ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001

Моддаи 1.  Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001  аз рўи  даромад ба маблағи 301653 ҳаз. сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи 314053 ҳаз. сомонӣ,  бо барзиёдии хароҷот  нисбат ба  даромад ба маблағи 12400 ҳаз. сомонӣ,  тасдиқ карда шавад.

Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатӣ барои соли 2001  ба маблағи 12400 ҳаз. сомонӣ ё 0,6 фоизи  маҷмўи маҳсулоти дохилӣ муқаррар карда шавад. Манбаи  пўшондани касри буҷет даромад аз хусусигардонии моликияти давлатӣ ба маблағи 8000 ҳаз. сомонӣ, аз  фурўши векселҳои хазинадорӣ-2100 ҳаз. сомонӣ, депозитҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2300 ҳаз. сомон муайян карда  шавад.

 

Моддаи 2.  Барои маблағгузории хароҷоти буҷети ғайритавозун, манбаъҳои  берунӣ ба маблағи 47390 ҳаз. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби  қарзи Бонкҳои Ҷаҳонӣ ва Осиё ба маблағи 44390 ҳаз. сомонӣ ва Иттиҳоди Аврупоӣ-3000 ҳаз. сомонӣ пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 3.  Буҷети Фонди  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001 аз рўи даромад ва хароҷот ба маблағи  42000 ҳаз. сомонӣ муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 4.  Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2001 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андозҳои зерин  ворид   мегарданд:

 

-андоз аз фурўш                                                                  -100 фоиз;

-боҷи гумрукӣ                                                                     -100 фоиз;

-андози замин                                                                      -15 фоиз;

-андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тариқи

мақомоти гумрук ворид  мешавад                                    -100 фоиз;

-аксизҳо, ки аз тариқи макомоти гумрук

ворид мешаванд                                                                  -100 фоиз;

-андоз аз  истифодабарандагони роҳҳои

автомобилгард, ки аз тариқи мақомоти

гумрук ворид мешавад                                                       -100 фоиз.

 

Моддаи 5. Барои соли 2001 фоизи  маблағгузорӣ аз андозҳо ва даромадҳои умумидавлатӣ аз андозсупорандагоне, ки  дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ  ба андозаҳои  зерин муқаррар карда шавад:

 

а) андоз аз арзиши  иловашуда ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо  ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд) –100 фоиз.

Вилояти Суғд- 42 фоиз ба буҷети  вилоят ва 58 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ;

 

б) аксиз-вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияи Ҳисор -100  фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ.

Вилояти Суғд-50 фоиз  ба буҷети  вилоят ва 50 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ.

Дигар  вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо –100 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ.

 

в)  андоз  аз фоидаи  шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз амволи  корхонаҳо (ғайр аз вилояти Суғд)  ба буҷети вилоятҳо,  шаҳрҳо ва  ноҳияҳо-100 фоиз.

Вилояти Суғд – 55 фоиз ба буҷети  вилоят ва 45 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ;

 

г) андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз ш. Турсунзода) – 100 фоиз.

ш. Турсунзода 19 фоиз ба буҷети шаҳр ва 81 фоиз ба буҷети  ҷумҳуриявӣ;

 

д) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (ғайр аз ш. Душанбе) – 100  фоиз  ба буҷети ҷумҳуриявӣ.

ш. Душанбе- 89 фоиз  ба буҷети шаҳр ва 11 фоиз ба буҷети   ҷумҳуриявӣ:

 

е) андози замин – 85  фоиз   ба буҷети маҳаллӣ;

 

ж) андозе, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд  тибқи  системаи соддакардашуда пардохта мешавад – 100 фоиз ба  буҷетҳои  маҳаллӣ;

 

з)  андоз аз истифодабарнадагони конҳо (қаъри замин) – 100  фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;

 

и)  боҷи давлатӣ 100 фоиз ба буҷетҳои маҳаллӣ;

 

к) андоз аз моликияти ғайриманқули  шахсони  воқеӣ- 100 фоиз  ба буҷетҳои  маҳаллӣ;

 

л) андоз аз соҳибони  воситаҳои наклиёт – 100 фоиз  ба буҷетҳои  маҳаллӣ;

 

м) андозу боҷҳои  маҳаллӣ (андоз аз фурўши  чакана, андоз  барои нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, пардохти патент, боҷҳо ва ҳаргуна даромадҳои  ғайриандозӣ) – 100 фоиз ба  буҷетҳои маҳаллӣ;

 

н) аз Роҳи оҳани Тоҷикистон, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз амволи корхонаҳо ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои  автомобилгард – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

Аз Бонки  амонатгузории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз  аз фоида ва андоз аз амвол – 100 фоиз ба  буҷети  ҷумҳуриявӣ.

 

о) аз Бонки  миллии Тоҷикистон фоидаи соли молиявӣ баъд аз мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда ташаккул додани фондҳо ва захираҳо – 100 фоиз  ба буҷети ҷумҳуриявӣ.

 

Моддаи 6. Барои соли 2001 меъёри (ставкаи) андоз аз фурўши алюминии аввалия дар соли 2001-2 фоиз, нахи  пахта аз 1 январ ба андозаи 20 фоиз, аз 1 сентябри соли 2001 аз ҳосили соли 2001-15 фоиз  муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 7.  Ҳукуматҳои  Вилояти мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои соли 2001  меъёри фоизи андоз аз  фурўши чаканаро  на камтар аз 4 фоиз аз ҳаҷми фурўши чакана  муқаррар  кунанд.

 

Моддаи  8.  Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2001 аз рўи даромад ба маблағи 202203 ҳаз. сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблағи  214828 ҳаз. сомонӣ ва каср  ба маблағи 12625 ҳаз. сомонӣ муқаррар  карда  шавад.

 

Моддаи 9. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2001 даромад аз тамоми субъектҳои  хоҷагии дар қаламравиии ҷумҳурӣ ҷойгирбуда ба маблағи умумии 202203 ҳаз. сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:

 

-аз андоз аз арзиши иловашуда -39450 ҳаз.  сомонӣ
-аз аксизҳо -13900 ҳаз.  сомонӣ
-аз андози фурўш -80958 ҳаз.  сомонӣ
-аз андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ -2421 ҳаз.  сомонӣ
-аз андози амволи корхонаҳо -2197 ҳаз.  сомонӣ
-аз андози даромад аз шахсони воқеӣ -5625 ҳаз.  сомонӣ
-аз даромад аз фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ (боҷи гумрукӣ)  

-32586 ҳаз.  сомонӣ

-аз андози замин -1669 ҳаз.  сомонӣ
-аз андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард  

-8133 ҳаз.  сомонӣ

-аз  андозу даромадҳои дигар -8464 ҳаз.  сомонӣ
-даромади грантҳо аз донорҳои байналхалқӣ -6800   ҳаз.  сомонӣ
   

 

Моддаи 10. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ  дар соли  2001 аз рўи тартиби маблағгузории вазифавӣ  ба  андозаи зерин тасдиқ карда шавад:

 

Барои маблағгузории мақомоти

ҳокимият ва идоракунӣ

 

аз ҷумла

 

-34684 ҳаз.  сомонӣ

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

-548 ҳаз.  сомонӣ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

-2544 ҳаз.  сомонӣ

Райъпурсӣ ва интихобот -270 ҳаз.  сомонӣ;
Дастгоҳи ичроияи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

-5390 ҳаз.  сомонӣ;

Кумитаҳои назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

-2689 ҳаз.  сомонӣ;
Дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон -145 ҳаз.  сомонӣ;
Сафарҳои хизматии хориҷии мақомоти

ҳокимият ва идора, фрахти тайёраҳо

 

-2100 ҳаз.  сомонӣ;

Вазоратҳо ва идораҳои машғули

сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ

 

-7292 ҳаз.  сомонӣ;

Вазоратҳо ва идораҳои  машғули

фаъолияти сиёсати берунӣ

 

-11257 ҳаз.  сомонӣ;

Вазоратҳо ва идораҳои машғули

хизматрасониҳои дорои хусусияти

умумӣ барои соҳаҳои иқтисодиёт

 

 

-889 ҳаз.  сомонӣ;

 

Барои  тадқиқотҳои асосӣ ва илм

аз онҳо:

-1560 ҳаз.  сомонӣ;
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон -1186 ҳаз.  сомонӣ;
Мудофиа -25955 ҳаз.  сомонӣ;
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,

судҳо ва  прокуратура

аз ҷумла барои:

 

-24772 ҳаз.  сомонӣ;

Хизмати милитсия ва муҳофизат аз сўхтор -12874 ҳаз.  сомонӣ;
Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ -8954 ҳаз.  сомонӣ;
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон -83 ҳаз.  сомонӣ;
Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон -69 ҳаз.  сомонӣ;
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -181 ҳаз.  сомонӣ;
Мушовараи ҳарбии Суди олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

-33 ҳаз.  сомонӣ;

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва мақомоти он дар маҳалҳо

 

-256 ҳаз.  сомонӣ;

Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мақомоти он, судҳо ва дастгоҳи судҳо

 

-941 ҳаз.  сомонӣ;

Прокуратураи генералӣ ва  мақомоти он

дар маҳалҳо

 

-1381 ҳаз.  сомонӣ;

Маориф

аз ҷумла:

-12845 ҳаз.  сомонӣ;
Маълумоти миёна -3314 ҳаз.  сомонӣ;
Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон -554 ҳаз.  сомонӣ;
Маълумоти олӣ ва миёнаи махсус -2792 ҳаз.  сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф -32 ҳаз.  сомонӣ;
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон -65 ҳаз.  сомонӣ;
Дигар хароҷот дар соҳаи маориф -6088 ҳаз.  сомонӣ;
Нигаҳдории тандурустӣ

аз ҷумла:

-5646 ҳаз.  сомонӣ;
Касалхонаҳо -1911 ҳаз.  сомонӣ;
Духтурхонаҳо ва нуқтаҳои тиббӣ -89 ҳаз.  сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ -118 ҳаз.  сомонӣ;
Вазорати нигаҳдории тандурустии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

-41 ҳаз.  сомонӣ;
Дигар ташкилотҳо барои чорабиниҳои

соҳаи нигаҳдории тандурустӣ

-3487 ҳаз.  сомонӣ;
Таъминоти иҷтимоӣ ва  ҳифзи иҷтимоӣ

аз ҷумла:

-11450 ҳаз.  сомонӣ;
Таъминоти нафақавии сохторҳои қудратӣ -2485 ҳаз.  сомонӣ;
Ташкилотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -851 ҳаз.  сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ -22 ҳаз.  сомонӣ;
Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

-31 ҳаз.  сомонӣ;
Дигар ташкилотҳо доир  ба чорабиниҳои

соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

 

-8061 ҳаз.  сомонӣ;

Ҳифзи табиат ва хоҷагии манзилию коммуналӣ

аз ҷумла:

-2677 ҳаз.  сомонӣ;
Илмҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат -9 ҳаз.  сомонӣ;
Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон -1257 ҳаз.  сомонӣ;
Консерни давлатии «Тоҷиккоммунсервис» -1032 ҳаз.  сомонӣ;
Тараққиёти коммуналӣ -178 ҳаз.  сомонӣ;
Чорабиниҳои санитарӣ -181 ҳаз.  сомонӣ;
Ва ғайра -20 ҳаз.  сомонӣ;
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,

солимгардонию динӣ

-8198 ҳаз.  сомонӣ;
аз ҷумла:

Телевизион ва радио

 

— 4994 ҳаз.сомонӣ;

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — 74 ҳаз.сомонӣ;
Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ — 134 ҳаз.сомонӣ;
Матбуоти даврӣ ва нашриёт — 800 ҳаз.сомонӣ;
Ташкилотҳои динӣ ва дигари ҷамъиятӣ — 336 ҳаз.сомонӣ;
Дигар чорабиниҳои соҳаи фарҳанг — 1860 ҳаз.сомонӣ;
Комплекси сўзишворию энергетикӣ — 4821 ҳаз.сомонӣ;
Хоҷагии кишлоқ ва ҷангал — 9022 ҳаз.сомонӣ;
Истеҳсол ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати истеҳсоли маъдани кўҳӣ ва сохтмон  

— 1141 ҳаз.сомонӣ;

Нақлиёт ва коммуникатсия — 16686 ҳаз.сомонӣ;
Вазоратҳо ва идораҳои машғули фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ  

— 3407 ҳаз.сомонӣ;

Ва ғайра — 29090 ҳаз.сомонӣ;
аз ҷумла:

Хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ

 

— 19330 ҳаз.сомонӣ;

Пардохтҳои фоиз аз рўи қарзҳои берунӣ — 17000 ҳаз.сомонӣ;
Пардохтҳои фоиз аз рўи қарзҳои дохилӣ — 2330 ҳаз.сомонӣ;
Хароҷот барои амалӣ намудани вазифаи пойтахти ш.Душанбе  

— 2000 ҳаз.сомонӣ;

Хароҷот барои барҳам додани оқибати офатҳои табиӣ — 2550 ҳаз.сомонӣ;
Хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои иқтисодӣ гурўҳбандӣ нашудаанд  

— 5210 ҳаз.сомонӣ;

Трансфертҳо барои буҷетҳои маҳаллӣ дар шакли маблағҳои мақсаднок  

— 19434 ҳаз.сомонӣ;

 

Моддаи 11. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001 ба маблағи 5000 ҳаз.сомонӣ тасдиқ карда шавад.

 

Моддаи 12. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2001 маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат гирад, барои:

 

I. Хароҷоти ҷорӣ — 188266 ҳаз.сомонӣ;
1. Хароҷот барои мол ва хизматрасониҳо — 129591 ҳаз.сомонӣ;
аз ҷумла барои:

Музди меҳнат ва хизматпулӣ

 

— 40664 ҳаз.сомонӣ;

Маблағҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 4408 ҳаз.сомонӣ;
Дигар хариди молҳо ва хизматрасониҳо — 84519 ҳаз.сомонӣ;
аз ҷумла:

пардохт барои хизматрасонии алоқа

 

— 4506 ҳаз.сомонӣ;

пардохт барои хизматрасонии газ, барқ ва об — 1955 ҳаз.сомонӣ;
хариди таҷҳизоти арзон, асбобу анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ — 78058 ҳаз.сомонӣ;
2. Пардохти фоиз аз рўи қарзҳои берунӣ ва дохилӣ — 19330 ҳаз.сомонӣ;
3. Субсидияҳо ва дигар трансфертҳо — 39345 ҳаз.сомонӣ;
аз онҳо:

субсидияҳо ба корхона ва ташкилотҳои давлатӣ

 

— 4354 ҳаз.сомонӣ;

маблағҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ ба тариқи маблағҳои мақсаднок дода мешаванд — 21435 ҳаз.сомонӣ;
трансфертҳо ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ — 300 ҳаз.сомонӣ;
трансфертҳо ба аҳолӣ — 6809 ҳаз.сомонӣ;
аз ҷумла:

таъминоти нафақавии сохторҳои қудратӣ

 

— 2485 ҳаз.сомонӣ;

трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ — 6447 ҳаз.сомонӣ;
П. Хароҷоти асосӣ — 25567 ҳаз.сомонӣ;
аз ҷумла:

харидани сармояи асосӣ

 

— 9293 ҳаз.сомонӣ;

маблағгузориҳои асосии мутамарказ — 15829 ҳаз.сомонӣ;
трансфертҳои асосӣ — 445 ҳаз.сомонӣ;
Ш. Пулҷудокунӣ барои гурезаҳо, муҳоҷирон ва хизматчиёни давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — 995 ҳаз.сомонӣ;

 

Моддаи 13. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2001 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо дохил карда мешаванд.

Моддаҳои мазкури хароҷот дар раванди иҷрои буҷет сарфи назар аз дараҷаи касри буҷет кам карда намешаванд ва барои иҷро ҳатмӣ мебошанд.

Дар сурати ичро нашудани қисми даромади Буҷети давлатӣ, маблағгузории хароҷотҳо барои харидани таҷҳизот, асбобу анҷом, таъмири асосӣ, дотатсияи соҳаи иқтисодиёт  ва дигар хароҷот мутобиқан ба маблағи иҷронашуда кам карда мешавад.

 

Моддаи 14. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои ғайрибуҷетии (махсуси) вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти ин ташкилотҳои буҷетӣ пешбинӣ шуда, ҳармоҳа дар ҳисоботи даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ инъикос мегарданд. Ҳамзамон аз рўи маблағҳои ғайрибуҷетӣ (махсус) на камтар аз 10 фоиз барзиёдии даромад нисбати хароҷот пешбинӣ гардад, ки он сарфи назар аз маблағҳои воқеан воридшуда ба даромади буҷет дохил карда мешавад.

 

Моддаи 15. Муқаррар карда шавад, ки барои шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар идораҳое, ки дар онҳо дар асоси қонунгузорӣ хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, роҳкиро ба маҳали истифодаи асосии рухсатӣ ва бозгашт (як маротиба дар як сол) танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, пардохта мешавад.

 

Моддаи 16. На барои нашр.

 

Моддаи 17. Муқаррар гардад, ки ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни мақомоти гумрук, полиси андоз ва дигар идораҳое, ки дар онҳо аз рўи қонунгузории ҷорӣ хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, пардохти ҷубронпулӣ барои ин корҳо дар ҳаҷми маблағҳои барои фонди музди меҳнат дар ҳамин Қонун аз рўи сметаи хароҷоти барои ин вазорату идораҳо тасдиқшуда, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Ҳаҷми маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 19435 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Муқаррар гардад, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, маблағҳои ба он баробаршуда, маблағгузориҳои асосӣ бо дарназардошти иҷрои даромади буҷети онҳо ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ то ҳолати 1 январи соли 2002 ба маблаги 3700 ҳаз. сомонӣ тасдиқ карда шавад.

 

Моддаи 20. На барои нашр.

 

Моддаи 21. Андозаи (лимити) ниҳоии қарзгириҳои берунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001 (бе ҳисоби қарзҳои имтиёзноки дар асоси бисёртарафа аз тарафи  ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ додашаванда) ба маблағи 10 млн. доллари ИМА, инчунин қарзгириҳои берунии ғайридавлатии аз тарафи давлат кафолат додашаванда, ба маблағи на зиёдтар аз 10 млн. доллари ИМА муқаррар гардад.

 

Моддаи 22. Муқаррар гардад, ки тамоми амалиёти иҷрои кассавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар асоси шартномаи мутақобилан муфид, бо тартиби дар қонунгузории андоз ва буҷет пешбинишуда, гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 23. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад:

— дар ҳолати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ба қисми даромад ва хароҷоти буҷет, пеш аз ҳама зиёд намудани хароҷот барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ (музди меҳнат, нафақа, кўмакпулӣ ва ғайраҳо), маблағҳои мутамарказонидашудаи асосӣ ва барои таъминоти пулии хизматчиёни харбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе дахолат ба ҳаҷми касри Буҷети давлатӣ, тағйироти зарурӣ ворид намояд;

— дар сурати ҷорӣ гардидани низоми комили савдои озод байни давлатҳои аъзои Созмони иқтисодии Аврупову Осиё дар нақшаи даромадҳои буҷет, ки аз ҳисоби фаъолияти кумитаҳои гумрук ва андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд, тағйироти лозима ворид намояд.

 

Моддаи 24. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 аз рўи даромад бо дарназардошти қарзи Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд ба маблағи 249833 млн. рубл, аз рўи хароҷот ба маблағи 236353 млн. рубл, бо зиёд будани даромад нисбати хароҷот ба маблағи 13480 млн. рубл, ки депозити Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолати то 1 январи соли 2000 дар Бонки миллии Тоҷикистон ташкил додаанд, тасдиқ карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Э.РАҲМОНОВ

ш.Душанбе, 8 декабри соли 2000

№ 36

ШАРИКОН: