ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

(АМОҶТ 1999, №9, мод. 234; с.2010, № 12,қ.1, мод. 809; с.2014, №11, мод.652)

 

Моддаи 1. Мақсадҳои қонун

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зайл ҷорӣ карда мешавад:

— тасдиқ кардани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  доимӣ истиқомат мекунанд ва ё паноҳгоҳ меҷўянд;

—  муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки  бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд; (қҷт. 29.12.10 №647)

—   кофтукови шаҳрвандоне, ки бе ному нишон гум шудаанд;

—   муқаррар намудани шахсияти ҷасадҳои номаълум. (қҷт. 29.12.10 №647)

 

Моддаи 2. Мафҳум ва намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ яке аз шаклҳои тасдиқ кардани шахсияти инсон бо ёрии маълумот дар бораи расми нақши папилярии ангуштони даст, танзим, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ бо мақсадҳое мебошад, ки Қонуни мазкур муайян намудааст.

Тарзи қабули маълумоти нишондодашуда набояд, ки хавфе  барои ҳаёт ва саломатии инсон бошад, ору номус ва шаъну эътибори ўро паст кунад.

Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, амалҳои зерин гузаронида мешавад:

а) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ;

б) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ.

 

Моддаи 3. Принсипҳои ба амал баровардани бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ мувофиқи принсипҳои қонуният, инсондўстӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, махфият, ихтиёрӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (қҷт. 29.12.10 №647)

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошанд. (қҷт. 29.12.10 №647)

 

Моддаи 5. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бе маҳдудияти синну сол бо изҳори ризоияти шаҳрвандон ё ки намояндагони қонунии онҳо  гузаронида мешавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ

Таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ шахсоне қарор мегиранд, ки:

— дар  содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ садди роҳи муайян кардани шахсият  мегарданд; (қҷт. 29.12.10 №647)

— ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти кориашон ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо низоми махсуси махфӣ алоқаманд аст, бо номгўи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;

—  ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқоматашон барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии силоҳи оташфишон муроҷиат мекунанд;

— бо сабаби вазъи саломати ва ё синну сол дар бораи шахмияти худ маълумот дода наметавонанд; (қҷт. 29.12.10 №647)

— дар ҳудуди минтақаҳои фавқулоддаи хавфноки дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд; (қҷт. 29.12.10 №647)

—  щаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд. (қҷт. 29.12.10 №647)

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷўи паноҳгоҳ меоянд, таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд.

Таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ инчунин ҷасадҳои шахсияташон номаълум қарор мегиранд. (қҷт. 29.12.10 №647)

 

Моддаи 7. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии  дактилоскопӣ

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 8.  Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ,  танзим  ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ 

Нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби  муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 81 Маблағгузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (қҷт. 29.12.10 №647)

Маблағузории фаъолияти бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №647) 

 

       Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур  Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи  Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.2014, №1143)

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 3 сентябри  соли 1999

№  830

ШАРИКОН: