ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи алоқаи барқӣ

(АМОҶТ с. 2002, №4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, №3, мод. 156; с.2008,№3, мод.198; с.2008 №12, қ.2, мод.996, с.2013, №12, мод.891; с.2015, №12, қ.1, мод.1117; с.2016,№3, мод.154)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзим ва идоракунии фаъолият дар соҳаи бунёд, амал ва рушди алоқаи барқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, салоҳияти мақомоти идораи давлатӣ ва танзими соҳаи мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алоқаи барқӣ истифода мебаранд, муайян мекунад.

 

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Таъиноти алоқаи барқӣ

Алоқаи барқӣ қисми ҷудонопазири инфраструктураи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун ҷузъи ба ҳам алоқаманди комплекси истеҳсолию хоҷагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ ба хизмати алоқаи барқӣ нигаронида шудааст, амал мекунад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

«алоқаи барқӣ» — ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳо, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, овозҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути симҳо, радиооптика ё системаҳои дигари электромагнитӣ;

«шабакаи алоқаи барқӣ» — системаҳои интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптикӣ ё дигари электронӣ, аз ҷумла шабакоти радифӣ, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва покатӣ, ҳамзамон Интернет ва IP-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда, ҳамчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;

«хизматрасонии алоқаи барқӣ» — маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди ишоратҳо ва дигар намудҳои иттилоот  тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ;

«таҷҳизоти ниҳоӣ» — воситаҳои техникӣ ё дастгоҳҳое, ки тавассути хати абонентӣ ё бо истифода aз таҷҳизоти симӣ, оптикию нахӣ ва электромагнитӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшуда, ки  истифодабаранда бо ёрии онҳо метавонад иттилоотро интиқол диҳад, дигаргун созад ё қабул кунад;

«пайвандкунии байнишабакавӣ» – амали мутақобилаи технологии байни шабакоти алоқаи барқии операторони гуногуни алоқаи барқӣ, ки қабулу интиқоли иттилоотро дар байни истифодабарандагон таъмин менамояд;

«таҷҳизоти радио» — таҷҳизоти барқии интиқолкунанда ё қабулкунандае, ки ба воситаи он интиқоли иттилоот бе ягон хати алоқаи симӣ ба амал бароварда мешавад;

«спектри радиобасомад» — маҷмўи мавҷҳои электромагнитии (радиомавҷҳо бо зудии дар ҳудуди аз 3кГс то 3000ГГс) дар фазо бе истифода аз мавҷбари сунъӣ паҳншаванда, ки ҳангоми ташкили радиоалоқа, эфири телевизионӣ ва радиошунавонӣ ва дигар мавридҳои интиқоли ишоратҳои барқӣ бе пайвасти ҷисмӣ истифода карда мешаванд;

«воситаҳои алоқа» – дастгоҳҳои техникӣ, таҷҳизот, иншоот ва системаҳое, ки барои ташаккул, коркард, интиқол, қабул ва коммутатсияи ишоратҳои электромагнитӣ ва оптикӣ истифода карда мешаванд;

«оператори шабакаи алоқаи барқӣ» — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки соҳиби шабакаи алоқаи барқӣ буда, кору амал, рушди онро таъмин менамояд ва хизмати алоқаи барқиро ба ҷо меорад;

«провайдери хизмати алоқаи барқӣ» — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар асосҳои тиҷоратӣ ба воситаи шабакаи операторон ба истифодабарандагон хизмати алоқаи барқӣ мерасонанд;

«хизмати универсалӣ» — маҷмўи хизмати алоқаи барқии истифодаи умум, ки ба ҳама гурўҳҳои истифодабарандагон, аз ҷумла ҳуқуқи дастрас будан ба хизмати алоқаи телефонӣ ва телеграф, хизмати  иттилоотӣ ва справкадиҳӣ, хизмати телефонҳои худкори истифодаи умум барои таҳвили бепули зангҳо ба хадамоти садамавӣ расонида мешавад;

«истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ» — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки аз хизмати алоқаи барқии истифодаи умум истифода мебарад ва ё пурсиш ба амал меоварад;

«шабакаи алоқаи ҳукуматӣ» — шабакаи махсуси алоқа, ки таҳвили маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд ва ба манфиати идории давлат дар замони осoишта ва ҳолати ҷангӣ фаъолият мекунад;

«системаи рақамгузорӣ» — тартиби тақсим ва рақамгузорӣ (мос кардани рақамҳо ё нишонҳо) байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон;

«симкорт» модули ҳаммонандсозӣ (идентификатсионӣ) буда, дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд; ; (қҷт.аз 28.12.13,№1047)

«ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ» ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ барои шахси воқеӣ шиноснома (барои шахсони бешаҳрванд — шаҳодатномаи бақайдгирӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ мебошанд; (қҷт.аз 28.12.13,№1047)

«плани рақамгузорӣ» — рақамгузории мушаххаси байни операторон, провайдерҳо ва таҷҳизоти ниҳоии истифодабарандагон.

 

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ

Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

— ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баробар дастрас будани  инфраструктураи ҳозиразамону самаранок ва хизматрасонии алоқаи барқӣ;

— мусоидат ба рақобати самаранок ва озод дар бозори алоқаи барқӣ ба манфиати истифодабарандагон;

— муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;

— фароҳам овардани шароит нисбати дастрас будани шабакоти истифодаи умумӣ ва пайвандҳои байнишабакотӣ, ки кафолати холисона, ошкоро, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ, таъмини шароитҳои баробар дар бозор ва имконияти алоқаро байни истифодабарандагон медиҳад;

— мусоидат ба расонидани хизматҳои анъанавии боэътимод ва баландсифати алоқаи барқӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ ва таъмини мутобиқати шабакаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқаи барқӣ;

— муҳайё кардани хизматрасонии универсалии алоқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳо ва шароитҳои миллӣ;

— маҳфуз доштани ахбороти истифодабарандагон аз тарафи  операторони шабакаҳои алоқаи барқӣ;

— дастрас будани шабакаҳои алоқаи барқӣ дар вазъиятҳои фавқулодда ва барои иҷрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ II. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ

Идоракунии давлатии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва радиобасомадҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал мебароранд. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ:

  • гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
  • фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби инвеститсияҳо;
  • таҳия ва ба амал баровардани барномаи ғайриинҳисорӣ ва хусусигардонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;

— тасдиқи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он;

— тасдиқи Тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифӣ;». (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1271)

  • тасдиқи номгўи намудҳои хизмати универсалӣ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ваколати танзими фаъолиятро дар соҳаи алоқаи барқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияте, ки Қонуни мазкур ба онҳо додааст, вомегузорад. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ  (қҷт 20.03.08, №379)

Ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои асосии зерин дода шудааст: (қҷт 20.03.08, №379)

—  таҳияи сиёсати ягона дар соҳаи алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипҳое, ки дар Қонуни мазкур ифода ёфтаанд;

—  татбиқи сиёсати мазкур ба мақсади вусъати фарогирӣ бо хизмати алоқаи барқӣ барои таъмини эҳтиёҷоти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраршуда;

— муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ ба соҳаи алоқаи барқӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити рақобат барои операторон ва провайдерҳо бо мақсади таъмини дастрас будани шаклҳои нисбатан пешқадами хизматрасонии алоқаи барқӣ барои истифодабарандагон;

— бурдани гуфтугўҳо оид ба масъалаҳои алоқаи барқӣ бо давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар, инчунин бастани шартномаҳо дар сурати додани ваколатҳои дахлдор;

— ба амал баровардани фаъолият дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти алоқаи ягона;

— иҷрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ўҳдаи он гузошта шудааст.

БОБИ III. ТАНЗИМКУНӢ ДАР СО{АИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

 

Моддаи 8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ

Назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.

Таъсисдиҳӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ (қҷт 20.03.08, №379)

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Қонуни мазкур вазифаҳои зеринро ба амал мебарорад: (қҷт 20.03.08, №379)

— рақобати озоди (самаранок ва одилонаи) байни операторони алоқаи барқиро, аз ҷумла ба тариқи тасдиқи қоида ва дастурҳои дахлдор назорат ва танзим менамояд;

— ба ҳамаи истифодабарандагон баробар дастрас будани шабакоти алоқаи барқии истифoдаи умумро дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳфузияти ахборот, инчунин ҳифзи сирри маълумоти хусусиро дар бораи истифодабарандагон таъмин менамояд;

— ба хотири мудофиа ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар вазъиятҳои фавқулодда иҷрои ўҳдадориҳоеро, ки ба операторони алоқаи барқии истифодаи умум гузошта шудаанд, таъмин менамояд;

— ҳолат ва инкишофи шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум ва хизматрасонии алоқаи барқии истифодаи умумро назорат мекунад;

— ба истифодаи радиобасомадҳо дар диапазонҳое, ки бо истифода аз онҳо операторон ва провайдерон хизмати алоқаи барқиро мерасонанд, иҷозат медиҳад ва онҳоро танзим менамояд;

— риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро санҷиш ва назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад; (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1271)

— нақшаи рақамгузории миллии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ)-ро тартиб медиҳад ва назорати иҷрои онро ба амал мебарорад, истифодаи самараноки рақамҳо, инчунин ҷудо кардани рақамҳо ё диапазонҳои рақамҳоро ба операторони алоқаи барқӣ таъмин менамояд;

-сифати хизматҳои алоқаи барқии расонидашаванда ва ҳолати техникии воситаҳои алоқаи барқиро зери назорат мегирад.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ (қҷт 20.03.08, №379)

Барои  ба амал баровардани вазифаҳои худ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои зерин дода мешаванд: (қҷт 20.03.08, №379)

— гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобиқат ба таҷҳизот ва хизмати алоқаи барқӣ (ё тартиби истифодаи cертификати давлатҳои дигар), инчунин ба дигар воситаҳои техникӣ, радиобасомадҳои шуоъафкан ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд; (қҷт аз 03.03.06 №166)

— якҷоя бо мақоми давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ андешидани тадбирҳои гирифтани пеши роҳи фаъолияте, ки ба муқобили рақобат дар соҳаи алоқаи барқӣ равон карда шудааст;

— танзими сифати хизматрасонии шабакаҳои алоқаи барқӣ мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур; «қҷт 31.12.08 №462»

— танзими шароити истифодаи якҷояи (пайвандҳои байнишабакотии) шабaкоти алоқаи барқии истифодаи умум аз тарафи операторони алоқаи барқӣ;

— назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидаҳо, асноди меъёрӣ ва иҷрои шартҳои иҷозатномаи додашуда;(қҷт аз 03.03.06 №166)

— ҷамъоварӣ ва таъмини маҳфузияти иттилооти ба дастомада дар мавридҳои зарурӣ, ирсоли натиҷаҳои санҷиш ва дигар маводи марбут ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонун ба мақомоти дахлдор;

— ба амал баровардани назорати мувофиқати фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истифодабарии басомадҳо иҷозат гирифтаанд, ба муқаррароти ин иҷозатномаҳо, ошкор ва бартараф кардани ишоратҳо ва радиохалалҳои беиҷозат;

-ба вуҷуд овардан, инкишоф додан ва истифодаи системаи давлатии назорати радио, ки системаи ба ҳам алоқаманди воситаҳои техникии назорати радиоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи каналҳо ва қитъаи радиобасомадҳо, тафтиши сифати техникӣ ва истифодабарии радиоишоратҳои интиқолшаванда, ошкор ва фарқ кардани радиофиристониҳои беиҷозат ва манбаъҳои шуоъафкании баландбасомади электромагнитӣ, радиохалалҳо имконият медиҳад; (қҷт 20.03.08, №379)

— қабул, нашр ва назорати иҷрои лозимаи қоидаҳо, нишондодҳои методӣ, дастурамалҳо ва дигар санадҳое, ки барои ба амал баровардaни ваколати худ заруранд; (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1271)

— муқаррар кардани тартиби мушаххаси ҳалли ихтилофҳое, ки  байни операторони алоқаи барқӣ, инчунин операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ рўй медиҳанд;

— иҷрои дигар вазифаҳо ва ваколатҳо мутобиқи Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ барои ҳамаи субъектҳои танзимшаванда дар соҳаи алоқаи барқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошанд. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 11 хориҷ карда шавад. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 12. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тақсим ва истифода аз спектрҳои радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи истифодабарандагон ва ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои давлат дар Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад. (қҷт 20.03.08, №379)

Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии байниидоравӣ дар ҳузури Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси дастаҷамъӣ фаъолият  мекунад. Ба ҳайати он намояндагони вазоратҳо, идораҳои дахлдор мутобиқи салоҳдиди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба роҳ мемонад. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 13. Вазифаҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи давлатӣ оид ба радиобaсомадҳои Чумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро амалӣ мегардонад:

— банақшагирии истифодаи самаранок ва бехалал аз спектри радиобасомадҳои ҷамъиятӣ, ба шумули истифодаи хусусии онҳо;

— ба вуҷуд овардани Нақшаи миллии тақсими радиобасомадҳо;

— ҳамоҳангсозии насби  ҳама намудҳои радиостансияҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади истифодаи оқилонаи мавқеъҳои мавҷуда;

— таҳияи тавсияҳо ва тартиби истифода аз спектри радиобасомад;

— тарҳрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобасомад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳияи мавқеъ ва мусоидат кардан дар мавриди намояндагӣ аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои спектрҳои радиобасомад.

Қарорҳо дар нисбати насби радиостансияҳо танҳо бо ризояти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

— қарорҳои пештар қабулкардаи Комиссияи давлатиро оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими басомадҳо бекор кунад;

— манъ кардани истифода аз радиобасомадҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вайрон кардани тартибе, ки барои истифодаи онҳо муқаррар шудааст;

-бекор ё манъ кардани таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радио, ки ба талаботи муқарраркардаи техникӣ ҷавобгў нестанд.

 

Моддаи 15. Танзими истифодаи спектрҳои радиобасомад

Спектри радиобасомад моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тартиби танзими истифодаи спектри радиобасомад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Истифода аз спектри радиобасомад бо мақсади истифодабарӣ аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва расонидани хизмати алоқаи барқӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдор мутобиқи Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳо амалӣ карда мешавад. (қҷт 20.03.08, №379)

Иҷозатнома ба истифoда аз спектри радиобасомад ҳамзамон бо иҷозатномаи мувофиқ ба оператори алоқаи барқӣ  дода мешавад. Иҷозатномаи истифодаи спектри радиобасомад ба ҳамон мeҳлате дода мешавад, ки барои иҷозатномаи истифодабарӣ аз шабакоти алоқаи барқӣ, расонидани хизмати алоқаи барқӣ, интиқоли маълумот пешбинӣ гардидааст. (қҷт аз 03.03.06 №166)

Спектри радиобасомад дар асоси пулӣ дода мешавад.

Андоза ва тартиби пардохти подош барои спектрҳои радиобасомади азхудкардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ҳама гуна воситаҳои техникие, ки шуоъафканиҳои радиобасомадӣ медиҳанд ё манбаи мавҷҳои баландбасомади электромагнитӣ мебошанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Радиобасомадҳои гирифташудаи истифодабарандагон метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин бекор ё тағйир дода шаванд, дигаргун ё аз нав тақcим гарданд: (қҷт 20.03.08, №379)

-вақте ки чунин амалро манфиати таъмини мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ё вазъияти фавқулодда тақозо мекунад ва он танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад;

— бо тавсияи ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи радиобасомадҳо ё ки ба мақсади истифодаи пурраи спектри радиобасомадҳо;

-агар чунин истифодабарандагон сари вақт иҷозати истифодаи спектри дигари қиёспазирро гирифта бошанд.

Дар ин ҳолат хароҷотҳои операторони алоқаи барқӣ ба муносибати гузариши фавқулодда ба басомадҳои  дигар дар натиҷаи татбиқи нишондодҳои қисми шашуми моддаи мазкур аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад.

 

БОБИ IV. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ВА  СЕРТИФИКАТСИЯ

 

Моддаи 16. Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (қҷт аз 03.03.06 №166)

Иҷозатномаҳо барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ умумӣ ё инфиродӣ шуда метaвонанд.

Ба иҷозатномаҳои умумӣ иҷозатномае дохил мешаванд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳaи алоқаи барқӣ дар асоси талаботи ягона барои гирифтани иҷозатнома дода мешаванд. Мундариҷаи иҷозатномаҳои умумӣ барои ҳамаи иҷозатномаҳое, ки ки барои истифодабарии ҳамон як навъи шабакаи алоқа, инчунин барои ҳамон як навъи хизматрасонии алоқа дода мешаванд, бояд якхела бошанд.

Ба иҷозатномаҳои инфиродӣ иҷозатномае мансубанд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси талаботу шартҳои махсус дода шудаанд. Лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ ва расонидани хизмати алоқаи барқии зерин бояд таҳти иҷозатномадиҳии инфиродӣ қарор гиранд:

— шабакоти алоқаи барқии истифодаи умумии маҳаллӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ;

— шабакоти алоқаи мутаҳаррики радиотелефoнӣ (алоқаи сайёри кандуӣ);

— шабакоти радиодаъвати шахсӣ;

— шабакоти интиқоли маълумот;

— шабакоти пахши барномаҳои телевизион ва радиошунавонӣ.

Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи баробaр доранд. Бо сабаби маҳдудиятҳои техникӣ ё маҳдудияти миқдори басомад, ё дар сурати имконияти техникӣ ва молиявӣ надоштани аризадиҳанда барои иҷрои мўътадили ўҳдадориҳои худ мувофиқи шартҳое, ки вай фаъолияти худро амалӣ мекунад, мумкин аст иҷозатнома дода нашавад.

Агар миқдори иҷозатномаҳо бо сабабҳои техникӣ маҳдуд бошад, додани иҷозатномаҳо дар асоси озмун (тендер) ба амал бароварда мешавад. Тартиби гузаронидани озмун(тендер)-ҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (қҷт аз 03.03.06 №166)

 

Моддаи 17. Сертификатсияи таҷҳизот

Ҳамаи воситаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла таҷҳизоти ниҳоии дар шабакоти алоқаи барқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифoдашаванда ҷиҳати мувофиқат ба стандартҳои ҷорӣ, шартҳои техникӣ ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии мамлакатҳои дигар мувофиқи тартиби муқарраршуда дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи  сертификатсияҳо мавриди сертификатсия қарор мегиранд.

Сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ё тартиби истифодаи сертификатҳои мамлакатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарaфи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад. (қҷт 20.03.08, №379)

 

БОБИ V. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ

Операторон ва провайдерон ҳуқуқ доранд:

— дар сурати аз ҷониби  истифодабарандагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодаи алоқаи барқӣ хизматрасониро ба онҳо боздоранд;

— ҷуброни зарареро, ки  бо айби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рўй медиҳад, талаб кунанд;

— нисбат ба амали ғайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузорӣ арз кунанд.

Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 19. Ҳуқуқи истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ

Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд:

— хизмати шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум ба онҳо дастрас бошад;

— таҷҳизоти ниҳоии худро ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум мутобиқи шартҳо ва тартибе, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, пайваст кунанд;

— аз хизматрасонии саривақтӣ ва босифати операторон ва провайдерон мутобиқи қоидаҳои муқарраршуда истифода баранд;

— аз хизмати алоқаи барқӣ, дар сурати  аз тарафи оператор ё провайдер риоя нашудани шартҳое, ки дар шартнома зикр гардидаанд, даст кашанд;

— дар натиҷаи нарасонидани хизмат ё сифати пасти хизматрасонӣ пардохтани товони зарар ва ҷуброни зарари маънавиро талаб кунанд;

— дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми давлатии ваколатдор ва суд муроҷиат намоянд.

Дар ҳолати истифода гардидани хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд, падару модари ў ҳуқуқ доранд аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1301)

Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 20. Вазифаҳои операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ

Операторон ва провайдерон вазифадоранд:

— ба истидабарандагон хизмат расонанд;

— ба амал баровардани фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи шартҳои иҷозатнома ва қоидаҳои муқарраршуда;

— мутобиқи стандартҳо, қоидаву меъёрҳои муқарраргардида сифати хизмати расонидашавандаро таъмин намоянд;

— ба падару модар маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон ройгон пешниҳод кунанд; (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1301)

— шартномаро бевосита бо худи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони воқеӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ банданд; (қҷт.аз 28.12.13,№1047)

— тибқи Тартиб ва талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои истифодабарандагонро гузаронанд; (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1271)

— сирри гуфтугўҳои телефонӣ, телеграфӣ ва дигар маълумотеро, ки тариқи шабакоти алоқаи барқӣ интиқол мегарданд, риоя кунанд;

— ба истифодабарандагон сари вақт ахбороти муфассал доир ба шароиту тартиби расонидани хизмати алоқаи барқӣ, аз ҷумла тағйирёбии тарифҳо ба хизмати алоқаи барқӣ пешниҳод намоянд;

— пардохтани товони зарари расонидашударо ба истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ бинобар иҷро накардан ва ё бо сифати номувофиқ иҷро намудани шартномаҳои расонидани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин нарасонидан ва ё бо сифати номувофиқ расонидани хизмат пардозанд.

Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ ўҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.

Моддаи 21. Вазифаҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ

Истифодабарандагон вазифадоранд:

— қоидаҳои муқарраршудаи истифода аз хизмати алоқаи барқиро риоя намоянд;

— таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификати мувофиқат ба стандартҳои муқарраршуда доранд, истифода баранд;

ҳангоми бастани шартнома ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд; (қҷт.аз 28.12.13,№1047)

— симкортҳои худро дар операторони хизмати алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гиранд; (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1271)

— саривақт подоши хизмати ба онҳо расонидашударо пардозанд; амалҳоеро, ки ба паст шудани сифати кор ва ё вайрон кардани шабакоти алоқаи барқӣ оварда мерасонанд, содир накунанд.

Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ ўҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.

 

Моддаҳои 22 ва 23 хориҷ карда шаванд. «қҷт 31.12.08 №462»

 

Моддаи 24. Сирри алоқаи барқӣ

Сирри гуфтугўйҳои телефонӣ, телеграфӣ, электронӣ ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабакоти алоқаи барқӣ интиқол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя мешавад.

Ҳамаи операторони алоқаи барқӣ вазифадоранд, ки сирри гуфтугўйҳо ва ахбороти ирсолшавандаро махфӣ нигоҳ доранд. Маълумот оид ба ахборот ва инчунин худи ахбороти тавассути шабакоти алоқаи барқӣ интиқолгардида танҳо ба худи шахсони фиристанда ва ё намояндаи қонунии он пешниҳод карда мешавад.

Гўш кардани гуфтугўйҳои телефонӣ, шиносоӣ бо ахбороти тариқи шабакоти алоқаи барқӣ интиқолшаванда, дастрас кардани маълумот доир ба онҳо, инчунин дигар маҳдудиятҳои сирри гуфтугўйҳо ва ахборот танҳо дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Шахсони мансабдор ва дигар ашхосе, ки ба вайрон намудани муқаррароти моддаи мазкур роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ VI. ШАБАКОТИ АЛОҚАИ БАРҚӢ, ПАЙВАНДҲОИ БАЙНИ ШАБАКАҲO, ТАҶҲИЗОТИ НИҲОӢ ВА РАҚАМГУЗОРӢ

 

Моддаи 25.  Маҷмўи амволи шабакоти алоқаи барқӣ

Ба маҷмўи амволи алоқаи барқӣ биноҳо, аппаратура, таҷҳизот, иншооти кабелу канализатсионӣ ва хати кабел, симчўбҳои хатҳои алоқаи ҳавоӣ, таҷҳизоти хати радиорелеии алоқа ва системаҳои радиотелефонии алоқа (бесим), таҷҳизоти алоқаи радифии заминӣ, воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд.

 

Моддаи 26. Шаклҳои моликият ба шабақаҳои алоқаи барқӣ

Шабакаҳои алоқаи барқӣ метавонанд моликияти хусусӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Рўйхати шабакаҳо ва воситаҳои алоқаро, ки танҳо моликияти давлатӣ маҳсуб мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. ҳамаи соҳибони шабакоти алоқаи барқӣ ҳуқуқҳои баробар доранд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум

Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум шабакаи алоқаи барқие мебошад, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ягонаи хизматрасонӣ, тартиби пешниҳод ва пардохти он пешбинӣ карда шудааcт.

Ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ метавонад шабакаи алоқаи барқии истифодаи умумро созмон диҳад ва истифода барад, инчунин  мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур хизмати алоқаи барқии истифодаи умумро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 28. Шабакоти  алоқаи барқии мақомоти идоравӣ ва ҷудошуда

Ба шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ шабакоти алоқаи барқие мансубанд, ки барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ва махсуси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шудa, дар ихтиёри онҳо мебошанд ва аз тарафи онҳо истифода бурда мешаванд. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ метавонанд барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба дигар истифодабарандагон низ пешниҳод карда шаванд.

Ба шабакоти алоқаи барқии ҷудошуда шабакоти алоқаи барқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба доираи маҳдуди истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд, мансубанд.

Қоидаҳои хизматрасонӣ аз тарафи операторони шабакоти алоқаи барқии идораҳо аз ҷониби операторони худи ҳамин шабакоти алоқаи барқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Васли шабакоти алоқаи барқии идоравӣ ва ҷудошуда бо шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар асоси шартномаи дахлдор ба амал бароварда мешавад. Шарту талаботи чунин тарзи васли байнишабакотӣ бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 29. Васлҳои байнишабакотӣ

Операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум, ки мавқеи бартарӣ доранд, вазифадоранд дархостҳоро оид ба васли байнишабакотии шабакаҳои худ бо шабакаҳои операторони дигари алоқаи барқие, ки иҷозатнома доранд, қонеъ гардонанд.

Васли байнишабакотӣ дар асоси шартномаҳои байни операторони алоқаи барқӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ тасдиқ мекунад, ба амал бароварда мешавад. Муқаррароти шартнома оид ба васли байнишабакотӣ набояд ба муқаррароти Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шартҳои васли байнишабакотӣ, ки онҳо тариқи қонунгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар гардидаанд, мухолиф бошанд. (қҷт 20.03.08, №379)

Дар сурати вуҷуд доштани имконияти техникӣ барои васли байнишабакотӣ иҷрои он набояд рад карда шавад. Ҳар як радкунии  васли байнишабакoтӣ бояд пурра асоснок карда шавад.

Дар сурати  рад намудан ба васли байнишабакотӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб тарафи ҷабрдида метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ муроҷиат намояд. (қҷт 20.03.08, №379)

Моддаи 30. Таҷҳизоти ниҳоӣ

Ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи ворид намудан, фурўш, васлу истифодабарӣ ва хизматрасонии таҷҳизоти ниҳоиро дорад.

Ҳар як таҷҳизоти ниҳоӣ метавонад ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар сурате васл карда шавад, ки он ба талаботи асосии моддаи мазкур мувофиқ буда, бо тартиби муқарраршуда сертификат гирифтааст.

Талаботи асосӣ нисбати таҷҳизоти ниҳоӣ аз инҳо иборат мебошанд:

— бехавфӣ барои истифодабарандагон ва ҳайати кормандони шабакаи алоқаи барқӣ;

— мувофиқат ба талаботи мутобиқати электромагнитӣ;

— самаранок истифода бурдани спектри радиобасомад ва пешгирӣ намудани халалҳои радиотехникӣ байни системаҳои кайҳонӣ ва рўизаминӣ;

— мутобиқат ва ҳамкориҳо бо воситаҳои шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум;

— ҷонибдории таснифоти дахлдоре, ки дастрас намудани алоқаи таъҷилиро кафолат медиҳанд ва кори аз онҳо истифода бурдани истифодабарандагони ҷисман маъюбро осон менамоянд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ номгўи таҷҳизоти ниҳоиеро, ки сертификати мутобиқат дорад, нашр мекунад. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 31. Рақамгузорӣ

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ  идоракунии рақамгузориро ба амал бароварда, нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муқаррар менамояд ва назорат мекунад. (қҷт 20.03.08, №379)

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ операторони алоқа ва истифодабарандагонро, ки таҷҳизоти ниҳоӣ доранд, бо тақсимот ва истифодаи самараноки рақамҳо таъмин менамояд. (қҷт 20.03.08, №379)

Рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ дар асоси пардохти пулӣ дода мешавад. Миқдор ва тартиби пардохти истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд. (қҷт 20.03.08, №379); «қҷт 31.12.08 №462»

 

Моддаи 32. Хизматрасонии универсалӣ

Хизматрасонии универсалӣ аз рўи тарифҳо ва шартҳои техникӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи истифодабарандагони ҷисман маъюби ба ин хизматрасонӣ эҳтиёҷоти махсусдошта пешниҳод гардида, барои ба онҳо дастрас будани хизмати алоқа мусоидат менамояд. Интиқоли зангзаниҳои бемузд ба хадамотҳои садамавӣ ва таъҷилӣ барои ҳамаи таъминкунандагони хизмати алоқаи телефонии истифодаи умум ҳатмӣ мебошад.

Ба операторон вазифаҳои расонидани хизмати универсалӣ метавонанд вогузор шаванд. Тартиби расонидани хизмати универсалӣ аз тарафи операторони алоқаи барқии универсалӣ ва маблағгузории хароҷоти  иҷрои вазифаҳо нисбати хизмати универсалӣ бо Низомнома дар бораи хизматрасонии универсалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 33. Истифодаи шабакоти алоқаи барқӣ ба манфиати идоракунии давлатӣ, мудофиа, амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавқулодда

Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ аз тарафи мақомоте, ки махсус, бино ба таъиноти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бунёд ва истифода карда мешавад. Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ бояд махфияти маълумотеро, ки ба тавассути ин шабака таҳвил мегардад, таъмин намояд.

Ҳамаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шабакоти алоқаи барқии дохилӣ истифода мебаранд ва инчунин операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум вазифадоранд барои иҷрои талаботи идораи давлатӣ, аз ҷумла мудофиа, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод намудани шабакаҳо ва хизмати алоқаи барқиро таъмин намоянд.

Идоракунии шабакоти алоқаи барқӣ дар ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ, инчунин вазорату муассисаҳое, ки шабакоти алоқаи барқии худӣ доранд,  ба амал бароварда мешавад.  (қҷт 20.03.08, №379)

Ҳангоми рўй додани ҳолатҳои фавқулоддае (амалиётҳои ҷангӣ, офатҳои табиӣ, карантин ва ғайра), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мақоми давлатии ваколатдор дар истифодабарӣ ҳуқуқи бартариятнок дошта, инчунин барои маҳдудкунӣ ва ё боздоштани фаъолияти ҳар як шабака ва воситаи алоқаи барқӣ сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо ҳуқуқ доранд.

Зарари ба операторони алоқаи барқӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бо мақсади таъмини мудофиаи миллӣ, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зимни истифодабарии шабакаҳо ва воситаҳои алоқаи барқӣ расонидашуда мутобиқи қонунгузорӣ ва мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҷуброн карда мешавад.

Операторони алоқаи барқӣ вазифадоранд таҷҳизот ва истифодабарии воситаҳоеро, ки барои хабардоркунии аҳолӣ аз хавфи ҳолатҳои фавқулодда заруранд, таъмин намоянд.

 

Моддаи 34.  Амали якҷояи операторон ва провайдерони хизмати  алоқаи барқӣ бо  мақоме, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷўро амалӣ мегардонанд

Операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва шакли моликият, мавриди коркард, офариниш ва истифодабарӣ аз шабакаҳои алоқа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба мақомҳое, ки фаъолияти фаврии ҷустуҷўӣ мебаранд, кўмак намоянд ва ба тавассути шабакаи алоқаи барқӣ ба амал баровардани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷўӣ шароит фароҳам оваранд, барои роҳ надодан ба ошкор кардани усулҳои ташкилӣ ва тактикии гузаронидани чорабиниҳои мазкур чораҳо андешанд.

Дар сурати истифодаи ғайриқонунӣ аз воситаҳои алоқа, ки ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат зарар меоваранд, идораҳои ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳар гуна шабака ва воситаҳои алоқаро, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва шакли моликият боздоранд.

 

Моддаи 35.  Ахбороти афзалиятнок

Операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагон бояд бартарияти мутлақи ахбороти зеринро таъмин намоянд:

— хавфи бехатарии ҳаёти инсон дар об, замин, ҳаво, фазои кайҳонӣ;

— гузаронидани чорабиниҳои таъхирнопазир ҷиҳати мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;

— садамаҳои калон, фалокатҳо, паҳншавии эпидемияҳо, муриши ҳайвонот, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда.

 

Моддаи  36.  Имтиёз ва бартариҳо дар мавриди истифода аз алоқаи барқӣ

Барои гурўҳи алоҳидаи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дипломативу консулии давлатҳои хориҷа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин гурўҳи алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми истифода аз алоқаи барқӣ афзалияту имтиёзҳо оид ба навбат, тартиби истифодабарӣ ва андозаи пардохти хизмати алоқаи барқӣ муқаррар карда мешаванд.

Номгўи гурўҳҳои шахсоне, ки ба чунин афзалияту имтиёзҳo ҳуқуқ доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ҷуброни даромадҳои пурра ба даст оварданашуда ба операторон ва ё хизмати алоқаи барқӣ дар натиҷаи муқаррар намудани имтиёзҳою бартариҳо ҷиҳати истифодабарии хизмати алоқа ва ё дигар намуди зарар бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 37. Сифати хизмати алоқаи барқӣ

Операторони алоқаи барқӣ вазифадоранд ба истифодабарандагон чунон хизмат расонанд, ки ба талаботи ҳатмии сифати хизмати алоқаи барқӣ ба стандартҳо, меъёрҳои техникии хизмати алоқаи барқӣ мутобиқ бошад, инчунин онҳоро доир ба хизмати алоқаи барқӣ ва сифати он бо ахборот таъмин намоянд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҷиҳати сифати хизмати алоқа барои дараҷаҳои гуногуни хизмати алоқаи барқӣ, ки онҳо аз ҷониби операторони шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум пешниҳод  мегарданд, талаботи ҳадди ақалро муқаррар мекунад. (қҷт 20.03.08, №379); «қҷт 31.12.08 №462»

Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизмат дар асоси сифати миёнаи ба даст овардашудаи хизмат муқаррар гардида, тасҳеҳи он бо мақсади баланд бардоштани сифати хизмат бо дарназардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагон, тараққиёти техникӣ ва қобилияти ҳаёти иқтисодӣ давра ба давра тағйир дода мешавад.

Назорати сифати хизмат дар асоси нишондиҳандаҳои зарурии кор ва  усулҳои назорати сифат, ки бо дастури дахлдор муайян мегарданд, ба амал бароварда мешавад. Операторони алоқаи барқӣ ҳар нимсола мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба сатҳи сифати ба даст овардашуда огоҳ менамоянд. (қҷт 20.03.08, №379)

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми вайрон кардани талаботи сифати хизмат пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқиро манъ намояд. (қҷт 20.03.08, №379)

 

Моддаи 38. Ҳуқуқи истифодабарӣ аз шабакоти алоқа ва расонидани хизмати алоқа

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани ҳар гуна иҷозатнома  ҷиҳати истифодабарӣ аз шабакоти алоқаи барқӣ ва ё пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин ба гирифтани ҳар гуна иҷозатномаи истифодабарии спектри радиобасомади вобаста ба он ҳуқуқ доранд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар хусусигардонии шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум, ки давлат ихтиёри истифода ё назорати онҳоро дорад, иштирок кунанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, барои фаъолият дар соҳаи алоқа мувофиқи ҳамон шартҳо ва тартиботе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, иҷозатнома мегиранд ва дар ҷараёни хусусигардонӣ иштирок мекунанд.

 

Моддаи 39. Истифодаи забонҳо ва алифбоҳо

Суроғаи шахси фиристанда ва гирандаи барқияҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд, бояд ба забони тоҷикӣ ва ё забони русӣ ба расмият дароварда шаванд.

Матни барқияҳо бояд бо ҳуруфи алифбои тоҷикӣ, русӣ ё лотинӣ навишта шавад.

Ахбороти байналмилалии тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ интиқолёфта бо забонҳое таҳия мегарданд, ки онҳоро муқаррароти  шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

 

Моддаи 40. Вақти ҳисобу ҳисобот

Ҳангоми амалӣ намудани фаъолият вобаста ба пешниҳод намудани хизмат аз ҷониби операторон ва идораҳои хизматии алоқаи барқӣ, сарфи назар аз ҷой ва мавқеи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти ягонаи ҳисобу ҳисобот – вақти маҳаллӣ мебошад.  

БОБИ VII. ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ ДАВЛАТӢ  ВА ВОСИТАҲОИ  ОПЕРАТОРОНИ ШАБАКАИ АЛОҚАИ БАРҚИИ ИСТИФОДАИ УМУМ

 

Моддаи 41. Истифодаи заминҳои алоқаи барқӣ, тараққиёт ва таҷдиди воситаҳои алоқаи барқӣ

Ба заминҳои шабакаи алоқаи барқӣ заминҳое мансубанд, ки барои истифода ба операторон барои ба амал баровардани вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда ҷиҳати истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоот ва объектҳои шабакаи алоқаи барқӣ дода шудаанд.

Заминҳо барои таъмин намудани фаъолияти алоқаи барқӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дода мешавад.

Барои таъмини истифодабарӣ аз хатҳои кабелӣ, радиорелеӣ ва хатҳои ҳавоии алоқаи барқӣ минтaқаҳои муҳофиза муқаррар карда мешаванд. Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои муҳофиза, ҳаҷми онҳо, тартибу низоми истифодаи заминҳоеро, ки барои ин мақсадҳо ҷудо карда шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 42. Ҷойгиронии воситаҳои техникии шабакаҳои алоқаи барқӣ

Мавриди тарҳрезӣ ва тараққиёти шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, ҳамчунин маҳаллаҳо ва гузарҳои аҳолинишин, биноҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ ва иншоотҳо, идораҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ якҷоя бо ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутобиқи меъёрҳои қобили татбиқ ва талаб вазифадоранд, ки талаботи операторони алоқаи барқиро ҷиҳати ҷойгиронии воситаҳои техникии онҳо ба назар гиранд.

Операторон ва хизмати алоқаи барқӣ метавонанд дар замин, дар биноҳо, дар симчўбҳо, дар купрукҳо, дар трубопроводҳо, дар роҳҳо ва коллекторҳо, туннелҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳо, бо огоҳонии пешакӣ ва агар талаб карда шавад, бо бастани шартнома бо мулкдорон ё шахсони дигаре, ки ба чунин участкаҳои замин ё иншоот ҳуқуқ доранд, такягоҳҳо, хати алоқа ва дигар иншоотҳо созанд, насб кунанд ва истифода баранд.

Корҳои сохтмон, насб ва истифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ бояд бо баҳисобгирии талаботи амнияти экологӣ ва безарар ба сифатҳои эстетикии маҳалле, ки чунин корҳо бурда мешаванд, анҷом мегиранд. Ҳамзамон барои ҳар чӣ камтар шудани зараре, ки ба моликияти хусусӣ ё ба муносибати ҳуқуқи роҳ додан расонида мешавад, чораҳо андешида мешавад. Баъди ба охир расидани ҳар гуна корҳо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё худ иншоот оператори алоқаи барқӣ вазифадор аст, ки қитъаи замин, бино ё иншоотеро, ки дар он кор бурдааст, аз ҳисоби худ ба ҳолати аввалааш оварад.

Оператори алоқаи барқӣ вазифадор аст товони зареро, ки ба бино, қитъаи замин ё иншоот дар натиҷаи сохтмон, насб, тармим, инчунин истифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ расидааст, пардозад.

Дар ҳолатҳои фавқулодда ва дар мавриди зарурати аз тарафи операторон гузаронидани корҳои таъхирнопазир оид ба барқарор кардани шабакаи алоқаи барқӣ ё васлкунии иншооти алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё иншоотҳои дигаре, ки моликияти шахсии ин гуна оператор нестанд, оператори алоқаи барқӣ вазифадор аст тамоми кўшишҳоро ба харҷ диҳад, то соҳиби қитъаи замин, бино ё дигар иншоотҳоро огоҳ намояд ва сари вақт розигии ўро барои гузаронидани корҳои мутазаккира гирад. Нагирифтани ризояти соҳиб монеа ба гузаронидани ин корҳо шуда наметавонад ва оператори алоқаи барқиро аз пардохти товoни ҳар гуна зарaр, ки мавриди иҷрои ин гуна корҳо расидааст, озод намекунанд.

Азнавсозӣ ва ба ҷои дигар кўчонидани иншооти алоқаи барқӣ, ки бо тақoзои сохтмони нав, васеъ кардан, таҷаддуди нуқтаҳои аҳолинишин ва биноҳои алоҳида, азнавсозии роҳҳо ва купрукҳо, азхудкунии заминҳои нав, азнавсозии системаи мелиоратививу коркарди канданиҳои фоиданок рух медиҳанд, аз ҳисоби супоришдиҳандаи сохтмон мувофиқи стандартҳои ҷорӣ ва шартҳои техникии соҳибони шабакот ва воситаҳои алоқаи барқӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ҳамзамон зиёд кардани иқтидори алоқаи барқӣ аз ҳисоби соҳибони онҳо ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 43. Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ

Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ аз ҷониби операторони ин шабакаҳо ба амал бароварда мешавад.

Мақомоти идораи давлатӣ ба кори бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рўйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ кўмак мерасонанд.

Гузаронидани корҳо ҷиҳати рафъи ҳодисаҳои рўйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ гирифтани иҷозати истифодабарандагон (соҳиб, иҷорагир)-и қитъаи замин, моликони бино ва ё иншоот, ки дар онҳо воситаҳои алоқаи барқӣ ҷойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад. Товони зараре, ки дар натиҷаи бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рўйдода ба молик (соҳиб, иҷорагир) расонида мешаванд, аз операторони дахлдор ситонида мешавад.

Товони зараре, ки ба операторон дар натиҷаи ҳодисаҳои ғайричашмдошт дар шабакаи алоқаи барқӣ бо гуноҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рўй додааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз худи онҳо ҷуброн карда мешавад.

БОБИ VIII.  МУҚАРРАРОТИ НИҲОӢ

 

Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 45. Ҳамкории байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.

Дар фаъолияти байналмилалӣ  мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти ягонаи алоқа баромад мекунад, бо маъмуриятҳои алоқаи дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии алоқа ҳамкорӣ менамояд, фаъолияти байналмилалиеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амал мебароранд, ҳамоҳанг месозанд. (қҷт 20.03.08, №379)

Пардохти ҳаққи узвият барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ҳатман аз тарафи давлат маблағузорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 46. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни  мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Ш.Раҳмонов

ш. Душанбе, 10 майи соли 2002

      №  56

ШАРИКОН: