ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА

(АМОҶТ, соли 2000, №11, мод.504; соли 2005, №12. мод. 633; с. 2007, №6, мод. 436; с.2007, №7,мод.672; с.2009, №9-10, мод.549; с.2011, №6, м.440, с.2013,№7, мод. 526, №12, мод. 898)

 

Қонуни мазкур принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқӣ ва тарзу усулҳои танзими фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 1.   МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ (қҷт от 22.07.2013, №998)

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси механизмҳои    бозоргонӣ, институтсионалӣ ва иттилоотӣ ба хотири тараққиёти боэътимодии он ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия иборат аст.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ(қҷт от 22.07.2013, №998)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (қҷт от 22.07.2013, №998)

энергетика –  соҳаи иқтисодиест, ки  ҷустуҷў, истихроҷ, истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдорӣ, расонидан, тақсимот ва истеъмоли захираҳои энергетикӣ ва энергияро дар бар мегирад;

— комплекси сeзишворию энергетикb — маxмeи  бо [ам алоrаманди  соҳаҳои иrтисодиёт, ки дар системаҳои гидроэнергия ва гармиистеҳсолкунанда, ангишт, нафт, газистихроҷ, интиқол ва коркардкунанда, барrтаъминкунанда ва барқистифодабаранда, инчунин  зерсистема[ои минтақавӣ ва дигар объектҳои  энергетикӣ, ки сарфи назар  аз шакли моликият фаъолият менамоянд; (қҷт 16.10.09, №556)

соҳаи энергетика қисми таркибии энергетика, ки бо яке аз намудҳои захираҳои энергетикӣ ва энергия вобаста аст;

корхонаи энергетикӣин шахси ҳуқуқиест, аз ҷумла аз субъектҳои монополияи табиӣ сарфи назар  аз шаклҳои моликияташон, ки ба як ё якчанд намуди фаъолият дар энергетика машғул аст;

объекти энергетика ин иншооти махсусест, ки барои истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдорӣ, расонидан ва тақсимоти захираҳои энергетикӣ ва энергия таъин  шудааст;

фаъолият дар энергетика, хизматрасонии энергетикӣ ин истеҳсол, интиқол, расонидан, тақсимот, нигаҳдорӣ, коркард, таҷдид, фурўши энергия, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ мебошад;

захираи энергетикӣ ҳомили энергия, ки дар айни замон ё дар оянда метавонад мавриди истифодаи самарабахш қарор гирад. Он чунин тақсимбандӣ мешавад:

а) захираҳои энергетикии барқароршаванда – ин захираҳое мебошанд, ки ба таври табиӣ ба вуҷуд омада, доимо аз нав пайдо мешаванд (гармии офтоб, ҷараёни табиии обу ҳаво, обҳои геотермалӣ ва биомассаҳо) ва ба намудҳои дигари энергия мубаддал шуда метавонанд;

б) захираҳои аввалияи энергетикӣ захираҳои табиӣ, ки метавонанд бевосита чун сўзишворӣ истифода шаванд (нафт, гази табиӣ, ангишт) ё мавриди истеҳсоли намудҳои гуногуни энергия қарор гиранд;

в) захираҳои энергетикии дуюмдараҷа  захираҳое, ки ба шакли маҳсулоти иловагӣ дар ҷараёни истеҳсолоти асосӣ ба даст меоянд;

маҳсулоти энергетикӣ намудҳои мухталифи сўзишворӣ, маҳсулоти нафт, энергияи қувваи барқ ва гармӣ, ки аз ҳама гуна намудҳои захираҳои энергетикӣ истеҳсол мешаванд;

истеъмолкунандагон дар энергетикаҳама шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки энергия ва захираҳои энергетикиро мехаранд ва бе мақсади аз нав фурўхтан онҳоро истифода мебаранд; (қҷт от 22.07.2013, №998)

истеҳсолкунандагон дар энергетика шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қатъи назар аз шакли моликияташон, ки барои онҳо ҳамаи захираҳои энергетикӣ ва энергия  маҳсулоти молӣ  мебошанд; (қҷт от 22.07.2013, №998)

сарфаҷўии энергия истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқол ва истеъмоли энергия мебошад;

консессия шартнома дар бораи ба сармоягузори ватанӣ ва хориҷӣ тибқи шартҳои муайян муваққатан барои истифода додани объектҳои  давлатӣ бо ҳуқуқи  фаъолият намудан дар комплекси сўзишворию энергетикӣ. (қҷт от 22.07.2013, №998)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.». (қҷт аз 22.07.2013, №998)

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

 

Моддаи 4.Сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика

Мақсадҳои асосии давлат дар соҳаи энергетика аз инҳо иборат аст:

— таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷоти рўзафзуни ҷумҳурӣ ба захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ ва кафолати амнияти энергетикии кишвар;

— таъмини ҳифзи муҳити зист ва аҳолӣ аз таъсири зараровари фаъолият дар соҳаи энергетика;

— муҳайё намудани шароити зарурӣ барои пайгирона гузаштани энергетика ба муносибатҳои бозоргонӣ, ҷалб намудани сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ ба он, ба корхонаҳои энергетикӣ додани мустақилияти иқтисодӣ ва таъмини тараққиёти онҳо дар асоси рақобати бозоргонӣ;

— баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комплекси сўзишворию энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, сарфаҷўии энергия, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани хароҷоти нисбии захираҳои энергетикӣ дар истеҳсоли маҳсулоти умумии миллӣ. (қҷт. 28.06.2011 №727)

 

Моддаи 5.  Усулҳои танзими давлатӣ дар соҳаи энергетика

Танзими давлатӣ дар соҳаи энергетика  ба воситаи таъмини ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозситонӣ, қарздиҳӣ, маблағгузорӣ, таъмини сиёсати сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва назорати иҷроиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои комплекси сўзишворию энергетикӣ сурат мегирад. (қҷт.аз 28.12.13,№1054)

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад. (қҷт 26.12.05, мод. 118)

Лоиҳаҳо ва барномаҳои энергетикӣ барои сохтани объектҳои азим ба таври ҳатмӣ аз экспертизаи давлатӣ мегузаранд, ки тартиби гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар энергетика(қҷт.аз 28.12.13,№1054)

Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар энергетика чунинанд: (қҷт.аз 28.12.13,№1054)

таъмини нақши асосии давлат дар тараққиёти энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

идораи комплекси сўзишворию энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани механизмҳои бозоргонии фаъолияти он;

фароҳам овардани шароит барои соҳибкории озод ва рушди ҳамаи шаклҳои моликият дар комплекси сўзишворию энергетикӣ дар фазои пешрафти муносибатҳои бозоргонӣ;

мусоидат намудан ба иштироки сектори хусусӣ дар комплекси сўзишворию энергетикӣ, кўмак ба дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи корхонаҳо ва дар соҳаҳои он; (қҷт 26.12.05, мод. 118)

муқаррар намудани тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои энергетикӣ ва барномаҳои сохтмони объектҳои азими энергетикӣ;

консессия дар соҳаи энергетика;

гузаронидани сиёсати нарх ва тариф дар комплекси сўзишворию энергетикӣ;

бурдани назорат оиди истифодаи захираҳои энергетикии аввалия ва барқароршаванда ва нигоҳдории онҳо;

муҳаё намудани шароити зарурӣ барои ташвиқи сармоягузорӣ дар комплекси сўзишворию энергетикӣ;

қабули чораҳои фаврӣ барои таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои энергетикӣ ва энергия дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулодда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷорӣ намудани маҳдудияти муваққатӣ дар истифодабарии онҳо;

ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи энергетика;

тасдиқ ва назорат оиди амалӣ гаштани барномаҳо:

— тараққиёти комплекси сўзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— оид ба стандартизатсиякунонӣ, амният ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаи комплекси сўзишворию энергетикӣ;

— оид ба ғайриинҳисорӣ ва реструктризатсиякунонии корхонаҳои соҳаҳои комплекси сўзишворию энергетикӣ;

— оиди сарфаҷўии энергия;

— иҷрои дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. (қҷт аз 22.07.2013, №998) (қҷт.аз 28.12.13,№1054)

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи знергетика (қҷт 13.06.07, №280)

Мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — мақомоти ваколатдор) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт 13.06.07, №280)

Низомномаи мақомоти ваколатдор ва сохтори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менаиояд.» (қҷт 13.06.07, №280)

қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд; (қҷт 13.06.07, №280)

Ваколатҳои мақомоти ваколатдор инҳо мебошанд: (қҷт 13.06.07, №280)

татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика;

ба нақшагирӣ ва пешбинии самти талабот ва пешниҳодот ба ҳамаи намудҳои захираҳои энергетикӣ ва энергия барои ба ҳисоб гирифтан ва минбаъд даровардани тағйирот ба барномаҳои амал;

гузаронидани баҳодиҳӣ ба талаботи инвеститсионӣ ва муайян намудани манбаъҳои эътимодноки маблағгузорӣ ва сармоя;

омўзиши фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ бо мақсади мунтазам гузаштани онҳо ба муносибатҳои бозоргонӣ;

мусоидат барои дохилшавии мунтазами инвеститсияҳои хусусӣ ба комплекси сўзишворию энергетикӣ ва зиёдшавии захираҳои энергетикии маҳаллию алтернативӣ ва барқароршаванда, аз ҷумла тавассути танзими идоракунӣ, соҳибии захираҳои дуюмдараҷа ва маҳсулоти энергетикӣ дар сатҳи истеъмолкунандаи ниҳоӣ; (қҷт. 28.06.2011 №727)

мусоидат ба тарақиёти рақобат, таъмини имкониятҳои баробар ва шароит барои фаъолияти корхонаҳои энергетикии шаклҳои мухталифи моликият;

амалӣ намудани назорат оид ба риояи шарту талаботи иҷозатномавӣ. (қҷт 26.12.05, №118)

таҳия ва татбиқи барномаҳо:

-оид ба тараққиёти комплекси сўзишворию энергетикӣ;

-оид ба стандартизатсиякунонӣ, бехатарӣ ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаҳои комплекси сўзишворию энергетикӣ;

-оид ба сарфаҷўии энергия.

— оид ба истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия. (қҷт. 28.06.2011 №727)

— иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. (қҷт аз 22.07.2013, №998)

.

Моддаи 8 хориҷ карда шавад. (қҷт 16.10.09, №556)

 

Моддаи 9. Ваколатҳои  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар комплекси сўзишворию энергетикӣ(қҷт 13.06.07, №280)

Ваколатҳои  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар комплекси сўзишворию энергетикӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  мегарданд. (қҷт 13.06.07, №280)

 

БОБИ 3.

ХУСУСИЯТҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ЭНЕРГЕТИКА

 

Моддаи 10. Идоракунии корхонаҳои энергетикӣ

 

Ба корхонаҳои комплекси сўзишворию энергетикӣ дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсолӣ мустақилият дода мешавад.

Ҳама намуди фаъолияти корхонаҳои комплекси сўзишворию энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.  (қҷт аз 22.07.2013, №998)

 

Моддаи 11. Ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти корхонаҳои   энергетикӣ

Корхонаҳои энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар асоси гуногуншаклии моликият (давлатӣ, хусусӣ, саҳомӣ, омехта ва муштарак) таъсис ёбанд ва амал кунанд.

Моликони корхонахои энергетикӣ дар назди Қонун баробаранд ва аз ҳимояи баробари Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бархўрдоранд.

Давлат ба табъизи (дискриминатсияи) корхонаҳои энергетикӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон роҳ намедиҳад.

 

Моддаи 12.  Ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия

Манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. (қҷт аз 22.07.2013, №998)

 

Моддаи 13. Масъалаҳои маблағгузорӣ дар энергетика

Дар соҳаи энергетика маблағгузорӣ метавонад аз ҳисоби манбаъҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ таъмин гардад.

 

Моддаи 14. Сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика

Ҷалб намудани сармояи ватани ва  хориҷӣ дар энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Захираҳои энергетикӣ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ  ба  истифодаи мўҳлатнок, тибқи шартномаҳои тарафайн дода мешаванд. (қҷт 16.10.09, №556) . (қҷт аз 22.07.2013, №998) (қҷт.аз 28.12.13,№1054)

Барои сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  имтиёзҳои андоз ва дигар имтиёзҳо муқаррар шуда метавонанд. (қҷт 16.10.09, №556) . (қҷт аз 22.07.2013, №998)

 

Моддаи 15. Нархгузорӣ дар соҳаи энергетика

Нархҳо ва тарифҳо ба маҳсулот ва хизматрасонии энергетикӣ ба таври озод (шартномавӣ) муқаррар мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. . (қҷт аз 22.07.2013, №998)

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳангоми азхудкунӣ ва  истифодабарии захираҳои электроэнергетикӣ, харидории электронергияи зиёдатӣ,  мақомоти ваколатдор оид ба танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ метавонанд нархҳо ва тарифҳои дигарро, ба истиснои нархҳо ва тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ  муқаррар намоянд. (қҷт 16.10.09, №556) (қҷт.аз 28.12.13,№1054)

Нархҳо ва тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (қҷт.аз 28.12.13,№1054)

 

Моддаи 16. Консессияҳо дар энергетика

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон стансияҳои барқӣ ва гармӣ, шабакаҳои магистралӣ ва тақсимкунандаи қувваи барқ ва иншооти хизматрасони онҳо, хатҳои интиқоли нафту газ, корхонаҳои хоҷагии таъминкунандаи гази табиӣ ва моеъ, объектҳои нафту газ, майдонҳои перспективии дорои нафту газро ба консессия дода метавонад. . (қҷт аз 22.07.2013, №998)

Додани консессия ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои кашф, истихроҷ ва истифодаи захираҳои энергетикӣ ва пешбурди дигар фаъолият дар комплекси сўзишворию энергетикӣ дар асоси шартномаҳои консессионӣ сурат мегирад.  . (қҷт аз 22.07.2013, №998)

 

Моддаи 17. Истифодаи замин дар соҳаи энергетика

Истифодаи замин дар соҳаи энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (қҷт аз 22.07.2013, №998)

 

Моддаи 18. Корхонаҳои давлатии энергетика

Корхонаҳои давлатии энергетикӣ фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷагӣ, бо усули бастани шартнома бо мақомоти ваколатдор анҷом медиҳанд. Чунин шартномаҳо нисбат ба корхонаи давлатии комплекси сўзишворию энергетикӣ пешбинӣ менамоянд: (қҷт 13.06.07, №280)

-мақоми зарурии корпоративӣ ва тиҷоратии он;

-нақша-ҷадвали корҳои тиҷоратикунонии он;

-дараҷаи мустақилияти молиявӣ ва идоракунии он;

-стандартҳо ва меъёрҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;

-усул ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳии он, аз ҷумла ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи амалкунандаи он, муайян намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокунӣ барои хўрдашавии он;

-муайян кардани кор ва хизматрасонӣ, ки барои эҳтиёҷоти давлат иҷро мешаванд ва арзиши онҳо;

-нишондиҳандаҳои нақшавии солонаи молиявӣ ва истеҳсолӣ.

 

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ» (қҷт аз 22.07.2013, №998)

Моддаи 19. Назорати давлатии энергетикӣ

Барои таъмини назорат аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя шудани регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида, меъёрҳо ва қоидаҳо дар ҷараёни истеҳсол, интиқол, таҷдид, нигаҳдорӣ,  истеъмоли захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, дар истифодаи объектҳо, иншоот, таҷҳизот дар энергетика мувофиқи тартиби муайяншудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикӣ ташкил мешавад. (қҷт.аз 28.12.13,№1054)

Назорати давлатии энергетикӣ аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт аз 22.07.2013, №998)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Э. Раҳмонов

ш. Душанбе  29 ноябри соли 2000

№  33

ШАРИКОН: