ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)

(АМОҶТ с.2003, №4, мод.139; с.2016,№3, мод.153; с.2016,№11, мод.890)  

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро  (минбаъд — лизинг) муайян намуда, муносибатҳое, ки дар раванди фаъолияти лизингӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур

Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур  лизинги молу мулке  мебошад, ки ба ашёҳои ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1300), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— лизинг – маҷмўи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;

 — лизинги молиявӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мўҳлати он ҳуқуқи моликият ба предмети лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад;

— лизинги амалиётӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он предмети лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад;

— лизинги баргардонидашаванда – намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;

фаъолияти лизингӣ – намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;

— хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ – хизматрасониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурўшанда то оғози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи предмети лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;

— шартномаи лизинг – аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ ўҳдадор мешавад  молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурўшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 4. Предмети  лизинг

Предмети лизинг метавонад ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмолӣ, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи молумулкӣ, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар молу мулки  манқул ва ғайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд.

Предмети лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ ва инчунин молу мулке бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд ё манъ карда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла,  тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 5. Субъектҳои лизинг

Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд:

— лизингдеҳ —  шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худӣ дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкро ба моликият мехарад ва онро ба сифати предмети лизинг ба лизинггир ба ивази маблағи муайян ба мўҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба предмети лизинг ба лизинггир медиҳад. Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

лизинггиршахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартномаи лизинг вазифадор аст, предмети лизингро ба ивази маблағи муайян ба мўҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд;

— фурўшанда – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома  молу мулкеро, ки предмети лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар мўҳлати шартгардида мефурўшад. Фурўшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии лизинг ба сифати лизинггир баромад намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Субъекти лизинг метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 51 . Намудҳои лизинг

Намудҳои лизинг инҳоянд

— лизинги молиявӣ;

— лизинги амалиётӣ;

— лизинги баргардонидашаванда.

Дар шартномаи лизинг  бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда, пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурўшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд.

Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 6. Сублизинг

Сублизинг – намуди зеркирояи предмети лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рўи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он предмети лизинг мебошад, бо пардохт ва ба мўҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад.

Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.

Додани предмети лизинг ба сублизинг бо розигии хаттии лизингдеҳ анҷом дода мешавад.                                  

Мӯҳлати сублизинг набояд аз мӯҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар  намудааст, зиёд бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

БОБИ II. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ЛИЗИНГ

 

Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг

Шартномаи лизинг сарфи назар аз мўҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад.

Барои иҷрои ўҳдадориҳои худ аз рўи шартномаи лизинг субъектҳои лизинг шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд.

Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он молу мулк аз фурўшанда ба лизингдеҳ дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шартномаи ҷалб намудани маблағҳои пулӣ, шартномаи  гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайраҳо мансуб мебошанд.

Шартномаи  лизинг бояд:

— предмети шартнома;

— тартиби таҳвил ва қабули молу мулк;

— ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафҳо;

— истифодаи молу мулк, нигоҳубину таъмир ва таҷдиди он;

— мўҳлати лизинг;

— пардохтҳои лизинг ва муҷозотҳои ҷаримавӣ;

— масъулияти тарафҳо;

— тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;

— шартҳои пеш аз мўҳлат бекор кардани шартнома;

— амали тарафҳо оид ба анҷомрасонии аҳдҳо;

— форс – мажор;

— суроғаҳои ҳуқуқӣ ва реквизитҳои бонкӣ;

— ва шартҳои дигарро муайян намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Шартномаи лизинг шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад.

Номгўй, ҳаҷм ва арзиши хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартҳои дигари лизинг муайян карда шаванд.

Шартномаи лизинг метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурўшанда ва молу мулки  харидоришаванда аз ҷониби лизингдеҳ анҷом дода  шавад. Дар ин ҳолат лизингдеҳ барои интихоби фурўшанда ва предмети лизинг масъулиятро ба зимма мегирад.

Шартномаи лизинг метавонад ҳуқуқи лизинггирон барои дароз намудани мўҳлати лизинг бо нигоҳ доштан ё тағйир додани шартҳои шартномаи лизинг пешбинӣ намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои лизингдеҳ

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад:

а) пардохтҳои  лизинги мўҳлаташон гузаштаро, ки бояд ба ў пардохт карда шаванд ва инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он қисмате, ки ба предмети лизинг ва иҷрои ўҳдадориҳои лизинггир мутобиқи шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад;

в) дар ҳолати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани ўҳдадориҳо оиди баргардонидани предмети лизинг, ворид намудани пардохтҳоро барои мўҳлати вайронкардашуда ва ҷуброни зарар талаб намояд;

г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анҷом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд;

д) ба предмети лизинг тамғае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи лизинг дар соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир қарор доштан гувоҳӣ диҳад;

е) предмети лизингро аз лизинггир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд;

Лизингдеҳ ўҳдадор аст:

а) предмети лизингро, ки бо лизинггир мувофиқа шудааст, аз фурўшанда барои моликияти худ харидорӣ намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи лизинг муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабарӣ ба лизинггир диҳад;

б) баъди харидорӣ намудани предмети лизинг фурўшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огоҳ намояд.

Лизингдеҳ метавонад ҳуқуқу ўҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи лизинг муқаррар намудааст. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои лизинггир

Лизинггир ҳуқуқ дорад:

а) предмети лизингро мутобиқи шартҳои шартномаи лизинг соҳибӣ кунад ва истифода барад;

б) бевосита ба фурўшандаи (таҳвилгари) предмети лизинг талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, мўҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурўши байни фурўшанда (таҳвилгар) ва лизингдеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд;

в) аз гирифтани предмети лизинг даст кашад ё ивази предмети лизингро о талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар предмети лизингро таҳвил нашуда бошад, аз мўҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳнашавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии предмети лизинг мутобиқи таъиноти дар шартномаи лизинг пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз ҷониби лизинггир анҷом дода шуда бошад; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

г) баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ҷуброни арзиши беҳгардонидашудаи предмети лизингро, ки барои предмети лизинг бидуни зарар ҷудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдеҳ, аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

д) камкунии маблағи пардохтҳои лизингро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳое, ки ў барои онҳо ҷавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи лизинг пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд;

е) предмети лизингро, ки тибқи шартномаи лизинг гирифтааст, бо ризоияти хаттии лизингдеҳ барои сублизинг ба шахси сеюм диҳад ва дар назди ў мутобиқи шартномаи лизинг масъул боқӣ монад.

Лизинггир ўҳдадор аст:

а) дар сурати ба шартҳои шартномаи лизинг ҷавобгўй будани предмети лизинг онро қабул намояд ва предмети лизингро аз руи таъиноташ тибқи шартномаи лизинг истифода барад;

б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва ҷории предмети лизингро (аз ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба предмети лизинг) анҷом диҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

в) ба лизингдеҳ иттилооти барои анҷом додани назорати вазъи молиявии ў зарурбударо пешниҳод намояд;

г) барои лизингдеҳ бемонеа дастрас буданро ба предмети лизинг таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии лизингдеҳ иттилоотро оид ба ҳолати техникии предмети лизинг ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд;

д) баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ба лизингдеҳ предмети лизингро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кўҳнашавии мўътадил ё дар ҳолате, ки дар шартномаи лизинг муқаррар гардидааст, баргардонад.

Лизинггир метавонад ҳуқуқу  ўҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои  фурўшанда

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои фурўшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурўш ё таҳвил муайян карда мешаванд.

Лизинггир ҳуқуқ дорад талабҳоеро, ки аз шартномаи хариду фурўши байни фурўшанда ва лизингдеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, мўҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурўшандаи предмети шартномаи лизинг пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат лизинггир ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдеҳ, ба ғайр аз ўҳдадориҳои пардохти молу мулки  харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурўшро бо фурўшанда, дорад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Фурўшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди лизингдеҳ ва ҳам дар назди лизинггир масъулият дошта бошад.

Дар ҳолате, ки шартномаи лизинг бо иштироки лизингдеҳ, лизинггир ва фурўшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурўшанда мутобиқи шартномаи лизинг муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Моддаи 11. Тағйирдиҳӣ ва бекор кардани шартномаи лизинг

Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи лизинг дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст тағйир дода шавад ё бо тартиби судӣ пеш аз мўҳлат бекор карда шавад.

Дар ҳолатҳои зерин аз рўи талаби лизингдеҳ шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо розигии тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мўҳлат бекор карда шавад, предмети иҷораи молиявӣ бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби лизинггир баргардонида шавад:

а) агар лизинггир ҳолати предмети лизингро ба таври назаррас бад гардонад;

б) агар лизинггир предмети лизингро бо вайрон кардани шартҳои шартномаи лизинг ё шартҳои таъинотии предмети лизинг, сарфи назар аз огоҳии хаттии лизингдеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад;

в) агар лизинггир баъди ба охир расидани мўҳлати пардохте, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси ҳам пардохти номбурдаро ворид накунад;

г) агар лизингир таъмири асосии предмети лизингро дар мўҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар мўҳлати муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг ўҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад.

Дар ҳолатҳои зерин бо талаби иҷорагир шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мўҳлат бекор карда шавад, предмети иҷораи молиявӣ бошад, ба иҷорадеҳ аз ҳисоби ў баргардонида шавад:

а) агар лизингдеҳ предмети лизингро надиҳад ё барои истифодаи предмети лизинг мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуҷуд орад;

б) агар предмети  лизингии додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

в) агар лизингдеҳ мўҳлати таҳвили предмети лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад;

г) агар лизингдеҳ таъмири асосии предмети лизингро дар мўҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад – дар мўҳлатҳои муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг ўҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизингдеҳ гузошта шуда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 12. Ҷавобгарии субъектҳои лизинг

Ҷавобгарии лизингдеҳ, лизинггир ва фурўшанда мутобиқи шартномаи лизинг, шартномаи хариду фурўш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Соҳиби номии (титулии)  предмети лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки предмети лизинг ба онҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Лизинггир ва лизингдеҳ дар муносибат бо фурўшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.

 

Моддаи 13. Ба соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ додани предмети шартномаи лизинг, хизматрасонӣ ва баргардонидани он

Лизингдеҳ вазифадор аст молу мулкеро, ки предмети лизинг мебошад, дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи лизинг ва таъинотии ҳамин молу мулк  ба лизинггир пешниҳод намояд.

Предмети лизинг дар якҷоягӣ бо ҳамаи асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳо (шиносномаи техникӣ ва ғайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Лизинггир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии предмети лизингро ба ҷо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва ҷории предмети лизингро анҷом медиҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Хизматрасонии кафолатноки предмети лизинг мумкин аст аз ҷониби фурўшанда анҷом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурўш байни лизингдеҳ ва фурўшандаи предмети лизинг пешбинӣ гардида бошад.

Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи лизинг лизинггир вазифадор аст предмети лизингро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг муқарраргардида, ба лизингдеҳ баргардонад.

Агар лизинггир предмети лизингро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, лизингдеҳ ҳуқуқ дорад барои мўҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдеҳ расонидашударо напўшонад, ў метавонад пўшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд.

Дар ҳолате, ки агар лизингдеҳ барои сари вақт барнагардонидани предмети лизинг ноустуворона пешбинӣ намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар ҳаҷми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба предмети лизинг

Предмети лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдеҳ мебошад.

Дар шартномаи лизинг мумкин аст пешбинӣ гардад, ки предмети лизинг баъди ба охир расидани мўҳлати шартномаи лизинг ё то анҷом ёфтани он ба моликияти лизинггир гузарад, ба шарте, ки аз ҷониби лизинггир арзиши пурраи  харидории дар шартномаи муқарраргардида ворид карда шавад.

Агар шарти харид намудани предмети лизинг дар шартномаи лизинг пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблағҳои истифодабарии предмети лизинг ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо Қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории предмети лизинг пешбинӣ карда шаванд.

Ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии предмети лизинг дар ҳаҷми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ҳуқуқи ихтиёрдории лизингдеҳ ба предмети лизинг аз ҳуқуқи гирифтани предмети лизинг аз соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад.

Ҳангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рўёнидани зарар ба молу мулки  ў, предмети лизинг аз молу мулки  лизинггир ҷудо карда мешавад ва бояд ба лизингдеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд, баргардонида шавад.

Беҳсозиҳои ҷудошавандае, ки лизинггир дар предмети лизинг анҷом додааст, моликияти ў мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Дар ҳолате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдеҳ аз ҳисоби маблағҳои худ беҳсозиҳои аз предмети лизинг ҷудонашавандаро бидуни зарар ба предмети лизинг анҷом дода бошад, лизинггир баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсозиҳо  ҳуқуқ надорад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 15. Гузашт намудани ҳуқуқ  тибқи шартномаи лизинг ба шахси сеюм ва гаравмонии предмети лизинг

Лизингдеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди предмети лизинг ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад.

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои пулӣ предмети лизингро ба сифати гарав истифода барад. Лизингдеҳ ҳуқуқ надорад предмети лизингро ба сифати гарав бе розигии лизинггир истифода намояд.

Лизингдеҳ вазифадор аст лизинггирон дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба предмети лизинг огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии молу мулк (предмети шартномаи лизинг) ва ҳуқуқ ба он

Бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулк (предмети шартномаи лизинг) аз рўи шартномаи лизинг дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад.

Предмети шартномаи лизинг аз рўи созиши тарафҳо ба номи лизингдеҳ ё лизинггир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) молу мулк  ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдеҳ баргардонида гирифтани предмети лизинг, бо аризаи ў мақомоти давлатие, ки барои бақайдгирӣ ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) молу мулкро беэътибор гардонад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 17. Суғуртаи предмети лизинг ва таваккалҳо

Предмети лизинг аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили молу мулк  ба фурўшанда то лаҳзаи анҷом ёфтани мўҳлати амали шартномаи лизинг мумкин аст суғурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Суғурта намудани таваккалҳои соҳибкорӣ (молиявӣ) бо розигии тарафҳои шартномаи лизинг анҷом дода мешавад.

Лизинггир дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавобгарии худро иҷрои ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки   шахсони дигар дар ҷараёни истифодабарии молу мулки  лизинг ба вуҷуд меоянд, суғурта намояд.

Лизинггир ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии худро барои вайрон кардани шартномаи лизинг ба фоидаи лизингдеҳ суғурта намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи лизинг   Ҷавобгарӣ барои ҳифзи предмети лизинг аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш аз мўҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои молумулкӣ  аз лаҳзаи қабули аслии предмети лизинг ба дўши лизинггир мебошад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Таваккали аз ҷониби фурўшанда иҷро нагардидани ўҳдадориҳои шартномаи хариду фурўши предмети лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дўши ҳамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурўшандаро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Таваккали мутобиқат накардани предмети лизинг ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин предмет тибқи шартномаи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дўши тарафе мебошад, ки предмети лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 19. Ба кор бурдани рўёнидани зарар ба фоидаи шахсони сеюм  ба предмети лизинг

Ба предмети лизинг ба фоидаи шахси сеюм аз рўи ўҳдадориҳои лизинггир рўёнидани зарар ба кор бурда намешавад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки агар предмети лизинг ба номи лизинггир ба қайд гирифта шуда бошад.

Рўёниши шахсони сеюм, ки ба молу мулки лизингдеҳ нигаронида шудааст, мумкин аст танҳо ба ҳамин объекти ҳуқуқи моликияти лизингдеҳ нисбати предмети лизинг ба кор бурда шавад. Дар натиҷаи қонеъ гардонидани рўёниш ба бадастоварандаи ҳуқуқҳои лизингдеҳ доир ба предмети лизинг ба таври ҳатмӣ на танҳо ҳуқуқ, балки ўҳдадориҳои лизингдеҳ, ки дар шартномаи лизинг муайян шудаанд, мегузаранд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 20. Баҳисобгирии предмети лизинг ва татбиқи механизми  истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати предмети  лизинг

Предмети лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, босозишномаи  тарафҳо дар баланси лизингдеҳ ё лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад.

Тарафҳои шартномаи лизинг ҳуқуқ доранд аз рўи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати предмети лизингро истифода намоянд.

Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро (амортизатсияро) ҳамон тарафи шартномаи лизинг анҷом медиҳад, ки предмети лизинг дар балансаш мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани предмети лизинг аз лизинггир

Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани предмети лизинг аз ҷониби лизингдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

Моддаи 22. Пардохтҳои лизинг

Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии молу мулке, ки мутобиқи шартномаи лизинг дода шудааст, аз ҷониби лизинггир дар шакли пардохтҳои лизинг ба лизингдеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ анҷом дода шаванд.

Таҳти пардохтҳои лизинг маблағи умумии пардохтҳои шартномаи лизинг дар тамоми мўҳлати амал намудани шартномаи лизинг фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароҷотҳои лизингдеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили предмети лизинг ба лизинггир, ҷуброни хароҷоти вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи лизинг пешбинигардида, инчунин даромади лизингдеҳ дохил мешаванд.

Ба маблағи умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди предмети лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг ба лизинггир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба предмети лизинг пешбинӣ карда бошад.

Ҳаҷм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқаррар карда мешаванд.

Агар лизинггир ва лизингдеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингро бо маҳсулоте (дар шакли  аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки бо воситаи предмети лизинг истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи лизинг муайян карда мешавад.

Агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои лизинг метавонад бо созишномаи тарафҳо ба мўҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, тағйир дода шавад.

Ўҳдадориҳои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтҳои лизинг аз лаҳзаи аз ҷониби лизинггир истифода гардидани предмети лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

 

 

Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рўи аҳдҳои лизинг

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани ўҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи лизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад.

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад ба лизинггир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анҷом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад.

 

Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои лизинг анҷом медиҳанд

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бе  иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анҷом диҳад, воситаҳои пулиро аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани предмети лизинг ба мўҳлати бештар аз шаш моҳ (180 рўз), вале на бештар аз мўҳлати амали шартномаи лизинг ҷалб намояд.

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблағҳои пардохташон гузаштаро, ки фурўшандаи предмети лизинг пешниҳод намудааст, сарфи назар аз мўҳлати ҳақиқии гирифтани предмети лизинг (амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Барои анҷом додани  лизинги байналмилалӣ:

-ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) предмети лизинг бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи лизинг ба мўҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблағи пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя ҳисобида намешаванд;

-ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) предмети лизинг ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии молу мулк  ҳисоб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1375)

Пардохтҳои гумрукӣ ба тариқи зайл ворид карда мешаванд:

-дар лаҳзаи ворид (содир) намудани предмети лизинг ба маблағи ҳамон қисми арзиши гумрукии молу мулк, ки пардохт карда шудааст ва бо ҳуҷҷатҳои бонкӣ тасдиқ карда шудааст;

-минбаъд пардохтҳои гумрукӣ баробари пардохтҳои лизинг ё дар давоми 20 рўз аз лаҳзаи анҷом ёфтани пардохтҳои лизинг ворид карда мешаванд.

Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, батаъхирандозии мўҳлати пардохтҳои гумрукӣ ё кредити инвеститсионии андозӣ ҳисобида намешавад.

БОБИ III. МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни  мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 22 апрели соли 2003

№ 9

ШАРИКОН: