Қонуни ҶТ «Дар бораи криптография»

         (АМОҶТ с. 2012, №7, мод. 689)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи криптография танзим намуда, тартиби таҳия, истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои криптографиро дар рафти мубодила ва нигоҳдории иттилоот муайян мекунад.

 

Моддаи 1.  Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникатсионӣ – системаи технологӣ, ки барои интиқоли маълумот тавассути хатҳои алоқаи иттилоотӣ пешбинӣ гардидааст, ки  ба он бо техникаи ҳисоббарор даст ёфтан мумкин мебошад;

воситаҳои криптографӣ – воситаҳое, ки барои ҳифзи техникии маълумоти махфӣ аз дастрасии беиҷозат пешбинӣ шудаанд;

воситаҳои ҳимоя аз тақаллуб – воситаҳои дастгоҳӣ, барномавӣ ва дастгоҳии барномавӣ, системаю комплексҳое, ки алгоритмҳои тағйирёбии криптографии иттилоотро ба роҳ монда, барои ҳифз кардан аз таҳмили иттилооти дурўғин таъин гардидаанд;

воситаҳои бакоддарорӣ – воситаҳое, ки маҷмўи алгоритмҳои тағйирдиҳии криптографии иттилоотро бо иҷрои як қисми тағйирот тавассути амалиёти дастӣ ё бо истифода аз воситаҳои автоматикунонидашуда дар асоси ҳамин амалиёт ба роҳ мемонад;

воситаҳои рамзнависӣ – воситаҳои дастгоҳӣ, барномавӣ ва дастгоҳии барномавӣ, системаҳо ва комплексҳое, ки алгоритмҳои тағйирёбии криптографии иттилоотро ба роҳ мемонанд ва барои ҳифзи иттилоот аз дастрасии ғайриқонунӣ ҳангоми интиқоли онҳо тавассути шабакаҳои автоматикунонидашуда ва ё дар вақти коркард ва нигоҳдории онҳо пешбинӣ гардидаанд;

ҳуҷҷатҳои асосӣ – ҳомили маълумоти асосӣ новобаста ба намуди он;

воситаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои асосӣ – воситаҳои техникие, ки тавассути онҳо ҳуҷҷатҳои асосӣ таҳия карда мешаванд.

 

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Муқаррароти Қонуни мазкур ба воситаҳои криптографии мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, ки барои таъмини ҳифзи иттилоот ҳангоми мубодила ва нигоҳдории он истифода бурда мешаванд.
  2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати воситаҳои зерин татбиқ карда намешаванд:

— кортҳои вижаи кредитии дорои таҷҳизоти хурди микромошинҳои электронии ҳисоббарорӣ, ки имкониятҳои криптографии онҳо аз тарафи истифодабарандагон тағйир дода намешавад;

— радиотелефонҳои портативӣ ва ё мобилии таъиноти шаҳрвандӣ, ки қобилияти рамзнависии дутарафаро надоранд;

— дастгоҳҳои қабулкунанда ва фиристандаи пахши радиоӣ, телевизиони тиҷоратӣ ё дигар дастгоҳҳои навъи тиҷоратӣ барои шунавандагони муайян бе ишораи рамзнависии рақамӣ, ки дар он рамзнависӣ бо амалиёти идоракунии видеоӣ ё аудиоканалӣ маҳдуд мебошад;

— воситаҳои рамзнависӣ, ки махсус барои амалиёти бонкӣ ва молиявӣ дар таркиби терминалҳои фурўши чаканае (банкоматҳое), ки имкониятҳои криптографии онро истифодабарандагон тағйир намедиҳанд, таҳия ва истифода карда мешаванд;

— воситаҳои рамзнависии таъмини қайди фискалӣ, ки танҳо дар таркиби дастгоҳҳои назорати касса истифода карда мешаванд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи криптография

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи криптография ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи криптография

Дар соҳаи муносибатҳои криптографӣ давлат дар шахси мақомоти дахлдори давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчун субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дониста мешаванд.

 

Моддаи 5. Коркард, истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои криптографӣ

  1. Ба воситаҳои криптографӣ дохил мешаванд:

— воситаҳои ҳимоя аз тақаллуб;

— воситаҳои рамзнависӣ;

— воситаҳои бакоддарорӣ;

— ҳуҷҷатҳои асосӣ;

— воситаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои асосӣ.

  1. Воситаҳои криптографӣ ва барномаҳои таҳиякардаи онҳо аз тарафи як ё якчанд нафар, ки барои кор бо воситаҳои криптографӣ роҳ дода шудаанд, нигоҳдорӣ ва мавриди истифода қарор мегиранд, то ки шахси бегона ба онҳо даст наёбад.
  2. Нусхаи ҳуҷҷатҳои техникии воситаҳои криптографӣ ва барномаҳои онҳо дар маркази тасдиқкунанда нигоҳ дошта мешаванд.
  3. Мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воситаҳои криптографиро барои ҳимояи маълумоти махфӣ ҳангоми қабул, интиқол ва нигоҳдории он тавассути шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникатсионӣ, инчунин воситаҳои барномавию техникӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

 

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи криптография

Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи криптография тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 7. Сертификатсиякунонии воситаҳои криптографӣ

  1. Воситаҳои криптографӣ ҳамчун воситаҳои рамзнависии иттилоот бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд.
  2. Санҷиш ва хизматгузории сертификатсионии воситаҳои криптографӣ ба зиммаи маркази тасдиқкунандае вогузор карда мешавад, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» фаъолият менамояд.

 

Моддаи 8. Назорат ба фаъолияти соҳаи криптография

Назорат ба фаъолияти соҳаи криптография аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 июли соли  2012,

№ 839

ШАРИКОН: