ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи авфи умумӣ

Ба муносибати даҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти принсипи башардўстӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, сарфи назар аз мўҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкумшудагони зерин аз  ҷазо озод карда шаванд:

а) занҳое, ки кўдакони ноболиғ доранд ва занҳои ҳомила;

б) занон аз 50 ва мардон аз 55 сола боло;

в) маъюбони гурўҳҳои 1 ва II, инчунин шахсони гирифтори  касалии сил (туберкулез), ки ба гурўҳи 1 ва II қайди диспанерӣ дохил  мебошанд;

г) иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиён ва собиқадорони  амалиётҳои ҷангӣ дар  ҳудуди дигар давлатҳо;

д) шахсоне, ки бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд;

е) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона баромада рафтаанд, худсарона қисм ё маҳалли  хизматро тарк кардаанд, фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо роҳи маъюб кардани худ, ё бо тарзи дигар саркашӣ  кардаанд;

ж) шаҳрвандони хориҷӣ;

з) шахсоне, ки аз ҷониби судҳои дигар давлатҳо маҳкум шуда ва  барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.

  1. Ноболиғоне, ки бори аввал ба мўҳлати то шаш соли пурра аз озодӣ маҳрум шуданд ё ба ҷазое, ки бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста нест  маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
  2. Маҳкумшудагоне, ки барои аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудан ва то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
  3. Маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир кардани ҷиноят аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, озод карда шаванд:

а) занҳое, ки бори аввал ба мўҳлати то ҳашт соли пурра маҳкум шудаанд;

б) мардоне, ки бори  аввал ба мўҳлати то панҷ соли пурра маҳкум шудаанд;

в) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мўҳлати то даҳ соли пурра маҳкум шудаанд ва агар на камтар аз се ду ҳиссаи мўҳлати ҷазоро адо  карда бошанд;

г) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мўҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд ва агар на камтар аз чор се ҳиссаи мўҳлати ҷазоро  адо карда бошанд;

  1. Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо шартан ҷазо татбиқ карда нашудааст, дар колонияҳои ислоҳи сукунат ҷазоро адо мекунанд, инчунин онҳое, ки ба дигар ҷазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
  2. Тафтиши парвандаҳои зерине, ки таҳти таҳқиқ ва тафтиш қарор доранд ва парвандаҳое, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд;

а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин  Конун аз тарафи шахсони дар бандҳои 1 ва 2 ҳамин Қонун  номбаршуда содир гардидаанд;

б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста  набударо  пешбинӣ намудааст;

в) нисбати  шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва  барои он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум  сохтан аз озодиро  ба мўҳлати то даҳ сол пешбинӣ намудааст;

г) нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноят содир намудаанд ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба мўҳлати то панҷ  сол ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтанро пешбинӣ намудааст.

  1. Мўҳлати адонагардидаи ҷазои шахсоне, ки бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва таҳти амали бандҳои 2-4 ҳамин Конун  қарор намегиранд, кам карда шавад:

а) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба  мўҳлати то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд-аз се як  ҳисса;

б) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мўҳлати зиёда аз даҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд- аз чор як ҳисса;

в) маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва ба   маҳрумӣ аз озодӣ зиёда аз даҳ сол  маҳкум шудаанд – нисфи мўҳлати  ҷазо:

  1. Нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун татбиқ карда нашавад:

а) барои ҷиноятҳои бо моддаҳои 61-71; 74; 75 қисми 2; 76 қисмҳои 3, 4 (бо истиснои воситаҳои нашъадор); 89 қисми  4; 90 қисми 4; 91 қисми 2; 95 қисми 3; 96; 99 қисми 2; 104; 105; 111 қисми 2; 121; 135 қисми 3; 156; 160 қисми 3; 186 қисмҳои 2, 3; 187 қисми 2; 1871 қисми 2; 2061; 220 қисми 3; 227 қисми 3; 233 қисми 3; 234 қисмҳои 1, 2; 2341; 240 (агар миқдор воситаҳои нашъадор-героин аз як кг.; афюн (опий)- се кг.: канабис ва пахоли (салома) кўкнор-панҷ кг.; банг (гашиш) – ду кг.: морфин-як кг.; дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, агар миқдори онҳо аз яксаду панҷоҳ грамм, се ҳазор дона ҳаб (таблетка) якҳазору дусад ампула зиёд бошад); 2401; 2402; 241 қисми 3; 249 банди «в»; 250 бандҳои «б, в»; 252 банди «б»; 260; 261 банди «в»; 270 банди «в»; 271; 276; 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда;

б) ба шахсоне, ки пас аз 1 сентябри соли 1998 баъди мавриди амал қарор гирифтани Кодекси ҷиноятӣ, ҷиноятҳои зеринро содир  кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум  гардидаанд, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6  ҳамин Қонун татбиқ карда  нашавад:

-барои ҷиноятҳои ба муқобили  асосҳои сохти Конститутсионӣ ва амнияти давлат бо моддаҳои 305-313; ҷиноятҳои ба муқобили сулҳу  амнияти инсоният бо моддаҳои 395-405; барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 104; 110 қисмҳои 2, 3; 130 қисмҳои 2 ва 3; 131 қисми 3; 138;  139 қисмҳои 2, 3 ва 4; 179; 181;  184 қисми 3; 186; 187; 189; 195 қисмҳои 1, 2, 3; 199; 200 ва 201 (агар миқдори воситаҳои нашъадор-героин аз як кг.; афюн (опий) – се кг.; канабис ва пахоли (салома) кўкнор- панҷ кг.;  банг (гашиш) ду кг.; морфин–як кг.; дигар воситаҳои нашъадор,  моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, агар миқдори онҳо аз яксаду панҷоҳ грамм, се ҳазор дона ҳаб (таблетка), якҳазору дусад ампула  зиёд бошад); 202 қисмҳои 2, 3;  203 қисмҳои 2 ва 3; 204 қисмҳои 2, 3; 237 қисми  3; 244 қисмҳои 3, 4; 245 қисмҳои 3, 4; 248 қисмҳои 2, 3, 4; 249; 250 қисмҳои 2, 3, 4; 252 қисми 3; 289 қисмҳои 3, 4( бо истиснои воситаҳои  нашъадор); 316 қисми 3 (нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо); 319 қисмҳои 3 ва 4; 329; 357; 368 қисми  2; 369 қисмҳои 2, 3; 370 қисмҳои 2, 3; 382; 386 қисми 4; 391 қисмҳои 3, 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;

в) маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидвисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё  ҷиноятро дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок содир намудаанд;

г) шахсоне, ки пештар ба тариқи бахшиши ҷазо ё авфи умумӣ аз  ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод шудаанду боз ҷинояти қасдона  содир намудаанд, агар мўҳлати ҷинояте, ки аз рўи он авфи умумӣ ё  бахшидани ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;

д) маҳкумшудагоне, ки низоми нигоҳдориро ба таври ашадӣ ва мунтазам вайрон кардаанд, бо истиснои маҳкумшудагоне, ки дар  зербандҳои «б» ва «в»-и банди 1 ҳамин Қонун нишон дода шудаанд.

9.Ҳамин Қонун  нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки аз ҷониби мақомоти  таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун ҷиноят  содир намудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои  давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва барои  минбаъд адо намудани ҷазо ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.

  1. Иҷрои ҳамин қонун ба зиммаи мақомотҳои зерин гузошта шавад:

а) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши  пешакӣ:

-нисбати шахсоне, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти  баррасии ин мақомот қарор доранд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои  ҷиноятӣ нисбати онҳо таҳти тафтиш карор дошта, дар кофтуков  мебошанд;

б) ба зиммаи судҳо:

-нисбати шахсоне, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани ҳамин Қонун баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳо дар  бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи  қонунӣ пайдо накардаанд;

-нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон мавқуф гузошта  шудааст ва шахсоне, ки бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда  нашудааст (масъалаи татбиқи авф аз рўи пешниҳоди мақомоти корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ҳал  карда мешавад);

-нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрумият аз озодӣ шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод шудаанд, ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то эътибор пайдо намудани ҳамин  Қонун ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки оид ба шартан пеш аз мўхлат озод кардан аз ҷазо, ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);

-нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун ҷарима бо сабабҳои  узрнок ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм  барворадааст ҳал менамояд);

в) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:

-нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи  қонунӣ пайдо кардаанд;

-нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи  меҳнатӣ дар ҷои корашон, ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои муайян, ё машғул шудан ба фаъолияти муайян;

г) ба зиммаи муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ва изоляторҳои  тафтишотӣ:

-нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо ба қувваи қонунӣ даромадааст;

-нисбати маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳи сукунат ҷазоро адо мекунанд;

д) ба зиммаи фармондеҳии кисмҳои интизомии ҳарбӣ:

-нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба фиристодан ба қисмҳои  интизомии ҳарбӣ маҳкум гардидаанд.

  1. Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то санаи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун иҷро нашудаанд ба зиммаи он мақомот ва муассисае гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон гузошта шудааст.
  2. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё накардани авф нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумотҳои зарурӣ дар бораи маҳкумшуда, муҳокимаи масъалаи татбиқи авф то пайдо намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ мавқуф гузошта  мешавад.
  3. Қарор дар бораи татбиқи авф, ки аз тарафи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, инчунин  изоляторҳои тафтишотӣ қабул карда мешаванд, аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.

Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки  прокурор ҳатмист.

  1. Ҳангоми татбиқи Қонун дар бораи авф бояд ба назар гирифт:

а) зербанди «а» банди 1 Қонун дар бораи авф нисбати заноне татбиқ мегардад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда нашудаанд ва то рўзи ба  қувваи қонунӣ даромадани санади авф ҳомила шудаанд, кўдакони то  18 сола доранд, инчунин занҳое, ки иҷроиши ҳукм нисбати онҳо бо  чунин асосҳо мавқуф гузошта  шудааст.

Дар тарбияи занон будани кўдакони то 18 сола, ҳомила будани  зан дар асоси ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод гардидаанд, тасдиқ карда мешавад.

б)  таҳти амали зербанди «б» банди 1 занон ва мардоне қарор  мегиранд, ки  то рўзи ба қувваи  қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф, мутаносибан ба синни 50 ва 55 солагӣ расидаанд:

в) зербанди «в» банди 1 Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне  татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқаррашуда то ба қувваи қонунӣ  даромадани Қонун дар бораи авф маъюби гурўҳи 1 ва II дониста шудаанд. Гирифтори касали сил (туберкулез) шахсоне дониста мешаванд, ки то рузи қабули санади авф бо тартиби муқарраршуда ба гурўҳҳои 1 ва II кайди диспансерӣ мансуб дониста шудаанд;

г) таҳти амали зербанди «д» банди 1 Қонун дар бораи авф  шахсоне қарор мегиранд, ки бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди  Шўравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд ва дар асоси қонун ҳамчун мукофоти давлатӣ дониста мешаванд;

д) таҳти амали зербанди «з» банди 1 Қонун дар бораи авф маҳкумшудагоне қарор мегиранд, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва дар асоси  Созишнома барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд.

  1. Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки дар зербанди «е» банди 1 Қонун нишон дода шудаанд, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ, суд бе даъват намудани ин гурўҳ шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.

Чунин тартиби қабули санади авф нисбати шахсони дар банди 6  Қонун дар бораи авф нишон додашуда, ки истеҳсолоти парвандаҳои  ҷиноятӣ бинобар кофтукови онҳо боздошта шудаанд, татбиқ карда мешавад.

  1. Мувофиқи банди 2 Қонун дар бораи авф, ноболиғон шахсоне дониста мешаванд, ки то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф ба синни 18 солагӣ нарасидаанд.
  2. Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки барои содир намудани маҷмуи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз онҳо дар зербандҳои «а» ва «б» банди 8 Қонун дар бораи авф пешбинишуда бошад, татбиқ карда намешавад.
  3. Мўҳлати ҷазои адокардашудаи маҳкумшудагони дар зербандҳои «в» ва «г» банди 4 Қонун дар бораи авф нишон додашуда, то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба ҳисоб гирифта мешавад.
  4. Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонун дар бораи авф татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
  5. Мутобиқи банди 7 Конун дар бораи авф қисми мўҳлати ҷазо, ки то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун адо нагардидааст, кам карда мешавад.

Ҳангоми татбиқи санади авф нисбати шахсоне, ки қаблан мўҳлати ҷазояшон бо тартиби бахшиши ҷазо ё авф кам карда шудааст,  мўҳлати ҷазое, ки мутобиқи санади бахшиши ҷазо ё авф муқаррар гардидааст, ба инобат гирифта шавад.

  1. Мувофиқи зербандҳои «а» ва «б» банди 8 Қонун дар бораи авф, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Конун нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки агар микдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо аз як кг. героин, се кг. афюн (опий) ва дигар воситаҳои аз он истеҳсолшаванда, панҷ кг. канабис, пахоли (саломаи) кўкнор ва дигар воситаҳои аз онҳо истеҳсолшаванда, ду кг. банг (гашиш) ва дигар воситаҳои аз он истеҳсолшаванда, як кг. морфин, дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо аз  яксаду панҷоҳ грамм, се ҳазор дона ҳаб (таблетка) як ҳазору дусад  ампула зиёд бошанд. Дар ин маврид вазни холиси восита ва моддаҳо, ки мувофиқи хулосаи экспертизаи химиявӣ муқаррар шудааст, ба  инобат гирифта мешавад.

Амали бандҳои  1, 2, 4 ва 6 Конун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки бо моддаҳои 76 қисмҳои 3, 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва 289 қисмҳои 3, 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои контрабандаи (қочоқи) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз миқдори дар банди 8 ҳамин Қонун нишон додашуда зиёдтар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё маҳкум шудаанд, татбиқ карда намешавад.

  1. Маводи шахсоне, ки таҳти амали Қонун дар бораи авф қарор мегиранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои зўҳравӣ таъин гардидааст, дар давраи иҷрои ҳамин Қонун барррасӣ гардида, қарор дар бораи озод намудани онҳо танҳо пас аз ба охир расидани давраи пурраи табобати маҷбурӣ мавриди иҷро қарор дода мешавад.

Барои анҷомёфта донистани муолиҷаи касалии зўҳравии  маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати шахсе, ки суд аз майзадагӣ ё  нашъамандӣ табобати маҷбурӣ фармудааст, таъиноти суд дар бораи  қатъ кардани табобати маҷбурӣ асос мебошад.

Барои ташкил намудани ёрии тиббии зарурӣ ба шахсоне, ки  гирифтори касалии сил (туберкулез) ба гурўҳҳои 1 ва II қайди диспансерӣ мансуббуда, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод шудаанд,  маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ ўхдадоранд ба мақомотҳои маҳаллӣ  ва тандурустӣ дар ин хусус хабар расонанд.

  1. Вайронкунандагони низоми нигоҳдорӣ чунин маҳкумшудагон дониста мешаванд:

а) маҳкумшудагоне, ки мунтазам талаботи низоми нигоҳдориро вайрон мекунанд ва вобаста ба вазнинии вайронкунии  содиркардаашон камаш се ҷазои интизомии мўҳлаташ адонашуда, ё  бекорнашуда дошта бошанд;

б) маҳкумшудагоне, ки дар вақти адо намудани ҷазо қасдан  ҷиноят содир кардаанд;

в) маҳкумшудагоне, ки бе сабабҳои узрнок дар мўҳлатҳои қонун ва суд муқарраркарда ҷаримаро насупоридаанд.

  1. Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои тулонӣ ё давомдор содир кардаанд Қонун дар бораи авф танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин намуд ҷиноятҳо то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун анҷом ёфта бошанд.

Талаботи банди мазкур нисбати шахсоне, ки дар зербанди «е» банди 1 Қонун дар бораи авф нишон дода шудаанд, татбиқ карда  намешавад.

  1. Қонун дар бораи авфи умумӣ дар давоми шаш моҳ мавриди иҷро қарор дода шавад.
  2. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи Қонун дар бораи авф пас аз мўҳлати шашмоҳаи баъд аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи  банди 10 ҳамин Қонун иҷро карда мешавад.
  3. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мўҳлати иҷрои Қонун дар бораи авф, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он, ҳисобот пешниҳод намоянд.

                Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э.Раҳмонов

ш. Душанбе, 29 августи соли 2001

№ 44

ШАРИКОН: