Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кўдакон»

 (АМОҶТ  с. 2006, №12, мод. 545)

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои  Қонуни мазкур

Мақсади  Қонуни мазкур аз муҳайё кардани шароити зарурие иборат аст, ки ҳифзи саломатии модару кўдак, ғизодиҳии дурусти кўдакони ширмак (тифлон) ва кўдакони хурдсолро таъмин менамояд.

Вазифаҳои Қонуни мазкур  иборатанд аз:

— тарғиб, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии  ғизодиҳии табиии (синамаконии)  кўдакон;

— баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ;

— таҳкими саломатӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии занон вобаста ба ҳифзи  саломатии кўдакони ширмак (тифлон) ва кўдакони хурдсол;

— танзими ҳуқуқии муомилоти ғизои кўдакон;

— аҳамият ба  ғизодиҳии табиии кўдакон ҳамчун ҷанбаи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои  асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ивазкунандаи шири модар  — ҳама гуна ғизои ба фурўш баровардашуда ё ба  тарзи дигар пешниҳодшаванда, ки шири модарро қисман ё пурра  иваз менамояд;

ғизои кўдакон —  ғизои омехтаи кўдакон, ҳама гуна ғизои дигари барои кўдакони ширмак мувофиқ, ғизои омехта барои  кўдакони   ширмаки синнашон нисбатан калон;

— ғизои иловагӣ — ҳама гуна ғизое, ки  ҳамчун ғизои иловагӣ ба шири модар,  ба ғизои омехтаи кўдакон ё ба ғизои омехтаи кўдакони ширмаки  синнашон нисбатан калонтар мувофиқ мебошад ё ба сифати ғизои мувофиқ  пешниҳод карда мешавад;

— ғизои таъинотӣ — ғизои кўдакон ва шишачаҳои ширмаконӣ (шишачаҳои ширдўшӣ), макаку пистонак;

— ғизои омехтаи кўдакон — ғизои ширӣ ё ширмонанди ҳайвонот ё набототӣ, ки дар саноат мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё стандартҳои байналмилалии озуқа истеҳсол гардида, онро Комиссияи  байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа  барои қонеъгардонии талаботи кўдакон ба ғизо аз давраи таваллуд то шаш моҳи аввали ҳаёти онҳо тасдиқ кардааст;

ғизои омехтаи кўдакони ширмаки синнашон нисбатан калон –ғизои ширӣ ё  маҳсулоти ширмонанди ҳайвонот ё набототӣ, ки дар саноат мутобиқи стандартҳои  давлатӣ ё стандартҳои   байналмилалии озуқа истеҳсол гардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа тасдиқ кардааст ва чун ғизои мувофиқ барои кўдакони ширмаки аз  шашмоҳа калон  ва кўдакони хурдсол пешниҳод мешавад;

паҳнкунанда  — шахси  воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фурўши яхлухт ё чаканаи   ғизои таъинотӣ машғул аст;

кўдакони  ширмак (тифлон) — кўдакони то 12 — моҳа;

— кўдакони хурдсол  — кўдакони аз 1 то 3 – сола;

ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ) —  ғизодиҳии табиии  кўдакони ширмак (тифлон) ва кўдакони  хурдсол;

— муассисаи тиббию санитарӣ —  муассисаи давлатӣ ё ғайридавлатие, ки бевосита ё бавосита кўмаки  тиббию санитарӣ мерасонад ё бо  маърифати  тиббию санитарӣ машғул аст;

корманди тиб — духтур, ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳое, ки кўмаки  тиббию санитарӣ мерасонанд ё бо маърифати  тиббию санитарӣ машғуланд;

тамғакоғаз (этикетка) — ҳама гуна тамғачаспак, тамға, нишона,  маводи тавсифӣ, ки ба борбанди ҳама гуна ғизои таъинотӣ ширеш ё сабт  шудааст;

— намуна — ғизои таъинотии алоҳида ё миқдоран каме, ки ройгон пешкаш карда мешавад;

муомилоти ғизои кўдакон — фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият, ки  ғизои таъинотиро истеҳсол  ва  коркард менамоянд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, мефиристанд, мефурўшанд, тақсим мекунанд, нобуд месозанд, вориду содир менамоянд;

— истеҳсол — ҷараёни технологие, ки барои ба таври силсилавӣ ба даст овардани    ғизои таъинотӣ равона гардидааст;

— интиқол — дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба навъи нақлиёти истифодашаванда, аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани    ғизои таъинотӣ;

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур   муносибатҳои зеринро фаро мегирад:

— байни мақомоти давлатӣ, шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба муҳайё кардани шароити мусоид барои ғизодиҳии табиии  кўдакон;

— марбут ба муомилот ва рекламаи   ғизои омехтаи кўдакон,  ғизои бадалкунандаи шири модар, аз ҷумла   ғизои иловагӣ, инчунин шишачаҳои шир (ширдўшӣ), макаку пистонак.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кўдакон ва назорати давлатии   муомилоти   ғизои кўдакон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи  ғизодиҳии табиии кўдакон ва назорати давлатии муомилоти  ғизои кўдакон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур  ва   санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии модарони ширмакон  ва кўдакони онҳо

Давлат ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои модарони ширмакон  ва кўдакони онҳоро, ки аз тарафи сохтори мақомоти давлатӣ амалӣ гардонида мешавад, кафолат медиҳад.

Ба ғайр аз тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои дигари модарони ширмакон, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ин гурўҳ ба имтиёзҳои зерин ҳуқуқ дорад:

— хизматрасонии бенавбат дар муассисаҳои тиббӣ, савдо ва хўроки умумӣ, новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ;

— бенавбат харидани чипта ба ҳама гуна  намуди нақлиёт;

— истифодаи ройгон аз хизматгузории хонаи модару кўдаки марбути   саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳ ва терминалҳои нақлиёти автомобилӣ;

— ройгон бо худ гирифта бурдани кўдакони ширмаку кўдакони хурдсоли худ бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашони  истифодаи умумӣ.

Бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид барои модарони ширмакон дар ҳамаи терминалҳои нақлиёти автомобилӣ, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, дар корхонаҳои калони саноатӣ, тиҷоратӣ ва дигар корхонаҳо ҳуҷраҳои махсуси модару кўдак пешбинӣ карда мешаванд.

Дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ва тайёраҳо барои модарони ширмакон ҷойҳои махсуси нишаст  пешбинӣ карда мешаванд.

Боби  2.

Ташкил ва амалӣ намудани назорати

давлатии муомилоти   ғизои кўдакон

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— фаъолияти мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи  ғизодиҳии табиии кўдакон, ҳифзи саломатии кўдакони ширмак ва кўдакони хурдсол ба роҳ мемонад ва танзим менамояд;

— ҷиҳати иҷрои  санадҳои муҳими Чумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи  ғизодиҳии табиии кўдакон чораҳо таҳия намуда, тадбирҳо меандешад;

— аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани ўҳдадориҳои байналмилалии соҳаи мазкурро таъмин менамояд;

—  дигар салоҳиятҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

муқаррар кардааст, амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 7.   Ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатӣ дар    муомилоти   ғизои кўдакон

Назорати давлатӣ дар   муомилоти   ғизои кўдакон аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 8. Салоҳияти мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ

Мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ:

— аз вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ маълумотеро, ки барои баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар  муомилоти    ғизои таъинотӣ заруранд, талаб менамояд;

— дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риояи мўҳлату тартиби нигоҳ доштани   ғизои таъинотиро тафтиш мекунад;

— фаъолияти  ташкилотҳои соҳаи муомилоти  ғизои таъинотиро назорат мекунад;

— маълумотро дар бораи талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғизои таъинотӣ ҷамъбаст менамояд ва бо тартиби муқарраргардида манзури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардонад;

— ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати муомилоти   ғизои таъинотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд;

— муоинаи саривақтии тиббии модарони ширмакон, кўдакони ширмак (тифлон) ва кўдакони хурдсолро ба роҳ мемонад ва   онро назорат мекунад;

— назорати   дар хонаҳо аз ҷониби кормандони тиб мунтазам муоина намудани   кўдакони ширмак ва кўдакони хурдсол, инчунин  эмкунии дахлдорро ташкил ва таъмин менамояд;

— барои дар беморхонаҳо якҷоя хобидани модару кўдаки  ширмак  шароити зарурӣ фароҳам меоварад ва онро назорат мекунад, ба шарте, ки ин ба ҳаёту саломатии онҳо хатар надошта бошад;

— тамоми ғизои таъинотиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба қайд мегирад ва дар сурати мувофиқ будани онҳо ба меъёрҳои дахлдор дар бораи ба қайд гирифтанашон гувоҳнома (сертификат) медиҳад;

— бо тартиби муқарраргардида мониторинги ҳолати татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ғизодиҳии табиии кўдакон, ҳифзи саломатии кўдакони ширмак (тифлон) ва кўдакони хурдсол анҷом дода, бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидидоракунии маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Моддаи 9. Салоҳияти  мақомоти иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  бо мақсади татбиқи  сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ғизодиҳии табиии кўдакон, ҳифзи саломатии кўдакони ширмак (тифлон) ва кўдакони хурдсол зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои дахлдор:

— ташкили шабакаи шўъбаву бахшҳои махсуси ташкилотҳои савдоро оид ба фурўши ғизои таъинотӣ танзим менамоянд, мутобиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми кори онҳоро  бо розигии соҳибмулконашон ба мувофиқа расонида, риояи онро таҳти назорат мегиранд;

— бо ризояти мақомоти ҳифзи табиат ва мақомоти дигари давлатӣ ҷойҳои нобуд сохтани ғизои таъинотиеро, ки хилофи меъёрҳои муқарраргардида мебошанд, инчунин  ғизои таъинотии мўҳлати истеъмолаш гузаштаро муайян мекунанд;

— дигар ваколатҳои пешбининамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳимояи   ғизодиҳии табиии  кўдакон ва назорати давлатии муомилоти   ғизои кўдакон  амалӣ менамоянд.

 

Боби 3.

Муомилоти ғизои таъинотӣ

 

Моддаи 10. Рекламаи  ғизои таъинотӣ

Рекламаи ғизои таъинотӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Фурўши  ғизои  таъинотӣ

Фурўши яклухт ва чаканаи ғизои таъинотӣ бо риояи меъёру қоидаҳои амалкунандаи савдо, санитарӣ ва ғайра анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 12. Маҳдуд кардани фаъолияти истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъинотӣ

Ба истеҳсолкунанда  ва паҳнкунандаи   ғизои таъинотӣ бевосита ё ба воситаи шахсони дигар иҷро намудани амалҳои зерин манъ аст:

— истифодаи усулҳои фурўши   ғизои таъинотӣ ба монанди ташкили намоиши махсус ва  фурўши  ғизо, мукофотонӣ, гузаронидани бозиҳо ва ҳар гуна озмунҳо, аз арзиши аслӣ пасттар фурўхтани   ғизо, ба шарте, ки он ҷорӣ намудани сиёсат ва амалияи нархгузориро бо мақсади ба муддати дароз, бо нархи нисбатан арзон фурўхтани ин   ғизо маҳдуд накунад;

— ба ҳар гуна шахс супоридани   намунаи   ғизои мазкур;

— тўҳфа кардан ё нисбат ба нархи эълоншудаи яклухт арзон фурўхтан,  агар чунин нарх эълон нашуда бошад,  аз нархи чакана 80 фоиз арзонтар, фурўхтани ҳама гуна ғизои таъинотӣ ба кормандони тиб ё ба муассисаҳои тиббию санитарӣ;

— тўҳфа кардан ё дар муассисаҳои тиббию санитарӣ ба кор бурдани таҷҳизот ё хизматрасоние, ки бо истифодаи   ғизои таъинотӣ алоқаманд аст ё  мусоидат  ба он;

— дар муассисаҳои тиббию санитарӣ тўҳфа кардан ё  паҳн кардани мавод, аз ҷумла қалам, тақвиму плакатҳо, дафтар, ҷадвали ченаки қад, бозичаҳо, инчунин дигар ашёе, ки ба истифодаи   ғизои таъинотӣ дахл доранд ё ба ин мусоидат карда метавонанд;

— бо ҳар гуна усул  ҳавасмандгардонии кормандони тиб ё иттиҳодияи онҳо (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо ва ғайра), ки бо масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кўдак сарукор доранд, аз ҷумла ҷудо кардани гранту стипендияҳо, кўмакпулӣ барои тадқиқот ё маблағгузории маҷлису семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос ё конференсияҳо;

— сарпарастӣ дар чорабиниҳо, мусобиқаҳо ё маъракаҳои вобаста ба масъалаҳои занони ҳомила ё занони ширмакон,  падару модари кўдакони ширмак ё кўдакони  хурдсол ё аъзои оилаи онҳо, инчунин мусобиқаву маъракаҳои марбути ҳомиладорӣ, таваллуд,   ғизодиҳии табиии кўдакони ширмак ё кўдакони хурдсол ва ғайра, ки бо ин масъалаҳо алоқаманданд;

— ҳамроҳ кардани ҳаҷми фурўши ғизои таъинотӣ ба ҳисоби мукофотонӣ ё иловапулии кормандон ё муқаррар намудани супориши камтарин барои фурўши ғизои таъинотӣ;

— тўҳфа ё паҳн намудани ҳар гуна маводи  иттилоотӣ ё маърифатии санитарӣ оид ба   ғизодиҳии табиии  кўдакони ширмак ва кўдакони хурдсол  ё  иҷрои вазифаҳои вобаста ба  ғизодиҳии табиии кўдакони ширмак ё кўдакони хурдсол, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо иттилоотро оид ба   ғизои таъинотӣ манзури кормандони тиб менамоянд ва  бо  маводи илмӣ ва воқеӣ  маҳдуд буда, ба ҷиҳатҳои техникӣ ва усулҳои истифодаи ғизои мазкур дахл доранд ва танҳо  ба шарте, ки  агар онҳо ҷавобгўи талаботи боби 4  Қонуни мазкур  бошанд.

 

 

 

Моддаи 13. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғазҳои   ғизои таъинотӣ дахл доранд

Истеҳсолкунанда ё  паҳнкунандаи ғизои таъинотӣ ҳуқуқ надорад ғизои кўдаконро,  ба ҷуз шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба тариқи яклухт ё чакана фурўшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази онҳо ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зайл   сабт нашуда бошад:

— таркиб ва миқдори  моддаҳои ғизоӣ;

— синну соли зарурӣ (бо рақам ишорашуда), ки баъди расидан ба он ғизо тавсия карда мешавад;

— хавфу хатаре, ки дар сурати   нодуруст пухтан ё ғизодиҳӣ то синну соли тавсияшуда ба саломатии кўдак таҳдид менамояд;

— ҷузъу таркибҳои истифодашуда бо ишораи ҷои истеҳсоли шир ё ғизои ширмонанди истифодашаванда;

— шароити зарурии нигоҳ доштани ғизо пеш аз кушодани борбанд ва баъди он, бо дарназардошти вазъи иқлим;

— рақами намуд (гурўҳ), таърихи истеҳсол ва санае, ки ғизо бояд пеш аз гузаштани он, бо дарназардошти вазъи иқлим  ва шароити нигаҳдошт мавриди истеъмол қарор гирад;

— ном ва нишонии истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда;

— талаботи дигари тавсиянамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда ҳуқуқ надорад ғизои омехтаи кўдаконро ба ҷуз шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба тариқи яклухт ё чакана фурўшад,  агар  дар борбанд ё тамғакоғази он ба забони давлатӣ возеҳу хоно  маълумоти зайл сабт нашуда бошад:

— дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кўдак;

— дар бораи зарурати маслиҳати духтур, қабл аз оғози истифодаи ғизои иловагӣ;

— дар бораи тарзу усули пухтан, ҷадвали ғизодиҳӣ, риояи гигиена ва шуста партофтани пасмондаи омехтаҳои пухташуда.

Дар борҷома ё тамғакоғаз сабт намудани чунин истилоҳот ба монанди «мисли шири модар», «беҳтар аз шири модар» ё истилоҳоти ба ин монанд,  инчунин ҳар гуна қиёс бо шири модар ё матнҳое, ки бо ин ё он усул барои  ғизодиҳии табиии  кўдак монеъ мешаванд ё аҳамияти онро паст мезананд,  манъ аст.

Дар борҷома ё тамғакоғази ғизои омехтаи кўдакони ширмаки синнашон калонтар  ғайр аз шартҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинигардида  бояд маълумоте сабт шуда бошад, ки ин ғизоро ба кўдакони аз шашмоҳа хурд низ додан мумкин нест.

Ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани  ғизои таъинотии дар ҳамин модда пешбинишуда  дар борҷома ё тамғакоғази онҳо  маълумоти зикргардида бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шаванд.

 

Моддаи 14. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғази шишачаҳои шир (ширдўшӣ), макаку пистонакҳо дахл доранд

Истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда ҳуқуқ надорад шишачаҳои шир  (ширдўшӣ), макаку пистонакҳоро ба тариқи яклухт ё чакана фурўшад, ба шарте, ки   дар борҷома ё тамғакоғази он маълумоти зерин ба забони давлатӣ аниқу равшан ва басо аёну осонхон  сабт нашуда бошад:

— дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кўдак;

— дар бораи зарурати риояи қатъии дастури шустан ва қатрон (стерилизатсия) кардан, ки бояд бо навиштаҷот ва суратҳо ифода ёфта бошанд;

— дар бораи он ки муддати дароз макаку пистонакҳоро макидани кўдакон, инчунин  муддати дароз  истеъмол намудани  ғизои моеи ширин, аз ҷумла ғизои омехта боиси пўсидани дандони кўдак мегардад;

— дар хусуси суроғаи истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда дар мамлакат.

Боби 4.

Иттилоот ва маърифати санитарӣ

 

Моддаи 15. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ дар бораи  ғизодиҳии табиии  кўдакон

Маводи иттилоотӣ ё маърифатӣ (хаттӣ, савтӣ ё аёнӣ) марбут ба ғизодиҳии табиии  кўдакон бояд:

— ғизодиҳии табиӣ, фоида ва эҳтимоли зиёни онро ҳангоми иваз намудан бо ивазкунандагони шири модар тарғиб намояд;

— танҳо иттилооти дурустро фаро гирифта, дар он ягон тасвир ё матне, ки аз шишачаҳои шир (ширдўшӣ) ғизо доданро ташвиқ менамояд ё монеаи   ғизодиҳии табиии кўдак мегардад, истифода нашуда  бошад;

— ба забони давлатӣ баён гардида бошад;

— ҳаргиз таассурот ё тасаввуротеро, ки  ғизои таъинотӣ баробари шири модар ё монанди он аст ва ё хубтар аз  он, ё беҳтар аз   ғизодиҳии табиӣ  аст, ба миён наоварад;

дорои ном ё тамғаи (нишонаи) ягон ғизои таъинотӣ ё ягон истеҳсолкунанда   ё  паҳнкунандаи ғизои таъинотӣ набошад, ба шарте, ки ин  муқаррарот нисбат ба иттилоот оид ба ғизои таъинотӣ, ки мутобиқи  талаботи  Қонуни мазкур манзури   кормандони нигаҳдории тандурустӣ шуда бошад, татбиқ намегардад;

— аҳамияту манфиат, арзиш ва бартарияту  афзалияти   ғизодиҳии табииро  хусусан дар давоми шаш моҳи аввал ва  минбаъд то ду сол ё  бештар аз ин равшану возеҳ  фаҳмонад.

 

Моддаи 16. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ доир ба ғизои омехтаи кўдакон,   ғизои омехта барои кўдакони ширмаки  хурдсол  ва  дар  бораи  шишачаҳои шир   (ширдўшӣ)

Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ оид ба   ғизои омехтаи   кўдакон, ғизои омехта барои кўдакони ширмаки синнашон калонтар   ё  ҳар гуна ғизо ё моеи дигар барои аз шишачаҳои шир (ширдўшӣ) маконидани кўдак бояд маълумоти зеринро ба забони давлатӣ дошта  бошанд:

— дар бораи дуруст пухтан ва истифода кардани ғизо, аз ҷумла шустушў ва қатрон намудани зарф ва макак, аз пиёла хўронидани кўдакони ширмак;

— дар бораи аҳамияти тахминан аз шашмоҳагӣ ба кўдак додани   ғизои иловагӣ, чӣ тавр ва чаро аз шишачаи шир (ширдўшӣ)  маконидани  кўдак ё худ барвақт ба кўдак додани ғизои иловагӣ ба  ғизодиҳии табиии ў таъсири манфӣ мерасонад, дар бораи ба саломатии кўдак хавф доштани аз шишачаи шир (ширдўшӣ)  маконидани ў ва нодуруст пухтани ғизо.

Боби  5.

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 17. Маҳдуд кардани фаъолияти кормандони тиб, ки ба ҳифзи саломатии модару кўдак машғуланд

Ба кормандони тиб, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кўдак кор мекунанд, иҷрои амалҳои зерин манъ аст:

— гирифтани инъомҳо, ҳар гуна пардохту ҳадя дар ҳар гуна шакл аз истеҳсолкунанда ё аз паҳнкунандаи  ғизои таъинотӣ ё аз ҳар шахси дигаре, ки аз номи онҳо амал мекунанд;

— гирифтани намунаи ғизоҳои таъинотӣ ё тақсими онҳо ба ҳар гуна шахс, инчунин намоиш додани истифодаи ғизои омехтаи кўдакон ба ягон  шахс (ба истиснои баъзе модарон ё аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои истисно ва ҳангоме, ки ин зарур аст ва дар ин ҳолат низ ҳатман дар хусуси хавфи истифодаи   ғизои омехтаи кўдакон бояд  равшану  фаҳмо тавзеҳ дод).

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Тартиби мавриди  амал  қарор  додани  Қонуни мазкур

Қонуни мазкур баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 22 декабри соли 2006

№ 221

ШАРИКОН: