Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

(АМОҶТ   с.2009, №3, мод.99; с.2010, №3, мод. 152; с.2011, №6, мод.442)

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мавзўи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таносуби байни онҳо, тартиби умумии таҳия, қабул, интишор, амал, тафсир ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқиро муайян мекунад.
  2. Хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, илова ворид намудан, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлати (шахсони мансабдори онҳо)- ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба танзим медароранд, муайян карда мешаванд.
  3. Қонуни мазкур муносибатҳои зеринро ба танзим намедарорад:

— тартиби қабул намудан, ворид кардани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— тартиби қабул, иҷро намудан, беэътибор донистан, қатъ кардан, бекор намудан ва боздоштани амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

— оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Қонуни мазкур пешбининашуда.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад;

умумиҳатмӣ будани санади меъёрии ҳуқуқӣ – иҷрои ҳатмии санади меъёрии ҳуқуқии бо тартиби муқарраршуда қабулгардида ва мавриди амал қарордодашуда аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

қонунгузорӣ –санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар маҷмўъ ё дар соҳаи муайян танзим мекунанд;

санадҳои қонунгузорӣ – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

санадҳои зерқонунӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ қабул мегарданд;

ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ – аз тарафи мақомот ё шахсони мансабдори муайяннамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии мақоми қонунгузор расман пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ё таклифҳои қонунгузорӣ;

фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ – фаъолияти субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

субъектони ҳуқуқэҷодкунанда – халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ, шахсони мансабдор, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро доранд;

техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ – маҷмўи қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – мухолифати (номувофиқатии) байни меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳамон як муносибати ҷамъиятиро ба танзим медароранд;

норасоӣ дар қонунгузорӣ – набудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятии дахлдорро танзим менамоянд ва зарурати танзими ин муносибатҳо аз шарту моҳияти мазмуни низоми ҷории ҳуқуқии давлат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;

мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – фаъолияти ба тартиб овардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба низоми ягонаи таркибан мувофиқашуда даровардани онҳо;

қувваи ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ – хусусияти санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарордошта, ки ҳатмӣ будани татбиқи онро ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятии дахлдор, инчунин тобеияти байниҳамдигарии онро бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад;

қиёси қонун – бо сабаби набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати онҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузорие, ки муносибатҳои ҷамъиятии шабеҳро ба танзим медароранд;

қиёси ҳуқуқ – бо сабаби набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои шабеҳи он нисбати муносибатҳои ҷамъиятӣ татбиқ намудани асосҳои умумӣ, мазмуни қонун, талаботи бовиҷдонӣ, хирад ва адолат.

 

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ

Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ, ошкорбаёнӣ, илмият, касбият ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ

  1. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

— пешниҳоди маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;

— интишори санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситаҳои дигар расонидани ин санад ба маълумоти ҳамагон, аз ҷумла бо воситаҳои электронӣ;

— имконият додан ба ҳамаи шахсони манфиатдор барои шиносоӣ бо мазмуни санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида.

  1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳокимаи умум тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар сайтҳои расмии субъектони ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда мумкин аст интишор карда шавад. Ҳар шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад бо мазмуни чунин лоиҳа шинос шавад. Пешниҳодҳои воридшуда ҳангоми такмили лоиҳа бояд аз ҷониби субъекти ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда баррасӣ гарданд.
  2. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 5. Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ва ваколатҳои онҳо

  1. Ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дохил мешаванд: халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
  2. Ваколатҳои субъектони ҳуқуқэҷодкунанда бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
  3. Якчанд субъектони ҳуқуқэҷодкунанда метавонанд якҷоя санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия, қабул ва интишор намоянд, агар он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда бошад. Тағйир додан, боздоштан ва қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқии якҷоя интишоршуда аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунандаи онро якҷоя қабулнамуда амалӣ мегардад, агар бо қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  4. Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда наметавонанд якҷоя санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул кунанд, агар як субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар муносибат бо дигар субъекти ҳуқуқэҷодкунанда мақоми болоӣ бошад.

 

Моддаи 6. Талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ

Талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ аз инҳо иборатанд:

-қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъекти ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда;

-қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиб ва шакли муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мутобиқати санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи ҳуқуқиашон болотар;

-мутобиқат ба принсипҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

-интишор кардан ва ба маълумоти омма расонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ.

 

Моддаи 7. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

— Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд;

— санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

— қонунҳои конститутсионӣ;

— кодексҳо, қонунҳо;

— қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— фармоишҳои вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ;

— қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

— қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

— қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

— қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

— қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

  1. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар қисмати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат накарданашон, амал мекунанд.

 

 

 

Моддаи 8. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

  1. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва амали бевосита доранд. Тартиби эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар худи ин санадҳо ё қонун муқаррар мегардад.
  2. Тартиби бастан, тасдиқ, иҷро, беэътибор донистан, қатъ, бекор кардан ва боздоштани амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд.

 

Моддаи 9. Асосҳои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Агар барои амалӣ гардонидани ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани (имплементатсияи) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи дохилидавлатӣ зарур бошад, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
  2. Барои амалӣ гардонидани ўҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин қабул карда мешаванд, агар:

-мавзўи танзими санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон масъалаҳои мансуб ба соҳаи танзими меъёрии ҳуқуқӣ буда, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда нашуда бошанд ва ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолиф бошанд;

-иҷрои ўҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда бе қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон бошад;

-иштироккунандагони шартномаи байналмилалӣ дар бораи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори миллӣ аҳду паймон карда бошанд.

 

Моддаи 10. Вогузории ваколати ҳуқуқэҷодкунӣ

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд қисме аз ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии худро, агар ин мухолифи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, ба мақомоти тобеи худ вогузор намоянд.
  2. Дар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба вогузории ваколат нишон дода мешавад, ки ба кадом мақомот ва ба кадом мўҳлат ваколати мушаххас вогузор мешавад, ҳамчунин доирае, ки дар он мақомот ваколати ба он вогузоршударо татбиқ менамояд, муқаррар мегардад.
  3. Мақомоте, ки ба он ваколат вогузор гардидааст, ҳуқуқ надорад онро ба мақомоти дигар вогузор намояд.
  4. Мақомоте, ки дар асоси ваколати вогузоршуда санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд, дар санади меъёрии ҳуқуқии худ ба қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки мувофиқи он ваколати дахлдор ба он вогузор гардидааст, истинод меорад.

 

Моддаи 11. Вориси ҳуқуқӣ нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда

  1. Дар сурати азнавташкилдиҳии мақомоти давлатии (ворид намудани тағйирот ба вазифаи шахси мансабдори давлатии) дорои ҳуқуқи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ба вориси ҳуқуқии он якҷоя бо салоҳияти қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, салоҳияти тағйир додан, илова кардан ва қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда мегузарад.
  2. Агар ба мақомоти давлатии барҳамдодашуда (мансаби ихтисоргардида) ва ё аз нав ташкил кардашуда, ба вориси ҳуқуқӣ барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор салоҳият дода нашуда бошад, салоҳияти тағйир додан ё қатъ кардани амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда ба мақомоти болоӣ ё худ ба мақомоти дигари салоҳиятдори давлатӣ ё ин ки ба шахси мансабдори дар санади меъёрии ҳуқуқии барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ пешбинишуда мегузарад.
  3. Тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ (шахси мансабдор), ки санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад, сабаби қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда намегардад. (қҷт. 28.06.2011 №730)
  4. Дар мавриди дигар шудани номи мақомоти давлатӣ ва ё азнавташкилдиҳии он бо роҳи муттаҳидсозӣ, ҳамроҳкунӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ, ки дар натиҷа номи ин мақомот тағйир меёбад, бояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои номи пешина дар қисмати дигар шудани номашон тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. То ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо амали санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки номи пешинаро доранд, пурра ба мақомоте паҳн мегардад, ки номаш дигар шудааст.
  5. Агар мақомоти давлатӣ тақсим ё ҷудо шавад, дар қарор оид ба азнавташкилдиҳии он бояд тақсими дақиқи салоҳият пешбинӣ шуда бошад. Дар баробари ин мақомоти давлатие, ки дар бораи тақсим ё ҷудо шудани ин мақомот қарор қабул кардааст, вазифадор аст дар давоми шаш моҳ тамоми тағйиру иловаҳои заруриро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ворид намояд.

 

 

Моддаи 12. Амали бевоситаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор додани он тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, санади меъёрии ҳуқуқӣ бевосита амал мекунад.
  2. Барои татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардааст, ягон дастури иловагӣ талаб карда намешавад.
  3. Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ таъкид шуда бошад, ки ягон меъёри ҳуқуқии он дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ татбиқ карда мешавад, пас ин меъёр мутобиқи санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ ва иловагӣ татбиқ карда мешавад. То қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои дахлдорро қаблан ба танзим медароварданд ва беэътибор дониста нашудаанд, дар қисмати ба санади меъёрии ҳуқуқии нав мухолифатнадошта амал мекунанд.

 

Моддаи 13. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон – номгўи соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
  2. Пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  3. Мақомоти давлатӣ ўҳдадоранд Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ намоянд.

 

Боби 2.

Намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

 

Моддаи 14. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
  2. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё қисмҳои таркибии онҳо меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.

 

 

Моддаи 15. Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида

  1. Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардида, масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳуриро танзим мекунад.
  2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда ва ё бекор кардани он танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 16. Қонуни конститутсионӣ

Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзўи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 17. Кодекс

Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.

 

Моддаи 18. Қонун

Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.

 

Моддаи 19. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки мутобиқан дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳиятҳои пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабул гардидаанд. (қҷт. 28.06.2011 №730)
  2. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санади меъёрӣ намебошанд.

 

Моддаи 20. Фармон ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад.
  2. Санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон бароварда мешавад.
  3. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ доранд ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ намебошанд.

 

Моддаи 21. Қарор ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва фармоиш қабул мекунад.
  2. Санади меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  3. Қарорҳои хусусияти фардидошта ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ намебошанд.

 

Моддаи 22. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ

  1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
  2. Вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд.
  3. Барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ роҳбарони вазоратҳо, дигар мақомоти давлатӣ фармоишҳо ва кумитаҳои давлатӣ қарорҳои хусусияти меъёрӣ надошта қабул мекунанд.

Моддаи 23. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

  1. Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
  2. Қарорҳои хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳидоштаи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе санади меъёрӣ намебошанд.

 

Моддаи 24. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони шаҳру ноҳия

  1. Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони шаҳру ноҳия дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
  2. Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
  3. Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд ва амрҳои раисони шаҳру ноҳияҳо санадҳои меъёрӣ намебошанд.

 

Моддаи 25. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

  1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад.
  2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунад.
  3. Қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрӣ намебошанд.

 

Моддаи 26. Дастур, низомнома, оиннома

  1. Дастур санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби фаъолияти ягон мақоми давлатӣ ва ё воҳиди сохтории онро танзим менамояд.
  2. Низомнома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки ба таври дақиқ вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
  3. Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
  4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар моддаҳои 19–25 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул ва тасдиқ гардида, бо онҳо воҳиди томро ташкил медиҳанд.

 

Моддаи 27. Қоида, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Қоида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки меъёрҳои хусусияти умумиро мушаххас мегардонад, тартиби ташкил ва амали ин ё он намуди фаъолиятро оид ба масъалаҳои ҷорӣ дақиқ муайян менамояд.
  2. Дастурамал санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мазмун ва масъалаҳои услубии танзимро дар соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ дақиқ муайян менамояд.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ, бо мақсади таъмини иҷрои меъёрҳои онҳо, мумкин аст дигар намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шаванд.
  4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо моддаҳои 19–25 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул ва тасдиқ мегарданд ва бо онҳо воҳиди томро ташкил медиҳанд.

 

Боби 3.

Банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

 

Моддаи 28. Нақшаи таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро таҳия ва тасдиқ намоянд.
  2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ нақшаҳои таҳияи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки таҳияашон ба онҳо супорида шудааст ё нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки онҳо мақсади бо ташаббуси худ таҳия намуданашонро доранд, инчунин нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамин вазорат, кумитаи давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро таҳия ва тасдиқ мекунанд.
  3. Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки қабулашон ба салоҳияти онҳо дохил мешавад, тасдиқ мекунанд.

 

Моддаи 29. Мўҳлати амали нақшаҳо

  1. Нақшаҳои ҷории таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мўҳлати шаш моҳ ё як сол таҳия карда мешаванд.
  2. Дар сурати зарурат нақшаҳои дарозмўҳлати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мўҳлати зиёда аз як сол таҳия мегарданд, ки онҳо дар нақшаҳои ҷории фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба назар гирифта, мушаххас гардонида мешаванд.

 

Моддаи 30. Сохтори нақшаҳо

  1. Дар нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд:

— номи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки намуд ва мавзўи танзими онро инъикос мекунад;

— мўҳлати таҳия;

— мақомоти давлатие, ки барои таҳияи лоиҳа масъуланд.

  1. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳодҳои мақомоти дахлдор, муассисаҳои илмӣ, инчунин пешниҳодоти шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо метавонанд ба инобат гирифта шаванд.
  2. Мақомоти давлатие, ки нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тартиб медиҳанд ва тасдиқ менамоянд, метавонанд ба нақшаҳо дигар талаботро, ки таҳияи ин лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро инъикос менамоянд, дохил намоянд.
  3. Нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии берун аз нақшаро бо пешниҳоди субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, супориши мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё бо ташаббуси худи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ истисно намекунанд.

 

Боби 4.

Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ

 

Моддаи 31. Талаботи умумӣ нисбат ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ

  1. Санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мутобиқати дохилӣ дошта, аз рўи мантиқ тартиб дода шавад ва ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгў бошад.
  2. Ҳангоми навиштани матни санади меъёрии ҳуқуқӣ аввал қоидаҳои умумӣ ва сипас қоидаҳои махсус ҷойгир карда мешаванд.
  3. Мафҳум ва истилоҳоти дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашаванда бояд фаҳмову ҳаммаъно бошанд.
  4. Мазмуни матни моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар дигар моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо набояд такроран баён карда шаванд.
  5. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва қисмҳои таркибии он бояд возеҳу мухтасар ва фаҳмо бошад, мазмуни асосии онро дақиқ ифода намояд.
  6. Меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд мушаххас ва дар замони ҳозира ифода шуда, бештар дар шакли тасдиқӣ баён карда шаванд.
  7. Тартиби мавриди амал қарор додан ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар қоидаҳои хотимавии худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё санади меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи намуди якхела дар бораи мавриди амал қарор додани он баён мешавад. Дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав масъалаи беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар қоидаҳои хотимавии худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё санади меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи намудашон якхела ифода мешавад.

 

Моддаи 32. Нишонаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ

Санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои нишонаҳои зерин мебошад:

— намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст;

— номе, ки мавзўи танзими онро ифода мекунад;

— имзои шахсе (шахсоне), ки расман ваколатдори (ваколатдорони) имзо намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мебошад (ба истиснои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);

— макон ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ (ба истиснои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);

— рақами бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— маълумот дар хусуси бақайдгирии давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд;

— мўҳри дорои нишони давлатии мақомоте, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст.

 

Моддаи 33. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, ки дар қисми болоии матн нишон дода мешавад. Номи санадҳои қонунгузорӣ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбад. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзўи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд. (қҷт. 28.06.2011 №730)
  2. Дар охири номи санади меъёрии ҳуқуқӣ нуқта гузошта намешавад.

 

Моддаи 34. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқӣ метавонад аз муқаддима, қисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, модда, қисм дар модда, банд, зербанд ва сархат иборат бошад.
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар моддаҳои 19-25 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бояд муқаддима дошта бошанд ва дар он ишора ба санади меъёрии ҳуқуқӣ (модда, қисм ё банди он), ки дар асос ва барои иҷрои он қабул мегардад, нишон дода мешавад. Муқаддима қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, дорои маълумот дар бораи мақсади қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ, мавзўъ ва тарзи танзими ҳуқуқии он мебошад. Ба муқаддима дохил кардани амру дастурҳои меъёрӣ норавост.
  3. Қисм ҷузъи таркибии мустақили санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, фаслҳои кодекс ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаҷман калонро дар бар мегирад. Қисм бо рақами римӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Қисм аз якчанд фасл иборат буда, метавонад ном дошта бошад ва пас аз рақамҳо бо ҳарфҳои калон навишта шуда, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи қисм нуқта гузошта намешавад.
  4. Фасл қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқист, ки бобҳо ё параграфҳои санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад. Фасл бо рақами римӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Вобаста ба ҳаҷм фасл метавонад ба зерфаслҳо тақсим шавад. Фасл дорои ном буда, бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи фасл дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи фасл нуқта гузошта намешавад.
  5. Зерфасл қисми таркибии фасли санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, аз бобҳо ва параграфҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ иборат аст. Зерфасл бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Зерфасл дорои ном буда, бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи зерфасл дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи зерфасл нуқта гузошта намешавад.
  6. Боб чун қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ моддаҳои (бандҳои) мазмунан ба ҳам наздики ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад. Боб бо рақами арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Боб ном дошта, бо ҳарфҳои калон навишта мешавад ва дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи боб нуқта гузошта намешавад. Боби санади меъёрии ҳуқуқии ҳаҷмаш калон мумкин аст ба параграфҳо тақсим карда шавад.
  7. Параграф қисми матни дохили фасл ё боб мебошад, ки бо аломати параграф «§» ифода мегардад. Параграф бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он нуқта гузошта мешавад. Параграф дорои ном буда, бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз ёфта, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи параграф нуқта гузошта намешавад.
  8. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба намуди он метавонад ба моддаҳо ва ё бандҳо тақсим шуда, дар қисм, фасл, зерфасл, боб ё параграф муттаҳид гардад.
  9. Модда қисми таркибии санади қонунгузорӣ мебошад. Банд қисми таркибии дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, ном надорад. Модда ва банди санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои муқаррароти меъёрии мукаммал мебошанд.
  10. Модда ном дошта, мазмуну моҳияти онро ифода менамояд, ба истиснои моддаи қонуне, ки ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид месозад.
  11. Моддаи санади қонунгузорӣ бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он нуқта гузошта мешавад. Номи модда пас аз рақамҳо бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири номи модда нуқта гузошта намешавад.
  12. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, мазмуни ягона дорад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад, ишора мегардад ва метавонад ба бандҳо ё сархатҳо тақсим шавад. Агар модда аз як қисм иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №730)
  13. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, бо фосила оғоз меёбад. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ метавонад бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пўшида «)» гузошта шавад. Банди дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зервоҳиди матн буда, бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки банд  ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шуда бошад. (қҷт. 28.06.2011 №730)
  14. Зербанди моддаи санади қонунгузорӣ ё зербанди дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии банд буда, баъд аз аломати баён «:» бо ҳарфҳои хурд ишора мегардад ва пас аз он аломати қавси пўшида «)» гузошта мешавад. Ҳар як зербанд ба истиснои зербанди охирин бо нуқта вергул «;» ба охир мерасад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. (қҷт. 28.06.2011 №730)
  15. Сархатҳо пас аз аломати баён «:» бо аломати дефис «-» ҷудо гардида, бо ҳарфҳои хурд навишта мешаванд. Ҳар як сархат бо нуқта вергул «;» ба охир мерасад, ба истиснои сархати охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад.
  16. Рақамгузории ҳамаи қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд пайдарпай бошад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи мазкур муқарраршуда.
  17. Рақамгузории қисмҳо дар моддаҳо, параграфҳои ҳар як боб ва зерфаслҳои ҳар як фасли санади меъёрии ҳуқуқӣ мустақил мебошад.
  18. Рақамгузории бандҳои модда барои ҳар як модда мустақил аст.
  19. Рақамгузории бандҳо барои санади меъёрии ҳуқуқие, ки қисми таркибиашон аз банд иборат аст, пайдарпай аст. Бо ҳарф ишора кардани зербандҳои чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳар як банд мустақил аст.
  20. Рақамгузории қисмҳои таркибӣ бояд барои тамоми санади меъёрии ҳуқуқӣ якхела бошад.
  21. Дар қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи ҳар гуна аломатҳои дар Қонуни мазкур пешбининашуда манъ аст.
  22. Санади меъёрии ҳуқуқии калонҳаҷм метавонад мундариҷа дошта бошад.

 

Моддаи 35. Хусусиятҳои таркибии Кодекс

  1. Кодекс дорои ном мебошад ва метавонад муқаддима, қисмҳои умумӣ ва махсус дошта бошад.
  2. Қисми умумии Кодекс инҳоро дар бар мегирад:

— муқаррароти умумӣ (принсипҳо, тафсири мафҳумҳо, институтҳои асосӣ);

— муқаррароти махсуси меъёрӣ;

— дигар ҳолатҳои ибтидоии меъёрӣ, ки ба онҳо умумияти том ва субот хос буда, барои татбиқи меъёрҳои қисми махсус заминаи ҳуқуқӣ мегузоранд.

  1. Қисми махсуси Кодекс метавонад дорои чунин меъёрҳо бошад:

— намуд ва меъёри (қоидаи) рафтори имконпазир, ҳатмӣ (ҳуқуқу ўҳдадориҳои қонунӣ) ва ё манъкунанда;

— намуд ва меъёри оқибати имконпазири вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ (масъулияти ҳуқуқӣ).

 

Моддаи 36. Эзоҳ ва замима

  1. Эзоҳ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади дақиқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешавад.
  2. Эзоҳ дар охири меъёр ё меъёрҳои ҷудогонае, ки нисбати онҳо эзоҳот дода мешавад, дар сархати алоҳида навишта, дар он аниқ қайд карда мешавад, ки эзоҳот мафҳуми меъёри кадом қисмҳои таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад.
  3. Агар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷадвал, сурат, харита, нақша, номгўй ва ғайра оварда шаванд, пас онҳоро ҳамчун замима бояд нишон дод. Дар ин ҳолат моддаҳои (бандҳои) дахлдори он бояд ба ин замимаҳо ишора намоянд.
  4. Замимаи шарҳдиҳанда ва ё пурракунандаи мўҳтавои санади меъёрии ҳуқуқӣ, аслан қисми таркибии он мебошад, ки барои осон намудани кор дар варақҳои алоҳида оварда шудааст. Дар ин ҳолат истинод ба замима тавассути истилоҳи «мутобиқи» сурат мегирад.
  5. Замима бояд сарлавҳа ва рақами тартибӣ дошта бошад, ки алоқаи онро бо матни асосии санади меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳад. Нишонаҳои номбурда дар кунҷи рости болои замима навишта мешаванд.
  6. Санади меъёрии ҳуқуқӣ бо замимаҳо бояд рақамҳои пайдарпайи саҳифаҳоро дошта бошад.

 

Моддаи 37. Истифодаи истинод дар санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Истинод ба қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки нишон додани робитаи мутақобилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё худ пешгирии такрори онҳо зарур бошад.
  2. Ҳангоми бори аввал истифода намудани истинод ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд:

— меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санади меъёрии ҳуқуқӣ);

— намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— санаи қабул шудани санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ (ғайр аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

-рақами бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд;

— манбаи нашри расмӣ, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки ба ин қисми таркибӣ ва ё ба ин масъала дахл доранд, дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун.

  1. Ҳангоми бори аввал истинод кардан ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади тасдиқшуда (қисми таркибии он) инҳо зикр карда мешаванд:

— меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод ба қисми таркибии алоҳидаи сохтории санади тасдиқшуда);

— намуд ва номи санади тасдиқшуда;

— намуд, санаи қабул ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқие, ки бо он ин санад тасдиқ карда шудааст.

  1. Дар мавриди истинод намудан ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида ва кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо зикр карда мешаванд:

— меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (дар сурати истифодаи истинод ба қисми таркибии алоҳида);

— ном.

  1. Дар ҳолати чандин бор истинод кардан (ғайр аз истиноди аввал) ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо номи он зикр меёбад. Дар ҳолати ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ чандин бор истинод кардан ном, санаи қабул, рақам ва ё рақами бақайдгирии он зикр карда мешавад. Дар сурати якчанд бор истинод кардан ба санади тасдиқшуда намуд ва номи он, ҳамчунин санаи қабул шудан ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо он ҳамин санад тасдиқ гардидааст, зикр карда мешавад.
  2. Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё худ ба қисми таркибии он дар ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо истифодаи калимаҳои «мазкур» ва ё «ҳамин» истинод карда мешавад.

 

Моддаи 38. Талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад. «қҷт 11.03. 2010, №597»
  2. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мухтасар, бо забони содда ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд ва зимни ин услуби расмии забони адабӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ риоя гардад.

 

Моддаи 39. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад.
  2. Ҳамон як истилоҳи санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад.
  3. Дар ҳолати зарурати дақиқ намудани истилоҳот ва мафҳумҳои дар санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашуда дар санад моддае (қисме, банде) оварда мешавад, ки дар он моҳияти ин истилоҳоту мафҳумҳо шарҳ дода мешавад.
  4. Истилоҳоти махсус мумкин аст дар санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо ҳамон маъное истифода гардад, ки он дар соҳаи махсуси дахлдор истифода мешавад. Истилоҳоти махсус бояд дар санади меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шавад.

 

Моддаи 40. Талабот ба сабку услуби санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи чунин калимаву ибораҳо норавост:

— забони гуфтугўи халқӣ (лаҳҷавӣ, шевагӣ ва ғайра), ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг;

— мафҳумҳои (истилоҳоти) гуногуни ҳаммаъно;

— истифодаи калима ва истилоҳоти бегонаи ғайримаъмул дар сурати дар забони давлатӣ мавҷуд будани чунин калима ва истилоҳот;

— ибора ва таркибҳои норавшан (муғлақ), мулоҳизот, хитобу даъватҳои умумӣ;

— калимаҳои мураккаби ихтисоршуда (аббревиатура);

— истилоҳоти ғайримеъёрӣ.

  1. Дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи ҷумлабандиҳои дақиқан мухтасаршуда норавост.

 

Моддаи 41. Тартиби нишон додани номи мақомоти давлатӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Номи мақомоти давлатӣ, ки дар санади меъёрии ҳуқуқӣ зикр меёбанд, дақиқ ва айнан мутобиқи номи пурраи расмиашон, ки дар оиннома ва низомномаи онҳо, дар қарор оид ба таъсис, номгузорӣ ва тағйири ном кардани онҳо пешбинӣ шудаанд, навишта мешаванд.
  2. Мафҳумҳои умумӣ (калимаву ибораҳо), ки мақомоти давлатиро ифода менамоянд, дар санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки ҳар кадом мақомоти давлатиро ин мафҳуми дахлдори умумӣ дар назар дошта бошад.
  3. Агар дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ чандин бор зикр кардани мақоми давлатӣ, ҳамчунин ин ё он мафҳуми бо чанд калима ифодашавандаро чандин маротиба такрор кардан зарур бошад, он гоҳ номи ин мақомоти давлатӣ ё мафҳум дар муқаррароти меъёрӣ, ки он бори аввал истифода шудааст, пурра зикр меёбад, зимни ин дар қавсайн ифодаи шартии он, ки дар муқаррароти минбаъда ишора мегардад, навишта мешавад. Ҳамин қоида нисбати номи санади меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад, агар пурра зикр кардани номи он мақсаднок набошад.

 

Моддаи 42. Техникаи ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ворид кардани тағйиру иловаҳо

  1. Агар тағйиру иловаҳои ба санади меъёрии ҳуқуқӣ воридкардашаванда аз нисфи матни санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) зиёд бошанд ва ё онро душворфаҳм гардонанд, пас санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар таҳрири нав баён карда мешавад.
  2. Агар тағйири меъёрҳоро дар таҳрири нав пурра баён кардан зарур набошад, матни онҳо бо роҳи хориҷ, илова ва иваз намудани баъзе калима, ибора, ҷумла ва рақамҳо ислоҳ карда мешаванд.
  3. Дар сурати аз санади қонунгузорӣ хориҷ намудани фасл, боб, модда ва аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ кардани фасл, боб, банд рақами тартибии онҳо мутаносибан тағйир дода намешавад. Агар қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ карда шавад, дар ин сурат қисмҳои боқимондаи таркибии модда ва ё банд ба тартиб дароварда мешаванд.
  4. Дар сурати ба санади меъёрии ҳуқуқӣ илова намудани фаслҳо, бобҳо, моддаҳо ва ё бандҳо ба онҳо рақамҳои тартибии фаслҳо, бобҳо, моддаҳо ва бандҳои пешинаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузошта, дар тарафи рости қисми болои ин рақамҳо бо рақамҳои арабӣ аз воҳиди як сар карда рақамгузорӣ карда мешавад.
  5. Агар ба қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии нав илова карда шавад, қисмҳои боқимондаи таркибии модда ва ё банд ба тартиб оварда мешаванд.
  6. Даровардани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти онро қабулкардаи ҳуқуқэҷодкунанда (шахси мансабдор) бо роҳи қабул намудани ҳамон намуд санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин тағйиру иловаҳо ба он ворид карда мешаванд, ба амал бароварда мешавад.
  7. Тағйиру иловаҳо ба Кодекс бо роҳи қабул намудани Қонун ворид карда мешаванд.
  8. Тағйиру иловаҳоро ба санади меъёрии ҳуқуқии тасдиқшуда мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (шахси мансабдор), ки онро тасдиқ намудааст, бо роҳи қабул кардани ҳамон намуди санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ворид менамояд.

 

Боби 5.

Таҳия ва ба расмият даровардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

 

Моддаи 43. Таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассиса ва ташкилоти тобеъ таҳия карда мешавад.
  2. Мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда метавонад дар асоси шартнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро супориш диҳад.
  3. Мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда метавонад таҳияи алтернативии лоиҳаро ба якчанд мақомот, муассиса, ташкилот ва шахсон супорад ё бо онҳо шартнома бандад, инчунин барои лоиҳаи беҳтарин озмун эълон намояд.

 

Моддаи 44. Таъсиси гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Бо қарори мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё мақомоти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои таҳия ё такмили лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст гурўҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо ва олимони алоҳида таъсис дода шавад.
  2. Гурўҳи корӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро мутобиқи нақшаи тасдиқкарда таҳия менамояд.

 

Моддаи 45. Мукаммал ва мушаххас намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ

Барои мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ қабули дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур бошад, дар лоиҳаи асосӣ ё дар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мавриди амал қарор додани он ба мақомоти дахлдор дар мўҳлати муқарраркардаи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда таҳия ва қабул намудани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ супориш дода мешавад.

 

Моддаи 46. Ҷалб намудани мақомоти давлатӣ ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои идораи давлатӣ вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатӣ, ки барои ҳолат ва рушди ин соҳаҳо масъуланд, ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 47. Тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ то қабул ё тасдиқи он бо мақомот ва идораҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад.
  2. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешаванд. Лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи онҳо бо мақомотҳои манфиатдор мувофиқа карда мешаванд.
  3. Тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки аз ҷониби ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд, Дастури ин мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда муайян мекунанд.
  4. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.
  5. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақомоту идораҳо ва корхона, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор мувофиқа карда мешаванд.

 

Моддаи 48. Ирсоли лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои қабули минбаъдаи он

  1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи ваколатдори дахлдор бо замимаи чунин ҳуҷҷатҳо ирсол мегардад:

— мактуби ирсолӣ;

— маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабули лоиҳаи дахлдор, номгўи мақомот ва ташкилоте, ки лоиҳа бо онҳо мувофиқа гардидааст, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— хулосаи экспертҳо, ки дар натиҷаи экспертизаи мустақил тайёр шудаанд – ҳангоми зарурат;

— асоснокгардонии молиявию иқтисодии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҳангоми қабул шуданаш хароҷоти молиявиро талаб мекунад;

— дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба асосноккунии муқаррароти лоиҳа ё ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дахл доранд – бо хоҳиши мақомоти ҳуқуқэҷодкунандае, ки лоиҳаро пешниҳод намудааст.

  1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар як вақт ҳам дар шакли ҳомили коғазӣ ва ҳам дар шакли ҳомили электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо пешниҳод карда мешавад. «қҷт 11.03. 2010, №597»; (қҷт. 28.06.2011 №730)
  2. Дигар масъалаҳои тартиби пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор муайян мегарданд.
  3. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо риоя нагардидани талаботи моддаи мазкур ба баррасии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод мегардад, бидуни баррасӣ баргардонида мешавад. Баъди бартараф кардани норасоиҳо лоиҳа бо тартиби муқарраршуда барои баррасӣ пешниҳод мегардад.

 

Моддаи 49. Экспертизаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо қарори мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда метавонад мавриди экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ, молиявию иқтисодӣ ва ё махсуси илмӣ қарор дода шавад.
  2. Ба сифати эксперт ташкилот ва шахсоне ҷалб карда мешаванд, ки дар таҳияи ҳамин лоиҳа бевосита иштирок накарда бошанд.
  3. Дар баҳодиҳии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ экспертҳо мустақил буда, ба мавқеи мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо супориши он экспертиза гузаронида мешавад, вобаста нестанд.
  4. Лоиҳаи санади қонунгузорӣ, ки ба экспертизаи мустақили илмӣ пешниҳод карда шудааст, дар ҷаласаи мақомоти қонунгузор танҳо дар мавриди мавҷуд будани хулосаи экспертиза баррасӣ мегардад.

 

Моддаи 50. Талабот нисбати муқаррар намудани чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ

Дар санади меъёрии ҳуқуқие, ки ўҳдадории мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд, мумкин аст кирдорҳое муайян карда шаванд, ки барои онҳо қонунгузорӣ метавонад ҷавобгарии дахлдор муқаррар намояд.

 

Моддаи 51. Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ, боздошт ва аз эътибор соқит донистани он

  1. Бинобар қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав, агар санад ё қисми таркибии он ба меъёрҳои ба санади нав дохилшуда мухолиф ё худ ба воситаи он бекор шуда бошад, бояд аз эътибор соқит дониста шавад. Дар ҳолати аз эътибор соқит надонистани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ он дар қисме амал мекунад, ки ба санади меъёрии ҳуқуқии нав қабулгардида мухолифат надошта бошад.
  2. Бинобар қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав, агар санади меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулгардида қисман ба меъёрҳои ба санади меъёрии ҳуқуқии нав дохилшуда мухолиф бошад, бояд ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Матни чунин тағйиру иловаҳо дар шакли таҳрири нави моддаҳои (қисмҳои, бандҳои) дахлдор ва қисмҳои таркибии онҳо, ҳамчунин ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба ин моддаҳо (қисмҳо, бандҳо) ва қисмҳои таркибии онҳо ифода карда мешавад.
  3. Баъди қабули санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ таҳияи лоиҳаи номгўи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд аз эътибор соқит дониста шаванд ё ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ба таври истисно дар мавридҳое иҷозат дода мешавад, ки таҳияашон мўҳлати тўлониро талаб мекунад. Дар ин маврид супориши мақомоти (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар бораи таҳияи лоиҳаи номгўи мазкур тайёр карда, дар он мақомоти давлатии таҳиякунандаи ҳамин номгўй ва мўҳлати пешниҳоди он ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.
  4. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар ҳолатҳои зарурӣ мумкин аст ба мўҳлати муайян боздошта шавад.
  5. Санади боздошт қабул мегардад:

— бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои якҷояи онҳо;

— бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— бо фармоиш ва қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо ва мақомоти зертобеъ ва маҳаллии онҳо;

— бо қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо ва қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— бо қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо.

 

Боби 6.

Интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

 

Моддаи 52. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ба ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, дар нашрияҳои расмӣ интишор карда мешаванд.
  2. Ҳангоми интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар воситаҳои ахбори омма истинод ба манбаи нашри расмӣ ҳатмӣ мебошад.
  3. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо бо дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. «қҷт 11.03. 2010, №597»; (қҷт. 28.06.2011 №730)
  4. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли нопурра ё иқтибос аз онҳо мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои муқаррароти алоҳидае, ки набояд интишор шаванд. (қҷт. 28.06.2011 №730)

 

Моддаи 53. Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Манбаи расмии интишори санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» мебошанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ба мақомоти нашри расмӣ ворид шудаанд, бояд дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз аз лаҳзаи воридшавӣ интишор гарданд.
  2. Манбаъҳои матни расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида инчунин ба ҳисоб мераванд: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Тартиби интишори расмии санадҳои Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интишори расмии санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 54. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳар моҳ як маротиба бо забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо чоп мешавад. «қҷт 11.03. 2010, №597»; (қҷт. 28.06.2011 №730)
  2. «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар намуди шумораҳои алоҳида дар ҳаҷми бемаҳдуд (дар мавридҳои алоҳида дар чанд қисм) чоп мешавад ва аз се фасл иборат аст.
  3. Дар фасли аввал қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.
  4. Дар фасли дуюм санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои тафсирии расмии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.
  5. Дар фасли сеюм санадҳои хусусияти меъёрӣ надоштаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводи иттилоотӣ чоп карда мешаванд.
  6. Интишори расмӣ дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути нусхабардории матни пурра ва аниқи санади меъёрии ҳуқуқии нашршаванда бо тартиби хронологӣ бо тамоми нишонаҳои он, ки моддаи 32 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, сурат мегирад. Инчунин замимаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чоп карда мешаванд.
  7. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода ва нашр шудаанд, чун асоси маҷмўи хронологии қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд.

 

Моддаи 55. Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашрияи расмӣ буда, бо забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар варақҳои ивазшаванда бо мақсади нав кардани маводи он ба қадри вусъатёбию такомули минбаъдаи қонунгузорӣ нашр карда мешавад. «қҷт 11.03. 2010, №597»; (қҷт. 28.06.2011 №730)
  2. Матни санади меъёрии ҳуқуқии дар «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойдодашуда бо тағйиру иловаҳое, ки санади меъёрии ҳуқуқии минбаъда ба он дохил кардааст, дарҷ мегардад ва аз рўи мавзўъ ҷой дода мешавад.
  3. «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз фаслҳо ва фаслҳо аз бобҳо иборат буда, бобҳои он дар навбати худ вобаста ба ҳаҷм ва хусусияти мавод ба параграфҳо, бандҳо ва зербандҳо тақсим мешаванд.
  4. Иқтибосҳое, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохилкардашуда гирифта шудаанд, дар фаслҳои дигари «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода намешаванд. Дар мавридҳои зарурӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар дигар фаслҳои «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода шудаанд, истинод карда мешавад.
  5. Дар фаслҳо, бобҳо ва дигар унсурҳои таркибии «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маъмулан бо тартибе ҷой дода мешаванд, ки он пайдарпайии мавзўъро таъмин менамояд.
  6. Барои истифодаи дурусти мавод дар «Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгўи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилшуда ба таври хронологӣ ҷой дода мешавад.

 

Моддаи 56. Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни мазкур номбаршуда ворид карда мешаванд.
  2. Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман бояд ба забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо интишор гардад. «қҷт 11.03. 2010, №597»; (қҷт. 28.06.2011 №730)
  3. Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида хусусияти расмӣ дорад.
  4. Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин маълумот мебошад:

— номи мақоми санади меъёрии ҳуқуқиро қабулнамуда;

— намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— санаи қабул ва рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— номи санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— матни санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— санаи мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— маълумот оид ба тағйиру иловаҳо, боздошт ё беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ.

  1. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даврияти нашри он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва амалӣ мегардад.

 

Моддаи 57. Интишори ғайрирасмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд дар нашрияҳои чопӣ ва электронии ғайрирасмӣ низ интишор гарданд.
  2. Интишори ғайрирасмии санади меъёрии ҳуқуқӣ баъди интишори расмии он амалӣ мегардад. Дар ин маврид манбаи нашри расмӣ ҳатман нишон дода мешавад.

 

Моддаи 58. Санаи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Санаи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ рўзи аз чоп баромадани матни пурраи расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ дар нашрияи расмӣ ҳисобида мешавад.
  2. Дар ҳолати дар вақтҳои гуногун дар якчанд нашрияҳои расмӣ интишор гардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ рўзи интишори расмӣ ва мўҳлати эътибор пайдо кардани он аз рўзи аввали интишори санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ муайян карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №730)

 

 

Моддаи 59. Интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав

Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба он тағйиру иловаҳои зиёд ворид карда шудаанд, бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади мазкурро қабул кардааст, метавонад дар нашрияи расмӣ бо назардошти тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав интишор шавад. (қҷт. 28.06.2011 №730)

 

Моддаи 60. Шартҳои амалӣ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Баъд аз қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мавриди амал қарор додани он бояд тарзи дурусти амалӣ гардонида шуданаш бо риояи талаботи зерин ба роҳ монда шавад:

— сари вақт ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани санади меъёрии ҳуқуқии қабулшуда;

— таъмини молиявӣ, моддиву техникӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилию техникии амалисозии санади меъёрии ҳуқуқӣ;

— таъмини риояи мўҳлати дар амал татбиқ намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ.

 

Моддаи 61. Дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошад.
  2. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ўҳдадоранд:

— ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрасии васеъро барои гирифтани маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин нусхаҳои онҳо аз матни расмӣ таъмин намоянд;

— санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сайтҳои Интернет ҷой диҳанд, дигар роҳҳои ба маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидани маълумотро оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба онҳо дахл доранд, таъмин намоянд.

— давра ба давра маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро нашр намоянд. (қҷт. 28.06.2011 №730)

 

Боби 7.

Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ дар замон, 

макон ва нисбат ба шахсон

 

Моддаи 62. Тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби мавриди амал қарор додани он муқаррар менамояд.
  2. Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ мўҳлати мавриди амал қарор додан муқаррар нашуда бошад, пас ин санад аз рўзи имзо, қабул ё тасдиқ мавриди амал қарор дода мешавад.
  3. Санади меъёрии ҳуқуқие, ки муқаррар ё пурзўр намудани ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд, андози навро муқаррар мекунад ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, баъд аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад, агар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳолати дигар муқаррар нашуда бошад.

 

Моддаи 63. Қувваи бозгашти санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Санади меъёрии ҳуқуқӣ қувваи бозгашт надорад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун.
  2. Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад. Меъёр дар бораи додани қувваи бозгашт дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор додани он пешбинӣ мегардад.
  3. Агар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудан ё вазнин кардани ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ намояд, инчунин андози навро муқаррар кунад ё шароити андозсупорандагонро вазнин намояд, ба он додани қувваи бозгашт манъ аст.

 

 

 

 

Моддаи 64. Мўҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Санади меъёрии ҳуқуқӣ амали бемўҳлат дорад, агар дар он ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор додани он мўҳлати дигари амал нишон дода нашуда бошад.
  2. Мўҳлати муваққатии амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст барои тамоми санад ё қисмҳои таркибии алоҳидаи он муқаррар гардад. Дар ин ҳолат дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё қисми таркибии дахлдори он ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор дода шуданаш бояд мўҳлати амали он нишон дода шавад. Бо гузаштани мўҳлати нишондодашуда амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё қисми таркибии он қатъ мегардад.
  3. То ба охир расидани мўҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқии муваққатӣ (қисми таркибии он) мақомоте, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, метавонад дар бораи ба мўҳлати нав тамдид намудани мўҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ё оид ба додани хусусияти бемўҳлат ба он қарор қабул кунад.

 

Моддаи 65. Қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:

— ба охир расидани мўҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он);

— бо тартиби муқарраршуда тибқи қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ донистани санад (қисми таркибии он);

— аз эътибор соқит донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) ё боздошти амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) аз ҷониби мақомоте (шахси мансабдоре), ки санади мазкурро қабул намудааст ё дигар мақомоти (шахси мансабдори) барои ин амал ваколатдор.

  1. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи санади меъёрии ҳуқуқии ҳамон дараҷа ё дараҷаи болоӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бо санади суд қатъ мегардад.

 

Моддаи 66. Доираи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, агар дар онҳо ё дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди дахлдор амал мекунанд.

 

Моддаи 67. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба шахсон

Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он қарор доранд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта (ба истиснои шахсоне, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар кардаанд) паҳн мегардад.

 

Боби 8.

Тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ

 

Моддаи 68. Зарурат ва тартиби тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Дар сурати ошкор намудани носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии санади меъёрии ҳуқуқӣ, амалияи ихтилофноки истифодаи он, мақомоти (шахси мансабдори) санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабулнамуда дар санади тафсир, ки хусусияти расмӣ ва ҳатмӣ дорад, тафсири меъёри онро медиҳад.
  2. Санади тафсири расмӣ метавонад аз тарафи дигар мақомоте низ қабул шавад, ки онҳо мувофиқи қонунгузорӣ барои тафсири ин ё он санади меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудаанд.
  3. Санадҳои тафсири расмии дигар мақомот, ки ваколатдоранд ин ё он санади меъёрии ҳуқуқиро тафсир кунанд, дар он шакле қабул мегарданд, ки бо Қонуни мазкур қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аз ҷониби онҳо пешбинӣ шудааст.
  4. Санади тафсири расмӣ қабул мегардад:

— бо қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои якҷояи онҳо;

— бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— бо фармоишу қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқан барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо.

  1. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи судиро оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ ҷамъбаст намуда, тавзеҳоти дастурӣ медиҳанд ва онҳо барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.
  2. Дар мавриди тафсири санади меъёрии ҳуқуқӣ ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо мумкин нест.
  3. Маънои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар мавриди тафсир пурра мутобиқи қонун фаҳмонида ва дақиқ карда мешавад.

 

Боби 9.

Тартиби ҳалли ихтилофи ҳуқуқӣ

 

Моддаи 69. Мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат кунанд ва аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар доираи салоҳияти муайянкардаи қонун бо риояи қоидаҳои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гарданд.

 

Моддаи 70. Тартиби бартараф намудани ихтилоф байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Санади меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқии ҳамин дараҷа ҳангоми мавҷуд будани ихтилофҳо дар ҳолатҳои зерин қувваи бештари ҳуқуқӣ дорад:

— агар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз рўи ҳамон як мавзўи танзим нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ баъдтар қабул шуда бошад;

— агар мавзўи танзими ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки умумӣ мебошад, махсус бошад.

  1. Дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилоф доштани меъёрҳои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот меъёрҳои қонунҳо амал мекунанд.

 

Моддаи 71. Бартараф кардани норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ

  1. Дар ҳолати пайдо кардани норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, ки онро қабул кардааст, вазифадор аст ба он тағйиру иловаҳои дахлдоре ворид намояд, ки норасоиро бартараф месозанд.
  2. То ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор норасоиҳо бо роҳи истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ бартараф карда мешаванд.
  3. Истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ дар мавриди маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, инчунин муқаррар намудани ҷавобгарӣ манъ аст.

 

Боби 10.

Баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӢ ва МУРАТТАБСОЗИИ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қҷт. 28.06.2011 №730)

 

Моддаи 72. Баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, қайди давлатӣ ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.

 

Моддаи 73. Санҷиш ва бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

  1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд.
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, оқибати ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун эътиборнадошта наметавонанд барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи муҷозот барои иҷро накардани муқаррароти онҳо асос гарданд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳо ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истинод намудан мумкин нест.
  3. Дар мавриди аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудани бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд.
  4. Дар ҳолати мухолифати санади меъёрии ҳуқуқии вазорат, кумитаи давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии навқабулшуда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани он қарор қабул намуда, онро барои маълумот ва аз эътибор соқит донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти қабулнамудаи он мефиристад. Қарор дар бораи аз Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад.

 

Моддаи 74. Назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

  1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи муқаррароти боби мазкурро аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мунтазам назорат мекунад.
  2. Барои амалӣ намудани ваколати мазкур Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар се моҳ нақшаи гузаронидани санҷишҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро тасдиқ менамояд. Нусхаи нақшаи гузаронидани санҷишҳо ба воситаи почта ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар нақша дарҷ гардидаанд, фиристонида мешавад.
  3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дастрас намудани маълумот оид ба қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё бидуни бақайдгирии давлатӣ татбиқшавии амали он ҳуқуқ дорад санҷишҳои ғайринақшавиро гузаронад. (қҷт. 28.06.2011 №730)
  4. Дар сурати муайян намудани санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул гардида, ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътибор донистани онҳо протокол тартиб дода, чопи онро дар нашрияи расмӣ таъмин менамояд.
  5. Барои вайрон кардани муқаррароти ҳамин боб аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори онҳо ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

 

Моддаи 75. Тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

  1. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро мураттаб сохта, нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро пеш мебаранд ва ба онҳо сари вақт тамоми тағйиру иловаҳои мавриди амал қароргирифтаро дохил менамоянд. (қҷт. 28.06.2011 №730)

 

Моддаи 76. Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.
  2. Пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар мўҳлати 15 рўз ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
  4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил намудан ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли нусхаи тасдиқшуда ва дар шакли электронӣ пешниҳод мегарданд.
  5. Тартиби таъсис ва пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Боби 11.

Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 77. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №12, мод. 682) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 78. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 26 марти соли 2009,

               № 506

ШАРИКОН: