ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таъмини ченаки ягона

(АМОҶТ соли 1997, №10, мод.131; соли  2002, № 4, қисми 1, мод. 224; с. 2007, №7, м.683; с.2008, №12, қ.2, мод.1001)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъмини ченаки ягонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибати мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди тайёр, истеҳсол, таҳвил намудан, истифода, таъмир ва ворид кардани воситаҳои ченак танзим менамояд ва  барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқии  муқарраргардида ва ҳамчунин барои ҳимояи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои номатлуби натиҷаҳои нодурусти ченак равона гардидааст. «қҷт 31.12.08 №467»

 

 БОБИ 1.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Барои ифодаи мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ченаки ягона—ҳолати ченаке, ки натиҷаи он дар воҳидҳои эътирофгардидаи бузургӣ ифода ёфта, иштибоҳи ченак аз ҳудуди меъёрҳои муайянгардида берун намеояд; «қҷт 31.12.08 №467»

воситаи ченак—таҷҳизоти техникие, ки барои ченак пешбинӣ шудааст;

маҳаки воҳиди бузургӣ—воситаи ченак, ки барои таҷдид ва ҳифзи воҳиди бузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи он ба дигар воситаҳои ченаки ҳамин бузургӣ пешбинӣ шудааст; «қҷт 31.12.08 №467»

маҳаки давлатии воҳиди бузургӣ—маҳаки воҳиди бузургӣ, ки бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба сифати воҳиди ибтидоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст; «қҷт 31.12.08 №467»

санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона—стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байналмилалӣ (минтақавӣ), қоида ба низомнома, дастуруламал ва тавсияҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба кор бурда мешаванд; «қҷт 31.12.08 №467»

хадамоти метрологӣ—маҷмўи субъектҳои фаъолият ва навъи корҳое, ки барои таъмини ченаки ягона пешбинӣ шудааст;

назорати метрологӣ—фаъолияте, ки мақоми давлатии хадамоти метрологӣ (назорати давлатии метрологӣ) ё хадамоти метрологии шахси ҳуқуқӣ бо мақсади санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологии муқарраргардида анҷом медиҳад;

мутобиқи воситаҳои ченак—маҷмўи амалиёте, ки мақомоти давлатии хадамоти метрологӣ (дигар мақомоту ташкилотҳои ваколатдор) бо мақсади муайян ва тасдиқ намудани санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак ба талаботи техникии муқарраршуда анҷом медиҳанд; (қҷт 30.07.07, №321); «қҷт 31.12.08 №467»

-андозагирии (калибровкаи) воситаҳои ченак -маҷмўи амалиётест, ки бо  мақсади муайян ва тасдиқ кардани қимати ҳақиқии тавсифи метрологӣ ва қобили истифода будани воситаҳои ченаки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарорнадошта анҷом дода мешавад; «қҷт 31.12.08 №467»

тасдиқномаи навъҳои воситаҳои ченак—ҳуҷҷате, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ медиҳад ва он тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ ба қайд гирифта шудани ҳамин навъи воситаҳои ченак ва ба талаботи муқарраргардида ҷавобгў будани онро тасдиқ менамояд;

сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шаванд; «қҷт 31.12.08 №467»

тасдиқномаи санҷиш—ҳуҷҷате, ки ба ташкилотҳои санҷишкунанда дода шуда, воқеият ва натиҷаи санҷиши воситаҳои ченакро тасдиқ менамояд.

— мақоми ваколатдор-мақоми давлатӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи таъмини ченаки ягона танзим менамояд; «қҷт 31.12.08 №467»

— системаи байналмилалии ченакҳо-системаи воҳидҳои ченкунии бузургиҳои физикие, ки Конференсияи генералии ХI оид ба ченак ва вазнҳо соли 1960 қабул кардааст.  «қҷт 31.12.08 №467»

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 3 хориҷ карда шавад. «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 4. Идораи давлатии таъмини ченаки ягона

Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи таъмини ченаки ягона ба зиммаи мақоми  ваколатдори давлатие мебошад, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад; «қҷт 31.12.08 №467»

Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳиятҳои зерин мебошад: «қҷт 31.12.08 №467»

ҳамоҳангсозии фаъолияти байниминтақавӣ ва байнисоҳавии таъмини ченаки ягона;

муқаррар намудани қоидаҳои офаридан, тасдиқу саришта ва истифода кардани маҳакҳои воҳиди бузургӣ;

муайян намудани талаботи умумии метрологӣ нисбати воситаҳо усул ва натиҷаҳои ченак;

таъмини назорати давлатии метрологӣ;

роҳбарӣ ба фаъолияти хадамоти давлатии метрологӣ ва дигар хадамоти метрологии таъмини ченаки ягона;

иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои баймалхалқӣ оиди масъала таъмини ченаки ягона.

 

 

 

 

 

 

БОБИ  2.

ВОҲИДҲОИ БУЗУРГӢ, ВОСИТА ВА УСУЛХОИ ЧЕН КАРДАН «қҷт 31.12.08 №467»

 

Модддаи 5. Воҳидҳои бузургӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида воҳидҳои бузургии Системаи байналмилалии ченакҳо истифода бурда мешаванд.

Номгўй, аломат ва қоидаҳои навишти воҳидҳои бузургӣ, инчунин қоидаҳои истифодаи онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинигардида, муқаррар мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар баробари истифодаи воҳидҳои бузургии Системаи байналмилалии ченакҳо ба истифодаи воҳидҳои ғайрисистемавӣ низ иҷозат диҳад.

Тавсиф ва хусусиятҳои маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла воситаҳои ченак бо воҳидҳои бузургии муқаррарнамудаи  фармоишгар ифода ёфта  метавонанд.

Истифодаи воҳидҳое, ки аз воҳидҳои расман иҷозатдодашуда фарқ доранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 6. Маҳакҳои давлатии воҳидҳои бузургӣ

Асоси техникии таъмини ченаки ягонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳакҳои давлатии воҳидҳои бузургӣ ташкил  медиҳанд, ки нигаҳдории онҳоро давлат таъмин менамояд.

Маҳакҳои давлатии воҳидҳои бузургӣ ҳамчун воситаи ченаки воҳидҳои ибтидоӣ  ҷиҳати таҷдид ва нигаҳдории воҳидҳои бузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи он ба дигар воситаҳои ченаки ҳамин бузургӣ истифода бурда мешаванд. «қҷт 31.12.08 №467»

Моддаи 7. Воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак барои муайян намудани бузургие истифода мешаванд, ки ба татбиқи воҳидҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст ва бояд ба шароити истифода ва талаботи муқарраргардида мувофиқ бошанд.

Қарорҳои ба гурўҳи воситаҳои ченак нисбат додани таҷҳизоти техникӣ ва муқаррар намудани фосилаи байни мутобиқатро мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. (қҷт 03.05.02,№23; қҷт 30.07.07, №321); «қҷт 31.12.08 №467»

Воситаҳои ченаке, ки фарогири талаботи қонунгузории метрологиянд, таҳти назорати хадамоти метрологӣ қарор мегиранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ченаки таҳти назорати қонунгузории метрологӣ қарордоштаро то дар он  гузоштани мўҳри назорати мутобиқат истифода барад ва ё барои истифода бурдан нигоҳ дорад.». «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 8. Усулҳои чен кардан

Ченкунӣ бояд тибқи усулҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тавсия шудаанд, анҷом дода шавад.». «қҷт 31.12.08 №467»

Тартиби таҳияву тавсияи усулҳои ченкуниро мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. «қҷт 31.12.08 №467»

 

 БОБИ 3.

ХАДАМОТИ МЕТРОЛОГӢ «қҷт 31.12.08 №467»

Моддаи 9. Сохтори хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хадамоти давлатии метрологӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад. «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 10. Хадамоти давлатии метрологӣ

Ба хадамоти давлатии метрологӣ, ки мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, мақомоти давлатии метрологии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешаванд. (қҷт 03.05.02 №23); «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 11. Хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ

Шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо мақсади таъмини ченаки ягона дар сохтори худ хадамоти метрологӣ таъсис диҳанд.

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ аз рўи Низомномаи хадамоти давлатии метрологӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешаванд. «қҷт 31.12.08 №467»

 

 БОБИ  4.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕТРОЛОГӢ «қҷт 31.12.08 №467»

Моддаи 12. Намудҳои назорати давлатии метрологӣ

Назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи хадамоти давлатии метрологии мақоми ваколатдор мебошад.

Назорати давлатии метрологӣ дар шаклҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

-тасдиқи навъи воситаҳои ченак;

-санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак;

-санҷиши истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ;

-санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ;

-дигар намудҳои назорати метрологӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд.». «қҷт 31.12.08 №467»

Моддаи 13. Соҳаҳое, ки таҳти назорати метрологии давлатӣ қарор доранд

Санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.

Амалҳои зайл бо мақсади тафтиши риояи қоидаву меъёрҳои метрологӣ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд:

тандурустӣ, ветеринарӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии меҳнат;

додугирифти тиҷоратӣ ва ҳисобу китоби байни харидору фурўшанда, аз ҷумла амалиёте, ки дар он автоматҳои бозӣ ва таҷҳизот истифода мешаванд;

амалиёти баҳисобгирии давлатӣ:

таъмини мудофиаи давлат;

корҳои геодезӣ ва гидрометеорологӣ;

амалиёти бонкӣ, андоз ва почта;

истеҳсоли маҳсулоте, ки мувофиқи қарордод барои эҳтиёҷоти давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешавад;

озмоиш ва назорати сифати маҳсулот бо мақсади муайян намудани мувофиқати он ба талаботи ҳатмии стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва хизматрасонӣ;

андозагирӣ бо супориши мақомоти судӣ, прокуратура, суди иқтисодӣ, мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба қайд гирифтани рекордҳои варзиши миллӣ ва байналмилалӣ.

Мутобиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар соҳаҳои фаъолият низ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор гирифта метавонанд.

 

Моддаи 14. Тасдиқи навъи воситаҳои ченак

Дар соҳаҳое, ки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд воситаҳои ченак ҳатман санҷида, сипас навъи онхо тасдиқ карда мешавад.

Қарори тасдиқ кардани навъи воситаҳои ченакро мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд ва он бо тасдиқномаи навъи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад. Мўҳлати амали тасдиқномаи мазкурро ҳангоми додани он мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар мекунад. (қҷт 03.05.02 №23); «қҷт 31.12.08 №467»

Навъи тасдиқгардидаи воситаҳои ченак ба Реестри давлатии воситаҳои ченак дохил карда мешавад, ки ин корро мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҷо меоварад. (қҷт 03.05.02 №23)

Воситаҳои ченакро мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тасдиқи навъи онҳо месанҷад.

Бо қарори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ташкилотҳои махсус низ метавонанд ба сифати марказҳои давлатии санҷиши воситаҳои ченак аккредитатция (мансуб) гардонида шаванд.

Барои санҷиш намунаҳои воситаҳои ченак бояд ҳамроҳи санадҳои дахлдори меъёрию истифодабарӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Мутобиқати воситаҳои ченакро ба навъи тасдиқгардида дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии хадамоти метрологии маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандагон ё истифодабарандагон таҳти назорат мегиранд.

Ба рўи воситаҳои ченаки навъи тасдиқгардида ва ба рўи ҳар нусхаи дахлдори ҳуҷҷатҳои истифодаи он аломати тасдиқкунандаи навъи воситаҳои ченак гузошта мешавад.

 

Моддаи 15. Санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак, ки таҳти назорати давлатӣ қарор гирифтаанд, дар мавриди истеҳсол, таъмир ва истифода бояд аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ҷиҳати тасдиқи мутобиқати онҳо ба меъёрҳои  муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шаванд.

Намудҳои воситаҳои ченак, ки бояд аз санҷиш гузаранд ва тартиби гузаронидани санҷиши мутобиқатиро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Бо иҷозати мақоми ваколатдор хадамоти метрологии дигар шахсони ҳуқуқӣ низ  метавонанд барои фаъолият дар соҳаи санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак аккредитатсия карда шаванд.

Тартиби аккредитатсия кардани хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Воситаҳои ченак, ки аз санҷиши  мутобиқатӣ гузаштаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор мўҳргузорӣ карда мешаванд ва ё мутобиқати онҳо бо  шаҳодатномаи санҷиш тасдиқ мегардад. «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 16.  хориҷ карда шуд. (қҷт 30.07.07, №321)

 

Моддаи 17. Ҳуқуқи вазифаҳои нозирони давлатӣ оиди таъмини ченаки ягона

Назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. «қҷт 31.12.08 №467»

Нозирони давлатӣ, ки воситаҳои ченакро месанҷанд, бояд чун санҷишгарон аз санҷиш гузаранд. «қҷт 31.12.08 №467»

Нозирони давлатӣ ҳангоми дар минтақаҳои дахлдор анҷом додани назорати давлатии метрологӣ ҳуқуқ доранд бо нишон додани шаҳодатномаи хидматӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ: (қҷт 30.07.07, №321); «қҷт 31.12.08 №467»

ба объектҳое дароянд, ки дар он ҷо воситаҳои ченакро, сарфи назар аз тобеият ва шаклҳои моликияти ин объектҳо истифода мекунанд, месозанд, таъмир менамоянд, мефурўшанд, нигоҳ медоранд ё саришта мекунанд;

мутобиқати воҳидҳои бузургиро, ки ба истифодаашон иҷозат дода шудааст, санҷанд;

воситаҳои ченак, мутобиқат, шароити истифода, инчунин мутобиқати онҳоро ба навъи тасдиқшудаи воситаҳои ченак тафтиш намоянд;

истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро тафтиш намоянд, ки барои санҷиши воситаҳои ченак истифода мешаванд;

миқдори молро, ки дар рафти амалиёти тиҷоратӣ мусодира гардидааст, тафтиш кунанд;

барои назорат намунаи молу маҳсулот, инчунин молҳои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихоб намоянд;

воситаҳои техникиро истифода кунанд ва кормандони объекти таҳти назорати метрологӣ қарордоштаро ҷалб намоянд.

ҳангоми риоя нашудани қоида ва меъёрҳои метрологӣ инспектори давлатӣ ҳуқуқ дорад:

истифода ва истеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардида номутобиқ будани онҳо, инчунин аз санҷиш нагузаштаро манъ намояд;

тамғаҳои тафтишнашударо ботил кунад ё худ шаҳодатномаи санҷишро ҳангоме, ки воситаи ченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё фосилаи байни санҷиш риоя карда нашудааст, беэътибор гардонад;

ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирад;

ҳангоми риоя накардани талаботи фаъолияти мазкур оиди маҳрум намудан аз иҷозатномаи сохтан, таъмир кардан, фурўхтан ва ба киро додани воситаҳои ченак таклифҳо пешниҳод намояд;

дастурҳои ҳатмӣ диҳад ва мўҳлати рафъи риоя нашудани қоидаю меъёрҳои метрологиро муқаррар кунад.

 

Моддаи 18. Масъулияти нозирони давлатӣ

Нозирони давлатӣ, ки назорати давлатиро анҷом медиҳанд, бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин муқаррароти санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона ва назорати давлатии метрологиро қатьиян риоя намоянд. «қҷт 31.12.08 №467»

Нозирони давлатӣ барои ба ҷо наовардан ё иҷрои номатлуби масъулияти вазифавӣ, суиистифодаи салоҳият ва дигар қонуншиканӣ, аз ҷумла фош кардани сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. (қҷт 30.07.07, №321)

Шикоят аз амали нозирони давлатӣ дар давоми 20 рўзи қарор қабул намудани онҳо ба мақоми хадамоти давлатии метрологӣ, ки нозирон бевосита тобеъанд ё ба мақомоти болоӣ дода мешавад. Шикоят дар давоми як моҳи расиданаш баррасӣ мегардад ва оиди он қарор қабул карда мешавад.

Аз амали нозирони давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида метавон ба суд шикоят кард.

Шикоят кардан аз амали нозирон иҷрои дастури онҳоро боздошта наметавонад.

 

Моддаи 19. Мусоидат ба инспектори давлатӣ

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд, ки ба инспектори давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояш мусоидат намоянд. Ашхосе, ки ба назорати давлатии метрологӣ монеъ мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 191. Санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ

Назорати давлатии метрологии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардидаи метрологӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад. (қҷт 30.07.07, №321)

 БОБИ 5.

Андозагирии воситаҳои ченак

Моддаи 20. Андозагирии воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак, ки нисбати онҳо тибқи муқаррароти Қонуни мазкур санҷиши мутобиқатӣ пешбинӣ шудааст, дар мавриди истеҳсол, таъмир, воридот, фурўш ё истифода мутобиқи дархости шахсони ҳуқуқии манфиатдор метавонанд мавриди андозагирӣ қарор гиранд. Андозагирӣ аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ё хадамоти метрологии шахси ҳуқуқӣ, ки аз тарафи  мақоми ваколатдор барои иҷрои чунин намуди фаъолият аккредитатсия шудааст, амалӣ гардонида  мешавад.

Натиҷаи андозагирии воситаҳои ченак бо мўҳр, шаҳодатномаи андозагирии воситаҳои ченак ва ё тавассути сабти он дар  санадҳои истифодаи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад. «қҷт 31.12.08 №467»

 

Моддаи 21. Тартиби андозагирии воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ мавриди андозагирӣ қарор мегиранд. «қҷт 31.12.08 №467»

БОБИ 6.

Маблағгузорӣ барои таъмини ченаки ягона

 

Моддаи 22. Маблағгузории ҳатмии давлатӣ

Маблағгузории ҳатмии давлатӣ барои иҷрои корҳои зайл зарур аст:

— таҳия, такмил, харидорӣ, нигаҳдорӣ, истифодаи маҳакҳои давлатии воҳидҳои ченак ва воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ;

— нигаҳдорӣ, харидорӣ ва таҳияи таҷҳизоти барои ҷиҳозонидани мақомоти хадамоти давлатии метрологӣ зарур;

-таҳияи санадҳои меъёрӣ барои таъмини  ченаки ягона;

-амалигардонии назорати давлатии метрологӣ.

Ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ, ки пурра ё қисман аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, аз  ҷумла барномаи таъсис ва рушди истеҳсоли маҳсулоти мудофиавӣ бояд фаслҳои таъмини соҳаи метрологӣ пешбинӣ шаванд. «қҷт 31.12.08 №467»

 

БОБИ 7.

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «қҷт 31.12.08 №467»

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  15 май соли 1997

№ 435

ШАРИКОН: