Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд»

(АМОҶТ с.2009,  №5, мод.334)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда,  кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодии амалӣ гардидани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро  муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

            Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳои ташкил ва амали маҷмўи чораҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникиро, ки давлат кафолат додааст ва ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони мубталои диабети қандро барои ҳифзи саломатӣ танзим намуда, мақсаду принсипҳои сиёсати давлатро ба манфиати ин гурўҳи шаҳрвандон, ўҳдадории давлатро оид ба таъмини кафолати ҳуқуқҳои онҳо, самтҳои асосӣ ва асосҳои ташкилии таъмини ин ҳуқуқҳоро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

диабети қанд – бемории мутассиле, ки ба он баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гормони ғадуди зери меъда) хос аст;

диабети қанди навъи 1 — беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор  доруи инсулин гузарондан лозим меояд;

диабети қанди навъи 2 — беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъйиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад;

— осеби диабети қанд –осеби рагҳои хунгузари шахсони мубталои диабети қанд, ки дар асари он  шабакияи чашм аз ҳам рехта, беморро нобино мегардонад (ретинопатияи диабети қанд); ба гурдаҳо таъсир гузошта, боиси хуруҷи заъфи гурдаҳо мешавад (нефропатияи диабети қанд ); аз он пойҳои бемор дардманд гашта, захмҳои трофикӣ пайдо шуда, ба паҳншавии фасод ва маъюбӣ расонда, буридани пойҳои ўро ноилоҷ мегардонад (бемории пошнаи диабети қанд ) ва ғайра;

— воситаҳои худназораткунӣ — тасмаи ташхисӣ ва асбобҳое (глюкометрҳое), ки имконият медиҳанд беморон мустақилона дараҷаи глюкозаи хунро муайян намоянд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Мақсади ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони

мубталои диабети қанд

            Мақсади ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд аз инҳо иборат аст:

— муҳайё кардани шароит барои ҳаёт ва  саломатии онҳо;

— бартараф сохтани монеаҳо барои ҳамбастагии комили онҳо дар ҷомеа, новобастагӣ, баробарҳуқуқӣ ва мустақилият.

 

 

Моддаи 5. Принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии

шаҳрвандони мубталои диабети қанд

Принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳоянд:

— расонидани ёрии ройгони кафолатноки тиббию иҷтимоӣ;

— дастрасии ҳимояи тиббию иҷтимоӣ новобаста ба маҳалли истиқомат (ё) будубоши шаҳрвандон;

— риояи ягонагии манфиат ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

-афзалиятнокии ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, кўдакон ва ҷавонон, занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони ширмак доранд, кўҳансолон ва маъюбон;

— дастгирии давлатии тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи пешгўӣ ва тадқиқи тарзу усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии бо он алоқаманд;

— муҳайё намудани шароити баробари фаъолияти тиббию иҷтимоӣ барои ҳамаи шаклҳои моликият.

 

БОБИ 2. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИМОЯИ ТИББИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНИ МУБТАЛОИ  ДИАБЕТИ ҚАНД

 

Моддаи 6. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд

  1. Давлат бемории диабети қандро мушкилоти ҷиддии ҳаёти инсон ва ҷомеа меҳисобад ва он барои ба миён омадани ўҳдадориҳои давлат дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон асос мегардад.
  2. Сиёсати давлат дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд соҳаи афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад ва бо роҳи зайл амалӣ гардонида мешавад:

— дастгирии давлатии ин гурўҳи шаҳрвандон бо мақсади бақои ҳаёт, ҳимояи ҳуқуқ, муҳайё кардани шароити зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеа;

— муқаррар ва риоя кардани стандартҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

— дастгирии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳое, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мубталои диабети қанд фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд

1.Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо дохил мешаванд:

— муайян кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

— таъмини заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва робитаҳои байналмилалӣ баҳри ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

— таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои мақсадноки миллӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд ва назорати иҷрои онҳо;

— тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи диабети қанд, аз ҷумла барои таъмини фаъолияти феҳристи давлатӣ, гузаронидани тадқиқоти эпидемиологӣ ва мониторинги шахсони мубталои диабети қанд, муолиҷаи осеби диабети қанд ва офияти беморон;

— ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузории корҳои илмӣ — тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои диабети қанд;

— муқаррар кардани низоми ягонаи пешбурди феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд.

  1. Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ масъули ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд мебошад.
  2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун масъули ташкили бевосита ва ҳамоҳангсози иҷрои тадбирҳо дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ:

— фаъолияти байнисоҳавӣ ва байниминтақавиро оид ба ташаккул ва амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи ба амал баровардани ҳуқуқи шаҳрвандони мубталои диабети қанд  ҳамоҳанг месозад;

— лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатиро оид ба танзим ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мубталои диабети қанд таҳия менамояд;

— маблағи буҷетро, ки барои чорабиниҳои  давлатӣ оид ба амалӣ гардонидани сиёсати давлатии соҳаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони мубталои диабети қанд ҷудо карда шудаанд, тақсим  ва харҷ мекунад;

— номгўи дорую дармон ва воситаҳои худназоратиро, ки ройгон мерасанд, муайян мекунад;

— захираи эҳтиётии дорувориҳои диабетологӣ (хусусан инсулин) ба миқдори талаботи 6-12 моҳаро ташкил мекунад;

— ҳуҷҷатҳои методиро оид ба масъалаҳои диабети қанд таҳия мекунад;

— корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қандро ҳамоҳанг ва маблағгузорӣ мекунад;

— бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ низоми мониторинг ва назорати сифати ёрии диабети қанд, фаъолияти озмоишгоҳҳо, усулҳои ташхис, табобат ва худназоратии онҳоро ба роҳ мемонад;

— назорати идоравии фаъолияти низоми бахшҳои диабети қандро ташкил ва амалӣ мегардонад;

— тартиби феҳристдории давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қандро муайян менамояд.

 

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд

Ба салоҳияти  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд дохил мешаванд:

— ба амал баровардани сиёсати давлатӣ нисбати шаҳрвандони мубталои бемории диабети қанд;

— андешидани тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои бемории диабети қанд;

— иштирок кардан дар иҷрои барномаҳои миллӣ ва минтақавии соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии  шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

— таҳия намудани ҳуҷҷатҳои методӣ аз рўи масъалаҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

— мусоидат ва ёрӣ расонидан ба кори иттиҳодияҳои ҷамъиятии барпонамудаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд ва ҳимояи онҳо.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОНИ МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ ҚАНД

 

Моддаи 9. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд

  1. Ба ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо дохил мешаванд:

— гирифтани ёрии ройгони тиббии махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ, пешгирии осеби сахти диабети қанд;

— дастрасии нақшаҳои муайяни табобати диабети қанд, аз ҷумла таъмини ройгони доруворӣ ва воситаҳои худназоратӣ дар доираи муқаррарнамудаи барномаи кафолатҳои давлатии ба аҳолӣ расонидани  ёрии тиббию санитарӣ;

— интихоби ташкилот ва шакли хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ;

— гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҳуқуқу ўҳдадориҳои худ;

— розӣ будан ё набудани шаҳрванд ба гирифтан ва ё рад намудани хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ;

— дар навбати аввал баҳравар шудан аз хизматрасонии муассисаҳои табобатию пешгирии беморӣ, дорухонаҳо ва ҳамчунин ҳуқуқи истифода кардани рухсатии меҳнатии навбатӣ дар вақти мувофиқ.

  1. Хизмати тиббию иҷтимоӣ дар асоси муроҷиати шаҳрванд, васӣ, парастор, дигар намояндаи қонунӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияи ҷамъиятии таъсисдодаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд расонида мешавад.

 

Моддаи 10. Низоми давлатии таъмини дастрасӣ ба доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд

  1. Таъмини дастрасии доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд тибқи Рўйхати миллии маводи дорувории асосӣ дар доираи барномаҳои миллӣ ва минтақавии таъмини ин гурўҳи беморон ва суғуртаи ҳатмии тиббӣ анҷом дода мешавад.
  2. Барномаи миллии бо доруворӣ таъмин намудани шаҳрвандони мубталои диабети қанд аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
  3. Таъминоти кафолатноки доруворӣ чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

— қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони мубталои диабети қанд ба инсулинҳои аълосифати генно-инженерӣ ва воситаҳои инсулингузаронӣ (аз ҷумла автоматиконидашуда) ба беморони диабети қанди навъи 1 ва ҳамчунин ба навъи 2, ки инсулингузаронӣ барояшон мумкин аст;

— танҳо аз рўи нишондиҳандаҳои тиббӣ аз як намуди инсулин ба намуди дигари он гузаронидани беморони мубталои диабети қанд;

— ҳуқуқи шахси мубталои диабети қанд ба интихоби инсулин бо маслиҳати духтури табобаткунанда;

— аз рўи нишондиҳандаҳои тиббӣ ройгон гирифтани доруҳои камкунандаи миқдори қанди хун ва доруворӣ барои табобат ва пешгирии осеби сахти диабети қанд (ретинопатия, нефропатия, «пошнаи диабети қанд», бемориҳои дилу рагҳои хунгузар).

 

Моддаи 11. Таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд

  1. Давлат ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд ҳуқуқи хизматрасонии иҷтимоиро кафолат медиҳад.
  2. Қоидаву тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ якҷоя таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
  3. Чораҳои ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳоро дарбар мегиранд:

— таъмини имконоти баробари ҳамаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии инсон, аз ҷумла таҳсил, варзишгарӣ, фаъолияти касбӣ;

— мусоидат намудан ба таҳкими ягонагии иҷтимоӣ  ва роҳ надодан ба ҷудоии иҷтимоӣ;

— расонидани ёрии зарурии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

— офияти иҷтимоии шаҳрвандони мубталои осеби диабети қанд.

 

Моддаи 12. Таъмини ҳуқуқи кўдакони мубталои диабети қанд ба ҳимояи саломатӣ

  1. Бо мақсади таъмини ҳуқуқи кўдакони мубталои диабети қанд ба ҳимояи саломатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ оид ба расонидани ёрии ройгони тиббию иҷтимоӣ ба кўдакон чораҳо меандешанд, ки дар онҳо пешгирии беморӣ, ташхиси тиббӣ, корҳои табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла мушоҳидаи диспансерӣ, офияти тиббии кўдакони маъюб ва кўдакони имкониятҳояшон маҳдуд пешбинӣ шудаанд.
  2. Ба падару модари кўдакони то 14-солаи мубталои диабети қанд пардохти кўмакпулии корношоямии муваққатӣ дар тамоми давраи табобат ба андозаи 100 фоизи музди миёнаи меҳнат кафолат дода мешавад.

 

БОБИ 4. НИЗОМИ ДАВЛАТИИ ҲИМОЯИ ТИББИЮ

ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНИ МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ ҚАНД

 

Моддаи 13. Низоми давлатии ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд ва вазифаҳои он

  1. Низоми давлатии хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд аз марказҳои эндокринологии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо шўъбаҳои (ҳуҷраҳои) эндокринологӣ иборат мебошанд.
  2. Мақсади асосии таъсис додан ва фаъолият кардани шабакаҳои эндокринологӣ пешакӣ ошкор намудан, пешгирии аввалияи диабети қанд ва осеби он, ба роҳ мондани феҳристдории давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, расонидани ёрии босалоҳияти тиббӣ ва иҷтимоӣ аст.
  3. Вазифаҳои асосии марказҳои (шўъбаҳои, ҳуҷраҳои) эндокринологӣ инҳоянд:

— такомули шаклҳои ташкили пешгирӣ ва расонидани ёрии тиббӣ ба беморони диабети қанд ва дар амалияи тиб ҷорӣ намудани технологияҳои нави пешгирӣ, ташхис, табобат ва ёрии беморони диабети қанд;

— ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии ташкилию методии фаъолияти онҳо;

— иштирок дар таҳия ва иҷрои барномаҳои мақсаднок оид ба диабети қанд;

— ошкор намудани гурўҳҳои таҳти хавфи зиёди диабети қанд қарордошта;

— расонидани ёрии босалоҳият ва махсусгардонидашудаи тиббӣ ва мушоҳидаи беморони диабети қанд дар марказҳо;

— амалӣ гардонидан ва таҳлили аз рўи нақша ва таъҷилан ба беморхона хобонидани беморони диабети қанд;

— таъмин кардан бо доруворӣ ва воситаҳои назорати диабети қанд, аз ҷумла ташкили таъминоти кафолатноки беморони диабети қанд бо инсулини генно — инженерии аълосифат, воситаҳои онҳоро ба бадан гузаронидан (аз ҷумла бо тарзи автоматикунонидашуда), доруҳои камкунандаи қанди хун;

— ташкили ёрии амалӣ ба муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ оид ба такмил ва хушсифат ташкил кардани ёрии тиббӣ ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

-ташкили офияти тиббию иҷтимоии маҷмўи шаҳрвандони мубталои диабети қанд;

— мушоҳидаи (патронажи) шаҳрвандони мубталои диабети қанд дар хона аз тарафи кормандони маркази диабети қанд;

— экспертизаи муваққатан ва пурра корношоям будани беморони диабети қанд;

-омўхтан ва дар амалияи тандурустӣ татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷии ташхис ва табобати диабети қанд ва осеби он;

— ташкил ва иҷрои корҳои тадқиқоти илмӣ, санҷиши технологияҳои нав, асбобҳои тиббӣ, доруворие, ки бо тартиби муқарраргардида барои ташхис ва табобати диабети қанд ва осеби он кор фармуда мешаванд;

— ташкил ва гузаронидани конференсияву симпозиумҳо ва семинарҳо аз рўи масъалаҳои муҳими диабети қанд;

— ба роҳ мондани таълими беморон дар «Марказҳои ҷамъиятии таълими беморони диабети қанд» ва барои ин тайёр кардани кормандони тиббӣ аз рўи мавзўъҳои дахлдор;

— баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба масъалаи диабети қанд;

— ташкили феҳристи давлатии беморони диабети қанд.

 

Моддаи 14. Стандартҳои давлатии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд

            1.Бемории диабети қанд мутобиқи тартиби пешбининамудаи стандартҳои махсуси давлатӣ пешгирӣ, ташхис ва табобат карда мешавад.

  1. Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани стандартҳои махсуси пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қандро мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ муайян мекунад.

 

            Моддаи 15. Ташхиси пешакии диабети қанд

  1. Ташхиси пешакии диабети қанд бо роҳи таҳқиқи оммавии (скрининги) шаҳрвандон ва татбиқи тарзу усулҳои ташхиси оҷили мутамоил будан ба ин беморӣ бо мақсади ошкор намудани шахсони мубталои ин дард ё мансуби гурўҳи таҳти хавф  қарордошта анҷом дода мешавад.
  2. Дар байни кўдакон гузаронидани таҳқиқи оммавӣ (скрининг) бояд дар навбати аввал муоинаи кўдаконеро пешбинӣ намояд, ки хешони наздики онҳо мубталои диабети қанди навъи 1 мебошанд.

 

Моддаи 16. Пешгирии осеби вазнини диабети қанд

            Чорабиниҳои ҳатмии пешгирии осеби вазнини диабети қанд  инҳо мебошанд:

— мониторинги беморони диабети қанд, ки мутамоили нефропатияи диабети қанданд;

— таъмини доругузаронӣ, ки хуруҷи заъфи гурдаро пешгирӣ менамояд;

— муайян кардани гурўҳи шахсони бемори диабети қанди  пошна, бо доруворӣ, пойафзол ва патаки ортопедӣ таъмин кардани беморони диабети қанде, ки шомили гурўҳи таҳти хавфи буридани (ампутатсияи) дасту пойҳо қарор доранд;

— муоинаи ҳарсолаи ғўзаи чашми беморони диабети қанд ва дар баробари ин гузаронидани таҳқиқоти зарурии пешбининамудаи меъёрҳои (стандартҳои) хизматрасонии тиббӣ;

— муоинаи ҳарсолаи беморони диабети қанд барои муайян кардани миқдори холестерин ва таҳлили гемоглобини глюколизатсияшуда барои беморони диабети қанди навъи 1 дар як сол на камтар аз се маротиба ва барои беморони диабети қанди навъи 2  дар як сол як маротиба.

 

Моддаи 17. Тайёр кардани мутахассисони соҳаи диабети қанд

  1. Барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи диабети қанд зарур аст:

— таҳия ва такмили барномаҳои таълимии донишҷўёни муассисаҳои олии касбии тиббӣ аз рўи бемории «диабети қанд»;

— таъсиси курсҳои эндокринологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва гузаронидани машғулиятҳои марҳалавии алоҳида оид ба диабети қанд;

— додани сертификати диабетолог – эндокринолог дар таҳсилоти баъдидипломӣ;

— муқаррар намудани стандартҳои тахассусӣ аз рўи ихтисоси «Ҳамшираи шафқати соҳаи диабети қанд»;

— ташкили машғулиятҳои марҳалавии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба тайёр кардани парҳезшиносон ва равоншиносон барои кор кардан бо беморони диабети қанд.

  1. Мутахассисони соҳаи диабети қанд аз рўи барномаҳои таҳсилоти асосӣ ва иловагии олии касбӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва ҳамчунин дар факулта ва курсҳои махсуси таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёр карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд

  1. Бо мақсади таъмини ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд воҳидҳои соҳаи диабети қанд феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қандро ба роҳ мемонанд.
  2. Маълумоти феҳристи давлатии хусусияти шахсӣ дошта маҳрамона буда, набояд ошкор карда шавад.

 

Моддаи 19. Корҳои санитарию маърифатӣ оид ба масъалаҳои диабети қанд

  1. Корҳои санитарию маърифатӣ оид ба масъалаҳои диабети қанд аз тарафи мутахассисони соҳаи диабети қанд доиман ба роҳ монда, онҳо ба беморони диабети қанд таълим додани худназоратӣ ва пешгириро дар «Марказҳои ҷамъиятӣ таълими беморони диабети қанд» ва дар байни аҳолӣ ба иҷро расондани корҳои санитарию маърифатиро дар бар мегиранд.
  2. Кори санитарию маърифатӣ бурдан бо аҳолӣ ин чораҳоро пешбинӣ менамояд:

— бо теъдоди оммавӣ нашр кардани маводи пешгирии диабети қанд ва ташхиси пешакӣ;

— интишори васоити методӣ барои беморони диабети қанд аз рўи асосҳои парҳезшиносӣ, худназорат ва пешгирии осеби диабети қанд;

— ташкили  намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои радио аз рўи мавзўи диабети қанд;

— интишори нашрияҳои махсуси даврӣ (рўзнома, маҷалла) барои аҳолӣ доир ба масъалаҳои диабети қанд.

  1. Давлат корҳои илмӣ-методии соҳаи диабети қанд ва «Марказҳои ҷамъиятии таълими беморони диабети қанд»-ро ба воситаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба роҳ мемонад.

 

 

Моддаи 20. Маблағгузории чорабиниҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд

  1. Барномаҳои мақсадноки ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, чорабиниҳо оид ба амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ ба манфиати гурўҳи мазкури шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ, манбаъҳои ғийрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳои ба ин мақсад ҷалб кардашаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
  2. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ кардани буҷети давлатӣ хароҷоти тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд пешбинӣ карда мешавад.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

 

Моддаи 21. Мақомоти назорати давлатии риояи ҳуқуқи шаҳрвандони мубталои диабети қанд

  1. Назорати риояи ҳуқуқи шаҳрвандони мубталои диабети қанд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пурзўр шудани назорати ҷамъиятии фаъолияти соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд мусоидат мекунанд.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ   барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори  расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,

№ 527

ШАРИКОН: