ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

(АМОҶТ с.2003, №4, мод.151; с.2007, №7, мод.696; с.2009, №3, мод. 84; с.2012, №7, мод. 718; с.2014, №7,қ.2, мод.424)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии  таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд. «қҷт 30.07.07, №334»

 

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

таҳсилоти ибтидоии касбӣ — қонеъгардонии мақсадноки талаботи шаҳрвандон тавассути таълим, ки қисмҳои таркибии он метавонанд таълими кадрҳо, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандоне бошанд, ки  таҳсилоти ибтидоии касбӣ надоранд; «қҷт 30.07.07, №334»

— муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ — муассисае, ки дар раванди таълим як ё якчанд барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро амалӣ намуда, таълим ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд; «қҷт 30.07.07, №334»; (қҷт. 03.07.2012, №868)

— кормандони муҳандисию педагогӣ – шахсони дорои таҳсилоти дахлдоре, ки дар асоси касбӣ ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғуланд;

тахассус – дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи тахсилоти ибтидоии касбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро афзалиятнок эълон менамояд.

Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:

— хусусияти башардўстона ва демократӣ доштани таълим ва тарбия;

— муттасилӣ ва пайдарпаӣ;

— дастрас будани тахсилоти ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми тахсилоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии хонандагон; (қҷт. 03.07.2012, №868)

— хусусияти дунявӣ доштани низоми тахсилоти ибтидоии касбӣ; (қҷт. 03.07.2012, №868)

— хусусияти демократии давлатию ҷамъиятии идораи низоми тахсилоти ибтидоии касбӣ; (қҷт. 03.07.2012, №868)

— дастгирии маърифатнокӣ ва истеъдод.

Дар муассисаҳои таълимии соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ, мақомоти идораи соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ ба таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ иҷозат дода намешаванд.

 

Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ давлат ба шаҳрвандоне, ки тахсилоти умумии асосӣ ё тахсилоти миёнаи умумиро гирифтаанд, ҳуқуқи гирифтани тахсилоти ибтидоии касбиро кафолат медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи талаботи стандарти давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бепул гирифтани тахсилоти касбӣ дода мешавад, агар шаҳрванд сатҳи тахсилоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд касби дуюми тахсилоти ибтидоии касбиро бепул гиранд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани тахсилоти ибтидоии касбӣ кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 5. Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ

Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ дар маҷлиси умумии муҳандисону педагогҳои муассисаи таълимӣ қабул ва аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.

Дар оинномаи муассисаи таълимӣ бо тартиби ҳатмӣ: ном, маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ), вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис, шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, мақсадҳои раванди таълим, навъ ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълимӣ нишон дода мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Он қисмати оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидааст, аз тарафи муассисаи таълимӣ мустақилона таҳия гардида, аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми зарурати танзими самтҳои фаъолияти дар моддаи мазкур зикргардидаи муассисаи таълимӣ тавассути санадҳои дигари дохилии онҳо ҳамчун илова ба оинномаи муассисаи таълимӣ бояд ба қайд гирифта шаванд.

Санадҳои дохилии муассисаи таълимӣ мухолифи оинномаи он буда наметавонанд.

Моддаи 51. Забони таҳсил

Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 6. Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборат аст:

— стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста  аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;

— мақомоти идораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои (хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии) тобеи онҳо;

— хонандагон, падару модари онҳо, омўзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии зерин таъсис дода мешаванд:

— литсейҳои касбӣ-техникӣ;

— литсейҳои касбӣ;

— литсейҳои махсуси касбӣ;

— комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;

— марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

— марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ;

— марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 8. Стандартҳои давлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ

Тахсилоти ибтидоии касбӣ дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад.

Стандартҳои давлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:

-талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии тахсилоти ибтидоии касбӣ;

— талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии тахсилоти ибтидоии касбӣ, ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб;

— мўҳлатҳои аз худ намудани барномаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ;

— ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии таълимгирандагон.

 

Моддаи 9. Барномаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ (қҷт. 03.07.2012, №868)

Барномаҳои таълимии зерини тахсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои тахсилоти ибтидоии касбӣ муттасил ва зина ба зина татбиқ карда мешаванд: (қҷт. 03.07.2012, №868)

— барномаи ягонаи якҷояшудаи тахсилоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи тахсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бо мўҳлати таҳсил то 3 сол; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1127)

— тахсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи тахсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бидуни гирифтани тахсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ бо мўҳлати таҳсили 1- 2 сол;

— тахсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи тахсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфи 11) бо мўҳлати таҳсил то 2 сол; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1127)

— тайёрии касбӣ, тахсилоти иловагии касбӣ, аз ҷумла бозомўзӣ ва такмили ихтисос бо мўҳлати таҳсили то 1 сол.

(қҷт. 03.07.2012, №868)

Барномаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ метавонанд  зина ба зина сохта шаванд.

Баробари ба охир расидани ҳар як зина имтиҳоноти хатмкунӣ пешбинӣ шудааст, ки супоридани онҳо ба хонанда ҳуқуқ медиҳад, ҳуҷҷати намунаи давлатиро гирад ва тибқи тахассуси дар давраи таҳсили ҳар як зина гирифтааш кор кунад.

Бо хоҳиши худ хонанда метавонад таҳсилро дар зинаҳои  минбаъда идома диҳад. Дар ҳар як зинаи минбаъдаи таҳсил хонанда донишҳои махсус, маҳорату малакаи сатҳи нисбатан баландтари касб ва тахассусро соҳиб мешавад. Ихтисори мўҳлатҳои таълим аз рўи зинаҳо низ иҷозат дода мешавад.

Шахсони соҳиби ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуднамуда ҳуқуқ доранд дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар асоси барномаҳои кўтоҳмуддат мувофиқ ба самти тайёрии касбӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 10. Шаклҳои гирифтани тахсилоти ибтидоии касбӣ

Хонандагон барномаҳои касбии таълимии тахсилоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклҳои рўзона, шабона, ғоибона ва экстернат аз худ намоянд. Ба якҷоя кардани шаклҳои гуногуни гирифтани тахсилоти ибтидоии касбӣ ва бозомўзии касбӣ иҷозат дода мешавад.

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ба таври ройгон сурат мегирад.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ илова ба фармоиши давлатӣ метавонанд хонандагонро бо тариқи шартнома  қабул намоянд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Номгўи касбҳое, ки аз рўи онҳо гирифтани тахсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳамаи шаклҳои гирифтани тахсилоти ибтидоии касбӣ аз рўи барномаи мушаххаси таълимӣ бояд дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ анҷом дода шаванд.

Шахсоне, ки дар муассисаҳои тахсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, онҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои аттестатсияи байнифосилавӣ ва ҷамъбастӣ дар муассисаҳои тахсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта бо шартҳои экстернат ҳуқуқ доранд.

Ба шахсоне, ки таҳсилро тибқи барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хатм намудаанд ва аз аттестатсияи ҷамъбастӣ гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии дорои нишонаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 11. Таълим ва бозомўзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол

Таълим ва бозомўзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол дар литсейҳои касбӣ, марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ бо тариқи ташкили курсҳои кўтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 12. Намудҳо ва категорияҳои муассисаҳои таълимии  тахсилоти  ибтидоии касбӣ

Тахсилоти ибтидоии касбиро дар муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои дигари таълимӣ, гирифтан мумкин аст. «қҷт 30.07.07, №334»

Ба муассисаҳои тахсилоти ибтидоии касбӣ инҳо мансуб мебошанд:

литсейҳои касбӣ, ки дар онҳо барномаҳои касбии таълимии тахсилоти ибтидоии касбии таъминкунандаи ба даст овардани касбу тахассусе, ки барои фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ кифояанд, амалӣ карда мешаванд. Литсейҳои касбӣ намуди асосии муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб мераванд; (қҷт. 03.07.2012, №868)

марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, комбинатҳои таълимию дарсомўзӣ, марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии сатҳи мазкур, ки дар онҳо тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ, малакаҳои меҳнатии иҷрои корҳои муайян ё гурўҳи корҳоро зуд аз худ намудани таълимгиранда анҷом дода мешавад ва баланд намудани сатҳи таълимиро пешбинӣ намекунад; (қҷт. 03.07.2012, №868)

— маркази таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ – корхонаи воҳид (корхонаи давлатии дорои ҳуқуқҳои пешбурди хоҷагидорӣ), ташкил ва таҳияи барномаҳоро оиди мутобиқшавии аҳолӣ ба бозори меҳнат, мусоидат кардан ба шуғл тавассути раҳнамоии касбӣ, таълим ва бозомўзии аҳолиро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати объекти мустақили хоҷагидор иҷро менамояд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таҳсил ва таълим эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси тахсилоти ибтидоии касбӣ – литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Муассисаҳои тахсилоти ибтидоии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ шуда метавонанд.

 

Моддаи 13. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ (қҷт. 03.07.2012, №868)

Муассисаҳои давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он бо тартиби дархост ва бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, аз нав ташкил  карда ва барҳам дода  мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо

Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. «қҷт 30.07.07, №334»

 

Моддаи 15. Идоракунии муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ

Муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ дар асоси таносуби принсипҳои яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ идора карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ раванди таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва ғайраро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ дар қисмати риояи стандартҳои давлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори он танзим карда мешавад.

 

БОБИ 3

СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ, ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

 

Моддаи 16. Хонандагони  муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ

Хонандагони муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне мебошанд, ки бо тартиби муқарраргардида барои таҳсил ба муассисаи таълимӣ қабул гардидаанд.

Хонандагон дар давраи таҳсил ба таъминоти моддӣ аз рўи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Ба хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст.  «қҷт 26.03.09 №491»

Давраи таҳсили хонандагон дар муасиссаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбии шакли рўзона ба собиқаи умумии корӣ ва муттассили меҳнатӣ дохил мешавад.

 

Моддаи 17. Кормандони  муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ва талабот нисбати онҳо

Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ инҳо дохил мешаванд: маъмурият, омўзгорон, устоҳои калон, устоҳои (инструкторҳои) таълими истеҳсолӣ, мураббиён, методистҳо ва дигар кормандоне, ки раванди таълим ва тарбияро амалӣ менамоянд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Дар муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти муҳандисию педагогӣ он шахсоне машғул шуда метавонанд, ки  дорои тахсилоти миёнаи касбӣ ё тахсилоти олии касбӣ, малакаҳои зарурии касбӣ ва тахассус аз рўи ихтисос, тайёрии амалии касбӣ бошанд, инчунин шахсоне, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт таҷрибаи кории истеҳсолӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.

Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. «қҷт 26.03.09 №491»

Муносибатҳои меҳнатии кормандони муҳандисию педагогӣ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ танзим карда мешаванд. Муқаррароти шартнома (қарордод) бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Давлат барои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таъ­лимии тахсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол такмили ихтисоси бепулро кафолат медиҳад.

Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои ғайридавлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Такмили тахассуси кормандони муҳандисию педагогӣ метавонад инчунин тибқи шартномаҳои басташудаи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос, муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилот ё муассисаҳои илмӣ аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.

Талабот ба кормандони муҳандисию педагогӣ ба воситаи тавсифномаҳои тахассусӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад.

Бо мақсади такмили фаъолияти муҳандисию педагогӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мутобиқати онҳо бо вазифаи ишғолкардаашон, ҳавасмандгардонии рушди сатҳи касбӣ, такмили сифат ва самаранокии кор, мунтазам дар панҷ сол як маротиба аттестатсияи кормандони низоми тахсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Ба фаъолияти муҳандисию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне роҳ дода намешаванд, ки ба онҳо ин фаъолият бо ҳукми суд ё бо нишондодҳои тиббие, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, манъ карда шудааст.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ

Кормандони муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ барои иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ, ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили тахассус бо тартиби муқарраргардида, ташаббуси педагогӣ ва паҳн намудани таҷрибаи худ, интихоби озодонаи шаклҳо, усулҳо ва тарзҳои самараноки таълим ҳуқуқ доранд.

Ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои касбӣ, кормандони муҳандисию педагогӣ барои интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурҳои таълимӣ, маводҳо, китобҳо ва усулҳои баҳодиҳии дониши хонандагон ҳуқуқ доранд.

Сарбории таълимии корманди муҳандисию педагогии муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нишон дода шудааст, бо ҳадди ниҳоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса маҳдуд карда мешавад.

Ўҳдадориҳои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:

таъмини татбиқи сифатноки стандарти давлатии таълим, ташаккули сифатҳои ахлоқию эстетикӣ ва шаҳрвандӣ;

таъмини аз худ намудан ва иҷрои барномаҳои таълимӣ дар сатҳи ҳатмии талаботи давлатӣ аз тарафи хонандагон;

риояи одоб ва ахлоқи педагогӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъни хонандагон;

Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои ғайридавлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

БОБИ 4

ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ, КИ

БО ҲИФЗИ МАХСУСИ ИҶТИМОӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 19. Категорияи шахсоне, ки бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд

Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешавад, инҳо дохил мешаванд:

— маъюбон, ятимон ва ноболиғоне, ки бе сарпарастии падару модар мондаанд; (қҷт. 03.07.2012, №868)

— хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ; (қҷт. 03.07.2012, №868)

— хонандагони муассисаҳои таълимии касбии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;

— муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.

 

Моддаи 20. Таъмини таҳсили маъюбон

Давлат ба маъюбони модарзод, шахсоне, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ ва ҷароҳатҳо маъюб гардидаанд, мутобиқи хоҳиши онҳо ва тавсияномаҳои меҳнатии комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) ҳуқуқҳои имтиёзнокро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ барои омўхтани касбҳо кафолат медиҳад.

 

Моддаи 21. Таъмини ҳуқуқи ятимон, ноболиғони бе сарпарастии падару модар монда ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ таҳсил менамоянд (қҷт. 03.07.2012, №868)

Давлат ба ятимон, ноболиғони бе сарпарастии падару модар монда ва муҳоҷирони иҷборӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқҳои имтиёзнок медиҳад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Дар давраи таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ давлат хароҷоти иловагиро барои таълим ва таъмини онҳо ба зимма мегирад.

 

Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ (қҷт. 03.07.2012, №868)

Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълимӣ эҳтиёҷ доранд, литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Давлат мутобиқи ихтисоси муассисаҳои махсуси таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ба хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ ҳуқуқи идома додани тахсилоти умумӣ ё таълими касбиро кафолат медиҳад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Шахсоне, ки дар муассисаҳои махсуси ибтидоии касбӣ ба гирифтани тахсилоти касбӣ фурсат наёфтаанд, барои давом додани таҳсил дар курси дахлдори муассисаҳои давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 23. Таълими наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кўдакони маъюб

Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кўдакони маъюб литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Хонандагони муассисаҳои махсуси давлатии таълимӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.

 

БОБИ 5

ИДОРАИ НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ  КАСБӢ (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 24. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:

— муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— маблағгузории рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ;

— муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти ибтидоии касбиро таъмин мекунанд;

— тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— тасдиқи феҳристи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— муайян ва тасдиқ намудани тавсифномаҳои тахассусии талабот ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— муқаррар намудани номгўи касбҳое, ки аз рўи онҳо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 241. Ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ:

— сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ мегардонанд;

— роҳбарии соҳаро таъмин мекунанд;

— раванди таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорат мекунанд;

— нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ менамоянд;

— қоидаҳои қабули хонандагонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва тасдиқ менамоянд;

— санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро дар доираи ваколатҳояшон қабул менамоянд. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 25. Назорати давлатии сифати тахсилоти ибтидоии касбӣ

Назорати давлатии сифати тахсилоти ибтидоии касбӣ ба таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ ҷудо шудаанд, равона карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

Назорати давлатии сифати тахсилоти ибтидоии касбиро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа тибқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

БОБИ 6

МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

 

Моддаи 26. Маблағгузории муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ (қҷт. 03.07.2012, №868)

Тартиби умумии маблағгузории муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Манбаи асосии маблағгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, рушди иҷтимоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ маблағҳои буҷети давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин дигар манбаъҳо мебошанд.

Маблағгузории муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ метавонад бо маблағҳои зерини ғайрибуҷетӣ пурра карда шавад:

— даромади фаъолияти истеҳсолӣ;

-хизматрасонии таълимии пулакӣ;

— маблағи корфармоён;

— маблағи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

— маблағи сарпарастон;

— маблағи шахсии хонандагон ва падару модари онҳо.

— маблағҳои эҳсонкорӣ;

— дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои ғайридавлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ метавонад мутобиқи меъёрҳои давлатӣ аз лаҳзаи аккредитатсияи давлатӣ гирифтан ва ҳангоми мавҷуд будани супориши давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.

Маблағгузории тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси коргарон, хизматчиён ва шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағи корхонаҳо, муассисаю ташкилотхои манфиатдор, инчунин аз ҳисоби маблағи давлатии  шуғли аҳолӣ  анҷом дода мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

Моддаи 27. Хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд ба аҳолӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ба таври шартномавӣ (пулакӣ) ва хизматрасонии иловагии таълимро аз рўи барномаҳои иловагии таҳсил, дарсомўзӣ дар курсҳои махсус ва силсилаи фанҳо, репетиторӣ, машғулиятҳо бо хонандагон ба омўзиши амиқи касбҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки барномаҳои дахлдор ва стандартҳои таълимии давлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ намекунанд, расонанд.

Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии тахсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хонандагон барои хизматрасониҳои таълимӣ, аз ҷумла барои таҳсил дар доираи стандартҳои давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ маблағ рўёнанд, ки он ҳамчун соҳибкорӣ баррасӣ намешавад, агар даромади аз он ба даст оварда шуда, барои ҷуброни хароҷоти таъмини раванди таълим, аз ҷумла барои музди меҳнат, инкишоф ва такмили он дар муассисаҳои таълимии тахсилоти ибтидоии касбӣ равона гардида бошад.

Муносибати муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва таълимгиранда, падару модари он  (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба воситаи шартнома, ки сатҳи таълим, мўҳлати таҳсил, ҳаҷми пардохти таҳсил ва дигар шароитҳоро муайян мекунад, танзим карда мешавад.

Хизматрасонии таълимии шартномавӣ (пулакӣ) наметавонад ба ҷои фаъолияти таълимӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардад. (қҷт. 03.07.2012, №868)

 

БОБИ 7

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

Муассисаҳои тахсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳуқуқ доранд дар соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ робитаҳои байналмилалиро анҷом диҳанд.

 

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ вайрон менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 22 апрели соли 2003

№ 21

 

ШАРИКОН: