ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ  с.1996, №3, мод.55; с.1997, №9, мод. 117; с.1998, №10, мод.119; с.2001, №7, мод. 475; с.2003, №8, мод.452; с.2009, №3, мод.93; с. 2009, № 12, мод. 817; с.2011, №12, м.834; с.2012, №7, м.713, с 2014, №3, мод. 146)

 

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки аз будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷате доранд, ки  мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар тасдиқ мекунад.

Шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар надоранд, шахсони бешаҳрванд эътироф карда мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

Мутобиқи Конституцияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. «қҷт 03.12.09 №565»

 

Моддаи 3. Асосҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва Қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинй нашуда бошад, шаҳрвандони хориҷӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳо ва ўҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар истифода мебаранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз аслу насаб, вазъи иҷтимоию шароити молиявӣ, мансубияти нажодиву миллӣ, ҷинсият, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъу хусусияти машғулияташон ва ҳолатҳои дигар дар назди Қонун баробаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони давлатҳое, ки дар он ҷо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан маҳдуд карда мешаванд, маҳдудиятҳои мутобиқ муқаррар мекунад.

Аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани ҳуқуқу озодиҳо набояд ба манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарар расонад. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 4. Ўҳдадории эҳтироми Конституция (Сарқонун) ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон

Амалӣ кардани ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ дода шудааст, аз иҷрои ўҳдадориашон, ки қонунгузори мукаррар кардааст, ҷудонашаванда аст.

Шаҳрвандони хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунанд, расму оини халқҳои сокини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гироми доранд.

 

Моддаи 5. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд

Истиқоматкунандагони доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он шаҳрвандони хориҷие дониста мешаванд, ки дорои иҷозати бо гувоҳномаи иқомат ба расмият даровардашуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода шудааст, бошанд.

Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи гувоҳномаи иқоматро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар асосҳои қонунӣ қарор доранд,  истиқоматкунандагони муваққатӣ ҳисобида  мешаванд. Онҳо ўҳдадоранд, ки дар муддати 3 шабонарўз аз рўзи омаданашон бо тартиби муқарраргардида, шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гузоранд ва дар сурати гузаштани мўҳлати муайяни иқомат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад. «қҷт 03.12.09 №565»

Қоидаҳои бақайдгирӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. «қҷт 26.03.09 №500»

 

Моддаи 6. Паноҳгоҳ додан

Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба он шахрвандони хориҷие, ки мавриди вайрон кардани ҳуқуқи инсон қарор гирифтаанд, паноҳгоҳи сиёси дихад.

Панохгохи сиёсиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.


  1. ҲУҚУҚ, ОЗОДИҲО ВА ЎҲДАДОРИҲОИ АСОСИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 7. Фаъолияти меҳнатӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузорӣ ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд. «қҷт 03.12.09 №565»

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд, ба фаъолияти муайяни меҳнатӣ ба шарте машғул шуда метавонанд, ки он ба мақсадҳои ба Ҷумҳурии Тоиҷкистон омаданашон мувофиқ мебошад.

Агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи алоҳида таъин ё ба фаъолияти муайяне машғул шудан ба мансубияти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад, шаҳрвандони хориҷӣ ба ин вазифаҳо таъин ва ба ҳамин гуна фаъолият машғул шуда наметавонанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқу ўҳдадориҳои баробар доранд.

Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират дода мешавад, амалӣ мегардад. «қҷт 26.03.09 №500»; (қҷт. 26.12.2011 №769)

Қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд  ва намунаи варақаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. «қҷт 26.03.09 №500»

 

Моддаи 8. Истироҳат

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқи истироҳат кардан доранд.

 

Моддаи 9. Ҳифзи саломатӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ доранд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёрии тиббӣ истифода мебаранд.

Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққатӣ омадаанд, ёрии тиббӣ мувофиқи тартибе расонида мешавад, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

 

Моддаи 10. Ҳифзи иҷтимоӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ доранд, барои гирифтани кўмакпулиҳо, нафақа ва навъҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ дар асосҳои умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои иқомати муваққатӣ омадаанд, барои гирифтани кўмакпулиҳо, ва навъҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ дар асос ва ба тартибе ҳуқуқ доранд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

Агар барои таъин кардани, нафақа собиқаи муайяни кор талаб карда шавад ба шаҳрвандони хориҷӣ дар асос ва ба тартибе, ки конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба ин собиқа метавонад кори дар хориҷа кардаи онҳо ҳисоб карда шавад. «қҷт 03.12.09 №565» (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 11. Додани манзили истиқоматӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, дар асос ва ба тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқарраршуда дар хонаҳои фонди манзилии давлвтӣ  ва  ҷамъиятӣ  кооперативҳои манэилию сохтмонӣ барои ба истифода гирифтани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд. «қҷт 03.12.09 №565»

Шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи ҳамчун  моликият ба даст овардани биною хонаҳои истиқоматӣ, инчунин дигар  биноҳоеро, ки ба фонди манзил дохил шудаанд, надоранд (ба истиснои ба даст овардани мерос аз ҷониби ворисони қонунӣ), агар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон  тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. «қҷт 03.12.09 №565»

Қоидаҳои пешниҳод намудани молу мулки ғайриманқул бо мақсади ҷойгир кардани намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзили истиқоматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. «қҷт 03.12.09 №565»

 

Моддаи 12. Ҳуқуқи амволӣ ва шахсии ғайриамволӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд  амволи  хусусӣ дошта бошанд, молу мулкро ба мерос   монанд   ё   гиранд,  ҳуқуқи муаллифии кори илмӣ, эҷодиёти бадеӣ ва фарҳангӣ, кашфиёт,  ихтироот, намунаҳои саноатӣ, ҳамчунин ҳуқуқи дигари амволию ғайриамволиро дошта бошанд, агар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  тартиби  дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 13. Гирифтани маълумот

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби  муқарраркардаи   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумот ҳуқуқ  доранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба мактабҳо  қабул шудаанд, мутобиқи   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои талабагон ва донишҷўёнро доранд, агар дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ  тартиби дигаре пешбинӣ нашуда   бошад.

 

Моддаи 14. Истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз дастовардаҳои фарҳангӣ баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳуқуқ  доранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки нисбати ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, дигар арзишҳои фарҳангӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

 

Моддаи 15. Иштирок дар ташкилотҳои  ҷамъиятӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  доимӣ  зиндагӣ  мекунанд,  ҳуқуқ доранд дар асосҳои умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятиҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзиш ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ дохил шаванд, агар  ин хилофи оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои мазкур ва қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.

 

Моддаи 16. Озодии виҷдон

Ба шаҳравандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баробари  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  озодии   виҷдон  кафолат дода мешавад.

Таҳрики ҳукумат ва бадбинӣ ба иртиботи дину мазҳаб манъ аст.

 

Моддаи 17. Муносибатҳои  оилавӣ (қҷт аз 14.03.14, №1071)

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шахсони дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шартномаҳои байналмилалӣ ақди никоҳ банданд ва онро  бекор кунанд. (қҷт аз 06.08.01, №33); «қҷт 03.12.09 №565»

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои оилавӣ аз ҳукуқҳо истифода мебаранд ва дорои ўҳдадориҳо мебошанд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 18. Дахлнопазирии шахс ва манзил

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ дахлнопазирии шахс ва манзил ва дигар ҳуқуқҳои шахсӣ кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 19. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва ҷои зист интихоб намудани шаҳрвандони хориҷӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар раванд ва ҷои зистро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд.

Маҳдудият  дар бобати аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои зист вақт е роҳ дода мешавад, ки агар он барои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва  маънавии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсон зарур бошад.

 

Моддаи 20. Андоз ва боҷ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон андозу боҷҳо месупоранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад. «қҷт 03.12.09 №565»

 

Моддаи 21. Ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи молу мулки шахсӣ, оилавӣ ва ғайра ҳуқуқ доранд, ки ба суд ва дигар мақомоти давлатӣ муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар суд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи мурофиавӣ истифода мебаранд.

 

Моддаи 22. Муносибат ба ҳуқуқи интихоботӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи ҳокимият интихоб карда, интихоб шуда ва таьин  шуда, инчунин дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок карда наметавонанд.

 

Моддаи 23. Муносибат ба хизмати ҳарбӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафҳои қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадор намебошанд.

 

III. БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОМАДАН ВА АЗ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

 

Моддаи 24. Омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди воридшавӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, метавонанд  вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. «қҷт 26.03.09 №500»

Тартиби аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон яктарафа ҷорӣ намудани низоми бераводидро бо кишварҳои хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (қҷт. 03.07.2012, №863)

Ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан мумкин аст, дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода нашавад:

1) ба манфиати таъмини амнияти миллӣ ё ҳифзи тартиботи ҷамьиятӣ;

2) агар ин барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;

3) агар дар вақти пештар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани ин шахс фактҳои аз ҷониби вай вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур, қонунгузор оиди гумрук, асъор ё дигар қонунгузории ҷумхурӣ муқаррар карда шуда бошад; (қҷт аз 14.03.14, №1071)

4) агар дар вақти пешниҳод кардани дархост барои омадан вай дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;

5) бо асосҳои дигаре, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ ронда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рўзи қабули қарор дар бораи ронда шудан, манъ аст. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 25. Рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди рафтан, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тарк менамоянд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

Дар сурати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шахсони бешаҳрванд ҳуҷҷати ивазкунандаи шиносномаи хориҷӣ шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд мебошад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад. Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. «қҷт 26.03.09 №500»

Ба шаҳрвандони хориҷӣ дар чунин ҳолатҳо барои  рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода   намешавад:

1) агар барои  ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вай асос бошад, то  анҷоми пешбурди парванда; (қҷт аз 14.03.14, №1071)

2) агар вай барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад, — то адои ҷазо ё озодшавӣ аз ҷазо;

3) агар рафтани вай хилофи манфиатҳои таъмини анияти миллӣ бошад, — то ҳатми амали ҳолатҳое, ки ба рафтан монеъ мешаванд;

4) агар асосҳои дигари муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  вуҷуд дошта бошад, ки  ба рафтан монеъ мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷӣ, ки баъзе манфиатҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ, кооперативӣ ё дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо вай алоқаманд мебошанд, то аз тарафи вай адо намудани ўҳдадориҳои амволиаш  мавқуф гузошта шуда метавонад. (қҷт аз 14.03.14, №1071)


Моддаи 26.
Гузашта рафтани транзитӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарики  транзитӣ гузашта мераванд, қоидаҳои гузашта рафтани транзитиро дар нуқтаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи хатти ҳаракати муқарраршуда риоя мекунанд ва метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани раводиди транзитӣ, ки аз тарафи  Вазорати   корҳоии  хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, таваққуф намоянд. (қҷт аз 22.05.98, №622; қҷт 06, 08,01, №33) (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 27. Муқаррар намудани қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон, баромада рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашта рафтани транзитй аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қоидаҳои дохил шудан, баромада рафтани шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва гузашта рафтани транзитии онҳо  аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ин Қонун ва  аз  тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешаванд. (қҷт аз 22.05.98, №622)

 

  1. МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ, КАМ КАРДАНИ МЎҲЛАТИ БУДУ БОШ,

РОНДА ШУДАН

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои амалҳои зиддиҳуқуқӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиддиҳуқуқӣ содир кардаанд, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 29. Масъулият барои вайрон кардани қоидахои буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта рафтани транзитй аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон менамояд, яъне бе ҳуҷҷати ҳуқуқӣ истиқомат ё бо ҳуҷҷатҳои қал6акӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тартиби муқарраршудаи бақайдгирӣ ё сабти маҳалли истиқоматӣ, ё аз як  ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои истиқоматро риоя намекунанд, баъди хатми мўҳлати таъиншудаи буду боши худ аз баромада рафтан саркашӣ менамоянд, инчунин қоидаҳои гузашта рафтанро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя наменамоянд, чораҳои дорои хусусияти маъмурӣ ва ҷиноятӣ татбиқ шуда метавонад.

 

Моддаи 30. Кам кардани мўҳлати буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, мўҳлати муайяни буду боши вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам карда шуда метавонад. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

Мўҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҳолатҳое, ки асос барои буду боши минбаъдаи вай аз байн рафта бошад, кам карда мешавад.

Қарор дар бораи кам кардани мўҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда мешавад.

 

Моддаи 31. Ронда шудан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрванди хориҷӣ дар чунин мавридҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда метавонад:

1) агар амалу рафтори вай хилофи манфиатҳои таъмини амнияти миллӣ ё ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бошад;

2) агар ин барои ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфитҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарур бошад;

3) агар вай талаботи Қонуни мазкур, қонунгузории гумрук, асъор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда бошад. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

Қарор дар бораи ронда шудани шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералии ҷумҳурӣ қабул карда мешавад ва агар  рондашаванда дар мўҳлати як ҳафтаи баъди қабули он дар бораи ронда шуданаш ба суд оиди қонунӣ будани қарори мазкур муроҷиат накунад, қарор иҷро карда мешавад. Ҳалномаи суд аз руи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда қабул карда мешавад. (қҷт 06, 08,01, №33); «қҷт 26.03.09 №500»

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мўҳлати ҷазои шаҳрванди хориҷии маҳкумшуда, ки бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шавад, ба мақомоти минтақавӣ оид ба муҳоҷират, корҳои дохилӣ ва амнияти ҷои ҷойгиршавии муассиса ё мақоме, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро амалӣ менамояд, дар бораи озодшавии он хабар медиҳад. (қҷт аз 01.08.03, №29)

 

  1. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 32. Амали қонун нисбати шахсони бешаҳрвандӣ

Муқаррароти қонуни мазкур нисбати шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд, агар аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигар барнаояд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 33. Имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони дигар

Муқаррароти қонуни мазкур ба имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва шаҳрвандони хориҷии ба онҳо баробаркардашуда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, дахл намекунад. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

Моддаи 34. Танзими буду боши кормандони намояндагиҳои хориҷӣ

Буду боши намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, инчунин аъзоёни оилаҳои онҳо тавассути шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим  карда мешавад. (қҷт аз 06.08.01, №33)

 

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни  мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1071)

 

   Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Э. РАҲМОНОВ

ш.Душанбе, 1 февраля соля 1996,

                  №230

ШАРИКОН: