Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»

(АМОҶТ  с.2011, №3, мод.155; с.2014, №7,ч.1, мод.387)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки бо амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, системаи кафолатҳои қонуният, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ — намуди фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё ғайриошкоро аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар доираи салоҳияти худ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ амалӣ карда мешавад;

— мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ — воҳидҳои оперативии мақомоти давлатии тибқи қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур ваколатдор, ки дар доираи салоҳияти худ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро амалӣ менамоянд;

— прокурори ваколатдор – прокуроре, ки дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва санҷиши қонунӣ будани қарорҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро оид ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дорад;

чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ — системаи чораҳои муқаррар-намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ошкоро ё ғайриошкоро аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ татбиқ мегардад;

— пурсиши оперативӣ — ҷамъоварии маълумоти воқеӣ аз суханони шахси пурсидашаванда, ки ҳақиқатан ё эҳтимолан дорои чунин маълумот мебошад ва он барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ аҳамият дорад;

— ҷамъоварии маълумот — гирифтани иттилооте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ муҳиманд тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки чунин маълумотро дорад ё мумкин дошта бошад, ҳамчунин дастрас намудани он тавассути шиносшавии бевосита бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз он ҷумла, аз манбаъҳои маълумоти оперативӣ, криминалистӣ ва дигар манбаъҳои маълумотии (баҳисобгирии) системаи иттилоотӣ ва аз дигар сарчашмаҳо;

— ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ — дарёфт намудан, гирифтан ва нигоҳ доштани (консерватсияи) сарчашмаҳои моддии иттилооте, ки дар худ изҳои ҷиноят ё изҳои шахси ҷиноят содирнамударо доранд, ҳамчунин ашёе, ки ба сифати объекти ҷиноят хизмат кардаанд ё метавонанд чун воситаи муайян намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок ва шахсони ба он дахлдошта хизмат намоянд бо мақсади муқоиса намудани онҳо бо мавод ё ашёи ҳаммонанде, ки дар шахсони таҳти омўзиш қарордошта мавҷуданд, барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ;

— ҷустуҷўи шахсӣ — шакли татбиқи усулҳо ва маҷмўи ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки бевосита аз тарафи корманди мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади дарёфти маълумоти муҳими оперативӣ ва ҳалли вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронида мешаванд;

— харидории санҷишии оперативӣ – аз ҷониби мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба вуҷуд овардани вазъияте, ки дар он таҳти назоратбарии оперативӣ аз шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят асоснок гумонбар шудааст, мол, ашё ё хизматрасонӣ бе мақсади истеъмол, ба соҳибияти каси дигар додан ё истифодаи онҳо, инчунин бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи эҳтимолияти фаъолияти ҷиноятӣ ва барои ҳалли дигар вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ музднок ба даст оварда мешаванд; (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

— таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигар — омўзиши ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигаре, ки дар худ изҳои ҷиноятро нигоҳ доштаанд ё метавонистанд нигоҳ доранд, олоти содир кардани ҷиноят ва ё натиҷаи фаъолияти ҷиноятӣ ба ҳисоб рафтаанд ё метавонистанд ба ҳисоб раванд бо мақсади ошкор намудани изҳо ва олотҳои содир кардани ҷиноят ва натиҷаҳои фаъолияти ҷиноятӣ;

— мушоҳидаи оперативӣ – бо таври босиравӣ (визуалӣ) ё тарзи дигар дарк кардан ва ба қайд гирифтани зуҳурот, ҳодисаҳо, кирдорҳо, воқеаҳо ва равандҳое, ки барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ муҳиманд;

— ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва объектҳои дигар — муқарраркунӣ ва айнияткунонии шахс ва объектҳои дигар аз рўи нишонаҳои фардикунонандаи онҳо, ки аз ҷиҳати статикӣ ва динамикӣ тағйирнопазиранд, ҳамчунин бо истифодаи дигар роҳҳое, ки бо дараҷаи кофии эҳтимолият шинохтани шахсият ва дигар объектро имкон медиҳанд;

— муоинаи оперативии манзил, ҳуҷраҳо,  биноҳо,  иншоот, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт — ворид шудан ва азназаргузаронии объектҳои номбаршуда бо мақсади дарёфт намудани изҳои ҷиноят, олотҳои содиркунии ҷиноят, дигар ашё, моддаҳо ё ҳуҷҷатҳое, ки эҳтимол ба содир шудани ҷиноят муносибат доранд, ҳамчунин барои ҳалли дигар вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ;

— назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар – омўзиши мукотиботи хаттӣ ва дигар мукотиботе, ки дар ҳомилҳои моддӣ сабт шудаанд, бо мақсади дарёфт намудани маълумот дар бораи фаъолияти ҷиноятии шахси таҳти омўзиш қарордошта, ошкор намудани алоқаҳои ў ва дастрас намудани дигар маълумоте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат мекунанд;

— гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ ва сабти онҳо — тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан ва сабт кардани иттилооти акустикии ба воситаи хати алоқаи телефонӣ ё иттилооти яктарафа интиқолшаванда бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи фаъолияти ҷиноятии шахси таҳти омўзиш қарордошта, ошкор намудани алоқаҳои ў ва дастрас намудани дигар маълумоте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат менамоянд;

— муҳити ҷиноятӣ – муҳите, ки дар он шахси ҷиноятро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда қарор дорад, аз ҷумла гурўҳи ҷиноятӣ, гурўҳи муташаккил ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ); (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

— гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа — тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан, тасҳеҳ ва сабт кардани намудҳои гуногуни сигналҳо, ки бо ҳар гуна каналҳои техникии алоқа пахш мегарданд, барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ;

— воридсозии оперативӣ — ба муҳити  ҷиноятӣ ворид намудани корманди мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва ё шахсе, ки барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба таври махфиёна ба ў мусоидат мекунад; (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

— таҳвили назоратшаванда — аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ назорат бурдани ҷойивазкунии молҳо, воситаҳо, моддаҳо ё ашё, пеш аз ҳама молҳо, воситаҳо, моддаҳо ва ашёе, ки муомилоти озоди онҳо манъ аст ё гардиши онҳо маҳдуд аст, ҳамчунин ашёе, ки бо роҳҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд ё дар худ изҳои ҷиноятро доранд ва ё олот ё воситаи содир намудани ҷиноят бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ;

— эксперименти оперативӣ — ташкил намудани муҳити сунъии ҳарчи бештар ба воқеият наздик бо мақсади ба вуқўъ овардани воқеаи муайян ё айнан такрор кардани воқеа ё гузаронидани озмоиши муайян дар шароитҳои пурра идорашаванда ва таҳти назоратбарии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, бо ҷалб намудани шахсе, ки дар бораи фаъолияти зиддиҳуқуқиаш маълумот мавҷуд аст, бе хабардор намудани ў ҷиҳати иштирок дар эксперименти оперативӣ бо мақсади тасдиқи содир намудани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ аз ҷониби ин шахс ва ҳамчунин огоҳкунӣ, ошкорнамоӣ, пешгирӣ ва кушодани ҷиноят ба муқобили моликият, тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин ё ҷиноятҳое, ки метавонанд ба амнияти миллӣ зарар расонанд;

— таъсиси шахси ҳуқуқӣ — ташкили корхона ва ё ташкилот (ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ширкатҳои хусусӣ, намояндагӣ, филиалҳо ва ғайра) бо мақсади мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва ҳалли дигар вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

Вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз инҳо иборатанд:

1) ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо, ҳамчунин ошкор ва муайян намудани шахсони ин ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда;

2) ҷустуҷўи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, ҳамчунин ҷустуҷўи шахсони бедарак гумшуда;

3) ба даст овардани маълумот дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд;

4) муайян намудани номгўй ва ҷойи молу мулки аз ҷониби суд мусодирашаванда;

5) таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

 

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба принсипҳои қонуният, инсондўстӣ, баробарӣ дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пинҳонкорӣ, ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро асос меёбад.

 

Моддаи 5. Кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ танҳо барои ноил шудан ба ҳадаф ва иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ риояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, дахлнопазирии манзил ва маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсӣ таъмин менамояд.
  2. Агар шахс чунин шуморад, ки ҳаракати мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ боиси вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои ў гардидааст, ҳуқуқ дорад нисбати ин ҳаракатҳо ба мақомоти болоии амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, прокурор ва ё суд (судя) шикоят кунад.
  3. Шахсе, ки гуноҳи ў дар содир намудани ҷиноят мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун исбот нашудааст, яъне нисбати ў оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст ва ё бо сабаби мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят ё бинобар дар кирдори ў мавҷуд набудани таркиби ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст ва ў далелҳое дорад, ки нисбаташ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронида шудаанд ва чунин шуморад, ки дар ин ҳолат ҳуқуқҳояш вайрон карда шудаанд, ҳуқуқ дорад аз мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ маълумоти дар борааш бадастомадаро дар он ҳадде, ки талаботи пинҳонкорӣ иҷозат медиҳад ва ифшои сирри давлатиро истисно менамояд, талаб кунад. Агар талаби ў дар бораи додани маълумоти дархосткардааш рад карда шавад ё агар шахси мазкур пиндорад, ки маълумот дар ҳаҷми пурра ба вай дода нашудааст, метавонад тибқи тартиби муайяннамудаи қонун ба мақомоти болоии амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, прокурор, суд (судя) шикоят кунад. Дар ҷараёни баррасии шикоят дар суд вазифаи исботи асоснокии радди пешниҳоди маълумот ба ин шахс, аз он ҷумла, дар ҳаҷми пурра, ба зиммаи мақомоти дахлдори амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузошта мешавад.
  4. Бо мақсади таъмини баррасии пурра ва ҳаматарафаи шикоят бо талаби прокурори ваколатдор ё судяи ба он ваколатдодашуда мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ўҳдадор аст ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматии дорои иттилоот дар бораи маълумоте, ки барои пешниҳод намудани онҳо ба аризадиҳанда рад карда шудааст, диҳанд, ба истиснои маълумот оид ба шахсоне, ки ба муҳити ҷиноятӣ ворид карда шудаанд, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва шахсоне, ки ба таври махфиёна ба онҳо мусоидат мекунанд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  5. Дар ҳолати беасос эътироф намудани қарори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ оид ба радди пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ ба аризадиҳанда, прокурор ё судя метавонад мақоми зикршударо вазифадор созад, ки ба аризадиҳанда маълумоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикршударо пешниҳод намояд.
  6. Маводи дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бадастомада нисбати шахсоне, ки гуноҳи онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар содир кардани ҷиноят исбот нашудааст, дар муддати шаш моҳ баъд аз лаҳзаи қабули қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, нигоҳ дошта, сипас нобуд карда мешаванд, агар манфиатҳои хизматӣ ё адолати судӣ тартиби дигарро талаб накунанд. Фонограмма ва маводи дигари дар натиҷаи гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ ва гуфтугузорҳои дигар бадастомадаи шахсоне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст, дар давоми шаш моҳ аз лаҳзаи қатъ гардидани гўш кардан нобуд карда мешаванд ва дар ин хусус протоколи дахлдор тартиб дода мешавад. Суди (судяи) дахлдор се моҳ пеш аз нобуд кардани маводе, ки натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-чустуҷўиро инъикос менамоянд ва ин чорабиниҳо дар асоси қарори он гузаронида шудаанд, хабардор карда мешавад.
  7. Ба мақомоти (шахсони мансабдори) амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ амалҳои зерин манъ аст:

1) гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба манфиати ягон ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла динӣ;

2) иштироки ғайриошкоро дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷумла динии бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифташуда ва манънашуда бо мақсади таъсир расонидан ба фаъолияти онҳо;

3) бе розигии шаҳрвандон ифшо намудани маълумоти мансуб ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, шаъну шараф ва дигар манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ маълум гардидаанд, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

4) ба таври бевосита ё бавосита таҳрик кардан, моил сохтан ва ё водор намудан ба содир кардани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ (иғво);

5) сохтакории натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ.

  1. Дар сурати аз тарафи мақомоти (шахси мансабдори) амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ вайрон намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мақомоти (шахси мансабдори) болоии амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, прокурор ё суд (судя) вазифадоранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани ин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ ва (ё) ҷуброни зарари расонидашуда чораҳо андешанд.
  2. Аз ҷониби кормандони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
  3. Ҳангоми бо қарори прокурор, суд (судя) норозӣ будани шахс ё мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, аз он ҷумла, аз рўи ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 8 ва 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, онҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба қарори прокурор, суд (судя) ба прокурори болоӣ ва ё суди болоӣ шикоят намоянд.

БОБИ 2.

ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶЎӢ

 

Моддаи 6. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ чорабиниҳои зерини оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронида мешаванд:

1) пурсиши оперативӣ;

2) ҷамъоварии маълумот;

3) ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ;

4) ҷустуҷўи шахсӣ;

5) харидории санҷишии оперативӣ;

6) таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигар;

7) мушоҳидаи оперативӣ;

8) ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва объектҳои дигар;

9) муоинаи оперативии манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо, иншоот, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт;

10) назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар;

11) гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ ва сабти онҳо;

12) гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа;

13) воридсозии оперативӣ;

14) таҳвили назоратшаванда;

15) эксперименти оперативӣ;

16) таъсиси шахси ҳуқуқӣ.

  1. Ба номгўи зикршудаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ танҳо тавассути қонун тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
  2. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар қатори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўие, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷўии зерин истифода бурда мешаванд: муҳосира, камингирӣ, ғасб, думболагирӣ ва тасфияи маҳал, ки барои пешгирии ҷиноятҳо ва (ё) дастгир намудани шахси ҷиноятро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда равона карда шудаанд.
  3. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои бо Қонуни мазкур муайяншуда метавонанд корхонаи ривоятбандишударо дар шакли шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагии онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
  4. Дар рафти амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз системаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, кино, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар намерасонанд, истифода мешавад.
  5. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ вобаста ба назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар, гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ бо роҳи васл шудан ба дастгоҳҳои шабакаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасонӣ ва воситаҳои алоқаро пешкаш мекунанд, барои гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа бо истифодаи қувва ва воситаҳои оперативӣ-техникии мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, назорати маводи нашъаовар ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ ва (ё) созишномаҳо байни мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  6. Шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ вазифаҳои марбут ба онро бо роҳи иштироки шахсӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо истифодаи кўмаки шахсони мансабдор ва мутахассисоне, ки дорои донишҳои илмӣ, техникӣ ва дигар донишҳои махсус мебошанд ва ҳамчунин, шаҳрвандони алоҳида бо розигии онҳо ба таври ошкоро ва ғайриошкоро ҳал менамоянд.
  7. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки тибқи Қонуни мазкур ваколатдор нестанд, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва истифодаи воситаҳои махсус ва воситаҳои дигари техникии барои гирифтани иттилооти ғайриошкоро таъиншуда (коркардшуда, мутобиқшуда, барномарезишуда) манъ аст.
  8. Иҷозатномадиҳӣ оид ба коркард, истеҳсол, ба соҳибияти каси дигар додан, соҳиб шудан ба воситаҳои махсуси техникии барои гирифтани иттилооти ғайриошкоро таъиншуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  9. Номгўи намудҳои воситаҳои махсуси техникие, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ таъин гардидаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 7. Асосҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Асосҳо барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ инҳоянд:

1) мавҷуд будани парвандаи ҷиноятии оғозшуда;

2) ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ маълум гардидани маълумот дар бораи:

— аломатҳои кирдори ҷиноятии тайёршаванда, содиршаванда ё содиршуда, ҳамчунин дар бораи шахсоне, ки онро тайёр ё содир мекунанд ё содир кардаанд, агар барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ асосҳои кофӣ мавҷуд набошанд;

— ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд;

— шахсоне, ки аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳон мешаванд ё аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашӣ мекунанд;

— шахсони бедарак гумшуда ва ёфт шудани ҷасадҳои шинохтанашуда;

3) супориши мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ё таъиноти суд (судя) аз рўи парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурди онҳо қарордошта;

4) дархости мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мутобиқи асосҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда;

5) қарор дар бораи татбиқи чораҳои амниятӣ нисбати шахсони ҳифзшаванда, ки аз ҷониби мақомоти давлатии ба он ваколатдоршуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд;

6) дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ё созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳамчунин ҳуқуқ доранд дар доираи ваколатҳои худ маълумотҳоеро ҷамъоварӣ намоянд, ки ҷиҳати қабули қарорҳои зерин заруранд:

1) дар бораи иҷозат додан ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд;

2) дар бораи иҷозат додан ба корҳое, ки бо истифодабарии объектҳои барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳамчунин муҳити зист хатари зиёддошта алоқаманд мебошанд;

3) дар бораи иҷозат додан барои иштирок дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва ё додани рухсат барои дастрасӣ ба маводе, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани он ба даст оварда шудаанд;

4) дар бораи муқаррар намудан ё нигоҳ доштани муносибатҳои ҳамкорӣ бо шахс ҳангоми тайёр кардан ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ;

5) дар бораи таъмини амнияти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ;

6) дар бораи иҷозат додан ба фаъолияти хусусии детективӣ ва муҳофизавӣ.

 

Моддаи 8. Шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, мансаби шахс, ҳамчунин мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ наметавонанд барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ нисбат ба ў дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
  2. Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро ба маҳрамияти мукотиба, гуфтугўҳои телефонӣ, муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, ҳамчунин ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро маҳдуд мекунанд, тибқи қарори асосноки мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо дархости прокурори ваколатдор ва иҷозати судяи ба он ваколатдодашуда ва дар сурати мавҷуд будани маълумоти зерин роҳ дода мешавад:

1) дар бораи аломатҳои кирдори ҷиноятии тайёршаванда, содиршаванда ё содиршуда, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист;

2) дар бораи шахсони кирдори ҷиноятиро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист;

3) дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд.

  1. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки мумкин аст боиси содир шудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин гарданд, ҳамчунин дар мавриди мавҷуд будани маълумот дар бораи ҳодисаҳо ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўии пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур бо ҳатман ба таври хаттӣ хабардор намудани прокурори ваколатдор ва судяи дахлдор дар давоми 24 соат иҷозат дода мешавад. Дар давоми 48 соат аз лаҳзаи оғози гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ мақомоти амаликунандаи он ўҳдадор аст дар бораи гузаронидани чунин чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо тартиби дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида қарори судяи ба он ваколатдодашударо гирад ё гузаронидани онро қатъ намояд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  2. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шахсони алоҳида, мувофиқи ариза ва ё розигии хаттии онҳо иҷозат дода мешавад, ки гуфтугўҳои тавассути телефонҳои онҳо бурдашаванда дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ гўш карда, сабт шаванд ва оид ба он ҳатман дар давоми 24 соат ба таври хаттӣ ба прокурори ваколатдор ва суди (судяи) дахлдор хабар дода шавад.
  3. Гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ ва гуфтугузорҳои дигар танҳо нисбати шахсоне раво дида мешавад, ки дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин гумонбар ё айбдор шудаанд, ҳамчунин нисбати шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои мазкур метавонанд маълумот дошта бошанд. Фонограммаҳое, ки дар натиҷаи гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ ва ё гуфтугузорҳои дигар ба даст омадаанд, дар шакли мўҳршуда, дар шароите ки имконияти аз ҷониби шахсони бегона гўш кардан ва нусхабардории онҳоро истисно мекунад, нигоҳ дошта мешаванд.
  4. Ҳангоми оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки гуфтугўҳои телефонӣ ва гуфтугузорҳои дигари ў мутобиқи Қонуни мазкур гўш карда мешаванд, фонограмма, сабти гуфтугўҳо ва дигар гуфтугузорҳо ба муфаттиш барои ҳамроҳ кардан ба парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳои шайъӣ дода ё фиристода мешаванд. Тартиби минбаъдаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  5. Харидории санҷишии оперативӣ ва (ё) таҳвили назоратшавандаи ашё, мавод ва маҳсулоте, ки муомилоти озоди онҳо манъ аст ё гардиши онҳо маҳдуд аст, ҳамчунин эксперименти оперативӣ ё воридсозии оперативии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин шахсоне, ки ба онҳо мусоидат мекунанд, дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронида мешавад.
  6. Гузаронидани эксперименти оперативӣ танҳо бо мақсади ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин, ҳамчунин бо мақсади ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда иҷозат дода мешавад.
  7. Воридсозии оперативии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ба истиснои кормандони штатии ғайриошкоро, танҳо бо иҷозати роҳбарони мақомоте, ки дар қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, сурат мегирад.
  8. Таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси қарори тасдиқнамудаи яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо тартиби муайяннамудаи санади меъёрии ҳуқуқии идоравӣ амалӣ мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  9. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар асосҳои пешбининамудаи бандҳои 1), 2), 3), 4) ва 6) қисми 2 моддаи 7 Қонуни мазкур гузаронидани чорабиниҳои дар бандҳои 9), 10), 11) ва 12) қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур нишондодашуда манъ аст.
  10. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўие, ки амнияти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро таъмин менамоянд, мутобиқи Қонуни мазкур ва танҳо дар доираи ваколатҳои ин мақомот гузаронида мешаванд. Аз рўи асосҳои пешбининамудаи банди 5) қисми 2 моддаи 7 Қонуни мазкур гузаронидани чорабиниҳои дар бандҳои 9), 10), 11) ва 12) қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур нишондодашуда дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии шаҳрванд бе қарори судя мумкин аст.

 

Моддаи 9. Асосҳо ва тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба маҳрамияти мукотиба, гуфтугўҳои телефонӣ, муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, дахлнопазирии манзил ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби прокурори ваколатдор, судяи ба он ваколатдодашуда, чун қоида, дар ҷои гузаронидани чунин чорабиниҳо ё дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоте, ки гузаронидани онҳоро дархост намудааст, сурат мегирад. Маводи номбурдаро прокурори ваколатдор, судяи ба он ваколатдодашуда бе иштироки котиб, шахсан ва фавран баррасӣ менамоянд. Прокурори ваколатдор, судяи ба он ваколатдодашуда ҳуқуқ надоранд, ки баррасии чунин маводро дар ҳолати пешниҳод гардидан рад намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  2. Асос барои аз ҷониби судяи ба он ваколатдодашуда ҳал намудани масъалаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи шаҳрвандонро маҳдуд мегардонад, қарори асосноки аз ҷониби яке аз роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ тасдиқшуда ва дархости прокурори ваколатдор мебошад. Номгўи категорияи роҳбаронеро, ки дар қисми 7 моддаи 8 ва моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ муқаррар менамоянд.
  3. Бо талаби судяи ба он ваколатдодашуда мумкин аст ба ў ҳамчунин маводи дигаре, ки ба асосҳои гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ дахл доранд, ба истиснои маълумот дар бораи шахсони ба муҳити ҷиноятӣ воридкардашуда, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва дар бораи шахсоне, ки ба таври махфиёна ба онҳо мусоидат менамоянд, дар бораи ташкил ва тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ пешниҳод карда шаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  4. Аз рўи натиҷаҳои баррасии маводи пешниҳодшуда судяи ба он ваколатдодашуда гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўии дахлдорро, ки он ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи шаҳрвандонро маҳдуд мегардонад, иҷозат медиҳад ё гузаронидани онро рад мекунад ва дар ин бора қарори асоснок мебарорад. Қарори бо мўҳр тасдиқгардида, дар як вақт бо баргардонидани маводи пешниҳодшуда ба ташаббускори гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ супорида мешавад.
  5. Мўҳлати амали қарори қабулкардаи судя аз рўзи баровардани он бо шабонарўз ҳисоб карда мешавад ва аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад, агар дар худи қарор мўҳлати дигар нишон дода нашуда бошад. Дар ин ҳолат ҷараёни мўҳлат қатъ намегардад. Дар сурати зарурати тамдиди мўҳлати амали қарор судяи ба он ваколатдодашуда дар асоси маводи аз сари нав пешниҳодшуда қарори нав қабул менамояд.
  6. Дар сурати аз ҷониби судя рад намудани гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўие, ки ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи шаҳрвандонро маҳдуд мекунад, прокурори ваколатдор, мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳуқуқ доранд доир ба ҳамин масъала ба суди болоӣ муроҷиат намояд.
  7. Шахсони мутасаддии мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокуратура ва судӣ барои ҳифзи маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматии пешниҳодшуда мавҷуданд, шароит фароҳам меоваранд ва барои гум кардан ё ифшо намудани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

 

Моддаи 10. Таъмини иттилоотӣ ва ҳуҷҷатноккунии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои тибқи Қонуни мазкур ба зиммаашон гузошташуда, ҷамъоварӣ ва мураттабсозии маълумот метавонанд системаҳои иттилоотӣ барпо намуда, онҳоро истифода баранд, ҳамчунин парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ оғоз намоянд.
  2. Дар сурати мавҷуд будани асосҳое, ки дар бандҳои 1), 2), 3), 4), 5) ва 6) қисми 1 моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо мақсади ҷамъоварӣ ва мураттабсозии маълумотҳо, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин дар асоси онҳо аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ қабул кардани қарорҳои дахлдор парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ оғоз карда мешаванд.
  3. Оғоз намудани парвандаи баҳисобгирии оперативӣ барои маҳдуд гардонидани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ, ҳамчунин манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд асос шуда наметавонад.
  4. Парвандаи баҳисобгирии оперативӣ дар сурати ҳал шудани вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки дар моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин муқаррар кардани ҳолатҳое, ки дар бораи воқеан имконнопазир будани ҳалли ин вазифаҳо гувоҳӣ медиҳанд, қатъ карда мешавад.
  5. Номгўи парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ ва тартиби пеш бурдани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Истифодабарии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро барои тайёр ва амалӣ гардонидани ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судӣ, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷиҳати ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо, ошкор ва муайян намудани шахсони тайёркунанда, содиркунанда ё содиркардаи онҳо, ҳамчунин барои ҷустуҷўи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз адои ҷазо саркашинамуда, бедарак гумшуда ва муайян намудани молу мулки мусодирашаванда истифода бурдан мумкин аст.
  2. Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мумкин аст ба сифати асос барои оғози парвандаи ҷиноятӣ хизмат намоянд, ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ё суде (судяе), ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди ў қарор дорад, пешниҳод гарданд, ҳамчунин барои исботи марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шаванд.
  3. Пешниҳоди натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ё суд (судя) дар асоси қарори роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  4. Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ нисбати шахсони дар бандҳои 1), 2), 3), 4) ва 6) қисми 2 моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинишуда барои ҳалли масъалаҳо оид ба додани иҷозат ба намудҳои фаъолияти нишондодашуда ба назар гирифта мешаванд.
  5. Ҳангоми дар парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳо истифода намудани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ метавонанд дар хусуси аслӣ будани онҳо, пайдоиш ва ҳолатҳои ба даст овардани ин маълумотҳо пурсиш карда шаванд. Дар ин маврид шахсоне, ки ба муҳити ҷиноятӣ ворид карда шудаанд ва кормандони штатии ғайриошкоро метавонанд фақат бо розигии хаттии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, пурсиш карда шаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  6. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро ба давлатҳои дигар ройгон пешниҳод менамоянд.
  7. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки дар ҳудуди як давлат оғоз шуда, дар ҳудуди давлати дигар идома ёфтааст ё ба итмом расидааст, қонунӣ эътироф карда мешаванд, агар онҳо бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошанд. Натиҷаҳои ин фаъолият бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 12. Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Маълумот дар бораи қувваҳо, воситаҳо, манбаъҳо, усулҳо ва нақшаҳои ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўии ғайриошкоро истифодашаванда ё истифодашуда ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, маълумот дар бораи шахсони ба муҳити ҷиноятӣ воридкардашуда, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва дар бораи шахсони ба онҳо ба таври махфиёна мусоидаткунанда, ҳамчунин маълумот дар бораи ташкил ва тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ сирри давлатӣ ҳисоб меёбанд ва ғайримахфигардонии онҳо танҳо дар асоси қарори аз ҷониби роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ тасдиқшуда метавонад сурат гирад. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  2. Ошкор кардани маълумот дар бораи шахсони ба муҳити ҷиноятӣ воридкардашуда, дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва ҳамчунин дар бораи шахсоне, ки ба онҳо ба таври махфиёна мусоидат мекунанд ё мусоидат кардаанд, фақат бо розигии хаттии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  3. Қарори судя дар хусуси гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва маводе, ки барои қабули чунин қарор асос гардидаанд, танҳо дар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ маҳфуз дошта мешаванд.
  4. Ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро инъикос менамоянд, ба суд (судя), прокуроре, ки риояи қонуниятро дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ назорат мекунад, ҳамчунин ба мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш, ки дар пешбурдашон парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд аст, ба мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

 

БОБИ 3.

МАҚОМОТИ АМАЛИКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶЎӢ

 

Моддаи 13. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-    ҷустуҷўӣ

  1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба воҳидҳои оперативии зерин дода мешавад:

1) мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) мақомоти мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) мақомоти назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8) мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба номгўи мазкури мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ танҳо тавассути қонун тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Роҳбарони мақомоти мазкур номгўи воҳидҳои оперативиеро, ки ҳуқуқ доранд фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро амалӣ гардонанд, ваколат, сохтор ва ташкили кори онҳоро муайян менамоянд.
  2. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ вазифаҳои муайянкардаи Қонуни мазкурро танҳо дар доираи ваколатҳои худ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд, иҷро менамоянд.
  3. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро қабул менамоянд, ки тартиб, ташкил ва тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, амалиёти маҷмўӣ, амалиёти махсус ва чорабиниҳои махсусро ба танзим медароранд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  4. Воҳидҳои оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳуқуқ доранд дар якҷоягӣ бо кормандони мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронанд.

 

Моддаи 14. Ўҳдадориҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

Ҳангоми ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўии дар Қонуни мазкур муайяншуда мақомоти барои амалӣ намудани он ваколатдор ўҳдадоранд:

1) дар доираи ваколатҳои худ барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, моликият, ҳамчунин барои таъмини амнияти ҷамъият ва давлат тамоми чораҳои заруриро андешанд;

2) дар доираи ваколатҳои худ супоришҳои хаттии мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва қарори судро (судяро) оид ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятие, ки дар пешбурди онҳо қарор доранд, иҷро намоянд;

3) дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси дахлдори давлатҳои хориҷиро иҷро намоянд;

4) ба мақомоти дигаре, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро амалӣ мегардонанд, оид ба фаъолияти зиддиҳуқуқии ба онҳо маълумшуда, ки ба ваколати ин мақомот мансубанд, хабар диҳанд ва ба онҳо кўмаки зарурӣ расонанд;

5) қоидаҳои пинҳонкориро (конспиратсияро) ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ риоя намоянд;

6) барои таъмини амният ва маҳфуз доштани молу мулки кормандони худ, шахсони ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидаткунанда, иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва ҳамчунин хешовандони наздики онҳо аз таҷовузҳои ҷиноятӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

 

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Ҳангоми ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мақомоти амаликунандаи он ҳуқуқ доранд:

1) чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўии дар моддаи 6 Қонуни мазкур номбаршударо ошкоро ва ғайриошкоро гузаронанд, ҳангоми гузаронидани онҳо ҳуҷҷатҳо, ашё, мавод ва иттилоот ба даст оваранд, ҳамчунин дар сурати ба миён омадани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ва саломатии шахс, инчунин таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии алоқаро қатъ намоянд;

2) муносибатҳои ҳамкории ройгон ё пулакиро бо шахсоне, ки хоҳиши ба таври махфиёна ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат карданро изҳор намудаанд, ба роҳ монанд;

3) дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ мутобиқи шартнома ва ё мувофиқаи шифоҳӣ биноҳои хизматӣ, молу мулки корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва ҳамчунин биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, воситаҳои нақлиёт ва молу мулки дигари шахсони алоҳидаро истифода баранд;

4) бо мақсади пинҳонкорӣ ҳуҷҷатҳои рамзбандикунандаи шахсияти шахсони мансабдор, мансубияти идоравии корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, воҳидҳо, биноҳо ва воситаҳои нақлиёти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, мансубияти моликият, ҳамчунин шахсияти шаҳрвандони ба онҳо ба таври махфиёна мусоидаткунанда ва шахсияти коркардшавандаро истифода баранд; (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

5) дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ таҳияи нақша ва гузаронидани амалиёти маҷмўӣ ва махсусро оид ба безараргардонии ҷинояткорон ба роҳ монанд.

  1. Иҷрои талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо чунин талабот пешниҳод шудааст, ҳатмӣ буда, монеъ шудан ба татбиқи он манъ аст.

 

Моддаи 16. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Ба шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони он мақомоте, ки ба штати он ин шахсон шомиланд, паҳн мегарданд.
  2. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба ҳаракатҳои қонунии шахсони мансабдор ва мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дахолат намояд, ба истиснои шахсоне, ки бевосита тибқи қонун чунин ваколатро доранд.
  3. Шахси мансабдоре, ки барои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ваколат дорад, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ танҳо ба сардори бевосита ва мустақими худ итоат менамояд. Ҳангоми гирифтани фармон ё супориши хилофи қонун шахси мансабдори мазкур ўҳдадор аст, ки қонунро ба роҳбарӣ гирад.
  4. Шахси мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ё шахсе, ки ба ў мусоидат менамояд, ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ барои расонидани зарар ба ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият ва давлат дар ҳолати қонунӣ будани мудофиаи зарурӣ, зарурати ниҳоӣ ё таваккали асоснок, ҳамчунин вобаста ба дастгир намудани шахсе, ки дар кирдораш аломатҳои ҷиноят ҷой доранд, ҷавобгар нест.
  5. Вақти аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ иҷро намудани супориши махсус дар муҳити ҷиноятӣ, ҳамчунин вақти хизмати онҳо дар вазифаҳои корманди штатии ғайриошкорои мақомоти мазкур тибқи қонун ба собиқаи меҳнат барои таъини нафақа ҳисоб карда мешавад.

 

БОБИ 4.

МУСОИДАТИ ШАҲРВАНДОН БА МАҚОМОТИ АМАЛИКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶЎӢ ВА ҲИМОЯИ ИҶТИМОИЮ ҲУҚУҚИИ ОНҲО

 

Моддаи 17. Мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Шахсони алоҳида бо розигии худи онҳо барои тайёр намудан ё гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ метавонанд ҷалб карда шаванд. Дар чунин ҳолатҳо бо хоҳиши ин шахсон мусоидати махфиёнаи онҳо ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, аз он ҷумла мусоидат тибқи қарордод нигоҳ дошта мешавад. Шахсони мазкур ўҳдадоранд маълумотеро, ки дар рафти тайёр ё гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба онҳо маълум гардидаанд, ҳамчун сир нигоҳ доранд ва ҳуқуқи ба мақомоти мазкур дидаю дониста пешкаш намудани иттилои бардурўғро надоранд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  2. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ метавонанд бо шахсони ба балоғатрасидаи қобили амал, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, мансаб ва мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, оид ба мусоидат дар тайёр намудан ё гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ қарордод банданд.
  3. Ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мутобиқи қарордод истифода бурдани мусоидати махфиёнаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судя, прокурор ва адвокат манъ аст. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)

 

Моддаи 18. Ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидаткунанда

  1. Шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат менамоянд, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
  2. Давлат ба шахсоне, ки розианд мутобиқи қарордод ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ мусоидат намоянд, иҷрои ўҳдадориҳои худро тибқи қарордод кафолат медиҳад, аз он ҷумла, кафолати ҳимояи ҳуқуқии онҳоеро медиҳад, ки аз ҷониби ин шахсон бо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҷамъиятӣ ё ўҳдадориҳои дигари ба зиммаи онҳо гузошташуда алоқаманданд.
  3. Ҳангоми ба миён омадани таҳдиди воқеии таҷовузи зиддиҳуқуқӣ ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони алоҳида вобаста ба мусоидати онҳо ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин хешовандони наздики онҳо, ин мақомот ўҳдадоранд барои рафъи ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ, муайян намудани гунаҳгорон ва ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Аъзои гурўҳи ҷиноятӣ, ки кирдори зиддиҳуқуқӣ содир намуда, он боиси оқибатҳои вазнин нагардидааст ва ў барои ҳамкорӣ бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷалб шуда, дар кушодани ҷиноятҳо фаъолона мусоидат карда, зарари расонидашударо ҷуброн намудааст ё ба таври дигар товони зарари расонидашударо талофӣ намудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
  5. Шахсоне, ки бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳамкорӣ мекунанд ё ба онҳо дар кушодани ҷиноятҳо ё маълум кардани шахсони онҳоро содиркарда кўмак намудаанд, метавонанд бо мукофоти пулӣ ё молӣ қадр гарданд. Мукофотҳои пулию молии гирифтаи шахсони мазкур андозбандӣ намешаванд ва дар эъломияи (декларатсияи) даромадҳо нишон дода намешаванд.
  6. Давраи ҳамкории шаҳрвандон мутобиқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳамчун шуғли асосӣ ба ҳисоб рафта, ба собиқаи меҳнатии шаҳрвандон дохил мешавад. Шахсони мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд.
  7. Бо мақсади таъмини амнияти шахсони бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳамкорикунанда ва хешовандони наздики онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизати онҳо гузаронидани чорабиниҳои махсус мумкин аст. Маълумот дар бораи шахсоне, ки нисбат ба онҳо чорабиниҳои махсус гузаронида мешаванд, танҳо бо иҷозати роҳбари мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки ин чорабиниҳоро амалӣ менамояд, дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  8. Дар сурати вобаста ба иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба ҳалокат расидани шахсе, ки мутобиқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳамкорӣ менамуд, ба оилаи ҷабрдида ва шахсони таҳти сарпарастии ў қарордошта аз ҳисоби буҷети дахлдор ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши панҷсолаи ҳалокшуда пардохт карда мешавад ва мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби аз даст додани саробон нафақа таъин мегардад.
  9. Дар сурати вобаста ба иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ осеб дидан, захм бардоштан, контузия гирифтан ё маъюб шудани шахси мутобиқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳамкорикунанда, ки ҳамкории минбаъдаи ўро бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ғайриимкон мегардонад, ба шахси мазкур аз маблағҳои буҷети дахлдор ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши сесолааш пардохт карда мешавад ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў нафақаи маъюбӣ таъин мегардад.

БОБИ 5.

МАБЛАҒГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶЎӢ

 

Моддаи 19. Маблағгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Ба мақомоти давлатие, ки воҳидҳои оперативии онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ваколатдор шудаанд, аз буҷети давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи роҳбарони ин мақомот харҷ карда мешавад.
  2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд барои мақомоте, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро амалӣ менамоянд, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мустақилона маблағҳои иловагӣ ҷудо намоянд.
  3. Назоратбарии харҷи маблағе, ки барои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷудо карда шудааст, аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ, ки ба ҳайати онҳо воҳидҳои оперативии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўиро амаликунанда дохил мешаванд, сурат мегирад.

 

БОБИ 6.

НАЗОРАТБАРӢ ВА НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶЎӢ

 

Моддаи 20. Назоратбарӣ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

Назоратбарӣ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 21. Назорати прокурорӣ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ

  1. Назорати иҷрои Қонуни мазкур аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳояшон амалӣ карда мешавад.
  2. Бо дархости прокурори ваколатдор бинобар ба прокуратура ворид гаштани мавод, иттилоот ва муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба вайрон намудани Қонуни мазкур ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин ҳангоми санҷиши тартиби муқарраршудаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва қонунӣ будани қарори дар ин замина қабулшудаи роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳуҷҷатҳои оперативӣ-хизматие, ки барои гузаронидани ин чорабиниҳо асос шудаанд, пешниҳод карда мешаванд.
  3. Маълумот дар бораи шахсони ба муҳити ҷиноятӣ воридкардашуда ва дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳамчунин дар бораи шахсони ба ин мақомот ба таври махфиёна мусоидаткунанда ба прокурори ваколатдор танҳо бо розигии хаттии ин шахсон, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят, дода мешавад. Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои амалӣ гардонидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба мавзўи назорати прокурорӣ дохил намешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014,№1090)
  4. Прокурорҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ҳифзи маълумотеро, ки дар ҳуҷҷатҳо ва маводи пешниҳодшуда мавҷуданд, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 22. Назоратбарии идоравӣ

Роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ барои риояи қонуният ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ масъуланд.

 

БОБИ 7.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 146; с. 1999, №11, мод. 278; с. 2003, №8, мод. 453; с. 2005, №12, мод. 642; с. 2006, №3, мод. 147; №7, мод. 339; с.2007, №5, мод. 361; с.2009, №7-8, мод. 491; №12, мод. 819) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 25 марти соли 2011

№ 687

ШАРИКОН: