ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАРЗИШИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН

(АМОҶТ с.2003, №8, мод.451; с.2009, №3, мод.95, с. 2013, №7, мод. 533)

Қонуни мазкур асосҳои  ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон  муайян  менамояд.». (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

БОБИ  1. Муқаррароти  УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ  «қҷт 26.03.09 №502»

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: «қҷт 26.03.09 №502»

тарбияи ҷисмонии кўдакон ва наврасон — раванди  тарбия ва таълим барои омода намудани инсон ба хизмати ҷомеа, давлат, фаъолияти самарабахш, нигоҳдорӣ ва таълими наслҳои нав  бо мақсади таъмини саломатии кўдакону наврасон ва такмили доимии тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ақлонӣ ва эстетикии шахс, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;

-варзиши кўдакон ва наврасон –бахши таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан ҳамчун фаъолияти мусобиқавӣ ва таҷрибаи махсуси омодагии варзишгарони ҷавон ба мусобиқаҳои варзишӣ шакл гирифтааст;

-раванди таълим ва машқ – машғулиятҳои таълимӣ ва машқдиҳӣ, ки барои омўзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва омодагии варзишгарон ҷиҳати ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешаванд;

-варзишгари наврас – шахси то синни 18, ки ба таври доимӣ ба варзиш машғул буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекунад;

-муассисаҳои таълимии равияи варзишӣ – муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ё касбӣ, ки равияи асосии фаъолияти онҳо омода кардани варзишгарон, мураббиён ва дигар мутахассисони варзиши касбӣ ва ғайрикасбӣ мебошад;

-муассисаҳои таълимии иловагии варзишӣ – муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон, мактабҳои  махсуси захираи олимпии варзиши кўдакон ва наврасон, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ; (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

— муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии варзишӣ – мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кўдакон ва наврасон, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон, варзишгоҳҳои кўдакона, муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ;. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

-иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ – клубҳои варзишӣ, коллективҳои тарбияи ҷисмонӣ, сексияҳои варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ. «қҷт 26.03.09 №502»

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи варзиши кўдакон ва наврасон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи варзиши кўдакон ва наврасон ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Низоми тарбияи ҷисмонӣ барои кўдакон ва наврасон(қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳои варзишии кўдакон ва наврасонро дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, маҳалли зист, инчунин иштироки кўдакон ва наврасонро дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ  пешбинӣ менамояд. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Дар низоми тарбияи ҷисмонӣ метавонанд мактабҳои варзишии  кўдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кўдакон ва наврасон, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, муассисаҳои таълимии тайёр кардани мутахассисони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои варзишию тиббӣ, бюроҳои конструкторӣ, корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва либоси варзишӣ, сохтмонҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки ҳадафи онҳо тарбияи ҷисмонии кўдакон ва наврасон мебошад, таъсис дода шаванд. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Низоми тарбияи ҷисмонӣ таълими ҳатмии тарбияи ҷисмониро дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, ки барои пайдо кардани малака ҷиҳати таҳкими саломатӣ, тақвияти инкишофи ҷисмонӣ, ҳамчунин такмил додан ва боло бурдани сатҳи варзиши кўдакон ва наврасон зарур аст, дар бар мегирад. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Кўдакони дорои камбуди ҷисмонӣ ва ё кўдаконе, ки бо сабабҳои гуногун мушкилоти муайяни ҷисмонӣ эҳсос мекунанд, дар муассисаҳои таълимӣ ва ё дар муассисаҳои махсуси маъюбон ба таълим ҷалб карда мешаванд. «қҷт 26.03.09 №502»

 

Моддаи 31. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии муайян ва ҳалли вазифаҳои дорои аҳамияти давлатӣ ва умумибашарӣ равона гардида, он ба воситаи   қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордодҳои байналмилалӣ ва санадҳои дигар, ҳамчунин бо роҳи ҷалби созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон иборатанд аз:

-дастрасии кўдакон ва наврасон ба машғулиятҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии иловагии варзишӣ,      новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;

ҳифз ва таҳкими саломатии кўдакон ва наврасон;

-тарбияи масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандўстии варзишгарони   наврас;

-рушд, такмил ва ҳифзи низоми варзиши кўдакон ва наврасон, ташкили бунгоҳҳои (лагерҳои) варзишӣ, варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ; (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

-нигоҳдории объектҳои варзишию солимгардонӣ, таълимӣ ва дигар объектҳои варзишии моликияти давлатӣ;

-рушд ва такмили низомии таъминоти тиббии варзишгарони наврас;

-ташкили шароити мусоид ҷиҳати рушди шабакаи клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва варзишию техникӣ барои кўдакон ва наврасон; (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

-ташкили шароит ва фароҳам овардани имконот барои омода кардани варзишгарони дараҷаи олӣ.». «қҷт 26.03.09 №502»

Боби 2.

Ташкили тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои кўдакон ва наврасон «қҷт 26.03.09 №502»

 

Моддаи 4. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ

Бо назардошти талабот ва имконияти кўдакони синни томактабӣ барномаҳои тарбияи ҷисмонӣ дар шаклҳои зерин иҷро мегарданд:

— таълими ибтидоӣ ва ташаккули талаботи кўдакон  ба такомули ҷисмонӣ ва тарзи зиндагии солим дар ҷараёни дохил намудан ба барномаи тарбиявии муассисаҳои томактабӣ дарсҳои ройгон мутобиқи барномаҳои таълимӣ; «қҷт 26.03.09 №502»

— мақомоти маҳаллии идоракунии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои давлатии томактабӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ машғулиятҳои иловагии таълимӣ ва ғайритаълимии тарбияи  ҷисмонӣ ва варзишӣ гузаронанд.

 

Моддаи 5. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ  ва миёнаи касбӣ «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ  бо назардошти шароити маҳал ва завқи хонандагон шаклҳои  машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва андозаи ҳаракати фаъолонаи онҳо, воситаҳо ва методҳои тарбияи ҷисмонӣ, намудҳои варзиш ва давомнокии дарсҳоро, ки аз ду соат  дар як ҳафта кам набошад, дар асоси барномаҳои давлатии таълим ва меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ мустақилона муайян мекунанд. ҳамчунин кори берун аз дарсии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо ҷалби муассисаҳои беруназмактабӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишидошта анҷом медиҳанд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ  соле на камтар аз як маротиба  санҷиши тайёрии ҷисмониро мутобиқи меъёрҳои муқарраршудаи давлатӣ барои кўдакон ва наврасон  мегузаронанд. Дар ҷамъбасти соли хониш ба ҳар хонанда аз тайёрии ҷисмонии ў баҳо гузошта мешавад. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ  , сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳалии идоракунии маориф ва созмонҳои ҷамъиятӣ оид ба намудҳои варзиш мусобиқаҳо ташкил медиҳанд ва озмунҳои тайёрии ҷисмонии кўдакон  ва наврасонро баргузор менамоянд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

Моддаи 6. Тарбияи  ҷисмонӣ ва офияти кўдакон ва наврасони маъюб

Ҷалби маъюбон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шарти ҳатмии офият  ва мутобиқгардонии онҳо буда, тавассути афзудани ҳаракати фаъолона барқарор кардани фаъолияти бадан ва ташкили истироҳати  солими онҳо дар вақти холӣ равона мегардад.

Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар низоми офияти доимии маъюбон, таъмини методӣ, тиббӣ ва назорати тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш созмон дода мешаванд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон  ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти  варзишидошта гузаронидани чорабиниҳои ҷисмониву солимгардонӣ ва варзишӣ, тайёрӣ ва фиристодани варзишгарони маъюбро  ба мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва Бозиҳои  параолимпӣ таъмин  менамоянд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

Моддаи 7. Тарбияи ҷисмонӣ дар қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони субъектҳои тамоми  шаклҳои хоҷагӣ, ки қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию истироҳатӣ дар ихтиёрашон мебошанд, барои ташкил ва гузаронидани корҳои ҷисмониву солимгардонӣ ва варзишӣ барои кўдакон ва наврасон шароити зарурӣ  ба вуҷуд меоранд. Дар қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ машғулиятҳои варзиширо дар сатҳи баланд таъмин мекунанд. Дар гурўҳҳои солимгардонию  варзишӣ дар тартиби рўзи машғулиятҳои варзишӣ барои таълими шиноварӣ ва азхуд кардани меъёрҳои муайяншудаи варзишӣ шароит фароҳам меоранд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муаллимон ва ташкилотчиёни тарбияи ҷисмониро интихоб ва тасдиқ менамоянд, омўзиши онҳоро ташкил мекунанд. «қҷт 26.03.09 №502»

Маъмурияти муассисаҳои санаторию истироҳатӣ, хонаҳои истироҳат, базаҳои  туристӣ барои дар ҷараёни муолиҷа ва истироҳат истифода бурдани машқҳои тарбияи ҷисмонӣ шароит муҳайё сохта, чорабиниҳои варзишию оммавӣ ва мусобиқаҳоро ташкил менамоянд.

 

Моддаи 8. Тарбияи ҷисмонӣ дар ҷои истиқомат

Ба вуҷуд овардани шароит барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷои истиқомати кўдакон ва наврасон, инчунин дар ҷойҳои истироҳати оммавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад. «қҷт 26.03.09 №502»

Сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо мақомоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидории ҳамаи шаклҳои моликият  ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкили корҳои тарбияи ҷисмониву варзишӣ ва солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ёрӣ мерасонанд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

Моддаи 9. Тайёрии ҷисмонии шаҳрвандони синну соли то даъватшаванда ва даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ

Тайёрии ҷисмонии ҷавонони синну соли то даъватшаванда ва даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ибтидоии касби ва миёнаи касбӣ, инчунин дар нуқтаҳои таълими тайёрии  ибтидоии ҳарбӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои якчанд ташкилот, новобаста ба тобеияти идоравии  онҳо, мутобиқи барномаҳо ва меъёрҳои давлатӣ ташкил карда шудаанд, гузаронда мешавад. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Роҳбарии тайёрии ҷисмонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва назорати  тайёрии онҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳалии идоракунии маориф ва сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ месозанд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

Моддаи 10. Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон ва мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакону наврасон«қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Машғулиятҳои варзишии кўдакон ва наврасон, ки азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаҳоро дар шаклҳои муайяни варзишӣ таъмин менамояд, таҳти роҳбарии мураббиён (тренерҳо) дар мактабҳои варзиши кўдакон  ва гузаронда мешаванд. «қҷт 26.03.09 №502»

Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин қонун ҳамчун муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ таъсис дода мешавад ва фаъолият менамояд. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон новобаста аз шакли моликият фаъолияти худро мутобиқи барномаҳо ва меъёрҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ гардидааст, амалӣ месозанд. «қҷт 26.03.09 №502»

Мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакон ва наврасон, ки мақсади тайёр намудани наврасони дараҷаи  мувофиқро доранд, маҳорат ва камолоти варзишии онҳоро барои дастаҳои яккачини мамлакат баланд мебардоранд. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакон ва наврасон дар асоси ҚАРОРИ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқи пешниҳоди федератсияҳои варзиши оид ба намудҳои варзиш таъсис дода мешаванд ва дар ихтиёри сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қарор мегиранд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Идоракунии Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон ва Мактабҳои махсуси захираи олимпии кўдакон ва наврасон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо амалӣ мешавад.

Идоракунии Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон ва Мактабҳои махсуси захираи олимпии кўдакон ва наврасон дар асоси  принсипҳои яккасардорӣ ва худидоракунӣ  ба роҳ монда мешавад. «қҷт 26.03.09 №502»

Шаклҳои худидоракунии Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон ва Мактабҳои махсуси захираи олимпии кўдакон ва наврасон маҷлиси умумӣ, шўрои омўзгорон ва ғайраҳо мебошанд. Тартиби интихоби мақомоти худидоракунӣ, салоҳиятҳо ва ваколатҳои онҳоро оиннома  муайян мекунад. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

Моддаи 11. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишии кўдакон ва наврасон

Шахсоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишии кўдакон  шуда метавонанд.

Шахсоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятҳои  варзишии наврасон шуда метавонанд.

Иттиҳодияи ҷамъиятии варзиши кўдакон ва наврасон дар ҳолате соҳиби ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мешавад, ки агар дар ҳайати роҳбарияти ин иттиҳодия на кам аз се нафар шахсони ҳаждаҳсола шомил бошанд.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии кўдакон ва наврасон  дар фаъолияти худ  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳоеро, ки дар маҷлисҳои умумӣ (конференсияҳо, анҷуманҳо ва ғайра) тасдиқ шудаанд, ба роҳбарӣ мегиранд.

 

Моддаи 12. Фаъолияти тренерию омўзгорӣ бо кўдакон ва наврасон

Ба фаъолияти касбии тренерию омўзгории кўдакон ва наврасон шахсоне иҷозат дода мешаванд, ки  дорои ҳуҷҷати расмии муқарраршудаи ихтисоси «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»-и аз тарафи муассисаи таълимии давлатӣ  додашуда ва аз аттестатсия гузашта бошанд.

 

Моддаи 13. Унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ

Ба кўдакон  ва наврасоне, ки дар намудҳои алоҳидаи варзиш, инчунин дар ҳайати дастаҳо оид ба навъҳои ҷудогонаи варзиш натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ дода мешаванд. «қҷт 26.03.09 №502»

Унвонҳои варзишӣ ва дараҷаҳои варзишӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.

Ба ҷавонон  ва духтароне, ки тайёрии махсусро гузаштаанд ва дар кори доварӣ иштирок кардаанд, унвонҳои «Довари варзиш», «Довари ҷавон» дода мешавад.

 

Моддаи 14. Ҳуҷҷати варзишгар

Ба кўдакон ва наврасоне, ки меъёрҳои дараҷавӣ ва ё меъёрҳои  унвонҳои варзиширо иҷро кардаанд, ҳуҷҷати дараҷаи варзишӣ ва ё  унвони варзишии дахлдор дода мешавад.

Ҳуҷҷати оид ба дараҷаи варзишӣ ва унвони варзиширо мақоми ваколатдори   давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ё бо супориши вай муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кўдакон ва наврасон, ки аккредитатсияи давлатӣ  доранд медиҳанд. «қҷт 26.03.09 №502»

 

Моддаи 141 .  Талабот ва  таъминоти  тиббӣ дар соҳаи  варзиши кўдакон ва наврасон

Ба машғулиятҳои варзишӣ кўдакон ва наврасоне ҷалб карда мешаванд, ки дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста ба шакли моликияташон, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва аз рўи нишондиҳандаҳои вазъи саломатиашон барои машғул шудан ба варзиш ҳуҷҷатҳои зарурии тиббиро пешниҳод намудаанд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои солимгардонӣ ва варзиши тиббӣ, марказҳои ташхисию машваратиро таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мегардонанд.

Муассисони муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон  барои расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ  ба кўдакон ва наврасоне, ки дар ин муассисаҳо ба варзиш машғуланд,  шароит фароҳам меоранд.». (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

БОБИ 3.

МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА  ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ  МУАССИСАҲОИ ВАРЗИШИИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

 Моддаи 15. Манбаъҳои маблағгузории муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон

Манбаи асосии маблағгузории муассисаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии кўдакон ва наврасон буҷети давлатӣ  ба шумор меравад. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон инҳо шуда метавонанд:

— маблағи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз  ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ;

— воситаҳои пулие, ки дар натиҷаи амалинамоии фаъолияти тарбияи ҷисмонию варзишӣ, машваратӣ, илмию таҳқиқотӣ ва дигар фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба даст оварда шудаанд;

—  маблағҳои эҳсонкорӣ;

— манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.». (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

Моддаи 16. Фаъолияти муздноки муассисаҳои давлатии  варзишии  кўдакон ва наврасон

Муассисаҳои давлатии  варзишии кўдакон ва наврасон метавонанд аз ҳисоби хизматрасонии музднок, ки берун аз барномаҳои асосии таълимӣ амалӣ карда мешаванд, даромади иловагӣ гиранд ва онро бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии худ истифода баранд.». (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

Моддаи 17. Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кўдакон ва  наврасон

Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кўдакон ва  наврасонро  иншооти варзишӣ, бино, таҷҳизот, молу мулки манқул ва ғайриманқул ташкил медиҳанд.

Қитъаи замин барои ташкили майдончаҳои варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кўдакон ва наврасон ба воситаҳои пулӣ, молу мулк ва объектҳои дигар, ки  тариқи эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудаанд, ҳуқуқи моликият  доранд.

Муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон барои ҳифз ва истифодаи самараноки молу мулки дар ихтиёрдоштаашон масъул мебошанд.  Истифодаи  заминаи моддию техникии  муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон берун аз мақсадҳои оинномавӣ манъ аст.». (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

БОБИ 4.ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

 

Моддаи 18. Ҳамкории байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни кўдакон ва наврасон, ки дар доираи фаъолияти иқтисодии хориҷии давлат сурат мегирад, дар асоси ҳамкории воқеӣ, боварии тарафайн ва дар асоси шартномаҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ амалӣ мегардад .

Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муассисаҳои таълимӣ, Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон ва Мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакон ва наврасон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалии тарбияи ҷисмониву  варзишӣ робитаҳои мустақим барқарор намоянд, мусобиқаҳои байналмилалӣ ва барномаҳои илмӣ — тадқиқотӣ доир намоянд, ба иттиҳодияҳои варзишиву ҷамъиятӣ мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузорӣ дохил шаванд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оиди кор бо кўдакон ва наврасон дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сиёсати мувофиқашударо амалӣ месозад.

 

Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон ва Мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакон ва наврасон фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври  мустақил амалӣ месозанд. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Маблағҳои асъорие, ки аз тарафи Мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон, Мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакон ва наврасон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоянд, моликияти онҳо мебошанд ва ё ба идораи оперативии онҳо дохил шуда, ба инкишофи соҳаи маориф ва мустаҳкам шудани базаи моддию техникии он равона мешаванд. (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

Дар ҳолати ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои асъорӣ ба тариқи судӣ ин маблағҳо ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. «қҷт 26.03.09 №502» (қҷт аз 22.07.2013, №1005)

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.». «қҷт 26.03.09 №502»

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                  Э.РАҲМОНОВ

            ш.Душанбе, 1 августи соли 2003

                           № 28

ШАРИКОН: