Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»

(АМОҶТ, с. 2013, №3, мод.186, с. 2014, №3, мод. 150; с.2015,№7-9, мод.704)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба ташкил ва амалӣ намудани савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин муносибатҳои субъектҳои хоҷагидорро ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим менамояд.
  2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ташкил ва амалӣ намудани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба савдои хориҷӣ, савдо дар биржаҳои молӣ, инчунин хариду фурўши коғазҳои қиматнок, объектҳои молу мулки ғайриманқул, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, аз ҷумла қувваи барқ ва энергияи гармӣ татбиқ намегардад.
  3. Шартҳо ва тартиби фурўши молҳое, ки муомилоти онҳо дар байни субъектҳои хоҷагидор маҳдуд аст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
  4. Муносибатҳои вобаста ба ташкили бозорҳои чаканафурўшӣ, фурўши мол дар бозорҳои чаканафурўшӣ ва хизматрасонии маишӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим карда мешаванд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

молҳои истеъмолӣ – маҳсулоти дар шакли табиӣ ё коркардшудаи дар муомилот буда, ки онро инсон ҳамчун хўрок истифода мебарад (аз ҷумла, маҳсулоти хўроки  кўдакон, маҳсулоти хўроки парҳезӣ), оби нўшокии дар зарфҳо ҷойкардашуда, маҳсулоти спиртдор, оби ҷав, нўшобаҳо ва нўшокиҳои ғайриспиртӣ, ки дар асоси онҳо тайёр карда шудаанд, сақич, иловаҳои хўрокворӣ ва фаъоли биологӣ;

хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ – натиҷаи ҳамкории бевоситаи байниҳамдигарии фурўшанда (иҷрокунанда) ва харидор (истеъмолкунанда), инчунин фаъолияти шахсии фурўшанда (иҷрокунанда) ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи харидор (истеъмолкунанда) ҳангоми хариду фурўши мол, ташкил ва татбиқи истеъмоли маҳсулоти хўроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ;

маҳсулоти истеҳсоли худии корхонаҳои хўроки умумӣ –  таом ва маҳсулоти қаннодию кулинарӣ, нўшокӣ, намудҳои нимтайёри онҳо, ки инсон истеъмол менамояд ва дар корхонаҳои хўроки умумӣ мутобиқи технология ва дастури (ретсепти) тайёркунӣ тавассути коркарди сард ё гарми маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол шуда, барои фурўши минбаъда ва ташкили истеъмоли он пешбинӣ шудаанд; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

савдо – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба муносибатҳои хариду фурўши молҳои истеҳсолгардида, коркард ё харидшуда, инчунин иҷрои кору хизматрасонии маишӣ вобаста ба фурўши маҳсулот;

феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ – низоми ягонаи иттилооти давлатӣ, ки маълумотро оид ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар бар мегирад;

савдои чакана –  намуди  савдо вобаста ба хариду фурўши молҳои ниёзи истеъмолкунанда дар раванди қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсӣ;

савдои хурди чакана – намуди савдои чаканаи мол ва хизматрасонӣ, ки ба шароити махсуси нигоҳдорию фурўши мол ва хизматрасонӣ тавассути объектҳои доимӣ, инчунин бо ёрии объектҳои сайёри таҳти идоракунии умумӣ қарордошта, аз ҷумла павилйонҳо, дўконҳои хурд, автоматҳои молфурўшӣ, аробачаҳои молфурўшӣ, мағозаҳои автомобилӣ, автосистернаҳо, ки барои фурўш таъин шудаанд;

шабакаи савдо – маҷмўи ду ё якчанд объектҳои савдо, ки таҳти идоракунии умумӣ қарор доранд ва бо тамғаи ягона ё дигар воситаҳои фардикунонӣ истифода бурда мешаванд;

савдои яклухт – намуди савдои мол барои истифода дар фаъолияти соҳибкорӣ (аз ҷумла, хариду фурўш) ё барои дигар мақсадҳо таъин гардида, ба истифодаи шахсӣ, оилавӣ, рўзгор ва дигар намуди истифодаи инфиродӣ вобаста намебошад ва дар объектҳои савдои махсусгардонидашуда ё омехта ҳангоми мавҷудияти нуқтаҳои махсус анҷом дода мешавад;

хўроки умумӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсол, коркард, фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;

корхонаи хўроки умумӣ — объекте (тарабхона, қаҳвахона, ошхона, бар, комбинати хўроки умумӣ, фабрикаи кулинарии мактабӣ, сехи озуқаворӣ барои мусофирони ҳавопаймоҳо, ошхонаи парҳезӣ, вагон-тарабхона, қаҳвахона-автомат, автоматҳои обфурўшӣ, буфет,  мағозаи (шўъбаи) кулинарӣ), ки барои истеҳсоли маҳсулоти кулинарӣ, кулчақандҳо ва фурўши онҳо ё ташкили истеъмол пешбинӣ гардидаанд; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

дастури (ретсепти) таом ва маҳсулоти кулинарӣ –  ҳуҷҷати асосии меъёрии технологие, ки ба ҷараёни технологӣ ва маҳсулоти тайёр талаботи ягона дошта, муайянкунандаи меъёрҳои харҷи ашё ва маҳсулот ҳангоми тайёр намудани таом ва маҳсулоти кулинарӣ дар корхонаҳои хўроки умумӣ истифода мегардад;

хизматрасонии маишӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба иҷрои кору хизматрасонии пулакӣ барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти маишӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсии истеъмолкунандагон мутобиқи номгўи хизматрасонӣ (ба истиснои гаравхона (ломбард)  тибқи шартномаи пудрати маишӣ ё шартномаи хизматрасонии маишии пулакӣ; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

корхонаҳои хизматрасонии маишӣ – ташкилотҳои хизматрасон, ки фаъолияти онҳо ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии маишӣ нигаронида шудаанд (устохонаҳо, ателйе, бунгоҳҳои қабул, хушкашўӣ, ҳаммом, шустагарӣ, сартарошхона, суратгирхона ва ғайра);

маркази логистикӣ – корхонаи махсусгардонидашудае, ки вазифаи асосии он аз ҷойгиркунонӣ ва нигоҳдории борҳо (молҳо), ба ҷо овардани расмиёти гумрукӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ иборат мебошад;

субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки мол ё хизматрасониро ба  истеъмолкунанда бо роҳи савдои чакана ё савдои хурди чакана пешниҳод мекунад ва (ё) мефурўшад,  хизматрасонии хўроки умумӣ ва хизматрасонии маиширо ба аҳолӣ анҷом медиҳад, инчунин шахсе, ки хоҷагии ёрирасони шахсӣ дошта, маҳсулоти кишоварзии дар он истеҳсол ё коркарднамудаашро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савдо мекунад;

объекти савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ  – объектҳои доимӣ ва сайёр, бино ё як қисми бино, иморат ё як қисми иморат, ки барои савдои чакана, хизматрасонии хўроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, ҳисоббаробаркунии музднок бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурўши мол бо таҷҳизоти махсуси савдою технологӣ ҷиҳозонида шудаанд;

объекти доимии савдо –бино ё як қисми бино, иморат ё як қисми иморат, ки бо пойдевори чунин бино, иморат ба замин мустаҳкам пайваст шуда, ба шабакаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ васл мебошад; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

объекти сайёри савдо –бинои муваққатӣ ё конструксияи муваққатӣ,  ки новобаста ба пайваст будан ё набудан ба шабакаҳои  муҳандисию техникӣ дар қитъаи замин устувор намебошад; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

объекти сайёри савдои хурди чакана – ғурфа, автосистернаҳо ва аробачаҳо, ки барои фурўши мол ва ё маҳсулоти хўроки умумӣ ва (ё) хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд;

бозори фурўши чакана – маҷмўи молу мулке, ки аз қитъаи замини аз ҳудуди ҳамшафат ҷудо ва бо объектҳои дар он қарордошта, аксаран аз объектҳои шабакаи савдои хурди чаканаи дорои вазифаи мутамаркази хизматрасонӣ, идоракунӣ ва муҳофизатӣ иборат буда, барои фурўши молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасонии маишӣ) дар асоси нархҳои озоди бевосита ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурўши чакана ва шартномаҳои пудратии маишӣ муайяншуда пешбинӣ гардидаанд;

бозори универсалӣ – бозори фурўши чакана, ки дар он камтар аз ҳаштод фоизи миқдори умумии ҷойҳои савдо барои фурўши як навъи мол таъин гардидааст;

бозори махсусгардонидашуда – бозори фурўши чакана, ки дар он бештар аз ҳаштод фоизи миқдори умумии ҷойҳои савдо барои фурўши як навъи мол таъин гардидааст;

бозори кооперативии кишоварзӣ – бозори маҳсулоти кишоварзӣ, ки он аз ҷониби ташкилоти мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли кооперативи истеъмолӣ ба қайди давлатӣ гирифташуда идора карда мешавад;

бозори кишоварзӣ – бозори махсусгардонидашуда, ки дар он фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад;

маъмурияти бозор – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ шароит фароҳам меорад,  ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маиширо ҷудо намуда, феҳристи фурўшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо  ва хизмсатрасонии маишӣ пеш мебарад; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

ҷойи савдо дар бозор – ҷой дар бозор (аз ҷумла павилйон, дўконча, хайма, ғурфа), ки аз ҷониби маъмурияти бозор махсус барои фурўши молҳо (иҷрои кору хизматрасонӣ) ҷудо карда ва таҷҳизонида шуда, ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими  савдо ҷавобгў мебошад;

корти  фурўшанда – овезаи сарисинагӣ оид ба маълумоти асосӣ дар бораи фурўшанда, ки тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби маъмурияти бозор ба фурўшанда дода мешавад;

феҳристи фурўшандаҳои бозор – номгўи маълумот оид ба фурўшандаҳо, ки аз ҷониби маъмурияти бозор тартиб дода мешавад;

феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ номгўи маълумот оид ба фурўшандаҳо, пудратчиҳо ва иҷрокунандагон тибқи шартномаи басташуда бо маъмурияти бозор. (қҷт аз 14.03.14, №1075)

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипҳои  савдо ва хизматрасонии маишӣ

Савдо ва хизматрасонии маишӣ ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

— таъмини амнияти озуқаворӣ;

— асоснок ва объективӣ будани тадбирҳои танзими давлатии  савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— ҳамгироии механизмҳои танзимкунӣ бо принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

— беасос  дахолат накардани  мақомоти давлатӣ ба танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— ҳифзи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз молҳои бесифат ва қалбакӣ;

— ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои савдо ва шаҳрвандон;

— таъмини муомилоти озоди мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дастгирии давлатии корхонаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ.

 Моддаи 5. Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ

Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— муқаррар намудани талабот ва қоидаҳои ташкил ва амалигардонии он;

— танзими зиддиинҳисории савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— таъминоти иттилоотӣ дар ин соҳа;

— назорати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;

бамеъёрдарории техникӣ, стандартизатсия, тасдиқи мутобиқат ба талаботи санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёргирии техникӣ ва стандартизатсия ва бақайдгирии молҳо, сертификатсияи дастури (ретсепти) таомҳо, маҳсулоти кулинарию қаннодӣ ва дигар маҳсулоти хўроки умумӣ. (қҷт аз 14.03.14, №1075)

БОБИ 2.

ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ ТАНЗИМИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ мансуб мебошанд:

— татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— таҳия ва тасдиқ намудани консепсия ва дурнамои давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

— муайян намудани дурнамои давлатӣ ва ташаккули сиёсати давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд;

— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— тасдиқи барномаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— тасниф ва истифода аз дигар усулҳои танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— тасдиқи қоидаҳои пешбурди савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин пешбурди феҳристи онҳо;

— амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ муқаррар намудааст.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ)  дохил мешаванд:

— таҳияи пешниҳодот оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— иштирок дар татбиқи чораҳои таъмини амнияти озуқаворӣ;

— тасдиқи тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи барномаҳои минтақавии рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсол ва фурўши мол (хизматрасонии маишӣ) ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо молҳо;

— ташаккул додани махзани  иттилоотии ҷумҳуриявии давлатӣ оид ба бозори молҳо ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ, инчунин муқаррар намудани санадҳои иттилоотӣ, ки  барои ташкили махзани иттилоот дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳатман пешниҳод карда мешаванд;

— сари вақт огоҳ намудани субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   пешбинӣ намудааст.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими давлатии  савдо ва хизматрасонии маишӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ ваколатҳои зеринро доранд:

— гузаронидани мушоҳидаҳои иттилоотию таҳлилии вазъи бозори молҳои муайян ва анҷом додани савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— таҳия ва татбиқи чорабиниҳое, ки ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ мусоидат менамоянд;

— таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— тасдиқи нақшаи ҷойгиркунонии объектҳои савдо дар маҳалҳо мутобиқи нақшаҳои рушди минтақаҳо;

— ташаккули захираҳои иттилоотии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини фаъолияти самараноки бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ;

— бо назардошти шароити маҳаллӣ муқаррар намудани номгўи намудҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими молу хизматрасонӣ, ки барои фурўш (ё хизматрасонӣ) дар объектҳои махсусгардонидашуда ҳатмӣ мебошанд, ташкили хизматрасонӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки аз дастгирии иҷтимоӣ  истифода мебаранд;

 — муқаррар намудани тартиби ҷойгиркунонии объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо назардошти шароити маҳал мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— муқаррар намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии давлатӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт аз 14.03.14, №1075)

— ташкили омўзиш ва пешгўии талабот ба мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ, мушоҳидаи иттилоотию таҳлилии вазъи бозори молу хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо;

— ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ дар бораи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳо;

— таҳияи барнома ва муқаррар намудани талаботи ягона бо мақсади ороиш додани корхонаҳои бозори истеъмолӣ вобаста ба санаҳои муҳими давлатӣ ва ба таври мушаххас ҷойгир намудани иттилоот бо назардошти шароити маҳал;

— ташаккули захираи мол бо назардошти эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои фавқулодда;

— ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба сохтмони марказҳои логистикии молрасонӣ, қабул ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули гурўҳи молҳо барои фиристодан ба субъектҳои хоҷагидори савдои яклухт ва (ё) чаканаи маҳсулоти  кишоварзӣ ва озуқаворӣ;

— дастгирии ташкилотҳои кооператсияи истеъмолӣ, хоҷагиҳо ва кооперативҳои кишоварзӣ, ки дар маҳалҳо бо хариду фурўш машғуланд;

— ҳавасмандгардонӣ ба кори фаъолона ва ҳамкории муштараки субъектҳои савдо, молрасонӣ, гузаронидани намоишҳо ва ярмаркаҳо дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— андешидани тадбирҳо барои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва дастгирии сохтмон, ҷойгиркунонии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва таъмини дастрасии субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ба молу мулки давлатӣ;

— таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар нишондиҳандаҳои вазъи савдо дар минтақаҳои маъмурию  ҳудудӣ ва самарабахшии тадбирҳои андешидашуда оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;

— таҳия ва тасдиқи нақшаи ҷойгиркунонии объектҳои сайёри   савдо бо назардошти таъмин намудани аҳолӣ бо майдонҳои савдо;

— мусоидат ва дастгирии ҳамаҷониба оид ба фароҳам овардани шароит барои фурўши молҳои истеҳсоли ватанӣ;

— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

БОБИ 3.

ОБЪЕКТҲОИ  САВДО, ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ САВДО, 

ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ, НАМУДҲО ВА  ҶОЙГИРКУНИИ ОНҲО

 

Моддаи 9. Объектҳои савдо ва намудҳои асосии савдо

  1. Ба объектҳои савдо мансубанд:

— объектҳои савдо;

— объектҳои хўроки умумӣ.

  1. Ба намудҳои асосии савдо савдои яклухт, савдои чакана, хўроки умумӣ ва дигар намудҳои савдо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дохил мешаванд.
  2. Хўроки умумӣ тавассути объектҳои хўроки умумӣ ба роҳ монда шуда, ба намудҳое (ошхона, тарабхона, қаҳвахона, бар ва ғайра) ҷудо мегардад, ки дорои категорияҳои нархгузории иловагӣ (люкс, олӣ, якум, дуюм, сеюм) ё бе нархгузории иловагӣ мебошанд.
  3. Тартиби ҷудо намудани объектҳои хўроки умумӣ ба намудҳо ва дараҷаи мансубияти онҳо ба ин ё он категорияи нархгузорӣ аз ҷониби соҳибони ин объектҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 10. Хусусиятҳои ташкили хўроки умумӣ

  1. Субъектҳои савдо дар соҳаи хўроки умумӣ хизматрасонии хўроки умумиро оид ба қонеъгардонии талаботи истеъмолкунанда ба хўрок ва таъмини фароғат амалӣ менамоянд.
  2. Хизматрасонии корхонаҳои хўроки умумии дорои намуд ва дараҷаҳои гуногун дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— ғизогирӣ;

— тайёр намудани маҳсулоти кулинарӣ ва маҳсулоти қаннодӣ;

— ташкили истеъмол ва хизмат;

— фурўши маҳсулоти кулинарӣ;

— ташкили фароғат;

— иттилоотию машваратӣ;

— дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

  1. Пешниҳоди таомнома ба мизоҷон дар объектҳои хўроки умумӣ ҳамчун пешниҳод (офертаи оммавӣ) барои бастани шартномаи хариду фурўши маҳсулоти хўроки умумии дар таомнома зикршуда эътироф карда мешавад.
  2. Маҳсулоти истеҳсоли худи корхонаҳои хўроки умумӣ тибқи технология ва дастури (ретсепти) тайёркунии таомҳо, маҳсулоти кулинарӣ ва қаннодӣ дар асоси дастури (ретсепти) таомҳо ва маҳсулоте, ки барои истифодаи ҳатмӣ дар корхонаҳои хўроки умумии ҳама гуна шаклҳои моликият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, тайёр карда мешавад.
  3. Субъектҳои савдо дар соҳаи хўроки умумӣ метавонанд ҳам шахсони ҳуқуқии мустақили ҳама гуна шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва ҳам воҳидҳои сохтории корхонаҳои истеҳсолӣ бошанд.
  4. Субъектҳои савдо дар соҳаи хўроки умумӣ, ки воҳиди сохтории корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо мебошанд, аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои ба дигар воҳидҳои сохтории чунин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо пешниҳодшуда баробар истифода мебаранд.
  5. Ба субъектҳои савдо дар соҳаи хўроки умумӣ, ки хизмати муассисаҳои табобатӣ, талабагон, донишҷўён, нафақахўрон, маъюбон ва дигар гурўҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазирро анҷом медиҳанд, дар асоси шартномаҳо шароити имтиёзноки иҷораи бино, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар хизматрасонӣ фароҳам оварда мешаванд.
  6. Муқаррароти Қонуни мазкур ва стандартҳо оид ба хизматрасонии хўроки умумӣ мутобиқи стандартҳои давлатии соҳаи хўроки умумӣ ҳамзамон бо дигар стандартҳои соҳаи хўроки умумӣ истифода гардида, нисбат ба корхонаҳои хўроки умумии ҳамаи шаклҳои моликият, намуд ва дараҷаҳои гуногун, инчунин соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи хўроки умумӣ фаъолият менамоянд, татбиқ мегарданд.
  7. Стандартҳои зикргардида аз ҷониби корхонаҳои хўроки умумӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои ташкили фаъолияти худ, инчунин барои амалӣ намудани сертификатсияи хўроки умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ва ҳифзи муҳити зист истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1216)

Моддаи 11. Савдо дар бозор

  1. Дар бозор фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ, молҳои саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷоти растаниҳои худрўй, дигар молҳои истеъмолӣ ва ғайристеъмолӣ, инчунин чорво амалӣ карда мешавад.
  2. Савдо дар бозор дар объектҳои савдо бо фароҳам овардани шароити зарурии хариди мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, нигоҳдорӣ ва фурўши мол бо истифодаи таҷҳизоти савдо ва таҷҳизоти технологии савдо (пештахта, пешдўкон, яхдон ва дигар таҷҳизот), асбобҳои ченаки вазн мутобиқи талаботи санитарию гигиенӣ, зидди сўхтор, ҳифзи табиат ва дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
  3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи кории бозорҳои давлатиро муқаррар ва ғайридавлатиро мувофиқа менамояд. (қҷт аз 14.03.14, 1075)
  4. Фурўшанда дар ҷойи савдо бояд дорои чунин мавод бошад:

— овеза бо нишондоди номи ташкилот, иттилоот дар бораи макони ҷойгиршавии он;

— китоби сабти арзу шикоят ва пешниҳодот;

— ҳуҷҷатҳое, ки манбаи воридшавии молҳоро нишон медиҳанд;

— ҳуҷҷатҳое, ки сифат ва бехатарии молҳоро тасдиқ мекунанд;

— дафтарчаи тиббии намунаи муқарраргардида;

— корти фурўшанда.

  1. Ташкили фурўши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ) дар бозор ба зиммаи маъмурияти бозор вогузор карда мешавад.
  2. Дар доираи фаъолияти мазкур маъмурияти бозор ҳамарўза санҷиши талаботи зеринро амалӣ менамояд:

— корти фурўшанда бо зикри насаб, ном, номи падари фурўшанда ва номи ташкилот;

—  ҷойҳои савдои аз ҷониби онҳо ишғолкардашуда;

— ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи зикргардида, тадбирҳои бартараф кардани онҳоро меандешад ё дар ҳамон рўз  мақомоти дахлдори назоратӣ ва санҷиширо огоҳ месозад.

  1. Маъмурияти бозор ўҳдадор аст, ки баҳисобгирии маблағ ва молу мулкро ба роҳ монад, талаботи муқаррарнамудаи қонунгузориро ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо субъектҳои савдо дар бозор риоя намояд, субъектҳои савдоро дар бораи тағйир ёфтани тарифи пардохт дар мўҳлати на дертар аз 3 рўз огоҳ намояд.
  2. Аз ҷониби ташкилот ва маъмурияти бозор иҷро накардани ўҳдадориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузошташуда (риоя накардани меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, талаботи бехатарии зидди сўхтор, санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист, пешниҳод накардани иттилоот ба мақомоти дахлдори назоратӣ ва ғайра) метавонад боиси ба ҷавобгарӣ кашидани ҳам ташкилот, ҳам шахсони мансабдори он, аз ҷумла манъ кардани фаъолияти  ташкилот гардад.
  3. Ба зиммаи маъмурияти бозор ўҳдадории пешбурди феҳристи фурўшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ вогузор карда мешавад. Иттилоот оид ба феҳристҳои зикргардида метавонад аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади назорат дархост карда шавад. (қҷт аз 14.03.14, 1075)

Моддаи 12. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ

  1. Мақсади рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ аз ноил гардидан ба меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ — меъёрҳои асосии арзёбии дастрасии молҳои истеъмолӣ ва ғайристеъмолӣ, дастрасии хизматрасонии маишӣ барои аҳолӣ ва қонеъгардонии талабот ба чунин молҳо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
  2. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби пардохти чунин меъёрҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, таҳия карда мешаванд.
  3. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар таркиби ҳуҷҷатҳое, ки самти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро муайян менамоянд, тасдиқ гардида, дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудӣ, нақшаҳои генералӣ, барномаҳои ҳудудӣ ва минтақавии рушди савдо ва нақшаҳои ҷойгиркунонии объектҳои сайёри савдо ба ҳисоб гирифта мешаванд.

 

Моддаи 13. Талабот нисбат ба  ҷойгиркунонии объектҳои савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ

  1. Субъектҳо барои фаъолият кардан дар бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ объектҳои асосӣ ва ғайриасосии махсус таҷҳизонидашудаи доимӣ ва сайёрро истифода мебаранд.
  2. Ҷойгиркунонии объектҳои зерин дар бинои истиқоматӣ, дар дохили бинои ба таври иловагӣ сохташуда, инчунин бинои иловагии дар манзили истиқоматӣ сохташуда манъ аст:

— объектҳои реҷаи корашон баъди соати 23.00;

— ҳаммом ва саунаҳо;

— объектҳои хўроки умумӣ бо миқдори беш аз 50 ҷойи нишаст ё майдони умумии беш аз 250 метри мураббаъ бо истифодаи дастгоҳи пахши мусиқӣ;

— шустагарӣ ва хушкашўӣ (ба истиснои бунгоҳҳои қабул ва шустагариҳои худхизматрасон бо иқтидори то 75 кг дар як рўзи корӣ);

— студияҳои сабти овоз;

— маҳдудиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

  1. Дар объектҳои савдо, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ҷойгиркунонии толорҳои бизнеси бозӣ, автоматҳои бозӣ ва ғайра, ба истиснои толорҳои бозиҳои кўдакона манъ аст.
  2. Объектҳои асосӣ, ғайриасосии доимӣ ва бозорҳои бо асбобу анҷоми махсуси савдою технологӣ ҷиҳозонидашуда мувофиқи хулосаи комиссияи давлатии қабул ба истифода дода мешаванд.
  3. Ҳангоми аз ҷониби субъекти савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ қабул намудани қарор дар бораи реҷаи кори шабонарўзии объект чунин реҷа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда мешавад. (қҷт аз 14.03.14, 1075)

Моддаи 14. Хусусиятҳои ҷойгиркунонӣ ва ташкили  бозор 

  1. Бозор аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун ва талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташкил карда мешавад.
  2. Ҳангоми зарурати ташкили ин ё он намуди бозор ҳолатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:

— зарурати таъмини аҳолии маҳалли муайян бо ин ё он намуди мол;

— мавҷудияти қитъаи замин барои ташкили бозор;

— баҳисобгирии талаботу пешниҳоди сокинони маҳалли мазкур.

  1. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, ки барои ташкили бозор заруранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
  2. Тарҳкашӣ, азнавтарҳкашӣ ва сохтмони биноҳои бозор, таҷдид ва навсозии биноҳо, иморатҳо, иншоот ва биноҳои дар онҳо мавҷудбуда аз ҷониби маъмурияти бозор бо риояи меъёру қоидаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, санитарию гигиенӣ ва иморатсозӣ, талаботи асосие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудааст, амалӣ гардонида мешаванд.
  3. Таҷҳизонидан ва нигоҳдории бозор, таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои истифодабарии умум, мавзеъ барои ҷойгиркунонии воситаҳои оташнишонӣ ва аз сўхтор огоҳкунандаи шаҳрвандон ҳангоми рух додани ҳолатҳои садамавӣ ва фавқулодда, ҷойи муносиб барои насби маводи иттилоотию маълумотӣ оид ба қоидаю тартиби фаъолият дар бозор, маъмурияти бозор ва роҳбари он, дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъминкунандаи робита бо мақомоти дахлдори назоратӣ, инчунин рақамҳои телефони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор (рақами телефонҳои «Робитаи мустақим») барои муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби маъмурияти бозор амалӣ гардонида мешаванд.
  4. Дар бозорҳои фурўши маводи истеъмолӣ лабораторияҳо (байторӣ, санитарӣ ва ғайра) барои ташхиси маводи фурўшии хўрокворӣ ташкил карда мешаванд.
  5. Ҳангоми фурўши молҳо (иҷрои кору хизматрасонӣ) бо истифодаи воситаҳои ченак (тарозу, санги тарозу, зарфҳои ченакдор, метрҳо ва ғайра) бо мақсади аз ҷониби харидорон санҷидани саҳеҳии нарх, андоза ва вазни молҳои харидашуда (иҷрои кору хизматрасонӣ) дар ҷойи муносиби бозор асбобу анҷоми ченкунандаи ҷавобгўи қоида ва меъёрҳои метрологӣ насб карда мешаванд.
  6. Ба мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо талаби мақомоти назоратӣ ва санҷишӣ ба кормандони онҳо барои иҷрои ўҳдадориҳояшон бояд дар бозор утоқи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷудо карда шавад.
  7. Маъмурияти бозор вазифадор аст:

— бозорро дар ҳолати дахлдори санитарӣ ва техникӣ, ки ҳифзи муҳити зист, бехатарии эпидемиологӣ, эпизоотӣ ва экологиро дар мавзеи ҷойгиршавии он таъмин менамояд, нигоҳ дорад, инчунин барои бартараф ва нест кардани манбаъҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ ё паҳншавии ин бемориҳо ҳангоми пайдо шудани онҳо мусоидат намояд;

— барои ташкили  савдо,  аз ҷумла барои қабул, нигоҳдорӣ, фурўши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ), таъминот бо барқу об, гармӣ ва канализатсия шароити зарурӣ фароҳам оварад;

— нигоҳдории бехатари молеро, ки барои нигоҳдорӣ супурда мешавад, таъмин намояд;

— талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бехатарӣ аз сўхтор иҷро намояд;

— дигар талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

  1. Ҷойҳои савдо дар бозор дар асоси нақшае, ки маъмурияти бозор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба назорати таъмини бехатарӣ аз сўхтор, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, назорати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва оид ба назорати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҳия ва тасдиқ намудааст, ҷойгир карда мешаванд. Ташкил ва пешниҳоди ҷойҳое, ки дар нақшаи ҷойгиркунонии нуқтаҳои савдо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
  2. Ба маъмурияти бозор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳангоми тақсими ҷойҳои савдо ба миён гузоштани шартҳои маҳдудкунанда манъ аст.
  3. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ намудани нақшаҳои ҷойгиркунонии ҷойҳои савдо дар бозорҳои универсалӣ маъмурияти бозор барои анҷом додани фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба шахсоне, ки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, бо боғдорӣ, обчакорӣ ва чорводорӣ машғуланд, аз рўи миқдори муайяннамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди он бозор ҷойгир аст, ҷойҳои савдо пешбинӣ ва ҷудо менамояд.
  4. Маълумотеро, ки ҳангоми бастани шартнома дар бораи ҷудо намудани ҷойи савдо пешниҳод мегардад, бо ҳуҷҷат тасдиқ кардан зарур аст.
  5. Арзиши шартнома оид ба пешниҳоди ҷойи савдо аз ҷониби маъмурияти бозор муайян карда мешавад.
  6. Зимни имконнопазирии истифодаи ҷойи савдо аз ҷониби шахсе, ки дар бораи ҷудо кардани ҷойи савдо шартнома бастааст, дар ҳолатҳои боздоштани мўҳлати амал ё бекор кардани шартнома ё қатъи фаъолияти маъмурияти бозор маъмурияти бозор дар назди ин шахс мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
  7. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ намудани нақшаи ҷойгиркунонии ҷойҳои савдо дар бозори кишоварзӣ ва бозори кооперативии кишоварзӣ маъмурияти бозор вазифадор аст бевосита ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои фурўши мол ба миқдори муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аммо на камтар аз панҷоҳ фоиз аз шумораи умумии онҳо ҷойҳои савдоро пешбинӣ ва пешниҳод намояд.
  8. Ҷойҳои савдо дар бозори кишоварзӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ба шахсоне, ки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, бо боғдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ машғуланд, ба таври соддакардашуда ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мўҳлати на зиёда аз 6 моҳ ҷудо карда мешаванд.
  9. Фурўшанда мол (иҷрои кору хизматрасонӣ)-ро дар бозор танҳо дар сурати мавҷудияти корти фурўшанда, ки зимни бастани шартнома дар бораи пешниҳоди ҷойи савдо дода мешавад, ба фурўш мебарорад.
  10. Корти фурўшанда ҳангоми бастани шартнома дар бораи ҷудо кардани ҷойи савдо ба расмият дароварда, ба ҳар як фурўшанда дода мешавад ва дар сари сина насб гардида, нисбат ба ҳамаи ҷойҳои савдои дар он зикрёфта дар доираи як бозор эътибор дорад.
  11. Дар бозор (ба истиснои бозорҳои махсусгардонидашуда ва универсалӣ) фурўши молҳое, ки савдои озоди онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудааст, инчунин фурўши маҳсулоти зерин манъ карда мешавад:

— тамоку, нўшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва оби ҷав;

— маҳсулоти консервшудаи истеҳсоли хонагӣ, маҳсулоти кулинарии аз гўшт, моҳӣ ва маҳсулоти қаннодии дар хона тайёргардида;

— молҳои таъиноти маишии аз нигоҳи техникӣ мураккаб;

— ҳомилҳои иттилоотии компютерӣ;

— молҳои кимиёӣ барои рўзгор, пестисидҳо ва агрокимиёҳо;

— маснуоти  пиротехникӣ;

— маснуот аз металлҳои қиматбаҳо бо сангҳои қиматбаҳо, аз металлҳои қиматбаҳо бо сангҳои нимқиматбаҳо ва сунъӣ, сангҳои қиматбаҳои сайқалдодашуда;

— автомобилҳо, ядакҳо ва агрегатҳои рақамгузоришудаи онҳо.

  1. Назорати риояи қоидаҳои савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1216)
  2. Ҷойгиркунӣ, фаъолият ва назорати нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар бозор тибқи муқаррароти қисмҳои 9-15 ва 18-21 моддаи мазкур ба роҳ монда мешаванд. (қҷт .аз 14.03.14, №1075)

 

Моддаи 15. Тартиби ҷойгиркунонӣ ва ташкили фаъолияти объектҳои савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар ҳудудҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҷойгиркунонӣ ва ташкили фаъолияти объектҳои савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар ҳудудҳои алоҳида, аз ҷумла дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ, минтақаи гумрукӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси гурўҳи истеъмолкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
  2. Дар ҳудудҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида метавонанд меъёрҳои пешниҳоди намудҳои алоҳидаи молҳо бо маҳдудкунии шаклҳои фурўши мол (хизматрасонӣ), номгўи молҳои фурўшӣ (хизматрасонӣ) ва реҷаи кори объектҳои савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ҷорӣ карда шаванд.

Моддаи 16. Тартиби ҷойгиркунонӣ ва ташкили кори объектҳои доимӣ ва сайёри савдо, хўроки умумӣ,  хизматрасонии  маишӣ ва шабакаи савдои хурди чакана

  1. Ҳангоми нокифоягӣ ва ё сатҳи пасти таъминоти шабакаи савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, бо назардошти талабот ва таклифҳои сокинони маҳалли мазкур, фаъолияти сохторҳои зерин иҷозат дода мешавад:

— объектҳои доимии ғайриасосии савдои хурди чакана – павилйонҳо, дўконҳо, автоматҳои савдо ва дигар биноҳои муваққатӣ;

— объектҳои сайёри савдои хурди чакана — ғурфаҳо, мағозаҳои автомобилӣ, автосистернаҳо, аробаҳо.

  1. Объектҳои мазкур дар қитъаҳои замини холии маҳал тибқи нақшаҳои ҷойгиркунонии онҳо бо асосҳои зерин ҷойгир карда мешаванд:

— шартномаҳои иҷораи қитъаҳои замин барои объектҳои доимии ғайриасосӣ; (қҷт .аз 14.03.14, №1075)

— иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои объектҳои сайёри савдои хурди чакана дода мешавад.

  1. Тартиби таҳияи нақшаҳои ҷойгиркунонӣ ва ташкили кор, аз ҷумла талабот нисбат ба реҷаи кор ва махсусгардонии объектҳои доимии ғайриасосӣ ва объектҳои сайёри шабакаи савдои хурди чакана, тартиби додани иҷозат тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Бо гузашти мўҳлати иҷозат барои ҷойгиркунонӣ ва ба охир расидани шартномаи иҷораи қитъаи замин соҳиби объекти доимии асосӣ ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана ўҳдадор аст фаъолияти худро қатъ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида мўҳлати ҷойгиркунонӣ ва иҷораи қитъаи замин тамдид карда шуда бошад. (қҷт .аз 14.03.14, №1075)
  3. Тавассути объектҳои доимии ғайриасосӣ ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана молҳое фурўхта мешаванд, ки шароити махсуси нигоҳдорӣ ва фурўшро талаб намекунанд ва хизматҳое расонида мешаванд, ки шароити махсуси хизматрасониро талаб намекунанд.
  4. Дар объектҳои сайёри шабакаи савдои хурди чакана фурўши молҳои озуқавории истеҳсоли ғайрисаноатӣ, ки борбандии саноатӣ нашудаанд ва молҳои озуқавории зудвайроншаванда ҳангоми мавҷуд набудани таҷҳизоти яхдонии коршоям манъ аст.
  5. Дар объектҳои доимии ғайриасосӣ ва сайёри шабакаи савдои хурди чакана фурўши тамоку, нўшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва оби ҷав, ба истиснои павилйонҳои ҷавобгўи талабот ба объектҳои савдо оид ба фурўши чунин маҳсулот, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.

БОБИ 4.

ТАЛАБОТИ АСОСӢ БА СУБЪЕКТҲОИ САВДО ОИД БА ТАШКИЛ ВА АМАЛӢ НАМУДАНИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ

 

Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои субъектҳои савдо ва  хизматрасонии маишӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани савдо ва хизматрасонии маишӣ

  1. Бо савдо ва хизматрасонии маишӣ субъектҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур машғул мешаванд, ба шарте ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  2. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти худ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақилона муайян менамоянд:

— машғул шудан бо савдо (савдои яклухт ва (ё) чакана,  хизматрасонӣ дар соҳаи хўроки умумӣ ва ё  маишӣ);

— шакли савдо (дар объектҳои доимии савдо, берун аз объектҳои доимии савдо, аз ҷумла ярмаркаҳо, намоишҳо, дастифурўшӣ, усули фосилавии фурўши мол, фурўши мол бо истифодабарии автоматҳо, дигар шаклҳои савдо);

— усули савдо (бо истифодабарӣ ва бе истифодабарии объектҳои савдо);

— махсусгардонии савдо (савдои универсалӣ ва махсусгардонидашуда, хизматрасонӣ оид ба хўроки умумӣ ва ё хизматрасонии маишӣ);

— навъи объекти савдо, ки барои амалӣ гардонидани савдо истифода мегардад (объектҳои доимии савдо ва объектҳои сайёри савдо);

— асосҳо барои истифодабарии молу мулк ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ (ҳуқуқи моликият ва (ё) дигар асосҳои қонунӣ);

— нархи  молҳои фурўшӣ, хизматрасонии хўроки умумӣ ва маишӣ;

— шакли интишори реклама дар объекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ва пешдўконҳои он;

— шартҳои бастани шартномаҳои хариду фурўши мол, шартномаҳои хизматрасонии пулакӣ.

  1. Тартиб ва шартҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ чунин ҳолатҳоро дар бар мегирад:

— номгўи (ассортименти) молҳои фурўшӣ, маҳсулоти истеҳсоли худии корхонаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ;

— реҷаи кор;

— тарз ва усулҳое, ки тавассути онҳо савдо ва хизматрасонии маишӣ амалӣ гардонида мешавад;

— миқдор, навъҳо, моделҳои таҷҳизоти технологӣ, асбобу анҷоме, ки ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ истифода бурда мешаванд;

— усули ба маълумоти харидорон расонидани иттилоот дар бораи фурўшанда, молҳои ба савдо пешниҳодшуда, хизматрасонӣ;

— кафолати сифат ва мўҳлати амали он;

— тартиб ва шартҳои дигари савдо.

  1. Тартиб ва шартҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, нисбат ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои савдо бо қарори мақомоти давлатии дахлдор муқаррар карда мешаванд.
  2. Субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳуқуқ дорад:

— аз мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти марбут ба ҳамаи масъалаҳои ташкили савдо ва хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои соҳаи савдоро дар бораи санҷишҳои пешбинишудаи фаъолияти онҳо (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) талаб намояд ва мувофиқи масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузорӣ оид ба танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ тавзеҳоти хаттӣ гирад;

— манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои савдо шахсан ё тавассути намояндаи худ муаррифӣ намояд;

— ҳангоми гузаронидани назорати давлатии савдо дар соҳаи танзими  савдо ва хизматрасонии маишӣ иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро аз рўи натиҷаи назорат талаб намояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои санҷиши мақоми ваколатдори давлатӣ ва огоҳиномаҳо оид ба санадҳои санҷиши савдо ва амали (ё беамалии) шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ шикоят намояд;

— ҳифзи сирри тиҷоратиро аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ талаб намояд;

— иттилоот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба савдо ва хизматрасонии маишӣ дахлдор нестанд, пешниҳод накунад;

— аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохторҳои минтақавии он ҳангоми анҷом додани амалҳо нисбат ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ риояи қонунгузориро дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ талаб намояд;

— санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ мутобиқат намекунанд, иҷро накунад;

— аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки санҷиш мегузаронанд, асоси гузаронидани санҷишро талаб кунад, бо шаҳодатномаи  хизматии онҳо шинос шавад;

— аз мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи қабули қарор ва амали (беамалии) шахсони мансабдори ў расидааст, талаб намояд;

— ҷиҳати гузаронидани санҷиши савдо ва хизматрасонии маишӣ мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб намояд:

— субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст.

  1. Ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо кафолат дода мешавад.
  2. Тартиби ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  3. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
  4. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ ўҳдадоранд:

— ба харидор дар бораи сифат ва маҳалли истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, хусусиятҳои истеъмолӣ, ўҳдадориҳои кафолатӣ ва тартиби пешниҳоди арзу шикоят, усул ва қоидаҳои истифодабарии маҳсулот, тарзи нигоҳдории он, инчунин маҳалли ҷойгиршавӣ ва дигар реквизитҳои фурўшанда ё тайёркунанда (иҷрокунанда) иттилооти зарурӣ ва саҳеҳ пешниҳод намоянд;

— асбобҳои назоратию ченкунии ҷавобгўи талаботи низоми давлатии таъмини ягонагии ченакҳоро дар ҷойи муносиби объекти савдо ҷойгир намоянд;

— ҳангоми пайдоиши шубҳаи харидор нисбат ба ҳаҷм, вазн ва андозаи  мол ба ў имконият фароҳам оранд, ки тавсифи зикргардидаи ченакҳоро бо асбобҳои назоратию ченкунӣ мустақилона санҷад;

— ҳангоми фурўши молҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молҳои сертификатсияшаванда мансуб дониста шудаанд, бо талаби харидор сертификати мутобиқати молро (ё нусхаи онро) пешниҳод кунанд;

— бо тартиб ва ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ истифода баранд;

— молеро, ки ҷавобгўи талабот ва меъёрҳои бехатарӣ нест, аз муомилот бароранд;

— дастурҳои мақоми ваколатдори давлатиро, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд, иҷро намоянд;

— ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба моҳияти масъалаҳои марбут ба иҷрои Қонуни мазкур ва риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар рафти аз ҷониби он гузаронидани тафтиш ва аз рўи натиҷаҳои он тавзеҳот манзур намоянд;

— бо тартиби муқарраргардида пешбурди баҳисобгирии амалиёти молиро таъмин намоянд, ҳисоботи пешбининамудаи қонунгузориро пешниҳод намоянд;

— дигар муқаррароти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

  1. Корманд намояндаи расмии фурўшанда (иҷрокунанда) ҳисоб мешавад, ба шарте ки аз номи фурўшанда (иҷрокунанда) ва ҳимояи манфиати он тибқи ваколатнома ва ё қонун баромад кунад ё агар он мустақилона ба истеъмолкунандагон ба ҳайси фурўшанда (иҷрокунанда) хизмат расонад.
  2. Фурўшанда (иҷрокунанда) ҳуқуқ дорад, ки хизматрасонии истеъмолкунандагонро мустақилона анҷом диҳад, агар он ҷавобгўи ҳамаи талаботе бошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур нисбат ба корманд муқаррар шудааст.
  3. Фурўшандагон (иҷрокунандагон) барои иҷрои корҳое, ки бевосита бо хизматрасонии истеъмолкунандагон алоқаманданд, бояд кормандони тахассусӣ дошта бошанд, ки аз ҷумлаи кормандони ҳайати корхона буда, ба таври кироя кор мекунанд, таҳсилоти дахлдори касбӣ ва омодагии касбӣ, омодагии гигиении касбӣ доранд ва аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд.
  4. Дар толори фурўш кормандоне, ки бо хизматрасонии истеъмолкунандагон машғуланд, бояд либоси ягонаи махсус дошта бошанд.
  5. Ба кори савдо ва хизматрасонии маишӣ шахсони зерин роҳ дода намешаванд:

— агар иҷозати дахлдори тиббӣ надошта бошанд, ба шарте ки, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои пешбурди ин гуна намуди савдо ва хизматрасонии маишӣ чунин иҷозат муқаррар гардида бошад;

— ноболиғони то 18-сола, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 18. Таҳсилоти касбӣ, тайёрӣ ва бозомўзии касбӣ

  1. Кормандоне, ки бевосита ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд, бояд дар сатҳи на камтар аз курси таҳсилоти бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқшуда тайёрии касбӣ дошта бошанд.
  2. Кормандон бояд ҳар се сол як маротиба аз ҳисоби маблағи фурўшанда (иҷрокунанда) аз бозомўзии касбӣ гузаранд.

Моддаи 19. Муоинаи тиббӣ

  1. Кормандон вазифадоранд аз муоинаи пешакии тиббӣ (ҳангоми қабул шудан ба кор) ва муоинаи даврии профилактикии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаранд.
  2. Муоинаи пешакии тиббӣ аз ҳисоби худи кормандон ё аз ҳисоби корфармо гузаронида мешавад.
  3. Муоинаҳои даврии профилактикии тиббӣ аз ҳисоби фурўшанда (иҷрокунанда) гузаронида мешаванд.

БОБИ 5.

ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА ГУРЎҲҲОИ АЛОҲИДАИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН, НАРХГУЗОРӢ, НОМГЎИ МОЛҲО ВА НАМУДҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЗ ҶИҲАТИ ИҶТИМОӢ МУҲИМ

 

Моддаи 20. Ташкили хизматрасонӣ барои гурўҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон, ки аз ҳифзи иҷтимоӣ истифода мебаранд

1.Ҷиҳати хизматрасонӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон, ки аз ҳифзи иҷтимоӣ истифода мебаранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон метавонанд объектҳои махсусгардонидашудаи савдо ва хизматрасонии маиширо муайян намоянд, ки дар онҳо нархи мол (хизматрасонӣ)  нисбат ба чунин моли (хизматрасонии) дар минтақа мавҷудбуда пасттар аст.

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд усул ва механизмҳои мухталифи дастгирии чунин объектҳои савдо ва хизматрасонии маиширо амалӣ намуда, аз ҷумла барои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ имтиёзҳо фароҳам оваранд.

Моддаи 21. Нархгузорӣ дар соҳаи  савдо ва хизматрасонии маишӣ

  1. Нархи мол (кору хизматрасонӣ) аз ҷониби субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ба истиснои талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ, мустақилона муайян карда мешавад. Ба танзими давлатии нархҳо танҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
  2. Нархи молҳое, ки субъектҳои савдо мефурўшанд ва подоши хизматрасонии маишӣ, инчунин дигар шартҳои шартнома барои ҳамаи истеъмолкунандагон бояд якхела бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гурўҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон фароҳам овардани имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
  3. Субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ўҳдадор аст, ки мавҷудияти нархномаҳои ягона, дақиқ ва ба расмият даровардашударо барои молҳои фурўшӣ бо зикри номи мол, навъ, нархи вазн ё воҳиди мол, имзои шахси аз ҷиҳати моддӣ масъул ё мўҳри ташкилот ва санаи таҳияи нархнома таъмин намояд.
  4. Ҳангоми дастифурўшии мол фурўшанда ўҳдадор аст бо худ нархномаеро дошта бошад, ки дар он номгўй ва нархи мол зикр гардидааст.
  5. Бо мақсади танзими давлатии нархи молҳо ва намудҳои алоҳидаи молу хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои мухталифи нарх ва тарифҳои (аз ҷумла муқаррар намудани ҳадди ақал ва ё ҳадди ниҳоӣ, танзими нархи иловагии (иловапулии) онҳо (аз ҷумла, муқаррар намудани ҳадди ниҳоӣ (ҳадди ақал ва ё ҳадди ниҳоӣ), мониторинги калкулятсия ва ташаккули нархро барои ин молҳо истифода мебарад. Нарх ва тарифҳо барои чунин молҳо, иловапулӣ ба нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 22. Навъҳои молу хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим

  1. Дар объектҳои савдои чакана, хизматрасонии маишӣ, ки ба таври дахлдор махсус гардонида шудаанд, навъи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фурўхта ва хизматҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим расонида мешавад.
  2. Ба навъҳои молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим инҳо дохил мешаванд:

— молҳои озуқаворӣ — нон, маҳсулоти нонӣ, биринҷ, орд, намак, шакар, чой, гўшт, шир, маҳсулоти ширӣ, равғани ҳайвоноту растанӣ, маргарин, тухм, моҳӣ, ярма, маҳсулоти макаронӣ, картошка, карам, лаблабу, сабзӣ ва пиёз;

— молҳои ғайриистеъмолӣ — собун, воситаҳои шустушўии синтетикӣ, хамираи дандон, мисвок, болопўши рахти хоб ва либос, ҷўроби мардонаю занона, китоб, молҳои мактабӣ, сўзан, ришта, гўгирд, шамъ ва чароғ.

  1. Ба навъҳои хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим инҳо дохил мешаванд:

— барои сартарошхонаҳо — мўйсаргирии оддӣ;

— барои шустагарӣ — шустушўи болопўши рахти хоб;

— барои ҳаммом ва саунаҳо – қабули душ;

— барои корхонаҳои таъмири асбобу анҷоми маишӣ, радиоэлектронӣ, мошину дастгоҳҳои маишӣ — таъмири яхдон, асбобҳои гармидиҳанда, телевизор, дарзмол ва чангкашакҳо;

— барои ателйе — таъмири маҳсулоти дарздўзӣ, нассоҷӣ бе поракунӣ, аз нав буридан ва аз нав дўхтан;

— барои суратгирхона — тайёр намудани сурат барои ҳуҷҷатҳо;

— барои корхонаҳои таъмири металл — сохтани калид;

— барои корхонаҳои таъмири пойафзол — ҳама гуна таъмир, ба истиснои нав ва иваз намудани қисми болоӣ ва пошнаи пойафзол.

 

БОБИ 6.

ТАШАККУЛЁБИИ ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТИИ ДАВЛАТӢ

ДАР СОҲАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ

 

Моддаи 23. Ташаккулёбии захираҳои иттилоотии давлатӣ

  1. Таъминоти давлатии иттилоотӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Дар сомонаҳои расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар се моҳ иттилооти зерин ворид мекунанд:

— дар бораи қарорҳои қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ;

— дар бораи нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим менамоянд;

— дар бораи нархи миёнаи намудҳои алоҳидаи мол;

— дигар иттилооти муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ.

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ пешбурди феҳристи савдо ва хизматрасонии маиширо ташкил мекунад ва дастрасии маълумоти онро таъмин менамояд. Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ маълумотро дар бораи субъектҳои савдо, субъектҳои савдои чакана (ба истиснои молистеҳсолкунандагон) ва дигар субъектҳои савдо оид ба вазъи савдо ва хизматрасонии маишӣ дар бар мегирад.
  2. Барои ба феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ ворид намудани маълумоти дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, ки ворид намудани чунин маълумотро тасдиқ менамояд, пешбинӣ намудани тобеият ҷиҳати анҷом додани амали муайян, қабули қарор нисбат ба субъектҳои савдо, субъектҳои савдои чакана (ба истиснои молистеҳсолкунандагон), дар хусуси дар феҳристи  савдо  ва  хизматрасонии   маишӣ    мавҷуд будани иттилоот оид ба ҳамин субъектҳои хоҷагидор ва (ё) савдо ва хизматрасонии маишӣ  ситонидани маблағ манъ аст.
  3. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба савдои чакана, яклухт, дигар намудҳои фаъолияти савдо, хизматрасонии хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ машғуланд, ўҳдадоранд, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоотӣ тибқи шакл ва мўҳлати муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод намоянд.

БОБИ 7.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 24.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 19 марти  соли 2013, № 943

ШАРИКОН: