Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ»

(АМОҶТ с.2014,№7, қ.2, мод. 420)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ратсионализаториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

фаъолияти ратсионализаторӣ – фаъолияти эҷодии шахси воқеӣ ё гурўҳи шахсон, ки ба мукаммалгардонии молу маҳсулот, техника ва технологияи истеҳсолот равона карда шуда, истифодаи онҳо ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ ва беҳсозии шароити меҳнат ва экология мусоидат менамояд;

пешниҳоди ратсионализаторӣ – таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилӣ дар ҳама гуна соҳаи фаъолият, ки аз тарафи шахси ҳуқуқӣ эътироф шудааст;

муаллифи пешниҳоди ратсионализаторӣ — шахси воқеӣ ё гурўҳи шахсон, ки бо меҳнати эҷодии онҳо пешниҳоди ратсионализаторӣ таҳия шудааст;

ариза дар бораи пешниҳоди ратсионализаторӣ — ифодаи хаттии пешниҳод, ки тибқи талаботи муқарраргардидаи Қонуни мазкур тартиб дода шудааст;

гувоҳномаи  ратсионализаторӣ — ҳуҷҷате, ки афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ, муаллифӣ ба он ва ҳуқуқ ба подоши муаллифро тасдиқ мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Пешниҳоди ратсионализаторӣ

  1. Ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда мешавад:

— таклифи дорои ҳалли техникие, ки мукаммалгардонии конструксияи молу маҳсулот, техникаи истифодашаванда, технологияи истеҳсолот ё таркиби молу маҳсулотро пешбинӣ менамояд ва барои корхонае, ки ба он пешниҳод шудааст, нав ва фоидаовар аст;

— таклифи дорои ҳалли ташкилии барои корхона нав, ки ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ, сўзишворию энергетикӣ, ашёи хом ва дигар захираҳо, инчунин беҳсозии шароити меҳнат ва экология  мусоидат менамояд.

  1. Пешниҳоди ратсионализаторӣ метавонад инфиродӣ ё гурўҳӣ бошад.
  2. Пешниҳоди ратсионализатории инфиродӣ пешниҳоде мебошад, ки аз тарафи як шахси воқеӣ ва пешниҳоди ратсионализатории гурўҳӣ пешниҳоде мебошад, ки аз тарафи ду ё зиёда шахсони воқеӣ таҳия шудааст.
  3. Ба шахси воқеӣ ё гурўҳи шахсон метавонад шумораи номаҳдуди пешниҳодҳои ратсионализаторӣ мансуб бошанд.

Моддаи 4. Ҳифзи ҳуқуқии пешниҳоди ратсионализаторӣ

  1. Ҳуқуқи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар асоси қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва ҳифз гардида, дар ҳудуди корхонае, ки онро ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф намудааст, амал мекунад ва бо гувоҳномаи ратсионализаторӣ тасдиқ карда мешавад.
  2. Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии пешниҳоди ратсионализаторӣ аз рўи тавсифномаи он, инчунин нақшаҳо, агар пешниҳод шуда бошанд, муайян карда мешавад.

Моддаи 5. Шартҳои қобили ҳифз эътироф кардани пешниҳоди ратсионализаторӣ

  1. Пешниҳоди ратсионализаторӣ қобили ҳифз эътироф карда мешавад, агар он барои корхона таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилии наву фоидаовар бошад.
  2. Пешниҳодҳо қобили ҳифз эътироф карда намешаванд, агар:

— эътимодияти истифода ва мустаҳкамии конструксияҳо, амнияти аҳолӣ ва ҳудудро дар ҳолатҳои фавқулода паст намоянд ва ба таъмини беҳдошти ҳолати санитарии кормандон, ҳифзи муҳити зист, бехатарии зиддисўхторӣ, бехатарии меҳнат, инчунин нишондиҳандаҳои дигари стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ мутобиқат накунанд;

— аз аломатҳои шартӣ, қоидаҳо, маводи меъёрию методӣ иборат бошанд;

— танҳо вазифа гузоранд ё самараи эҳтимолии татбиқи пешниҳодҳоро бе нишон додани таклифи мушаххас муайян намоянд;

— ба талаботи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ мухолифат кунанд;

— аз ҷониби кормандони муҳандисиву техникӣ ё илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, конструкторӣ, технологӣ ё зерсохторҳои дигар корхонаҳо дар ҳамин соҳа дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё корҳои шартномавии бо онҳо вобастабуда таҳия шуда бошанд.

  1. Тартиби мансуб донистани пешниҳодҳо ба пешниҳодҳои дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ таҳияшударо корхона муқаррар менамояд.

Моддаи 6. Ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ

  1. Ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ ҳуқуқи шахсии бегонанашавада буда, бемуҳлат ҳифз карда мешавад.
  2. Дар мавриде, ки пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи ду ва ё зиёда шахсони воқеӣ дар якҷоягӣ таҳия шуда бошад, ҳар яке аз онҳо ҳаммуаллифи он ба ҳисоб рафта, дорои ҳуқуқи муаллифӣ оид ба ин пешниҳод мебошанд.
  3. Ҳайати ҳаммуаллифони пешниҳоди ратсионализаторӣ дар асоси созиши ҳамаи шахсоне, ки ба аризаи пешниҳодшаванда ҳамроҳ гардидаанд, муайян карда мешавад. Тағйир додани ҳайати ҳаммуаллифон баъди пешниҳоди ариза манъ аст. Дар ҳолатҳои истисноӣ, агар доир ба ҳуқуқи муаллифӣ баҳс вуҷуд надошта ва қарор оид ба пешниҳод қабул нагардида бошад, масъалаи тағйир додани ҳайати ҳаммуаллифон метавонад аз тарафи корхона баррасӣ шавад.
  4. Тартиби истифодаи ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ дар созишномаи байни ҳаммуаллифон муқаррар карда мешавад.
  5. Шахси воқеие, ки ба муаллиф дар таҳияи ҳамин пешниҳод танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ё моддӣ расонидааст ва ё дар барасмиятдарории ҳуқуқ ба ин пешниҳод ё истифодаи он дар истеҳсолот мусоидат намудааст, ҳаммуаллифи пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф намегардад.
  6. Азхудкунии ҳуқуқи муаллифӣ ё маҷбур кардан ба ҳаммуаллифӣ манъ аст.
  7. Агар пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи якчанд шахсони воқеӣ дар алоҳидагӣ таҳия шуда бошад, ҳуқуқи муаллифӣ ба шахсе дода мешавад, ки санаи воридшавии аризаи ў пештар бошад.
  8. Ҳуқуқҳои муаллифи пешниҳоди ратсионализаторӣ, ки нисбаташ ворисии ҳуқуқӣ татбиқ мегардад, ба меросхўрони ў бо васиятнома ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

Моддаи 7. Истифодаи пешниҳоди ратсионализаторӣ

  1. Пешниҳоди ратсионализатории мансуб ба мукаммалгардонии конструксияи молу маҳсулот, техникаи истифодашаванда, технологияи истеҳсолот ё таркиби молу маҳсулот аз рўзи сохта шудан ва ё истифода дар шакли маҳсулоти сохташуда (татбиқшуда) ҳамчун пешниҳоди истифодашаванда эътироф карда мешавад.
  2. Пешниҳоди ратсионализаторӣ, ки ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ, сўзишворию энергетикӣ, ашёи хом ва дигар захираҳо, инчунин беҳсозии шароити меҳнат ва экология мусоидат менамояд, аз рўзи аввали истифодаи он ҳамчун пешниҳоди истифодашаванда эътироф карда мешавад.
  3. Истифодаи пешниҳоди ратсионализаторӣ бо санади дахлдор, ки на дертар аз як моҳ аз санаи истифодаи пешниҳоди мазкур тартиб дода мешавад, тасдиқ мегардад.

 

 

 

 

 

 

 

БОБИ 2.

БАРАСМИЯТДАРОРИИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФӢ

БА ПЕШНИҲОДИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

 

Моддаи 8. Пешниҳоди ариза

  1. Барои эътироф шудани пешниҳоди ратсионализаторӣ муаллиф ба роҳбарияти корхонае, ки ин пешниҳод ба фаъолияти он алоқаманд аст, аризаи шакли муқарраршуда месупорад.
  2. Ариза доир ба ҳар як таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилӣ дар алоҳидагӣ пешниҳод карда мешавад.
  3. Агар пешниҳод дар якчанд корхона истифода шуданаш мумкин бошад, муаллиф метавонад аризаашро ба роҳбарияти яке аз онҳо пешниҳод намояд. Ҳуқуқи муаллиф ба додани ариза доир ба ҳамон як пешниҳод ба корхонаи дигар дар асоси шартнома байни муаллиф ва роҳбарияти корхонае, ки ба он қаблан ариза ворид шуда буд, танзим мешавад.
  4. Дар ариза номи пешниҳод, маълумот дар бораи муаллиф ё ҳаммуаллифон (насаб, ном ва номи падар, ҷои кор, мансаб) нишон дода мешаванд. Агар ариза аз тарафи шахсе дода шавад, ки дар корхона кор намекунад, дар ариза суроғаи ҷои истиқомат нишон дода мешавад.
  5. Дар ариза оид ба таклифи дорои ҳалли техникӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин нуқсонҳои дар конструксияи таҷҳизот, технологияи истеҳсолот, техникаи истифодашаванда ва ё таркиби молҳо ҷойдошта ва зарурати тағйиру такмили онҳо, моҳияти таклифи дорои ҳалли техникии пешниҳодшаванда барои татбиқи амалии он, ҳамчунин маълумот дар бораи натиҷаи мусбии истифодаи он нишон дода мешаванд.
  6. Дар ариза доир ба таклифи дорои ҳалли ташкилӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин асосноккунии зарурати татбиқи амалии он, моҳияти пешниҳод, маълумот дар бораи фоидаи иқтисодӣ ва ё дигар натиҷаи мусбии истифодаи он нишон дода мешавад.
  7. Дар мавриди зарурӣ ба ариза замима мешаванд:

— маводи ҷадвалӣ (графикӣ) ва ҳуҷҷатҳои дигар (расмҳо, тарҳҳо, ангораҳо);

— ҳисоби эҳтимолияти натиҷагирӣ аз истифодаи таклифи пешниҳодшуда;

— созишномаи ҳаммуаллифон дар бораи тақсими маблағи подош дар байни онҳо.

  1. Ариза ва маводи ба он замимагардида аз тарафи муаллиф ё ҳамаи ҳаммуаллифони дар ариза номбаршуда бояд имзо карда шаванд ва санаи пешниҳодшавии онҳо гузошта шавад.
  2. Маводи дар қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда якҷоя бо ариза дар муҳлати як моҳ ба роҳбарияти корхона пешниҳод карда мешаванд. Агар аризадиҳанда маводи мазкурро дар муҳлати муайяншуда пешниҳод накунад ва ё тамдиди ин муҳлатро дархост нанамояд, баррасии ариза қатъ мегардад.
  3. Ариза ва маводи ба он замимагардида ба забони давлатӣ ба расмият дароварда мешаванд. Мумкин аст онҳо ба забони русӣ ва дигар забонҳо пешниҳод гарданд. Дар ин сурат тарҷумаи онҳо бояд ба забони давлатӣ дар давоми як моҳ аз рўзи додани ариза ба роҳбарияти корхона пешниҳод карда шавад.

Моддаи 9. Бақайдгирии ариза

  1. Ариза новобаста ба ҷои кори аризадиҳанда аз тарафи корхона қабул карда мешавад, агар пешниҳод ба фаъолияти ин корхона мансуб бошад.
  2. Дар хусуси мутобиқати аризаи воридшуда ба талаботи Қонуни мазкур санҷиш гузаронида шуда, он дар муддати панҷ рўз аз санаи воридшавӣ дар дафтари бақайдгирии аризаҳо дар бораи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ба қайд гирифта мешавад.

Моддаи 10. Афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ

  1. Афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ аз рўи санаи ба корхона ворид шудани ариза дар бораи пешниҳоди ратсионализаторӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Афзалият ба муаллифе дода мешавад, ки аввалин шуда бо тартиби муқарраргардида оид ба пешниҳоди мазкур ариза додааст.

Моддаи 11. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маводи ба ариза замимагардида бо ташаббуси аризадиҳанда

  1. Баъди ба қайд гирифтани ариза, аммо то қабули қарор аз рўи он, аризадиҳанда бе тағйир додани моҳияти пешниҳод метавонад ба тавсифи он, нақша ва тарҳу ангораҳо тағйиру иловаҳо ворид намояд. Тағйиру иловаҳо бояд дар варақи алоҳида бо нишон додани санаи пешниҳоди онҳо аз тарафи муаллиф (ҳаммуаллифон) имзо карда шаванд.
  2. Тағйир додани моҳияти пешниҳод ҳамчун пешниҳоди нав маънидод мегардад ва он бояд бо аризаи алоҳида ба расмият дароварда шавад.

Моддаи 12. Хулоса оид ба ариза

  1. Аризаи дар корхона бақайдгирифташуда барои додани хулоса ба зерсохторҳо ва хадамоти дахлдори корхона, ки он ба фаъолияташон бевосита алоқаманд аст, ирсол мегардад.
  2. Дар хулоса мавҷуд будани таклифи дорои ҳалли техникӣ дар пешниҳод тасдиқ ё рад карда шуда, навгонӣ ва фоиданокии он арзёбӣ мегардад. Дар сурате, ки таклиф дорои ҳалли ташкилӣ бошад, навгонӣ ва фоиданокии иқтисодӣ ва ё дигар натиҷаи мусбии истифодаи он арзёбӣ мешавад.

Моддаи 13. Баррасии ариза

  1. Роҳбарияти корхона баъд аз гирифтани хулоса аризаро баррасӣ намуда, оид ба он дар муҳлати як моҳ аз рўзи воридшавиаш қарор қабул мекунад.
  2. Қарор метавонад аз тарафи роҳбари корхона ё аз тарафи роҳбари зерсохтор ва хадамоти дахлдоре, ки бо фармони (амри) роҳбари корхона он ба зиммааш вогузор шудааст, қабул гардад.
  3. Доир ба пешниҳоди арзшуда яке аз қарорҳои зерин қабул карда мешавад:

— пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда шуда, бо муаллиф (ҳаммуаллифон) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома баста шавад;

— санҷиши таҷрибавии пешниҳод гузаронида шавад;

— пешниҳод қисман ратсионализаторӣ эътироф карда шавад;

— пешниҳод рад карда шавад.

  1. Дар мавриди зарурати гузаронидани санҷиши таҷрибавӣ оид ба пешниҳод ва ё гирифтани иҷозат барои тағйири ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё техникии тасдиқшуда муҳлати баррасии ариза, ки дар қисми 1 ҳамин модда муқаррар шудааст, то анҷом додани корҳо (истеҳсоли намуна, озмоиши он) ё гирифтани иҷозат тамдид карда мешавад. Дар бораи қароре, ки баъди ба итмом расидани санҷиши таҷрибавии пешниҳод қабул гардидааст, дар муҳлати як моҳ аз рўзи анҷоми санҷиши таҷрибавии пешниҳод ба муаллиф иттилоъ дода мешавад.
  2. Дар мавриди қисман ратсионализаторӣ эътироф гардидани пешниҳод дар қарор нишон дода мешавад, ки кадом қисми таклифи дорои ҳалли техникӣ ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда шудааст.
  3. Дар қарор оид ба радди пешниҳоди арзшуда бояд сабабҳои рад кардан нишон дода шаванд.
  4. Қарор оид ба пешниҳоди арзшуда дар муҳлати панҷ рўз аз санаи қабули он ба маълумоти муаллиф (ҳаммуаллифон) расонида мешавад.

Моддаи 14. Бозпасгирии ариза

  1. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад аризаашро на дертар аз санаи қабули қарор аз рўи он бозпас гирад.
  2. Дар мавриди мавҷуд будани якчанд аризадиҳанда, ариза метавонад танҳо бо розигии ҳар яке аз онҳо бозпас гирифта шавад.

Моддаи 15. Додани гувоҳномаи ратсионализаторӣ

  1. Дар муҳлати як моҳ аз рўзи қабули қарор дар бораи ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф намудани пешниҳод ба муаллиф ва (ё) ба ҳар яке аз ҳаммуаллифон гувоҳномаи ратсионализаторӣ дода мешавад. Барасмиятдарории гувоҳномаи ратсионализаторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Гувоҳномаи ратсионализаторӣ бо имзои роҳбари корхона ва муҳри он тасдиқ карда мешавад. Гувоҳномаи ратсионализаторӣ ҳуҷҷати бемуҳлат мебошад.
  3. Гувоҳномаи ратсионализатории то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур додашуда бо гувоҳномаи ратсионализатории тибқи ҳамин Қонун додашуда эътибори баробари ҳуқуқӣ дорад.

Моддаи 16. Бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ

Қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар сурати ошкор гардидани риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур танҳо дар ҳолати то ба муаллиф (ҳаммуаллифон) додани подош барои ҳамин пешниҳод метавонад аз тарафи роҳбари корхона бекор карда шавад.

Моддаи 17. Шикоят оид ба радди эътироф ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ

  1. Барои баррасии шикоят оид ба радди эътирофи пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар корхона Комиссияи ҳалли баҳсҳо дар ҳайати намояндагони маъмурият ва шўрои ташкилоти ибтидоии Ҷамъияти ратсионализаторон ё намояндагони иттифоқи касабаи корхона таъсис дода мешавад.
  2. Муаллифи пешниҳод ҳуқуқ дорад оид ба радди эътирофи пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ ва ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар муҳлати ду моҳ аз рўзи қабули қарори мазкур ба Комиссияи ҳалли баҳсҳо шикоят намояд.
  3. Муаллифи пешниҳод ҳуқуқ дорад дар баррасии шикояти худ иштирок намояд.

 

БОБИ 3.

ТАШКИЛ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ

ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

 

Моддаи 18. Ташкили фаъолияти ратсионализаторӣ дар корхона

  1. Корхона бо мақсади ташкили фаъолияти ратсионализаторӣ:

— корҳоро оид ба фаъолияти ратсионализаторӣ ташкил карда, ба таъсис додани ташкилоти ибтидоии Ҷамъияти ратсионализаторон мусоидат менамояд;

— барои рушди фаъолияти ратсионализаторӣ шароит фароҳам меорад;

— аризаҳоро оид ба пешниҳодҳои ратсионализаторие, ки ба фаъолияти он вобаста аст, қабул ва баррасӣ менамояд;

— номгўйи вазифаҳоеро, ки ҳалли онҳо тавсия мешавад, таҳия менамояд;

— озмунҳо ва дигар чорабиниҳоро мегузаронад;

— бо тартиби муқарраргардида ба ратсионализаторон подош ва барои мусоидат дар истифодаи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ мукофотпулӣ медиҳад;

— Комиссияи ҳалли баҳсҳоро таъсис медиҳад;

— бо тартиби муқарраргардида баҳисобгирӣ ва ҳисоботро оид ба истифодаи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ пеш мебарад.

  1. Корхона метавонад низомнома дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ ва тартиби баррасии аризаҳоро оид ба пешниҳодҳои ратсионализаторӣ таҳия ва тасдиқ намояд.

Моддаи 19. Маблағгузории фаъолияти ратсионализаторӣ

  1. Хароҷот вобаста ба фаъолияти ратсионализаторӣ ба арзиши аслии маҳсулоти корхона мансуб буда, аз ҷумла хароҷоти зеринро дар бар мегирад:

— барои гузаронидани корҳои таҷрибавию озмоишӣ;

— барои тайёр кардан ва санҷидани тамсилаву (моделу) намунаҳо аз рўи пешниҳоди ратсионализаторӣ;

— ташкили намоишгоҳу озмунҳо ва чорабиниҳои дигар;

— пардохти подош барои пешниҳодҳои ратсионализаторӣ.

  1. Ташкилотҳои буҷетӣ маблағгузории фаъолияти ратсионализаториро аз ҳисоби сарфаи маблағҳое, ки аз дигар намудҳои фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меоянд, амалӣ менамоянд.

Моддаи 20. Ҷамъияти ратсионализаторони Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Бо мақсади рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ратсионализаторӣ Ҷамъияти ратсионализаторони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
  2. Ҷамъияти ратсионализаторон назорати ҷамъиятии риояи ҳуқуқҳои муаллифони пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳоро амалӣ менамояд.

БОБИ 4.

ПОДОШ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

 

Моддаи 21. Ҳуқуқ ба подош

  1. Муаллифи (ҳаммуаллифони) пешниҳоди ратсионализаторӣ ҳуқуқи гирифтани подошро дорад.
  2. Подош аз тарафи корхонае, ки пешниҳоди ратсионализаториро эътироф намудааст, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) дар ҳолатҳои зерин пардохт карда мешавад:

— пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи корхона истифода (татбиқ) шудааст;

— ҳамчун пешпардохт дар мавриде, ки пешниҳод, ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда шудааст;

— пешниҳоди ратсионализаторӣ ба ҳуҷҷатҳои техникии дар асоси шартнома ба корхонаи дигар додашуда ворид карда шудааст.

Моддаи 22. Андозаи подош

  1. Андозаи подош барои пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи корхона дар мувофиқа бо муаллиф (ҳаммуаллифон) муайян карда шуда, дар шартномаи байни онҳо басташуда дарҷ мегардад.
  2. Агар пешниҳоди муаллиф (ҳаммуаллифон) дар якчанд корхона ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф шуда бошад, ҳар яке аз ин корхонаҳо новобаста ба дигарҳо, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) подош медиҳад.

Моддаи 23. Ҳавасмандгардонии давлатии фаъолияти ратсионализаторӣ

Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст муаллифи (ҳаммуаллифони) пешниҳоди ратсионализаторӣ ба гирифтани мукофоти давлатӣ, унвони фахрӣ ва дигар мукофотҳо пешниҳод карда шаванд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 24. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти ратсионализаторӣ дар Комиссияи ҳалли баҳсҳо ё бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 25. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ратсионализаторӣ истифода мебаранд.

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014

№1123

ШАРИКОН: