ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ёрии наркологӣ

(АМОҶТ с.2003, №12, мод.695)

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии наркологӣ ҷиҳати таъмини шаҳрвандони гирифтори бемориҳои наркологӣ бо кўмаки тиббию иҷтимоӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои наркологӣ равона гардидааст.

БОБИ I

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони гирифтори бемориҳои наркологӣ, муқаррар намудани асос ва тартиби ёрии наркологӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи кормандони тиббӣ ва дигар кормандоне, ки ёрии наркологӣ мерасонанд, иборат мебошанд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии  зерин истифода бурда мешаванд:

— наркология — соҳаи илми тиббе, ки шароити пайдошавӣ, тарзи ташаккул ёфтани вобастагӣ аз моддаҳои фаъолкунандаи рўҳӣ ва таъсири заҳролудиро бо мақсади таҳия кардани усулҳои муфиди ташхис, табобат ва пешгирии ин бемориҳо меомўзад;

— хадамоти наркологӣ – сохторҳои махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ дар доираи системаи хизматрасонии тиббии аҳолӣ буда, ёрии табобатию пешгирӣ, тиббию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии беморони гирифтори нашъамандӣ, заҳролудӣ ва майзадагиро анҷом медиҳанд;

— ёрии наркологӣмаҷмўи тадбирҳо иборат аз пешгирӣ, назорати диспансерӣ, ташхис, табобат, нигоҳубин ва офияти тиббию иҷтимоии бемориҳои наркологӣ мебошад;

— муассисаҳои наркологӣбеморхонаҳои наркологӣ ё    марказҳо, диспансерҳои наркологӣ, шўъбаҳои офиятӣ ё марказҳо барои  расонидани офияти тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ, утоқҳои наркологӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки дар ҳамкории зич  бо хадамоти ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ёрии тиббии махсусгардонидашударо ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ мерасонанд;

— бемориҳои наркологӣвайроншавии солимии рўҳӣ ва соматикӣ, ки ба истеъмоли ғайритиббии маводҳои фаъолкунандаи рўҳӣ (маводҳои нашъадор, заҳрнок ва шаробӣ) вобаста буда, оқибати он ташаккул ёфтани вобастагии рўҳӣ аз моддаҳои фаъолкунандаи рўҳӣ ва таназзули иҷтимоӣ мебошад;

— майзадагӣбемории наркологӣ, ки тавсиф аз истеъмоли давомдори шароб буда, бо зуҳуроти вобастагии рўҳӣ ва биологӣ аз  шароб, тағйирёбии таъсири он, пайдоиш ва инкишофи таназзули  рўҳӣ ва соматикии шаробӣ сурат мегирад;

— маводҳои нашъадор — воситаҳои синтетикӣ ё табиӣ буда, дорувориҳои онҳо, ҳамчунин растаниҳое, ки ба сифати чунин маводҳо дар Конвенсияҳои байналмилалӣ ва Рўйхати миллии дахлдор номгўй шудаанд;

— нашъамандӣбеморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм  дар натиҷаи суиистеъмоли маводҳои нашъадор, ки дар Конвенсияҳои байналмилалӣ ва Рўйхати миллии дахлдор айнан гурўҳбанд шудаанд, ба вуҷуд омада, ба тавсифи вобастагии рўҳӣ ва ҷисмонӣ мерасонад;

— заҳрмандӣ беморие, ки аз заҳролудшавии  паиҳами организм дар натиҷаи суиистеъмоли маводи доруворӣ ва дигар моддаҳои  ба маводҳои нашъадор мансуб набуда ба вуҷуд омада,  ба тавсифи вобастагии рўҳӣ ва ҷисмонӣ мерасонад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи ёрии наркологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии наркологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми расонидани ёрии наркологӣ татбиқ гардида, нисбат ба ҳамаи муассисаҳо ва шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии наркологӣ мерасонанд,  истифода бурда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ҳангоми ба онҳо расонидани ёрии наркологӣ аз тамоми  ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 5. Принсипҳои расонидани ёрии наркологӣ

Расонидани ёрии наркологӣ дар асоси принсипҳои шафқат ва башардўстона анҷом дода шуда, аз ҳуқуқи ҳар як инсон ба ихтиёрдории саломатии худ, инчунин вазифаҳои асосии табиб ҷиҳати расонидани ёрӣ ба бемор, ки дар фаъолияти худ ба қарзи табибӣ ва одоби касбӣ пайравӣ менамояд, ибтидо мегирад.

Ёрии наркологӣ ба беморон бо хоҳиш ё розигии онҳо ва ба шахсони ноболиғ бошад бо хоҳиш ё розигии волидайн ё намояндагони қонунии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои  пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.

 

Моддаи 6. Навъҳои ёрии наркологӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад

Навъҳои ёрии наркологӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад, инҳоянд:

— ёрии таъҷилии наркологӣ;

-ёрии ғайриошкорои наркологӣ дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи наркологӣ;

— ёрии машваратию ташхисӣ, табобатию пешгирикунанда ва офияти тиббӣ дар шароити берун аз беморхона ва беморхона;

— тамоми навъи ташхисҳои наркологӣ, муайян кардани корношоямии муваққатӣ;

— машварат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар навъҳои ёрии ҳуқуқӣ;

— фарогирии иҷтимоию маишии маъюбон ва кўҳансолони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ

Шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ дорои тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз ҷумла:

— муносибати эҳтиромона ва башардўстона, ки таҳқири эътибори инсониятро истисно менамояд;

— махфияти маълумот доир ба хусусияти бемориҳои мавҷудаи наркологии онҳо ва усулҳои муолиҷаи истифодашаванда, агар он ба саломатиашон зарар наоварад;

— истифодаи воситаю усулҳои табобатӣ, ба истиснои ҳолатҳои манъкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ гузаронидани табобат;

— нигоҳдорӣ дар муассисаи муолиҷавии беморхонавӣ дар тўли мўҳлате, ки барои муоина ва табобат зарур аст;

— расонидани ёрии муолиҷавӣ дар шароите, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгў мебошад;

— бо талаби беморон даъват намудани ҳама гуна  мутахассиси нарколог, табиби бемориҳои рўҳӣ барои кор дар комиссияи тиббӣ оид ба масъалаҳои танзимкунандаи ҳамин Қонун;

— гирифтани ёрии иҷтимоӣ аз давлат;

— пешниҳоди арзу шикоят ба мақомоти давлатӣ, суд, муассисаю ташкилотҳо;

-ёрии адвокат, намояндаи қонунӣ, инчунин шахси дигар мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— гирифтани иттилоот оид ба хусусияти бемориашон, мақсад ва давомнокии ёрии наркологии тавсияшаванда, амалҳои таъингардида ва усулҳои муолиҷа, натиҷаҳои пешбинигардида, аксуламалҳои имконпазир, инчунин усулҳои алтернативии муолиҷа;

— муроҷиат бо хоҳиши худаш барои ҷавоб додан аз беморхона;

— розигии пешакӣ ва дар ҳар марҳила даст кашидан аз истифода ба сифати объекти санҷиши воситаю усулҳои тиббӣ, тадқиқоти илмӣ ё ҷараёни таълим, аз аксбардорӣ, сабти видео ё филмбардорӣ.

 

Моддаи 8. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсони  гирифтори бемориҳои наркологӣ

Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Номгўи навъҳои фаъолияти алоҳидаи касбӣ ва корҳои вобаста ба манбаи хатари зиёд, ки барои машғул шудан ба онҳо барои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ маҳдудият муқаррар мегардад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 9. Асосҳо барои бистарикунонӣ дар беморхонаи  наркологӣ

Дар муассисаи наркологӣ беасос ҷойгир намудани шахсони баръало ба он эҳтиёҷнадошта манъ аст.

Барои бистарикунонӣ дар беморхонаи наркологӣ инҳо асос шуда метавонанд:

— муроҷиати ихтиёрӣ ҷиҳати мавҷудияти бемории наркологӣ дар шахсе, ки ташхис ё муолиҷаро тақозо намуда, онро дар шароити дармонгоҳӣ анҷом додан номумкин аст;

— гузаронидани ташхиси судию наркологӣ;

— гузаронидани ташхиси меҳнатӣ;

— гузаронидани ташхиси ҳарбӣ — наркологӣ;

— гузаронидани муолиҷаи ивазкунандаи алтернативии беморони гирифтори нашъамандӣ.

Асосҳо барои бистарикунонӣ ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи наркологӣ мутаассирии вазнини рўҳӣ ва соматикӣ мебошанд, ки дар натиҷаи истеъмоли маводҳои фаъолкунандаи рўҳӣ ба амал омада, сабабгори инҳо мешаванд:

— боиси хатари бевоситаи шахс барои ў ва атрофиёнаш;

— нотавонии вай, ё худ ғайри имкон будани мустақилона қаноатбахш кардани талаботҳои асосии ҳаётӣ:

— зарари ҷиддӣ ба саломатии ў дар натиҷаи бадшавии ҳолати рўҳиаш, агар шахс бе ёрии наркологӣ монад

 

Моддаи 10. Ёрии ғайриошкорои наркологӣ

Ёрии наркологӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ бо хоҳиши онҳо дар муассисаҳои махсусгардонидашуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври ғайриошкоро расонида мешавад.

Баҳисобгирии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ ва назорати диспансерии онҳо, ки ёрии ғайриошкоро дар муассисаҳои махсусгардонидашуда гирифтаанд, мутобиқи қоида ва ҳуҷҷатҳои меъёрии муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсон ҳангоми расонидани ёрии наркологӣ ба онҳо

Ҳангоми расонидани ёрии наркологӣ шахсони гирифтори бемориҳои нашъамандӣ, заҳрмандӣ ва майзадагӣ ҳуқуқ доранд тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон адвокат ё дигар  намояндаи қонуниро даъват намоянд.

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшударо намояндагони қонунии онҳо анҷом медиҳанд.

БОБИ II

Фаъолияти муассисаҳо ва шахсоне, ки ёрии наркологӣ мерасонанд

 

Моддаи 12. Муассисаҳо ва шахсоне, ки ёрии наркологӣ мерасонанд

Ёрии наркологӣ аз ҷониби муассисаҳои наркологии системаи давлатии тандурустӣ дар ҳамкории зич бо хадамоти аввалияи ёрии тиббию санитарии маҳаллӣ ва хадамоти ҳифзи иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.

Фаъолият оид ба расонидани ёрии наркологӣ аз ҷониби муассисаҳои хусусии наркологӣ ва табибони фаъолияти хусусии тиббӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои наркологӣ дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ берун аз муассисаҳои махсусгардонидашуда, ба истиснои ҳолатҳои муолиҷаи маҷбурӣ, манъ аст.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқи фаъолият оид ба расонидани ёрии наркологӣ

Ба фаъолияти тиббӣ оид ба расонидани ёрии наркологӣ танҳо табиби нарколог, табиби бемориҳои рўҳии дорои таҳсилоти олии тиббие, ки тахассуси худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  намудааст, ҳуқуқ дорад.

Табибони дигар ихтисосҳо ва кормандони тиббие, ки дар расонидани ёрии наркологӣ иштирок менамоянд, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тайёрии махсус гузаранд ва барои гирифтани иҷозат ба кори мустақилона бо шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ тахассуси худро тасдиқ намоянд.

 

Моддаи 14. Мустақилияти табиби нарколог, табиби бемориҳои  рўҳӣ ҳангоми  расонидани ёрии наркологӣ

Табиби нарколог, табиби бемориҳои рўҳӣ ҳангоми расонидани ёрии наркологӣ дар фаъолият мустақил мебошад ва танҳо нишондодҳои тиббӣ, қарзи табибӣ ва қонунро дастури амал қарор медиҳад.

Муайян кардани номгўи бемории наркологӣ ҳуқуқи истисноии табиби нарколог ва табиби бемориҳои рўҳӣ мебошад.

Қарор дар хусуси муқаррар намудани назорати диспансерӣ ё аз қайди наркологӣ баровардани шахсони гирифтори бемории наркологӣ ё онҳое, ки ба истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор ва дигар воситаҳои мадҳушкунанда роҳ медиҳанд, аз ҷониби комиссияи табибони нарколог, табибони бемориҳои рўҳӣ қабул карда мешавад.

Табиби нарколог, табиби бемориҳои рўҳӣ, ки ақидааш бо ақидаи аъзои комиссия мувофиқ нест, ҳуқуқ дорад фикри худро ба таври хаттӣ баён созад, ки он ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ замима карда мешавад.

 

Моддаи 15. Навъҳои ёрии дармонгоҳии наркологӣ

Ёрии дармонгоҳии наркологӣ ба шахси гирифтори бемории наркологӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои тиббӣ дар шакли ташхис, машваратию муолиҷавӣ ё назорати диспансерӣ расонида мешавад.

 

Моддаи 16. Фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ҳангоми расонидани ёрии наркологӣ

Ташхиси шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, муоина, машварат ва офияти тиббию иҷтимоии онҳо дар муассисаҳои системаи давлатӣ ва ё хусусии тандурустӣ, ки барои навъи мазкури фаъолият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) гирифтаанд, анҷом дода мешавад.

Барои ташхис ва муолиҷаи шахсони гирифтори бемории наркологӣ восита ва усулҳои тиббие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, истифода мегарданд.

Восита ва усулҳои тиббӣ танҳо бо мақсадҳои ташхис ва муолиҷа мутобиқи хусусияти беморӣ татбиқ гардида, набояд барои андешидани ҷазо нисбат ба шахси гирифтори бемориҳои наркологӣ ё ба манфиати шахсони дигар истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 17. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирикунандае, ки ёрии беморхонавии наркологӣ мерасонанд

Муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, ки ёрии беморхонавии наркологӣ мерасонанд, корҳои зайлро анҷом медиҳанд:

— азназаргузаронӣ барои муайян намудани ҳолати мадҳушӣ аз воситаҳои нашъадор, заҳрнок ё шаробӣ;

—      муоинаи маҷмўии клиникии шахсони бистаришуда ҷиҳати муқаррар намудани беморӣ;

— табобат ва офияти тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;

— расонидани ёрии рўҳӣ ва рўҳӣ-терапевтӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;

— расонидани ёрии тиббию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;

— гузаронидани муолиҷаи ивазкунандаи алтернативӣ нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.

 

Моддаи 18. Азназаргузаронии  тиббӣ

Шахсе, ки барои гирифтори бемории нашъамандӣ, заҳрмандӣ ва майзадагӣ донистани ў асоси кофӣ мавҷуд аст ё дар ҳолати мастӣ, майзадагӣ ё мадҳушӣ мебошад ё воситаҳои  нашъадор ва ё моддаҳои психотропиро бе таъиноти духтур истеъмол намудааст, метавонад ба  азназаргузаронии тиббӣ фиристода шавад.

Муоинаи тиббии шахсе, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр гардидааст, дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тартиби  азназаргузаронии тиббӣ ба шахсе, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Нисбат ба қарор дар бораи ба азназаргузаронии тиббӣ фиристонидани шахсе, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр гардидааст, метавон ба суд шикоят намуд. Хароҷоти азназаргузаронии тиббии ин шахсон аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор сурат мегирад.

 

Моддаи 19. Экспертизаи судию наркологӣ ва табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои  наркологӣ

Экспертизаи судию наркологии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

БОБИ III

Ўҳдадориҳои  кормандони тиббие, ки дар расонидани ёрии

наркологӣ иштирок менамоянд

 

Моддаи 20. Ўҳдадориҳои кормандони тиббии муассисаҳои наркологӣ

Кормандони тиббии муассисаҳои наркологӣ ўҳдадоранд:

— беморони дар муассисаи наркологӣ мавҷударо бо тамоми навъҳои ёрии тиббии пешбининамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;

— барои бурдани мукотиба, фиристодани шикоят, ариза ва мактубҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прокуратура, суд, инчунин адвокат шароит фароҳам оваранд:

— дар хусуси тағйир ёфтани ҳолати саломатии бемор ё рух додани вазъи фавқулодда бо ў хешовандон ё намояндаи қонунӣ, дар сурати набудани онҳо бо нишондоди ў дигар шахсро огоҳ намоянд:

—  амнияти бемори дар беморхона бударо таъмин намуда, маводи муросилотро таҳти назорат гиранд.

 

Моддаи 21. Ўҳдадорӣ оид ба нигаҳдории сирри тиббӣ

Корманди тиббӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ оид ба бемории наркологии шаҳрвандон барояш маълумот ошкор гардидааст, ўҳдадор аст сирри тиббиро нигоҳ дорад.

Маълумот оид ба бемориҳои наркологӣ танҳо тибқи дархости хаттӣ ба муассисаҳои наркологӣ, мақомоти болоии тандурустӣ, прокурор, мақомоти судӣ ва тафтишотӣ пешниҳод карда мешавад.

Барои ошкор намудани маълумоте, ки ба ин шаҳрвандон зарар меоварад, кормандони тиббӣ ва дигар шахсони мансабдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

 

Моддаи 22. Ҳамкории муассисаҳои ёрии наркологӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ

Муассисаҳои наркологии мақомоти тандурустӣ ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, дар якҷоягӣ бо мақомоти  корҳои дохилӣ вазифадоранд барои расонидани ёрии наркологӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, пешгирии содир намудани кирдори барои худи онҳо  ва атрофиён хавфнокбуда ҳамкорӣ намоянд.

 

БОБИ IV

Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсоне, ки дар беморхонаи

наркологӣ ҷойгир карда шудаанд

 

Моддаи 23. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсоне, ки дар  беморхонаи наркологӣ ҷойгир карда  шудаанд

Шахсони дар беморхонаи наркологӣ ҷойгиркардашуда вазифадоранд қоидаҳои тартиботи дохилии барои муассисаҳои наркологӣ муқарраргардидаро риоя намоянд.

Ҳамаи шахсони дар беморхонаи наркологӣ барои табобат ё муоина қарордошта дорои ҳуқуқҳои зерине мебошанд, ки аз ҷониби муолиҷакунанда ва мудири шўъба танҳо дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ ба манфиати саломатӣ ё амнияти худи бемор ё шахсони дигар маҳдуд карда мешаванд:

— муросилот дар шароите, ки сензура истисно карда мешавад;

— гирифтани муросилот ва бастабанд;

— вохўрӣ бо ташрифоварандагон дар рўз ва соатҳои қабул;

— бо худ доштан ва харидани ашёи мавриди ниёзи аввалия.

 

Моддаи 24. Ҷавоб додан аз беморхонаи наркологӣ

Барои аз беморхонаи наркологӣ ҷавоб додан инҳо асос буда метавонанд:

— шифо ёфтан ё беҳбуди ҳолати умумии бемор, ки муолиҷаи минбаъдаро дар беморхона тақозо наменамояд;

— ба охир расидани муоина  ё экспертиза, ки сабаби ҷойгиронӣ дар беморхона гаштааст;

— аризаи шахси бистарикунонидашуда ё намояндаи қонунии ў дар бораи ҷавоб додан аз беморхона, агар ин ба саломатии бемор, инчунин атрофиён зарар наоварад.

 

Моддаи 25. Офияти беморони гирифтори бемориҳои  наркологӣ

Беморони гирифтори бемориҳои наркологӣ баъди қабули даври муолиҷа дар муассисаҳои наркологӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офияти рўҳӣ ва тиббию иҷтимоӣ дар марказҳои давлатӣ ва ғайридавлатии офиятӣ ҳуқуқ доранд.

БОБИ V

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 26. Маблағгузории ёрии наркологӣ

Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои давлатии ёрии наркологӣ аз ҳисоби буҷети давлатии барои соҳаи тандурустӣ ҷудошуда ва манбаъҳои дигаре, ки истифодаи онҳо хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, анҷом дода мешавад.

Моддаи 27. Назорати фаъолият оид ба расонидани ёрии наркологӣ

Назорати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаю ташкилотҳо  ва шахсонеро, ки ёрии наркологӣ мерасонанд, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Барои риоя накардани Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 29.Тартиби  мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                      Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 8 декабри соли 2003

№ 67

 

ШАРИКОН: