ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

(АМОҶТ с.2003, №8, мод.467; с. 2005, №12, мод. 650; с.2007, №7, мод.684;с.2008, №12, қ.2, мод.1006; с.2011, №6, мод.437)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.

 

Боби I.

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

— бекорӣпадидаи иҷтимоию иқтисодиест, ки ба қисми муайяни қувваи корӣ мавҷуд набудани талабот дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— шаҳрвандони бекор — шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ё мақомоти дигари шуғли аҳолӣ, тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷўи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурўъ намоянд; (қҷт 30.07.07, №325; қҷт. 28.06.2011 №724)

— чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ чораҳое, ки барои аз нав оғоз гардидани шуғли шаҳрвандони бекор мусоидат намуда, ба васеъшавии имконияти бо кор таъмин кардани онҳо равона гардидаанд. Ба қатори чунин чораҳо ёрӣ расонидан дар ҷустуҷўи кор, тайёрӣ ва бозомўзонии касбии аҳолии бекор, мусоидат ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, дигар намуди чораҳо ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ дохил мешаванд;

— дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор — хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ; пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ ва стипендия ҳангоми тарбия ва бозомўзии  касбии шаҳрвандони бекор; расонидани ёрии моддӣ ба аъзои оилаи  синнашон то 15 — солаи шахси бекор, ки дар таъминоти ў мебошанд; расонидани кўмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд; (қҷт 28.12.05, №137)

— кўмакпулӣ барои бекорӣ ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашудае, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташудаи барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохта мешавад;

— шуғл — ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад; (ҚҶТ 28.12.05, №137)

— шуғли (кори) муваққатӣ кори муздноки муваққатие, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар давраи маҳдуди вақт иҷро карда мешавад;

— кори мувофиқ коре, ки онро шаҳрванд иҷро карда метавонад, ба ҷинс, маълумот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ шароитҳои ҷои кори охирин (ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок),  вазъи саломатии ў мувофиқ буда, аз маҳали зисташ начандон дур ҷойгир (на зиёда аз як соат дар роҳ) бошад ва музди меҳнаташро дар сатҳи на пасттар аз ҳадди ақали музди меҳнати расман муқарраршуда кафолат диҳад;

— бозори меҳнат — соҳаи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;

— корҳои ҷамъиятӣ намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум, ки чун қоида, тарбияи пешакии касбии кормандонро, ки самти иҷтимоии фоиданок дошта, ҳамчун дастгирии иловагии иҷтимоӣ ва шуғли муваққатии шахсони корҷўянда ташкил карда мешаванд, талаб намекунанд. Ба корҳои ҷамъиятӣ фаъолияте, ки бо зарурияти таъҷилан бартараф намудани оқибати садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, дигар ҳолатҳои фавқулодда вобаста аст ва омодагии махсуси кормандон, инчунин амалҳои маҳоратнок ва масъулиятноки онҳоро дар муддати кўтоҳтарин талаб мекунад, дахл надорад;

— миёнаравии меҳнатӣ мусоидат намудан ба аҳолӣ ҳангоми бо кор таъмин кардан аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо; (қҷт 30.07.07, №325; қҷт. 28.06.2011 №724)

макомоти давлатии шуғли аҳолӣмақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнат буда, сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои дахлдорро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

— вакансия — ҷои кории холӣ дар ташкилотҳо;

— аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) — қисми аҳолие, ки пешниҳоди қувваи кориро барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, бекорон ва шахсони машғули кор бударо дарбар мегирад;

— аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол — қисми аҳолии синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳайати аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) дохил намешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. (қҷт 28.12.05, №137)

 

Моддаи 3. Шуғли аҳолӣ ва фаъолияти ба шуғл баробаркардашуда  

Шаҳрвандон ҳуқуқи истисноии  ихтиёрдорӣ намудани қобилияти худро ба меҳнати истеҳсолӣ ва эҷодӣ дошта, метавонанд ҳар гуна фаъолияти аз ҷониби қонунгузорӣ манънашударо иҷро намоянд.  Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. (қҷт 28.12.05, №137)

Давлат амалӣ гардонидани сиёсати мусоидат ба шуғли пурраю самаранок ва озодона интихобшударо, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат нигаронида шудааст, кафолат медиҳад.

Бешуғл будани шаҳрвандон барои ба ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноӣ ва дигар намуди ҷавобгарӣ кашидани онҳо асос шуда наметавонад.

Ба аҳолии шуғлнок (ё ба он баробар кардашуда) шаҳрвандони синнашон 15-сола ва аз он калонсоле мансубанд, ки дар давраи баррасишаванда:

-кори кирояро бо подош аз рўи шарти вақти кории пурра ё нопурра иҷро менамоянд, инчунин соҳиби дигар намуди кори (хизмати) даромаднок мебошанд;

-мустақилона худро бо кор таъмин менамоянд, аз ҷумла шахсони ба соҳибкории хурд ва миёна, шахсони ба фаъолияти соҳибкории инфиродии меҳнатӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ машғулбуда, аъзои кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва аъзои оилаҳои онҳо, ки қитъаҳои замин гирифтаанд, хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд ва маҳсулоташонро дар асоси шартномаи тибқи қонунгузорӣ басташуда ба фурўш мебароранд, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иштирок менамоянд, инчунин аъзои оилаи ба онҳо ёрирасонро бо кор таъмин менамоянд; (қҷт 31.12.08 №472)

-дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қўшунҳои воҳидҳои низомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;

-дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар бахши рўзона таҳсил ва ҳамзамон кори кирояро иҷро менамоянд, аз ҷумла бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ таълим мегиранд; (қҷт 28.12.05, №137; қҷт. 28.06.2011 №724)

-дар ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ ва муассисаҳои диние, ки фаъолияташон ба қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад, машғули коранд;

-соҳиби кор мебошанд, лекин дар ҷои кор бо сабаби корношоямӣ, рухсатӣ, бозомўзӣ, такмили ихтисос, бозистодани истеҳсолот, аз он ҷумла бо сабаби корпартоӣ бавуҷудомада, даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ё дигар сабабҳо муваққатан ҳозир нестанд;

-ба вазифаи музднок дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ интихоб, таъин ва тасдиқ шудаанд;

-муассиси (иштирокчии) ташкилот мебошанд, ба истиснои муассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ,фондҳои хайрия ва ғайра, ҷамъиятҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсия ва иттиҳодияҳо), ки нисбати ин ташкилотҳо ҳуқуқи молӣ надоранд;

шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар қаламрави ҷумҳурӣ ба кор машғул буда, вазифаҳои новобаста ба таъмини фаъолияти сафоратхонаҳо, намояндаҳои дипломатӣ ва консулгариҳоро иҷро менамоянд; (қҷт 28.12.05, №137)

-дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд;

-ба дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул мебошанд.

Шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ машғуланд, бо ҳамаи кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд, ба шарте ки ҳатман аз даромади бадастовардашуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи ичтимоӣ ва нафақа маблағи суғуртавиро пардохт намоянд. (қҷт 28.12.05, №137; қҷт. 28.06.2011 №724)

Тартиби баҳисобгирии собиқаи кор ва додани дафтарчаҳои меҳнатиро ба ин шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 4. Шаҳрвандони бекор

Бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҳамчун шахсони бекор ва корҷўянда ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ муроҷиат менамоянд, ҳангоми муроҷиати бевоситаашон бо пешниҳод кардани шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро иваз мекунанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ду моҳи охир аз ҷои кори охирин, анҷом дода мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Шаҳрвандоне бекор дониста намешаванд, ки:

-ба синни 15-солагӣ нарасида бошанд;

«- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа ба синни нафақа расидаанд, ғайр аз шаҳрвандоне, ки аз рўи маъюбӣ нафақа мегиранд; (қҷт. 28.06.2011 №724)

-аз иҷора додани моликият, қитъаи замин, воситаҳои нақлиёт ва амволи ғайриманқул дар ҳаҷми на камтар аз 12 маоши ҳадди ақал дар як сол даромад доранд;

-дар муддати 10 рўзи баъди ба қайд гирифтани онҳо дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ду намуди ҷои кори мувофиқро рад кардаанд, шахсоне, ки бори аввал кор меҷўянду ихтисос надоранд, дар сурати ду маротиба рад намудани гирифтани тайёрии касбӣ ё таклиф ба кори музднок, аз ҷумла коре, ки хусусияти муваққатӣ дорад. Шаҳрванди корҷўянда ду бор ба ҳамон як ҷои кор (ё як ҷои таълим) пешниҳод карда намешавад;

-дар давоми 10 рўзи баъди ба қайд гирифтан барои ёфтани кори мувофиқ, бе сабабҳои узрнок, ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои ба онҳо пешниҳод намудани кори мувофиқ наомадаанд; (қҷт. 28.06.2011 №724)

-ҳуҷҷатҳои маълумоти ошкоро дурўғ доштаро дар бораи набудани кор, музд ва машғулияти даромаднок, инчунин дигар маълумоти нодурустро барои бекор донистани онҳо пешниҳод намудаанд.

Ёрдампулии ҳангоми аз кор озодшавӣ пардохташаванда ва музди миёнаи меҳнати нигоҳдошташавандаи шаҳрвандони аз ташкилотҳо, аз кор (аз хизмати ҳарбӣ) бинобар барҳамдиҳӣ, ихтисори шумора ё штатҳо озодшуда ҳамчун музд ба ҳисоб гирифта намешавад.

Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд

 

Моддаи 5. Кори мувофиқ

Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди кор ба шаҳрванд аз рўи ихтисос, коре, ки иваз намудани ихтисосро бо назардошти қобилияти шаҳрванд, таҷрибаи пешина ва барои ў дастрас будани воситаҳои таълимиро талаб менамояд, мувофиқ дониста мешавад.

Кори музднок, аз он ҷумла кори хусусияти муваққатӣ дошта ва корҳои ҷамъиятӣ, ки тайёрии пешакиро талаб мекунад ё намекунад (бо дарназардошти хусусиятҳои синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон) ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ҷавобгў мебошад, барои шаҳрвандони зерине мувофиқ дониста мешавад, ки:

-бори аввал кор меҷўянд (пештар кор намекарданд, ихтисос надоранд, дар давоми як соли пеш аз саршавии бекорӣ зиёда аз як бор барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва дигар амалҳои гунаҳкорона, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз кор озод карда шудаанд, пештар бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, баъди танаффуси тўлонӣ (зиёда аз як сол) кўшиши барқарор намудани фаъолияти меҳнатиро доранд, инчунин бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба таҳсил фиристода, барои амали гунаҳкорона хориҷ карда шудаанд; (қҷт 31.12.08 №472; қҷт. 28.06.2011 №724)

-баланд бардоштани (барқарор намудани) дараҷаи ихтисос аз рўи ихтисоси мавҷуда, гирифтани ихтисоси ба ҳам наздик ё аз бозомўзӣ гузаштанро рад кардаанд; (қҷт 31.12.08 №472)

-дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ зиёда аз 12 моҳ буда, инчунин зиёда аз ду сол кор накардаанд; (қҷт. 28.06.2011 №724)

-ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ баъди ба анҷом расидани корҳои мавсимӣ муроҷиат намудаанд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Кор мувофиқ дониста намешавад, агар:

-он бо иваз намудани ҷои истиқомат бе розигии шаҳрванд вобаста бошад;

-он дар маҳале дода шавад, ки дар он ҷо шароити манзилӣ ва дигар шароити зист назар ба оне ки корманд то муроҷиат кардан ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дошт, номусоидтар бошад: (қҷт. 28.06.2011 №724)

-шароити меҳнат ба қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат мувофиқат накунад;

-рад кардани ин кор бо сабабҳои узрнок, вазъияти шахсӣ ё оилавӣ асоснок шуда бошад.

Бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дигар дараҷаҳои кори мувофиқ муқаррар шуданаш мумкин аст, ки ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро пурзўр менамояд.

 

Моддаи 6 Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Давлат сиёсати мусоидат намудан ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба шуғли пурра, самаранок ва интихоби озоди шуғл пеш мебарад.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:

-меҳнати ихтиёрӣ, ки мувофиқи он шуғл ба изҳори озодонаи иродаи шаҳрвандон асос меёбад;

-таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар интихоби озодонаи машғулият;

-фароҳам овардани шароите, ки ҳаёти сазовор ва инкишофи озодонаи инсонро таъмин менамояд;

-дастгирӣ намудани ташаббуси меҳнатӣ ва соҳибкории шаҳрвандон, мусоидат намудан ба инкишофи қобилияти онҳо нисбат ба меҳнати самаранок ва эҷодӣ, ки дар доираи қонуният амалӣ мегардад;

-тамоюли системаи маориф ба тайёр намудани кадрҳо мувофиқи талаботи бозори меҳнат;

-таъмини ҳифзи иҷтимоӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои ба машғулият фаро гирифтани гурўҳҳои алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан мўҳтоҷ ва дар ҷустуҷўи кор душворикашанда мусоидат менамоянд;

-ҳатмӣ будани пардохтҳои иҷтимоӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи ичтимоӣ ва нафақа бо мақсади амалӣ намудани суғуртаи иҷтимоии кормандони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ; (қҷт. 28.06.2011 №724)

-пешгирии бекории оммавӣ ва кам намудани бекории тўлонӣ;

-ба бекорон додани кафолатҳо ва ҷубронҳои иҷтимоӣ;

-ҳамбастагии мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо мувофиқати фаъолияти онҳо ҳангоми татбиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ; ҚҶТ 28.12.05, №137)

-муқаррар кардани имтиёзҳо ба корфармоёне, ки ҷойҳои кории амалкунандаро нигоҳ дошта, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, аз он ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷманданд ва дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд;

-ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи шуғли аҳолӣ бо дигар самтҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

-ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бо назардошти фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намудани меъёрҳои байналмилалии меҳнат;

-иштироки иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон, иттиҳодияҳои корфармоён, аз он ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи давлатӣ дар таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ дар соҳаи шуғл аз рўи зарурияти таъмини инкишофи устуворонаи иқтисодиёти худ, оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ амал мекунад.

 

Моддаи 7. Кафолатҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:

-мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ; (қҷт. 28.06.2011 №724)

-тамоюли ройгони касбӣ, тарбия ва бозомўзии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ; (қҷт. 28.06.2011 №724)

-таъмини дастгирии иҷтимоӣ;

-ҷуброни хароҷоти моддӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳали дигар бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (омўзиш) равон намудан; (қҷт 31.12.08 №472; қҷт. 28.06.2011 №724)

-имконияти бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, ки бо назардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл

Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда ҳуқуқ доранд:

— ба интихоби озодонаи намуди шуғл ва кор;

— ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо  пешниҳодшуда;

— ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимӣ дар доираи тайёрӣ  ва бозомўзии касбии аҳолии бешуғл;

— ба мустақилона таъмин шудан бо кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои ба онҳо додани кўмаки миёнаравӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда  мешавад.

Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳуқуқ доранд: (қҷт. 28.06.2011 №724)

— ба хизмати миёнаравии ройгон дар бозори меҳнат;

— ба гирифтани маслиҳати ройгон доир ба фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ.

Шаҳрвандони бекор ва шахсони корҷўяндаи дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бақайдгирифташуда, ҳуқуқ доранд: (қҷт. 28.06.2011 №724)

— ба омўзиш дар курсҳои тайёрии касбӣ  ва бозомўзии касбӣ ва гирифтани стипендия дар давраи омўзиш;

— ба гирифтани хизмати маслиҳатӣ ва дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурд;

— ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;

— ба дастгирии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд, аз сабаби бекорӣ ҳуқуқи гирифтани кўмакпулиро доранд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд нисбат ба амал ё беамалии кормандони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба мақомоти болоии он, инчунин ба суд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу шикоят намоянд. (қҷт 31.12.08 №472; қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 9. Кафолатҳои иловагии шуғл барои гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ

Давлат ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мўҳтоҷанд, дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва тараққӣ додани корхонаҳои махсусгардонидашуда (аз он ҷумла ташкилотҳо барои ҷалби меҳнати маъюбон), муқаррар намудани квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон, ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ расонидани хизмати самтгирии касбӣ, инчунин бо роҳи ташкил намудани омўзиш аз рўи барномаҳои махсус ва дигар чораҳо кафолатҳои иловагиро таъмин менамояд. (қҷт 31.12.08 №472)

Квота барои ба кор қабул намудани маъюбон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” муқаррар карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Тартиби ворид намудани квота барои ба кор қабул кардани гурўҳҳои алоҳидаи аҳолиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бинобар сабаби гузаронидани тадбирҳои беҳтар намудани вазъи экологии дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва муфлисшавӣ баамаломада бояд барҳам дода (ё аз нав ташкил карда) шаванд, машғули коранд, кафолатҳои иловагӣ муқаррар менамояд.

 

Боби II

Ҳамкории иҷтимоӣ дар соҳаи  мусоидат ба шуғли аҳолӣ

 

Моддаи 10. Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ муносибатҳои байни давлат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро, ки ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ тааллуқ дорад, танзим менамояд.

Бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқа кардашуда  ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд. Намояндагии мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён ба ҳайати кумитаҳо бо шумораҳои баробар муайян карда мешавад.

 

 

Моддаи 11. Вазифаҳои кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ:

-оид ба масъалаҳои рушди шуғли аҳолӣ ва сиёсат дар бозори меҳнат машварат доир менамояд;

-маълумотро доир ба вазъ ва тамоюлҳо дар бозори меҳнат таҳлил менамояд;

-амалиёти мувофиқашударо оид ба масъалаҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон таҳия менамояд;

-барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро ба мувофиқа мерасонад;

-доир ба лоиҳаҳои санадҳои  меъёрии ҳуқуқии ба шуғл дахлдошта ба мақомоти дахлдор бо тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо ирсол менамояд; (қҷт 28.12.05, №137)

-ташаббусҳоро дар омода намудани чорабиниҳои ба таъмини шуғли пурра, озодона интихобшуда ва самаранок равонагашта амалӣ менамояд;

-ташхиси лоиҳаҳои барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодиро мегузаронад.

-масъалаҳои марбут ба шуғли аҳолиро ҳар сол на камтар аз як маротиба ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд. (қҷт 31.12.08 №472)

Ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар маҳалҳо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва тарафҳои дар кумитаҳо пешниҳодшуда амалӣ менамояд.

Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Боби III

Танзими давлатӣ ва ташкили чораҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ

 

Моддаи 12. Танзими шуғл

Бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат тадбирҳои зайлро амалӣ менамояд:

-таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми ўҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории ҷойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд;

-танзими ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳдорӣ ва мусоидат кардан ба шуғли аҳолӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва кафолатҳои дахлдори давлатӣ, такмили қонунгузории шуғли аҳолӣ ва меҳнат нигаронида шудааст;

-таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии он бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

-рушд ва такмили фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳал масъул мебошанд. (қҷт 31.12.08 №472)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои гузаронидани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат намоянд, аз ҷумла ба:

а) пешгирии ҳолатҳои ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон;

б) таъсис додани ҷойҳои кории нав ва нигоҳ доштани ҷойҳои кори мавҷудбуда;

в) ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ;

г) квотакунии ҷойҳои корӣ барои бо ҷои кор таъмин намудани гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мўҳтоҷ буда, дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд. (қҷт 31.12.08 №472)

 

Моддаи 13. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Бо мақсади танзим ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба кор қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шаҳрвандон барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия мешаванд.

Самтҳои мушаххаси таҳияи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мўҳлати амали онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо назардошти зарурияти ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ муайян менамоянд.

Барномаҳои минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо қарори Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ тасдиқ карда мешаванд. (қҷт 31.12.08 №472)

Асос барои таҳияи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро нишондиҳандаҳои пешгўии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

 

Моддаи 14. Муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо бо ҷудо намудани воситаҳои дахлдори моддӣ, молиявӣ ва ташкили шароити зарурии иҷтимоию маишӣ ва коммуналӣ мусоидат карда мешавад.

Тартиби таҳия ва амалӣ гардонидани ин тадбирҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 15. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ

Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз ҷиҳати ташкилӣ мустақил мебошад, ки фаъолияти он ба самтҳои зерин равона карда шудааст:

-баҳодиҳии ҳолат ва пешгўии рушди шуғли аҳолӣ, маълумот додан дар бораи вазъи бозори меҳнат;

-тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз он ҷумла барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд;

-мусоидат ба шаҳрвандон дар ҷустуҷўи кори мувофиқ ва ба корфармоён дар интихоби кормандони лозимӣ;

-ҳангоми зарурат ташкил намудани самтгирии касбӣ, тарбия ва бозомўзии касбӣ ва такмили тахассуси шаҳрвандони бекор;

-дастгирии иҷтимоии бекорон дар шакли пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ, стипендия дар давраи омўзиш бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл. (қҷт 31.12.08 №472)

-хизматрасонии машваратӣ ва кўмаки молиявӣ ба бекорон барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ; (қҷт 31.12.08 №472)

Фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолиро мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардашуда роҳбарӣ ва ташкил менамояд, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои худ мақомоти минтақавиро таъсис медиҳад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ менамоянд.

Тартиби ташкили мақомоти давлатии шуғли аҳолиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 16. Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои бисёрсамтӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.

Маблағҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд: (қҷт. 28.06.2011 №724)

-маблағҳои аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои системаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ воридшаванда;

— маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби пардохтҳои иҷтимоии аз фонди музди меҳнат вориднамудаи корфармоён ташаккул меёбанд, ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд; (қҷт. 28.06.2011 №724)

-маблағҳое, ки ҳамчун қарзи бебозгашт (грант), инвеститсияҳо, кўмаки хайрия ва сарпарастиҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои мақсадҳои мусоидат ба шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ворид мешаванд;

— маблағҳои баргардонидашуда, қарзҳои бефоизе, ки аз ҳисоби маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шаҳрвандони бекор дода шудаанд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Маблағҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи ичтимоӣ ва нафақа ташкил меёбанд, хусусияти мақсаднок дошта, танҳо барои самтҳои зерин истифода бурда мешаванд: (қҷт. 28.06.2011 №724)

— пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ;

— маблағгузории хароҷот барои тамоюли касбӣ, тарбияи касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзонии шахсони бекор, аз он ҷумла пардохти стипендия барои онҳо; (қҷт 31.12.08 №472)

— додани кўмаки молиявии беподош барои хароҷоти корҳои ҷамъиятии музднок;

— таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекори ба ҳифзи иҷтимоӣ мўҳтоҷбуда;

— таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ;

— таъмини фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат;

— нигоҳдории хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, тараққиёти базаи моддию техникии он;

— маблағгузории чорабиниҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ.

Маблағҳои ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ воридшуда, ки дар соли ҳисоботӣ истифода нашудаанд, кашида гирифта намешаванд (ба истиснои маблағҳои буҷетӣ) ва ба соли ояндаи молиявӣ мегузаранд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Моддаи 17. Ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи шуғли аҳолӣ

Барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи бозори меҳнат ва вазъи кор дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.

Шахсони ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ки бо миёнаравии меҳнатӣ машғуланд, шахсони бекорро сабти ном карда ба қайд мегиранд, вазифадоранд мувофиқи тартиб ва мўҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод намоянд.

Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақомоти омори давлатӣ, мақомоти андоз, мақомоти хадамоти муҳоҷират ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва маълумотҳои барои иҷрои вазифаҳои тарафҳо заруриро ба таври ройгон мубодила менамоянд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ нашри маълумоти оморӣ ва маводи иттилоотиро дар бораи вазъи бозори меҳнат, талабот ва пешниҳодот ба қувваи корӣ, имкониятҳои бо кор таъминкунӣ, тамоюли касбӣ, тарбия ва бозомўзии касбӣ, такмили ихтисос, инчунин офиятбахшии иҷтимоию меҳнатиро таъмин менамояд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 18.  хориҷ шуд. (қҷт 30.07.07, №325)

 

Моддаи 19. Мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ

Корфармоёне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ба татбиқи сиёсати давлатии шуғл дар асосҳои зерин мусоидат мекунанд, аз ҷумла:

— риоя кардани шартномаҳое (қарордодҳое), ки муносибатҳои меҳнатиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;

— амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои ҳифзи меҳнаткашон дар мавриди боздоштани истеҳсолот ё аз кор хориҷ намудани кормандон пешбинӣ шудаанд;

— расонидани кўмак барои бо кор таъмин намудан, тарбияи касбӣ ва пешниҳод намудани кўмаки иловагии молиявӣ барои кормандони аз кор хориҷшаванда аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо;

— фароҳам овардани шароит барои тарбия ва бозомўзии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон;

—  таҳия ва амалӣ намудани барномаи иҷтимоии ташкилот, ки нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани иқтидори касбии кормандон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнатро пешбинӣ менамояд;

— риояи квотаҳои муайяншуда барои бо кор таъмин намудани маъюбон ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ; (қҷт 31.12.08 №472)

— бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ мўҳтоҷбуда ё захира намудани намудҳои алоҳидаи ҷойҳои корӣ барои бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ муайян карда мешаванд. (қҷт 31.12.08 №472)

Корфармоён вазифадоранд саривақт, на камтар аз ду моҳ пеш ва дар ҳаҷми пурра ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва мақомоти иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон дар бораи аз кор озодкунии оммавии меҳнаткашон, аз ҷумла бо сабаби барҳам додани ташкилот, ихтисор намудани шумора ё штат, шумора ва гурўҳҳои кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ ба онҳо дахл дорад, бо нишон додани касб, ихтисос, дараҷаи ихтисос ва андозаи музди меҳнати корманди аз кор хориҷшаванда, инчунин оид ба мўҳлате, ки аз кор озодкунии онҳо пешбинӣ шудааст, маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд. Барои пинҳон намудан ва пешниҳод накардани чунин маълумот тибқи тартиби муқарраргардида корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд(қҷт. 28.06.2011 №724)

Корфармоён бояд ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ маълумоти зеринро пешниҳод намоянд: (қҷт. 28.06.2011 №724)

— маълумот дар бораи нисбат ба ташкилоти мазкур истифода бурдани тартиби муфлисшавӣ, инчунин маълумоти барои иҷрои фаъолият оид ба офиятбахшии касбӣ ва мусоидат ба шуғли маъюбон зарурбуда;

— дар мўҳлати то даҳ рўз аз рўзи пайдо шудани маълумот дар бораи ҳамаи ҷойҳои кории холии (вакансияҳои) бавуҷудомада мувофиқи талаботи касбии дар ташкилотҳо муайянкардашуда, инчунин маълумот дар бораи вазъи кадрҳо ва шумораи воқеии кормандон. Тартиби аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (қҷт 31.12.08 №472)

Дар мавриди иҷро накардани квота барои ба кор қабул намудан корфармоён мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ равон шудааст, корфармо дар давоми панҷ рўз ба мақомоти давлатии шули аҳолӣ варақаи роҳхатро бо нишон додани рўзи ба кор қабул намудани шаҳрванд бозмегардонад. Дар сурати ба кор қабул накардани шаҳрванд корфармо дар варақаи роҳхат рўзи омадани шаҳрванд ва сабаби ба кор қабул накарданро қайд карда, роҳхатро ба шаҳрванд бармегардонад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Корфармо ҳуқуқ дорад:

— шаҳрвандони бевосита ба ў муроҷиатнамударо дар асосҳои баробар бо шаҳрвандони роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолидошта ба кор қабул намояд; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— аз мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар бораи бозори меҳнат маълумоти ройгон гирад; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— оид ба амали мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба мақомоти болоии он ва инчунин ба суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Ҷойҳои корӣ барои маъюбон танҳо бо мувофиқаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барҳам дода мешаванд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 20. Иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ҳуқуқ доранд дар таҳияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ иштирок намоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои шуғл мунтазам машваратҳои муштарак мегузаронанд. Аз рўи натиҷаи онҳо метавонанд созишномаҳои (шартномаҳои) коллективӣ банданд, ки онҳо тадбирҳои нигоҳдорӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳимояи кормандони аз кор озодгардида, инчунин меҳнаткашоне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманданд, ўҳдадориҳои дигар мақомоти идораи давлатиро оид ба пешниҳод намудани иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ ва молиявии гузаронидани сиёсати шуғли аҳолӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба манфиатҳои меҳнаткашонро дар соҳаи шуғл дарбар мегиранд.

 

Моддаи 21. Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзонии шаҳрвандони бекор

Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзонии шаҳрвандони бекор бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар мавридҳое сурат мегиранд, ки агар: (қҷт. 28.06.2011 №724)

— онҳо барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мусоидат намоянд;

— аз сабаби надоштани ихтисоси зарурии касбӣ ба шаҳрванд интихоб намудани кори мувофиқ имконнопазир бошад;

— бо сабаби набудани коре, ки ба талаботи малакаи касбии шаҳрванд ҷавобгў бошад, тағйир додани касб (ихтисос, намуди машғулият) зарур аст;

— аз рўи ихтисоси пешина қобилияти иҷрои корро гум карда бошад.

Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзонии чунин шаҳрвандон дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва иловагӣ, марказҳои таълимии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва ё дар дигар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи шартномаҳои аз тарафи макомоти давлатии шуғли аҳолӣ басташуда ба роҳ монда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Ҳуқуқи бо тартиби афзалиятнок аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ гузаштанро маъюбони бекор, шаҳрвандони бекор баъди гузаштани зиёда аз шаш моҳи бекорӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, хатмкунандагони муассисаҳои таълими умумӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷўянд (пештар кор накардаанд) ва ихтисос надоранд, доро мебошанд.

Мақомоти соҳаи маориф дар асоси дархости мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба онҳо дар бораи сохтори касбию тахассусӣ ва шумораи хатмкунандагоне, ки барои бо кор таъмин кардан эҳтиёҷ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд.

Тартиби ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзонии шаҳрвандони бекорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 22. Ташкили корҳои ҷамъиятӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият бо иштироки мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар асоси шартнома гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил менамоянд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Бо шахсоне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок кардан мехоҳанд, ба мўҳлати то як моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то се моҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатии мўҳлатнок баста мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки барои бекорӣ кўмакпулӣ намегиранд, бекорони зиёда аз шаш моҳ дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда ҳуқуқи афзалиятноки иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднокро доранд. Шаҳрвандони барои ҷустуҷўи кор дар қайди макомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда низ ҳуқуқи иштирокро дар корҳои ҷамъиятии музднок доранд. (қҷт 31.12.08 №472; қҷт. 28.06.2011 №724)

Иштироки шаҳрвандон дар корҳои ҷамъиятии музднок танҳо бо розигии онҳо мумкин аст. Ҳангоми ба корҳои ҷамъиятии музднок равон намудан вазъи саломатӣ, синну сол, касб ва дигар хусусиятҳои инфиродӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии мўҳлатнок дар бораи иштироки шаҳрванд дар корҳои ҷамъиятӣ метавонад аз тарафи шаҳрванд дар мавриди соҳиби кори доимӣ ё муваққатӣ шуданаш пеш аз мўҳлат қатъ карда шавад.

Музди меҳнати шаҳрвандони дар корҳои ҷамъиятӣ машғулбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Ба шаҳрвандони машғули корҳои ҷамъиятии музднок қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ татбиқ мегардад.

Маблағгузории корҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он ҷо ташкил карда мешаванд ва ҳангоми зарурат бо ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кўмаки молиявии беподоши мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ амалӣ мегардад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Тартиби ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгўи корҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд

 

Моддаи 23. Тартиби расонидани хизматҳои машваратӣ ва кўмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд

Ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои машваратӣ ва кўмаки молиявӣ мерасонанд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

БОБИ IV

КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ ҲАНГОМИ БЕКОР МОНДАН

 

Моддаи 24. Кафолатҳои дастгирии иҷтимоии шахсони бекор

Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад:

— додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;

— пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомўзӣ дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ; (қҷт 31.12.08 №472; қҷт. 28.06.2011 №724)

— пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ;

— имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.

Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхўрӣ, ихтисор намудани шумора ё штат аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат дода мешавад.

Даврае, ки дар давоми он шаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бекорӣ кўмакпулӣ, стипендия мегирад, дар корҳои муздноки ҷамъиятӣ иштирок мекунад, собиқаи меҳнатии ў қатъ намегардад ва ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил мешавад.

 

Моддаи 25. Шартҳо ва мўҳлати пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ

Кўмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне пардохта мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд.

Қарор дар бораи таъини кўмакпулӣ барои бекорӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ на дертар аз ёздаҳ рўз аз лаҳзаи бекор дониста шудани шаҳрванд қабул карда мешавад.

Кўмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне, ки бо сабаби барҳамхўрии ташкилотҳо ё қатъ шудани фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандони ташкилотҳо, қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳо аз кор озод шудаанд ва дар ин давра музди миёнаи меҳнаташон дар ҷои кори охирин нигоҳ дошта шудааст, аз рўзи якуми баъди гузаштани давраи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

Кўмакпулӣ барои бекорӣ дар давоми сол ба мўҳлати на бештар аз се моҳи тақвимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, пардохта мешавад.

Кўмакпулӣ барои бекорӣ моҳе як маротиба пардохта мешавад, ба шарте, ки шаҳрвандони бекор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав аз қайд гузаранд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 26. Тартиби тамдиди мўҳлати пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандони дорои собиқаи меҳнатие, ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ доранд

Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан ба нафақаро медиҳад, лекин синнашон аз синни муқарраркардаи қонунгузорӣ барои таъини нафақа аз рўи синну сол (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок) як сол камтар аст, давомнокии давраи додани кўмакпулӣ барои бекорӣ то дувоздаҳ моҳи тақвимӣ тамдид карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 27. Тартиби муайян намудани андозаи кўмакпулӣ барои бекорӣ

Барои гирифтани кўмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд. (қҷт 31.12.08 №472; қҷт. 28.06.2011 №724)

Кўмакпулӣ барои бекорӣ дар моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар шаш моҳи охири корӣ ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида таъин  карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроҷиат намудан ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ кўмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (қҷт 31.12.08 №472; қҷт. 28.06.2011 №724)

Дар сурати хўрандаи корношоями то синни 15-сола доштани шаҳрвандони бекор, дар ҳолати барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷет ва вуҷуд надоштани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарои худ метавонанд ба кўмакпулӣ барои бекорӣ ба ҳар як хўранда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоизи кўмакпулии барои бекорӣ муқарраргардида таъин намоянд.

Шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷўянд, муддати тўлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзиро дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба итмом расонида, дар корҳои ҷамъиятии музднок иштирок кардаанд, ба гирифтани кўмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ надоранд. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қўшуну сохторҳои ҳарбӣ ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, кўмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (қҷт 31.12.08 №472)

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар кор кардаанд, кўмакпулӣ барои бекорӣ мувофиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур ба шарте таъин карда мешавад, ки масъалаҳои ба ҳисоб гирифтани пардохтҳо ба фондҳои суғуртавии иҷтимоии давлатӣ бо кор таъминкарда, бо шартномаҳои дахлдори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда бошанд.

Нигоҳдории маблағ аз кўмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ҳаҷми умумии нигоҳдории маблағ аз 50 фоизи кўмакпулии  барои бекорӣ гирифташаванда зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 28. Боздоштан ва қатъ намудани пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ

Пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.

Пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

— дар асоси талаботи пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд;

— ҳангоми бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо пардохти стипендия гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— муддати тўлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— ҳангоми кўчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;

— ба охир расидани мўҳлати таъиншудаи пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ;

— бо роҳи фиреб гирифтани кўмакпулӣ барои бекорӣ;

— ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре, ки кўмакпулӣ мегирад;

— мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рўи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат;

ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ; (қҷт 31.12.08 №472)

— дар давраи бекорӣ аз ду пешниҳоди ҷойи кори ба ихтисос мувофиқ даст кашидан. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мўҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:

— ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ба вуҷуд омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст; (қҷт 31.12.08 №472)

— ба кори муваққатӣ ё ба кори рўзи ҳафтаи (кориаш) кўтоҳ бе огоҳкунии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ машғул шудани шахси бекор; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор. Боздоштани пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ аз рўзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.

Давраи боздошта шудани пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кўмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.

Кўмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:

— дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррарнамудаи пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;

— аз ҷои истиқомати доимӣ баромада рафтани шахси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рўзона;

— даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда.

Давраҳои дар қисми 5 ҳамин модда зикршуда ба давраи умумии пардохти кўмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешавад ва онро дароз менамоянд.

Дар мавридҳои зерин андозаи кўмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба мўҳлати то як моҳ кам карда шавад:

— бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар мўҳлати 2 ҳафта аз рўзи бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ фиристода (даъват) шудан; (қҷт. 28.06.2011 №724)

— бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳозир нашудан. (қҷт. 28.06.2011 №724)

 

Моддаи 29. Андозаи стипендияе, ки ба шаҳрвандони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисос дода мешавад

Дар давраи тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар давоми шаш моҳ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ стипендия пардохт карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)        

 

Моддаи 30. Суғурта ҳангоми бекор мондан

Шаҳрвандон дар ҳолати бекор мондан метавонанд бо ташкилотҳои суғуртавӣ шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ банданд. Тартиб, марҳила ва шартҳои суғуртаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ V

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 31. Мақомоте, ки назорати давлатиро ба амал мебароранд

Назорати давлатии риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи шуғли аҳолиро маҷлисҳои вакилони халқ, мақомоти дахлдори давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва мақоми ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

 

Моддаи 32. Ҳалли баҳсҳо ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Баҳси корхона, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл, аз ҷумла баҳсҳо бо мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №724)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 33. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шуғли аҳолӣ

Бо сабаби қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар бораи шуғли аҳолӣ” (Ведомостҳои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, моддаи 268; соли 1994, №2, моддаи 40; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1998, №10, моддаи 119) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 1 августи соли 2003 № 44    

ШАРИКОН: