Қонуни ҶТ «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»

 

                                   (АМОҶТ, соли 2010, №12, мод.832)

Қонуни мазкур принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ —  фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба таъмини шароит барои амалӣ намудани омўзиши экологии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккулёбии фарҳанги умумӣ ва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудаанд;

— маърифати экологӣ — раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар рўҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандўзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад;

— фарҳанги экологӣ – қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмўи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тўли ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва  ҳар фарди алоҳида  мусоидат менамояд;

— дониши экологӣ – бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;

— дониши экологии ҳадди ақал — ҳаҷми камтарини донишҳои зарурӣ барои ҳар як узви ҷомеа, ки  мақсад аз он истеҳсоли бехавф ва каммасраф, сарфаи захираҳои табиӣ ва энергия, барқарорсозии хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, инчунин муҳити зист ва ташаккули муносибати эҳтиёткорона ба он мебошад.

 

Моддаи 2. Принсипҳои асосии  сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ инҳоянд:

— кафолати давлатии таъмини омўзиши ҳадди ақали донишҳои зарурии экологӣ барои шаҳрванд;

— ҳатмӣ будани омўзиши фанҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи зинаҳои системаи таълимӣ;

— ворид намудани масъалаҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи барномаҳои  давлатии мақсаднок ва соҳавӣ;

— мақсаднокии маърифати экологӣ дар ҳалли масъалаҳои  ҳифзи муҳити зист;

— амалӣ намудани сиёсати давлатӣ  дар бахши маърифати экологӣ;

— ошкорбаёнӣ дар масъалаҳои ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ;

— иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ.

 

Моддаи 3. Мақсаду вазифаҳои Қонуни мазкур

  1. Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад:

— фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа  бо донишҳои умумии экологӣ;

— мусоидат намудан ба ташаккули тарбия  ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи  инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист,  ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфта.

  1. Вазифаҳои Қонуни мазкур чунинанд:

— таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ривоҷу равнақи донишҳои экологӣ;

— таъмини кафолати ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ ва дигар кафолатҳо барои ташаккул ва инкишофи таълим, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ;

— таъмини механизмҳои иҷрои вазифаҳо дар сохторҳои мавҷудаи системаи  иттилоот ва таълим.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии  аҳолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Маърифати экологӣ ва фазои иттилоотӣ

Фазои маърифати экологӣ ва иттилоотии давлатӣ системаи воситаҳои ахбори омма, иншооти гуногуни соҳаҳои фаъолияти инсон (истеҳсолот ва хизматрасонӣ), фарҳанг ва фароғат, туризм ва варзиш, маҷмааҳои табиӣ (мамнўъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, боғҳои миллӣ), инчунин маҷмааҳои таърихӣ — меъморӣ, мавзеъҳои шаҳрӣ ва деҳотиро дар бар мегирад, ки дар якҷоягӣ бо шабакаи муассисаҳои таълимӣ ба фароҳам овардани шароити мувофиқ барои ташаккули фарҳанги экологии ҷамъияту шахс равона шудаанд.

 

Моддаи 6. Доираи татбиқи Қонуни мазкур

Қонуни мазкур тамоми сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ, воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони табиат, аҳли ҷомеа ва шаҳрвандонро фаро мегирад.

 

БОБИ 2.

СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 7. Системаи маърифати экологии аҳолӣ

Системаи маърифати экологӣ қисми таркибии системаи ягонаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он маҷмўи меъёрҳои бо ҳам алоқаманди давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимии зинаю  самтҳои гуногун буда ҳамгироии омўзиш ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мақомоти идораи маорифро таъмин менамояд.

 

Моддаи 8. Сохтори системаи маърифати экологии аҳолӣ

  1. Маърифати экологии аҳолӣ зинаҳои зерин дорад:

— маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ);

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти умумӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти миёнаи касбӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти махсус ва иловагӣ;

— маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ.

  1. Таълими фанҳои марбути экологияи ҳамаи зинаҳои таҳсили системаи маориф бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ  монда мешаванд.

 

Моддаи 9. Барномаҳои давлатии маърифати экологии  аҳолӣ

  1. Асоси ташкилии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ барномаи комплексии давлатии маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
  2. Маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои давлатӣ татбиқ мегардад. Барномаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ бо ҷалби  ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия карда мешаванд. Салоҳияти ташкилотҳои ҷамъиятиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Барномаҳо мутобиқи талаботи             меъёрҳои давлатӣ таҳия мешаванд.

 

Моддаи 10. Маблағгузории системаи маърифати экологии аҳолӣ

Масъалаҳои татбиқ, маблағгузорӣ ва сертификатсияи барномахои комплексӣ, мақсаднок, соҳавӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Иҷрои барномаҳои давлатии маърифати экологии аҳолӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ  карда  мешавад.

 

БОБИ 3.

ИДОРАИ СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 11. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ аз инҳо иборат аст:

— муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани онҳо, ташкили системаи маърифати экологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;

— таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои комплексии давлатии маърифати экологӣ ва дигар барномаҳои мақсаднок ва соҳавӣ, ки масъалаҳои маърифати экологиро дар бар мегиранд;

— иштирок дар таҳияи барномаҳои байналмилалии таълимии экологӣ;

— муқаррар намудани тартиби сертификатсияи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкили маърифати экологӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо;

— муқаррар намудани тартиби санҷиши малакаи касбӣ — экологии  хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисоне, ки фаъолияташон ба расонидани таъсири зарарнок ба муҳити зист ва саломатии инсон вобастагӣ дорад, инчунин ходимони соҳаҳои маориф, ҳифзи саломатӣ, илм ва фарҳанг;

— тайёр намудани  мутахассисони эколог, кадрҳои илмию педагогӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои соҳаи маърифати экологӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо;

— таъмини системаи маърифати экологӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ.

 

Моддаи 12. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ  инҳо дохил мешаванд:

— ташкил ва таъмини системаи маърифати экологӣ дар сатҳи маҳалл;

— таъсиси комиссияи байниидоравии минтақавӣ дар бахши маърифати экологӣ;

— иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

— таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

— таъмин намудани муассисаю ташкилотҳо ва мақомоти идоракуние, ки ба фаъолият дар соҳаи маърифати экологӣ машғуланд, бо маводҳои иттилоотӣ ва илмию методӣ;

— санҷиши малакаи касбӣ-экологии  хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маърифати экологӣ машғуланд;

— ташкили системаи тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва идоракунӣ дар системаи маърифати экологӣ, мутахассисони эколог, кормандони воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, мутахассисон ва шаҳрвандоне, ки фаъолияташон ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонад;

— назорат ва таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

 

Моддаи 13. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар маърифати экологӣ

  1. Дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон чунин ҳуқуқҳо доранд:

— омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

— ширкат дар озмунҳо барои таҳияи лоиҳаҳо оид ба маърифати экологӣ;

— ширкат дар омода намудани барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

  1. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаъолияти маърифати экологиро дар асоси сертификати давлатие амалӣ менамоянд, ки тартиби гирифтани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
  2. Ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти маърифати экологӣ машғуланд, ҳуқуқи ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намудан ва гирифтани маълумоти дақиқи экологиро доранд.
  3. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани дониши экологиро дорад.
  4. Падару модар ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда вазифадоранд, ки кўдаконро дар рўҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд.

 

Моддаи 14. Ҳамоҳангсозии фаъолияти байниидоравӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

  1. Барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои маърифати экологӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои манфиатдор дар соҳаи маърифати экологӣ комиссияҳои байниидоравӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Комиссияи байниидоравии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
  3. Комиссияи байниидоравии минтақавиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд.
  4. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии давлатӣ намояндагони вазорату идораҳои мутасаддии соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш, воситаҳои ахбори омма, иқтисод, молия, тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ, меҳнат, мудофиа, ҳолатҳои фавқуллода, корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист ва воситаҳои ахбори омма шомил карда мешаванд.
  5. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии маҳаллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомил карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешаванд.

 

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонун мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ  Раҳмон

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010

№ 673

ШАРИКОН: