Қонуни ҶТ «Дар бораи ихтирооти махфӣ»

(АМОҶТ с.2010 №7, мод.556)

 

 

Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ихтирооти махфӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ариза — маҷмўи ҳуҷҷатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда, ки барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешаванд;

ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ — ихтирооте, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ буда, тибқи тартиби муқарраршудаи Қонуни мазкур махфӣ дониста шудаанд;

объектҳои махфии моликияти саноатӣ — ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои судманди дорои маълумоти сирри давлатӣ, ки маҳсули фаъолияти зеҳнии инсон мебошанд;

шартҳои патентпазирӣ – шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи пешниҳоди ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ;

ҳаммонандии ихтироот – объекте, ки таъиноташ бо таъиноти ихтироъ як буда, маҷмўи аломатҳои он ба маҷмўи аломатҳои асосии ихтироъ монанд аст;

ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ – патентҳо ва нахустпатентҳое, ки барои ихтирооти махфӣ тибқи Қонуни мазкур дода мешаванд;

сатҳи техника — маҷмўи маълумоте мебошад, ки то санаи аввалияти ихтироот дар ҷаҳон қобили дастрасии умум гардидааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтирооти махфӣ

Конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ихтирооти махфӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақоми ваколатдори  давлатӣ оид ба ҳифзи ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ

Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ (минбаъд –Идораи патентӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии ин ихтироот ва кашфиётҳои  махфӣ таъмин намуда, аризаҳоро  оид ба ихтироот ва кашфиётҳои махфӣ қабул мекунад, аз рўи онҳо санҷиш мегузаронад, бақайдгирии давлатии ихтироот ва кашфиётҳои махфиро ба ҷо оварда, ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад, инчунин дигар вазифаҳоро, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии Идораи патентӣ  пешбинӣ шудаанд, амалӣ месозад.

 

Моддаи 4. Махфигардонии ихтирооти дорои сирри давлатӣ

  1. Идораи патентӣ дар ҳолати пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироот, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» сурат мегирад, корро барои ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва махфӣ гардонидани дархостҳои ин гуна маълумотро дарбаргиранда, ташкил менамояд. Қоидаҳои тартибдиҳӣ, пешниҳод ва баррасии ариза барои гирифтани патент ба ихтирооти махфӣ аз тарафи Идораи патентӣ муайян карда мешаванд.
  2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои маъмурӣ (минбаъд мақомоти давлатӣ) барои маълумоти махфишавандаи худ ҳуқуқ доранд ихтироотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, махфӣ гардонанд ва тавассути мақоми низоми махфияти худ ба Идораи патентӣ бо ариза ҷиҳати гузоштани мўҳри махфияти дахлдор ба онҳо, пешниҳод намоянд.
  3. Идораи патентӣ аризаҳоеро, ки оид ба махфигардонии ихтироот аз тарафи шахсони мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур (минбаъд аризадиҳандагон) муқарраршуда пешниҳод гардидаанд, тариқи низоми махфияти мақоми марбута ва дар сурати набудани чунин шароит – бевосита аз рўи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва Қонуни мазкур барои баррасӣ қабул менамояд.
  4. Тартиби махфигардонии аризаҳои дорои сирри давлатӣ, муқаррар намудани дараҷаи махфият, ҳамчунин мўҳлати аз нав дида баромадани онҳоро мақомоти давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва Қонуни мазкур муайяншуда, амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 5. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ ва истифодабарии он

  1. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ ва истифодабарии он тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
  2. Ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ ва истифодабарии он дар тамоми мўҳлати махфигардонидашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахси мақомоти давлатии онро махфигардонида, тааллуқ дорад. Истифодабарии ихтирооти махфӣ бояд бо риояи низоми махфият барои маълумоти дорои сирри давлатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» амалӣ гардад.
  3. Истифодабарии ихтирооти махфиро аз тарафи шахсони дигар, агар он ба манфиати давлат бошад, мақоми давлатие, ки онро бо риояи низоми махфият тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ гардонидааст, иҷозат медиҳад.
  4. Ихтирооти махфӣ то ба анҷом расидани мўҳлати махфигардонӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешаванд.

 

Моддаи 6. Муаллифи ихтирооти махфӣ

  1. Муаллифи ихтирооти махфӣ шахси воқеие ҳисобида мешавад, ки ихтирооти махфӣ бо меҳнати эҷодкоронаи вай ихтирооти махфӣ офарида шудааст.
  2. Агар дар офаридани ихтирооти махфӣ якчанд шахсони воқеӣ иштирок карда бошанд, ҳамаи онҳо муаллифони ихтирооти махфӣ ҳисоб мешаванд.
  3. Шахсоне, ки дар офаридани ихтирооти махфӣ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузоштаанд, ба муаллиф (муаллифон) танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ва ё моддӣ расонидаанд, ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба ихтирооти махфӣ кўмак намудаанд, муаллифи ихтирооти махфӣ ҳисоб намешаванд.
  4. Ҳуқуқи муаллифӣ ҳуқуқи шахсии бегонанашаванда буда, бемўҳлат ҳифз карда мешавад.
  5. Муаллифи ихтирооти махфӣ бо додани патент аз тарафи Идораи патентӣ тасдиқ карда мешавад ва ин барои гирифтани подош ва ҷуброн барои махфигардонӣ ва истифодабарии он асос мебошад.
  6. Ҳангоми ба манфиати давлат истифода бурда шудани ихтирооти махфӣ аз тарафи мақомоти давлатии онро махфигардонида ба муаллифи (муаллифони) он подош пардохт карда мешавад. Андоза, шартҳо ва тартиби пардохти подошро шартномаи байни муаллиф ва мақоми давлатӣ, ки ихтироотро махфӣ гардонидааст, муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Тартиби пешниҳод, баррасӣ ва махфигардонии аризаҳо барои ихтирооти махфӣ

  1. Ҳуқуқи пешниҳод кардани аризаро барои ихтирооти махфӣ муаллиф (муаллифон) ва ё вориси ҳуқуқии ў (онҳо), аз он ҷумла шахсе, ки ба ин ҳуқуқ ба тариқи гузашт соҳиб шудааст, дорад.
  2. Ҳуқуқи додани ариза барои ихтирооти дорои маълумоти сирри давлатӣ ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» эҷодшуда ба корфармо ва ё вориси ҳуқуқии он, аз ҷумла ба шахсе, ки ба ин ҳуқуқ бо роҳи гузашт соҳиб шудааст, тааллуқ дорад, агар дар шартномаи байни корфармо ва муаллифи ихтирооти махфӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  3. Аризаҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» тартиб дода мешаванд. Тартиби баррасии аризаҳо ба ихтирооти махфӣ ва махфигардонии онҳоро Идораи патентӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 8. Шартҳои муҳофизатии  ихтирооти махфӣ

  1. Ҳангоми муайян кардани ҳифзи ҳуқуқии ихтирооти махфӣ шартҳои патентпазирии ихтироъ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муқаррар гардидаанд, истифода мешаванд.
  2. Ҳангоми муайянкунии навгонии ихтирооти махфӣ дар қатори маълумоти мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинишуда, ба сатҳи техника, бо назардошти аввалияти қаблии он, асноди зерин дохил карда мешаванд:

— ҳуҷҷатҳои муҳофизатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои махфии моликияти саноатӣ;

— ариза барои додани ҳуҷҷатҳои муҳофизатии объектҳои махфии моликияти саноатӣ, ки аз тарафи  шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд (ба ғайр аз аризаҳои бозхондашуда);

— маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ буда, дар воситаҳои ахбори омма ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ ошкор карда шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони қонунӣ ба ин маълумот иҷозат дошта, қабл аз пешниҳоди аввалияти аризаи ихтирооти махфӣ, дастрас гардидаанд.

  1. Ҳангоми муайян кардани навгонии ихтирооти махфӣ, дараҷаи махфиятнокии маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба сатҳи техникӣ дохилшаванда, набояд аз дараҷаи махфиятнокии ихтирооти махфии арзшуда баланд бошад.

 

Моддаи 9. Аввалияти ихтирооти махфӣ

  1. Аввалияти ихтирооти махфӣ аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза, мувофиқи қисми 3 моддаи 4 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
  2. Аввалияти ихтирооти махфӣ аз рўи санаи воридшавии маводҳои иловагӣ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводро аризадиҳанда то гузаштани мўҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патентӣ дар бораи имконнопазирии ба эътибор гирифтани маводи иловагӣ бинобар моҳияти ихтирооти арзшударо тағйирдиҳанда пиндошта шуданашон ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.
  3. Аввалияти ихтирооти махфӣ аз рўи санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани аризаи қаблии ин ихтироотро маънидодкунандаи ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз рўи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.
  4. Аввалияти ихтирооти махфӣ дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар яки онҳо шартҳои дар қисми 3 ҳамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад муқаррар шавад.
  5. Муқаррар намудани аввалияти ихтирооти махфӣ аз рўи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рўи он аллакай аввалияти барвақттар дархост шудааст, мумкин нест.
  6. Аввалияти ихтирооти махфӣ аз рўи аризаи ҷудокардашуда аз рўи санаи пешниҳоди аризаи аввали ҳамон як аризадиҳанда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда ба Идораи патентӣ то аз рўи аризаи нахустин қабул шудани қарор дар бораи рад гардидан оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки имконияти шикоят кардан аз болои он аз даст рафтааст ва дар ҳолати мавҷудияти қарор дар бораи ба аризаи зикршуда додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ то рўзи бақайдгирии ихтирооти махфӣ дар Феҳристи давлатии ихтирооти махфӣ, ворид шуда бошад.
  7. Агар дар рафти санҷиш муқаррар карда шавад, ки ихтирооти ҳаммонанд аввалияти якхела доранд, пас ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз рўи аризае дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патентӣ исбот шудааст, дар ҳолати мувофиқ омадани ин санаҳо бошад, агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад аз рўи аризае муайян карда мешавад, ки рақами бақайдгирии пештар додаи Идораи патентиро дорад.

Моддаи 10. Санҷиш ва бақайдгирии ихтирооти махфӣ

  1. Тибқи аризаҳо ба ихтирооти махфӣ, ки мувофиқи моддаҳои 4 ва 7 Қонуни мазкур махфӣ гардонида шудаанд, санҷиши ихтирооти махфӣ мутобиқи тартиби гузаронидани санҷиши ихтирооти ғайримахфӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муқарар шудааст, бо назардошти хусусиятҳои зерини баррасии ихтирооти махфӣ гузаронида мешавад:

— санҷиши ариза ба ихтирооти махфӣ аз санҷиши расмӣ ва моҳиятӣ иборат мебошад;

— ҳангоми гузаронидани санҷиши моҳиятии ариза Идораи патентӣ ҳуқуқ дорад, ки кормандони мақомоти дахлдори давлатиро ҷалб намояд;

— роҳбарони мақомоти давлатӣ ўҳдадоранд, ки мутахассисони мазкурро бо шарти нигоҳдошти музди миёнаи моҳона, ҷуброни роҳкиро ва истиқомат ба сафари хизматӣ фиристонанд;

— санҷиши моҳиятии ариза, ки ба воситаҳои нави аслиҳаи ҳарбӣ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои махсуси техникӣ дахл доранд, баъд аз гирифтани хулосаи мақомоти давлатии дахлдоре, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронида мешавад;

— хароҷотро барои гузаронидани санҷиш мақоми давлатие, ки онро махфӣ гардонидааст, пардохт мекунад.

  1. Аз рўи натиҷаи санҷиши моҳиятии ариза дар бораи эътироф кардан ва ё накардани объекти арзшуда ҳамчун ихтирооти махфӣ қарор бароварда мешавад.
  2. Идораи патентӣ дар асоси қарори худ оид ба эътироф намудани объекти арзшуда ҳамчун ихтирооти махфӣ онро ба Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда, ба муаллиф (ва ё муаллифон) ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ медиҳад.
  3. Маълумот оид ба ихтирооти махфӣ ба Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд. Қоидаҳои пешбурди Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
  4. Иҷозат ба маълумот оид ба ихтирооти махфии ба қайд гирифташуда ва шиносоӣ бо онҳо бо риояи талаботи ҳифзи сирри давлатӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Ҷубронпулӣ барои махфигардонии ихтироот

  1. Ба аризадиҳанда ҷубронпулӣ барои махфигардонии ихтироот дар ҳаҷм ва бо шартҳои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда ва инчунин хароҷоти аризадиҳанда ҳангоми пешниҳод ва баррасии ариза дар бораи ихтирооти махфӣ, пардохта мешавад.
  2. Хароҷоти дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда яквақта аз тарафи мақоми давлатӣ, ки аризаро дар асоси моддаи 7 Қонуни мазкур махфӣ гардонидааст, дар мўҳлати як моҳ аз рўзи баровардани қарор аз тарафи Идораи патентӣ бобати эътироф намудани ихтирооти пешниҳодшуда ҳамчун ихтирооти махфӣ ё эътироф накардани он пардохт карда мешавад.

 

 

 

Моддаи 12. Ошкор кардани ихтирооти махфӣ

  1. Санҷиши зарурати нигоҳдории дараҷаи махфияти муқарраршудаи ихтирооти махфӣ дар мўҳлатҳои ҳангоми махфигардонии он муайян кардаи мақоми давлатие, ки қарори махфигардонии онро қабул кардааст, гузаронида мешавад. Чунин санҷиш метавонад бо ташаббуси аризадиҳанда, муаллиф ё вориси ҳуқуқии ў низ гузаронида шавад.
  2. Қарор дар бораи ошкор кардани ихтирооти махфӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди мақоми давлатие, ки онро махфӣ гардонидааст, қабул карда мешавад.
  3. Оид ба қабул кардани қарор дар бораи ошкор кардани ихтирооти махфӣ ба аризадиҳанда, муаллиф, инчунин Идораи патентӣ барои хориҷ кардани ихтирооти махфии мазкур аз Феҳристи давлатии ихтирооти махфии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

 

Моддаи 13. Супоридани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтирооти ошкоркардашуда

  1. Аризадиҳанда дар мўҳлати як сол аз санаи ошкор кардани ихтирооти махфӣ метавонад ба Идораи патентӣ барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинӣ шудааст, дархост фиристад. Ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба мўҳлати боқимондаи эътиборнокиаш, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинӣ шудааст, аз рўзи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ дода мешавад.
  2. Аввалияти ихтирои махфии ошкоркардашуда аз рўзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ариза ба Идораи патентӣ дар асоси моддаи 9 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
  3. Ҳуҷҷати муҳофизатие, ки ба ихтирои ошкоркардашуда дода шудааст, аз рўзи пешниҳоди ариза дар бораи додани он эътибор дошта, барои дохил кардани ихтирои ошкоркардашудаи ҳифзшаванда ба сатҳи техника аз рўзи аввалияти он ҳангоми муайян намудани навгонии дигари ихтирооти ғайримахфӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» асос мебошад.
  4. Патенти ба ихтирои ғайримахфии тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» додашуда дар ҳолати додани патент ба ихтирооти ҳаммонанди ошкоршудаи аввалияти қаблидошта беэътибор дониста мешавад. Соҳибҳуқуқи патенти беэътибордонисташудаи ихтирои ғайримахфӣ, ки истифодаи онро то таърихи пешниҳоди ариза ё омода шудани он амалӣ кардааст, агар чунин ихтироот новобаста аз муаллифи (муаллифони) ихтирои ошкоршуда офарида шуда бошад, ҳуқуқи худро барои истифодаи минбаъдаи чунин ихтироот бе афзоиш додани ҳаҷми он нигоҳ медорад.

 

Моддаи 14. Пардохтҳои ҳатмӣ

Барои амалҳои зерин пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд:

— пешниҳоди ариза; додани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ; нигоҳ доштани эътибори он; дароз ва барқарор кардани мўҳлатҳои гузаронидашуда ва инҷунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки ба ҳуҷҷатҳои муҳофизатии ихтирои махфӣ алоқаманд мебошанд. Номгўи пурраи амалҳое, ки барои иҷрояшон пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд, андоза ва мўҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андоза ва ё бозгардондани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 15. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

Қонуни мазкур нисбати  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ татбиқ намегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

 

Моддаи 16. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳо оид ба ихтирооти махфии бавуҷудомада аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд..

 

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ  Раҳмон

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№ 624

ШАРИКОН: