ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди терроризм

(АМОҶТ с. 1999, №11, мод.275; с. 2005, №3, мод.116; с.2007, №5, мод.355; с.2008, №10. мод. 802; с.2012, №8, м.816, с. 2013, № 6, мод.407; с.2014,№11, мод.647, мод.648; с.2015,№12, қ.1, мод.1112)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Фасли 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;

татбиқи ўҳдадориҳои  байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; (қҷт 12.05.07 №246)

танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

 

 Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (қҷт 12.05.07 №246)

 

Моддаи 3. Мафҳуми терроризм

Терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани  (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои  ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сўиқасд  ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир  ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти  байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ў истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти  ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад. (қҷт 12.05.07 №246)

 

Моддаи 4. Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур  истифода шудаанд

Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маънои зеринро доранд:

амали террористӣ — бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, тарканда, токсикӣ, заҳрнок, сахттаъсир, заҳролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои  нақлиёт ва дигар объектҳо; сўиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; ба вуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар  ҳар гуна шакл ва тавассути  ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро дорад; расонидани зарари басо чиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд омадани дигар окибатҳои барои ҷамъият вазнин;

ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ – ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои  179, 1791, 1792, 1793,  181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятҳое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад; (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1139)

гурўҳи террористӣ – шахсоне, ки ба мақсади содир  намудани фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд;

террорист – шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;

ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи  терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот — террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии  аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи  он фаъолияти  террористиро анҷом медиҳад;

мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ;

амалиёти зиддитеррористӣ – чораҳои махсус, ки барои пешигирии амали террористӣ, таьмини амнияти шахсони воқеъӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ анҷом дода мешаванд;

минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ – қитъаҳои алоҳидаи маҳал, воситаҳои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онҳо, ки дар ҳудудашон  амалиёти мазкур гузаронида мешавад;

гаравгон – шахси воқеъӣ, ки бо мақсади маҷбур  кардани давлат, ташкилот ё шахсони алоҳида  барои содир намудани ин ё он  ҳаракат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;

субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда – субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамчунин субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.

 

Моддаи 5. Ҳамкории  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои  байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкорӣ менамояд. (қҷт 12.05.07 №246)

 

Фасли II . Субъектҳои бар зидди терроризм   муборизабаранда

 

Моддаи 6. Субъектҳои бар зидди терроризм  муборизабаранда

Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.

Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.

Роҳбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

 

Моддаи 7. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгўи субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда танҳо тавассути қонун тағйир дода ё илова карда мешавад. (қҷт 12.05.07 №246)

 

Моддаи 8. Ваколати субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки: (қҷт 12.05.07 №246)

бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи  барномаҳои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро таҳия ва пешниҳод менамояд;

бо тартиби муқарраргардида ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мубориза бар зидди терроризм ахборот медиҳад;

фаъолияти субъектҳои бар зидди терроризм муборизабарандаро мутобиқ мегардонад;

иттилоотро оиди ҳолат ва тамоили терроризм, аз он ҷумла иттилооти аз субъектҳои зидди терроризм муборизабаранда ба нуқтаи (банки) мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемаҳои терроризм дохил мешаванд, ҷамъ меоварад, таҳлил ва чамъбаст менамояд;

бо тартиби муқарраргардида оиди такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ба ғайр аз ин  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм тавассути инҳо амалӣ менамояд: (қҷт 12.05.07 №246)

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ё ифроти динӣ доранд;

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ; (қҷт 12.05.07 №246)

таъмин намудани амнияти муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа,  коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисаҳо;

таъмини амнияти объектҳои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда.

ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кўшиши рахна намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон; (қҷт 12.05.07 №246)

қатъ намудани ғайриқонунӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст. (қҷт 12.05.07 №246; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1139)

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади ғаразнок доранд, амалӣ менамояд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридҳои зарурӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ кўмак мерасонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти давлатӣ ва  субъектҳои дигари бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми барҳамдиҳии оқибати ҳолатҳои фавқулодда амнияти зиддитеррористии маҳалли корҳои наҷотдиҳӣ ва садамаю барқароркуниро таъмин менамояд. (қҷт 12.05.07 №246)

Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад. (қҷт 12.05.07 №246)

Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассути:

иштирок дар таъмин намудани амнияти зиддитеррористии объектҳои муҳофизати давлатӣ ва ҳифзи шахсони муҳофизатшаванда;

иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 9. Субъектҳои дар мубориза бар зидди  терроризм иштироккунанда

Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки  номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (қҷт 12.05.07 №246)

Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд;

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид  бо давлатҳои хориҷӣ ҳангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ ва  дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст; (қҷт 12.05.07 №246)

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қатъ намудани ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаъолияти террористии байналмилалӣ. (қҷт 12.05.07 №246; ҚҶТ аз 27.11.2014,№1139)

Мақомоти прокуратура ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартҳо ва тартиби  пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иштирок менамоянд. (қҷт 12.05.07 №246)

 

Фасли III.  Фаъолияти террористӣ ва зиддитеррористӣ

 

Моддаи 10. Фаъолияти террористӣ

Фаъолияти террористӣ фаъолиятест, ки инҳоро дар бар мегирад:

ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали  террористӣ;

иғво андохтан ба амали террористӣ, зўроварӣ ба ашхоси воқеӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектҳои моддӣ бо мақсадҳои террористӣ;

ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди ҷинояткорӣ (ташкилоти чинояткорӣ), гурўҳҳои муташаккил барои содир  кардани амали террористӣ, ҳамчунин иштирок дар чунин амал;

ҷалб кардану мусаллаҳ гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо;

бо маблағ таъмин кардани ташкилоти бараъло террористӣ ё гурўҳи террористӣ ё кўмаки дигар ба онҳо.

 

Моддаи 11. Фаъолияти  террористии  байналмилалӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадориҳои байналмилалии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти  террористии байналхалқӣ эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад: (қҷт 12.05.07 №246)

аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;

аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;

дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ҳамон як давлат ё давлатҳои гуногун буда, вале ҷиноят дар хориҷи қаламрави ин давлатҳо содир шудааст;

бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ. (қҷт 12.05.07 №246)

Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористӣ

Фаъолияти зиддитеррористӣ фаъолиятест, ки бо мақсади ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз фаъолияти террористӣ ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 13. Принсипҳои  фаъолияти зиддитеррористӣ

Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) қонуният;

2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;

4) бо ҳам пайвастани усулҳои ошкоро ва пинҳонии мубориза бар зидди терроризм;

5) афзалиятнокии муҳофизати ҳуқуки шахсоне, ки дучори хатар  гардидаанд;

6) қонунӣ будани расондани зарар ба террорист;

7) яккасардорӣ дар роҳбарии оперативӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузарондани амалиётҳои зидди террористӣ;

8) пинҳонкории қатъӣ ҳангоми гузарондани амалиётҳои махсуси зиддитеррористӣ.

 

Фасли IV. Мубориза бар зидди терроризм

 

Моддаи 14. Ошкор кардани фаъолияти  террористӣ

Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мақсади ошкор намудани фаъолияти террористӣ ўҳдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ аз тамоми қувваю воситаҳо ва шаклу усулҳои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ўҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва (ё) мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳамаи ҳодисаҳое, ки аломатҳои онҳо дар хусуси терроризми тайёр кардашаванда ё содиршуда гувоҳӣ медиҳанд, фавран хабар диҳанд.

Давлат муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кўмак мерасонанд, кафолат медиҳад. Бо мақсади ошкор, пешгирӣ  ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус таъсис дода мешавад, ки аз маблағи он барои ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда додани ахбороте, ки татбиқи он боиси ба ҳабс гирифтан ё маҳкум намудани шахсони иштирокчии фаъолияти террористӣ ё пешгирӣ ё қатъ кардани амали террористӣ гардидааст, мукофотпулӣ дода мешавад. (қҷт 12.05.07 №246)

Фош кардани маълумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танҳо бо розигии онҳо мумкин аст.

 

 

Моддаи 15. Пешгирӣ намудани фаъолияти террористӣ

Бо мақсади пешгирӣ намудани фаъолияти террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо манъ аст:

таъсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотҳое, ки фаъолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;

фаъолияте, ки ба тарғиби терроризм вобастагӣ дорад;

вориду хориҷ шудан ё бо транзит тавассути қаламрави ҷумҳурӣ гузаштани шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок кардаанд;

додани ҳуҷҷати зист ба шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок кардаанд;

ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шаҳрвандони хориҷие, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок кардаанд;

бевосита ё ба восита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амали намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он, ки ин маблағҳо барои амали кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд. (қҷт аз 13.06.13г.№969)

аз ҷониби кормандони автовокзалҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва аэровокзалҳо аз мусофирон ба амонат қабул намудани бағоҷ, бори дастӣ (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадҳо ваколатдори бағоҷхонаҳо);

гузарондани гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ё пикеткунӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда.

Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъоляити террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо роҳ дода мешавад:

ҳангоми гузарондани чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб намудани қувваю воситаҳои иловагии субъектҳои бевосита бар зидди  терроризм муборизабаранда;

мустаҳкам намудани чорабиниҳои муҳофизатию режимӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дар  корхонаҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити зист хатари калон доранд;

бо дархости мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ супурдани шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ дар қаламрави ин давлатҳо иштирок намудаанд; (қҷт 12.05.07 №246)

ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст намудани маълумотҳо доир ба ташкилотҳои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемаҳои терроризми назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онҳо; (қҷт 12.05.07 №246)

дар назди субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таъсис додани ҷузъу томҳои махсус.

Пешгирӣ намудани  фаъолияти террористӣ,  ничунин амалӣ гардондани дигар чорабиниҳоро низ дар бар мегирад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст пешбинӣ кардаанд. (қҷт 12.05.07 №246)

 

Моддаи 16. Қатъ гардондани фаъолияти  террористӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ҳангоми қатъ гардонидани фаъолияти террористӣ умуман ё дигар амали алоҳидаи террористӣ ўҳдадоранд бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ ҳама гуна чораҳои муқарраркардаи қонунро истифода баранд.

 

Моддаи 17. Тафтиши  ҷиноятҳои дорои хусусияти  террористӣ

Таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ аз ҷониби субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфаттишони ин субъектҳо бо шартҳо ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории  мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. (қҷт 12.05.07 №246)

 

 

 

Моддаи 171. Рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд

Рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд террорист эътироф карда мешаванд. Нусхаи қарорҳои зикргардида барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд шахсони воқеӣ ва ташкилотҳоеро, ки мутобиқи қатъномаи Шўрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва (ё) санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, дохил менамояд.

Нусха аз рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумоти зарурӣ дар бораи  ин шахсон фавран ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат бо терроризм ва андешидани чораҳо оид ба манъ намудани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони мазкур фиристода мешавад.

Хориҷ намудан аз рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи мазкур амалӣ карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №879)

         

Моддаи 172. Манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони бо терроризм алоқаманд

Воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1138)

Мусодираи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд  аз рўи қарорҳо оид ба террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф намудани онҳо ва оид ба манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва молу мулки дигарашон бо тартиби судӣ  шикоят намоянд, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои молиявии манъкардашуда, то мусодира гардидани онҳо, оид ба   пардохти хароҷоти  хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва таъмини моддию маишии аҳли  оила муроҷиат намоянд.

Бекор намудани манъи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки  шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд, ки ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №879)

Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1138)

Моддаи 18. Истеҳсолоти судӣ аз рўи  парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти  террористӣ

Парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, инчунин парвандаҳои гражданӣ дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисҳои пўшидаи судӣ баррасӣ карда шаванд.

Фасли V. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

 

Моддаи 19. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

Амалиёти зиддитеррористӣ аз ҷониби субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гузаронида мешавад.

Барои гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субъектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин Қонун номбар шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ ҳайати шахсӣ, қувваю воситаҳои субъектҳои дар қисми якуми моддаи 9 ҳамин Қонун номбаршуда ҷалб карда мешаванд.

Амалиёти  зиддитеррористӣ бевосита таҳти роҳбарии ситод, ки бо ҳамин мақсад таъсис дода мешавад, гузаронда мешавад. Дар айни ҳол ҳамаи шахсоне, ки ба гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб карда мешаванд, аз лаҳзаи оғози амалиёти мазкур ба роҳбари ситод итоат мекунанд.

Дахолати ҳар гуна шахс ба роҳбарии оперативии амалиёти зиддитеррористӣ, манъ аст.

 

Моддаи 20. Минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва режими ҳуқуқии он

Сарҳади минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро роҳбари ситод вобаста ба миқёс ва дараҷаи оқибатҳои хатари ҷамъиятии амали террористӣ муайян менамояд.

Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, ҳақ доранд:

дар мавриди зарурӣ барои муваққатан  маҳдуд кардан ё манъ  намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ё пиёдагардҳо дар кўчаҳо ва роҳҳо чораҳо бинанд;

ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, тафтиш кунанд, дар ҳолати набудани чунин ҳуҷҷатҳо бо мақсади муқаррар кардани шахсияти онҳо ин шахсонро дастгир намоянд;

шахсонеро, ки ҳуқуқро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зоҳир менамоянд, ки он ба талабҳои қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зидди террористӣ халал мерасонад, инчунин амале, ки бе иҷозат барои ворид шудан ё кўшиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани  амалиёти зиддитеррористӣ иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба мақомоти корҳои дохилӣ баранд;

ба биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият, воситаҳои нақлиёт ҳангоми қатъ намудани амали террористӣ, таъқиб кардани  шахсоне, ки  ба содир  кардани амали террористӣ гумонбар мешаванд, агар сусткорӣ ба ҳаёт ва  саломатии одамон хатари воқеӣ ба вуҷуд оварад, бемамониат ворид шаванд;

ҳангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтақаи гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ ва ҳангоми даромадан ба (баромадан аз) минтақаи мазкур воситаҳои нақлиётро ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва бори дар онҳо кашондашаванда, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ тафтиш намоянд;

бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқа, аз ҷумла воситаҳои алоқаи махсуси шаҳрвандон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;

бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои нақлиётро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият мансубанд, истифода баранд, ба истиснои воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бошад, воситаҳои нақлиётии шаҳрвандонро низ барои пешгирии амали террористӣ, таъқиб ва дастгир намудани шахсоне, ки  амали террористӣ содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобатӣ бурдани шахсоне, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, инчунин барои рафтан ба ҷои воқеа, истифода баранд.

Бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои ҷудогонаи он метавонад муваққатан боздошта шавад.(ҚҶТ аз 25.12.2015,№1266)

Моддаи 21. Маҳдудиятҳои дигар ҳангоми   гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

Роҳбари ситод дар минтакаи гузаронидани амали зиддитеррористӣ ҳақ дорад ба манфиати  таъмини амнияти шахсӣ роҳ додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтақа, инчунин фаъолияти онҳоро дар бораи додани ахбор ба аҳли ҷамъият оид ба гузарондани амалиёти зидди террористӣ бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки:

тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;

ба тарғиб ва ҳақ баровардани терроризм мусоидат мекунад;

маълумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;

маълумотро, ки сирри давлатӣ мебошад, ошкор менамояд;

маълумотро, ки ошкор кардани он шаъну шарафи гаравгонро паст мезанад,  маҳдуд гардонад.

 

Фасли VI. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст.

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки  аз амали террористӣ зарар дидаанд

 

Моддаи 22. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст

Ҷуброни зараре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ ба амал бароварда, баъдан он бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахси зараррасонда ситонда мешавад.

 

 

Моддаи 23. Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амали террористӣ зарар дидаанд

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амали террористӣ зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ бо мақсади баргардондани онҳо ба ҳаёти мўътадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии ҳуқуқӣ, психологӣ, тиббӣ, барқарорсозии касбӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ ба кор барқарор кардан, ба онҳо додани манзилро дар бар мегирад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсонеро, ки аз амали террористӣ зарар дидаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

ФаслиVII. Ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок  кардаанд

 

Моддаи 24. Шахсоне, ки ба ҳимояи ҳуқуқӣ  ва иҷтимоӣ  дахл доранд

Ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ инҳо дахл доранд:

1) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ бевосита иштирок кардаанд;

2) шахсони ба мақомоти давлатии барандаи мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои он дар асоси доимӣ ё муваққатӣ кўмак мерасонанд;

3) шахсони дар бораи фаъолияти террористӣ ва ҳар гуна дигар вазъият маълумот додаанд ва ахбороти онҳо барои пешгирӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ мусоидат намудааст;

4) аъзоёни оилаҳои шахсоне, ки дар бандҳои 1- 3 ҳамин модда номбар шудаанд,   агар зарурати таъмини ҳимояи онҳоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.

 

Моддаи 25. Ҷуброни зарари шахсоне, ки дар  мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд ва  барқарорсозии  иҷтимоии онҳо

Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бевосита бар зидди  терроризм муборизабаранда расонда шудааст,  бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Дар сурати ҳалок гардидани ин шахсон ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё  маъюб шудан ё маҷрўҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти статуси ҳуқуқии чунин шахсон, ки қонунҳои дахлдор ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, татбиқ карда мешаванд.

Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда бинобар иштироки онҳо дар мубориза бар зидди терроризм бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Дар сурати ҳалок гардидани шахсони дар банди 2 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда ҳангоми гузаронидани амалиёти зидди террористӣ ё маъюб шудан ё маҷрўҳ (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»  пешбинигардида, татбиқ карда мешавад.

Дар сурати  ҳангоми гузарондани амалиёти зиддитеррористӣ маҷрўҳ (захмин) шудани  шахсони дар банди 3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки боиси маъюбӣ нашудааст,  ба онҳо кўмакпулии яквақта дар ҳаҷми сад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;  ҳангоми маҷрўҳ (захмин) шудани онҳо, ки боиси маъюбӣ шудааст,- дар ҳаҷми панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад, дар сурати ҳалок шудан ба аъзоёни оилаи онҳо дар ҳаҷми як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо кўмакпулӣ дода, нафақа бо сабаби гум кардани  саробон таъин карда мешавад. (қҷт 06.11.08 №421)  

Барқарорсозии иҷтимоии шахсони дар бандҳои 2-3 моддаи 24 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи иштироки  онҳо дар амалиёти зидди террористӣ зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ пардохта мешавад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии ин шахсон, инчунин дар ҳолати ба амнияти онҳо таҳдид кардани хатар, тағйир додани маълумотҳои шиноснома, ҷои истиқомат, кор (таҳсил), тағйир додани андоми ин шахсон бо роҳи тиббӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Фасли VIII . Ҷавобгарӣ барои фаъолияти террористӣ ва озод кардан аз  ҷавобгарӣ

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои фаъолияти террористӣ

Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машғул мешаванд ё ба террористҳо ё ташкилотҳои террористӣ  ёрӣ мерасонанд, инчунин фаъолияти онҳоро тарғиб менамоянд, мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ набуда, аммо аз номи он амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таълим ва мусаллаҳ гардондани он иштирок менамоянд, баробари аъзоёни ташкилоти террористӣ ҷавобгар мебошанд.

Шахсоне, ки дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алоҳидаи ба фаъолияти террористӣ шарикбуда маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Ҷавобгарии ташкилот барои  фаъолияти террористӣ

Дар сурати аз ҷониби суд террористӣ эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд барҳам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронда мешавад.

 

Моддаи 28. Озодкунӣ аз ҷавобгарӣ

Шахсоне, ки ба субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ёрӣ мерасонанд, барои шуғл варзидан бо фаъолияти террористӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористӣ будан онҳо қасдан ҷиноят содир накарда бошанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектҳои бар зидди  терроризм  муборизабаранда барои зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ расонданашон  ба террористон бинобар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, ки онҳоро қонун пешбинӣ кардааст, мутобиқи  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар нестанд.

Шахсоне, ки бо хоҳиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар мақомоти давлатӣ, командирони киштиҳои ҳавоӣ барои қатъ ё пешгирӣ кардани амали террористӣ ёрӣ расондаанд, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар намебошанд.

 

Фасли IХ.  Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 29. Ҳисоби имтиёзноки хизмати дарозмуддат  ва иловапулиҳо ба маоши хизматӣ

Ба хизматчиёни  ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки  дар ҷузъу томҳои бевосита бар зидди  терроризм  муборизабаранда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба мўҳлати  хизмати дарозмуддат барои таъини нафақа як рўзи хизмат ҳамчун ду  рўз ва ҳангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ —  як рўзи хизмат ҳамчун се рўз (агар ин мўҳлатҳо тибқи қонунгузорӣ барои онҳо ба андозаҳои бештар ҳисоб карда нашаванд) ҳисоб карда мешавад ва мутобиқи маоши вазифавӣ ва маоши рутбавӣ меафзояд.

 

Моддаи 30. Ҳавасманд гардондани шахсоне, ки дар  мубориза бар зидди терроризм иштирок  менамоянд  (иштирок намудаанд)

Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар ҷузъу томҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузарондани ин амалиёт ёрӣ расондаанд, мумкин аст аз ҷониби роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ бо мукофоти яквақтаи пулӣ ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонда шаванд.

 

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Э.Раҳмонов

ш.Душанбе,16 ноябри соли 1999

№  845

ШАРИКОН: