрои амалиётҳои нотариалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор;

3) дар ҳолати рад кардани иҷрои амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби шахси боҷи давлатиро пардохта — то муроҷиат ба мақомоте, ки амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқии мазкурро иҷро менамояд.

4) рад кардани  додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ).

  1. Агар барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷат якбора якчанд шахс, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, муроҷиат намоянд боҷи давлатӣ дар ҳаҷми пурра ва саҳмҳои баробари онҳо бо мувофиқаи тарафҳо супорида мешавад. Дар ҳолате, ки агар дар байни шахсони барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё барои додани ҳуҷҷатҳо муроҷиаткунанда як шахс (якчанд шахс) мутобиқи қонуни мазкур аз пардохти боҷи давлатӣ озод бошад (озод бошанд), пас ҳаҷми боҷи давлатии ба буҷети дахлдор пардохтшаванда мутаносибан барои шахсони ба имтиёз ҳуқуқдошта кам карда мешавад ва дар ин ҳолат боҷи давлатиро як шахс (якчанд шахс), ки ҳуқуқ ба имтиёз надорад (надоранд), мепардозад (мепардозанд).
  2. Боҷи давлатии ба буҷети давлатӣ пардохташуда дар асоси қарори мақомоти молия, мувофиқи аризаи хаттии боҷсупоранда ва хулосаи мақомоти барои ситонидани боҷ ваколатдор баргардонида мешавад.
  3. Боҷи давлатие, ки баргардонида мешавад, бояд ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар муддати даҳ рўз аз рўзи қабули қарор дар бораи баргардонидани он аз ҷониби мақомоти дахлдори молиявӣ  дода шавад.

Моддаи 7. Чораҳои ҷавобгарӣ барои супорандагони боҷи давлатӣ ва назорат оиди дуруст ҳисоб кардани он

Супорандагони боҷи давлатӣ ва  мақомоти ваколатдоре, ки боҷи давлатиро меситонанд, барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет нагузаронидани маблаѓҳои боҷи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боҷи давлатӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 январи соли 1992 «Дар бораи боҷи давлатӣ» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1992, №2, м.26; с.1993, №9-10, м.138; с.1993, №23-24, м.532, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1997, №9, м.117; с.1997, №23-24, м.333; с. 2002, №4 қ.1, м.182; с. 2003, №4, м.147 )  аз эътибор соқит  дониста шавад.

 

Моддаи 9.  Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 28 феврали соли 2004

№ 19 

ШАРИКОН: