ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

(АМОҶТ соли 1997, № 10, мод.147; с. 1998 №10, мод.74; с.  2002 № 4, қ.1, мод.179, 188; с. 2007, №6, мод. 434; мод. 437; с.2012, №7, м.722)

 

Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот танзим мекунад.

 

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машруботи бо қонунгузорӣ муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.

Спирти этилӣ ошомӣ, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваҷот ва дигар озуқаи дорои спирти этилӣ, ки аз ашёи хоми хўрокворӣ истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз ҷумлаи машрубот аст.

Тахти муомилоти спирти этилӣ ва машрубот содироту воридот, молрасонӣ, хариду фурўши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этилӣ) фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 2. Қонунҳо дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Қонунҳо дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии тибқи он қабулшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.

Амали ин Қонун ба маҳсулоти зерин дахл намекунад:

машруботе, ки шаҳрванд (шахси воқеӣ) на барои фурўш истеҳсол кардааст;

спирти этилӣ, ки шахси юридикӣ ё ашхоси юридикӣ дар асоси шартнома аз ҳар хели ашёи хом истеҳсол кардаанд ва онро танҳо дар ҷараёни технологӣ вақти тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд.

 

Моддаи 3. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз инҳо иборатанд:

ташкили назорати давлатӣ ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;

муқаррар намудани маблағи акцизи спирти этилӣ ва машрубот;

муқаррар кардани меъёри қоидаҳо, стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот; (қҷт. 03.07.2012, №872)

ташкилу баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот; (қҷт 13.06.07, №278)

татбиқи маҷмўи тадбирҳое, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагони моли ватаниро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спири этилӣ ва машрубот ҳифз мекунанд.

Масъалаҳои дигари танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, ки дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва бо ин Қонун танзим гардонида нашудаанд. (қҷт. 03.07.2012, №872)

 

БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ

 

Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:

иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт. 03.07.2012, №872)

манъ кардани фурўши чаканаи спирти этилӣ;

муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ; (қҷт. 03.07.2012, №872)

амалӣ гардонидани назорати давлатии сифати спирти этилӣ.

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот (қҷт. 03.07.2012, №872)

Фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №872)

Иҷозатнома дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. (ҚҶТ 21.05.98 №578;ҚҶТ 03.05.02 №8; ҚҶТ аз 13.06.07, №278); (қҷт. 03.07.2012, №872)

 

БОБИ III. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ

 

Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот ин корҳоро пешбинӣ менамояд:

иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машрубот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт. 03.07.2012, №872)

сертификатсияи машрубот ва таҷҳизоти истеҳсоли он;

муқаррар намудани акцизи ҳамаи хелҳои машрубот;

назорати риояи ҳуқуқи истемолкунандагони машрубот;

муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти машрубот. (қҷт. 03.07.2012, №872)

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машруботро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад.

 

Моддаи 7. Шароит барои истеҳсол ва муомилоти машрубот

Истеҳсол ва муомилоти машруботро ашхоси юридикие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавҷуд будани лицензияҳои дахлдор шароите доранд, ки ба меъёру қоидаҳои санитарию гигиенӣ мувофиқат мекунад.

Барои истеҳсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танҳо аз ашёи хоми озуқа ҳосил шудааст.

Машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи савдои чакана фурўхта мешавад, аз ҷумла машруботи хориҷӣ бояд оиди сертификатсия, коди истеҳсолкунанда, аломати мувофиқат, номгўи стандартҳои давлатӣ, ки машрубот бояд ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқ бошад, оиди ҳаҷми зарф, таркиб, оиди моддаҳои барои саломатӣ зиёновари таркиби он нисбати талабҳои ҳатмии регламентҳои техникӣ ва оиди ғайри қобили истеҳсол маълумот дошта бошад. (қҷт. 03.07.2012, №872)

 

Моддаи 8.  хориҷ карда шуд. (ҚҶТ аз 13.06.07, №278)

 

Моддаи 9. Акцизи машрубот

Акцизи машрубот бо тартибу шартҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Маблағи акциз ба воҳиди миқдори спирти этилии таркиби машрубот ҳисоб карда мешавад.

Акцизи машруботи воридотӣ ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани он ситонида мешавад.

Бо мақсади пурра ситонидани маблағи акциз ва пешгирии пинҳонӣ овардану фурўхтани молҳои мавриди акциз тартиби тамғазании тамоми машрубот бо тамғаҳои маблағи акцизи муқаррар карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №872)

Намунаи тамғаҳои маблағи акциз, тартиб ва ҳаҷми пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Сифати машруботи воридотӣ

Сифати машруботи воридотӣ аз сифати пешбининамудаи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникии ҳамин намуд машруботи ватанӣ набояд паст бошад. (қҷт. 03.07.2012, №872)

 

Моддаи 11. хориҷ карда шуд. (қҷт. 03.07.2012, №872)

 

Моддаи 12. Шартҳо ва тартиби фурўши маҳсулот

Фурўши машруботи ватанӣ ва воридотиро ташкилотҳо ба таври яклухт ва чакана, соҳибкори инфиродӣ ба таври чакана дар сурати доштани лицензия амалӣ мегардонанд.

Ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ машруботро танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) фурўхта метавонанд.

Дар айни замон фурўши яклухт ва чаканаи машрубот:

дар муассисаҳои бачагона, таълимӣ, динӣ ва табобатию профилактикӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

бо миқдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотҳои номуносиби маҳалҳои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоҳҳо, объектҳои таъиноти ҳарбӣ) ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо, ҳамчунин аз даст, дўкончаҳо ва автомашинаҳо, павильону хаймаҳои таҷҳизонидашудаи савдо ва дигар биноҳои барои фурўши ин маҳсулот номувофиқ, дар ташкилотҳои илмӣ ва истеҳсолӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

ба ашхоси то синни 18 — сола;

бе сертификати мувофиқат ва тамғаи маблағи акцизӣ манъ аст.

Шартҳо ё маҳдудиятҳои дигари фурўши чаканаи машруботро дар ҳудуди муайян мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) махсус бо мақсади ҳифзи сиҳати аҳолӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқии рафтор муқаррар карда метавонанд.

 

БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН

 

Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Қонун

Ба истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мақомоти махсуси босалоҳияти давлатӣ назорати давлатӣ мекунанд.

Системаи мақомоти назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ва вазифаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати спирти этилӣ ва машруботро дар бар мегирад. (қҷт. 03.07.2012, №872)

Мақомоте, ки бо масъалаҳои танзим ва назорати давлатии истеҳсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот, додани лицензия сару кор доранд, метавонанд як қисми пули пардохтҳо ва боҷро бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти худ харҷ намоянд. (қҷт. 03.07.2012, №872)

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом дода мешавад. (ҚҶТ 13.06.07, №281)

 

Моддаи 14. Манъи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ин корҳо манъ аст:

барои истеҳсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқавӣ истеҳсол шудааст;

фурўши чаканаи спирти этилӣ;

истеҳсол ва муомилоти машрубот бе лицензияҳои дахлдор;

фурўши машрубот бе сертификатҳои мувофиқат ё бе тамғаҳои боҷи акцизӣ;

фурўши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;

фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳатмии ҳуҷҷати меъёрию техникӣ мувофиқат намекунанд; (қҷт. 03.07.2012, №872)

реклама кардани машруботи ба талабҳои ҳамин Қонун мувофиқа накунанда. (қҷт. 03.07.2012, №872)

Мансабдорони ташкилотҳое, ки спирти этилӣ ва машруботро бе риояи талабҳои ин Қонун истеҳсол мекунанд ва ба муомилот мебароранд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 15 май соли 1997

№ 451

 

 

ШАРИКОН: