ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ с. 2002, №11, мод. 681; с.2007, №7, мод. 686; с.2010. №1, мод.7)

Қонуни мазкур принсипҳои умумӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Он барои таъмини ташкили санҷишу тафтиши воридот ва истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳое, ки  аз тарафиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти кафолати он ҷалб карда мешаванд, грантҳо, кўмаки башардўстона ва амволи давлатӣ дар шароити инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули бахши хусусӣ нигаронида шудааст.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузорӣ  дар бораи назорати давлатии молиявӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати давлатии молиявӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Моддаи 2. Вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ

Вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ аз инҳо иборатанд:

— ташкил ва амалигардонии санҷиш ва тафтиши иҷрои қисми даромад ва  хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ аз рўи ҳаҷм, сохтор ва таъиноти мақсаднок, инчунин самарабахшии маблағгузории давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ;

— таҳлил намудани асоснокии қисмҳои даромад ва хароҷоти лоиҳаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;

— назорати маблағгузории саривақтӣ ва пурраи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷудошаванда, ҳамчунин назорати тақсими кўмаки башардўстона ва  техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад;

— назорати қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои  қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми  таркибии захираҳои тиллою асъории давлат мебошанд;

— санҷиш ва тафтиши ҳаракати қонунӣ ва саривақтии маблағҳои буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ дар бонкҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои молиявию қарзӣ;

— назорати истифодаи мақсадноки захираҳои қарзӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд;

— таҳлили камбудиҳои ошкоргардида дар нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи  буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ва таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рафъи онҳо  нигаронида шудаанд;

— тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомотҳое, ки вазифаҳои назорати молиявии дохилиидоравиро анҷом медиҳанд;

— назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои  давлатии хоҷагидорӣ, инчунин таъмини ҳифзи маблағҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ аз ҷониби онҳо;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилоот ва хулосаҳо оид ба натиҷаҳои корҳои таҳлилию назоратӣ ва дар бораи иҷрои буҷети давлатии соли сипаришуда, инчунин ҳисоботи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои анҷом додашуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 3. Принсипҳои амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ

Назорати  давлатии молиявӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ҳаққоният, мустақилият ва ошкорбаёнӣ ба роҳ монда  мешавад.

Назорати давлатии молиявӣ ба стандартҳои корҳои назоратию тафтишотие, ки дар амалияи байналмилалӣ истифода бурда мешаванд, асос  меёбад.

БОБИ 2.  МАҚОМИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 4. Мақоми назорати давлатии молиявӣ

Бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти назорати давлатии молиявӣ, (минбаъд «Мақоми назорат»), таъсис дода  мешавад, ки он мақоми асосии назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

Низомнома, сохтор, теъдод ва фонди пардохти музди меҳнати Мақоми назоратро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ҳангоми баррасии мавод оид ба натиҷаи санҷишу тафтишот, дар ҷаласаҳои Мақоми назорат ахборот, ҳисобот ва тавзеҳоти роҳбарон, шахсони мансабдори вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ шунида мешаванд.

Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти назорати давлатии молиявӣ

Дар ҷараёни татбиқи вазифаҳои дар ин Қонун зикргардида ва мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти санҷишию тафтишотӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои фаъолият анҷом дода шуда, системаи ягонаи назорати  давлатии молиявӣ ба фаъоляти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, ташаккул  ва иҷрои буҷети давлатӣ истифодаи  амволи давлатӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад, ки он чунин намудҳои назоратро пешбинӣ менамояд:

— гузаронидани тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзўӣ оид ба иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ, аз ҷумла барои  нигоҳ доштани мақомоти  ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии қарзи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи кўмаки хориҷие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо кафолати он гирифта мешавад, маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои давлатии дар хориҷа амалкунанда, инчунин истифода ва ҳифзи амволи давлатӣ;

— ташкили тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзўии фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатӣ;

— гузаронидани санҷишҳои  мавзўӣ оид ба масъалаҳои қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми захираҳои тиллою асъори давлат мебошад;

— доир намудани санҷишҳо оиди хизматрасонии маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ;

— гузаронидани санҷишҳо оид ба хизматрасонии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти семоҳа оид ба натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва тадбирҳои нисбати  онҳо андешидашуда.

Моддаи 6. Ташкил ва банақшагирии фаъолияти назоратӣ

Фаъолияти назоратӣ дар асоси нақшаҳои дусолаи тафтишотии комплексӣ ва нақшаҳои солонаи санҷишҳои мавзўӣ, ки бинобар зарурати таъмини назорати системавии ҳамаҷонибаи истифодаи воситаҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ, бо назардошти ҳамаи самтҳои фаъолияти тафтишотӣ  тартиб дода шудааст, созмон дода мешавад.

Банақшагирӣ дар асоси меъёрҳои техникию иқтисодӣ, стандартҳои назоратӣ ва тафтишотӣ, дастурҳои методӣ анҷом дода мешавад. Нақшаи тафтишот ва санҷишҳои мавзўӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Чорабиниҳои назоратии ғайринақшавӣ  бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ҳангоми дархости  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат гузаронида мешаванд.

Санҷиши мавзўии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблағҳои давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо кафолати ў ҷалбшаванда аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо оид ба ҳамин маблағҳо ба амал бароварда мешавад. Санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад. (қҷт 30.07.07, №324)

БОБИ III. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ НАЗОРАТ

Моддаи 7. Доираи татбиқи ваколатҳои назоратии мақоми назорат

Барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда,  Мақоми назорат ҳуқуқ дорад, ки тафтишот ва санҷишҳо доир намояд, инчунин самарабахшии истифодаи  маблағҳо ва амволи давлатиро дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Ваколатҳои назоратӣ ҳамчунин нисбати  мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, агар онҳо маблағҳоро аз буҷети давлатӣ гиранд, ба воситаи суратҳисобҳо гузаронанд ё  истифода баранд, моликияти давлатиро истифода ё идора намоянд, татбиқ мегардад.

Тафтишот на зиёда аз як бор дар ду сол ва санҷишҳои мавзўӣ мутобиқи нақшаи солонаи тасдиқгардида дар маҳалли ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат дар бораи гузаронидани тафтишот ё санҷиш анҷом дода мешавад.

Санҷишҳои мавзўии дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар қисмати гирифтан, ба воситаи суратҳисобҳо гузарондан ё истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ  аз ҷониби онҳо, иҷрои фармоиши давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки ин санҷишҳо бинобар зарурати доир намудани санҷиши мутаққобила аз рўи далелҳои мушаххас ба миён омаданд.

Монеа ба фаъолияти кормандони Мақоми назорат дар доираи ваколатҳои додашуда, таъсиррасонӣ ба онҳо бо мақсади қабули  қарор ба манфиати ин ё он тараф, амали зуроварӣ, ҳамчунин тўҳмат ё паҳн намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба иҷрои ўхдадориҳои хизматии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.

Моддаи 8.  Пешниҳоди иттилоот бо дархости мақоми назорати давлатии молиявӣ

Ҳамаи мақоми ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ вазифадоранд вобаста ба дархости Мақоми назорат оид ба тафтишоту санҷишҳои гузаронидаистода иттилооти заруриро пешниҳод намоянд.

Бонкҳои ҳамаи сатҳҳо вазифадоранд дар  хусуси  ҳаракати маблағҳои пулии давлатӣ, тавассути ҳисобномаҳои мизоҷон, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба Мақоми назорат иттилооти  зарурӣ пешниҳод намоянд.

Ҳангоми гузаронидани тафтишоту санҷишҳо Мақоми назорат аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо  ва бонкҳо тибқи Қонуни мазкур иттилоот ва  нусхаи ҳуҷҷатҳоро мегирад. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд тасдиқи ҳуҷҷатии амалиёти гузаронидашуда, маълумотномаҳо ва нусхаҳои  ҳуҷҷатҳоро оид ба ин  амалиётҳо ва ҳисобҳо, пешниҳод кунанд.

Рад намудан ва саркашии шахсони мансабдор ва алоҳидаи мақомоти дар боло зикргардида, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо  аз пешниҳоди саривақтии иттилоот ё ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо дархости Мақоми назорат, ҳамчунин дидаю дониста пешниҳод намудани иттилооти бардурўғ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.

Моддаи 9. Тафтишҳои комплексӣ  ва санҷишҳои мавзўӣ

Тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзўӣ мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида дар мавқеи ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда анҷом дода  мешавад.

Оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои гузаронидашуда санад таҳия мегардад, ки  дар он асос, мақсад, мавзўъ, объекти тафтишшаванда, номгўи ҳуҷҷатҳо ва  объектҳои омўхташуда, номгўи ҳуҷҷатҳои дастраснагардида, маълумот оид ба норасоиҳо, зиён ва зарари ошкоршуда, инчунин тавсияҳо оид ба андешидани тадбирҳо баҳри рафъи камбудиҳои ошкоргадида дарҷ карда мешаванд.

Роҳбари объекти тафтишшаванда дар мўҳлати се рўз вазифадор аст, ки бо санади тафтиш ё санҷиш шинос шуда, ба он имзо гузорад. Ҳангоми бо камбудиҳои ошкоршудаи рафти тафтиш ва санҷиш розӣ набудани шахси мансабдори масъул, санад бо зикри мавҷудияти эродҳо ва ё эътироз имзо карда мешавад. Дар сурати аз ҷониби шахси мансадбор рад намудани шиносоӣ бо санад ё имзогузорӣ ба он, тафтишкунанда бояд бо зикри сана ва ҳолатҳои рад  бо иштироки шоҳидон дар санад сабти дахлдор гузорад.

Ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санҷиш шахсони тафтишгар ба фаъолияти амалию хоҷагии  объекти тафтишшаванда набояд дахолат кунанд, инчунин хулосаҳои худро то анҷоми тафтиш (санҷиш) ва барасмиятдарории он дар шакли санад  (хулоса) ошкор намоянд.

Маълумоте, ки ба тафтишгарон ва шахсони ҷалбшуда дар ҷараёни тафтиш ва санҷиш дастрас  гардидааст, набояд ба мақсадҳои шахсӣ истифода бурда  шавад.

Моддаи 10. Тафтиши иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи фондҳои давлатӣ

Дар рафти иҷрои буҷети давлатӣ тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомоти андоз, гумрук, хазинадорӣ, молиявӣ, бонкӣ ва дигар мақомотҳои идоракунии давлатӣ ҷиҳати аз ҷониби онҳо пурра ва сари вақт таъмин намудани ҷамъоварии воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷет, инчунин назорати хароҷоти воқеии маблағҳои буҷетӣ анҷом дода мешавад. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлатӣ таҳлили онҳо гузаронида шуда, ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо,  барои рафъи онҳо пешниҳод ирсол карда мешавад. «қҷт 12.01.2010 №586»

Инчунин ташаккул ва истифодаи самарабахши маблағҳои фондҳои давлатӣ таҳти назорат қарор дода мешавад.

Моддаи 11.  Назорати вазъи қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати вазъи қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ ба таври зайл анҷом дода мешавад:

идоракунӣ ва хизматрасонии қарзҳои давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

қонунӣ, мақсаднок ва самарбахш будани истифодаи қарзҳои хориҷӣ, грантҳо, кўмакҳои башардўстона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, инчунин қарзҳое, ки субъектҳои хоҷагидорӣ бо кафолати давлат мегиранд;

додани қарзҳои давлатӣ ва кафолати давлатӣ, инчунин ба ихтиёри давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ беподош додани воситаҳои давлатӣ.

Моддаи 12. Назорати хароҷоти маблағҳо аз ҷониби намояндагиҳо ва муассисаҳое, ки дар хориҷа  фаъолият доранд

Назорати хароҷоти маблағҳои давлатӣ дар ташкилотҳо, намояндагиҳо ва муассисаҳои давлатие, ки дар хориҷа амал мекунанд ва аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, вобаста ба ҳаҷм, таркиб, таъиноти мақсаднок ва мувофиқи матлаб будани хароҷоти онҳо, анҷом дода мешавад.

Моддаи 13. Назорати фаъолияти сармоягузорӣ

Фаъолияти мақомоти ҳокимияти идоракунӣ ва субъектҳои хоҷагидории давлатӣ оиди мувофиқи мақсад истифода гардидани маблағҳое, ки барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумлаи барои бунёд ва рушди корхонаҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ шудаанд, назорат карда мешавад.

Моддаи 14.  Тафтиши воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз ихтиёрдорӣ ва идоракунии моликияти давлатӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо

Тафтиши воридоти маблағҳои буҷети давлатӣ аз фаъолияти зайл бадастовардашуда ва истифодаи мақсадноки онҳо анҷом дода мешавад:

— аз ихтиёрдорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ (аз ҷумла хусусигардонӣ, фурўхтан ё иҷораи он), даромадҳо аз дивиденди саҳмияҳои давлатӣ;

— аз истифодаи захираҳои табиӣ.

Моддаи 15. Назорат дар соҳаи фаъолияти бонкӣ

Фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ,  фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

Моддаи 16. Ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва молия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар мақомоти давлатӣ ҳангоми гузаронидани санҷишу тафтишот: «қҷт 12.01.2010 №586»

— ба фаъолияти Мақоми назорат  мусоидат менамоянд;

— бо Мақоми назорат зарурат ва мутобиқи мақсад будани гузаронидани тафтиш ва санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатиро (ё бо иштироки давлатро)  пешакӣ мувофиқа мекунанд;

— татбиқи вазифаҳои назоратии худро, ки бо зарурати ташкили гузаронидани санҷиш ва тафтиш алоқаманданд, бо Мақоми назорат ҳамоҳанг месозанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки оид ба маводи тафтиш ва санҷиши ба онҳо пешниҳодшуда чорабиниҳои тафтишоти анҷом медиҳанд, бояд оид ба тадбирҳои андешидашуда ба Мақоми назорат иттилоот пешниҳод намоянд.

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20.  Вазъи ҳуқуқии кормандони Мақоми назорат

Қабул ва аз кор озод намудани кормандони Мақоми назорат дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ сурат мегирад.

Кормандони Мақоми назорат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод  карда мешаванд:

а) ба охиррасии мўҳлати шартнома (қарордоди) меҳнатӣ;

б) аризаи шахсӣ дар бораи озод намудан аз кор;

в) расидан ба синну соли ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан;

г) иҷро  накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои хизматӣ, ва сўиистифода аз он;

д) ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд нисбати онҳо;

е) баъди эътибор пайдо намудани қарори суд дар бораи ғайри қобили амал донистани онҳо;

ж) гум кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кормандони Мақоми назорат ҳуқуқ надоранд:

— ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсан ё тавассути миёнаравон машғул шаванд, инчунин дар назди шахсони сеюм оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти хизматии онҳо шахси ваколатдор бошанд;

— мустақилона ё тавассути миёнаравон дар идораи субъектҳои хоҷагидорӣ иштирок намоянд.

Кормандони Мақоми назорат наметавонанд ба мақомоти намояндагӣ интихоб шаванд, ба дигар фаъолияти музднок, ба истиснои фаъолияти илмиву омўзгорӣ ва эҷодӣ, машғул шаванд.

Моддаи 21.  Маблағгузории  фаъолияти Мақоми назорат

Маблағҳо барои таъмини фаъолияти Мақоми назорат дар буҷети ҷумҳуриявӣ бо сатри алоҳида пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 22. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони Мақоми назорат

Давлат ҷиҳати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони Мақоми назорат чораҳои заруриро меандешад. Маоши вазифавии кормандони Мақоми назорат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Иловапулиҳо ба маоши вазифавии кормандон тибқи тартиб ва андозае, ки барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешаванд.

Нисбат ба кормандони Мақоми назорат тартиби хизматрасонии тиббӣ, санаторию осоишгоҳӣ, маишӣ ва нақлиёт, ки барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, татбиқ карда мешавад.

Моддаи 23. Робитаҳои байналмилалӣ

Мақоми назорат бо палатаҳои баҳисобгирӣ ва назорат, мақомоти назорати давлатии молиявии кишварҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои байналмилалии онҳо робитаҳо барқарор намуда, барои ҳамкорӣ бо онҳо созишномаҳо мебандад.

Моддаи 24.  Иттилоот оид ба фаъолияти Мақоми назорат

Мақоми назорат дар бораи фаъолияти хеш,  ки метавонад нашр гардад, ба воситаҳои ахбори умум иттилоот пешниҳод менамояд.

Мақоми назорат бо дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи санҷишҳои мушаххаси доиргашта маълумоти пурра пешниҳод менамояд.

Маводи натиҷаҳои санҷиш, ки ба ҳифзи сирри давлатӣ алоқаманданд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 2 декабри соли 2002

№ 66  

ШАРИКОН: