Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

(АМОҶТ  с.2007, №3, м.170; с.2008, №10, м.812; с.2009, №5, м.318, №7-8, м.497; с. 2010с. №1, мод. 9; с.2010, №12, м.816; с.2011, №12, м.844; с.2016,№11, мод.890)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ, ҳуқуқу ўҳдадорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои саҳмдорон ва шахсони сеюм, салоҳият ва масъулияти мақомот ва шахсони мансабдори ҷамъиятҳои саҳомиро муайян менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст,  иборат  мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1374)

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мешаванд:

— ҷамъияти саҳомӣ — ташкилоти тиҷоратие, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шуда, иштирокчиёни (саҳмдорони) он аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ масъулият надоранд ва таваккали зарари вобаста ба фаъолияти онро дар доираи арзиши саҳмияҳои марбуташон ба зимма доранд;

— вомбарги қобили табдил – коғази қиматноки баровардаи ҷамъияти саҳомӣ, ки бояд ба саҳмияи ҳамин ҷамъияти саҳомӣ, тибқи шартҳои ҳангоми баровардани вомбаргҳои қобили табдил муқарраргардида иваз карда шавад;

— дорандаи феҳрист (реестр) – иштирокчии касбии бозори  коғазҳои қиматнок ё шахси мутасаддии ҷамъияти саҳомӣ, ки бо пешбурд ва маҳфуздории феҳристи соҳибони саҳмияҳо машғул аст;

— дорандаи номиналии саҳмияҳо – шахси иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки молики саҳмияҳо намебошад ва манфиати саҳмдорро аз рўи саҳмияҳои ў ҳимоя намуда, ҳуқуқи ўро аз номи худ ва тибқи супориши молик дар асоси шартнома татбиқ мекунад;

— мақоми ваколатдор — мақоми давлатие, ки танзими давлатии муносибатҳои марбути бозори коғазҳои қиматнокро ба зимма дорад;

— суди (дивиденди) саҳмия– қисми даромади софи ҷамъияти саҳомӣ, ки байни саҳмдорон мутаносибан ба миқдори саҳмия тақсим карда мешавад;

— саҳмияи паҳнкардашуда – саҳмияе, ки дар муомилоти бозори коғазҳои қиматнок мебошад. Миқдори ин саҳмияҳо ҳамчун фарқи миқдори умумии саҳмияҳо ва миқдори саҳмияҳое, ки дар тавозуни худи ҷамъияти саҳомӣ мебошанд, муайян карда мешавад;

— саҳмияи имтиёзноки ҷамъшаванда (кумулятивӣ) — саҳмияе, ки суди саҳмияаш аз ҳисоби набудани фоидаи ҷамъияти саҳомӣ пардохта нашудааст ва дар солҳои минбаъда ҷуброн карда мешавад;

— саҳмияи манзурӣ — саҳмияе, ки ному насаби дорандаи он дар феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ сабт намешавад ва аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ саҳмдори комили ҷамъияти саҳомӣ мебошад. Суди ин намуди саҳмия дар мавриди пешниҳоди саҳмия пардохта мешавад;

— саҳмияи номӣ — саҳмияе, ки ба номи шахси муайян дода шуда, дар феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ба қайд гирифта мешавад. Фурўш ва ба каси дигар додани ин намуди саҳмия дар асоси санади интиқолӣ (индоссамент) амалӣ гардонида мешавад;

— саҳмияи овоздор –саҳмияе, ки дорандаи он шахсан ва ё ба воситаи намояндаи ваколатдори худ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқи овоздиҳиро дорад;

— тақсими оммавии саҳмияҳо ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ, ки ба саҳмияҳо табдил дода мешаванд – бо роҳи эълони оммавӣ, гузаронидани маъракаи рекламавӣ ва савдо дар байни мардуми сершумор, ки ҳайат ва миқдори онҳоро пешакӣ муайян кардан мумкин нест, тақсим кардани саҳмия ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ;

— овоздиҳии кумулятивӣ – усули овоздиҳие, ки ҳангоми он ба ҳар як саҳмияи дар овоздиҳӣ иштирокдошта миқдори овозе рост меояд, ки ба шумораи умумии аъзои мақоми идоракунии дастаҷамъии ҷамъияти саҳомӣ  баробар аст;

— шахсони бонуфуз – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки қодиранд ба субъектҳои хоҷагидори фаъолияти соҳибкорӣ таъсир расонанд. Шахсони бонуфузи ҷамъияти саҳомӣ шахсони мансабдори он (аъзои Шўрои директорон (Шўрои нозирон), аъзои мақоми коллегиявии иҷроия) ва саҳмдоре, ки дорои 20 фоиз ва аз ин бештари саҳмияҳои овоздиҳандаи онро дорад;

— сармояи оинномавӣ – сармояи ҳадди ақалли ҷамъияти саҳомӣ  дар рўзи таъсис, ки андозаи онро ҳамин Қонун муқаррар кардааст;

— молик-бенефитсиар (манфиатгир)– як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бе восита ё ба восита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиётанҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд,инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1374)

 

Моддаи 4. Вазъи ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ шахси ҳуқуқӣ буда, ўҳдадориҳоеро барои фаъолият ба зимма дорад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад.
  2. Ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки номгўи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муайян мекунад, ҷамъияти саҳомӣ метавонад танҳо дар асоси иҷозатнома машғул шавад.
  3. Ҷамъияти саҳомӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз рўзи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъсисёфта ба ҳисоб меравад. Ҷамъияти саҳомӣ, агар дар оинномаи он тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бе маҳдудсозии мўҳлат таъсис дода мешавад. Ҷамъияти саҳомӣ  ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд.
  4. Ҷамъияти саҳомӣ шахси ҳуқуқӣ ва дорои молу мулки алоҳида мебошад, ки дар тавозуни мустақили он ба ҳисоб гирифта шуда, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсиро ба даст орад, дорои ўҳдадорӣ бошад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.
  5. Ҷамъияти саҳомӣ бояд дорои мўҳри мудаввар бо зикри номи пурраи фирма ба забони давлатӣ бошад. Дар мўҳр ҳамчунин метавонад номи фирмавии ҷамъияти саҳомӣ бо ҳама гуна забони дигар сабт гардад.

6.Ҷамъияти саҳомӣ метавонад мўҳр (штамп) ва бланкаҳои бо зикри номи худ, инчунин бо тартиби муқарраргардида тамғаи моли ба қайд гирифташуда ва дигар воситаҳои тасвирии шинохташаванда  дошта бошад.

  1. Хусусияти таъсис ва азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, сармоягузорӣ ва суғуртавӣ бо Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳангоми хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ таъсис ёфтаанд ва нисбати онҳо ҳуқуқи махсус оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии мазкур («саҳмияи тиллоӣ») истифода бурда мешавад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» муайян мекунад. (қҷт 05.08.2009, №541)

 

Моддаи 5. Ном ва маҳалли ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ дорои номи фирмавии худ мебошад ва бояд дар номгўи худ калимаҳои «Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)» ё «Ҷамъияти саҳомии пўшида (ҶСП)» дошта бошад.
  2. Маҳалли ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ аз рўи ҳуҷҷатҳои таъсисии он муайян карда мешавад.
  3. Ҷамъияти саҳомӣ бояд дорои суроғаи почта бошад, ки тавассути он бо вай робита мекунанд.

 

Моддаи 6. Ҷамъиятҳои саҳомии кушода ва пўшида

  1. Ҷамъияти саҳомӣ дар шаклҳои кушода ва пўшида таъсис дода мешавад, ки он дар оиннома ва номи фирмавиаш инъикос мегардад.
  2. Саҳмдорони ҷамъияти саҳомии кушода метавонанд саҳмияҳои худро бе розигии дигар саҳмдорони ин ҷамъият бегона кунанд. Чунин ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад барои саҳмияҳои баровардааш обунаи кушодаро доир намояд ва онҳоро бо дарназардошти ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фурўшад.

Шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии кушода маҳдуд карда намешавад.

Ҷамъияти саҳомии кушода ҳар сол ҳисоботи солона, тавозуни муҳосибавӣ ва ҳисоботи фоидаю зарарро барои маълумоти умум нашр мекунад.

  1. Ҷамъияти саҳомие, ки саҳмияҳояш танҳо байни муассисони он ё гурўҳи дигари шахсони қаблан муайянгардида тақсим карда мешавад, ҷамъияти саҳомии пўшида эътироф мегардад. Чунин ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад ба саҳмияҳои баровардааш обунаи кушода доир намояд ё ба тарзи дигар онҳоро барои харид ба гурўҳи номаҳдуди шахсон пешниҳод кунад.

Шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пўшида набояд аз панҷоҳ нафар зиёд бошад.

Агар шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пўшида аз шумораи ниҳоии муқараррнамудаи ҳамин қисм бештар бошад, ин ҷамъияти саҳомӣ дар  муддати як сол бояд ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода шавад. Агар шумораи саҳмдорони он то шумораи ниҳоии муқараррнамудаи ҳамин қисм кам нагардад, ҷамъияти саҳомӣ бояд бо тартиби судӣ барҳам дода шавад.

Саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пўшида барои аз рўи нархи ба дигар шахс пешниҳодшуда харидорӣ намудани саҳмияҳои саҳмдорони ҳамин ҷамъияти саҳомӣ афзалият доранд. Дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ метавонад ба ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи афзалиятноки аз саҳмдорон харида гирифтани саҳмияҳояшон пешбинӣ карда шавад, ба шарте ки саҳмдорон аз ҳуқуқи афзалиятноки харидани саҳмияҳо истифода накарда бошанд.

  1. Саҳмдори ҷамъияти саҳомии пўшида, ки нияти ба шахси сеюм фурўхтани саҳмияҳои худро дорад, ўҳдадор аст саҳмдорони боқимондаи ҷамъияти саҳомӣ ва худи ҷамъияти саҳомиро бо нишон додани нарх ва дигар шартҳои фурўши саҳмияҳо хаттӣ огоҳ намояд. Огоҳонидани саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ тавассути ҷамъияти саҳомӣ амалӣ мешавад. Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, огоҳонидани саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ аз ҳисоби саҳмдоре амалӣ мешавад, ки нияти фурўхтани саҳмияҳои худро дорад. (қҷт 12.01.2010с, №585).

Агар саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ва (ё) ҷамъияти саҳомӣ аз ҳуқуқи афзалиятнок барои ба даст овардани ҳамаи саҳмияҳои барои фурўш пешниҳодшаванда истифода накунанд, дар мўҳлати ду моҳ аз рўзи гирифтани чунин огоҳинома аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳо метавонанд ба шахсони сеюм бо ҳамон нарх ва шартҳое, ки ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он хабар дода шуда буданд, фурўхта шаванд. Агар то ба охиррасии ин мўҳлат аз ҳама саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, инчунин ҷамъияти саҳомӣ (агар ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи афзалиятноки ба даст овардани саҳмияҳоро дошта бошад) аризаҳои хаттӣ оид ба истифода ё рад кардан аз ҳуқуқи афзалиятнок гирифта шуда бошад, мўҳлати амалинамоии ҳуқуқи афзалиятнок қатъ мегардад. (қҷт 12.01.2010с, №585)

5.Ҷамъияти саҳомие, ки муассиси он мутобиқи ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (ба истиснои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар ҷараёни хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ таъсис ёфтаанд), метавонанд танҳо ҷамъиятҳои саҳомии кушода бошанд.

Моддаи 7. Филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъияти саҳомӣ

1.Ҷамъияти саҳомӣ метавонад бо риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо таъсис диҳад ва намояндагиҳо кушояд.

Аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ таъсис додани филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории давлати хориҷии маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ анҷом дода мешавад, агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Филиали ҷамъияти саҳомӣ воҳиди махсуси он мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ воқеъ гашта, ҳамаи вазифаҳои он, аз ҷумла вазифаҳои намояндагӣ ё як қисми онро анҷом медиҳад.
  2. Намояндагии ҷамъияти саҳомӣ воҳиди махсуси он мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ воқеъ гашта, манфиатҳои онро намояндагӣ ва ҳифз менамояд.
  3. Филиал ва намояндагӣ шахсони ҳуқуқӣ набуда, дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи ҷамъияти саҳомӣ амал мекунанд. Филиал ё намояндагӣ аз ҷониби ҷамъияти саҳомии таъсиснамуда бо молу мулк таъмин мегардад, ки он ҳам дар тавозуни алоҳидаи онҳо ва ҳам дар тавозуни ҷамъияти саҳомӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Роҳбари филиал ё  роҳбари намояндагиро ҷамъияти саҳомӣ таъин менамояд, ки дар асоси низомнома ва ваколатномаи аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ додашуда амал мекунад.
  4. Филиал ва намояндагӣ фаъолиятро аз номи ҷамъияти саҳомии таъсиснамудаи он анҷом медиҳад. Аз рўи ўҳдадориҳои филиал ё намояндагӣ ҷамъияти саҳомии онҳоро таъсиснамуда масъул мебошад.
  5. Ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонанд филиалу намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он пас аз ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кушоянд. (қҷт. 29.12.10 №657)

Қисми 7 хориҷ карда шавад. (қҷт. 29.12.10 №657)

Моддаи 8. Ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобаста

  1. Ҷамъияти саҳомӣ метавонад мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ ва вобастаи дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро дошта бошад
  2. Ҷамъияти саҳомӣ ҳангоме фаръӣ эътироф мегардад, ки агар дигар ҷамъияти саҳомии асосии бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаҳои байни онҳо ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани қарорҳои аз ҷониби чунин ҷамъияти саҳомӣ қабулшавандаро дошта бошад.

Ҷамъияти саҳомии фаръӣ аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомии асосӣ масъулият надорад.

  1. Ҷамъияти саҳомии асосие, ки ҳуқуқи ба ҷамъияти саҳомии фаръӣ додани дастурҳои барояш ҳатмиро дорад, аз рўи аҳдҳое, ки ҷамъияти саҳомии фаръӣ бо мақсади иҷрои чунин дастурҳо бастааст, бо ин ҷамъияти саҳомӣ масъулияти муштарак дорад. Ҷамъияти саҳомии асосӣ вақте дорои ҳуқуқи ба ҷамъияти саҳомии фаръӣ додани дастурҳои барои иҷро ҳатмӣ эътироф мегардад, ки агар ин ҳуқуқ дар шартнома бо ҷамъияти саҳомии фаръӣ ё оинномаи ҷамъияти саҳомии фаръӣ пешбинӣ шуда бошад.

Дар сурати бо гуноҳи ҷамъияти саҳомии асосӣ муфлис шудани ҷамъияти саҳомии фаръӣ ҷамъияти саҳомии асосӣ вобаста ба қарзҳои он масъулияти субсидиарӣ дорад. Саҳмдорони ҷамъияти саҳомии фаръӣ ҳуқуқ доранд аз ҷониби ҷамъияти саҳомии асосӣ ҷуброн намудани зарари ба ҷамъияти саҳомии фаръӣ расонидаашро талаб кунанд.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ вақте вобаста эътироф мегардад, ки агар дигар ҷамъияти саҳомӣ (бартаридошта) беш аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомии якумро дошта бошад. Ҷамъияти саҳомие, ки бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомиро ба даст овардааст, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор бетаъхир дар ин бора маълумот нашр намояд.

 

Моддаи 9. Масъулияти ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ аз рўи ўҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулки марбутааш ҷавобгар мебошад.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ аз рўи ўҳдадориҳои саҳмдорони худ ҷавобгар намебошад.
  3. Саҳмдороне, ки арзиши саҳмияҳоро пурра напардохтаанд, дар доираи ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ оид ба арзиши пардохтнашудаи саҳмияҳояшон дорои масъулияти муштарак мебошанд.
  4. Агар муфлисии ҷамъияти саҳомӣ натиҷаи амал ё беамалии саҳмдорони он ё дигар шахси бонуфузи он бошад, ҳангоми нокифоягии молу мулки ҷамъияти саҳомӣ масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) ба зиммаи ҳамин саҳмдори бонуфуз ё дигар шахсон аз рўи ўҳдадориҳои он мумкин аст гузошта шавад.

БОБИ 2. ТАЪСИСИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 10. Таъсиси ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ бо қарори муассисон (муассис) таъсис дода мешавад. Дар сурати аз ҷониби як шахс таъсис намудани ҷамъияти саҳомӣ қарор оид ба таъсис аз тарафи ҳамин шахс қабул карда мешавад.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ инчунин метавонад бо роҳи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқии мавҷуда (муттаҳидшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ё табдилёбӣ) таъсис дода шавад.
  3. Муассисони ҷамъияти саҳомӣ байни худ шартномаи таъсис мебанданд, ки дар он тартиби фаъолияти якҷоя оид ба таъсиси ҷамъияти саҳомӣ, андозаи сармояи оинномавӣ, намудҳои саҳмия, ки байни муассисон паҳн карда мешаванд, андоза ва тартиби пардохти саҳмияҳо ва ҳамчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳои муассисон оид ба ташкили ҷамъияти саҳомӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Табдил додани корхонаи воҳиди давлатӣ ба ҷамъияти  саҳомӣ

  1. Корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо мақсади хусусигардонӣ метавонанд бо роҳи баровардани саҳмияҳо, ки арзиши умумиашон ба арзиши тамоми молу мулки корхона баробар аст, ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил шаванд.
  2. Қарор дар мавриди табдил додани корхонаи воҳиди давлатии марбут ба моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҷамъияти саҳомии кушода аз ҷониби мақомоти идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба корхонаҳои марбути моликияти коммуналӣ аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қабул карда мешавад.
  3. Ҷамъияти саҳомие, ки бо роҳи табдил додани корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис ёфтааст, вориси ҳуқуқии ҳамин корхона мебошад.
  4. Ҳангоми дар заминаи моликияти давлатӣ таъсис додани ҷамъияти саҳомии кушода маблағи сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомиро арзиши корхона (молу мулк) ташкил медиҳад, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Моддаи 12. Муассисони ҷамъияти саҳомӣ

  1. Муассисони ҷамъияти саҳомӣ шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие мебошанд, ки дар бораи таъсис ва тасдиқи оинномаи он қарор қабул кардаанд.

Мақомоти давлатӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, муассиси ҷамъияти саҳомӣ буда наметавонад.

Корхонаҳои воҳиди давлатӣ танҳо бо розигии давлат дар шахси мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии амволи давлатӣ метавонанд муассиси ҷамъияти саҳомӣ  бошанд.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ наметавонад ба сифати муассиси ягона (саҳмдор) дигар ҷамъияти саҳомии хоҷагидори иборат аз як  шахсро дошта бошад.
  2. Муассисони ҷамъияти саҳомӣ аз рўи ўҳдадориҳои вобаста ба таъсиси он ки то лаҳзаи бақайдгирии давлатии ҳамин ҷамъияти саҳомӣ ба миён омадаанд, масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) доранд.

 

Моддаи 13. Маҷлиси муассисони ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҳангоми аз ҷониби як муассис таъсис додани ҷамъияти саҳомӣ қарори таъсиси ҷамъияти саҳомӣ аз ҷониби ҳамин муассис қабул гардида, маҷлиси муассисон гузаронида намешавад.
  2. Маҷлиси муассисон ҳангоми иштироки ҳамаи муассисон ё намояндагони ваколатдори онҳо босалоҳият мебошад.
  3. Раиси маҷлис аз ҷониби иштироккунандагон бо аксарияти овоздиҳии оддӣ интихоб карда мешавад.
  4. Маҷлиси муассисон оинномаи ҷамъияти саҳомиро якдилона қабул мекунад.
  5. Мақомоти идоракунии ҷамъияти саҳомӣ, ки дар маҷлиси муассисон интихоб шудаанд, то маҷлиси якуми саҳмдорон, ки баъд аз бақайдгирии давлатӣ гузаронида мешавад, фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 14. Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ

  1. Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ҳуҷҷати таъсисии ҷамъияти саҳомӣ мебошад.
  2. Талаботи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ барои иҷро аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он ҳатмӣ мебошад.
  3. Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

— номи пурра ва мухтасари фирмавии ҷамъияти саҳомӣ;

— Оинномаи ҷамъият бояд маълумот оид ба истифода бурдани ҳуқуқи махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъият («саҳмияи тиллоӣ») дошта бошад; (қҷт 05.08.2009, №541)

— маҳалли ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ;

— намуди ҷамъияти саҳомӣ (кушода ё пўшида);

— миқдор, арзиши номиналӣ ва намуди саҳмияҳо (оддӣ, имтиёзнок ва намуди саҳмияҳои имтиёзноки паҳнкардашавандаи ҷамъияти саҳомӣ);

— ҳуқуқи саҳмдорон– соҳибони саҳмияҳои ҳар як намуд (навъ);

— ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ;

— сохтор ва салоҳияти мақомоти идораи ҷамъияти саҳомӣ  ва тартиби аз ҷониби онҳо қабул намудани қарор;

— тартиби омодасозӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, аз ҷумла номгўи масъалаҳое, ки қарорро аз рўи онҳо мақомоти идораи ҷамъияти саҳомӣ  бо аксарияти куллии овозҳо ё якдилона қабул  мекунанд;

— маълумот дар бораи филиал ва намояндагиҳои ҷамъияти саҳомӣ;

— дигар муқаррароти пешбининамудаи ҳамин Қонун. (қҷт 12.01.2010с, №585)

Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ  метавонад, инчунин дигар муқарраротеро дар бар гирад, ки ба ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

  1. Бо талаби саҳмдор ё аудитор ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст дар мўҳлати қобили қабул ба онҳо имконияти шиносоиро бо оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, аз ҷумла бо тағйиру иловаҳо фароҳам орад. Ҷамъияти саҳомӣ ўҳдадор аст ба саҳмдор тибқи талаби ў нусхаи оинномаи амалкунандаи ҷамъияти саҳомиро диҳад.

 

Моддаи 15. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ё тасдиқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав

  1. Тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон ворид карда, оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав бо чунин қарор тасдиқ карда мешавад.
  2. Тағйиру иловаҳо ба оиннома вобаста ба зиёд ё кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ дар асоси қарори зиёд намудани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳои бароварда ё паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ ё кам намудани он, ки Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул намудааст, ворид карда мешаванд.
  3. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ё тасдиқ намудани оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав дар асоси қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорони дорандаи саҳмияҳои овоздори иштироккунандагони Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.
  4. Ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ вориднамудани маълумот дар хусуси нисбат ба ҷамъият истифода бурдани ҳуқуқи махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъият («саҳмияи тиллоӣ») ва хориҷ намудани чунин маълумот дарасоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. (қҷт 05.08.2009, №541)

 

Моддаи 16. Бақайдгирии давлатии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Бақайдгирии ҷамъияти саҳомӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ мегардад. (қҷт 12.01.2010с, №585).
  2. Бақайдгирии саҳмия ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ» амалӣ мегардад. (қҷт 12.01.2010с, №585)

БОБИ 3. САРМОЯИ ОИННОМАВИИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 17. Сармояи оинномавӣ ва саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ аз арзиши номиналии саҳмияҳои паҳнкардае, ки саҳмдорон ба даст овардаанд, мураттаб мегардад.

Арзиши номиналии ҳамаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ  бояд баробар бошад.

Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ андозаи минималии молу мулки ҷамъияти саҳомиро, ки манфиати кредиторонро кафолат медиҳад, муайян мекунад.

  1. Сармояи ҳадди ақали оинномавии ҷамъияти саҳомии кушода бояд на камтар аз панҷ ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти саҳомии пўшида бояд на камтар аз як ҳазор сомониро ташкил диҳад. (қҷт 06.10.08 №431)
  2. Ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳои оддиро паҳн менамояд ва ҳуқуқ дорад як ё якчанд намуди саҳмияҳои имтиёзнокро низ паҳн намояд. Ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳои он бояд ба муассисон паҳн карда шаванд. Саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ номӣ ва манзурӣ мебошанд.

 

Моддаи 18. Зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ метавонад бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад.

Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад сармояи оинномавии худро зиёд кунад, агар он пурра пардохт нашуда бошад.

  1. Қарор дар мавриди зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.
  2. Саҳмияҳои иловагиро ҷамъияти саҳомӣ метавонад танҳо дар доираи миқдори саҳмияҳои эълоншуда, ки оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муқаррар намудааст, паҳн кунад.

Қарори зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомиро бо роҳи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ Маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад ҳамзамон бо қабули қарори ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ворид кардани муқаррарот оид ба саҳмияҳои эълоншуда, ки мутобиқи ҳамин Қонун барои қабули чунин қарор заруранд ё тағйир додани муқаррарот оид ба саҳмияҳои эълоншуда қабул намояд.

  1. Дар қарор нисбати зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ бояд миқдори саҳмияҳои оддии иловагӣ паҳнкардашаванда ва саҳмияҳои имтиёзноки ҳар як навъ дар доираи миқдори саҳмияҳои эълоншудаи ҳамин намуд (навъ), усули паҳн кардан, музди паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ, ки тавассути обуна сурат мегирад ё тартиби муайян намудани он, аз ҷумла нархи паҳн кардан ё тартиби муайян намудани нархи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ ба саҳмдорони дорои ҳуқуқҳои афзалиятнок барои харидани саҳмияҳои паҳнкардашаванда, шакли пардохти саҳмияҳои иловагии тавассути обуна паҳнкардашаванда, инчунин дигар шартҳои паҳн кардани саҳмия муайян карда шавад.
  2. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ метавонад аз ҳисоби молу мулки ҷамъияти саҳомӣ зиёд карда шавад. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо танҳо аз ҳисоби молу мулки ҷамъияти саҳомӣ зиёд карда мешавад.

Маблағе, ки бо он сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ  аз ҳисоби молу мулки ҷамъияти саҳомӣ зиёд мегардад, набояд аз фарқи байни арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ, маблағи сармояи оинномавӣ ва сармояи эҳтиётии ҷамъияти саҳомӣ бештар бошад.

Ҳангоми зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ  аз ҳисоби молу мулки он бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ ин саҳмияҳо байни саҳмдорон тақсим карда мешаванд. Ҳамзамон ба ҳар  саҳмдор мутаносибан баробари теъдоди саҳмияҳояш саҳмияҳои ҳамон намуд (навъ) тақсим карда мешавад.

  1. Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ ҳангоми мавҷудияти пакети саҳмияҳое, ки беш аз 25 фоизи овозҳоро дар Маҷлиси умумии саҳмдорон намояндагӣ мекунад ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди хусусигардонии моликияти давлатӣ таҳким ёфтааст, метавонад дар ҷараёни мўҳлати таҳким танҳо дар сурати боқӣ мондани ҳиссаи давлат зиёд карда шавад.
  2. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин зиёдшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. (қҷт. 29.12.10 №657)

 

Моддаи 19. Кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро кам кунад.

Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ метавонад бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани миқдори умумии онҳо ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун бо роҳи ба даст овардани қисми саҳмияҳо кам карда шавад.

Агар дар натиҷаи кам кардани сармояи оинномавӣ ҳаҷми он аз ҳаҷми ҳадди ақалли сармояи оинномавии бо ҳамин Қонун муайянгардида кам шавад, вай ҳақ надорад, ки сармояи оинномавиашро кам кунад. (қҷт. 29.12.10 №657)

  1. Қарори кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи кам намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи харида гирифтани як қисми саҳмияҳо бо мақсади кам кардани миқдори умумӣ аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.

 

Моддаи 20. Огоҳ намудани кредиторон дар хусуси кам кардани ҳаҷми сармояи оинномавии  ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ дар давоми 30 рўзи қабул гардидани қарори кам кардани сармояи оинномавии худ вазифадор аст ба таври хаттӣ кредиторонашро дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ ва ҳаҷми нави он огоҳ созад, инчунин дар нашрияҳои барои чопи маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ таъингардида дар хусуси қарори қабулшуда маълумот дарҷ намояд.
  2. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин камшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. (қҷт. 29.12.10 №657)
  3. Ҳангоми огоҳ нанамудани кредиторони ҷамъияти саҳомӣ дар хусуси қабули қарор кредиторон ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ қатъи пеш аз мўҳлат ё иҷрои ўҳдадориҳои дахлдори ҷамъияти саҳомӣ ва товони зарарро талаб кунанд.

 

БОБИ 4. САҲМИЯҲО, ВОМБАРГҲО ВА ДИГАР КОҒАЗҲОИ

ҚИМАТНОКИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 21. Муқаррароти умумӣ оид ба саҳмияҳо

  1. Саҳмия коғази қиматнокест, ки ҷамъияти саҳомӣ мебарорад ва он вобаста ба намуд ва категорияҳо ҳуқуқҳои зерини саҳмдоронро муайян менамояд:

— барои гирифтани суди(дивиденди) саҳмия;

— иштирок дар идораи ҷамъияти саҳомӣ, агар ҳамин Қонун тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад;

— ба як қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки баъди барҳамдиҳӣ боқӣ мондааст.

Арзиши номиналии саҳмияҳо бо пули миллӣ муайян мегардад ва агар дар қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бояд барои ҳамаи барориши саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ  ягона бошад.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад саҳмияҳои номӣ ва манзурӣ барорад. Ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳоро дар шакли ҳуҷҷатӣ ва ғайриҳуҷҷатӣ мебарорад.

 

Моддаи 22. Намудҳои саҳмияҳо

  1. Ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳои оддӣ (муқаррарӣ) ва имтиёзнок мебарорад. Арзиши умумии номиналии саҳмияҳои имтиёзноки паҳнкардашуда набояд аз 25 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бештар бошад.
  2. Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон метавонанд мутобиқи ҳамин Қонун барориши саҳмияҳои имтиёзноки намудҳои гуногунро пешбинӣ намоянд.

 

Моддаи 23. Саҳмияҳои оддӣ

  1. Саҳмияи оддӣ ба ҳар як саҳмдори дорои он ҳаҷми баробари ҳуқуқҳоро фароҳам меорад.
  2. Саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои оддии ҷаъияти саҳомӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дорои ин ҳуқуқҳо мебошанд:

а) ба гирифтани суди саҳмияҳо аз фаъолияти ҷамъият;

б) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки баъд аз барҳамдиҳии он боқӣ мондааст;

в) дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳангоми ҳалли ҳамаи масъалаҳое, ки барои овоздиҳӣ пешниҳод мешаванд, бо ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок намоянд;

г) бо тартиби судӣ ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд, ба суд барои ҳифзи манфиатҳои худ, саҳмдорон ва худи ҷамъият оид ба аҳдҳо, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида вуҷуд дорад, муроҷиат намоянд;

д) оид ба фаъолияти ҷамъият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот ба даст оранд. «қҷт 19.05.09 №510»

  1. Саҳмдор — соҳиби саҳмияи оддии ҷамъияти саҳомӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ҷамъият метавонад дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайри молумулкӣ дошта бошад. «қҷт 19.05.09 №510»
  2. Табдили саҳмияҳои оддӣ ба саҳмияҳои имтиёзнок ва вомбаргҳо иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 24. Саҳмияҳои имтиёзноки ҷамъияти саҳомӣ

  1. Саҳмдорони дорои саҳмияҳои имтиёзнок нисбат ба соҳибони саҳмияҳои оддӣ барои гирифтани суди саҳмияҳо дар ҳаҷми пешакӣ муайянгардидаи кафолатнок, ки эъломияи бароришӣ муқаррар намудааст, инчунин ба қисми молу мулки баъди барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ боқимонда бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Табдили саҳмияҳои имтиёзнок ба вомбаргҳо иҷозат дода намешавад. Табдили саҳмияҳои имтиёзнок ба саҳмияҳои оддӣ ва саҳмияҳои имтиёзноки навъҳои дигар танҳо дар сурате, ки агар он тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ пешбинӣ шуда бошад, инчунин ҳангоми мутобиқи ҳамин Қонун азнавташкилшавии ҷамъияти саҳомӣ  иҷозат дода мешавад.

  1. Саҳмияҳои имтиёзноки ҷамъияти саҳомӣ, ки як навъ мебошанд, ба саҳмдорон– соҳибони онҳо ҳаҷми баробари ҳуқуқро фароҳам меоваранд ва дорои арзиши якхелаи номиналианд.

Дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ нисбат ба ин саҳмияҳо афзалиятҳои иловагӣ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

  1. Суди саҳмияҳои пардохтнашудаи саҳмияҳои имтиёзнок бояд ҷамъ карда шуда, то гузашти мўҳлати муқарраргардидаи пардохти суди саҳмияҳо мутобиқи эъломияи бароришӣ пардохта шавад. Агар суди саҳмияҳо оид ба саҳмияҳои имтиёзноки бе ҳукуқи овоз дар давоми се моҳи мўҳлати муқарраргардида пардохта нашавад, бо гузашти ин мўҳлат ба саҳмдори дорои саҳмияҳои имтиёзнок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон аз рўи ҳамаи масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордошта то лаҳзаи пардохти суди саҳмияҳои мўҳлаташон гузашта ҳуқуқи овоз дода мешавад. Дар ин ҳолат саҳмияи имтиёзнок ҳангоми муайян кардани кворум, ки барои қабули қарор аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ муайян гардидааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Саҳмияҳои имтиёзноки судашон пардохтнашуда бо ҳуқуқи гирифтани онҳо аз ҷониби молики нави саҳмияҳо бегона карда мешавад.

Соҳибони саҳмияҳои имтиёзнок дар Маҷлисҳои умумии саҳмдорон ҳангоми ҳалли масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ бо ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок мекунанд.

Соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки намуди муайян дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳангоми ҳалли масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳуқуқҳои саҳмдорон- соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки чунин намудро маҳдуд месозанд, дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи овоздиҳиро соҳиб мешаванд:

а) дар ҳолатҳои муайян ё зиёд кардани ҳаҷми суди саҳмияҳо;

б) ҳангоми муайян ё зиёд кардани арзиши барҳамдиҳӣ, ки тибқи саҳмияҳои имтиёзноки навбати аввал пардохта мешаванд;

в) ҳангоми ба саҳмдорон–соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки намуди дигар фароҳам овардани имтиёз дар мавриди навбати пардохти суди саҳмияҳо ва (ё) арзиши барҳамдиҳии саҳмияҳо.

  1. Қарор дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, ки дар қисми 4 моддаи мазкур зикр шудаанд, ҳангоме боэътибор мешавад, ки барои он на камтар аз чор се ҳиссаи саҳмдорон — соҳибони саҳмияҳои овоздори дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирокдошта овоз диҳанд, ба истиснои овози саҳмдорон — соҳибони саҳмияҳои имтиёзнок, ки ҳуқуқи онҳо маҳдуд карда мешавад ва аз чор се ҳиссаи ҳамаи саҳмдорон — соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки ҳама гуна намуд, ки ҳуқуқи онҳо маҳдуд мегардад, агар барои қабули чунин қарор дар оиннома миқдори бештари овози саҳмдорон муқаррар нагардида бошад.
  2. Соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки ҷамъшавандаи (кумулятивии) намудҳои муайян ҳуқуқ доранд дар Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта бо ҳуқуқи овоз дар маҷлиси баъди Маҷлиси солонаи умумии саҳмдорон доиршаванда, ки дар он бояд дар хусуси пурра пардохтани суди ҷамъшудаи саҳмияҳо қарор қабул гардад, иштирок намоянд, агар чунин қарор қабул нагардида бошад ё дар мавриди пардохти нопурраи суди саҳмияҳо қарор қабул шуда бошад. Ҳуқуқи саҳмдорон–соҳибони саҳмияҳои ҷамъшавандаи (кумулятивии) имтиёзноки намуди муайян ҷиҳати иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон аз лаҳзаи пардохти ҳамаи суди саҳмияҳои аз рўи саҳмияҳои зикргардида ҷамъшуда дар ҳаҷми пурра қатъ мегардад.
  3. Агар тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ имконияти ба саҳмияҳои оддӣ табдил намудани саҳмияҳои муайян пешбинӣ шуда бошад, оинномаи ҷамъияти саҳомӣ метавонад оид ба саҳмияҳои имтиёзноки намуди муайян ҳуқуқи овоздиҳиро пешбинӣ намояд. Ҳамзамон соҳиби чунин саҳмияи имтиёзнок дорои миқдори овозҳое мебошад, ки аз миқдори овозҳо оид ба саҳмияҳои оддӣ, ки дар он метавонад саҳмияи имтиёзноки марбути ў табдил шавад, бештар набошад.

Имтиёзи ҳар як намуди саҳмияҳои имтиёзнок бояд ҳангоми барориши онҳо дар эъломияи барориши ин саҳмияҳо муайян гардида, тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ танзим шавад. Дар сурати дар оиннома мавҷуд набудани чунин муқаррарот ҳамаи саҳмияҳои имтиёзнок саҳмияҳои ҳамон як намуд ба ҳисоб мераванд.

  1. Ҳама гуна тағйироти оиннома, ки ҳуқуқи соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки намуди алоҳидаро маҳдуд месозад, метавонад аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон танҳо бо шарте қабул гардад, ки саҳмдорони дорои на камтар аз чор се ҳиссаи миқдори умумии саҳмияҳои ҳамин намуд барои қабули маҳдудиятҳои зикршуда овоз дода бошанд. Дар акси ҳол қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон аз лаҳзаи қабул гардиданаш беэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 25. Саҳмияҳои паҳнкардашуда ва эълоншудаи ҷамъияти саҳомӣ

  1. Тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ бояд миқдор, арзиши номиналии саҳмияҳои бадастовардаи саҳмдорон (саҳмияҳои паҳнкардашуда) ва ҳуқуқи фароҳамовардаи саҳмияҳо муайян гардад. Саҳмияҳои бадастоварда ё аз нав харидаи ҷамъияти саҳомӣ, инчунин саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳуқуқи моликияти онҳо мутобиқи моддаи 27 ҳамин Қонун ба ҷамъияти саҳомӣ гузаштааст, то пардохтани арзиши онҳо паҳнкардашуда ба ҳисоб мераванд ва суди саҳмия мутобиқи қисми 1 моддаи 27 пардохта намешавад.

Тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳоро ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад ба таври иловагӣ ба саҳмияҳои паҳнкардашуда (саҳмияҳои эълоншуда) ҳамроҳ намояд ва ҳуқуқи фароҳамовардаи ин саҳмияҳоро муайян кунад. Ҳангоми дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ мавҷуд набудани ин муқаррарот ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад саҳмияҳои иловагиро паҳн намояд.

Мутобиқи оиннома ҷамъияти саҳомӣ метавонад тартиб ва шартҳои паҳн кардани саҳмияҳои эълоншударо муайян кунад.

  1. Қарори ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ворид намудани тағйиру иловаҳои вобаста ба муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда дар хусуси саҳмияҳои эълоншудаи ҷамъияти саҳомӣ, ба истиснои тағйироти вобаста ба кам кардани шумораи онҳо оид ба натиҷаи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.
  2. Дар сурати аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ паҳн кардани вомбаргҳои ба саҳмияҳои намуди (навъи) муайян табдилшаванда миқдори эълонгардидаи саҳмияҳои ин намуд (навъ) бояд на камтар аз миқдоре бошад, ки барои табдил дар ҷараёни мўҳлати муомилоти ин вомбаргҳо заруранд.

Ҷамъияти саҳомӣ ҳақ надорад дар мавриди тағйир додани ҳуқуқи ба саҳмияҳо додашуда, ки онҳо метавонанд ба коғазҳои қиматноки паҳнкардаи ҷамъияти саҳомӣ  табдил карда шаванд, қарор қабул намояд.

 

Моддаи 26. Вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коғазҳои қиматнок вомбаргҳо паҳн кунад.
  2. Вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ бо қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ паҳн карда мешавад, ба шарте ки дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Вомбаргҳои ба саҳмияҳо табдилшаванда бояд бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ паҳн карда шаванд, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Вомбарг ҳуқуқи соҳиби онро ҷиҳати дар мўҳлатҳои муқарраргардида талаб намудани пардохти арзиши вомбаргҳо (пардохти арзиши номиналӣ ё арзиши номиналӣ ва фоиз) тасдиқ менамояд.

Дар қарори барориши вомбаргҳо бояд тарз, мўҳлат ва дигар шартҳои пардохти арзиши вомбаргҳо муайян карда шаванд.

Вомбаргҳо бояд дорои арзиши номиналӣ бошанд. Арзиши номиналии ҳамаи вомбаргҳои баровардаи ҷамъияти саҳомӣ набояд аз ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ ё ҳадди ба ҷамъияти саҳомӣ барои мақсадҳои барориши вомбаргҳо фароҳамовардаи шахсони сеюм бештар бошад. Паҳн кардани вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ баъди пурра пардохтани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ иҷозат дода мешавад.

Ҷамъияти саҳомӣ метавонад вомбаргҳои дорои мўҳлати пардохти ҳамзамон ё вомбаргҳоеро фурўшад, ки пардохташон тибқи силсила (серия) дар мўҳлатҳои муайян анҷом дода мешавад.

Вомбаргҳо бо қарори барориши онҳо ба пул фурўхта  ё ба дигар молумулк иваз карда мешаванд.

Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад вомбаргҳои бо гарави молу мулки муайяни ҷамъияти саҳомӣ таъмингардида ё вомбаргҳои таҳти таъминотро, ки шахсони сеюм ба ҷамъияти саҳомӣ барои мақсадҳои барориши вомбаргҳо фароҳам овардаанд ё вомбаргҳои бетаъминотро паҳн кунад.

Паҳн кардани вомбаргҳои бетаъминот на барвақтар аз соли сеюми мавҷудияти ҷамъияти саҳомӣ ва бо шарти то ин муддат ба таври матлуб ташаккул ёфтани ду тавозуни солонаи ҷамъияти саҳомӣ иҷозат дода мешавад.

Вомбаргҳо коғазҳои қиматноки номӣ (унвонӣ) ва манзурӣ мебошанд. Вомбарги гумшударо ҷамъияти саҳомӣ бо пардохти маблағи қобили қабул аз нав барқарор месозад. (қҷт 12.01.2010с, №585)

Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад имконияти пеш аз мўҳлат пардохтани арзиши  вомбаргҳоро бо хоҳиши соҳибони онҳо пешбинӣ намояд. Зимнан, дар қарори барориши вомбаргҳо бояд арзиши пардохт ва мўҳлате, ки пештар аз он барои пардохти пеш аз мўҳлат пешниҳод карда намешавад, муайян гардад.

  1. Агар миқдори саҳмияҳои намуд ва навъҳои муайяни эълоннамудаи ҷамъияти саҳомӣ нисбат ба миқдори чунин намуд ва навъе, ки ҳуқуқи ба даст овардани онҳоро чунин коғазҳои қиматнок фароҳам меоваранд, камтар бошад, ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад вомбаргҳои ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ табдилшавандаро паҳн кунад.

 

Моддаи 27. Пардохти саҳмияҳо ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ  ҳангоми паҳн кардани онҳо

  1. Саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳангоми таъсиси он тақсим шудаанд, бояд дар давоми як сол аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии ҷамъияти саҳомӣ пурра пардохта шаванд, агар дар шартнома оид ба таъсиси ҷамъияти саҳомӣ мўҳлати камтар пешбинӣ нашуда бошад. (қҷт. 29.12.10 №657)

Саҳмияи марбути муассиси ҷамъияти саҳомӣ то лаҳзаи пардохти пурраи он ҳуқуқи овозро надорад, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад.

Дар сурати пардохти нопурраи саҳмияҳо дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ҳуқуқи моликияти ба саҳмия, ки нархи паҳн кардани он ба маблағи пардохтнашуда баробар аст (арзиши молу мулке, ки барои пардохти саҳмия интиқол наёфтааст) ба ихтиёри ҷамъияти саҳомӣ мегузарад. Дар шартномаи таъсиси ҷамъияти саҳомӣ метавонад барои иҷро нанамудани ўҳдадорӣ оид ба пардохти саҳмияҳо ситонидани ноустуворона (ҷарима, пеня) пешбинӣ карда шавад.

Саҳмияҳое, ки ҳуқуқи моликияти онҳо ба ҷамъияти саҳомӣ гузаштаасту ҳуқуқи овоз надоранд, ҳангоми овоздиҳӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд ва вобаста ба онҳо  суди саҳмияҳо  ҳисоб карда намешавад. Чунин саҳмияҳоро бояд ҷамъияти саҳомӣ бо нархи на пасттар аз арзиши номиналӣ дар мўҳлати на дертар аз як соли ба даст оварданаш фурўшад. Дар акси ҳол ҷамъияти саҳомӣ бояд дар бораи кам кардани сармояи оинномавии худ қарор қабул кунад. Агар ҷамъияти саҳомӣ дар мўҳлати 90 рўз дар бораи кам кардани сармояи оинномавии худ қарор қабул накунад, мақомоти бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё дигар мақомоти давлатӣ, ки ба онҳо барои пешниҳоди чунин талабот қонун ҳуқуқ додааст, ҳақ доранд ҷиҳати барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ ба суд талабот пешниҳод намоянд.

Саҳмияҳои иловагӣ ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи обуна, бо шарти пардохти арзиши пурраи онҳо паҳн карда мешаванд.

  1. Арзиши саҳмияҳое, ки ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳомӣ байни муассисони ҷамъияти саҳомӣ тақсим мегарданд, саҳмияҳои иловагие, ки тавассути обуна паҳн карда мешаванд, метавонанд бо пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё ҳуқуқҳои молумулкӣ ё дигар ҳуқуқҳои дорои арзиши пулӣ пардохта шаванд. Шакли пардохти арзиши саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ҳангоми таъсиси он аз ҷониби муассисони ҷамъияти саҳомӣ ва арзиши саҳмияҳои иловагӣ бошад, тибқи қарор дар бораи паҳн кардани онҳо муайян мегардад. Пардохти арзиши дигар вомбаргҳо метавонад танҳо бо пул анҷом дода шавад.

Оинномаи  ҷамъияти саҳомӣ метавонад барои намудҳои молу мулк, ки бо он арзиши саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ пардохта мешаванд, маҳдудиятҳо пешбинӣ намояд.

  1. Арзиши пулии молу мулке, ки барои пардохти арзиши саҳмияҳо ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳомӣ гузаронида мешавад, тибқи созишномаи байни муассисон бо пул қиёс карда мешавад.

Ҳангоми бо пул напардохтани арзиши саҳмияҳои иловагӣ арзиши молу мулки барои пардохти қимати саҳмияҳо гузаронидашаванда аз ҷониби Шўрои директорон (Шўрои нозирон) бо пул ҳисоб карда мешавад. Ҳангоми бо пул напардохтани арзиши саҳмияҳо ҷиҳати муайянсозии арзиши бозории чунин молу мулк бояд нархгузори мустақил ё аудитор ҷалб карда шавад. Арзиши пулии молу мулк, ки муассисони ҷамъияти саҳомӣ ва Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ муайян сохтаанд, наметавонад аз арзиши муайянкардаи нархгузори мустақил ё аудитор бештар бошад.

Аз ўҳдадории пардохти арзиши саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ озод кардани саҳмдорон, инчунин бо роҳи баҳисобгирии даъвои молумулкӣ ба ҷамъияти саҳомӣ аз ин ўҳдадорӣ озод кардани ў роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 28. Фондҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Дар ҷамъияти саҳомӣ тибқи ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ фонди захиравӣ, инчунин дигар фондҳо таъсис дода мешаванд.
  2. Фонди захиравии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи маблағгузаронии ҳатмии ҳарсола то расидан ба ҳаҷми муқаррарнамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ташаккул меёбад. Ҳадди ниҳоии фонди захиравӣ ва андозаи маблағгузаронии ҳарсоларо Маҷлиси умумии саҳмдорон муқаррар мекунад.

Фонди захиравии ҷамъияти саҳомӣ, ҳангоми мавҷуд набудани дигар маблағҳо, барои пўшонидани зарари он, инчунин барои пардохтани арзиши вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ ва аз нав харидани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ муқаррар гардидааст.

  1. Тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ аз фоидаи соф мумкин аст фонди махсуси саҳмиядоргардонии кормандони ҷамъияти саҳомӣ пешбинӣ шавад. Маблағи он танҳо барои харидории саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ, ки саҳмдорони ҳамин ҷамъияти саҳомӣ мефурўшанд, ҷиҳати минбаъд ба кормандон фурўхтани онҳо сарф карда мешавад.

Ҳангоми ба кормандон ба пул фурўхтани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ, ки аз ҳисоби маблағи фонди саҳмиядоргардонии кормандони ҷамъияти саҳомӣ ба даст омадааст, маблағи ҷамъшуда барои ташаккули фонди зикршуда ирсол мегардад.

 

Моддаи 29. Дороии софи ҷамъияти саҳомӣ

  1. Арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ аз рўи маълумоти баҳисобгирии муҳосибавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
  2. Агар баъди хатми соли дуюм ва ҳар як соли навбатии молиявӣ мутобиқи тавозуни солонаи муҳосибавӣ, ки барои тасдиқ ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ пешниҳод шудааст ё дар натиҷаи тафтишҳои аудиторӣ арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ  камтар аз сармояи оинномавӣ бошад, ҷамъияти саҳомӣ  вазифадор аст дар мавриди кам кардани сармояи оинномавии худ то ҳадде, ки аз арзиши дороии софи он бештар нест, эълон кунад.
  3. Агар баъди хатми соли дуюм ва ҳар соли навбатии молиявӣ мутобиқи тавозуни солонаи муҳосибавӣ, ки барои тасдиқ ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ пешниҳод шудааст ё дар натиҷаи тафтишҳои аудиторӣ арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ камтар аз ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ бошад, ки дар моддаи 17 ҳамин Қонун зикр шудааст, ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст дар Маҷлиси умумии  солонаи саҳмдорон  дар мавриди барҳамдиҳии худ қарор қабул кунад.
  4. Агар дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда ҷамъияти саҳомӣ дар мўҳлати 90 рўз дар мавриди кам кардани сармояи оинномавии худ ё барҳамдиҳӣ қарор қабул накунад, кредиторон ҳуқуқ доранд аз ҷамъияти саҳомӣ қатъи пеш аз мўҳлат ё иҷрои ўҳдадориҳо ва товони зарарро талаб намоянд. Дар ин ҳолат мақомоте, ки шахсони ҳуқуқиро ба қайди давлатӣ мегирад ё дигар мақомоти давлатие, ки барояшон ҳуқуқи пешниҳоди чунин талабот тибқи Қонуни мазкур фароҳам оварда шудааст, ҳуқуқ дорад дар мавриди барҳамдиҳии  ҷамъияти саҳомӣ  ба суд талабот пешниҳод намоянд.

 

БОБИ 5. ПАҲН  КАРДАНИ САҲМИЯҲО ВА ВОМБАРГҲО

АЗ ҶОНИБИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 30. Нархи паҳн кардани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳомӣ арзиши саҳмияҳо аз ҷониби муассисони он бо нархи на камтар аз арзиши номиналии онҳо пардохта мешавад.

Пардохти саҳмияҳои иловагии ҷамъияти саҳомӣ, ки тавассути обуна паҳн карда шудаанд, аз рўи нархи муайяннамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон тибқи моддаи 79 Қонуни мазкур, вале на камтар аз арзиши номиналии онҳо пардохта мешавад.

  1. Бо қарори Шўрои директорон (Шўрои нозирон) нархи саҳмияҳои иловагии ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ паҳнкардашаванда ҳангоми бо ҳуқуқи афзалиятнок ба даст овардани саҳмияҳо метавонад аз нархи паҳн кардани онҳо барои дигар шахсон камтар, вале на бештар аз 10 фоиз бошад.

Ҳаҷми подоши хизматонаи миёнарав, ки дар паҳн кардани саҳмияҳои иловагии ҷамъияти саҳомӣ  тавассути обуна иштирок намудааст, набояд бештар аз 10 фоизи нархи саҳмияҳои паҳнкардашуда бошад.

 

Моддаи 31. Тартиби ба саҳмияҳо табдил додани вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Тартиби табдили вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ ба саҳмияҳо чунин муқаррар мегардад:

— тавассути оинномаи ҷамъияти саҳомӣ – нисбат ба табдили саҳмияҳои имтиёзнок;

— бо қарор дар мавриди барориш мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур – нисбат ба  табдили вомбаргҳо.

Саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар доираи миқдори эълоншудаи саҳмияҳо, ки барои ба онҳо табдил намудани саҳмияҳо ва вомбаргҳои табдилшавандаи паҳнкардаи ҷамъияти саҳомӣ заруранд, танҳо бо роҳи чунин  табдил паҳн карда мешаванд.

  1. Шарт ва тартиби табдили саҳмияҳо ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии он тибқи қарорҳо ва шартномаҳои дахлдор мувофиқи ҳамин Қонун муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Нархи паҳн кардани вомбаргҳо

  1. Вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ, ки бо роҳи обуна паҳн карда шудаанд, аз рўи нархи муайянкардаи Маҷлиси умумӣ тибқи моддаи 79 Қонуни мазкур пардохта шуда, он набояд аз арзиши номиналӣ пасттар бошад. Ҳамзамон арзиши вомбаргҳои ба саҳмия табдилшавандае, ки тавассути обуна паҳн карда мешаванд, бо нархи на камтар аз арзиши номиналии саҳмияҳое, ки ба чунин вомбаргҳо табдил мешаванд, пардохта мешавад.
  2. Нархи ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ паҳн кардани вомбаргҳои ба саҳмия табдилшаванда ҳангоми бо ҳуқуқи афзалиятнок ба даст овардани чунин вомбаргҳо метавонад аз нархи паҳнкардаи онҳо барои шахсони дигар пасттар, вале на бештар аз 10 фоиз бошад.

Ҳаҷми подоши (хизматонаи) миёнарав, ки дар паҳн кардани вомбаргҳо тавассути обуна иштирок намудааст, набояд бештар аз 10 фоизи нархи паҳн кардани ин коғазҳои  қиматнок бошад.

Моддаи 33. Тарзи аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ паҳн кардани саҳмия ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад саҳмияҳои иловагӣ ва вомбаргҳоро тавассути обуна ва табдил паҳн намояд. Дар сурати зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ аз ҳисоби молу мулкаш, он  бояд  саҳмияҳои иловагиро бо роҳи тақсими онҳо байни саҳмдорон паҳн намояд.
  2. Саҳмияҳои оддӣ, ки беш аз 25 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан паҳнкардаро ташкил медиҳад, танҳо бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорон — соҳибони саҳмияҳои овоздори дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирокдошта қабул карда шудааст, паҳн карда мешавад, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ зарурати шумораи бештари овозҳо барои қабули ин қарор пешбинӣ нашуда бошад.

Паҳн намудани вомбаргҳои ба саҳмияҳои оддӣ табдилшаванда, ки метавонанд ба саҳмияҳои оддӣ  табдил карда шаванд ва беш аз 25 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан паҳнкардашударо ташкил медиҳанд, танҳо бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорон-соҳибони саҳмияҳои овоздори дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирокдошта қабул карда шудааст, анҷом дода мешавад, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ зарурати шумораи бештари овозҳо барои қабули ин қарор пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 34. Таъмини ҳуқуқи саҳмдорон ҳангоми паҳн кардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ, ки ба саҳмияҳо табдил дода мешаванд

  1. Саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ барои харидани саҳмияҳо ва вомбаргҳои ба таври илова паҳнкардашудаи ба саҳмияҳо табдилшаванда мутаносибан ба миқдори саҳмияҳои ба онҳо марбутаи ҳамин намуд (навъ) ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
  2. Рўйхати шахсоне, ки барои харидани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда ҳуқуқи афзалиятнок доранд, дар асоси маълумоти феҳристи саҳмдорон дар санаи қабули қарор, ки барои паҳн кардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда асос мебошад, таҳия мегардад. Ҷиҳати таҳияи рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи афзалиятнок барои харидани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда дорандаи номиналии саҳмияҳо дар мавриди шахсоне, ки ба манфиати онҳо ў саҳмияҳоро соҳибӣ мекунад, маълумот пешниҳод менамояд.

 

 

Моддаи 35. Тартиби татбиқи ҳуқуқи афзалиятноки ба даст даровардани саҳмияҳо ва вомбаргҳое, ки ба саҳмияҳо табдил мешаванд

  1. Шахсоне, ки ба рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи афзалиятнок барои ба даст овардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда дохиланд, бояд дар хусуси имконияти аз ҷониби онҳо анҷом додани ҳуқуқи афзалиятноки дар моддаи 34 ҳамин Қонун пешбинишуда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон огоҳ карда шаванд.

Огоҳинома бояд дар бораи миқдори саҳмия ва вомбаргҳои  паҳнкардашавандаи ба саҳмия  табдилшаванда, нархи паҳн кардани онҳо ё тартиби муайян намудани нархи паҳн кардан (аз ҷумла дар мавриди нархи паҳн кардани онҳо ё тартиби муайян намудани нархи паҳн кардан ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо татбиқ намудани ҳуқуқи афзалиятноки ба даст овардани саҳмияҳо), тартиби муайян намудани миқдори саҳмияҳо ва вомбаргҳое, ки ҳар як саҳмдор ҳуқуқ дорад ба даст орад, мўҳлати амали ҳуқуқи афзалиятнок, ки наметавонад аз лаҳзаи ирсол (супурдан) ё нашри огоҳинома камтар аз 45 рўз бошад, маълумотро дар бар гирад. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад то анҷоми мўҳлати зикршуда саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо  табдилшавандаро ба шахсоне, ки ба рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи афзалиятноки бадастдарории  саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо  табдилшаванда дохил нашудаанд, паҳн намояд.

  1. Шахси дорои ҳуқуқи афзалиятнок барои ба даст овардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо табдилшаванда ҳақ дорад пурра ё қисман бо роҳи ба ҷамъияти саҳомӣ  пешниҳод намудани аризаи хаттӣ дар мавриди ба даст овардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои ба саҳмияҳо  табдилшаванда ва ҳуҷҷат оид ба пардохти арзиши саҳмияҳо ва вомбаргҳои ба даст овардашаванда, ки ба саҳмияҳо табдил мешаванд, аз ҳуқуқи афзалиятнок истифода барад. Ариза бояд номи (номгўйи) саҳмдор, зикри маҳалли истиқомат ва миқдори саҳмияҳо ва вомбаргҳои ба даст овардашавандаро дар бар гирад.

Агар қароре, ки барои паҳн кардани саҳмияҳо ва вомбаргҳои иловагии ба саҳмияҳо  табдилшаванда асос аст, бо пул напардохтани онҳоро пешбинӣ намояд, шахсони ба харидани саҳмияҳо ва вомбаргҳо ҳуқуқи афзалиятнок дошта ҳақ доранд бо салоҳдиди худ онҳоро бо пул пардохт намоянд.

БОБИ 6.  СУДИ САҲМИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 36. Тартиби аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ пардохтани суди саҳмия

  1. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст соле на камтар аз як маротиба (метавонад ҳар семоҳа ё нимсола) оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рўи саҳмияҳои паҳнкардашуда қарор қабул кунад. Суди саҳмияи эълонгардида аз рўи ҳар намуди саҳмия пардохта мешавад.
  2. Суди саҳмияҳо аз фоидаи софи ҷамъияти саҳомӣ бо пули миллӣ пардохта мешавад. Суди саҳмияҳои имтиёзноки навъҳои муайян метавонад аз ҳисоби сармояи махсуси барои ҳамин мақсад таъингардидаи ҷамъияти саҳомӣ пардохта шавад.
  3. Қарор дар мавриди пардохти суди саҳмияҳои солона (нимсола, семоҳа), андозаи суди саҳмия аз рўи ҳар як намуди (навъи) саҳмияҳо аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад. Маблағи суди саҳмия аз андозаи тавсиянамудаи Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ зиёд буда наметавонад.
  4. Мўҳлати пардохти суди саҳмияҳо тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон дар хусуси пардохти  суди саҳмияҳо муайян карда мешавад. Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ  ё қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон санаи пардохти  суди саҳмияҳо муайян нашуда бошад, мўҳлати пардохти он набояд аз рўзи қабули қарор дар хусуси пардохти  суди  саҳмияҳо аз 90 рўз бештар бошад.

Рўйхати шахсоне, ки барои гирифтани  суди  саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рўйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад. Барои таҳияи рўйхати шахсони барои гирифтани  суди саҳмияҳо ҳуқуқдошта дорандаи номиналии саҳмияҳо дар мавриди шахсоне, ки ў ба манфиати онҳо саҳмияҳоро соҳибӣ мекунад, маълумот пешниҳод менамояд.

 

 

Моддаи 37. Маҳдудиятҳо барои пардохти  суди саҳмияҳо

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад дар ҳолатҳои зайл оид ба пардохти суди саҳмияҳо қарор қабул кунад (эълон намояд):

— то пурра пардохтани тамоми сармояи оинномавии ҷамъият;

— то харида гирифтани ҳамаи саҳмияҳое, ки  бояд мутобиқи моддаи 78 ҳамин Қонун харидорӣ шаванд;

— агар дар рўзи қабули чунин қарор ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди муфлисӣ дорои аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар дар натиҷаи пардохти суди саҳмияҳо аломатҳои зикршуда дар ҷамъияти саҳомӣ  ба мушоҳида расанд;

— агар дар рўзи қабули чунин қарор арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ аз сармояи оинномавӣ ва фонди захиравии он камтар бошад ё ҳаҷми онҳо дар натиҷаи қабули чунин қарор камтар гардад.

— дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад дар мавриди пардохти суди саҳмияҳои оддӣ ва саҳмияҳои имтиёзнок, ки ҳаҷми суди саҳмияҳо нисбат ба онҳо муайян нагардидааст, қарор қабул кунад (эълон намояд), агар дар мавриди пардохти пурраи суди саҳмияҳои аз рўи тамоми намудҳои саҳмияҳои имтиёзнок, ки ҳаҷми суди саҳмияҳои онҳо тибқи оиннома муайян гардидааст, қарор қабул нашуда бошад.

 

Моддаи 38. Навбати қабули қарор оид ба пардохти  суди саҳмия

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад дар мавриди пардохти суди саҳмияҳои оддӣ ва имтиёзнок, ки ҳаҷми суди саҳмияҳои онҳо муайян нагардидааст, қарор қабул кунад (эълон намояд), агар дар мавриди пардохти пурраи суди саҳмияҳо (аз ҷумла пардохти пурраи ҳамаи суди саҳмияҳои ҷамъшуда вобаста ба саҳмияҳои имтиёзноки кумулятивӣ) оид ба ҳамаи навъҳои саҳмияҳои имтиёзнок, ки ҳаҷми  суди саҳмияҳои онҳо тибқи оиннома муайян гардидааст, қарор қабул нашуда бошад.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад дар мавриди пардохти суди саҳмияҳои имтиёзноки намуди муайян, ки ҳаҷми суди саҳмияҳои онҳо дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муайян гардидааст, қарор қабул кунад (эълон намояд), агар дар мавриди пардохти пурраи суди саҳмияҳо (аз ҷумла, пардохти пурраи ҳамаи суди саҳмияҳои ҷамъшудаи имтиёзноки кумулятивӣ) аз рўи ҳамаи намудҳои саҳмияҳои имтиёзнок, ки ҳангоми навбати гирифтани суди саҳмияҳои имтиёзноки ҳамин навъ имтиёз медиҳад, қарор қабул нашуда бошад.

 

Моддаи 39. Рад кардан ё аз нав шурўъ намудан ба пардохти суди саҳмияҳо

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад суди саҳмияҳои эълоншударо дар ҳолатҳои зайл пардозад:

— агар дар рўзи қабули чунин қарор ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисӣ дорои аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар дар натиҷаи пардохти  суди саҳмияҳо аломатҳои зикршуда дар ҷамъияти саҳомӣ  ба мушоҳида расанд;

— агар дар рўзи пардохт арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ  аз сармояи оинномавӣ, сармояи эҳтиётӣ камтар бошад ва арзиши барҳамдиҳии саҳмияҳои имтиёзноки фурўхташуда аз арзиши номиналии муайяннамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ баландтар бошад ё дар натиҷаи пардохти суди саҳмияҳо аз маблағи мазкур камтар гардад;

— дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Бо қатъ гардидани ҳолатҳои дар ҳамин модда зикргардида ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст дар мўҳлати на дертар аз 30 рўз ба саҳмдорон суди эълоншударо пардозад.

Моддаи 40. Тартиби анҷом додани пардохтҳо вобаста ба вомбаргҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ўҳдадор аст вобаста ба шартҳои тартиби барориш ва хариди вомбаргҳо фоидаашонро пардозад.
  2. Ба гирифтани фоида шахсоне ҳуқуқ доранд, ки вомбаргҳоро на камтар аз 10 рўз то санаи пардохти он харидаанд.

 

 

БОБИ 7. ФЕҲРИСТИ САҲМДОРОНИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 41. Феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ

  1. Феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ аз ҷониби дорандаи феҳрист пеш бурда мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ мақоми ваколатдори танзими бозори коғазҳои қиматнок метавонад феҳристи саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар он ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад ва тибқи фаъолияти худ иншоотҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, пеш барад. (қҷт 05.08.2009, №541)
  2. Дар феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ маълумот дар бораи ҳар шахси ба қайд гирифташуда, миқдор ва намуди (навъи) саҳмияҳо, ки ба номи ҳар шахси ба қайд гирифташуда сабт шудааст, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда мешавад.
  3. Ҷамъияти саҳомии пўшида ҳуқуқ дорад худаш пешбурд ва нигаҳдории феҳристи саҳмдоронро таъмин намояд ё пешбурд ва нигаҳдории феҳристро ба дорандаи феҳрист супорад.
  4. Шахси дар феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ба қайд гирифташуда вазифадор аст дар мўҳлати 5 рўз ба дорандаи феҳрист  дар бораи тағийр ёфтани маълумоти худ иттилоъ диҳад. Дар мавриди пешниҳод накардани иттилоот оид ба тағйирот дар бораи маълумоти худ ҷамъияти саҳомӣ ва дорандаи феҳрист барои зарари вобаста ба ин расонидашуда масъулият надоранд.

Моддаи 42. Ворид намудани сабтҳо ба феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ

  1. Сабтҳо ба феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, ки ба саҳмияҳо гузаштани ҳуқуқи моликиятро собит месозанд, вогузоштани ҳуқуқ ба саҳмияҳо аз ҷониби соҳиби он ба дорандаи номиналӣ (ва амалиёти мутақобила), ба замонат додани саҳмияҳо ё қатъи замонат, табдили вомбаргҳо ба саҳмияҳо, инчунин дигар тағйирот бо талаби саҳмдор ё дорандаи номиналии саҳмияҳо дар давоми се рўзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор ворид карда мешаванд.
  2. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворид нанамудани сабт ба феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ иҷозат дода намешавад. Ҳангоми ворид нанамудани сабт ба феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ дорандаи феҳрист дар  давоми 5 рўзи пешниҳоди талабот дар бораи ворид намудани сабт ба феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ба шахсе, ки ворид намудани сабтро талаб мекунад, дар хусуси ворид нанамудани сабт огоҳиномаи асоснокро ирсол медорад.

Дар хусуси ворид нанамудани сабт ба феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ё саркашӣ аз он ба суд шикоят кардан мумкин аст. Бо қарори суд дорандаи феҳристи ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст ба феҳристи зикргардида сабти дахлдорро ворид намояд.

  1. Дорандаи феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ бо талаби саҳмдор ё дорандаи номиналии саҳмияҳо вазифадор аст ҳуқуқи ўро ба саҳмияҳо бо додани нусхаи сабт  аз феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, ки коғази қиматнок намебошад, тасдиқ намояд.

 

БОБИ 8. ИДОРАКУНӢ ДАР ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 43. Мақомоти ҷамъияти саҳомӣ

Мақомоти ҷамъияти саҳомӣ инҳоянд:

— мақоми олӣ – Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— мақоми идора – Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ;

— мақоми иҷроия – директор, директори генералӣ, раёсат, маъмурият;

— мақоми назоратӣ – комиссияи тафтишотӣ  (ревизор);

— мақомоти дигар мутобиқи оиннома ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 44. Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Маҷлиси умумии саҳмдорон мақоми олии идораи ҷамъияти саҳомӣ мебошад.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст ҳар сол Маҷлиси умумии солонаи саҳмдоронро доир намояд. (қҷт 12.01.2010с, №585)

Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, вале на барвақтар аз 2 моҳ ва на дертар аз 6 моҳи баъди соли молиявӣ гузаронида мешавад. Маҷлисҳои умумии саҳмдорон ба ғайр аз Маҷлиси солона ғайринавбатӣ ба ҳисоб мераванд. (қҷт 12.01.2010с, №585)

  1. Дар ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳамаи саҳмияҳои овоздор ба як саҳмдор тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҳамин саҳмдор шахсан қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешавад. Ҳамзамон муқаррароти боби мазкур, ки тартиб ва мўҳлати омодасозӣ, даъват ва гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдоронро муайян менамояд, ба истиснои муқаррароти вобаста ба мўҳлати гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон татбиқ намегарданд.

Моддаи 45. Салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон инҳо мансубанд:

— ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ;

— азнавташкилдиҳии ихтиёрии ҷамъияти саҳомӣ;

— барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

— муайян намудани шумораи аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони)  ҷамъияти саҳомӣ, интихоби аъзои он ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

— муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;

— зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ  бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;

— кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи як қисми ин саҳмияҳоро бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо харидани ҷамъияти саҳомӣ ва инчунин бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияҳои ба дастоварда ё азнавхаридаи ҷамъияти саҳомӣ;

— таъсиси мақомоти идоракунии ҷамъияти саҳомӣ, тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо, агар бо оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тибқи Қонуни мазкур ҳали ин масъалаҳо ба салоҳияти Шўрои директорон (Шўрои нозирон) вогузор нашуда бошад; (қҷт 12.01.2010с, №585)

— тасдиқи аудитори ҷамъияти саҳомӣ ва подошпулии он. Интихоби Комиссияи тафтишотӣ;

— тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар мавриди фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарар) ҷамъияти саҳомӣ, инчунин тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони  зарари ҷамъияти саҳомӣ аз рўи натиҷаҳои соли молиявӣ;

— тасдиқи дастури кори Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— интихоби аъзои комиссияи баҳисобгирӣ ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

— қабули қарор дар бораи маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 ҳамин Қонун;

— аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ харидании саҳмияҳои паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун;

— қабули қарор дар бораи иштироки ҷамъияти саҳомӣ дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супурдани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмўъ 25 фоиз ё бештари ҳамаи дороии ҷамъияти саҳомиро ташкил медиҳад;

— тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ, ки тасдиқи онҳо мутобиқи оинномаи ҷамъият таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон қарор дорад;

— пардохти суди (дивиденди) саҳмия;

— дигар масъалаҳое, ки тибқи ҳамин Қонун салоҳияти Маҷлиси умумӣ мебошанд.

  1. Масъалаҳои марбут ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонанд ҷиҳати ҳал ба мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ ирсол гарданд.

Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ надорад масъалаҳои тибқи ҳамин Қонун таҳти салоҳияташ қарорнадоштаро баррасӣ намояд ва вобаста ба онҳо қарор қабул кунад.

 

Моддаи 46. Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон

  1. Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон бо қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бо ташаббуси худи Шўро, бо талаби Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ, аудитори ҷамъияти саҳомӣ, инчунин бо талаби саҳмдорон (саҳмдор), ки соҳиби на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ дар санаи пешниҳоди талабот мебошанд, доир мегардад.
  2. Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, ки бо талаби Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ, аудитори ҷамъият ё саҳмдорони (саҳмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ даъват мегардад, бояд дар давоми 30 рўз аз лаҳзаи пешниҳоди талабот оид ба доир намудани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон гузаронида шавад.
  3. Дар ҳолатҳое, ки мутобиқи моддаҳои 68-70 ҳамин Қонун Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон қарор қабул намояд. Чунин Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд дар давоми 45 рўзи аз лаҳзаи қабул шудани қарор аз ҷониби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ гузаронида шавад. (қҷт 12.01.2010с, №585)
  4. Дар талабот оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон бояд масъалаҳое ба рўзномаи маҷлис дохил шаванд, ки мутобиқи талаботи моддаи 49 ҳамин Қонун бошанд.
  5. Агар талабот дар мавриди даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон аз ҷониби саҳмдорон (саҳмдор) пешниҳод шуда бошад, он бояд номи (номгўйи) саҳмдоронро (саҳмдорро), ки даъвати чунин маҷлисро талаб намудаанд ва зикри миқдор ва намуди (навъи) саҳмияҳои ба онҳо (он) марбутаро дар бар гирад.

Талаб оид ба Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон аз ҷониби шахсоне (шахсе), ки даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдоронро тақозо намудаанд, имзо карда мешавад.

  1. Дар давоми 5 рўзи пешниҳоди талаботи Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ ё саҳмдорони (саҳмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ оид ба даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бояд дар хусуси даъват кардан ё накардани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон қарор қабул кунад.

Қарор дар хусуси даъват накардани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон бо талабаи Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ ё   саҳмдорони (саҳмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ  метавонад дар ҳолати зайл қабул карда шавад, агар:

а) тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда оид ба пешниҳоди талабот дар мавриди даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон риоя нагардида бошад;

б) саҳмдороне (саҳмдоре), ки даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдоронро талаб намудаанд, соҳиби миқдори саҳмияҳои овоздори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда набошанд;

в) ҳеҷ яке аз масъалаҳои ҷиҳати баррасӣ ба рўзномаи Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон пешниҳодгардида таҳти салоҳияти он набошад ва (ё) ба талаботи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ мутобиқ набошад.

  1. Қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар бораи даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон ё қарори асоснок дар хусуси даъват накардани он ба шахсоне, ки даъвати маҷлисро тақозо намудаанд, дар давоми се рўзи қабули чунин қарор фиристода мешавад.
  2. Оид ба қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар бораи даъват накардани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 47. Даъвати Маҷлиси умумӣ бо қарори суд

  1. Дар сурати аз ҷониби Шўрои директорон (Шўрои нозирон) ё мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (ҳангоми мавҷуд набудани Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ) даъват накардани Маҷлиси солона, ғайринавбатӣ ё Маҷлиси такрории умумии саҳмдорон ё саркашӣ аз гузаронидани он маҷлис дар давоми 30 рўз дар асоси қарори суд даъват карда мешавад.
  2. Суд метавонад вақти муайян, маҳалли гузаронидани маҷлис ва рўзномаи онро муайян кунад, мазмуни огоҳиномаи ба саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ирсолшавандаро муқаррар ва шартҳои дигари барои ноил шудан ба мақсадҳои Маҷлиси умумӣ заруриро муайян созад.

 

Моддаи 48. Иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд на дертар аз 20 рўз, вале иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки рўзномаи он дорои масъалаҳои азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ мебошад, дар мўҳлати на дертар аз 30 рўз то санаи гузаронидани он пешниҳод карда шавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 49 ҳамин Қонун иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон бояд дар мўҳлати на дертар аз 40 рўз то санаи гузаронидани он пешниҳод гардад.

Дар мўҳлатҳои зикргардида иттилоот оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон  бояд ба ҳар як шахсе, ки дар рўйхати шахсони барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқдошта зикр гардидааст, тавассути мактуби фармоишӣ фиристода шавад, ба шарте,ки дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ усули дигари ирсоли чунин иттилоот дар шакли хаттӣ пешбинӣ нашуда бошад ё ба ҳар шахси зикргардида имзо мононда супурда шуда бошад, ё ин ки дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ пешбинӣ шуда, дар нашрияи барои ҳамаи саҳмдорон дастрасе, ки оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муайян кардааст, чоп шуда бошад.

Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад  саҳмдоронро аз гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба таври иловагӣ огоҳ намояд.

  1. Дар иттилоот оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ин чизҳо бояд зикр гарданд:

— номи пурраи фирмавии ҷамъияти саҳомӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он;

— шакли гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлис ё овоздиҳии ғоибона);

— сана, маҳал, вақти гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон  ва агар мутобиқи қисми 3 моддаи 59 ҳамин Қонун бюллетенҳои пуркардашуда ба ҷамъият ирсол гарданд — суроғаи почта, ки тавассути он метавон бюллетенҳои пуркардашударо фиристод ё агар гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон дар шакли овоздиҳии ғоибона сурат гирад, санаи ба охиррасии қабули бюллетенҳо барои овоздиҳӣ ва суроғаи почта, ки тавассути он бюллетенҳои пуркардашуда ирсол мегардад;

— санаи таҳияи рўйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд;

— рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— тартиби шиносоӣ бо иттилооте (маводе), ки бояд ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон пешниҳод гардад ва суроғае (суроғаҳое), ки тавассути вай бо он шинос шудан мумкин аст.

  1. Ба иттилооте (маводе), ки ба шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳангоми омодагӣ ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд пешниҳод гардад, ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ, аз ҷумла, хулосаи аудитор, хулосаи Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ оид ба натиҷаҳои тафтиши ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ, маълумот дар бораи номзад (номзадҳо) ба мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ, Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи баҳисогирии ҷамъияти саҳомӣ, лоиҳаи тағйиру иловаҳо, ки ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ворид карда мешаванд ё лоиҳаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав, лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ, лоиҳаи  қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон, инчунин иттилооти (маводи) пешбининамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дохил мешаванд.

Номгўи иттилооти иловагие (маводе), ки барои пешниҳод ба шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон  ҳангоми омодагӣ ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон заруранд, метавонад аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда шавад.

Иттилооти (маводи) пешбининамудаи ҳамин модда дар давоми 20 рўз ва ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки рўзномаи он дорои масъалаи азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ мебошад, дар  давоми 30 рўз то гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон барои шиносоӣ дар бинои мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ ва дигар ҷойҳо, ки суроғаи онҳо дар иттилоот оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон зикр шудаанд, бояд дастрас бошад. (қҷт 12.01.2010с, №585)

Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст бо талаби шахси дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ба ў нусхаи ҳуҷҷатҳои зикргардидаро фароҳам орад. Маблағи пардохте, ки ҷамъияти саҳомӣ  барои пешниҳоди нусхаҳои зикршуда меситонад, набояд аз хароҷоти таҳияи онҳо бештар бошад.

  1. Агар шахси дар феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ ба қайд гирифташуда дорандаи номиналии саҳмияҳо бошад, иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба суроғаи дорандаи номиналии саҳмияҳо ирсол мегардад, ба шарте,ки дар рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон суроғаи дигари почта, ки тибқи он бояд иттилоот дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ирсол гардад, зикр нашуда бошад. Ҳангоме, ки иттилоот дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба дорандаи номиналии саҳмияҳо ирсол шудааст, ў бояд онро бо тартиб ва дар мўҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии мақоми ваколатдор ё шартнома ба маълумоти мизоҷони худ расонад.

 

Моддаи 49. Пешниҳодот ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Саҳмдороне (саҳмдоре), ки дар маҷмўъ соҳиби на камтар аз 2 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд ба рўзномаи Маҷлиси солонаи умумии саҳмдорон масъала дохил намоянд ва номзадҳоро ба Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, мақоми дастаҷамъии иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ (ревизорон) ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъияти саҳомӣ, ки шумораи онҳо наметавонад аз миқдори аъзои мақоми дахлдор бештар бошад, инчунин ба мансаби мақоми инфиродии иҷроия пешниҳод кунанд. Чунин пешниҳодот бояд ба ҷамъияти саҳомӣ дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи баъди ба анҷом расидани соли молиявӣ ворид шавад, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ мўҳлати дертар муқаррар нашуда бошад.
  2. Агар рўзномаи пешниҳодшудаи Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон дорои масъалаҳои интихоби аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ буда, онҳо бояд тавассути овоздиҳии кумулятивӣ интихоб гарданд, саҳмдорони (саҳмдори) ҷамъияти саҳомӣ, ки дар маҷмўъ соҳиби на камтар аз 2 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд номзадҳоро барои интихоб ба Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, ки шумораи онҳо наметавонад аз шумораи аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бештар бошад, пешниҳод кунанд. Чунин пешниҳодот бояд ба ҷамъияти саҳомӣ дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи баъди ба анҷом расидани соли молиявӣ ворид шавад, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ мўҳлати дертар муқаррар нашуда бошад.
  3. Пешниҳодот дар бораи ворид намудани масъалаҳо ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ва дар мавриди пешбарии номзадҳо дар шакли хаттӣ, бо зикри номи (номгўйи) саҳмдорони (саҳмдори) онҳоро пешниҳоднамуда, миқдор ва намуди (навъи) саҳмияҳояшон пешкаш гардида, онҳоро бояд саҳмдорон (саҳмдор) имзо кунанд.
  4. Пешниҳодот дар бораи ворид намудани масъалаҳо ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд мўҳтавои ҳар як масъалаи пешниҳодшуда, пешниҳод дар мавриди пешбарии номзадҳо бошад, номи ҳар як номзади пешниҳодшаванда, номи мақомеро, ки барои интихоб дар он пешниҳод шудааст, инчунин дар хусуси ў дигар маълумоти пешбининамудаи оиннома ё ҳуҷҷати дохилии ҷамъияти саҳомиро дар бар гирад. Пешниҳод дар мавриди ворид намудани масъалаҳо ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад дорои мўҳтавои қарор оид ба ҳар як масъалаи пешниҳодшаванда бошад.
  5. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад ба мўҳтавои масъалаҳои барои ворид намудан ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон пешниҳодшуда, инчунин мўҳтавои қарорҳо вобаста ба ин масъалаҳо тағйирот ворид намояд.

Ба ғайр аз масъалаҳои ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон  пешниҳодшуда, инчунин дар ҳолатҳои набудани чунин пешниҳодҳо,  набудан ё шумораи нокифояи номзадҳо, ки саҳмдорон барои таъсиси мақоми дахлдор пешниҳод намудаанд, Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳо дохил кунад ё номзадҳоро ба рўйхати номзадҳо ворид намояд.

 

Моддаи 50. Рад намудани пешниҳодот ба рўзномаи  Маҷлиси умумии саҳмдорон

1.Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, дар сурати мавҷуд набудани Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, шахс ё мақоми муайяни ҷамъияти саҳомӣ, ки оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муайян намудааст ва ҳаллу фасли масъалаи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ва тасдиқи рўзномаи он дар салоҳияти он аст, вазифадор аст пешниҳодоти воридшударо баррасӣ намуда, дар хусуси ворид кардани онҳо ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ё ворид накардани онҳо ба рўзномаи зикргардида дар мўҳлати на дертар аз 5 рўзи баъди ба охиррасии мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 49 ҳамин Қонун қарор қабул кунад. Масъалаҳои пешниҳоднамудаи саҳмдорон (саҳмдор) бояд ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон, ҳамчунин номзадҳои пешниҳодшуда ба рўйхати номзадҳо ҷиҳати овоздиҳӣ дар интихоботи мақомоти дахлдори ҷамъияти саҳомӣ,  ба истиснои ҳолатҳои зайл, ворид карда шавад, агар:

— саҳмдорон (саҳмдор) мўҳлати муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 49 ҳамин Қонунро риоя накарда бошанд;

— саҳмдорон (саҳмдор) соҳиби миқдори саҳмияҳои овоздори дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 49 ҳамин Қонун пешбининамудаи ҷамъияти саҳомӣ набошанд;

— пешниҳод ҷавобгўи талаботи пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 49 Қонуни мазкур набошад;

— масъалаи барои ворид намудан ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон пешниҳодшуда аз салоҳияти он набошад ва (ё) ба талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқ набошад.

2.Қарори асосноки Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар хусуси ворид накардани масъалаи пешниҳодшуда ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ё дохил накардани номзад ба рўйхати номзадҳо ҷиҳати овоздиҳӣ дар интихоби мақоми дахлдори ҷамъияти саҳомӣ ба саҳмдорон (саҳмдор), ки ворид намудани масъаларо пешниҳод ё номзадро пешбарӣ кардааст, дар мўҳлати на дертар аз 3 рўзи  баъди қабули он фиристода мешавад.

Аз қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар бораи ворид накардани масъала ба рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон  ё номзад ба рўйхати номзадҳо ҷиҳати овоздиҳӣ дар интихоби мақоми дахлдори ҷамъияти саҳомӣ, инчунин аз қабули қарор саркашӣ кардани Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 51. Омодагӣ ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Ҳангоми омодагӣ ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ инҳоро муайян месозад:

— шакли гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлис ё овоздиҳии ғоибона);

— сана, маҳал, вақти гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ва дар ҳолатҳое, ки бюллетенҳои пуркардашуда метавонанд ба ҷамъияти саҳомӣ ирсол гарданд, суроғаи почта, ки тавассути он метавон бюллетенҳои пуркардашударо фиристод ё дар сурате, ки Маҷлиси умумии саҳмдорон дар шакли овоздиҳии ғоибона гузаронида шавад, санаи баохиррасии қабули бюллетенҳо барои овоздиҳӣ ва суроғаи почта, ки тавассути он бюллетенҳои пуркардашуда ирсол мегарданд;

— санаи таҳияи рўйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд;

— рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— тартиби огоҳ намудани саҳмдорон дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— номгўи иттилооте (маводе), ки бояд ҳангоми омодагӣ ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба онҳо пешниҳод гардад ва тартиби пешниҳоди онҳо;

— шакл ва матни бюллетени овоздиҳӣ ҳангоми овоз додан тавассути бюллетен.

  1. Ба рўзномаи Маҷлиси солонаи умумии саҳмдорон бояд ҳатман масъалаҳои интихоби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ, тасдиқи аудитор, инчунин масъалаҳои пешбининамудаи сархати даҳуми, қисми 1 моддаи 45 Қонуни мазкур ворид карда мешавад.

 

Моддаи 52. Тартиби қабул кардани қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Дар Маҷлиси умумии саҳмдорон шахсони зерин ҳуқуқи овоз доданро ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ доранд:

— саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои оддии ҷамъияти саҳомӣ;

— саҳмдорон — соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун.

Саҳмияи овоздори ҷамъияти саҳомӣ саҳмияи оддӣ ё саҳмияи имтиёзноке мебошад, ки ба саҳмдор – соҳиби он ҳангоми ҳалли масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ ҳуқуқи овоздиҳиро фароҳам меорад.

  1. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ бо аксарияти овози саҳмдорон–соҳибони саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад, агар Қонуни мазкур барои қабули қарор тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Ҳисоби овозҳо дар Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ, ки ҳангоми ҳалли онҳо саҳмдорон-соҳибони саҳмияҳои оддӣ ва саҳмияҳои имтиёзноки ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, аз рўи ҳамаи саҳмияҳои овоздор якҷоя анҷом дода мешавад, агар дар Қонуни мазкур ё оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Қарор оид ба масъалаҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, шашум, ҳафтум ва шонздаҳуми қисми 1 моддаи 45 Қонуни мазкур инъикосёфта аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорон– соҳибони саҳмияҳои овоздор, ки дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок намудаанд, қабул карда мешавад.
  2. Тартиби аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул кардани қарор оид ба тартиби пешбурди Маҷлиси умумии саҳмдорон тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ё ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ, ки бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон  тасдиқ шудааст, муқаррар мегардад.
  3. Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ надорад аз рўи масъалаҳое, ки ба рўзномаи маҷлис дохил нашудаанд, қарор қабул кунад, инчунин ба рўзнома тағйирот ворид намояд. (қҷт 12.01.2010с, №585)
  4. Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон, инчунин натиҷаи овоздиҳӣ тибқи тартиб ва мўҳлати пешбининамудаи Қонуни мазкур ё оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ба маълумоти саҳмдорон расонида мешавад. (қҷт 12.01.2010с, №585)
  5. Қароре, ки маҷлиси умумии саҳмдорон бе иштироки соҳиби «саҳмияи тиллоӣ» қабул менамояд, эътибор надорад. (қҷт 05.08.2009, №541)
  6. Саҳмдор ҳуқуқ дорад нисбат ба қароре, ки Маҷлиси умумии саҳмдорон бо вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, оинномаи ҷамъияти саҳомӣ қабул намудааст, ба суд шикоят кунад, агар ў дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок накарда бошад ё зидди қабули чунин қарор, ки тибқи он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунияш риоя нашудаанд, овоз дода бошад. Чунин аризаро дар давоми шаш моҳ аз рўзе, ки саҳмдор огоҳ шудааст ё бояд дар мавриди қабули чунин қарор огоҳ мешуд, ба суд пешниҳод кардан мумкин аст.

 

Моддаи 53. Маҷлиси умумии саҳмдорон дар  шакли овоздиҳии ғоибона

  1. Қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад бе гузаронидани маҷлис (иштироки якҷояи саҳмдорон барои муҳокимаи масъалаи рўзнома ва қабули қарор оид ба масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ) тавассути овоздиҳии ғоибона қабул карда шавад.
  2. Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки рўзномаи он масъалаҳои интихоби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ, тасдиқи аудитори ҷамъияти саҳомӣ, инчунин масъалаҳои пешбининамудаи сархати даҳуми қисми 1 моддаи 45 Қонуни мазкурро дар бар мегирад, наметавонад дар шакли овоздиҳии ғоибона гузаронида шавад. (қҷт 12.01.2010с, №585)

 

 

Моддаи 54. Ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси маълумоти феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ тартиб дода мешавад.

Санаи таҳияи рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонад барвақттар аз санаи қабули қарор оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ва бештар аз 50 рўз муқаррар карда шавад.

Дар ҳолате, ки агар нисбати ҷамъият ҳуқуқи махсус оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъияти мазкур («саҳмияи тиллоӣ»)  истифода бурда шавад, ба рўйхати мазкур инчунин намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. (қҷт 05.08.2009, №541)

  1. Барои таҳияи рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дорандаи номиналии саҳмияҳо дар рўзи таҳияи рўйхат дар бораи шахсоне, ки саҳмияҳоро ў ба манфиати онҳо соҳибӣ мекунад, маълумот пешниҳод менамояд.
  2. Рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон номи (номгўйи) ҳар як чунин шахс, маълумоти барои ҳаммонандии ў зарурӣ, маълумот дар бораи миқдор ва намуди (навъи) саҳмияҳо, ки нисбат ба онҳо ҳуқуқи овоздиҳӣ дорад, суроғаи почта, ки тибқи он иттилоот дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ирсол мегардад, бюллетени овоздиҳӣ, агар овоздиҳӣ ирсоли бюллетенҳои овоздиҳиро тақозо намояд ва ҳисобот оид ба натиҷаи овоздиҳиро дар бар мегирад.
  3. Рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ барои шиносоӣ бо талаби шахсоне, ки ба ин рўйхат дохил шудаанд ва на камтар аз 1 фоизи овозҳоро доранд, пешниҳод мегардад. Ҳамзамон маълумоти ҳуҷҷатҳо ва суроғаи почтаи шахсони воқеӣ, ки ба ин рўйхат дохиланд, танҳо бо розигии ҳамин шахсон пешниҳод мегардад.
  4. Ҷамъияти саҳомӣ бо талаби ҳар як шахси манфиатдор дар давоми се рўз вазифадор аст ба ў аз рўйхати шахси дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки дар бораи ин шахс дорои маълумот мебошад, нусха ё дар мавриди он ки ў ба рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ворид нашудааст, маълумот пешниҳод кунад.

Бо талаби саҳмдор ҷамъияти саҳомӣ вазифадор  аст дар мавриди дохил намудани ў ба рўйхати саҳмдорони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон  иттилоот пешниҳод намояд.

Дар сурати гузаштани ҳуқуқи моликият ба саҳмияҳо дар марҳилаи баъди санаи тартибдиҳии рўйхат ва то санаи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, харидор (молики нави саҳмияҳо) ҳуқуқ дорад дар чунин Маҷлиси умумии саҳмдорон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликиятро ба саҳмияҳо тасдиқ менамоянд, аз ҷумла иқтибос аз феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, иштирок намояд. Зимнан, молики аввалаи саҳмияҳо, ки ба рўйхати шахсони дорандаи ҳуқуқ барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дохил шудааст, ҳуқуқи иштирок дар чунин Маҷлиси умумии саҳмдоронро гум мекунад ва ўҳдадор аст ба молики нави саҳмияҳо иттилоотро оид ба нақшаҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор (огоҳинома оид ба Маҷлиси умумии саҳмдорон) хабар диҳад. Дар сурати аз ҷониби молики аввалаи саҳмияҳои ба рўйхати шахсони дорандаи ҳуқуқ барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дохилшуда иҷро нагардидани ўҳдадории мазкур, молики нави саҳмияҳо ҳуқуқ дорад аз молики аввала ҷуброни зарари ба ў расонидашударо талаб намояд. (қҷт  12.01.2010с, №585)

  1. Тағйирот ба рўйхати саҳмдорони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад ҳамчунин ҳангоми барқарорсозии ҳуқуқҳои риоянашудаи шахсони ба ин рўйхат дар санаи тартибдиҳии он дохилнашуда ё ислоҳи иштибоҳот, ки ҳангоми таҳияи он роҳ дода шудааст, ворид карда шавад.

Моддаи 55. Комиссияи баҳисобгирӣ

  1. Дар ҷамъияти саҳомии бо шумораи беш аз сад нафар саҳмдорон– соҳибони саҳмияҳои овоздор Комиссияи баҳисобгирӣ таъсис дода мешавад, ки шумораи аъзо, ҳайат ва мўҳлати фаъолияти онро Маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ менамояд.
  2. Ҳайати Комиссияи баҳисобгирӣ наметавонад камтар аз се нафар бошад. Ба Комиссияи баҳисобгирӣ наметавонанд аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, аъзои Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ, аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти иҷроияи инфиродии ҷамъияти саҳомӣ, ҳамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор, инчунин шахсони барои ин мансаб ҳамчун номзад пешбаришаванда дохил шаванд.
  3. Агар мўҳлати ваколати Комиссияи баҳисобгирӣ гузашта бошад ё теъдоди аъзои онҳо камтар аз се нафар шуда бошад, ҳамчунин ҳангоми барои иҷрои ўҳдадориҳои худ ҳозир будани камтар аз се нафар аъзои ҳайати Комиссияи баҳисобгирӣ барои иҷрои вазифаҳои Комиссияи баҳисобгирӣ метавонад феҳристдор ҷалб гардад.
  4. Комиссияи баҳисобгирӣ ваколатҳоро санҷида, иштироккунандагони Маҷлиси умумии саҳмдоронро ба қайд мегирад, мавҷудияти кворуми Маҷлиси умумии саҳмдоронро муайян месозад, масъалаҳои вобаста ба татбиқи ҳуқуқи овоздиҳиро аз ҷониби саҳмдорон (намояндагони онҳо) дар Маҷлиси умумии саҳмдорон тавзеҳ ва тартиби овоздиҳиро аз рўи масъалаҳои воҷиби овоздиҳӣ шарҳ медиҳад, тартиби муқарраргардидаи овоздиҳӣ ва ҳуқуқи саҳмдоронро ҷиҳати иштирок дар овоздиҳӣ таъмин менамояд, овозҳоро ҳисоб карда, натиҷаи овоздиҳиро ҷамъбаст менамояд, оид ба натиҷаи овоздиҳӣ протокол тартиб дода, бюллетенҳои овоздиҳиро ба бойгонӣ месупорад.
  5. Комиссияи баҳисобгирӣ барои махфияти маълумот оид ба саҳмдорон, ки дар бюллетени овоздиҳӣ мавҷуданд, масъулият дорад.

 

Моддаи 56. Тартиби иштироки саҳмдорон дар  Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Саҳмдор ҳуқуқи дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳам шахсан ва ҳам тавассути намояндаи худ иштирок карданро дорад.

Намояндаи саҳмдор дар Маҷлиси умумии саҳмдорон мутобиқи салоҳиятҳои ба муқаррароти қонунҳо асосёфта ё ваколатнома амал мекунад.

Ваколатномаи овоздиҳӣ бояд дар мавриди ваколатномадиҳанда ва намоянда (ном ё номгўй, маҳалли зист ё маҳалли ҷойгиршавӣ, маълумоти шиноснома) маълумот дошта бошад. Ваколатномаи овоздиҳӣ бояд мутобиқи талаботи моддаи 210 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда бошад. «қҷт 12.01.2010с, №585»

  1. Агар саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ таҳти моликияти умумии саҳмии якчанд шахс қарор дошта бошад, пас ҳуқуқи овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон тибқи салоҳияти онҳо аз ҷониби яке аз иштирокчиёни моликияти умумии саҳмӣ ё намояндаи умумии онҳо анҷом дода мешавад. Ваколатҳои ҳар яке аз шахси зикршуда бояд ба таври дахлдор ба расмият дароварда шавад.
  2. Дар мавриди бастани шартномаи идораи мўътамади саҳмияҳо сардори мўътамад дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ба сифати намояндаи саҳмдор амал мекунад ва овоз медиҳад.
  3. Овоздиҳӣ аз рўи саҳмияҳои таҳти гарав қарордошта тибқи шартҳои шартномаи гарав анҷом дода мешавад, агар дар Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 57. Кворуми Маҷлиси умумии саҳмдорон

  1. Маҷлиси умумии саҳмдорон дар сурате босалоҳият аст (дорои кворум мебошад), ки дар он саҳмдорони дар маҷмўъ дорои беш аз нисфи овозҳои саҳмияҳои овоздори паҳнкардашудаи ҷамъияти саҳомӣ иштирок намоянд.

Саҳмдорон ё намояндаи онҳо, ки ба рўйхати саҳмдорон дохил карда шудаанд, ба шарте иштироккунандаи Маҷлиси умумии саҳмдорон  эътироф мегарданд, ки ҷиҳати иштирок дар он ба қайд гирифта шуда бошанд. Дар Маҷлиси умумии саҳмдорон,  ки дар шакли овоздиҳии ғоибона мегузарад, саҳмдороне иштирокдошта эътироф мегарданд, ки бюллетенҳояшон то санаи анҷоми қабули бюллетенҳо дастрас шудаанд.

  1. Агар рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳоеро дар бар гирад, ки аз рўи онҳо ҳайати мухталифи овоздиҳандаҳо овоз медиҳад, кворум барои қабули қарори ин масъалаҳо алоҳида муайян карда мешавад. Ҳамзамон мавҷуд набудани кворум барои қабули қарори масъалаҳое, ки овоздиҳӣ аз рўи онҳо бо як ҳайати овоздиҳандаҳо сурат мегирад, ба қабули қарори масъалаҳое, ки овоздиҳӣ бо ҳайати дигари овоздиҳандагон сурат гирифта, барои қабули он кворум вуҷуд дорад, монеа намебошад.
  2. Ҳангоми мавҷуд набудани кворум барои гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон бояд Маҷлиси умумии саҳмдорон бо ҳамон рўзнома такроран гузаронида шавад. Ҳангоми мавҷуд набудани кворум барои гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон метавонад Маҷлиси умумии такрории саҳмдорон бо ҳамон рўзнома гузаронида шавад.

Маҷлиси такрории умумии саҳмдорон ба шарте салоҳиятдор (дорои кворум)  ҳисобида мешавад, ки дар он саҳмдорони  дар маҷмўъ дорои на камтар аз 30 фоизи овозҳои саҳмияҳои паҳнкардашудаи овоздори ҷамъияти саҳомӣ иштирок дошта бошанд. Оинномаи ҷамъияти саҳомии дорои беш аз 5 ҳазор саҳмдор метавонад барои гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмдорон кворуми камтарро пешбинӣ намояд.

Иттилоот дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмдорон мутобиқи талаботи моддаи 48 Қонуни мазкур сурат мегирад. Ҳамзамон муқаррароти банди сеюми қисми 1 моддаи 48 Қонуни мазкур татбиқ намегардад. Бюллетенҳои овоздиҳӣ ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмдорон мутобиқи талаботи моддаи 59 Қонуни мазкур супорида, ирсол ё нашр карда мешаванд.

  1. Ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмдорон дар мўҳлати 5 рўзи баъди Маҷлиси умумии доирнашудаи саҳмдорон шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон мутобиқи рўйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии доирнашудаи саҳмдорон ҳуқуқ доштанд, муайян мегардад.

Моддаи 58. Овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон

Овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон аз рўи қоидаи «як саҳмияи овоздори ҷамъияти саҳомӣ – як овоз» анҷом дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои гузаронидани овоздиҳии кумулятивӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 59. Бюллетени овоздиҳӣ

  1. Овоздиҳӣ аз рўи масъалаҳои рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон бо усули овоздиҳии кушода анҷом дода мешавад. Овоздиҳӣ аз рўи масъалаҳои рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки дар шакли овоздиҳии ғоибона сурат мегирад, танҳо тавассути бюллетенҳои овоздиҳӣ анҷом дода мешавад.
  2. Бюллетен барои овоздиҳӣ бояд бо имзои ҳар шахси дар рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон зикргардида (намояндаи он), ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ба қайд гирифта шудааст, супурда шавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархати 2 ҳамин қисм.

Ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон дар шакли овоздиҳии ғоибона ва гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон бо шумораи саҳмдорон-соҳибони 500 нафар ва бештар саҳмияи овоздор, инчунин дигар ҷамъияти саҳомӣ, ки оинномаи он ирсоли (супурдани) ҳатмии бюллетенҳоро то гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон  пешбинӣ менамояд, бюллетени овоздиҳӣ бояд ирсол гардад ё бо имзои ҳар шахси дар рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон зикргардида дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи то гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон супурда шавад.

Бюллетени овоздиҳӣ бо мактуби фармоишӣ ирсол карда мешавад, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигари ирсоли бюллетенҳои овоздиҳӣ пешбинӣ нашуда бошад.

Дар оинномаи ҷамъияти саҳомии шумораи саҳмдоронаш беш аз 5 ҳазор нафар метавонад мўҳлати чопи бланкаҳои бюллетенҳои овоздиҳӣ дар нашрияи барои ҳамаи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ дастрас, ки оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муайян намудааст, пешбинӣ гардад.

3.Ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, ба истиснои Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки дар шакли овоздиҳии ғоибона доир мегардад, дар ҷамъиятҳои саҳомие, ки бюллетенҳоро  мутобиқи қисми 2 ҳамин модда мефиристанд (месупоранд) ё нашр мекунанд, шахсони ба рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон  дохилшуда (намояндагони онҳо) ҳуқуқ доранд дар чунин маҷлис иштирок кунанд ё бюллетенҳои пуркардашударо ба ҷамъияти саҳомӣ фиристанд. Ҳамзамон ҳангоми муайян намудани кворум ва ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ овозҳои тавассути бюллетенҳои овоздиҳӣ пешниҳодшуда, ки аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ дар давоми ду рўзи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон дастрас гардидааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.

  1. Дар бюллетенҳои овоздиҳӣ инҳо бояд зикр гарданд:

— номи пурраи фирмавии ҷамъияти саҳомӣ ва маҳалли ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ;

— шакли гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлис ё овоздиҳии ғоибона);

— сана, маҳал, вақти гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон  ва агар мутобиқи қисми 3 ҳамин модда бюллетенҳои пуркардашуда ба ҷамъияти саҳомӣ ирсол гарданд, суроғаи почта, ки тавассути он бюллетенҳои пуркарда ирсол мегарданд ё ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон  дар шакли овоздиҳии ғоибона — санаи анҷоми  қабули бюллетенҳои овоздиҳӣ ва суроғаи почта, ки тавассути он бояд бюллетенҳои  пуркардашуда ирсол гарданд;

— мўҳтавои қарорҳо оид ба ҳар масъала (номи ҳар як номзад), овоздиҳӣ, ки тавассути ҳамин бюллетен сурат мегирад;

— тартиби овоздиҳӣ оид ба ҳар як масъалаи рўзнома, ки бо мафҳумҳои «тарафдор», «зид» ё «бетараф» зикр ёфтааст.

Дар сурати овоздиҳии кумулятивӣ бюллетени овоздиҳӣ бояд ишора ба он ва тавзеҳи моҳияти овоздиҳии кумулятивиро дошта бошад.

 

Моддаи 60. Ҳисоби овозҳо ҳангоми овоздиҳӣ тавассути бюллетенҳои овоздиҳӣ

  1. Ҳангоми овоздиҳӣ тавассути бюллетенҳои овоздиҳӣ овозҳо оид ба масъалаҳое ҳисоб карда мешаванд, ки вобаста ба онҳо ба овоздиҳандагон танҳо яке аз вариантҳои имконпазири овоздиҳӣ дода шудааст. Бюллетенҳои овоздиҳӣ, ки бо риоя накардани талаботи боло пур карда шудаанд, беэътибор дониста шуда, овозҳо аз рўи масъалаҳои дар онҳо ҷойдошта ба ҳисоб гирифта намешаванд.
  2. Агар бюллетени овоздиҳӣ дорои якчанд саволи барои овоздиҳӣ гузошташуда бошад, риоя накардани талаботи боло нисбат ба як ё якчанд масъалаҳо дар маҷмўъ боиси беэътибор донистани бюллетен намегардад.

 

Моддаи 61. Протокол ва ҳисобот оид ба  натиҷаҳои овоздиҳӣ

  1. Комиссияи баҳисобгирӣ оид ба натиҷаи овоздиҳӣ протокол тартиб медиҳад, ки ба он аъзои Комиссияи баҳисобгирӣ имзо мегузоранд. Протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ дар мўҳлати на дертар аз се рўзи анҷоми Маҷлиси умумии саҳмдорон ё санаи анҷоми қабули бюллетенҳо ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон дар шакли овоздиҳии ғоибона тартиб дода мешавад.
  2. Баъди тартиб додани протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва имзои протоколи Маҷлиси умумии саҳмдорон аз тарафи дорандаи феҳрист бюллетенҳои овоздиҳиро Комиссияи баҳисобгирӣ мўҳр гузошта, ҷиҳати ҳифз ба бойгонии ҷамъияти саҳомӣ месупорад.
  3. Протоколи натиҷаи овоздиҳӣ бояд ба протоколи Маҷлиси умумии саҳмдорон замима гардад.
  4. Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон, инчунин натиҷаи овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки дар рафти он овоз додаанд, эълон карда мешавад ё дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи баъди тартиб додани протокол оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ба маълумоти шахсони ба рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон дохилшуда бо тартиби огоҳонӣ аз гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон пешбинигардида расонида мешавад.

 

Моддаи 62. Протоколи Маҷлиси умумии саҳмдорон

1.Протоколи Маҷлиси умумии саҳмдорон дар давоми даҳ рўзи баъди пўшида шудани Маҷлиси умумии саҳмдорон ба расмият дароварда мешавад.

  1. Дар протоколи Маҷлиси умумии саҳмдорон инҳо зикр мегарданд:

— номи пурра ва маҳалли ҷойгиршавии ҷамъияти саҳомӣ;

— маҳал ва вақти гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— кворуми Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— тартиби овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— шумораи умумии овозҳои саҳмдорон вобаста ба ҳар масъалаи рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки барои овоздиҳӣ гузошта шудааст;

— раис (раёсат) ва котиби Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— баромади шахсони дар Маҷлиси умумии саҳмдорон  иштирокдошта;

— масъалаҳои барои овоздиҳӣ гузошташуда, натиҷаи овоздиҳӣ аз рўи онҳо;

— қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон.

  1. Протоколро раис ва котиби Маҷлиси умумӣ имзо мекунанд.
  2. Протоколҳои ҳамаи Маҷлисҳои умумӣ дар дафтари протоколҳо дўхта шуда, онро мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ эҳтиёт менамояд ва он бояд ҳар вақт ба ҳар кадом саҳмдор барои шиносшавӣ пешниҳод гардад. Бо талаби саҳмдорон ба онҳо иқтибосномаҳои тасдиқшуда аз дафтари протоколҳо дода мешавад.

 

Моддаи 63. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ

  1. Дар ҷамъияти саҳомӣ мумкин аст Шўрои директорон (Шўрои нозирон) таъсис дода шавад. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ба фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ роҳбарии умумӣ мекунад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи ҳамин Қонун таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон қарор доранд.
  2. Дар ҷамъияти саҳомии дорои беш аз панҷоҳ саҳмдор Шўрои директорон (Шўрои нозирон) таъсис дода мешавад.
  3. Дар ҷамъияти саҳомии дорои панҷоҳ ва аз он камтар саҳмдор оинномаи ҷамъияти саҳомӣ метавонад пешбинӣ намояд, ки вазифаи Шўрои директорон (Шўрои нозирон)-ро Маҷлиси умумии саҳмдорон ба ҷо оварад. Дар ин маврид дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ бояд шахс ё мақоми муайяни ҷамъияти саҳомӣ зикр шуда бошад, ки ҳаллу фасли масъалаи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон ва тасдиқи рўзномаи он дар салоҳияти он аст. «қҷт 12.01.2010с, №585»
  4. Бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон ба аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар давраи анҷом додани ўҳдадориҳояшон подоши меҳнат пардохта мешавад ва (ё) хароҷоташон вобаста ба иҷрои вазифаи аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҷуброн карда мешавад. Андозаи чунин подош ё ҷубронпулӣ бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 64. Интихоби Шўрои директорони  (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ

  1. Аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомиро Маҷлиси умумии саҳмдорон бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ба мўҳлати то Маҷлиси ояндаи солонаи умумии саҳмдорон интихоб менамояд. Агар Маҷлиси умумии саҳмдорон дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 44 ҳамин Қонун доир нашуда бошад, салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, ба истиснои салоҳият оид ба омодасозӣ, даъват ва гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон, қатъ мегардад.
  2. Узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ метавонад танҳо шахси воқеӣ бошад. Узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ метавонад саҳмдори ҷамъият набошад. Аъзои дастаҷамъии мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  наметавонанд бештар аз чор як ҳиссаи ҳайати Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бошанд. Шахсе, ки вазифаҳои мақоми инфиродии иҷроияро анҷом медиҳад, наметавонад ҳамзамон раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бошад. Саҳмдороне, ки миқдори муайяни саҳмияҳои дар оинномаи Ҷамъият муқарраршударо соҳибӣ мекунанд, метавонанд аъзои Шўрои директорон (Шўрои нозирон) интихоб гарданд. Дар оиннома ё ҳуҷҷати дохилии ҷамъияти саҳомӣ метавонад дигар талабот ба аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ муқаррар карда шавад.»;  (қҷт 05.08.2009, №541); «қҷт 12.01.2010с, №585»
  3. Шумораи аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар асоси оинномаи ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур муайян мегардад. «қҷт 12.01.2010с, №585»

Барои ҷамъияти саҳомӣ- соҳибони саҳмияҳои оддӣ ва дигар саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ, ки шумораашон аз 500 нафар бештар аст, ҳайати аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ наметавонад камтар аз 5 нафар ва барои ҷамъияти саҳомӣ–соҳибони саҳмияҳои оддӣ ва дигар саҳмияҳои овоздори ҷамъият, ки шумораашон зиёда аз 2 ҳазор нафар аст, камтар аз 7 нафар бошад.

  1. Аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ–соҳибони саҳмияҳои оддии овоздори шумораашон беш аз 500 бо овоздиҳии кумулятивӣ интихоб карда мешаванд. Дар оинномаи ҷамъияти саҳомии дорои камтар аз 500 нафар саҳмдорон–соҳибони саҳмияҳои оддии ҷамъияти саҳомӣ метавонад ҳангоми интихоби аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият овоздиҳии кумулятивӣ пешбинӣ гардад.

Ҳангоми овоздиҳии кумулятивӣ шумораи овозҳои мансуб ба ҳар як саҳмдор ба шумораи шахсоне, ки бояд ба Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  интихоб шаванд, зарб гардида, саҳмдор ҳуқуқ дорад овозҳои ба ин васила гирифтаро пурра ба тарафдории як номзад диҳад ё онҳоро байни ду ва ё бештар номзадҳо тақсим кунад.

Ба Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  номзадҳое интихобшуда ба ҳисоб мераванд, ки овози бештарро ба даст овардаанд.

 

Моддаи 65. Салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҳалли масъалаҳои роҳбарии умумии фаъолият дохил мешавад, ба истиснои масъалаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур дар доираи салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон мебошанд.

Ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ   масъалаҳои зерин марбутанд:

— муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ;

— даъвати Маҷлиси солона ва ғайринавбатии умумии саҳмдорон;

— тасдиқи рўзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— муайян намудани санаи таҳияи рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ва дигар масъалаҳое, ки мутобиқи муқаррароти боби 8 Қонуни мазкур ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дохил шудаанд ва ба омодагӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон алоқаманд мебошанд;

— тасдиқи буҷети солона ва бизнес-нақшаи ҷамъияти саҳомӣ;

— таъсиси мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ ва пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколатҳои он, агар бо оинномаи ҷамъияти саҳомӣ чунин ҳуқуқ ба салоҳияти Шўрои директорон (Шўрои нозирон) вогузор гардида бошад;

— муайян намудани ҳаҷми маошҳои вазифавӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва мукофотонидани аъзои мақоми иҷроия (шахсе, ки вазифаи мақоми иҷроияро якка амалӣ менамояд);

— маъқул донистани аҳдҳои калон дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

— муайян намудани иттилоот оид ба ҷамъияти саҳомӣ ё фаъолияти он, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳанд, инчунин тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ;

— аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ паҳн кардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;

— ба даст овардани коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;

— харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки паҳннамудаи ҷамъияти саҳомӣ  дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;

— тавсияҳо вобаста ба андозаи суди саҳмияҳо ва тартиби пардохти онҳо;

— муайян намудани нархи (арзиши пулии) молу мулк, нархи паҳн кардан ва хариди коғазҳои қиматнок дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;

— тасдиқи пешакии ҳисоботи солона, ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ, аз он ҷумла ҳисобот оид ба даромад ва зарари (ҳисобҳои даромад ва зарари) ҷамъияти саҳомӣ, инчунин тақсими даромад ва зарари ҷамъияти саҳомӣ аз рўи натиҷаи соли молиявӣ;

— пешниҳоди тавсияҳо вобаста ба андозаи пардохти подош ва ҷубронпулӣ ба аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ  ва муайян намудани андозаи пардохти хизмати аудитор;

— таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои ҷамъияти саҳомӣ;

— тасдиқи нигоҳдорандаи феҳристи ҷамъияти саҳомӣ  ва шартҳои шартномаи бо ў басташуда, инчунин бекор кардани шартнома бо ў;

— таъсиси мақоми муваққатии инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) то гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон, агар таъсиси мақоми иҷроия бо оинномаи ҷамъият ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон мансуб дониста шуда бошад;

— ҳангоми зарурат ташкили кумитаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва дигар кормандони ҷамъияти саҳомӣ;

— дигар масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи  ҷамъияти саҳомӣ. «қҷт 12.01.2010с, №585»

  1. Ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомиро ба зиммаи мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ гузоштан мумкин нест.

 

Моддаи 66. Қатъи ваколати узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ваколати узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бо ташаббуси ў ҳар вақт, бо роҳи ба таври хаттӣ огоҳ намудани Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ қатъ карда мешавад.
  2. Ваколати узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ аз рўзи огоҳиномаро гирифтани Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ қатъ мегардад, агар дар огоҳинома мўҳлати бештар, ки наметавонад аз шаш моҳ зиёд бошад, нишон дода нашуда бошад ва ин мўҳлат бо аксарияти овози аъзои боқимондаи Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ қабул карда шавад.

 

Моддаи 67. Интихоби раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ва ваколатҳои ў

  1. Раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бо овоздиҳии пинҳонии аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, бо аксарияти овози шумораи умумии аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ интихоб мегардад, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад ҳар вақт раиси худро бо аксарияти овози шумораи умумии аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ аз нав интихоб намояд,  агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

  1. Раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ кори Шўроро ба роҳ монда, маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъиятро даъват менамояд ва ба он роҳбарӣ мекунад, дар Маҷлиси умумии саҳмдорон раисӣ менамояд, агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигар  пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Дар набудани раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ вазифаҳои ўро бо қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ яке аз аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият иҷро мекунад.

 

Моддаи 68. Маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ

  1. Маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ аз ҷониби раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият бо ташаббуси шахсии ў, бо талаби узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони)  ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ  ё аудитори ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ, инчунин дигар шахсоне, ки тибқи оиннома муайян гардидаанд, даъват карда мешавад. Тартиби даъват намудан ва гузаронидани маҷлисҳои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  тибқи оиннома ва ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ муайян карда мешавад. Тибқи оиннома ё ҳуҷҷати дохилӣ метавонад ҳангоми муайян намудани мавҷудияти кворум ва натиҷаҳои овоздиҳӣ  имконияти ба ҳисоб гирифтани ақидаи хаттии узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони)  ҷамъияти саҳомӣ, ки дар маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият   иштирок намекунад, аз рўи масъалаҳои рўзнома, инчунин имконпазирии аз ҷониби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бо овоздиҳии ғоибона қабул намудани қарор  пешбинӣ гардад.
  2. Кворум барои гузаронидани маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ тибқи оиннома муайян карда мешавад ва он набояд камтар аз нисфи шумораи аъзои интихобгардидаи Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият бошад. Агар шумораи аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ аз миқдори ташкилкунандаи кворуми зикргардида камтар гардад, Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон барои интихоби ҳайати нави Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ қарор қабул кунад.
  3. Қарорҳо дар маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бо аксарияти овозҳои аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият, ки дар маҷлис иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд, ба шарте, ки Қонуни мазкур, оинномаи ҷамъият ё ҳуҷҷати дохилии он, ки тартиби даъват намудан ва гузаронидани маҷлисҳои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомиро муайян менамояд, тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд. Ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҳар як узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият  дорои як овоз мебошад.

Ҳуқуқи овоздиҳии худро ба зиммаи дигар шахс, аз ҷумла ба зиммаи узви дигари Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ вогузоштан мумкин нест.

Дар сурати баробарии овози аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҳангоми қабул намудани қарор  ҳуқуқи овози ҳалкунанда ба раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  марбут аст.

  1. Дар маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ протокол бурда мешавад.

Протоколи маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар мўҳлати на дертар аз се рўзи баъди гузаронидани он тартиб дода мешавад.

Дар протоколи маҷлис инҳо зикр мегарданд:

а) ҷой ва вақти гузаронидани маҷлис;

б) шахсони дар маҷлис иштирокдошта;

в) рўзномаи маҷлис;

г) масъалаҳое, ки ба овоздиҳӣ гузошта шудаанд ва натиҷаи овоздиҳӣ оид ба онҳо;

д) қарорҳои қабулгардида.

Протоколи маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ аз ҷониби раисикунанда ва котиби маҷлис имзо карда мешавад.

Моддаи 69. Мақоми иҷроияи инфиродии (директор, директори генералии) ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ба фаъолияти ҷории ҷамъияти саҳомӣ мақоми инфиродии иҷроияи ҷамъият (директор, директори генералӣ) ё мақоми дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият (раёсат, маъмурият) роҳбарӣ мекунад. Мақомоти иҷроия ба Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ва Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳисоботдиҳанда аст.

Дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳамзамон мавҷудияти мақомоти инфиродӣ ва дастаҷамъиро пешбинӣ менамояд, бояд салоҳияти мақомоти дастаҷамъӣ муайян карда шавад. Дар ин ҳолат шахси анҷомдиҳандаи вазифаҳои мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ҳамчунин вазифаи раиси мақоми дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият (раёсат, маъмурият)-ро ба ҷо меоварад.

Бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон  ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ метавонанд тибқи шартнома ба зиммаи ташкилоти тиҷоратӣ (ташкилоти идоракунанда) ё соҳибкори инфиродӣ (сардор) вогузошта шаванд. Қарор дар мавриди ваколатҳои мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ ба ташкилоти идоракунанда ё  сардор аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон танҳо дар асоси пешниҳоди Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  қабул карда мешавад.

Ба салоҳияти мақомоти иҷроияи ҷамъият ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷории ҷамъияти саҳомӣ, ба истиснои масъалаҳои таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон ё Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  қарордошта марбутанд.

  1. Мақомоти иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомиро амалӣ мегардонад.

Мақоми инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  (директор, директори генералӣ) бе ваколатнома аз номи ҷамъияти саҳомӣ  баромад мекунад, аз ҷумла манфиатҳои ўро ҳимоя карда, аз номи ҷамъияти саҳомӣ аҳдҳо мебандад, штатҳоро тасдиқ намуда, фармонҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони ҷамъияти саҳомӣ  ҳатмӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон таъсис дода ва ваколатҳояшон пеш аз мўҳлат қатъ карда шуда метавонад, агар дар оинномаи ҷамъият ҳалли ин масъалаҳо ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ мансуб дониста нашуда бошад.

Ҳуқуқу ўҳдадориҳои мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ), аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият), ташкилоти идоракунанда ё сардори фаъолияти ҷории ҷамъияти саҳомӣ  бо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳое, ки байни ҳар кадоми онҳо бо ҷамъияти саҳомӣ баста мешавад, муайян карда мешавад.

  1. Шартномаро аз номи ҷамъияти саҳомӣ раиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ё шахси дигари ваколатдорнамудаи Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъият имзо мегузорад.

Амали қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба муносибати байни ҷамъияти саҳомӣ ва мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ва (ё) аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) дар қисмате татбиқ мегардад, ки хилофи муқаррароти ҳамин Қонун набошад.

Аз ҷониби шахси анҷомдиҳандаи вазифаи мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ё аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) таъвизи мансаб дар мақомоти идории дигар ташкилот танҳо бо иҷозати Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  мумкин аст.

  1. Маҷлиси умумии саҳмдорон, агар таъсиси мақомоти иҷроия тибқи оиннома ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ вогузор нашуда бошад, ҳуқуқ дорад ҳар вақт дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ кардани ваколати мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ), аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) қарор қабул намояд. Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ дорад ҳар вақт дар бораи қатъи пеш аз мўҳлати ваколати ташкилоти идоракунанда ё сардор қарор қабул намояд.

Агар таъсиси мақомоти иҷроия тибқи оиннома ба салоҳияти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ вогузор шуда бошад,  он ҳуқуқ дорад ҳар  вақт дар мавриди қатъи пеш аз мўҳлати ваколати мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  (директор, директори генералӣ), аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) ва таъсиси мақомоти нави иҷроия қарор қабул намояд.

Агар мақомоти иҷроия аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон таъсис дода шавад, дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ метавонад ҳуқуқи Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ дар мавриди қабули қарор оид ба боздоштани ваколатҳои мақоми инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) пешбинӣ гардад. Дар оиннома метавонад ҳуқуқи Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  дар мавриди қабул кардани қарор оид ба боздоштани ваколатҳои ташкилоти идоракунанда ё сардор пешбинӣ карда шавад. Ҳамзамон бо қарорҳои мазкур Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бояд дар мавриди таъсиси мақомоти муваққатии инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ва гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон барои ҳалли масъалаҳои пеш аз мўҳлат қатъ кардани ваколатҳои мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ё ташкилоти идоракунанда (сардор) ва таъсиси мақомоти нави инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ё вогузории ваколатҳои мақоми инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ба ташкилоти идоракунанда ё сардор қарор қабул кунад.

Агар мақомоти иҷроия аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон таъсис дода шавад ва мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ё ташкилоти идоракунанда (сардор) вазифаҳои худро иҷро карда натавонанд, Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад дар бораи таъсиси мақомоти муваққатии инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  (директор, директори генералӣ) ва гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон барои ҳалли масъалаҳои пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ё ташкилоти идоракунанда (сардор) ва таъсиси мақомоти нави инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  (директор, директори генералӣ) ё вогузории ваколати мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  ба ташкилоти идоракунанда ё сардор  қарор қабул кунад.

 

Моддаи 70. Мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  (раёсат, маъмурият)

  1. Мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) дар асоси оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ, ки Маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ менамояд (низомнома, дастур ё дигар ҳуҷҷат) ва дар онҳо мўҳлат ва тартиби даъват кардан ва гузаронидани маҷлисҳои онҳо, инчунин тартиби қабули қарор муқаррар мегарданд, амал мекунад.
  2. Кворуми гузаронидани маҷлисҳои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ё ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ муайян гардида, набояд камтар аз нисфи аъзои интихобгардидаи мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) бошад.

Дар Маҷлиси мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) протокол тартиб дода мешавад. Протоколи Маҷлиси мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) ба аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи тафтишотӣ (ревизор), аудитори ҷамъияти саҳомӣ бо талаби онҳо дода мешавад.

Гузаронидани маҷлисҳои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомиро (раёсат, маъмурият) шахсе ташкил менамояд, ки вазифаҳои мақоми инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ)-ро баҷо меоварад.

Ҳуқуқи овоздиҳии худро узви мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) ба дигар шахс, аз ҷумла ба зиммаи узви дигари мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият) вогузоштан мумкин нест.

 

Моддаи 71. Масъулияти аъзои мақомоти идора ва иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ

  1. Аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ва (ё) аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият), ҳамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ ва иҷрои ўҳдадориҳо бояд ба манфиати ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он амал кунанд, ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро нисбат ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он софдилона ва бошуурона татбиқ намоянд. «қҷт 19.05.09 №510»

Аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ) ва (ё) аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  (раёсат, маъмурият), ҳамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор дар назди ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он барои зараре, ки аз амали (беамалии) гунаҳкоронаашон ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он расидааст, масъулият доранд, агар дигар асосҳо ё андозаи масъулият тибқи қонунгузорӣ муқаррар нашуда бошад. «қҷт 19.05.09 №510»

Ҳамзамон аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти дастҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият), ки зидди қарори  ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он зарароварда овоз додаанд, масъулият надоранд. «қҷт 19.05.09 №510» (қҷт. 26.12.2011 №780)

  1. Ҳангоми муайян кардани асосҳо ва андозаи масъулияти аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ), аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият), ҳамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор бояд ҳолатҳои барои кор муҳим ба инобат гирифта шаванд.
  2. Агар мутобиқи муқаррароти ҳамин модда якчанд шахс масъулият дошта бошанд, пас масъулияти онҳо дар назди ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он муштарак хоҳад буд. «қҷт 19.05.09 №510»
  3. Ҷамъияти саҳомӣ ё саҳмдор (саҳмдорон), ки дар маҷмўъ дорои на камтар аз 1 фоизи саҳмияҳои паҳнкардашудаи ҷамъияти саҳомӣ  мебошад, ҳуқуқ дорад нисбат ба узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (директор, директори генералӣ), узви мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ  (раёсат, маъмурият), ҳамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор дар мавриди ҷуброни зарари ба ҷамъияти саҳомӣ  расонидашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда бо даъво ба суд муроҷиат намояд. «қҷт 19.05.09 №510»

Намояндагони давлат дар Шўрои директорони ҷамъияти саҳомии кушода дар баробари дигар аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ   масъулияти пешбининамудаи ҳамин моддаро доранд.

 

БОБИ 9. НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ

ХОҶАГИИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 72. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷиҳати анҷом додани назорати фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъияти саҳомӣ Маҷлиси умумии саҳмдорон тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомиро интихоб менамояд.

Бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон ба аъзои Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ  дар давраи иҷро намудани ўҳдадориҳояшон метавонад подош пардохта ва (ё) хароҷоти вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳояшон ҷуброн карда шавад. Андозаи чунин подош ва ҷубронпулӣ бо қарори  Маҷлиси умумии саҳмдорон, бо тавсияи Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ муқаррар карда мешавад.

  1. Салоҳияти Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъият оид ба масъалаҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ нанамудааст, бо оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муайян мегардад.

Тартиби фаъолияти Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ  тибқи ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, ки Маҷлиси умумии саҳмдорон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

  1. Тафтиши (ревизияи) фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъияти саҳомӣ вобаста ба натиҷаи фаъолияти яксолаи ҷамъияти саҳомӣ, инчунин ҳар вақти дигар бо ташаббуси Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ, қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон, Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ё бо ташаббуси саҳмдоре (саҳмдороне), ки дар маҷмўъ дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ  мебошад, гузаронида мешавад.

Бо талаби Комиссияи тафишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ  шахсоне, ки дар мақомоти идораи ҷамъияти саҳомӣ соҳибмансабанд, бояд дар хусуси фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъияти саҳомӣ ҳуҷҷатҳо пешниҳод намоянд.

Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ  ҳуқуқ дорад мутобиқи моддаи 46 Қонуни мазкур даъвати Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳмдоронро талаб кунад.

Аъзои Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ наметавонанд ҳамзамон аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бошанд, инчунин дар мақомоти идораи  ҷамъияти саҳомӣ  мансабҳои дигарро ишғол намоянд. Саҳмияҳои марбут ба аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  ё шахсоне, ки дар мақомоти идораи ҷамъияти саҳомӣ мансаб ишғол мекунанд, наметавонанд ҳангоми интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ  дар овоздиҳӣ иштирок намоянд.

 

Моддаи 73. Хулосаи Комиссияи тафишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ

Оид ба натиҷаҳои тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъияти саҳомӣ Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ бо тартиби тасдиқнамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон хулоса таҳия менамояд.

БОБИ 10. БА ДАСТ ОВАРДАН Ё ХАРИДАНИ САҲМИЯҲОИ

ПАҲНКАРДАШУДА АЗ ҶОНИБИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 74. Аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ ба даст овардани саҳмияҳои паҳнкардашуда

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад саҳмияҳои паҳнкардашударо бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи ба даст овардани қисми саҳмияҳои паҳнкардааш, бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо ба даст орад, агар ин дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ  пешбинӣ шуда бошад.

Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ  бо роҳи ба даст овардани қисми саҳмияҳои паҳнкардашуда, бо мақсади кам кардани миқдори умумӣ қарор кабул кунад, агар арзиши номиналии саҳмияҳои дар муомилотбуда аз ҳаҷми ҳадди ақалли сармояи оинномавии пешбининамудаи ҳамин Қонун камтар шавад.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ, агар он тибқи оинномааш пешбинӣ шуда бошад, ҳуқуқ дорад бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон саҳмияҳои паҳнкардашударо ба даст орад.

Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад дар бораи ба даст овардани саҳмияҳо аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ қарор қабул кунад, агар арзиши номиналии саҳмияҳои дар муомилотбудаи он камтар аз 90 фоизи сармояи оинномаи ҷамъияти саҳомиро ташкил диҳад.

  1. Арзиши саҳмияҳое, ки ҷамъияти саҳомӣ дар асоси қарори қабулнамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи ба даст овардани саҳмияҳо, бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо ба даст овардааст, ҳангоми харида гирифтани онҳо пардохт карда мешаванд.
  2. Саҳмияҳои мутобиқи қисми 2 ҳамин модда ба дастовардаи ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд, ҳангоми ҳисоби овозҳо ба инобат гирифта намешаванд, инчунин аз онҳо суди саҳмия ситонида намешавад. Чунин саҳмияҳо бояд бо арзиши бозорӣ дар мўҳлати на дертар аз як соли ба даст овардан паҳн карда шаванд. Дар акси ҳол Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд дар мавриди кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи пардохтани арзиши ин саҳмияҳо қарор қабул кунад.
  3. Дар қарор дар хусуси ба даст овардани саҳмияҳо бояд намуди (навъи) саҳмияҳои харидашаванда, миқдори саҳмияҳои ҳама гуна намуди (навъи) аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ харидоришаванда, нархи харид, шакл ва мўҳлати пардохт, инчунин мўҳлате, ки дар давоми он саҳмияҳо харидорӣ мешаванд, муайян гардад.

Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ  тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад,  онҳо ба пул харидорӣ мешаванд. Мўҳлате, ки дар давоми он ба даст овардани саҳмияҳо анҷом дода мешавад, набояд камтар аз 30 рўз бошад. Нархи  ба даст овардани саҳмияҳои оддӣ аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ  мутобиқи моддаи 79 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

Ҳар як саҳмдор — соҳиби саҳмияҳои намудҳои (навъҳои) муайян, ки қарор дар мавриди харидани онҳо қабул шудааст, ҳуқуқ дорад саҳмияҳои зикршударо фурўшад ва ҷамъияти саҳомӣ  вазифадор аст онҳоро харад. Агар миқдори умумии саҳмияҳо, ки барои  ба даст овардани онҳо ариза ворид шудааст, аз миқдори саҳмияҳое, ки ҷамъияти саҳомӣ метавонад бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда бихарад, саҳмияҳо аз саҳмдорон мутаносибан ба талаботи арзнамудаи онҳо  харидорӣ мешаванд.

  1. Дар давоми на дертар аз 30 рўзи то оғози мўҳлате, ки дар давоми он ба даст овардани саҳмияҳо сурат мегирад, ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст саҳмдорон — соҳибони саҳмияҳои намудҳои (навъҳои) муайянро дар бораи қабули қарори ба даст овардани саҳмияҳо огоҳ созад.
  2. Саҳмияҳои имтиёзнок бо нархи пешбининамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ харидорӣ мешаванд.

 

Моддаи 75. Маҳдудиятҳои аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ ба даст овардани саҳмияҳои паҳнкардашуда

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад саҳмияҳои оддии паҳнкардашударо дар ҳолатҳои зайл  харидорӣ намояд:

— то пурра пардохтани ҳамаи сармояи оинномавии ҷамъият;

— агар дар лаҳзаи  ба даст овардани онҳо ҷамъияти саҳомӣ  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба муфлисӣ дорои аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар ин аломатҳо дар натиҷаи харидани ин саҳмияҳо ба миён оянд;

— агар дар лаҳзаи ба даст овардани онҳо арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ  аз сармояи оинномавии он ва фонди эҳтиётӣ камтар бошад ё андозаи он дар натиҷаи чунин  ба даст овардани саҳмияҳо камтар гардад.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад дар ҳолатҳои зайл саҳмияҳои имтиёзноки намуди муайяни ба фурўш баровардаашро бихарад:

— то пурра пардохтани ҳамаи сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ;

— агар дар лаҳзаи ба даст овардани онҳо ҷамъияти  саҳомӣ  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба муфлисӣ дорои аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар ин аломатҳо дар натиҷаи харидани ин саҳмияҳо ба миён оянд;

— агар дар лаҳзаи ба даст овардани онҳо арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ  аз сармояи оинномавӣ ва фонди эҳтиётӣ камтар ва аз сатҳи арзиши номиналии муайяннамудаи оиннома оид ба арзиши барҳамдиҳии саҳмияҳои имтиёзнок баландтар бошад, ки соҳибони онҳо ҳангоми навбати пардохти арзиши барҳамдиҳӣ дар назди соҳибони намудҳои саҳмияҳои имтиёзноки харидашаванда бартарӣ доранд ё дар натиҷаи чунин  ба даст овардани саҳмияҳо аз ҳаҷми онҳо камтар гардад.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад ба даст овардани саҳмияҳои паҳнкардаашро то харида гирифтани ҳамаи саҳмияҳо, ки талабот дар мавриди ба даст овардани онҳо мутобиқи моддаи 78 Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, анҷом диҳад.

 

Моддаи 76. Муттаҳидсозӣ ва тақсими  саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад саҳмияҳои паҳнкарда ё эълоннамудаи ҷамъияти саҳомиро вобаста ба намуди (навъи) дахлдор муттаҳид созад, ки дар натиҷаи он ду ё бештар саҳмияи ҷамъияти саҳомӣ ба як саҳмияи нави ҳамон намуди (навъи) ҷамъияти саҳомӣ табдил дода мешавад. Ҳамзамон дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ вобаста ба арзиши номиналӣ ва миқдори саҳмияҳои эълоншудаи намуди (навъи) муайяни ҷамъияти саҳомӣ тағйироти дахлдор ворид карда мешавад.
  2. Бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад саҳмияҳои паҳнкардаи ҷамъияти саҳомиро тақсим намояд, ки дар натиҷаи он як саҳмияи ҷамъияти саҳомӣ ба ду ё бештар саҳмияи ҳамон намуди (навъи) ҷамъияти саҳомӣ табдил дода мешавад. Ҳамзамон дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ вобаста ба арзиши номиналӣ ва миқдори саҳмияҳои паҳнкарда ва эълоншудаи намуди (навъи) муайяни ҷамъияти саҳомӣ тағйироти дахлдор ворида карда мешавад.

 

Моддаи 77. Бо талаби саҳмдорон аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ аз нав харида гирифтани саҳмияҳо

  1. Саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои овоздор ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зайл аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ аз нав харида гирифтани тамоми ё як қисми саҳмияҳояшонро талаб кунанд:

— азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ  ё анҷом додани аҳди калоне, ки қарори маъқул донистани он дар Маҷлиси умумии саҳмдорон мутобиқи қисми 2 моддаи 81 Қонуни мазкур қабул карда мешавад, агар онҳо зидди қабули қарори азнавташкилдиҳӣ ё анҷом додани аҳди зикршуда овоз дода бошанд ё дар овоздиҳӣ вобаста ба ҳамин масъала иштирок накарда бошанд;

— ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи  ҷамъияти саҳомӣ  ё тасдиқи оинномаи  ҷамъияти саҳомӣ  дар таҳрири нав, ки ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд месозад, агар онҳо зидди қабули чунин қарор овоз дода бошанд ва ё дар овоздиҳӣ иштирок накарда бошанд.

  1. Рўйхати шахсоне ки ҳуқуқ доранд аз ҷамъияти саҳомӣ харидорӣ кардани саҳмияҳояшонро талаб намоянд, дар асоси маълумоти феҳристи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ дар рўзи таҳияи рўйхати саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ доранд ва рўзномаи он масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки овоздиҳӣ аз рўи онҳо мутобиқи ҳамин Қонун метавонад боиси ба миён омадани ҳуқуқи талаби аз нав харида гирифтани  саҳмияҳо гардад, тартиб дода мешавад.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳоро бо нархи на пасттар аз арзиши бозорӣ, ки он бояд аз ҷониби нархгузори мустақил бе назардошти тағйир ёфтанаш дар натиҷаи амали ҷамъияти саҳомӣ, ки боиси ба миён омадани ҳуқуқи талаби нархгузорӣ ва ба даст овардани саҳмияҳо гардидааст, харидорӣ менамояд.

 

Моддаи 78. Тартиби аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ харидорӣ намудани саҳмияҳояшонро талаб кардани саҳмдорон

  1. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст ба саҳмдорон дар мавриди ҳуқуқҳояшон ҷиҳати аз ҷамъияти саҳомӣ талаб намудани аз нав харидани саҳмияҳояшон оид ба нарх ва тартиби харид маълумот диҳад.
  2. Иттилооти ба саҳмдорон расондашаванда дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки рўзномаи он мутобиқи Қонуни мазкур ба овозмонии масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи он саҳмдорон ҳуқуқдор мешаванд аз ҷамъияти саҳомӣ аз нав харида гирифтани саҳмияҳоро талаб намоянд, бояд дорои маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда инъикосёфта бошад.
  3. Талаби хаттии саҳмдор дар мавриди аз нав харида гирифтани саҳмияҳояш аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ бо зикри маҳалли истиқомати  (маҳалли ҷойгиршавии) саҳмдор ва миқдори саҳмияе, ки талаби харида гирифтани онҳоро аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ дорад, ирсол мегардад.

Талаби саҳмдорон дар бораи ба даст овардани саҳмияҳояшон аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ бояд дар давоми 45 рўзи дар Маҷлиси умумии саҳмдорон  қабул шудани чунин қарор пешниҳод гардад.

  1. Бо гузашти мўҳлати дар банди дуюми қисми 3 ҳамин модда зикргардида ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст саҳмияҳоро аз саҳмдороне, ки талаби аз нав харидани саҳмияҳояшонро пешниҳод намудаанд, дар давоми 30 рўз бихарад.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳоро бо нархи дар иттилоот оид ба гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон зикргардида, ки рўзномаи он масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки баовозмонӣ аз рўи онҳо метавонад мутобиқи Қонуни мазкур саҳмдоронро ҳуқуқдор гардонад, ки аз ҷамъияти саҳомӣ аз нав харида гирифтани саҳмияҳоро талаб кунанд, аз нав харидорӣ намояд. Маблағи умумие, ки ҷамъияти саҳомӣ метавонад барои харида гирифтани саҳмияҳо равона созад, наметавонад аз арзиши дороии софи ҷамъияти саҳомӣ дар рўзи қабули қарор, ки боиси ба миён омадани ҳуқуқи талаби харида гирифтани саҳмияҳо аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ гардидааст, аз 10 фоиз бештар бошад. Агар миқдори умумии саҳмияҳо, ки нисбати онҳо талаби харид пешниҳод шудааст, аз миқдори саҳмияҳои харида метавонистаи ҷамъияти саҳомӣ  бо назардошти маҳдудиятҳои дар боло муқарраргардида бештар бошад, саҳмияҳо мутаносибан ба талаби пешниҳоднамудаи саҳмдорон харидорӣ карда мешаванд.
  3. Арзиши саҳмияҳои дар натиҷаи азнавташкилшавии ҷамъияти саҳомӣ харидашуда ҳангоми аз нав харида гирифтани саҳмияҳо пардохта мешаванд.

Саҳмияҳои ҳангоми дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 77 Қонуни мазкур аз нав харидаи ҷамъияти саҳомӣ ба ихтиёри ҷамъияти саҳомӣ мегузарад. Ин саҳмияҳо ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд, ҳангоми ҳисоби овозҳо ба инобат гирифта намешаванд, инчунин аз онҳо суди саҳмияҳо ситонида намешавад. Чунин саҳмияҳо бояд бо нархи бозорӣ дар давоми як соли харидорӣ шуданашон фурўхта шаванд, дар акси ҳол Маҷлиси умумии саҳмдорон бояд дар бобати кам кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияҳои номбурда  қарор қабул кунад.

 

Моддаи 79. Муайян намудани арзиши бозории молу мулк

  1. Агар мутобиқи Қонуни мазкур нархи (арзиши пулии) молу мулк, инчунин нархи харид ва паҳн кардани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ бо қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ муайян гардад, нархи онҳо бояд бо назардошти арзиши бозорӣ муайян карда шавад.

Агар шахси манфиатдори анҷомдиҳандаи як ё якчанд аҳд, ки дар он нархи (арзиши пулии) молу мулкро Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  муайян менамояд, узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  бошад, нархи (арзиши пулии) молу мулк бо қарори аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, ки ба анҷом додани аҳд манфиатдор нестанд, муайян карда мешавад. Дар ҷамъияти саҳомие, ки 500 нафар ё бештар аз он саҳмдорон мебошанд, нархи (арзиши пулии) молу мулк аз ҷониби директорони мустақил, ки ба анҷом додани аҳд  манфиатдор нестанд, муайян карда мешавад.

Нархи бозории молу мулк, агар бо оинномаи ҷамъият тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, бо қарори Шўрои директорон (Шўрои нозирон) дар асоси хулосаи нархгузорони мустақил муайян карда мешавад. «қҷт 19.05.09 №510»

  1. Барои муайян намудани арзиши бозории молу мулк нархгузори мустақилро ҷалб кардан мумкин аст.

Дар сурати муайян намудани нархи коғазҳои қиматноки паҳнкардашуда, нархи харидорӣ ё нархи талабот ва нархи пешниҳодот, ки мунтазам дар матбуот нашр мегардад, ҷалби нархгузори мустақил ҳатмӣ намебошад, вале барои муайян намудани арзиши бозории чунин коғазҳои қиматнок бояд чунин нархи харид ё нархи талабот ва нархи пешниҳодот ба инобат гирифта шавад.

Агар соҳиби саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ давлат бошад, бояд мақоми ваколатдори  давлатӣ ҳатман ҷалб карда шавад. «қҷт 12.01.2010с, №585»
БОБИ 11. АҲДҲОИ КАЛОН

 

Моддаи 80. Аҳди калон

  1. Аҳди калон (аз ҷумла қарз, кредит, гарав, кафолат) як ё якчанд аҳде ба ҳисоб меравад, ки ба харид, бегона ё эҳтимоли аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ мустақим ё ғайримустақим бегона кардани молу мулке мебошад, ки арзиши онҳо 30 фоиз ё бештари арзиши тавозунии дороии ҷамъияти саҳомиро ташкил медиҳад ва мутобиқи маълумоти муҳосибавии он дар санаи охирини ҳисоботӣ муайян гардидааст, ба истиснои аҳде, ки дар ҷараёни фаъолияти маъмулии хоҷагидории ҷамъияти саҳомӣ, аҳди вобаста ба обунаи (фурўши) саҳмияҳои оддии ҷамъияти саҳомӣ ва аҳд вобаста ба паҳн кардани вомбаргҳое, ки ба саҳмияҳои оддии ҷамъияти саҳомӣ  табдил карда мешаванд, амалӣ мегардад. Тибқи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ  метавонанд инчунин дигар ҳолатҳое муқаррар карда шаванд, ки ҳангоми онҳо нисбати аҳди анҷомдодаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби маъқул донистани аҳди калони пешбининамудаи Қонуни мазкур татбиқ мегардад.

Дар сурати бегона кардан ё ба миён омадани имконияти бегона кардани молу мулк аз арзиши тавозунии дороии ҷамъияти саҳомӣ  арзиши чунин молу мулк, ки тибқи ҳисоби муҳосибавӣ муайян гардидааст ва ҳангоми  ба даст овардани молу мулк нархи  ба даст овардани он муқоиса карда мешавад.

  1. Барои аз ҷониби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ва Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул кардани қарор дар бораи маъқул шуморидани аҳди калон нархи молу мулки  бегонашаванда ё харидашаванда аз ҷониби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ  мутобиқи моддаи 79 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 81. Тартиби маъқул донистани аҳди калон

  1. Аҳди калон бояд аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон маъқул дониста шавад.
  2. Қарор дар мавриди маъқул донистани аҳди калон, ки мавзўи он молу мулки дорои арзиши аз 30 то 50 фоизи арзиши тавозунии дороии ҷамъияти саҳомӣ мебошад, аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз се ду ҳиссаи овози саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои овоздори дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирокдошта қабул карда мешавад.
  3. Қарор дар бораи маъқул донистани аҳди калон, ки мавзўи он молу мулки дорои арзиши беш аз 50 фоизи арзиши тавозунии дороии ҷамъияти саҳомӣ мебошад, аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овози саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои овоздори дар Маҷлиси умумии саҳмдорон иштирокдошта қабул карда мешавад.
  4. Дар қарор оид ба маъқул донистани аҳди калон бояд шахсе, ки тараф (тарафҳо) мебошад, манфиатбаранда (манфиатбарандагон), мавзўъ, нархи аҳд ё шартҳои дигари моҳиятан муҳими онҳо зикр гарданд.
  5. Агар аҳди калон ҳамзамон аҳде бошад, ки дар анҷом додани он ҳавасмандӣ (манфиат) мавҷуд аст, нисбат ба тартиби анҷом додани он танҳо муқаррароти боби 12 Қонуни мазкур татбиқ мегардад.
  6. Аҳди калон, ки бо вайрон кардани талаботи ҳамин модда анҷом дода мешавад, метавонад бо даъвои ҷамъияти саҳомӣ ё саҳмдори дорои на камтар аз 1 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ  аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад. «қҷт 19.05.09 №510»
  7. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба ҷамъияти саҳомие, ки аз як саҳмдор иборат буда, ҳамзамон вазифаи мақоми инфиродии иҷроияро анҷом медиҳад, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 82. Ба даст овардани 30 ё аз ин бештари фоизи саҳмияҳои  оддии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Шахсе, ки ният дорад мустақилона ё якҷоя бо шахси (шахсони) бонуфузи худ 30 ё аз ин бештари фоизи саҳмияҳои оддии паҳнкардашудаи ҷамъияти саҳомии аъзои бештар аз 500 нафар саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои оддиро бо дарназардошти миқдори саҳмияҳои ба ў марбута ба даст орад, вазифадор аст дар мўҳлати на пештар аз 90 рўз ва на дертар аз 30 рўз то санаи харидани саҳмияҳо дар бораи нияти харидани саҳмияҳои зикргардида ба ҷамъияти саҳомӣ огоҳинома фиристад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби саҳмдор қабул гардидани пешниҳод дар бораи аз ў харидани саҳмияҳо чунин саҳмияҳо бояд дар давоми 15 рўзи аз ҷониби саҳмдор қабул гардидани ин гуна пешниҳод харида, арзишашон пардохта шавад.
  3. Пешниҳод ба саҳмдорон дар бораи аз онҳо харидани саҳмияҳо бояд дар бораи шахсе, ки саҳмияҳои оддии ҷамъияти саҳомиро харидааст, мутобиқи ҳамин модда дорои маълумот (ном ё номгўй, суроға ё маҳалли ҷойгиршавӣ) бошад, инчунин миқдори саҳмияҳои оддие, ки харидааст, нархҳои ба саҳмдорон пешниҳоднамудаи ба даст овардани саҳмияҳо, мўҳлати харид ва пардохти саҳмияҳо зикр ёбад.
  4. Шахсе, ки саҳмияҳоро бо вайрон кардани талаботи ҳамин модда харидааст, ҳуқуқ дорад дар Маҷлиси умумии саҳмдорон оид ба саҳмияҳое, ки миқдори умумии онҳо аз миқдори саҳмияҳои бо риояи талаботи ҳамин модда харидаи ў бештар намебошад, овоз диҳад.
  5. Қоидаҳои ҳамин модда нисбати ба даст овардани ҳар кадом 5 фоизи саҳмияҳои оддии харидаи беш аз 30 фоизи саҳмияҳои оддии паҳнкардаи ҷамъияти саҳомӣ татбиқ мегардад.

БОБИ 12. МАНФИАТДОРӢ ДАР АНҶОМ ДОДАНИ АҲД

АЗ ҶОНИБИ ҶАМЪИЯТИ  САҲОМӢ

 

Моддаи 83. Манфиатдорӣ дар анҷом додани аҳд аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ

1.Аҳде, ки (аз ҷумла қарз, кредит, гарав, кафолат) дар анҷом додани он узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, шахсони иҷрокунандаи вазифаҳои мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ, аз ҷумла ташкилоти идоракунанда ё сардор, узви мақоми дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ ё саҳмдори ҷамъияти саҳомӣ, ки якҷоя бо шахсони бонуфузаш 20 фоиз ё бештари саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомиро дорад, инчунин шахси дорои ҳуқуқи ба ҷамъияти саҳомӣ додани супоришҳои барояш ҳатмӣ манфиатдор мебошанд, аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ тибқи муқаррароти ҳамин боб анҷом дода мешавад.

Шахсони зикргардида ба анҷом додани аҳд аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ ҳангоме манфиатдор эътироф мегарданд, ки агар худашон, ҳамсаронашон, падару модар, фарзандон, бародарон ва хоҳарон, фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон ва (ё) шахсони бонуфузи  онҳо:

а) дар аҳд тараф, манфиатбаранда, миёнарав ё намоянда бошанд;

б) дорои (ҳар кадом дар алоҳидагӣ ё дар маҷмўъ) 20 фоиз ё бештари саҳмияҳои шахси ҳуқуқӣ (ҳисса, пай) бошад, ки дар аҳд тараф, манфиатбаранда, миёнарав ё намоянда аст;

в) дар мақомоти идораи шахси ҳуқуқие, ки дар аҳд тараф, манфиатбаранда, миёнарав ё намоянда аст, мансаб ишғол кунанд, инчунин дар мақомоти идораи ташкилоти идоракунандаи чунин шахси ҳуқуқӣ мансаб ишғол намоянд.

  1. Муқаррароти ҳамин боб татбиқ намегардад:

— нисбат ба ҷамъиятҳои саҳомие, ки аз як саҳмдор иборатанд ва ҳамзамон ў вазифаҳои мақомоти иҷроияро анҷом медиҳад;

— нисбат ба аҳде, ки  дар анҷом додани он ҳамаи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ  манфиатдоранд;

— ҳангоми татбиқи ҳуқуқи афзалиятноки ба даст овардани саҳмияҳои ба фурўшбаровардаи ҷамъияти саҳомӣ;

— ҳангоми ба даст овардан ё  аз нав харидани саҳмияҳои паҳнкардаи ҷамъияти саҳомӣ;

— ҳангоми азнавташкилшавии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли муттаҳидшавии (ҳамроҳшавии) ҷамъияти саҳомӣ, агар ба ҷамъияти саҳомии дигари дар муттаҳидшавӣ (ҳамроҳшавӣ) иштирокдошта беш аз чор се ҳиссаи ҳамаи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда марбут бошад.

 

Моддаи 84. Иттилоот дар мавриди манфиатдории анҷом додани аҳд аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ

  1. Шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур зикргардида вазифадоранд иттилооти зайлро ба маълумоти Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ расонанд:

— дар бораи шахсони ҳуқуқие, ки онҳо мустақилона ё якҷоя бо шахси (шахсони) бонуфузи худ 20 фоиз ё бештари саҳмияҳои овоздор (ҳисса, пай)-ро доранд;

— дар бораи шахсони ҳуқуқие, ки дар мақомоти идораи онҳо мансаб ишғол менамоянд;

— дар мавриди аҳдҳои ба онҳо маълуми анҷомдодашаванда ё эҳтимолӣ, ки дар онҳо метавонанд ҳамчун шахсони манфиатдор эътироф гарданд;

— дар мавриди он ки шахсони манфиатдор (оид ба шартҳо ва хусусиятҳои аҳд, инчунин оид ба ҳамаи далелҳои мавҷудбуда, ки ба хусусият ва дараҷаи манфиатҳои вуҷуддошта дахл доранд) тарафи аҳд мебошанд ё дар он ба сифати намоянда ё миёнарав иштирок мекунанд. «қҷт 19.05.09 №510»

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ўҳдадор аст бо талаби ҳар як саҳмдор маълумоти муфассалро оид ба аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда мавҷуд мебошад, пешниҳод намояд. «қҷт 12.01.2010с, №585»
  2. Ҷамъияти саҳомӣ ўҳдадор аст маълумотро оид ба бастани аҳдҳо аз ҷониби ҷамъият, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда мавҷуд мебошад, дар мўҳлати 5 рўз аз лаҳзаи бастани чунин аҳд бо роҳи ирсол намудани огоҳинома бо маълумот оид ба аҳд (оид ба шартҳо ва хусусиятҳои аҳд, оид ба ҳамаи далелҳои муҳими марбут ба хусусият ва дараҷаи манфиати мавҷуда) ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ошкор намояд. «қҷт 12.01.2010с, №585»
  3. Маълумот оид ба шартҳо ва хусусияти аҳд, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда мавҷуд мебошад, аз ҷумла ошкор намудани ҳамаи далелҳои муҳими марбут ба хусусият ва дараҷаи манфиат бояд ба ҳисоботҳои семоҳа ва солона, ки аз ҷониби ҷамъият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд, дохил карда шаванд. «қҷт 12.01.2010с, №585»
  4. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ва мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм ҳуқуқ доранд аз ҷамъияти саҳомӣ дар бораи молик — бенефитсиарони (манфиатгирони) вай маълумот гиранд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1374)

 

Моддаи 85. Тартиби маъқул донистани аҳде, ки барои анҷом додани он манфиатдорӣ мавҷуд аст

  1. Аҳде, ки дар анҷомдиҳии он манфиатдорӣ ҳаст, бояд то анҷом додани он аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон мутобиқи ҳамин модда маъқул дониста шавад.
  2. Дар ҷамъияти саҳомии дорои 500 нафар ва ё камтар саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои овоздор қарори маъқул донистани аҳд, ки дар анҷом додани он манфиатдорӣ ҳаст, аз ҷониби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бо аксарияти овози директороне, ки ба анҷом додани он манфиатдор намебошанд, қабул карда мешавад. Агар шумораи директорони манфиатдорнабуда аз кворуми муайяннамудаи оиннома барои гузаронидани маҷлиси Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ камтар бошад, қарор бояд бо тартиби пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул гардад.
  3. Дар ҷамъияти саҳомии дорои бештар аз 500 нафар саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои овоздор қарори маъқул донистани аҳд, ки дар анҷом додани он манфиатдорӣ ҳаст, аз ҷониби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ бо аксарияти овози директорони мустақил, ки ба анҷом додани он манфиатдор намебошанд, қабул карда мешавад. Агар ҳамаи аъзои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ шахсони манфиатдор эътироф гарданд ва (ё) директорони мустақил набошанд, аҳд метавонад бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон, ки тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда қабул гардидааст, маъқул дониста шавад.

Директори мустақил он узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ эътироф мегардад, ки дар давоми як соли то қабули қарор шахси зерин набуд ва намебошад:

а) шахси иҷрокунандаи вазифаи мақоми инфиродии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ, аз ҷумла сардори он, узви мақоми дастаҷамъии иҷроия, шахси ишғолкунандаи мансаб дар мақомоти идораи ташкилоти идоракунанда;

б) шахс, ҳамсар, падару модар, фарзанд, хоҳарону бародарон, фарзандхондагон ва фарзандхондшудагони ў шахсоне мебошанд, ки дар мақомоти зикргардидаи идораи ҷамъияти саҳомӣ, ташкилоти идоракунандаи ҷамъияти саҳомӣ мансаб ишғол намудаанд ё сардори ҷамъияти саҳомӣ  мебошанд;

в) шахси бонуфузи  ҷамъияти саҳомӣ,  ба истиснои узви Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ.

  1. Қарори маъқул донистани аҳд, ки дар анҷом додани он манфиатдорӣ мавҷуд аст, аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти овози ҳамаи саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои овоздиҳанда, ки манфиатдор нестанд, дар ҳолатҳои зайл қабул карда мешавад:

— агар мавзўи аҳд ё якчанд аҳди ба ҳам алоқаманд молу мулке  бошад, ки арзиши он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибавии ҷамъияти саҳомӣ (нархи пешниҳодшудаи молу мулки харидашаванда) 2 фоиз ё бештари арзиши тавозуни дороии ҷамъияти саҳомиро  тибқи ҳисоботи муҳосибавии он дар рўзи ҳисоботдиҳии охирин ташкил диҳад;

— агар як ё якчанд аҳди ба ҳам алоқаманд аз паҳн кардани саҳмияҳо тавассути обуна ё паҳн кардани  саҳмияҳо ва вомбаргҳо иборат бошад, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои оддии қаблан паҳнкардаи ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмияҳои оддиро ташкил диҳад ва ба онҳо вомбаргҳои қаблан паҳнкардашудаи ба саҳмияҳо табдилшаванда метавонанд табдил карда шаванд.

  1. Аҳде, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида вуҷуд дорад, метавонад танҳо бо шартҳои зерин амалӣ гардад:

— агар арзише, ки ҷамъияти саҳомӣ барои фурўши молу мулк ё хизматрасонӣ ба даст меорад на камтар аз арзиши бозории ин молу мулк ё хизматрасонӣ бошад, ё арзиши ба даст овардани молу мулк ё хизматрасонӣ аз арзиши бозории ин молу мулк ё хизматрасонӣ, ки мутобиқи моддаи 79 Қонуни мазкур муайян карда шудааст, зиёд набошад;

— мавҷуд будани хулосаи аудитории ҷамъияти саҳомӣ оид ба аҳди мазкур. «қҷт 19.05.09 №510»

  1. Дар қарор оид ба маъқул донистани аҳд, ки ба анҷом додани он манфиатдорӣ ҳаст, бояд шахси (шахсони) тарафи (тарафҳои) он, манфиатбаранда (манфиатбарандагон), нарх, мавзўи аҳд ва дигар шартҳои муҳим зикр гарданд.

Маҷлиси умумии саҳмдорон метавонад дар бораи маъқул донистани аҳд (аҳдҳо) байни ҷамъият  ва шахсони манфиатдор, ки минбаъд дар ҷараёни аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ  анҷом додани фаъолияти маъмулии хоҷагидорӣ амалӣ гардад, қарор қабул кунад. Дар айни замон  дар қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон  бояд маблағи ниҳоӣ, ки бо он чунин аҳд (аҳдҳо) анҷом дода мешавад, зикр гардад. Чунин қарор то Маҷлиси солонаи ояндаи саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ эътибор дорад.

Ҷиҳати аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул намудани қарор оид ба анҷом додани аҳд, ки ба он манфиатдорӣ ҳаст, нархи молу мулки бегонашаванда ё харидоришаванда ё хизматрасонӣ аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ  мутобиқи моддаи 79 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

Моддаи 86. Оқибати риоя накардани талабот нисбат ба аҳде, ки барои анҷом додани он манфиатдорӣ ҳаст

  1. Аҳде, ки ба анҷом додани он манфиатдорӣ мавҷуд аст ва бо вайрон кардани талабот ба аҳди пешбининамудаи Қонуни мазкур анҷом дода шудааст ё ин аҳд ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он зиён расонидааст, метавонад тибқи даъвои ҷамъияти саҳомӣ ё саҳмдори дорои на камтар аз 1 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ  аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад. «қҷт 19.05.09 №510»; (қҷт. 26.12.2011 №780)
  2. Шахси манфиатдор дар назди ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорон дар ҳаҷми зиёни ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он расонидаи худ масъул мебошад ва ўҳдадор аст зиёни ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он дар натиҷаи бастани аҳд расонидааш ва ҳамаи даромади аз чунин аҳд бадастовардаро, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида ва вайрон кардани  талаботи Қонуни  мазкур  вуҷуд дорад, диҳад. Дар сурати масъулият доштани якчанд шахс масъулияти онҳо дар назди ҷамъияти саҳомӣ муштарак аст. (қҷт. 26.12.2011 №780)
  3. Аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон маъқул дониста шудани аҳдҳое, ки дар анҷом додани онҳо манфиатдории шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур зикршуда вуҷуд дорад, шахсони мансабдори ҷамъияти саҳомиро аз ҷавобгарӣ озод намекунад, агар дар натиҷаи аҳд ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он зиён расонида шуда бошад. (қҷт. 26.12.2011 №780)

 

БОБИ 13. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТ, ҲУҶҶАТҲОИ ҶАМЪИЯТИ

САҲОМӢ ВА ИТТИЛООТ ОИД БА ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 87. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст баҳисобгирии муҳосибавиро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи молиявиро пешниҳод кунад.
  2. Масъулияти ташкил, ҳолат ва саҳеҳии баҳисобгирии муҳосибавӣ дар ҷамъияти саҳомӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи солона ва дигар ҳисоботи молиявӣ ба мақомоти дахлдор, инчунин маълумот оид ба фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ, ки барои саҳмдорон, кредиторон ва воситаҳои ахбори омма пешниҳод мегарданд, мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ба зиммаи мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ гузошта мешавад.
  3. Саҳеҳии маълумоти ҳисоботи солонаи ҷамъияти саҳомӣ ва ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ бояд аз ҷониби Комиссияи тафтишотӣ ё ревизори ҷамъияти саҳомӣ тасдиқ карда шавад.

Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст пеш аз нашри ҳуҷҷатҳои дар ҳамин қисм зикргардида мутобиқи моддаи 91 Қонуни мазкур барои тафтиши ҳарсола ва тасдиқи ҳисоботи солонаи молиявӣ аудитореро, ки бо ҷамъияти саҳомӣ ва ё саҳмдорони он дар асоси манфиатҳои молумулкӣ алоқаманд намебошад, ҷалб намояд.

  1. Ҳисоботи солонаи ҷамъияти саҳомӣ бояд пешакӣ аз ҷониби Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ ва дар сурати дар ҷамъияти саҳомӣ мавҷуд набудани Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ – аз ҷониби шахсе, ки вазифаҳои мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомиро анҷом медиҳад, дар давоми 30 рўз то гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон тасдиқ карда шавад.

 

Моддаи 88. Аудити ҷамъияти саҳомӣ

  1. Аудити ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» амалӣ мегардад.
  2. Санҷиши аудитории ҷамъияти саҳомӣ метавонад ҳар вақт аз рўи талаби ҳар як саҳмдори ҷамъият аз ҳисоби саҳмдор гузаронида шавад. «қҷт 19.05.09 №510»

Маҷлиси умумии саҳмдорон аудитори ҷамъияти саҳомиро тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 89. Ҳифзи ҳуҷҷатҳои ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ бояд ҳуҷҷатҳои зайлро ҳифз намояд:

— шартномаи таъсиси ҷамъияти саҳомӣ;

— оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, тағйиру иловаҳои ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ воридгардида, қарор дар бораи таъсиси ҷамъияти саҳомӣ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ҷамъияти саҳомӣ; (қҷт. 29.12.10 №657)

— ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ҷамъияти саҳомӣ ба молу мулке, ки дар тавозуни он мебошад;

— ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ;

— низомномаи филиалҳо ё намояндагиҳои ҷамъияти саҳомӣ;

— ҳисоботи солона;

— ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ;

— ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ;

— протоколҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон (қарори саҳмдоре, ки соҳиби ҳамаи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳомӣ мебошанд), маҷлисҳои Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, Комиссияи тафтишотӣ (ревизор) ва мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ (раёсат, маъмурият);

— бюллетенҳои овоздиҳӣ, инчунин ваколатномаҳо (нусхаи ваколатномаҳо) барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон;

— ҳисоботи нархгузорони мустақил;

— рўйхати шахсони бонуфузи ҷамъияти саҳомӣ;

— рўйхати шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорон, дорои ҳуқуқи гирифтани суди саҳмияҳо, инчунин дигар рўйхатҳое, ки ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур барои татбиқи ҳуқуқҳои саҳмдорон таҳия менамояд;

— хулосаи Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъияти саҳомӣ, аудитори ҷамъияти саҳомӣ, мақомоти назорати давлатии молиявӣ, дар ҳолати мавҷуд будани саҳми давлат дар ҷамъияти саҳомӣ.

— эъломияҳои эмиссия, ҳисоботи семоҳаи эмитент ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои иттилооте, ки бояд нашр гарданд ё бо усули дигар мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо ошкор карда шаванд;

— маводҳое, ки ба аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида вуҷуд доранд; «қҷт 19.05.09 №510»

— дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур.

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти иҷроияи он тибқи тартиб ва мўҳлати муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор ҳифз менамояд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъияти саҳомӣ уҳдадоранд маълумотро дар бораи молик-бенефитсиарони (манфиатгирони) вай на камтар аз панҷ сол аз санаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ нигоҳ доранд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1374)

 

Моддаи 90. Аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ ба саҳмдорон пешниҳод намудани иттилоот

  1. Ҷамъияти саҳомӣ бояд барои саҳмдорон дастрас будани ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 моддаи 89 пешбинишударо таъмин намояд. «қҷт 12.01.2010с, №585»
  2. Ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда бояд аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ дар давоми ҳафт рўз аз санаи пешниҳоди дахлдор барои шиносоӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ пешниҳод карда шаванд. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст бо талаби шахсе, ки ба ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ҳуқуқ дорад, дар асоси талаби онҳо нусхаи ҳуҷҷатҳои зикргардидаро диҳад.
  3. Дар ҳолати нисбати ҷамъияти саҳомии кушода истифода бурдани ҳуқуқи махсус оид ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъияти мазкур («саҳмияи тиллоӣ») ин гуна ҷамъият ба намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои худро таъмин менамояд. (қҷт 05.08.2009, №541)

 

Моддаи 91. Аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ ҳатман ошкор намудани иттилоот

  1. Ҷамъияти саҳомии кушода бояд инҳоро ошкор кунад:

— ҳисоботи солонаи ҷамъияти саҳомӣ, ҳисоботдиҳии солонаи муҳосибавӣ;

— эъломияи эмиссияи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо;

— иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;

— иттилоот оид ба аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда вуҷуд дорад; «қҷт 19.05.09 №510»

— дигар маълумоти муайяннамудаи мақомоти ваколатдор.

  1. Ҳатман ошкор намудани иттилооти ҷамъияти саҳомӣ тибқи ҳаҷм ва тартибе анҷом дода мешавад, ки мақомоти ваколатдор муқаррар намудааст.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ дар бораи ҳамаиамалиёт/аҳдҳои шубҳанок ва амалиёти ҳатман назоратшаванда, ки ба онҳо узви Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) манфиатдор аст ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар бораи амалиёт/аҳдҳои шубҳаноке, ки дар раванди бақайдгирии барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ маълум мешаванд, уҳдадоранд ба мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» иттилоот пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1374)

 

Моддаи 92. Маълумот дар бораи шахсони бонуфузи ҷамъияти саҳомӣ

  1. Шахс мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуфуз эътироф мегардад.
  2. Шахсони бонуфузи ҷамъияти саҳомӣ вазифадоранд дар шакли хаттӣ ҷамъияти саҳомиро оид ба саҳмияҳои худ, бо зикри миқдор ва намуди (навъи) онҳо дар давоми 10 рўзи санаи ба даст овардани саҳмияҳо огоҳ намоянд.
  3. Агар дар натиҷаи бо гуноҳи шахси бонуфуз пешниҳод нагардидани иттилооти зикргардида ё сари вақт пешниҳод накардани он ба ҷамъияти саҳомӣ зарари молумулкӣ расонида шавад, шахси бонуфуз дар назди ҷамъияти саҳомӣ ба андозаи зарари расонидашуда масъул мебошад.
  4. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст шахсони бонуфузи худро ба ҳисоб гирад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба онҳо ҳисобот диҳад.

БОБИ 14. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ

ҶАМЪИЯТИ САҲОМӢ

 

Моддаи 93. Азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти талаботи Қонуни мазкур амалӣ мегардад.
  2. Молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ ба миён меояд, танҳо аз ҳисоби молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии аз нав ташкилшаванда ташаккул меёбад.
  3. Ҷамъияти саҳомӣ ба истиснои ҳолатҳои азнавташкилшавӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ ва табдилдиҳӣ, аз рўзи ба қайди давлатӣ гирифтани шахсони ҳуқуқии навтаъсис азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад. (қҷт. 29.12.10 №657)

Дар сурати азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомии дигар, ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ҷамъияти саҳомӣ  аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд. (қҷт. 29.12.10 №657)

Азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли табдилдиҳӣ пас аз лаҳзаи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ ба итмомрасида дониста мешавад. (қҷт. 29.12.10 №657)

  1. Ҷамъиятҳои саҳомии дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта ва ворид намудани сабт оид ба қатъи фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомии азнавташкилшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст дар давоми 30 рўзи қабули қарори азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ ва ҳангоми азнавташкилшавии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли муттаҳидшавӣ ё ҳамроҳшавӣ — аз рўзи қабули қарор дар хусуси ҳамин ҷамъияти охирини дар муттаҳидшавӣ ё ҳамроҳшавӣ иштирокдошта, ба таври хаттӣ кредиторони ҷамъияти саҳомиро огоҳ намуда, дар нашрияи барои чопи маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, иттилоот чоп намояд. (қҷт. 29.12.10 №657)

Агар тавозуни тақсимот ё санади таҳвил барои муайян намудани вориси ҳуқуқии ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда имконият надиҳад, шахсони ҳуқуқии дар натиҷаи азнавташкилшавӣ таъсисёфта вобаста ба ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомии азнавташкилёфта дар назди кредиторон масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 94.  Муттаҳидшавии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Муттаҳидшавии ҷамъияти саҳомӣ — таъсис ёфтани ҷамъияти саҳомии нав бо роҳи ба он додани ҳамаи молу мулк, вогузоштани ҳуқуқу ўҳдадориҳо тибқи санади таҳвили ду ё якчанд ҷамъияти саҳомӣ бо  қатъ гардидани ҷамъиятҳои охирин эътироф карда мешавад.
  2. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҳар як ҷамъияти саҳомии дар муттаҳидшавӣ иштирокдошта ба муҳокимаи Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои азнавташкилдиҳиро бо роҳи муттаҳидшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавӣ пешниҳод менамоянд. Шартномаи муттаҳидшавии ҷамъиятҳо бояд дар бораи  номгўй, маҳалли ҷойгиршавии ҳар яке аз ҷамъиятҳои саҳомии дар муттаҳидшавӣ иштироккунанда, маълумоти асосии тавозуни онҳо итттилоотро дар бар гирифта, инчунин тартиб ва шартҳои муттаҳидшавӣ, аз ҷумла тартиби  табдили саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии ба муттаҳидшавӣ ҷалбшударо ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии таъсисшаванда пешбинӣ намояд. Ҳамаи иттилооти зикргардида бояд дар нашрияҳо чоп карда, ба маълумоти саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ  расонида шавад.
  3. Маҷлиси умумии саҳмдорони ҳар як ҷамъияти саҳомии дар муттаҳидшавӣ иштирокдошта дар бораи азнавташкилдиҳӣ дар шакли муттаҳидшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи муттаҳидшавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
  4. Оинномаи ҷамъияти саҳомии навтаъсис дар мўҳлати муайяннамудаи шартнома оид ба муттаҳидшавӣ аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомии навтаъсис тасдиқ ва мақомоти нави он интихоб карда мешавад. Мушаххасоти вобаста ба тартиби даъват ва гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомии навтаъсис тибқи шартномаи муттаҳидшавӣ муайян мегардад.

 

Моддаи 95. Ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомӣ қатъи фаъолияти ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшаванда бо таҳвили молу мулк вогузории ҳуқуқу ўҳдадориҳои он ба зиммаи дигар ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи санади таҳвил эътироф мегардад.
  2. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшаванда ба муҳокимаи Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаи азнавташкилдиҳиро бо роҳи ҳамроҳшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавиро пешниҳод мекунад.

Мўҳтавои шартномаи ҳамроҳшавӣ бояд ба талаботи қисми 2 моддаи 94 Қонуни мазкур мутобиқат намояд.

Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшаванда дар бораи азнавташкилшавӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қарор қабул мекунад.

  1. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, ки нисбат ба он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, ба муҳокимаи Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои азнавташкилшавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомии дигар, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавиро пешниҳод менамояд.

Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ, ки нисбат ба он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, дар бораи азнавташкилшавӣ бо роҳи ҳамроҳшавӣ, тасдиқи санади таҳвил ва шартномаи ҳамроҳшавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қарор қабул мекунад.

  1. Ҳангоми зарурат қарор дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, ки нисбат ба он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, аз ҷониби Маҷлиси умумии муштараки саҳмдорони ҷамъияти саҳомие, ки нисбат ба он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад ва саҳмдорони ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшаванда қабул карда мешавад.
  2. Ҳамроҳшавии як ҷамъияти саҳомӣ ба дигар ҷамъияти саҳомӣ бо қарори Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомии дуюм иҷозат дода мешавад, агар маблағи дороии умумии саҳмдорон ва ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшаванда аз сармояи худии ҷамъияти саҳомие, ки ба он ҳамроҳ мешавад, аз 5 фоиз зиёд набошад.

 

Моддаи 96. Тақсимшавии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Тақсимшавии ҷамъияти саҳомӣ қатъи фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ бо таҳвили ҳамаи молу мулк, вогузории ҳуқуқу ўҳдадориҳо ба зиммаи ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис, бо минбаъд иваз намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис эътироф мегардад. Дар айни замон ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомии тақсимшаванда мутобиқи тавозуни тақсимотӣ ба ихтиёри ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис мегузарад.
  2. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомии бо роҳи тақсимшавӣ азнавташкилшаванда ба муҳокимаи Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомиро бо роҳи тақсимшавӣ, таъсиси ҷамъиятҳои саҳомии нав, тартиби табдили коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда ба коғазҳои қиматноки ҷамъиятҳои саҳомии таъсисшаванда ва тасдиқи тавозуни тақсимотиро пешниҳод менамояд.

Қарори қабулнамудаи Маҷлиси умумии саҳмдорон дар мавриди тақсими ҷамъияти саҳомӣ бояд тартиби мубодилаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии азнавташкилшавандаро ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навътаъсис, инчунин таносуби намудҳо ва арзиши номиналии саҳмияҳои зикргардидаро, ки ҳангоми мубодилаи ҳар як намуди саҳмияҳои қаблан баровардаи ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда татбиқ мегардад, муайян намояд. Дар айни замон ҳуқуқҳое (аз ҷумла ҳуқуқи интихоби саҳмияҳо барои мубодила), ки ба дорандаҳои саҳмияҳои як намуд фароҳам оварда мешавад, бояд баробар бошанд. Ҳуқуқе, ки ба ҳар як саҳмдори ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда дар натиҷаи мубодилаи саҳмияҳои ба ў марбута ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии навтаъсис фароҳам оварда мешавад, наметавонад дар муқоиса бо ҳуқуқҳои фароҳамовардаи оинномаи ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда камтар бошад ё маҳдуд гардад.

  1. Агар дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми тақсимшавии он ҳар як саҳмдор таносуби фоизии саҳмияҳои худро нисбат ба миқдори умумии саҳмияҳои баровардаи ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис, баробар ба таносуби фоизи саҳмияҳои ў ба миқдори умумии саҳмияҳои баровардаи ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда нигоҳ медорад.
  2. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст аз лаҳзаи дар Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул шудани қарор оид ба тақсимшавӣ кредиторонро вобаста ба ўҳдадориҳое, ки баъди қабули қарор ба миён меоянд, сари вақт огоҳ созад.
  3. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст дар давоми ду моҳи қабул гардидани қарори Маҷлиси умумии саҳмдорон дар мавриди тақсимшавӣ ба ҳамаи кредиторон дар хусуси тақсимшавӣ огоҳиномаи хаттӣ ирсол дорад ва дар нашрияи муайян эълони дахлдор чоп кунад. Ба огоҳинома (эълон) тавозуни тақсимотӣ, инчунин маълумот оид ба номгўй ва маҳалли ҷойгиршавии ҳар як ҷамъияти саҳомии навтаъсис замима мегардад.
  4. Кредиторони ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда ҳуқуқ доранд дар мўҳлати ду моҳ аз рўзи гирифтани огоҳинома (чопи эълон) аз ҷамъияти саҳомӣ иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни зиёнро талаб намоянд.
  5. Ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар натиҷаи тақсимшавии ҷамъияти саҳомӣ ба миён омадаанд, вобаста ба ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомии азнавташкилшуда масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 97. Ҷудошавии ҷамъияти саҳомӣ

1. Ҷудошавии ҷамъияти саҳомӣ таъсиси як ё якчанд ҷамъияти саҳомӣ бо вогузории қисми ҳуқуқу ўҳдадориҳои он ба зиммаи ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда, бидуни аз байн рафтани ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда эътироф мегардад.

  1. Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда бо роҳи ҷудошавӣ ба муҳокимаи Маҷлиси умумии саҳмдорон масъалаҳои азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомиро, бо роҳи ҷудошавӣ, тартиб ва шаклҳои ҷудошавӣ, таъсиси ҷамъияти (ҷамъиятҳои) саҳомии нав, табдили саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии азнавташкилшавандаро ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии таъсисшаванда ва тартиби ин тариқ табдилкунӣ (тақсим, харидорӣ) ва тасдиқи тавозуни тақсимотиро пешниҳод мекунад.
  2. Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомии бо роҳи ҷудошавӣ азнавташкилшаванда дар мавриди азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи ҷудошавӣ, тартиб ва шартҳои ҷудошавӣ, таъсиси ҷамъияти (ҷамъиятҳои) саҳомии нав, табдили саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии таъсисшаванда ва тартиби ин тариқ табдилкунӣ (тақсим, харидорӣ) ва тасдиқи тавозуни тақсимотӣ қарор қабул мекунад.

Маҷлиси умумии саҳмдорони ҳар як ҷамъияти саҳомии таъсисшаванда дар бораи тасдиқи оиннома ва таъсиси мақомоти он қарор қабул мекунад. Агар мутобиқи қарори азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҷудошавӣ саҳмдори ягонаи ҷамъияти саҳомии таъсисшаванда ҷамъияти саҳомии аз нав ташкилшаванда бошад, оинномаи ҷамъияти саҳомии таъсисшаванда аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда тасдиқ карда, мақомоти он таъсис дода мешавад.

Агар қарор дар мавриди азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи ҷудошавӣ табдили саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии азнавташкилшавандаро ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии таъсисшаванда ё тақсими саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии таъсисшавандаро байни саҳмдорони ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда пешбинӣ намояд, ҳар саҳмдори ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда, ки муқобил овоз додааст ё дар овоздиҳӣ оид ба масъалаи азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ иштирок нанамудааст, бояд саҳмияҳои ҳар ҷамъияти саҳомиеро, ки дар натиҷаи ҷудо шудан таъсис меёбад ва ҳуқуқҳоеро, ки саҳмияҳояш низ дар ҷамъияти саҳомии азнавташкилшаванда фароҳам меоваранд, мутаносибан ба миқдори саҳмияҳои дар ин  ҷамъияти саҳомӣ доштааш  ба даст орад.

  1. Ҳангоми аз ҳайати ҷамъияти саҳомӣ ҷудо шудани як ё якчанд ҷамъияти саҳомӣ ҳар кадоми он ба як қисми ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҷамъияти саҳомии бо роҳи ҷудошавӣ азнавташкилёфта мутобиқи тавозуни тақсимотӣ соҳиб мегардад.

 

Моддаи 98. Табдилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад бо риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунҳо ба ҷамъияти саҳомии дорои масъулияти маҳдуд ё кооперативи истеҳсолӣ табдил дода шавад.

Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомии табдилшаванда ба муҳокимаи Маҷлиси умумии саҳмдорон дар хусуси табдили ҷамъияти саҳомӣ, тартиб ва шартҳои табдил, тартиби мубодилаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба саҳмҳои иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ё пайи аъзои кооперативи истеҳсолӣ пешниҳод менамояд.

  1. Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомии табдилёбанда дар мавриди табдили ҷамъияти саҳомӣ, тартиб ва шартҳои табдил, тартиби мубодилаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба саҳмҳои иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ё пайи аъзои кооперативи истеҳсолӣ қарор қабул мекунад. Иштирокчиёни шахси нави ҳуқуқие, ки ҳангоми табдил таъсис меёбанд, дар маҷлиси муштараки худ дар хусуси тасдиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва интихоби (таъини) мақомоти идора тибқи талаботи қонунҳо оид ба ин ташкилот қарор қабул мекунанд.

 

Моддаи 99. Оқибати иҷро нанамудани талаботи азнавташкилдиҳии маҷбурии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Агар мақомоти ҷамъияти саҳомӣ, ки бо қарори суд барои азнавташкилдиҳии маҷбурии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи тақсимшавӣ ё ҷудошавӣ ваколатдоранд, азнавташкилдиҳиро дар мўҳлати муайянкардаи қарор анҷом надиҳанд, суд сардори эътимодноки ҷамъияти саҳомиро таъин намуда, ба ў супориш медиҳад, ки азнавташкилдиҳиро бо роҳи тақсимшавӣ ё ҷудошавӣ анҷом диҳад.
  2. Аз лаҳзаи таъини сардори эътимодноки ҷамъияти саҳомӣ тамоми салоҳияти Шўрои директорон (Шўрои нозирон), мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ, ҳамчунин салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон ба ў мегузарад.
  3. Сардори эътимоднок, ки аз номи ҷамъияти саҳомӣ баромад мекунад, тавозуни тақсимотро таҳия намуда, ҳамзамон бо ҳуҷҷатҳои таъсисотии дар Маҷлиси умумӣ тасдиқгардида, ки дар натиҷаи тақсим ё ҷудошавии ҷамъияти саҳомӣ тартиб ёфтаанд, ба баррасии суд пешниҳод мекунад. Бақайдгирии давлатии ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис дар асоси қарори суд анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 100. Барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Ҷамъияти саҳомӣ метавонад ихтиёрӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гражданӣ, бо назардошти талаботи Қонуни мазкур ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ барҳам дода шавад. Ҷамъияти саҳомӣ ҳамчунин метавонад бо қарори суд аз рўи асосҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ боиси қатъи мавҷудияти он, бе гузаштани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ў тибқи тартиби ворисии ҳуқуқӣ ба дигар шахсон мегардад.

  1. Дар сурати барҳамхўрии ихтиёрии ҷамъияти саҳомӣ Шўрои директорони (Шўрои нозирони) ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда масъалаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ ва таъини комиссияи барҳамдиҳиро ба муҳокимаи Маҷлиси умумии саҳмдорон мегузорад.

Маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳомии ихтиёран барҳамхўранда дар хусуси барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ ва таъини комиссияи барҳамдиҳӣ қарор қабул мекунад.

  1. Аз рўзи таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ҳамаи ваколатҳои вобаста ба идораи ҷамъияти саҳомӣ ба он мегузаранд. Комиссияи барҳамдиҳӣ аз номи ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда дар суд баромад мекунад.
  2. Агар саҳмдори ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда давлат бошад, ба ҳайати комиссияи барҳамдиҳӣ намояндаи мақоми ваколатдори идораи амволи давлатӣ дохил мешавад. Ҳангоми иҷро накардани ин талабот мақоми бақайдгирандаи давлатии ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад ба таъини комиссияи барҳамдиҳӣ розигӣ диҳад.

 

Моддаи 101. Тартиби барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ

  1. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар мақомоти нашрия, ки дар онҳо дар хусуси бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ маълумот дарҷ мешавад, дар бораи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ, тартиб ва мўҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторони он маълумот чоп мекунад.

Мўҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторон наметавонад аз санаи чопи  иттилоот дар мавриди барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ камтар аз ду моҳ бошад.

  1. Агар ҷамъияти саҳомӣ дар рўзи қабул гардидани қарори барҳамдиҳӣ дар назди кредиторон ўҳдадорӣ надошта бошад, молу мулки он мутобиқи моддаи 102 Қонуни мазкур байни саҳмдорон тақсим карда мешавад.
  2. Комиссияи барҳамдиҳӣ ҷиҳати ошкор намудани кредиторон ва гирифтани қарзҳои дебиторӣ тадбирҳо андешида, инчунин дар шакли хаттӣ кредиторонро дар мавриди барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ огоҳ месозад.
  3. Баъди хатми мўҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ тавозуни фосилавии барҳамдиҳиро тартиб медиҳад, ки он дар бораи таркиби молумулки ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда, талаботи пешниҳоднамудаи кредиторон, инчунин натиҷаҳои баррасии онҳо маълумотро дар бар мегирад. Тавозуни фосилавии барҳамдиҳӣ аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон, бо мувофиқаи мақоме, ки бақайдгирии давлатии ҷамъияти саҳомии барҳамхўрандаро анҷом медиҳад, тасдиқ мегардад.
  4. Агар маблағи ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, комиссияи барҳамдиҳӣ бо тартиби барои иҷрои қарорҳои судӣ муқарраргардида молу мулки дигари ҷамъияти саҳомиро дар савдои оммавӣ ба фурўш мемонад.
  5. Комиссияи барҳамдиҳӣ маблағро ба кредиторони ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда аз рўи тартиби навбати муқаррарнамудаи Кодекси гражданӣ, мувофиқи тавозуни фосилавии барҳамдиҳӣ, аз рўзи таъсиси он шурўъ намуда, анҷом медиҳад, ба истиснои кредиторони навбати панҷум, ки барояшон баъди гузашти як моҳ аз рўзи таъсиси тавозуни фосилавии барҳамдиҳӣ пардохта мешавад.
  6. Баъди ҳисобу китоб бо кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ тавозуни барҳамдиҳӣ тартиб медиҳад, ки онро Маҷлиси умумии саҳмдорон бо мувофиқаи мақоми бақайдгирии давлатии ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда тасдиқ менамояд.

Моддаи 102. Тақсими молу мулки ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда дар байни саҳмдорон

  1. Баъди ҳисобу китоб бо кредиторон молу мулки ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳӣ байни саҳмдорон бо навбати зайл тақсим карда мешавад:

— дар навбати аввал маблағи саҳмияҳое пардохта мешавад, ки бояд мутобиқи моддаи 74 Қонуни мазкур харида шаванд;

— дар навбати дуюм  суди саҳмияҳои ҳисобшуда, вале пардохтнашудаи саҳмияҳои имтиёзнок ва арзиши барҳамдиҳии муайяннамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ оид ба саҳмияҳои имтиёзнок пардохта мешавад;

— дар навбати сеюм молу мулки ҷамъияти саҳомии барҳамхўранда байни саҳмдорон – соҳибони саҳмияҳои оддӣ ва ҳамаи намудҳои саҳмияҳои имтиёзнок тақсим карда мешавад.

  1. Молу мулки ҳар як навбат баъди тақсими пурраи молу мулк бо навбати қаблӣ тақсим карда мешавад. Арзиши барҳамдиҳии муайяннамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ оид ба саҳмияҳои имтиёзноки намуди муайян баъди пардохти пурраи арзиши барҳамдиҳии муайяннамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ оид ба саҳмияҳои имтиёзнок ба навбати қаблӣ аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ пардохта мешавад.

Агар молу мулки мавҷудаи ҷамъияти саҳомӣ барои пардохти  суди саҳмияҳои ҳисобшуда, вале пардохтнашуда ва арзиши барҳамдиҳии муайяннамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ба  ҳамаи соҳибони саҳмияҳои имтиёзноки як намуд нокифоя бошад, дар ин сурат молу мулк байни саҳмдорон – соҳибони ин намуди саҳмияҳои имтиёзнок мутаносибан ба миқдори ин намуди саҳмияҳояшон тақсим карда мешавад.

Моддаи 103. Анҷоми барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ

Барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ пас аз ворид намудани сабти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ анҷомёфта ва ҷамъияти саҳомӣ барҳамхўрда ба ҳисоб меравад. (қҷт. 29.12.2010, №657)

 

БОБИ 15.  МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 104. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, №4, моддаи 39; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1996, №23, моддаи 362; с.1998, №10, моддаи 131; с.2005, №12, моддаи 643) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 105. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 237

 

ШАРИКОН: