Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(АМОҶТ с.2014,№7, қ.1, мод. 380; с.2015, №7-9, мод.698; с.2016,№7, мод.603)

 

Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳоро муқаррар намуда, инчунин дигар муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии  мақомоти судӣ ва судяҳо  ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Ҳокимияти  судӣ

  1. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ карда мешавад.
  2. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи амалӣ намудани адолати судиро надоранд.
  3. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд.
  4. Тартиби аз тарафи судҳо баррасӣ намудани парвандаҳоро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 3. Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
  2. Тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд.
  3. Ташкили суди фавқулодда ва судҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ накардааст, манъ аст.

 

 

 

Моддаи 4. Вазифаҳои суд

  1. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.
  2. Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти судӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ танҳо аз тарафи суд амалӣ карда мешавад.
  2. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
  3. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
  4. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
  5. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

 

Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд

Беэҳтиромӣ нисбати суд, ҳамчунин содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро нисбат ба суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи  7. Манъ будани дахолат ба фаъолияти суд

  1. Дахолат ба фаъолияти суд манъ аст. Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
  2. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳуқуқ надоранд дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рўи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд.
  3. Судя вазифадор нест дар бораи моҳияти парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд ё мавриди баррасӣ қарор доранд, ба ягон мақомот ё шахси мансабдор баёнот (маълумот, ахборот) диҳад, инчунин онҳоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 8. Мустақилияти судяҳо

  1. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қонун итоат мекунанд.
  2. Мустақилияти судя таъмин мегардад бо:

— тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд  шудан;

— дахлнопазирии судя;

— амалӣ намудани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судя дар амалӣ намудани адолати судӣ  бо таҳдиди ҷавобгарӣ;

— ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд, судя;

— ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафақа баромадан ва бозхонди судя;

— муҳайё намудани шароити ташкилӣ ва моддӣ-техникӣ барои фаъолияти судҳо;

— мувофиқи мақом аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.

  1. Кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ба ҳамаи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд.

 

Моддаи 9. Таъмини амнияти судяҳо

  1. Судяҳо, аъзои оилаи онҳо ва молу мулки онҳо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд.
  2. Муҳофизати бино ва молу мулки судҳо, дар сурати зарурат, бо аризаи судя ё аъзои оилааш, муҳофизати судя ва аъзои оилаи ў, хонаи истиқоматӣ ва молу мулки онҳо ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта, ройгон иҷро карда мешавад.
  3. Судя барои гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳи хизматӣ ҳуқуқ дорад, ки тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 10. Дахлнопазирии судя

  1. Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
  2. Дахлнопазирии судя ба ҳаёт, қадр ва номуси ў, манзили истиқоматӣ, утоқи хизматӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқае, ки дар истифодаи ў қарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва ҳуҷҷатҳои судя паҳн мегардад.
  3. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
  4. Бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан, ба ҳабс ё ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест.
  5. Бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс ё ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мумкин нест.
  6. Чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ў, ҳабси молу мулк, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
  7. Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ў ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ

  1. Фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарори суд, судяҳо, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро ба иҷро расонида шаванд.
  2. Суде, ки санади судиро баровардааст, иҷрои онро назорат мекунад.
  3. Тартиби иҷрои санадҳои судиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  4. Иҷро накардан ва ё монеъ шудан ба иҷрои санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

БОБИ 2.

ИНТИХОБ, ТАЪИН, БОЗХОНД ВА ОЗОД НАМУДАНИ СУДЯ

 

Моддаи 12. Талабот нисбати номзадҳо ба вазифаи судя
  1. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад, синни ў аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
  2. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбии гарнизонҳо, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад, синни ў аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.
  3. Синни ниҳоии дар вазифаи судя будан барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад.
  4. Номзад ба вазифаи судяи суди ҳарбӣ, инчунин ба талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бояд ҷавобгў бошад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 13. Судяҳо

  1. Судяҳо шахсоне мебошанд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти амалӣ намудани адолати судиро доранд.
  2. Раисон, муовинони якум ва муовинони раисони судҳо судя ба ҳисоб рафта, ваколатҳои худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур, кодексҳои мурофиавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
  3. Ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми ягона буда, танҳо бо ваколат ва салоҳияти худ тафовут доранд.
  4. Талаботи қонунии судяҳо ҳангоми иҷрои ваколатҳояшон барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошанд. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои онҳо, ки барои амалӣ намудани адолати судӣ заруранд, бо талаби судя ройгон дода мешаванд.
  5. Иҷро накардани талаботи қонунии судя тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 14. Талаботе, ки нисбати судя пешниҳод мешаванд

  1. Судя бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи ў гузошта шудаанд, истифода кунад,  ваколатҳояшро бо маҳорати касбӣ иҷро намояд ва  сазовори номи судя бошад.
  2. Судя ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ, инчунин дар муносибатҳои ғайрихизматӣ бояд аз содир намудани ҳама гуна амалҳое, ки боиси паст задани обрўи ҳокимияти судӣ, қадр ва номуси судя мегарданд ё беғаразона, одилона ва холисона будани амали вайро зери шубҳа мемонанд, худдорӣ намояд.
  3. Судя уҳдадор аст маҳдудиятҳоеро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешбинӣ гардидаанд, риоя намояд.
  4. Судя набояд вазифаи дигареро ишғол кунад, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад ё аз ҷиҳати моддӣ онҳоро дастгирӣ намояд, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ.
  5. Судя ҳуқуқ надорад:

— оид ба моҳияти парванда то эътибори қонунӣ пайдо намудани санадҳои судии қабулкардааш ягон гуна  изҳороти оммавӣ ва ё тафсир диҳад;

— туҳфаҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш алоқаманд мебошад, қабул намояд. Туҳфаҳое, ки судя дар вақти гузаронидани маъракаҳои протоколӣ, сафари хизматӣ ва дигар маъракаҳои расмӣ гирифтааст,  бо тартиб додани санад ба суде, ки  дар он фаъолият мекунад, супорида мешавад.

— иттилоотеро, ки вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои худ ба даст овардааст,  ифшо намояд. Иттилооти махфиеро, ки ба судя бинобар адои вазифааш маълум гардидааст, аз ҷониби ў ба мақсадҳое, ки ба иҷрои вазифаҳояш алоқаманд нестанд, истифода бурдан ва ё ба каси дигар ошкор кардан мумкин нест.

  1. Судя дар ду сол як маротиба бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ў сертификати шакли муқарраргардида дода мешавад.

 

Моддаи 15. Муҳлати ваколати судяҳо

  1. Судяҳо ба муҳлати 10 сол интихоб ё таъин карда мешаванд.
  2. Ҳангоми дар давраи ваколаташ аз як суд ба суди дигар интихоб ё таъин гаштан муҳлати даҳсолаи ваколати судя аз рўзи интихоб ё таъини нав ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 16. Интихоб ва  таъини судя

  1. Судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд.
  2. Судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

 

Моддаи 17. Савганди судя

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин савганд ёд мекунад: «Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз рўи виҷдон иҷро менамоям, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда,  адолати  судиро амалӣ менамоям».

 

Моддаи 18. Бозхонд ва  озод намудани судя

  1. Бозхонд ва озод намудани судя дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:

— қонеъ намудани аризаи хаттии судя дар бораи истеъфо;

— бо хоҳиши худи судя;

— расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

— бо сабаби тағйир додани ҷои истиқомат;

— бо сабаби аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтан;

— машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ў номувофиқ аст;

— эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда, ки нисбати ў бароварда шудааст;

— эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани судя ё маҳдуд сохтани қобилияти амали вай;

— риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё бо дигар сабабҳои узрнок дар муддати дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани судя;

— қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— таҷдиди сохтори суд (судҳо) ё ихтисори шумораи судяҳо;

— вафоти судя;

— эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бедарак ғоиб эътироф намудан ё фавтида эълон  намудани судя;

— риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ё содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;

— риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат;

— ба охир расидани муҳлати ваколати судя;

— ошкор гардидани номуносибии судя ба вазифаи ишғолкардааш.

  1. Аз рўйи асосҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бозхонд ва озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  2. Аз як суд ба суди дигар гузаронидани судя танҳо бо розигии ў сурат мегирад.

 

Моддаи 19. Истеъфои судя

  1. Истеъфои судя бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судя, кафолати дахлнопазирии шахсӣ ва мансубият ба итиҳодияи ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта, дар ин хусус ба ў аз ҷониби мақомоте, ки истеъфояшро қабул кардааст, шаҳодатномаи судяи дар истеъфобуда дода мешавад.
  2. Ҳар судя бо хоҳиши худ, сарфи назар аз синну сол, ҳангоми на камтар аз 35 сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз он ҷумла на камтар аз 25 сол собиқаи кории судягӣ доштан ҳуқуқ дорад тибқи асосҳои дар сархатҳои якум, нуҳум, ёздаҳум ва ҳаждаҳуми қисми 1 моддаи 18 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида, ба истеъфо барояд. Истеъфои судя аз ҷониби мақомоте, ки ўро интихоб ва ё таъин кардааст, қабул карда мешавад.
  3. Ба судяи дар истеъфобуда, ки на камтар аз 25 сол собиқаи кории судягӣ дорад ва собиқаи кории умумиаш аз рўи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ на камтар аз 35 сол аст, баробари 50 фоизи музди меҳнати вазифаи дахлдори судягӣ таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод дода мешавад, ки он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия карда мешавад. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ба андозаи як фоизи музди меҳнат барои ҳар як соли пурраи минбаъдаи корӣ дар вазифаи судя зиёд карда мешавад, вале он аз 60 фоизи музди меҳнати ў зиёд шуда наметавонад.
  4. Ба судяи ба истеъфо рафта ё ба нафақа баромада ба андозаи музди меҳнати семоҳа кумакпулии якдаъфаина дода мешавад.
  5. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод ё нафақа ба судя дар суди ҷои кори охирин ё дар суди маҳалли зист аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.
  6. Агар судяи ба истеъфобаромада ба талаботи Қонуни конститутсионии мазкур нисбати судя ҷавобгў набошад, инчунин дар сурати дубора ба вазифаи судя интихоб ё таъин шуданаш истеъфои вай қатъ мегардад.
  7. Истеъфои судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
  8. Истеъфои судяи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
  9. Судяе, ки истеъфояш қатъ гардидааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини нафақа ҳуқуқ дорад.
  10. Кор дар вазифаҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони якум ва муовинони онҳо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, агар онҳо қаблан дар вазифаи судягӣ на камтар аз 5 сол фаъолият дошта бошанд, ҳамчун собиқаи кори судягӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 20. Машваратчиёни халқӣ

  1. Машваратчиёни халқӣ ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.
  2. Ба ҳар як судя бист машваратчии халқӣ интихоб карда мешавад.

3.Тартиби интихоб, музди меҳнат, кафолату имтиёзҳои машваратчиёни халқиро Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.

БОБИ 3.

СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 21. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе,  судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод  кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.». (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 22. Салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро дар марҳилаи якум, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандаҳо бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;

— аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи қабулнамудаи ў, инчунин санадҳои судии судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;

— дар хусуси ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;

— омори судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро  таҳлил менамояд;

— дар доираи салоҳияташ масъалаҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, баррасӣ менамояд;

— оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор таклифҳо таҳия ва пешниҳод мекунад;

— оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;

— масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ  кардаанд, амалӣ менамояд.

 

 Моддаи 23. Ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.
  2. Шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин фаъолият мекунад:

— Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 24. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ў, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
  2. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад.
  3. Маълумот дар бораи рўзи даъвати Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавод, лоиҳаҳои қарорҳо аз рўйи масъалаҳои муҳокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз чордаҳ шабонарўз то маҷлис фиристонида мешаванд.
  4. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
  5. Дар маҷлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, аъзои Шўрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони дахлдор ва шахсони дигар иштирок карда метавонанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 25. Салоҳияти Пленуми Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисон ва ҳайатҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамояд;

— ҳисоботро оид ба кори Раёсат ва коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо ва коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия  мешунавад; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— аз натиҷаи ҷамъбасти амалияи судӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;

пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро   дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рўйи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ менамояд; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— гузоришҳои раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияҳоро дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода, Низомнома ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририяи  маҷаллаи «Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ мекунад;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;

— дар хусуси ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

  1. Маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
  2. Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Пленум, ки дар маҷлис иштирок доранд, қабул карда мешавад.
  3. Барои таҳияи лоиҳаи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дорои тавзеҳоти дастурӣ мебошад, Пленум дар мавриди зарурӣ аз ҳисоби аъзои худ ҳайати комиссияи таҳририро ташкил мекунад.
  4. Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
  5. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода мешавад. Ба қарори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузоранд.

 

 

 

Моддаи 26. Баррасии масъалаҳои фаъолияти судӣ аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Масъалаҳое, ки мувофиқи Қонуни конститутсиони мазкур аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи Пленум гузошта шудаанд, мутобиқан аз рўйи маърўзаҳои онҳо ё маърўзаҳои шахсони аз ҷониби онҳо ваколатдоркардашуда шунида мешаванд.
  2. Дар муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти судӣ шахсони ба маҷлиси Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшуда иштирок карда метавонанд.

 

Моддаи 27. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.
  2. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани маҷлиси Пленум ва тартибдиҳии протоколро таъмин намуда, амалҳои дигареро, ки барои таъмини иҷрои қарорҳои қабулкардаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд, анҷом медиҳад.

 

Моддаи 28. Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ба ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
  2. Шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  3. Дар маҷлисҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони вай иштирок менамоянд.
  4. Дар маҷлисҳои Раёсат, ки ба баррасии парвандаҳои судӣ иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, аъзои Шўрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ иштирок карда метавонанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 29. Салоҳияти Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба тариқи назоратӣ парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии  санадҳои судиро месанҷад;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё  хулосаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;

— аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарори қабулнамудаи Раёсат, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд.

— аз рўйи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ў ва шикоятҳои назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро, ки собиқ Суди Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудаанд, баррасӣ менамояд;

— маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ мекунад;

— масъалаҳои ташкили кори Раёсат, коллегияҳои судӣ ва дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;

— ҳисоботи раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳру ноҳия ва судяҳоро оид ба фаъолияташон мешунавад;

— гузориши раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияҳоро оид ба таҷрибаи татбиқи қонунҳо, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;

— масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Маҷлисҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок ҳисобида мешаванд.
  2. Қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат, ки дар маҷлис иштирок кардаанд, қабул карда, аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда мешаванд.
  3. Қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

 

Моддаи 30. Баррасии масъалаҳои умумии фаъолияти судӣ аз тарафи Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Масъалаҳое, ки ба баррасии парвандаҳои мушаххас иртибот надоранд, аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў ба Раёсат пешниҳод карда мешаванд.
  2. Дар муҳокимаҳои ин масъалаҳо шахсони ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватшуда иштирок карда  метавонанд.

 

 

 

Моддаи 31. Тартиби таъсиси коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои ҳамин суд тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 32. Салоҳияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Коллегияи ҳарбӣ дар ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд ва нисбат ба судҳои ҳарбӣ бевосита марҳилаи болоии судӣ ба шумор меравад.
  2. Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ,  оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— парвандаҳоро ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ мекунад, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш менамояд;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;

— аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда, инчунин қарори қабулнамудаи ў, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд.

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамояд ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 33. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои  граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои гражданиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои гражданиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад;

— аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудае, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ мекунад;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод  ирсол менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 34. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои оилавиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои оилавиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад;

— аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудае, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ мекунад;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 35. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба  парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҷиноятиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва  асоснокии  санадҳои судиро тафтиш мекунад;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамояд ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 36. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ўро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 37. Салоҳияти Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. 1. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро ташкил ва роҳбарӣ менамояд;

— Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;

— вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;

— тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо,шаҳр ва ноҳия тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;

— дар мавридҳои зарурӣ, бо амри худ барои баррасӣ намудани парвандаҳо судяҳоро аз як коллегияи судӣ ба коллегияи дигари судӣ ҷалб менамояд;

— шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои судҳои поёнӣ, муқаррар мекунад;

— ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ, дастурамали мансабии раёсатҳо, шўъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, вазифаҳоро байни онҳо тақсим мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромўз-судя, приставҳо, мушовирон ва ёрдамчиёни раисони судҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия, судҳои ҳарбиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

— дар доираи маблағҳои ҷудошуда ва шумораи воҳидҳои кории тасдиқшуда сохтори дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия сметаи хароҷот ва рўйхати воҳидҳои кории судҳои поёниро тасдиқ менамояд;

— барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва ҳайати коллегияҳои судӣ, ҳайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи  маҷаллаи «Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ирсол менамояд;

— барои тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

— Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рўзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;

корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;

— дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

— ба Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии муовинони раис, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия ҷиҳати манзур намудани хулоса оид ба муносиб будан барои ба вазифа интихоб ва таъин, аз вазифа бозхонд ва озод кардан, инчунин додани дараҷаҳои тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;

— нисбати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбати ҳамаи санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёнӣ, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, эътироз орад;

— аз рўйи парвандаҳои ҷиноятие, ки онҳоро собиқ Суди Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва собиқ судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, ба тариқи назоратӣ эътироз пешниҳод менамояд;

— дар маҷлисҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда метавонад;

— дар хусуси ирсоли парвандаи гражданӣ ё оилавӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул менамояд;

— қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, оид ба оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ қарор қабул менамояд;

доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба суди марҳилаи назоратӣ пешниҳод ирсол менамояд;

— аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкуниҳои қонун, сабабу шароитҳое, ки боиси ҳуқуқвайронкунӣ гардидаанд, пешниҳод ирсол менамояд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия пешниҳод ирсол менамояд;

— оид ба таъсиси судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо ва шумораи кормандони дастгоҳҳои судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, пешниҳод ирсол менамояд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, додани дараҷаҳои тахассусӣ, инчунин дар якҷоягӣ бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳои олии ҳарбӣ пешниҳод ирсол мекунад;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян кардани сохтор ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

— ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои ҳарбӣ ба судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии  коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии судҳои ҳарбии гарнизонҳо пешниҳод ирсол менамояд;

— масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад;

— нисбат ба кормандони дастгоҳҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия,Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромўз-судяҳо ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;

— Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, кормандони онро, ба истиснои Директори Марказ, ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

— дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;

— ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби  судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад; 

— корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани таҷрибаомўзии судяҳои судҳои поёнӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад, инчунин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёниро ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;

— оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад;

— шаҳрвандонро шахсан қабул ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;

— оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

  1. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ амр ва фармоишҳо мебарорад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  2. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ўро муовини якум ва дар вақти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 38. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоеро, ки дар марҳилаи якуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, дар байни судяҳо тақсим менамоянд;

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин судяи маърўзакунандаро таъин менамоянд;

— дар маҷлисҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунанд;

— шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамоянд;

— ҳуқуқ доранд қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, оид ба оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё  шикояти назоратӣ  қарор қабул  намоянд;

— мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори Раёсат, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд;

— кори такмили ихтисоси судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомўзии судяҳои судҳои дигарро ташкил менамоянд;

— парвандаҳоро барои омўзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани  ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;

— шаҳрвандонро шахсан қабул мекунанд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст,  амалӣ менамоянд.

Моддаи 39. Салоҳияти раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи вазифааш муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба фаъолияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, ҳайатҳои судиро дар марҳилаҳои кассатсионӣ, назоратӣ муайян ва судяи маърўзакунандаро таъин мекунад;

— дар суди марҳилаи якум парвандаҳоро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— дар маҷлисҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо  раисӣ мекунад;

— ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар бораи фаъолияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;

— иҷрои қарорҳои Пленуми Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;

— шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамояд;

— парвандаҳои судиро барои омўзиш талаб мекунад ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешад;

— оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— шаҳрвандонро шахсан қабул мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Дар мавриди набудани раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ўро муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 40. Салоҳияти муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— метавонад дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ раисӣ намояд;

— шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамояд;

— оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, маърўза менамояд;

— шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 41. Салоҳияти раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— кори коллегияҳои судиро ташкил карда, ҳайати суд, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунанд;

— дар маҷлисҳои коллегияҳои судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунанд;

— ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ ҳисобот медиҳанд;

— иҷрои қарорҳои Пленуми Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат менамоянд;

— парвандаҳои судиро барои омўзиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд;

— шаҳрвандонро шахсан қабул менамоянд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 42.  Салоҳияти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— дар маҷлисҳои коллегияҳои судӣ иштирок мекунад;

— эътироз ва шикоятҳои назоратиро баррасӣ менамояд;

— оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, маърўза менамояд;

— супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

 

Моддаи 43. Шўрои  илмию  машваратии Суди Олии Ҷумҳурии                      Тоҷикистон

  1. Дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ-Шўрои илмию машваратӣ аз ҷумлаи олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода мешавад, ки он дар асоси ҷамъиятӣ амал менамояд. Вазифаи он аз таҳияи тавсияҳои илман асоснок вобаста ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷрибаи судӣ иборат мебошад.
  2. Ҳайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

БОБИ 4.

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 44. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин парвандаҳои дигари аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳобуда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод  кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 45. Салоҳияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро дар марҳилаи якум, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд;

— аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи қабулнамудаи ў, инчунин санадҳои судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади судии суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;

— дар хусуси ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;

— таҷрибаи аз тарафи судҳои иқтисодӣ татбиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳоро дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ танзим менамоянд, ҷамъбаст мекунад, оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;

— оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор таклифҳо таҳия ва пешниҳод менамояд;

— омори судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо таҳлил менамояд; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— дар доираи салоҳияти худ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳал менамояд;

— оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;

— масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 46. Ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раис, муовини якум, муовинони Раис ва судяҳо, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад.
  2. Шумораи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  3. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин фаъолият менамояд:

— Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо дар марҳилаи якум аз ҷумлаи судяҳои он ҳайатҳои судӣ ташкил карда мешаванд. Ҳайатҳои судӣ ва судяи дар онҳо раисикунандаро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 47. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ў, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
  2. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад.
  3. Маълумот дар бораи рўзи даъвати Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавод ва лоиҳаҳои қарорҳо аз рўйи масъалаи муҳокимашаванда ба аъзои Пленум ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз чордаҳ шабонарўз то маҷлиси Пленум фиристонида мешаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  4. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.
  5. Дар маҷлиси Пленум бо даъвати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, аъзои Шўрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони дахлдор ва дигар шахсон иштирок карда метавонанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

Моддаи 48. Салоҳияти Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раис ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамояд;

— ҳисоботро оид ба кори Раёсат, коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мешунавад; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— аз натиҷаи ҷамъбасти амалияи судӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад ва онҳо барои суд, судяҳо, мақомоту  шахсони  мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рўйи парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ менамояд;

— гузоришҳои раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодиро аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода, Низомнома ва ҳайати онро тасдиқ мекунад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ мекунад;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;

— дар хусуси ба Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.

  1. Маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати он салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
  2. Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Пленум, ки дар маҷлис иштирок доранд, қабул карда мешавад.
  3. Барои таҳияи лоиҳаи қарори Пленум, ки он дорои тавзеҳоти дастурӣ мебошад, Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди зарурӣ аз ҳисоби аъзои Пленум ҳайати комиссияи таҳрирӣ ташкил мекунад.
  4. Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
  5. Дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода мешавад. Ба қарори Пленум ва протокол Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузоранд.

 

Моддаи 49. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии                      Тоҷикистон

  1. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад.
  2. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ташкилиро оид ба тайёр намудани маҷлиси Пленум ва тартибдиҳии протоколро таъмин намуда, амалҳои дигареро, ки барои иҷрои қарорҳои қабулкардаи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд, анҷом медиҳад.

 

Моддаи 50. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
  2. Шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  3. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў ба ҳайати Раёсат аз рўйи вазифаашон дохил мешаванд.
  4. Дар маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони ў иштирок менамоянд.
  5. Дар маҷлисҳои Раёсат, ки ба баррасии парвандаҳои судӣ иртибот надоранд, бо даъвати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, аъзои Шўрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ иштирок карда метавонанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 51. Салоҳияти Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба тариқи назоратӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии  санадҳои судиро месанҷад;

— аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санади судии қабулнамудаи ў, ки дар асоси он санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;

— маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ мекунад;

— масъалаҳои ташкили фаъолияти Раёсат, коллегияи судӣ ва дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;

— ҳисоботи раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо оид ба фаъолияташон мешунавад;

— гузориши раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо оид ба таҷрибаи татбиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон     мешунавад;

— масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои иқтисодии ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ, инчунин санҷиши фаъолияти ин судҳоро баррасӣ ва ҳал менамояд;  (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Маҷлисҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок ҳисобида мешаванд.
  2. Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои дар маҷлиси Раёсат иштирокдошта қабул мегардад ва ба он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад.
  3. Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълон карда шуданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

 

Моддаи 52. Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Шумора ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  2. Ба коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ раисӣ мекунад. Дар вақти набудани ў, ба коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини дигар ё яке аз судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад.
  3. Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-ба тариқи кассатсионӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро санҷида мебарояд;

— ба тариқи назоратӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, агар ин парвандаҳо дар ҳамин коллегияи судӣ ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ нагардида бошанд;

— аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади судии суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол менамояд;

— омори судиро таҳлил мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Парвандаҳои иқтисодӣ дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 53. Салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ташкил ва роҳбарӣ менамояд;

— Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;

— вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;

— тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суди иқтисодӣ ба суди иқтисодии дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал  менамояд;

— шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо муқаррар мекунад; 

— ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои Дастгоҳ, дастурамали мансабии Раёсат, шўъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд, роҳбарии умумии фаъолияти дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, вазифаҳоро байни онҳо тақсим мекунад;

— дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷот ва рўйхати воҳидҳои кории судҳои иқтисодиро тасдиқ менамояд;

— барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи  маҷаллаи «Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  пешниҳод менамояд;

— Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рўзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;

— корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;

— ба Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷиҳати додани хулоса оид ба муносиб будан ё набудан барои ба вазифа интихоб ва таъин шудан, аз вазифа бозхонд ва озод намудан, инчунин додани дараҷаи тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;

— нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои судии қабулнамудаи судҳои иқтисодӣ, инчунин коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, ба коллегияи судӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз ирсол менамояд; 

— дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда  метавонад; 

— барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро  муайян мекунад; 

— аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо пешниҳод ирсол менамояд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии  вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;

— оид ба таъсиси судҳои иқтисодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи судяҳои судҳои иқтисодӣ ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ пешниҳод ирсол менамояд;

— дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд;

— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовин ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе  додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;

— масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунад;

— нисбат ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;

— муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;

— дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;

— ҷиҳати  тақвияти  муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби  судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад; 

— корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе,  инчунин гузаштани таҷрибаомўзии судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;

— корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил мекунад, дар бораи ҳавасмандкунӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе  рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад;

— пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони судҳои иқтисодиро ба вазифа таъин  ва  аз вазифа озод мекунад;

— шаҳрвандонро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;   

— оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки барои истифодабарӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, чораҳо меандешад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ фармоиш ва амрҳо мебарорад.
  2. Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ўро муовини якум ва дар вақти набудани муовини якум яке аз муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 54. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якум, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— парвандаҳои иқтисодиро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо метавонанд раисӣ намоянд;

— мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ба фаъолияти воҳидҳои сохтории  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд;

— кори такмили ихтисоси судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомўзии судяҳои дигар судҳои иқтисодиро ташкил менамоянд;

— парвандаҳоро барои омўзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани  ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол менамоянд;

— шаҳрвандонро шахсан қабул мекунанд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 55. Салоҳияти раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— кори коллегияи судиро ташкил намуда, ҳайати суд, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунад;

— дар маҷлисҳои коллегияи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ менамояд;

— ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коллегияи судӣ ҳисобот медиҳад;

— иҷрои қарорҳои дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат менамояд;

— парвандаҳои судиро барои омўзиш талаб менамояд ва барои гузаронидани  ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешад;

— шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 56. Салоҳияти судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— дар маҷлиси судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок мекунад;

— оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўза менамояд;

— бо супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

 

Моддаи 57. Шўрои  илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар назди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ — Шўрои илмию машваратӣ аз ҷумлаи олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода мешавад, ки он дар асоси ҷамъиятӣ амал менамояд. Вазифаи он аз таҳияи тавсияҳои илман асоснок вобаста ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷрибаи судӣ иборат мебошад.
  2. Ҳайати Шўрои илмию машваратӣ ва Низомнома дар бораи он аз тарафи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

БОБИ 5.

 СУДҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 58.  Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қисмҳои ҳарбӣ адолати судиро амалӣ менамоянд.
  2. Судҳои ҳарбӣ аз рўйи принсипи ҳудудӣ дар маҳалли воқеъшавии гарнизонҳо таъсис дода мешаванд.
  3. Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳои ҳарбӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар қисмҳои ҳарбӣ нигаронида шудааст.
  4. Ба низоми судҳои ҳарбӣ коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо дохил мешаванд.

Моддаи 59. Баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судҳои ҳарбӣ

Ба судҳои ҳарбӣ парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки дар онҳо яке аз тарафҳо хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, инчунин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ тобеияти судӣ доранд.

Моддаи 60. Баррасии парвандаҳо оид ба шикояти амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва мансабдорони ҳарбӣ

  1. Судҳои ҳарбӣ парвандаҳоро оид ба шикояти хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд, дар бораи амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро халалдор мекунанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Ба салоҳияти судҳои ҳарбӣ баррасии шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқи шахсии онҳо алоқамандӣ доранд ва ин ҳуқуқҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тобеият доранд.
  3. Судҳои ҳарбӣ шикоятҳои шаҳрвандонро, ки аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шудаанд, нисбат ба амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва шахсони мансабдори ҳарбӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро халалдор кардаанд ва нисбати шаҳрвандони мазкур дар давраи адои хизмати ҳарбӣ содир шудаанд, баррасӣ менамоянд.

Моддаи 61. Суди ҳарбии гарнизон

  1. Суди ҳарбии гарнизон дар ҳудуде, ки як ё якчанд гарнизони ҳарбӣ воқеъ гардидааст, ташкил карда мешавад.
  2. Суди ҳарбии гарнизон аз раис, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат аст. Вазифаи муовини раис дар судҳои ҳарбие, ки аз панҷ ва зиёда аз он судяҳо иборат аст, муқаррар карда мешавад.
  3. Шумораи судяҳоро барои ҳар як суди ҳарбии гарнизон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 62. Салоҳияти суди ҳарбии гарнизон

  1. Суди ҳарбии гарнизон ҳамчун суди марҳилаи якум парвандаҳои зеринро баррасӣ менамояд:

— парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба истиснои парвандаҳое, ки  ба суди болоӣ тобеияти судӣ доранд;

— парвандаҳоро аз рўйи шикоят ба амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва  шахсони мансабдори ҳарбӣ;

— дар асоси аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбӣ.

  1. Суди ҳарбии гарнизон ҳамчунин масъалаҳоеро, ки ҳангоми иҷрои санадҳои судӣ ба миён меоянд, баррасӣ менамояд.
  2. Суди ҳарбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намояд.

Моддаи 63. Салоҳияти раиси суди ҳарбии гарнизон

  1. Раиси суди ҳарбии гарнизон:

— ба кори суди ҳарбии гарнизон роҳбарӣ мекунад ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунад;

— тибқи тартиби муқарраргардида  парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамояд;

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— ташкили корро бо машваратчиёни халқӣ муайян мекунад;

— кори такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи суд ва машваратчиёни халқиро ба роҳ мемонад;

— кори ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва қонунро ташкил намуда, ин фаъолиятро бо ҳайати фармондеҳӣ ва прокуратураи ҳарбӣ мутобиқ  месозад;

— кормандони  техникии дастгоҳи судро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

— ҷиҳати  тақвияти  муқовимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби  судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;

— оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;

— корро оид ба баррасии арзу шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва қабули шаҳрвандон ташкил менамояд, шахсан хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандонро қабул мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Раиси суди ҳарбии гарнизон дар доираи салоҳияташ фармоишҳо мебарорад.
  2. Дар вақти набудани раиси суди ҳарбии гарнизон вазифаи ўро муовини раиси суди ҳарбии гарнизон иҷро менамояд.

Моддаи 64. Салоҳияти муовини раиси суди ҳарбии гарнизон

Муовини раиси суди ҳарбии гарнизон:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— мутобиқи тақсими вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суди ҳарбии гарнизон роҳбарӣ менамояд;

— хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 65. Салоҳияти судяи суди ҳарбии гарнизон        

  1. Судяи суди ҳарбии гарнизон:

— парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— бо супориши раис ва муовини раиси суди ҳарбии гарнизон вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Судяи суди ҳарбии гарнизон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқ будани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Моддаи 66. Пуррасозии судҳои ҳарбӣ

  1. Хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо менамоянд.
  2. Шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шаҳрвандии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшуну қисмҳои ҳарбӣ ҷудо карда мешавад.
  3. Шумораи воҳидҳои кории вазифаҳои судяҳои ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбии ба ин вазифаҳо мутобиқро барои судҳои ҳарбии гарнизонҳо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 67. Дастгоҳи судҳои ҳарбӣ

  1. Дастгоҳи судҳои ҳарбӣ фаъолияти судҳои ҳарбиро вобаста ба амалӣ намудани адолати судӣ ва дигар вазифаҳои судӣ таъмин мекунад.
  2. Дар ҳайати дастгоҳи суди ҳарбӣ аз рўйи воҳиди корӣ вазифаи мудири бахши коргузорӣ, пристави судӣ, котиби суди ҳарбӣ ва котибони маҷлисҳои суд ба миқдоре, ки мутобиқи шумораи судяҳо бошад, пешбинӣ мешавад. Дар назди судҳои ҳарбӣ тарҷумонҳо фаъолият менамоянд. Кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  суди ҳарбиро, ба истиснои мушовир, пристави судӣ ва ёрдамчии раиси суд, раиси суди харбии гарнизон ба кор қабул ва аз кор озод менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  3. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан, ҷойивазкунии хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбиро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  4. Хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, бо тамоми намудҳои пардохти пулӣ, молӣ ва дигар таъминот, таъминоти иҷтимоӣ-маишӣ, тиббӣ, санаторию курортӣ, манзилӣ, нафақавӣ ва ғайра мувофиқи меъёр ва андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин карда мешаванд. Ба онҳо ва аъзои оилаашон ҳуқуқу имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо муқаррар кардааст, нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

  1. Маоши хизматии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шаҳрвандии дастгоҳи коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари маоши хизматии барои чунин вазифаҳои Сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 68. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар судҳои ҳарбӣ

  1. Хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо хизмати ҳарбиро адо мекунанд ва ба онҳо оинномаю низомномаҳои ҳарбие, ки тартиби адои хизмати ҳарбиро муайян мекунанд, татбиқ мегарданд, ба истиснои тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  2. Ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбӣ медиҳад.
  3. Ба судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии то полковникро медиҳад.
  4. Ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ медиҳад.
  5. Тартиби ба хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, додани рутбаҳои ҳарбӣ, инчунин тартиби ба хизмати ҳарбӣ даъват ва аз хизмати ҳарбӣ озод шудани судяҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи судҳои ҳарбӣ, коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо назардошти муқаррароти Қонуни конститутсионии мазкур муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  6. Тартиби адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 69. Посбонӣ, нигоҳдорӣ ва бо посбон бурдани шахсони ба ҳабс гирифташуда

  1. Бо посбон ба судҳои ҳарбӣ бурдани шахсоне, ки дар қисмҳои интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд ё дар гауптвахта қарор доранд ва посбонии онҳоро дар мурофиаҳои судӣ мутобиқан қисмҳои ҳарбӣ ё комендантҳои ҳарбии гарнизонҳо иҷро менамоянд.
  2. Бо посбон ба маҳалли аз ҷониби судҳои ҳарбӣ баррасӣ шудани парвандаҳо бурдани шахсоне, ки дар дигар ҷойҳои нигоҳдории ба ҳабс гирифташудагон, инчунин дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ё изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ мебошанд, аз тарафи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 6.

СУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН,       СУДҲОИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Моддаи 70. Ҳайати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва  шаҳри Душанбе

  1. Ҳайати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе аз раис, муовини якум, муовинони раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат аст.
  2. Шумораи судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  3. Дар Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе сохторҳои зерин фаъолият менамоянд:

— Раёсати суд;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ;

— коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

 

Моддаи 71. Салоҳияти Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:

— дар марҳилаи якум парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамоянд;

— аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санади судии қабулнамудаи он, инчунин қарорҳои судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамоянд;

— таҷрибаи аз тарафи судҳои шаҳр ва ноҳия татбиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст мекунанд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;

— омори судиро таҳлил менамоянд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

  1. Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқат доштани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 72. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,  судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе мутаносибан аз ҷумлаи судяҳои ин судҳо таъсис дода мешаванд.
  2. Шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  3. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовинони онҳо ба ҳайати Раёсати суди дахлдор аз рўйи вазифаашон дохил мешаванд.
  4. Дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ҳангоми баррасии парвандаҳои мушаххас прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоят, шаҳри Душанбе ё муовинони онҳо иштирок менамоянд.
  5. Дар маҷлисҳои Раёсат, ки ба баррасии парвандаҳои мушаххас иртибот надоранд, бо даъвати раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе судяҳои дигар судҳо иштирок карда метавонанд.

Моддаи 73. Салоҳияти Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе

Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:

— ба тариқи назоратӣ парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд;

— пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;

— аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарори суди марҳилаи назоратӣ, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;

— бо пешниҳоди раиси суд аз ҷумлаи судяҳо ҳайати коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва аз ҷумлаи муовинони раиси суд ва судяҳо раисони ин коллегияҳои судиро тасдиқ менамояд;

-масъалаҳои ташкили кори коллегияҳои судиро баррасӣ менамояд, дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро мешунавад;

— маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ менамояд;

— ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро оид ба фаъолияти коллегияҳо, раисони судҳои шаҳр ва ноҳияро дар бораи фаъолияти ин судҳо мешунавад, масъалаҳои кори дастгоҳи судро баррасӣ менамояд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 74. Тартиби кори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва  шаҳри Душанбе

  1. Маҷлисҳои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар мавридҳои зарурӣ гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат салоҳиятнок ҳисобида мешаванд.
  2. Қарори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мегардад ва ба он раиси суди дахлдор имзо мегузорад.
  3. Қарори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе аз рўзи қабул намудани он эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Моддаи 75. Коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Ҳайати коллегияҳои судӣ ва раисони онҳоро бо пешниҳоди раиси суди дахлдор Раёсати ин судҳо тасдиқ мекунад.
  2. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар мавриди зарурат ҳуқуқ доранд, ки судяҳои як коллегияи судиро барои баррасии парвандаҳо ба ҳайати коллегияи дигар ҷалб намоянд.

Моддаи 76. Салоҳияти коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе

Коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва  шаҳри Душанбе:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмин менамоянд;

— дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ менамоянд;

— аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарорҳои судии қабулнамудаи ҳамин коллегия, инчунин қарори суди марҳилаи кассатсионӣ, ки дар асоси он қарорҳои суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нави судӣ қабул шудааст, баррасӣ менамоянд;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамоянд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

 

 

Моддаи 77. Салоҳияти раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва  шаҳри Душанбе

  1. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:

— ба фаъолияти суди дахлдор роҳбарӣ мекунанд ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунанд;

— вазифаҳоро дар байни муовинони раиси суд тақсим мекунанд;

— тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— дар коллегияҳои судӣ ҳангоми ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани парвандаҳо раисӣ карда метавонанд;

-дар коллегияҳои судӣ ва Раёсати судҳои мазкур оид ба парвандаҳо маърўза  карда метавонанд;

— Раёсати судро даъват намуда, дар маҷлиси он раисӣ мекунанд;

— ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;

— кори такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ташкил менамоянд;

— нисбати раисон, муовинон ва судяҳои суди шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда  парвандаи интизомӣ  оғоз  менамоянд;

— корҳоро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва таҳлили омори судӣ  ташкил мекунанд;

— шаҳрвандонро шахсан қабул намуда, фаъолияти судиро оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамоянд;

— ҷиҳати  тақвияти  муқовимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;

— оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

  1. Раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон фармон мебароранд.
  2. Дар мавриди набудани раиси суд вазифаҳои ўро муовини якуми раис иҷро мекунад. Дар давраи набудани раиси суд ва муовини якуми ў вазифаҳои раисро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи яке аз муовинони раиси суд мегузорад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 78. Салоҳияти муовини якум ва муовинони раиси Суди  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе

Муовини якум ва муовинони раиси Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят  ва  шаҳри Душанбе:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— кори коллегияҳои судиро дар хусуси ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парвандаҳо ташкил менамоянд;

— дар маҷлисҳои судии коллегияҳо, ки роҳбарии онҳоро ба уҳда доранд, раисӣ мекунанд ё барои иҷрои ин вазифа дигар судяҳоро таъин мекунанд;

— дар коллегияи судӣ ва дар маҷлисҳои Раёсат оид ба парвандаҳо маърўза менамоянд;

— ба Раёсати суд дар бораи фаъолияти коллегияҳо ҳисобот медиҳанд;

— парвандаҳои судиро аз судҳои шаҳр ва ноҳия барои омўзиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;

— шахсан шаҳрвандонро қабул мекунанд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

Моддаи 79. Салоҳияти судяи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Судяи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:

— парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмин менамояд;

— дар баррасии парвандаҳо ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок менамояд;

— эътироз ва шикоятҳои назоратиро баррасӣ менамояд;

— оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Раёсати суд пешниҳод шудаанд, маърўза менамояд;

— бо супориши раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияҳои судии Суди  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Судяи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқат доштани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намояд.

 

БОБИ 7.

СУДҲОИ ШАҲР ВА НОҲИЯ

 

Моддаи 80. Таъсиси судҳои шаҳр ва ноҳия

  1. Судҳои шаҳр ва ноҳия дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешаванд.
  2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои шаҳр ва ноҳияро таъсис медиҳад.

 

 

 

Моддаи 81. Ҳайати судҳои шаҳр ва ноҳия

  1. Судҳои шаҳр ва ноҳия аз раиси суд, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат мебошанд. Дар судҳои шаҳр ва ноҳия, ки дар онҳо панҷ нафар ва ё зиёда судя фаъолият менамоянд, вазифаи муовини раиси суд, ҳафт нафар ва ё зиёда судя бошанд, инчунин вазифаи муовини якуми раиси суд муқаррар карда мешаванд.
  2. Раис, муовини якум, муовин ва судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
  3. Шумораи судяҳоро барои судҳои шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 82. Салоҳияти судҳои шаҳр ва ноҳия

  1. Судҳои шаҳр ва ноҳия парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархост ва пешниҳодҳоро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти онҳо вобаста карда шудаанд, баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
  2. Судҳои шаҳр ва ноҳия дар хусуси ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқат доштани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намоянд.

 

 Моддаи 83. Салоҳияти раисони судҳои шаҳр ва ноҳия

  1. Раисони судҳои шаҳр ва ноҳия:

— ба фаъолияти судҳои дахлдор роҳбарӣ мекунанд ва нақшаи кории судро тасдиқ менамоянд;

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;

— судяҳоеро, ки парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин парвандаҳои ҷиноятиро нисбати ноболиғон баррасӣ менамоянд, муайян мекунанд;

— ташкили корро бо машваратчиёни халқӣ муайян мекунанд;

— шаҳрвандонро шахсан қабул карда, корро оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамоянд;

— ба омўзишу ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва пешбурди омори судӣ роҳбарӣ мекунанд, ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд;

— ба дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, барои такмил додани ташкили кори дастгоҳи суд тадбирҳо меандешанд;

— кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд;

— кори такмили ихтисоси кормандони суд, инчунин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии машваратчиёни халқиро ташкил мекунанд;

— ҷиҳати  тақвияти  муқовимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;

— оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

  1. Раисони судҳои шаҳр ва ноҳия дар доираи салоҳияташон фармон мебароранд.
  2. Дар ҳолати набудани раиси суд ваколатҳои ўро муовини якуми ў ва дар вақти набудани муовини якум муовини раис иҷро мекунад. Дар сурати муваққатан ҳузур надоштани раиси суди шаҳр ва ноҳия дар суде, ки вазифаи муовини раис набошад, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаи раисро ба зиммаи яке аз судяҳои ин суд мегузорад.

Моддаи 84. Салоҳияти муовини якум ва муовини раисони  судҳои шаҳр ва ноҳия

Муовини якум ва муовини раисони судҳои шаҳр ва ноҳия:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунанд.

— шаҳрвандонро шахсан қабул менамоянд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 85. Салоҳияти судяи судҳои шаҳр ва ноҳия

  1. Судяи судҳои шаҳр ва ноҳия:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— бо супориши раис ва муовини раиси судҳои шаҳр ва ноҳия вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Судяи судҳои шаҳр ва ноҳия дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқат доштани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намояд.

 

 

 

 

 

 

 

 БОБИ 8.

СУДИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН, СУДҲОИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Моддаи 86. Ҳайати Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз раис, муовинони раис ва судяҳо иборат мебошанд.
  2. Шумораи судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Дар судҳои иқтисодӣ, ки дар он панҷ нафар ё зиёда судя фаъолият менамоянд, вазифаи муовини раиси суд, ҳафт нафар ва ё зиёда бошанд, вазифаи муовини якуми раиси суд муқаррар карда мешаванд.
  4. Дар Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе барои дастҷамъона баррасӣ кардани парвандаҳо дар марҳилаи якум аз ҷумлаи судяҳои ин судҳо ҳайатҳои судӣ ташкил карда мешаванд. Ҳайатҳои судӣ ва судяи дар онҳо раисикунандаро раисони судҳои дахлдор муайян мекунанд.

 

Моддаи 87. Салоҳияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:

— дар суди марҳилаи якум парвандаҳоро баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— аз рўйи аризаи шахсони иштирокчии парванда санадҳои судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав баррасӣ мекунанд;

— таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамоянд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

  1. Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқат доштани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 88. Салоҳияти раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:

— фаъолияти суди иқтисодиро ташкил менамоянд ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунанд;

— дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва мақомоти дигар суди иқтисодиро намояндагӣ мекунанд;

— парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд;

— тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;

— барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо ҳайати судиро ташкил медиҳанд;

— кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони  судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— ҷиҳати  тақвияти  муқовимат  ба  коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии  Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;

— оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

  1. Раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон фармон мебароранд.
  2. Дар сурати набудани раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ваколатҳояшонро муовинони якум ё муовинони онҳо амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 89. Салоҳияти муовини якум ва муовини раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе

Муовини якум ва муовини раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:

— парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

— мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунанд.

— шаҳрвандонро шахсан қабул менамоянд;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

Моддаи 90. Салоҳияти судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе

  1. Судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:

— парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— бо супориши раис ва муовини раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;

— ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

  1. Судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқат доштани қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намояд.

 

БОБИ 9.

КОРГУЗОРӢ ДАР СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 91. Дастгоҳи суд

  1. Дастгоҳи суд фаъолияти ташкилии судро оиди амалӣ намудани адолати судӣ, ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, таҳлили омори судӣ, инчунин иҷрои дигар вазифаҳои судӣ таъмин мекунад. Бо ин мақсад дар дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои сохтории дахлдор ташкил карда мешаванд.
  2. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд ба ҷадвали воҳидҳои корӣ дар доираи шумораи умумии воҳидҳои кории амалкунанда ва фонди музди меҳнати тасдиқшуда дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намоянд.
  4. Кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан аз тарафи раисони ҳамин судҳо ба кор қабул ва аз кор озод карда мешаванд.
  5. Шумораи воҳидҳои кории дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  6. Пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз тарафи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Кормандони дигари дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судҳоро раисони судҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  7. Ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо дода мешаванд. Рутбаҳои кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомномаи тартиби додани рутбаҳо ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ба маоши вазифавии кормандони дастгоҳи судҳо иловапулӣ барои рутбаҳо муқаррар карда мешавад. Андоза ва тартиби додани иловапулиро барои рутбаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  8. Роҳбарони дастгоҳҳо, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, ёрдамчиёни раисон, ёрдамчиёни судяҳо, мушовирон, котибони суд, котибони маҷлиси судӣ, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисон, приставҳои судӣ, тарҷумонҳо ва кормандони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчии давлатӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  9. Ваколат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони дастгоҳи судҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастурамалҳои мансабӣ, ки мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд.

 

Моддаҳои 92, 93 ва 94 хориҷ карда шаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 95. Маълумоти омории судҳо

  1. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ду маротиба мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти омории шакли муқарраршударо пешниҳод мекунанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  2. Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе охири ҳар сол дар бораи фаъолияти солонаи худ мувофиқан ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакл ва тартиби муқарраргардида ахборот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 96. Санҷиши фаъолияти судҳо

  1. Санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, аз тарафи суди болоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Тартиби бартараф намудани вайронкунии қонунро, ки дар ҷараёни санҷиш муайян карда шудааст, қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Санҷиши фаъолияти ташкилӣ ва молиявии Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бошад, дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

Моддаи 97. Бойгонии суд

Дар назди судҳо бойгониҳо амал мекунанд. Тартиби ба бойгонӣ супоридани парванда ва мавод, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 98. Нашрияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи худро доранд.
  2. Ҳайати таҳририяи нашрияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди раисони ин судҳо мувофиқан пленумҳои судҳои дахлдор тасдиқ менамоянд.

 

БОБИ 10. 

  КОМИССИЯИ ИМТИҲОНОТӢ ВА ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаҳои 99, 100, 101, 102, 103, 104, 105 ва 106 хориҷ карда шаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 107. Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо                            ба вазифаи судя ва коромўз-судяҳо

  1. Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судяҳо дар асоси Низомнома дар бораи комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судяҳо фаъолият карда, имтиҳони тахассусии номзадҳои бори аввал барои таъин намудан ба вазифаи судя пешбаришаванда ва коромўз-судяҳоро мегузаронад.
  2. Бо пешниҳоди якҷояи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судяҳо таъсис дода, ҳайат ва Низомномаи он тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 108. Коромўз-судя

  1. Бо пешниҳоди Комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судяҳо шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, метавонанд ба мўҳлати як сол ба сифати коромўз-судя фаъолият намоянд ва ин мўҳлат ба собиқаи кории касбии онҳо дохил мешавад.
  2. Коромўз-судя метавонад шахсе бошад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бошад, забони давлатиро донад, ҳадди ақал 3 сол собиқаи кори касбӣ дошта, аз имтиҳони тахассусӣ гузашта бошад.
  3. Низомнома дар бораи коромўз-судя аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

 Моддаи 109. Маркази таълимии судяҳои назди  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии судяҳо фаъолият менамояд.
  2. Фаъолияти Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Маркази таълимии судяҳо) ба амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, аз тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромўз-судяҳо ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ иборат мебошад.
  3. Мақсад ва вазифаҳои Маркази таълимии судяҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳо, сохтор ва идоракунӣ, Шўрои ҳамоҳангсоз, Шўрои таълимӣ-машваратӣ, ташкили раванди таълим, заминаи моддию таълимӣ, молу мулк, сарчашмаи маблағгузорӣ ва баҳисобгирии муҳосибии он бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо муайян карда мешавад.
  4. Директори Маркази таълимии судяҳо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Ваколатҳои директор бо Низомномаи Маркази таълимии судяҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Кормандони дигари Маркази таълимии судяҳо бо пешниҳоди Директори Маркази таълимии судяҳо аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  5. Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

 

Моддаи 110. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техники  Маркази таълимии судяҳо

Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Маркази таълимии судяҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сурат гирифта, бо сатри алоҳида зикр меёбанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

БОБИ 11.

  КОЛЛЕГИЯИ ТАХАССУСИИ СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 Моддаи 111.  Таъсиси Коллегияи тахассусии судяҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Бо мақсади хоста гирифтан ва пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя ва тақвияти кафолати мустақилияти судяҳо, инчунин гузаронидани санҷиши тахассусӣ ва баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Коллегияи тахассусии судяҳо) таъсис дода мешавад.
  2. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо ба мўҳлати ваколати судяҳо интихоб мегардад.

Моддаи 112. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо

  1. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо дар конфронси судяҳои судҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби судяҳо дар ҳайати раис, муовини раис ва 11 нафар аъзо интихоб карда мешаванд, аз ҷумла:

— ду судя аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

—  ду судя аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— як судя аз судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;

— ду судя аз судҳои вилояти Хатлон (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);

— ду судя аз судҳои вилояти Суғд (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);

— ду судя аз судҳои шаҳри Душанбе (яке аз онҳо судяи суди ҳарбии гарнизон);

— ду судя аз судҳои шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

  1. Барои интихоб намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо Раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд – Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бо тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, конференсияи судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд.
  2. Конфронси судяҳо, ки барои интихоби аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо даъват шудааст, дар он сурат баргузоршуда ҳисобида мешавад, агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда бошанд.
  3. Судя ҳамон вақт узви Коллегияи тахассусии судяҳо интихобшуда ҳисоб меёбад, агар аз нисф зиёди овозҳои судяҳои дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифта бошад.
  4. Раиси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси якуми Коллегияи тахассусии судяҳоро даъват менамояд, ки дар он аз ҷумлаи аъзои Коллегия раис ва муовини раиси Коллегияи тахассусии судяҳо бо роҳи овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ бо аксарияти овозҳо интихоб карда мешаванд.
  5. Интихоби узви нави Коллегияи тахассусии судяҳо ба ҷои узви хориҷшуда бо тартиби пешбининамудаи моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.
  6. Раёсати Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколи пешниҳодкардаи конфронси судяҳо бо қарори худ ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳоро ба расмият медарорад.
  7. Тартиби гузаронидани конфронсро низомномаи аз ҷониби конфронси судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида муайян мекунад.
  8. Коллегияи тахассусии судяҳо мустақилона фаъолият намуда, қароргоҳи он шаҳри Душанбе мебошад.

 

Моддаи 113. Салоҳияти Коллегияи тахассусии судяҳо

1.Коллегияи тахассусии судяҳо:

— бо пешниҳодҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти натиҷаи имтиҳоноти тахассусӣ дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниҳодшаванда ва ё рад кардани номзадии ў хулоса медиҳад;

— дар бораи муносиб будани номзадҳо барои  интихоб ё таъин намудан ба вазифаи муовинони Раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса медиҳад;

— санҷиши тахассусии судяҳои судҳои ҷумҳуриро мегузаронад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;

— бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иктисодии вилоят ва шаҳри Душанбе додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;

— дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия хулоса пешниҳод менамояд;

— дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иктисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса пешниҳод менамояд;

— масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳои ҷумҳуриро баррасӣ мекунад.

  1. Хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳо дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниҳодшаванда ё рад кардани ў дар мўҳлати се сол эътибор дорад.
  2. Коллегияи тахассусии судяҳо ҳуқуқ дорад барои иҷро намудани ваколатҳояшон аз раисони судҳо, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор маълумоти заруриро талаб намояд.
  3. Коллегияи тахассусии судяҳо вазифадор аст, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии судяҳоро ҳимоя намуда, аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор оид ба муроҷиати худ ҷавоб талаб намояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 114. Санҷиши тахассусии судяҳо

  1. Санҷиши тахассусии судяҳо аз тарафи Коллегияи тахассусии судяҳо бо мақсади баҳо додан ба фаъолияти касбии судяҳо, ҳавасмандгардонии онҳо ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти онҳо баҳри риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо амалӣ карда мешавад. Шакли гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳоро Коллегияи тахассусии судяҳо муайян менамоянд.
  2. Санҷиши тахассусии судяҳо дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

— додани дараҷаҳои тахассусӣ;

— интихоб ва таъин намудани судя ба суди болоӣ;

— интихоб ва таъин намудани судя ба мўҳлати навбатии ваколат;

— пайдоиши зарурат оид ба муайян намудани муносиб будани судя ба вазифаи ишғолкардааш. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 115. Дараҷаи тахассусии судяҳо

  1. Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи тахассусӣ дода мешавад.
  2. Дараҷаҳои тахассусии судяҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 116. Муҳлатҳои гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо

  1. Санҷиши тахассусии судя барои муайян намудани мувофиқати ў ба вазифаи ишғолкарда новобаста аз вақти гузаштани санҷиши охирин гузаронида мешавад.
  2. Санҷиши тахассусии навбатии судя на дертар аз як моҳ то рўзи ба итмом расидани муҳлати дар дараҷаи тахассусии додашуда будани ў гузаронида мешавад. Пеш аз муҳлат гузаронидани санҷиши тахассусӣ на пештар аз ду соли гузаштани муддати санҷиши охирин имконпазир аст.
  3. Шахсони бори аввал ба вазифаи судя таъиншуда дар муддати шаш моҳи баъди таъин шуданашон барои гирифтани дараҷаи тахассусӣ аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.

 

Моддаи 117. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо

  1. Ба судяе, ки аз санҷиши тахассусӣ мегузарад, барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳо тавсифнома дода мешавад, ки дар он сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва фаъолияти касбии ў нишон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  2. Судя бояд бо тавсифнома на дертар аз 15 рўз то санаи гузаронидани санҷиши тахассусӣ шинос карда шавад.
  3. Санҷиши тахассусӣ дар ҳузури судяе, ки аз санҷиш мегузарад, дар муҳлати як моҳ баъд аз рўзи ворид шудани маводи дахлдор гузаронида мешавад.

 

Моддаи 118. Тартиби кори коллегияҳои тахассусии судяҳо

  1. Пешниҳодҳо ва дигар маводи ба Коллегияи тахассусии судяҳо воридшуда ва ба салоҳияти он тааллуқдошта, бояд дар муҳлати то 30 рўз аз санаи воридшавии онҳо, ба истиснои муҳлати бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани судяе, ки нисбати ў масъала ҳал мешавад, баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати гузаронидани санҷиши иловагӣ муҳлати баррасии мавод метавонад на бештар аз 15 рўз дароз карда шавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

  1. Тайёрии маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳоро раиси Коллегия, муовини вай ё ин ки бо супориши раис яке аз аъзои Коллегия мегузаронад.
  2. Вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисро раиси Коллегия муайян карда, на дертар аз 15 рўз дар ин бора ба шахсе, ки нисбати ў масъала баррасӣ мегардад ва ба шахсони мансабдоре, ки аз рўйи пешниҳоди онҳо масъала баррасӣ карда мешавад, хабар мерасонад.
  3. Маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо он вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Коллегия иштирок намоянд.
  4. Коллегияи тахассусии судяҳо маҷлисҳои худро аз рўйи зарурат мегузаронад.
  5. Маҷлиси Коллегияи тахассусӣ ошкоро гузаронида мешавад.
  6. Ба маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо раиси он ва дар ҳолати набудани раис — муовини вай ё яке аз аъзои Коллегия, ки дар машварати Коллегияи тахассусии судяҳо ба ин кор ваколатдор шудааст, раисӣ менамояд. Ба маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо раисони судҳои дахлдор метавонанд даъват шаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  7. Баррасии масъалаҳое, ки дар маҷлиси Коллегияи тахассусӣ ҳал мегарданд, аз гузориши раис ё аъзои Коллегия, ки пешниҳод ва дигар маводи ба Коллегия воридшударо пешакӣ омўхтааст, оғоз мегардад. Пас аз он мулоҳизаи шахсони ба маҷлиси Коллегияи тахассусӣ даъватшуда шунида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳқиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 119. Ҳуқуқи аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо

Аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо ҳуқуқ доранд бо маводи пешниҳодшуда шинос шаванд, дар таҳқиқ ва санҷиши онҳо иштирок кунанд, дархост ва ваҷҳҳо пешниҳод карда, андешаҳои худро оид ба масъалаи баррасишаванда баён намоянд, ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунанд, дар қабул намудани қарор иштирок карда, ба қарори он имзо гузоранд.

 

Моддаи 120. Рад намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо

  1. Агар ҳолатҳое муайян гарданд, ки беғаразии узви Коллегияи тахассусии судяҳоро таҳти шубҳа мегузоранд, ў наметавонад дар баррасии масъала иштирок намояд ва бояд рад карда шавад.
  2. Ҳангоми мавҷуд будани чунин ҳолатҳо узви Коллегияи тахассусии судяҳо вазифадор аст, ки худрадкунӣ изҳор намояд. Бо ҳамин асосҳо ба узви Коллегия шахсе, ки нисбати ў масъала ҳал карда мешавад ва шахсе, ки бо пешниҳоди ў масъала баррасӣ мегардад, метавонанд раддия арз намоянд.
  3. Худрадкунӣ ва раддия бояд асоснок бошанд ва дар шакли хаттӣ то оғози баррасии масъала изҳор карда шаванд.
  4. Қарор дар бораи ҳалли раддияи (худрадкунии) узви Коллегия дар ғоибии ў аз тарафи аксарияти аъзои Коллегия, ки дар маҷлис иштирок менамоянд, қабул карда мешавад.

 

 

 

Моддаи 121. Хулоса ва қарори Коллегияи тахассусии судяҳо

  1. Хулоса ва қарори Коллегияи тахассусии судяҳо бо аксарияти овозҳои аъзои дар маҷлис иштироккунандаи Коллегия қабул карда мешавад.
  2. Овоздиҳӣ дар ғоибии шахсе, ки нисбати ў масъала баррасӣ мегардад ва шахсони даъватшуда гузаронида мешавад.
  3. Судяе, ки узви Коллегияи тахассусӣ мебошад, ҳангоми баррасии масъала нисбати ў дар овоздиҳӣ иштирок карда наметавонад.
  4. Хулоса ё қарори Коллегияи тахассусӣ дар шакли хаттӣ таҳия мешавад ва дар он бояд вақт ва ҷои қабули он, ҳайати Коллегия, асосноккунии қарорҳои қабулшуда нишон дода шаванд. Ба хулоса ё қарор раисикунанда ва аъзои Коллегияи тахассусӣ, ки дар овоздиҳӣ иштирок намудаанд, имзо мегузоранд. Аъзои Коллегия, ки ақаллиятро ташкил медиҳанд, ҳуқуқ доранд фикри худро оид ба қарор ё хулосаи баровардашаванда хаттӣ баён кунанд, ки он ба мавод замима гардида, набояд эълон карда шавад.
  5. Нусхаи тасдиқгардидаи қарор ё хулосаи эълоншудаи Коллегияи тахассусии судяҳо ба шахсони манфиатдор супорида мешаванд.
  6. Нисбат ба қарор ва хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳо ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати даҳ рўз аз лаҳзаи супоридани онҳо шикоят овардан мумкин аст.

 

Моддаи 122. Коргузорӣ ва таъмини моддӣ-техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяҳо

  1. Коргузорӣ дар Коллегияи тахассусии судяҳо бо қарори он ба зиммаи яке аз аъзои коллегия гузошта мешавад. Дар ҷараёни маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо протокол тартиб дода мешавад.
  2. Таъмини ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяҳо ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

БОБИ 12.

ҶАВОБГАРИИ ИНТИЗОМИИ СУДЯҲО

 

Моддаи 123. Асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя

Судя дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарии  интизомӣ кашида мешавад:

— барои дағалона вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ,  иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо;

— барои риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ;

— барои кирдоре, ки обрўи ҳокимияти судӣ ва шаъну эътибори судяро паст мезанад;

— барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚкҶТ аз 08.08.2015,№1212)

 

Моддаи 124. Марҳилаҳои парвандаи  интизомӣ

Парвандаи интизомӣ иборат аст аз:

— санҷиши маълумот оид ба кирдори интизомии судя;

— оғоз намудани  парвандаи интизомӣ;

— баррасӣ кардани парвандаи интизомӣ.

 

Моддаи 125. Санҷиши маълумот оид ба кирдори судя ва оғоз намудани парвандаи интизомӣ

  1. Шахсе, ки ҳуқуқи оғоз кардани истеҳсолоти интизомиро дорад, пешакӣ маълумоти ба асоси ҷавобгарии интизомии судя вобастабударо месанҷад ва аз ў баёноти хаттӣ талаб менамояд.
  2. Ҳуқуқи оғоз кардани парвандаи интизомӣ ба инҳо дода шудааст:

— Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳо, ба истиснои судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

— раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе нисбати раисон, муовинони онҳо, судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, ки мувофиқан дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

  1. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия аз рўйи ҳамаи асосҳои дар моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизомӣ оғоз намояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  2. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе аз рўйи ҳамаи асосҳои дар моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи интизомӣ оғоз намояд. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  3. Раиси Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе нисбати раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар сархати якуми моддаи 123 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда метавонад парвандаи   интизомӣ  оғоз  намояд.
  4. Дар бораи оғоз намудани парвандаи интизомӣ раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе қарор қабул мекунанд. Дар қарор асосҳои оғоз кардани парвандаи интизомӣ, ки ҳангоми санҷиши пешакӣ муайян шудааст, бояд нишон дода шаванд. Қарор бо маводи зарурӣ барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳо фиристода мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  5. То ба Коллегияи тахассусӣ фиристодани парвандаи интизомӣ судяе, ки нисбати ў парвандаи интизомӣ оғоз карда шудааст, бояд бо он шинос карда шавад. Ҳамзамон судя ҳуқуқ дорад баёноти иловагӣ ё оид ба гузаронидани санҷиши иловагӣ дархост пешниҳод намояд.

Моддаи 126. Баррасии парвандаи интизомӣ

  1. Парвандаи интизомӣ дар муҳлати на дертар аз як моҳ аз рўзи ба Коллегияи тахассусӣ ворид шудани он, бе ба ҳисоб гирифтани вақт оид ба талаби ҳуҷҷати иловагӣ, мавод ва парвандаҳои судӣ бояд баррасӣ шавад.
  2. Муҳокимаи парвандаи интизомӣ дар маҷлиси Коллегияи тахассусӣ бо иштироки судяе, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад ва дигар шахсони манфиатдор сурат мегирад. Коллегияи тахассусӣ ҳуқуқ дорад парвандаи интизомиро ҳангоми ҳозир нашудани шахсони зикргардидае, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлис огоҳонида шудаанд, баррасӣ намояд, агар сабабҳои ҳозир нашудани онҳоро узрнок эътироф накунад. Судяе, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад ва дигар шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ ҳоҳиш намоянд, ки парванда бе иштироки онҳо баррасӣ гардад ва нусҳаи қарор ё хулоса ба онҳо ирсол карда шавад.

 

Моддаи 127. Татбиқ ва бардоштани ҷазои интизомӣ

1.Коллегияи тахассусии судяҳо вобаста ба парвандаи интизомӣ метавонад қарорҳои  зеринро  қабул намояд:

— дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ;

— дар бораи қатъ намудани парвандаи  интизомӣ;

— дар бораи фиристодани мавод ба мақомот ё шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи овардани пешниҳод дар бораи озод ё бозхонд намудани судяро доранд ё ин ки ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Дар ин маврид баррасии парвандаи  интизомӣ боздошта мешавад.

  1. Коллегияи тахассусӣ ҷазоҳои зерини интизомиро татбиқ менамояд:

— огоҳӣ;

— сарзаниш.

  1. Ҳангоми татбиқи ҷазои интизомӣ хусусияти кирдор, вазнинӣ ва оқибати он, шахсияти судя ва дараҷаи гуноҳи ў ба инобат гирифта мешаванд. Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди содир шудани кирдор аз тарафи судя, аммо на дертар аз як моҳи ошкоршудани содиршавии он, ба ғайр аз вақти санҷиши хизматӣ, бемории судя ё дар рухсатӣ будани ў татбиқ мегардад. Муҷозот баъди гузаштани шаш моҳи содиршавии кирдор аз тарафи судя татбиқ шуда наметавонад.
  2. Коллегияи тахассусии судяҳо парвандаи интизомиро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:

— бинобар беасос оғоз намудани парвандаи интизомӣ нисбати судя;

— бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, ки бо қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст.

  1. Нусхаи қарори Коллегияи тахассусии судяҳо оид ба парвандаи интизомӣ ба парвандаи шахсии судя ҳамроҳ карда мешавад.
  2. Агар мақомот, шахси мансабдор, ки дар назди онҳо мувофиқи қарори Коллегияи тахассусӣ масъалаи аз вазифа озод намудан ё бозхонди судя ё ин ки оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя гузошта шудааст, асос наёбад, он гоҳ парвандаи интизомӣ ба Коллегияи тахассусӣ баргардонида мешавад ва Коллегия онро аз нав баррасӣ мекунад ва ё қатъ менамояд. Вақт аз рўзи қабули қарори аввала то баргардонидани мавод ба муҳлати ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, ки бо қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, дохил карда намешавад.
  3. Дар мавриди аз вазифа озод кардан ё бозхонд намудани судя, ё ин ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидани ў баррасии парвандаи интизомӣ қатъ карда мешавад.
  4. Агар дар муддати як сол аз рўзи татбиқи чораи интизомӣ ба судя ҷазои нави интизомӣ татбиқ нагардад ва ё ҷазои интизомиаш бардошта шуда бошад, дар ин сурат ў ҷазои интизомӣ нагирифта ҳисобида мешавад.
  5. Дар мавриди вазифаҳояшро бенуқсон ва бовиҷдонона иҷро намудани судя бо пешниҳоди шахси парвандаи интизомиро оғозкарда, ҳамчунин бо ташаббуси худи Коллегияи тахассусӣ ё ин ки бо тавсияи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллегияи тахассусии ҷазои интизомиро татбиқкарда, метавонад бо гузаштани на камтар аз шаш моҳи баъди татбиқи ҷазои интизомӣ онро пеш аз муҳлат бардорад.

 

БОБИ 13.

МАБЛАҒГУЗОРИИ СУДҲО. ТАЪМИНИ МОДДӢ — ТЕХНИКӢ

ВА ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ СУДЯҲО

 

Моддаи 128. Маблағгузории судҳо

  1. Маблағгузорӣ, таъмини моддӣ-техникӣ ва дигар таъминоти судҳо, муҳофизат кардан ва нигоҳ доштани иморатҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.
  2. Хароҷоти вобаста ба фаъолияти ҳар як суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида пешбинӣ карда мешавад.
  3. Андозаи маблағгузорӣ барои таъмини фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо пешниҳодҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)

 

Моддаи 129. Музди меҳнати судя

  1. Музди меҳнати судя аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи корӣ иборат аст.
  2. Андозаи маоши вазифавиро барои раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Андоза ва тартиби додани иловапулӣ барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи кории судя аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  4. Ба судяи Суди ҳарбӣ аз рўйи интихоби ў иловапулӣ барои рутбаи ҳарбӣ ё дараҷаи тахассусӣ дода мешавад.

 

Моддаи 130. Рухсатии меҳнатии судя

  1. Ба раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони якум ва муовинони онҳо, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 рўзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
  2. Ба раисон, муовинони онҳо ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе 30 рўзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.
  3. Ба судяҳо ҳангоми доштани собиқаи корӣ аз рўйи касби ҳуқуқшиносӣ ба муддати зайл рухсатии иловагии пардохтшаванда дода мешавад:

— баъди 5 соли собиқаи корӣ — 3 рўзи корӣ;

— баъди 10 соли собиқаи корӣ — 5 рўзи корӣ;

— баъди 15 соли собиқаи корӣ — 10 рўзи корӣ;

— баъди 20 соли собиқаи корӣ — 15 рўзи корӣ.

  1. Бо хоҳиши судя рухсатӣ мумкин аст қисм-қисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як қисми рухсатии додашуда набояд аз 14 рўзи тақвимӣ кам бошад.
  2. Судя ба рухсатии бемузд ба муҳлати то 60 рўзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 131. Кафолатҳои дигари моддӣ барои судя

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд на дертар аз шаш моҳи ба вазифа таъин ва интихоб шудани судя ё дар мавриди зарурати беҳтар намудани шароити манзилиаш барои вай бидуни навбат дар маҳалли воқеъгардидаи суд хонаи истиқоматӣ бо назардошти ҳуқуқи судя ба майдони иловагии зист дар ҳаҷми на камтар аз 20 метри мураббаъ ё дар шакли утоқи алоҳида муҳайё созанд.
  2. Баъди ба охир расидани 10 соли кори судягӣ хонаи истиқоматии аз ҳисоби фонди давлатии манзил гирифтаи судя, ройгон ба моликияти ў дода мешавад. Ба судя ва аъзои оилааш 50 фоизи музди хонаи истиқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатии манзил, инчунин 50 фоизи маблағи тамоми хизмати коммуналӣ (гармидиҳиии марказӣ, таъмини об ва ғайра) ва маблағи истифодаи телефон (ба ғайр аз гуфтугўи байнишаҳрӣ) пардохт карда мешавад.
  3. Бо ризоияти судя ба ў дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ ба ҷои хонаи истиқоматӣ қарзи бефоиз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.
  4. Хизматрасонии тиббӣ ба судя ва аъзои оилаи ў дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузаштан ё гузаронидан ва ба истеъфо ё ба нафақа баромадани судя расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад.
  5. Дар сурати озод кардан аз вазифа ва ё бозхонди судя аз рўйи асосҳое, ки дар сархатҳои ёздаҳум ва чордаҳуми қисми 1 моддаи 18 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба оилаи вай кўмакпулии якдафъаина ба андозаи музди меҳнати панҷмоҳаи судя дода мешавад.
  6. Судя аз ҳуқуқи брон ва бе навбат гирифтани ҷой дар меҳмонхонаҳо, харидани чиптаҳо дар ҳамаи намудҳои нақлиёт истифода мебарад.
  7. Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан ба андозаи музди меҳнати семоҳа кўмакпулии якдафъаина дода мешавад.

Моддаи 132. Тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии судя ва аъзои оилаи ў

  1. Ҳаёт ва саломатии судя аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳааш мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор мегирад.
  2. Мақомоти суғуртаи давлатӣ дар чунин ҳолатҳо маблағи суғуртаро пардохт менамояд:

— дар сурати вафот кардани судя дар давраи кор, агар ин ҳодиса дар натиҷаи расидани зарари ҷисмонӣ ё дигар таъсири ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки дар натиҷаи иҷрои вазифа ба амал омада бошад, ба ворисони вай — ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳаи судя;

— дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудани судя ё расидани зарари дигар ба саломатии ў, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шуданашро ғайриимкон мегардонад — ба андозаи музди меҳнати шашмоҳаи судя.

  1. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии судя, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани ўро ғайриимкон мегардонад, ба судя фарқияти байни музди меҳнат ва нафақаи таъиншуда бе назардошти маблағе, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулии ҳармоҳа дода мешавад.
  2. Дар сурати вафот кардани судя, аз он ҷумла судяе, ки дар натиҷаи зарари ҷисмонӣ ё дигар зараре, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба саломатиаш расида ба истеъфо баромадааст, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилааш, ки дар таъминоти ў мебошанд, ҳар моҳ ба андозаи фарқияти қисми маоши судяи вафоткарда, ки барои онҳо рост меояд, нафақае, ки бинобар бе саробон мондан барои онҳо таъин шудааст, бидуни назардошти пардохте, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
  3. Товони зараре, ки ба молу мулки судя ё аъзои оилаи вай дар натиҷаи фаъолияти хизматӣ расидааст, ба ў ё ба аъзои оилааш дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад.
  4. Товони зараре, ки дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.
  5. Ҳуқуқи гирифтани бинои истиқоматии обод аз рўйи шартҳо ва асосҳое, ки дар вақти вафот кардани судя вуҷуд доштанд, барои оилаи ў нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 133.  Муҳри судҳо

Судҳо дорои муҳр мебошанд, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, номи суд сабт карда мешавад.

 

Моддаи 134. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар судҳо

  1. Дар болои бинои суд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
  2. Ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ судяҳо бо либоси махсус, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, маҷлиси судӣ мегузаронанд.

 

Моддаи 135. Қароргоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Қароргоҳи доимии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мебошад. (ҚҶТ аз 23.07.2016, №1328)
  2. Қароргоҳи судҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази воҳиди марзиву маъмурие мебошад, ки суди дахлдор дар ҳудуди он фаъолият мекунад.

 

Моддаи 136. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 137. Аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8, мод. 809; №12, қ. 1, мод. 997; с. 2013, №3, мод. 176; №7, мод. 496; мод. 501) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 138. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014

№1084

ШАРИКОН: