Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

(АМОҶТ с.2008, №3, м.192; с.2010, №7,мод.543; с.2012, №7, м.717)

 

Қонуни мазкур шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат доранд ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ўҳдадории ба манфиати дигар шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ё ба буҷети дахлдор супоридани маблаѓҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулк ё ба фоидаи онҳо содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян)- ро вогузор намоянд, муқаррар мекунад. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

БОБИ 1. АСОСҲОИ ИСТЕҲСОЛОТИ  ИҶРО

 

Моддаи 1. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро

Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои дигар мақомот мебошанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи   истеҳсолоти иҷро

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро дар замон

  1. Истеҳсолоти иҷро мувофиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷро амал мекунад, анҷом дода мешавад.
  2. Истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани қарзҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, рўёнидани ноустуворона оид ба сари вақт насупоридани ҷарима ва дигар муҷозот барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва мувофиқи қонунгузории андозу гумрук ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 31. Принсипҳои истеҳсолоти иҷро

Истеҳсолоти иҷро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— қонуният;

— сари вақт гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;

— эҳтироми қадр ва номуси шаҳрванд;

— дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва аъзои оилаи ў зарур;

— мутобиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 4. Мақомоти иҷрои маҷбурӣ

  1. Иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои судии дигар давлатҳо ба зиммаи иҷрочиёни суд гузошта мешавад. Иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) ўҳдадор менамоянд, аз ҷониби судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот оид ба ситонидани маблаѓи пулӣ, инчунин аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 5. Номгўи ҳуҷҷатҳои иҷро

  1. Ҳуҷҷатҳои иҷро инҳо мебошанд:

— варақаҳои иҷро, ки дар асоси санадҳои судӣ дода мешаванд;

— созишномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда оид ба пардохти алимент;

— навиштаҷоти иҷроия, ки аз ҷониби нотариусони давлатӣ ва шахсони мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд;

— фармони судӣ;

— шаҳодатномае, ки дар асоси қарори комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатӣ дода шудааст;

— қарорҳое, ки аз ҷониби мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бароварда шудаанд;

— варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд;

— варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) медиҳанд;

— талаботи мувофиқи тартиби муқарраркардашуда барасмиятдаровардашудаи мақомоти вазифаи назоратидошта дар бораи ситонидани маблаѓ бо қайди бонк ва ташкилоти дигари кредитӣ оид ба пурра ва ё қисман иҷро нагардидани ситониш бо сабаби набудани маблаѓҳои пулӣ дар суратҳисоби қарздор, ки талаботи ситонандаро пурра қонеъ намегардонад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷрои ҳуҷҷати иҷроро муқаррар накарда бошад;

— қарори прокурор оид ба тартиби маъмурӣ кўчонидани шаҳрвандоне, ки биноро худсарона ишѓол кардаанд ё дар биноҳое истиқомат мекунанд, ки хавфи фурўравӣ доранд;

— қарорҳои мақомоти дигар дар ҳолатҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда.

  1. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷати иҷро барои ситониш дубликати он, ки аз тарафи суд ё мақомоти дигаре, ки санади дахлдорро баровардааст, дода мешавад, асос шуда метавонад.

 

Моддаи 6. Мўҳтавои ҳуҷҷати иҷро

  1. Дар ҳуҷҷати иҷро бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:

— номи суд ва ё мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;

— парванда ва маводе, ки вобаста ба он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва рақамҳои онҳо;

— санаи баровардани санадҳои судӣ ё санадҳои мақомоти дигаре, ки бояд иҷро гардад;

— номи ситонанда–шахси ҳуқуқӣ ва қарздор–шахси ҳуқуқӣ ва суроѓаи онҳо;

— ном, номи падар ва фамилияи ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздор-шахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рўз, ҷои таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷои кори вай;

— қисми хулосавии санадҳои судӣ ё санадҳои мақомоти дигар;

— санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санадҳои судӣ ё санадҳои мақомоти дигар;

— санаи додани ҳуҷҷати иҷро ва мўҳлати пешниҳоди он барои иҷро.

  1. Мўҳтавои фармон мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 130 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Мўҳтавои созишномаи ба таври нотариалӣ тасдиқгардида оид ба пардохти алиментҳо мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 100 ва 101 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷистон муайян карда мешавад.
  3. Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст, бо имзои судя ва мўҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад.
  4. Ҳуҷҷати иҷрое, ки дар асоси санади мақомоти дигар дода шудааст, аз тарафи шахси мансабдори ин мақомот ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун муқаррар кардааст, аз тарафи шахсе, ки ҳуҷҷатро навиштааст, имзо карда мешавад. Ҳуҷҷати иҷро бо мўҳри мақомоте, ки онро додааст, тасдиқ карда мешавад.

 

БОБИ 2. ШАРТҲОИ УМУМИИ ИҶРО НАМУДАНИ АМАЛҲОИ ИҶРО

 

Моддаи 7. Супоридани ҳуҷҷати иҷро

  1. Ҳуҷҷати иҷро аз ҷониби суд ба ситонанда баъд аз эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ супорида мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки ҳуҷҷати иҷро фавран баъд аз қабули санади судӣ дода мешавад. Ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда супорида мешавад ё ин ки бо дархости ў барои иҷро бевосита аз ҷониби суд равон карда мешавад.
  2. Супоридани ҳуҷҷати иҷро барои иҷро мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 8. Маҳалли гузаронидани амалҳои иҷро

  1. Агар қарздор шахси воқеӣ (минбаъд – шаҳрванд) бошад, пас амали иҷро аз тарафи иҷрочии суд дар маҳалли истиқомат, ҷои кор ё дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай гузаронида мешавад.
  2. Агар қарздор шахси ҳуқуқӣ (минбаъд – ташкилот) бошад, пас амали иҷро аз ҷониби иҷрочии суд дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилот ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он гузаронида мешавад.
  3. Иҷрои талаботи дар ҳуҷҷатҳои иҷро муайяншудае, ки қарздорро барои иҷро намудани ҳаракатҳои муайян ўҳдадор менамояд, дар маҳалли иҷрои ин амалҳо ба ҷо оварда мешаванд.
  4. Ҳуҷҷати иҷрое, ки аз тарафи як иҷрочии суд ба иҷрочии суди дигар равона карда шудааст, аз тарафи охирон барои иҷро қабул карда мешавад. Маҳалли иҷрои амалҳои иҷро байни иҷрочиёни суд мавриди баҳс шуда наметавонад.
  5. Агар дар ҷараёни иҷрои ҳуҷҷати иҷро таѓйироте дар маҳалли истиқомати қарздор, ҷои кор ва маҳалли ҷойгиршавии ў ба вуқўъ ояд ва ё муқаррар гардад, ки молу мулки қарздор, ки мебоист ба он ситониш нигаронида шавад, дар ҷои аввалааш нест, иҷрочии суд фавран дар ин бора санад тартиб дода, на дертар аз рўзи дигари баъди тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии суди маҳалли нави истиқомати қарздор, ҷои кори вай, маҳалли ҷойгиршавии вай ё маҳалли нави ҷойгиршавии молу мулки қарздор равон менамояд. Ҳамзамон, иҷрочии суд дар ин бора ба ситонанда, суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, хабар медиҳад.
  6. Агар иҷро талаботи ситонандаро пурра қонеъ нагардонад, иҷрочии суд оид ба ин ҳолат фавран санад тартиб дода, на дертар аз рўзи дигари баъди тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро якҷоя бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулки боқимондаи қарздор мефиристад. Ҳамзамон, иҷрочии суд дар ин бора ба ситонанда, суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷро додааст, хабар медиҳад.
  7. Агар ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро зарурат ба миён ояд, иҷрочии суд метавонад амали худро дар маҳалле, ки ба салоҳияти ў дохил намешавад, ба анҷом расонад. Дар ин ҳолат иҷрочии суд мутобиқи қисми 5 моддаи мазкур санад тартиб дода, ба маҳалли зикршуда меравад ва дар муддати як шабонарўз аз зарурати гузаронидани амалҳои иҷро дар маҳалли мазкур ба суди дахлдор хабар медиҳад, ки дар ин ҳолат суд ба иҷрочии суд мусоидат менамояд.

 

 

 

Моддаи 9. Вақти гузаронидани амалҳои иҷро

  1. Амалҳои иҷро дар рўзҳои корӣ аз соати 6 то 22 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Вақти аниқи гузаронидани амалҳои иҷро аз тарафи иҷрочии суд муайян карда мешавад. Тарафҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд (минбаъд – тарафҳо) ҳуқуқ доранд, ки вақти барои онҳо мувофиқро ҷиҳати гузаронидани амалҳои иҷро пешниҳод намоянд.
  2. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳаи асоснок ба рафтори қарздор, ки ў метавонад моликияти ситонидашавандаро харҷ ё пинҳон кунад ё дигар амалҳоеро содир намояд, ки метавонанд дар мавриди таъхир кардан иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти дигарро душвору номумкин гардонанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки ба таъхир гузоштан мумкин нест, аз он ҷумла ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хатар дошта бошад ё иҷрои амалҳои иҷро дар вақти муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур бо гуноҳи қарздор номумкин бошад, иҷрочии суд ҳақ дорад амалҳои иҷроро бо иҷозати суди маҳалли ҷойгиршавии молу мулк дар рўзҳои истироҳат, рўзҳои ид ва шабона низ гузаронад.

 

Моддаи 10. Оқибатҳои вайронкунии талаботҳое, ки ба ҳуҷҷати иҷро  пешниҳод мегарданд

  1. Иҷрочии суд ҳуҷҷати иҷроро дар муддати се рўз аз рўзи ворид шуданаш, агар он бо вайрон намудани мўҳлати пешниҳоди иҷро ба вай равон карда шуда бошад, ба ситонанда ё ин ки дар сурати мувофиқат накардани он ба талаботи пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур, ба суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бармегардонад.
  2. Дар бораи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро иҷрочии суд қарор мебарорад.
  3. Иҷрочии суд на дертар аз як рўз баъди баровардани қарор дар бораи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нусхаи онро бо ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда, суд ва мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, мефиристад. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  4. Дар қарор оид ба баргардонидани ҳуҷҷати иҷро асосҳои баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нишон дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мўҳлат муқаррар карда мешавад, агар асоси баргардонидан иҷро накардани талаботи пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур бошад. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  5. Дар сурати дар мўҳлати муқарраршуда бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ҳуҷҷати иҷро аз рўзи аввали ба иҷрочии суд расидан, воридшуда ҳисоб карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  6. Риоя накардани мўҳлати муқарраргардида барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ҷиҳати дубора фиристонидани ҳуҷҷати иҷро ба иҷрочии суд мувофиқи тартиботи умумӣ, баъди ислоҳи ин камбудиҳо монеъ шуда наметавонад. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  7. Ҳуҷҷати иҷро, ки бе бартараф намудани камбудиҳои дар қарор оид ба баргардонидани он нишон додашуда дохил гардидааст, иҷро карда намешавад ва ба ситонанда ё мақомоти онро равонкарда баргардонида мешавад.

(қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 11. Асосҳои татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро

Асосҳои татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санадҳои судӣ ё санади дигар мақомот, ҳамчунин мавҷуд будани ҳуҷҷати иҷро мебошанд.

 

Моддаи 12. Мўҳлатҳои гузаронидани амалҳои иҷро

  1. Амалҳои иҷро ва талаботе, ки дар ҳуҷҷати иҷро дарҷ шудаанд, бояд аз тарафи иҷрочии суд дар муддати ду моҳ баъд аз ворид шудани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо мавриди иҷро қарор дода шаванд. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  2. Ба иҷрои фаврӣ талаботи чунин ҳуҷҷатҳои иҷро мансубанд:

— оид ба ситонидани алимент, музди меҳнат ё дигар пардохтҳо барои меҳнат дар доираи пардохтҳои барои як моҳ ҳисобкардашуда, инчунин оид ба рўёнидани маблаѓи умумии қарзҳо вобаста ба ин пардохтҳо, агар ҳуҷҷатҳои иҷро рўёнидани фаврии онҳоро муқаррар намояд;

— барои ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ѓайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;

— санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ѓайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;

— оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;

— оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;

— оид ба ҳамроҳ кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рўйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ;

— оид ба парвандаҳои дигар, агар иҷрои фаврии талабот дар ҳуҷҷати иҷро ва ё қонун пешбинӣ гардида бошад.

 

Моддаи 13. Мўҳлатҳои ба иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷро

  1. Ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷрои маҷбурӣ дар мўҳлатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— варақаҳои иҷро, ки дар асоси санадҳои судӣ ва фармонҳои судӣ дода шудаанд — дар давоми се сол;

— навиштаҷоти иҷрои мақомоти нотариалӣ – дар давоми се сол;

— варақаҳои иҷрое, ки дар асоси ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд – дар давоми се сол;

— варақаҳои иҷро, ки судҳо дар асоси ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) дода шудаанд — дар давоми се сол;

— шаҳодатномае, ки комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатӣ додааст – дар давоми се моҳ;

— қарори мақомоте (шахсони мансабдоре), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошанд – дар давоми як сол; (қҷт. 03.07.2012, №867)

— талаботи бо тартиби муқарраргардида ба расмиятдаровардашудаи мақомоти вазифаи назоратидошта дар бораи рўёнидани маблаѓ бо қайди бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ оид ба пурра ё қисман иҷро нагардидани ситониш – дар давоми шаш моҳ.

  1. Мўҳлатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда ҳангоми пешниҳод ба иҷро ҳисоб карда мешаванд:

— ҳуҷҷатҳои иҷро, ки дар сархатҳои якум ва сеюми қисми 1 моддаи мазкур (ба истиснои фармонҳои судӣ) – аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади суд ё хотимаи мўҳлате, ки ҳангоми ба таъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани мўҳлати иҷро муқаррар гардидааст ё аз рўзи баровардани таъинот оид ба барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда барои пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷро ва дар ҳолатҳое, ки агар санади суд бояд фавран иҷро карда шавад – аз рўзи дигари баровардани он;

— фармонҳои судӣ — пас аз гузаштани мўҳлати даҳ рўз аз рўзи супоридани онҳо;

— талаботи дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда – аз рўзи баргардонидани он аз ҷониби бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ ба ситонанда ё равон кардан ба иҷрочии суд;

— нисбати дигар ҳуҷҷатҳои иҷро — аз рўзи дигари додани онҳо.

  1. Ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ (ситонидани алимент, оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ва ѓайра) дар ҳамаи даврае, ки пардохтҳо сурат мегиранд, эътибор дорад. Ҳамин тартиб нисбати созишнома оид ба ситонидани алимент, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ шудааст, низ паҳн мегардад. Дар ин ҳолатҳо мўҳлат барои ҳар як пардохт дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 14. Канда шудани мўҳлат ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро 

  1. Дар ҳолатҳои зерин мўҳлати ба иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад:

— ба иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро;

— аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро;

— боздоштани истеҳсолоти иҷро мувофиқи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни мазкур.

  1. Баъди канда шудани мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ҷараёни вақт аз нав оѓоз карда мешавад. Вақти то канда шудани мўҳлати гузашта ба мўҳлати нав ҳисоб карда намешавад.
  2. Дар мавриди ба ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бо сабаби пурра ё қисман ѓайриимкон будани иҷрои он, мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро пас аз канда шудан, аз рўзи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 15. Барқарор намудани мўҳлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро

Ариза оид ба барқарор намудани мўҳлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 16. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ

  1. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ инҳо мебошанд:

а) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ:

— нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор;

— нигаронидани ситониш ба молу мулки ѓайриманқули қарздор;

— нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот ва дигар ҳуқуқҳои  бегонашавандаи молу мулкии қарздор;

б) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар:

— иҷрои қарорҳое, ки қарздорро ба содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор менамояд;

— иҷрои қарорҳое, ки қарздорро ба худдорӣ ва тоқат кардан ба содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор менамояд;

— иҷрои қарор оид ба кашида гирифтан аз қарздор ва ба ситонанда супоридани ашёи муайян.

  1. Иҷрои санадҳои судие, ки ба фаҳмондан равона гардидааст, иҷро карда намешаванд. Фаҳмондан аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ иҷрошуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 17. Оѓози истеҳсолоти иҷро

  1. Иҷрочии суд ўҳдадор аст ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз суд ё дигар мақомоте, ки онро додааст, барои иҷро қабул намояд ва фавран истеҳсолоти иҷроро оѓоз намояд, агар ҳуҷҷати мазкур ба талаботи пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни мазкур мутобиқ бошад ва мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба охир нарасида бошад. Дар ҳолатҳое, ки иҷрои санадҳои суд ба судҳо вогузор мешавад, суд барои иҷро ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда қабул менамояд.
  2. Ситониш ба молу мулки қарздор нигаронида мешавад, ба истиснои молу мулке, ки тибқи қонун ба он нигаронидани ситониш мумкин нест. Ситонанда ҳуқуқ дорад он навъи молу мулкро нишон диҳад, ки нисбат ба онҳо дар навбати аввал ситониш нигаронида мешавад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс оид ба тартиби навбати ситониш байни ситонанда ва қарздор, навбати нигаронидани ситониш аз молу мулки қарздор аз ҷониби иҷрочии суд муайян мегардад.
  3. 3. Бо мақсади таъмин намудани иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани молу мулк мувофиқи аризаи ситонанда иҷрочии суд вазифадор аст дар якҷоягӣ бо баровардани қарор оид ба оѓоз намудани истеҳсолоти иҷро моликияти қарздорро ба рўйхат гирифта, ба он ҳабс гузорад, ки дар ин бора дар протокол қайд карда мешавад. Иҷрочии суд метавонад ҳангоми оѓози истеҳсолоти иҷро оид ба ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст ва ё санади судӣ мебошад, дар асоси аризаи ситонанда дар хусуси маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд. «қҷт 21.07.2010 №610» (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 171. Рад намудани оѓози истеҳсолоти иҷро

  1. Иҷрочии суд ҳуҷҷати иҷроро дар муддати се рўз аз рўзи ворид шуданаш, агар иҷрои он ба ваколати ў дохил нагардад, ба суд ё мақомот ва ё ба ситонанда, ки онро барои иҷро пешниҳод намудааст, бо қабули қарор оид ба рад намудани оѓози истеҳсолоти иҷро бармегардонад.
  2. Нусхаи қарори иҷрочии суд оид ба рад намудани оѓози истеҳсолоти иҷро бо замимаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридшуда на дертар аз рўзи дигар, баъд аз баровардани қарори мазкур ба ситонанда, инчунин ба суд ё дигар мақомоте, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, ирсол карда мешавад.

(қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 18. Муайян намудани вазъи молумулкии қарздор

  1. Агар иҷрои маҷбурӣ ба пурра қонеъгардонии ситониш оварда нарасонад, иҷрочии суд аз рўи аризаи ситонанда қарздорро даъват намуда, ўро оид ба вазъи молумулкиаш мепурсад, ки дар ин бора протокол тартиб дода мешавад.
  2. Иҷрочии суд қарздорро ҷиҳати тартиб додани номгўи молу мулкаш ўҳдадор менамояд, агар ҳангоми иҷро муайян карда нашавад, ки қарздор дорои дигар молу мулк мебошад.
  3. Дар номгўи молу мулк қарздор ўҳдадор аст асосҳо ва далелҳои исботкунандаи талаботи молумулкии ба ў тааллуқдоштаро нишон диҳад. Аз номгўй инчунин бояд маълум гардад, ки муддати солҳои охир қарздор кай ва ба кӣ барои ихтиёрдории ройгони молу мулки худ имконият фароҳам овардааст, агар ин ҳолат ба тўҳфаҳои номунтазам вобаста набошад.
  4. Қарздор оид ба он ки маълумоти пешниҳодшудааш мукаммал буда, ба ҳақиқат мутобиқанд, итминон медиҳад, ки ин ба протокол ворид карда мешавад.
  5. Қарздоре, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур пурсида шудааст, дар асоси аризаи ситонанда оид ба вазъи молу мулк бо баохиррасии се сол такроран пурсида мешавад. Пурсиши такрорӣ оид ба вазъи молу мулки қарздор то баохиррасии се сол дар асоси аризаи ситонанда мумкин аст, агар ситонанда маълумоти асоснок пешниҳод намуда бошад, ки қарздор дар мўҳлати баохиррасида молу мулк ба даст овардааст ё ба муносибатҳои нави меҳнатӣ ворид шудааст.
  6. Агар қарздор ба пурсиш ҳозир нашавад ва ё номгўи молу мулкашро пешниҳод накунад ё оид ба дуруст будани маълумоташ итминон надиҳад, суди ҷои истиқомати қарздор бо пешниҳоди иҷрочии суд ўро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашад.
  7. Иҷрочии суд ҳақ дорад пуррагӣ ва дурустии нишондоди қарздорро бо роҳи бадастории маълумоти дахлдор ё дигар роҳ санҷад.

 

Моддаи 19. Тартиби нигаронидани ситониш ба дигар молу мулки қарздор

  1. Нигаронидани ситониш ба дигар молу мулки қарздор бо роҳи гузоштани ҳабс (ба рўйхат гирифтан), кашида гирифтан ва фурўши маҷбурии ин молу мулк амалӣ карда мешавад.
  2. Ситониш ба молу мулки қарздор, аз он ҷумла ба дигар арзишҳое, ки дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба ҳамон андоза ва ҳаҷме, ки барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро бо назардошти ситонидани пардохт ва хароҷотҳо оид ба гузаронидани амали иҷро зарур аст, нигаронида мешавад.
  3. Агар дар рафти иҷро муқаррар гардад, ки молу мулки қарздор -ташкилот ё шаҳрванд барои пўшонидани қарз кифоя нест, аммо қонунгузор муфлис эътироф намудани қарздорро роҳ медиҳад, иҷрочии суд ўҳдадор аст дар ин хусус ситонандаро огоҳ намояд.
  4. Нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздоре, ки бо тартиби муқарраргардида муфлис эътироф гардидааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  5. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии ташкилот дар лаҳзаи иҷрои ҳуҷҷати иҷро иҷрочии суд вориси ҳуқуқии қарздорро муқаррар менамояд ва ба суде, ки ҳалнома баровардааст, ариза бо пешниҳод дар бораи баровардани таъинот оид ба ивази қарздор ба вориси ҳуқуқии он ирсол менамояд. Дар ҳолати набудани вориси ҳуқуқӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии ташкилот ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда баргардонида мешавад.

 

Моддаи 20. Нигаронидани ситониш ба молу мулки ба гарав гузошташуда

Ба молу мулки ба гарав гузошташуда мумкин аст бо риояи ҳуқуқҳои гаравгир, ки қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ситониш нигаронида шавад.

 

Моддаи 21. Батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан ва дароз кардани мўҳлати иҷрои санадҳои судӣ ва мақомоти дигар, таѓйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, индексатсияи маблаѓҳои ба дигар шахс мансубдониста

  1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки барои анҷом додани амали иҷро монеъ мебошанд, иҷрочии суд ва тарафҳо ҳақ доранд, ки ба суд ё мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бо ариза дар бораи батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан ё оид ба дароз кардани мўҳлати иҷро, оид ба таѓйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, инчунин оид ба индексатсияи маблаѓҳои ба дигар шахс мансубдониста муроҷиат намоянд. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  2. Тартиби баррасии масъалаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

 

 

 

Моддаи 22. Мавқуф гузоштани амали иҷро

Иҷрочии суд метавонад ҳангоми ҳозир нашудани ситонанда амали иҷроро мавқуф гузорад. Дар бораи мавқуф гузоштан ва таъин кардани рўзи дигари гузаронидани амали иҷро иҷрочии суд қарор қабул менамояд. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

 

Моддаи 23. Ҳатмӣ будани боздоштани истеҳсолоти иҷро

Истеҳсолоти иҷро дар мавридҳои зерин ҳатман аз ҷониби суд бояд боздошта шавад:

— фавти қарздор, фавтида эълон кардан ё бедарак ѓоиб эътироф намудани он, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи суд ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад;

— қабул намудани қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё оѓоз намудани парванда аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи муфлисшавӣ, тибқи тартиби бо қонунгузорӣ муқарраргардида;

— ѓайри қобили амал эътироф намудани қарздор;

— пешниҳоди шикоят ба суд нисбат ба амали мақомоте (шахси мансабдоре), ки ваколатдор аст парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд;

— аз ҷониби суд ё шахси мансабдор баровардани қароре, ки ба вай бо қонунгузорӣ ҳуқуқи боздоштани иҷрои ҳуҷҷати иҷро дода шудааст;

— иштирок намудани қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд  ё хоҳиши ситонанда, ки дар чунин ҳолат қарор дорад;

— аз тарафи қарздор ва ё ситонанда мавриди баҳс қарор додани натиҷаҳои нархмонии молу мулки қарздор;

— пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рўйхат баровардани) молу мулке, ки мутобиқи ҳуҷҷати иҷро аз он ситонидан сурат мегирад;

— аз ҷониби қарздор бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонун иҷозат дода бошад.

 

Моддаи 24.  Боздоштани истеҳсолоти иҷро

Суд метавонад инчунин дар мавридҳои зерин истеҳсолоти иҷроро боздорад:

— дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштани қарздор;

— пешниҳоди шикоят нисбат ба амали иҷрочии суд ё дар бораи  аз ҷониби ў рад кардани амали иҷро, инчунин нисбат ба рад кардани рад намудани иҷрочии суд.

— кофтукови қарздор, молу мулки ў ё кофтукови кўдаке, ки аз ў гирифта шудааст;

— хоҳиши ситонанда;

— бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии суд ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;

— азнавташкилшавии ташкилот, ки қарздор мебошад;

— бо хоҳиши қарздор, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо менамояд;

— дар сафари тўлонии хизматӣ қарор доштани қарздор.

 

Моддаи 25. Тартиби боздоштани истеҳсолоти иҷро

Тартиби боздоштани истеҳсолоти иҷро мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 26. Мўҳлатҳои боздоштани истеҳсолоти иҷро

Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:

— фавти қарздор ё фавтида эълон кардан, бедарак ѓоиб ё ѓайри қобили амал эътироф намудани он, азнавташкилдиҳии ташкилоте, ки қарздор мебошад ё бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ қабул кардани қарор дар бораи барҳамдиҳии он ё аз тарафи суди иқтисодӣ оѓоз намудани парвандаи муфлисшавии қарздор – то муайян гардидани вориси ҳуқуқии ў, вогузории моликияти бедарак ѓоиб эътирофшуда аз тарафи суд ба идоракунандае, ки аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ муайян карда шудааст ё ба қарздори ѓайри қобили амал васӣ таъин гардидааст ё бо тартиби муқарраркарда қабул намудани қарор дар бораи барҳамхўрии ташкилот, муфлис эълон кардани қарздор;

— иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, аз ҷониби қарздор ё ситонанда, бо хоҳиши қарздор, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо менамояд, дар сафари тўлонии хизматӣ қарор доштан, дар муассисаи статсионарӣ таҳти муолиҷа қарор доштан, кофтукови қарздор, молу мулки ў ё кофтукови кўдаке, ки аз ў гирифта шудааст — то ба охир расидани амалиёти ҷангӣ ё озод шудани қарздор ё ситонанда аз чунин сафарбарӣ, то аз хизмати ҳарбӣ озод шудан ё оѓози хизмати ҳарбӣ мутобиқи қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозгашт аз сафари тўлонии хизматӣ, ҷавоб шудан аз муассисаи статсионарӣ ё ба охир расидани кофтукови қарздор, молу мулки ў ё кофтукови кўдаке, ки аз ў гирифта шудааст;

— мавриди баҳс қарор додани амалҳои иҷро, ҳамчунин ҳуҷҷати иҷро ё санади судӣ ё санади мақомоти дигар, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст – то моҳиятан пурра ҳал гардидани ҳамин масъала;

— шикоятҳо оид ба радкунии рад кардани  иҷрочии суд – то лаҳзаи баррасии шикоят аз тарафи суд ва дар дигар маврид – то тамом шудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани истеҳсолоти иҷро гардидаанд. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 27. Аз нав оѓоз кардани истеҳсолоти  иҷро

Истеҳсолоти иҷро баъд аз бартараф намудани ҳолатҳое, ки асоси  боздоштан гардида буданд, аз рўи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси иҷрочии суд аз ҷониби суд аз нав оѓоз карда мешавад.

 

Моддаи 28. Кофтукови қарздор ва молу мулки он

  1. Аз рўи парвандаҳо оид ба ситонидани алимент, рўёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст, инчунин дигар ҳолатҳое, ки ҷои истиқомати қарздор ва макони молу мулки ў номаълум мебошад, дар асоси аризаи иҷрочии суд ё ситонанда суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро метавонад кофтукови қарздорро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  2. Кофтуков дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли истиқомати маълуми (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай, инчунин дар маҳалли истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) ситонанда, эълон карда мешавад.
  3. Хароҷот оид ба кофтукови қарздор ба хароҷот оид ба содир намудани амалҳои иҷро дахл дошта, бояд аз тарафи суд аз ҳисоби қарздор ба буҷети давлатӣ ситонида шавад.

 

Моддаи 29. Нигаронидани ситониш ба молу мулке, ки қарздор бегона намудааст

  1. Дар ҳама ҳолатҳое, ки нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор ба пурра қонеъ гардонидани талаботи ситонанда оварда нарасонидааст, ситониш метавонад ба молу мулке, ки қарздор бо нияти расонидани зарар ба қарздиҳандагон бегона кардааст, ба шарте ки шахси сеюм ҳангоми ба даст овардани чунин молу мулк оид ба нияти қарздор медонист ва ё бояд медонист ё ин ки молу мулкро ройгон ё ин ки дидаю дониста бо нархи паст (камтар аз нархи бозорӣ дар ҳолати бегонакунӣ) ба даст овардааст, нигаронида шавад.
  2. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба чунин молу мулк ба шахси сеюм маблаѓе, ки дар асл барои молу мулки кашида гирифташаванда дода шудааст, баргардонида мешавад.
  3. Ўҳдадории исботи мавҷуд набудани қасди расонидани зарар ба қарздиҳандагони худ ба зиммаи қарздор гузошта мешавад. Ситониш ба молу мулки бегонанамудаи қарздор мумкин аст нигаронида шавад, агар чунин молу мулк дар мўҳлати се соли охир то додани ҳуҷҷати иҷро бегона карда шуда бошад.
  4. Нигаронидани ситониш ба молу мулки ба шахси сеюм бегонанамудаи қарздор бо қарори суд, ки аз рўи даъвои ситонанда ё қарори иҷрочии суд қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад.
  5. Ба молу мулке, ки аз ҷониби қарздор ба фоидаи ҳамсар, хешу табор ва ё хешу табори ҳамсари худ ба расмият дароварда шудааст ва ё бегона карда шудааст, нигаронидани ситониш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 30. Асосҳои  қатъ  намудани  истеҳсолоти  иҷро

  1. Истеҳсолоти иҷро пас аз иҷро қатъ мегардад.
  2. Истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби суд қатъ мегардад:

— аз тарафи суд қабули даст кашидани ситонанда аз ситониш;

— ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;

— баъди фавти шаҳрванд, ки ситонанда ё қарздор аст ё фавтида эълон кардан ё бедарак ѓоиб эътироф намудани ў талабот ё ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади суд наметавонад ба вориси ҳуқуқии шахси фавтида эълонкарда ё бедарак ѓоиб эътирофгардида ё ба идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ѓоиб гузарад;

— молу мулки ташкилоти барҳамхўрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда нокифоя бошад;

— барои чунин навъи ситонидан мўҳлати даъвои муқаррарнамудаи қонун гузашта бошад;

— бекор кардани санади судӣ ё санади мақомоти дигар, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ё ҳуҷҷате, ки мутобиқи моддаи 5 Қонуни мазкур ҳуҷҷати иҷро ба ҳисоб меравад;

— ситонанда аз ситонидан ё аз қабули асбобу анҷоме, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда кашида гирифта шудаанд, даст кашида бошад.

 

Моддаи 31. Тартиби қатъ намудани истеҳсолоти иҷро

Қатъ намудани истеҳсолоти иҷро мувофиқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 32. Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро

  1. Ҳуҷҷати иҷро, ки ситониш тибқи он гузаронида нашудааст ё пурра гузаронида нашудааст, бо қарори иҷрочии суд ба ситонанда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

— дар асоси аризаи ситонанда;

— агар мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро вайрон гардида бошад;

— агар муқаррар намудани суроѓаи қарздор–ташкилот ё маҳалли истиқомати қарздор – шаҳрванд, маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор ва ё гирифтани маълумот оид ба мавҷудияти маблаѓҳои пулӣ ва дигар сарватҳои ба ў тааллуқдошта, ки дар суратҳисобҳо, пасандозҳо ё дар нигаҳдории бонкҳо ё дигар ташкилоти кредитӣ ҷойдошта (ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур кофтукови қарздор ё моликияти ў пешбинӣ шудааст) имконнопазир бошад;

— агар қарздор молу мулк, маблаѓҳои пулӣ, қоѓазҳои қимматнок ё даромаде, ки ба он ситониш гузоштан мумкин аст, надошта бошад;

— агар ситонанда аз гирифтани молу мулки қарздор, ки ҳангоми иҷрои қарор фурўхта нашудааст ё ашёи муайяне, ки бо қарори суд аз қарздор  гирифта шудааст, даст кашад;

— агар ситонанда бо амал (беамалӣ) – и худ ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ шавад;

— ҳангоми азнавташкилдиҳии ташкилот набудани вориси ҳуқуқӣ.

  1. Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда барои такроран пешниҳоди ин ҳуҷҷат барои иҷро дар доираи мўҳлати даъвои иҷрои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур монеъ шуда наметавонад.

(қҷт. 03.07.2012, №867)

 

БОБИ 3. ШАХСОНИ ИШТИРОКЧИИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО

 

Моддаи 33. Тарафҳои истеҳсолоти иҷро

  1. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ситонанда ва қарздор мебошанд.
  2. Ситонанда шаҳрванд ё ташкилоте мебошад, ки ба фоида ё манфиати ў ҳуҷҷати иҷро дода шудааст.
  3. Қарздор шаҳрванд ё ташкилоте мебошад, ки талаботи муайянкардаи ҳуҷҷати иҷроро ўҳдадор аст иҷро намояд.
  4. Дар истеҳсолоти иҷро якчанд ситонанда ва қарздор иштирок карда метавонанд. Ҳар яке аз онҳо нисбат ба тарафи дигар дар истеҳсолоти иҷро мустақилона иштирок менамояд ё ба яке аз иштирокчиён барои иштирок дар амали иҷро метавонад супориш диҳад, ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи қарздор ўҳдадориҳое, ки танҳо бояд худаш (ўҳдадориҳои шахсӣ) иҷро намояд, гузошта мешавад.

 

Моддаи 34. Иштироки ноболиѓон дар истеҳсолоти иҷро

  1. Шахсоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд, метавонанд мустақилона ё тавассути намоянда дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро ба амал бароранд ва ўҳдадориҳоро иҷро намоянд.
  2. Ноболиѓе, ки ба синни 16-солагӣ расидааст, дар ҳолати ўро пурра қобили амал (эмансипатсия) эълон намудан, дар истеҳсолоти иҷро метавонад мустақилона ҳуқуқҳои худро ба амал барорад ва ўҳдадориҳоро иҷро намояд.
  3. Ҳуқуқҳои ноболиѓон дар истеҳсолоти иҷро аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо – падару модар, фарзандхондагон, васӣ ё парастор ба амал бароварда мешавад.
  4. Ноболиѓон дар мавриди пешбининамудаи қонун, ҳангоми иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷрои дар асоси санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот оид ба парвандаҳои аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ ва аз аҳдҳои вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани музди меҳнат (даромад) бавуҷудомада, метавонанд дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро амалӣ намоянд ва ўҳдадориҳои худро иҷро кунанд.

 

Моддаи 35. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсоне, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд

  1. Шахсоне, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки бо маводи истеҳсолоти иҷро шинос шаванд, аз он иқтибос гиранд, нусха бардоранд, маводи иловагӣ пешниҳод намоянд, дархост кунанд, дар амали иҷро иштирок кунанд, дар рафти истеҳсолоти иҷро баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд, барои ҳалли масъалаҳое, ки дар рафти иҷро ба амал меоянд, ваҷҳ ва далелҳои худро изҳор намоянд, муқобили далелҳо ва дархостҳои шахсони дигари иштирокчии истеҳсолоти иҷро норозигӣ баён намоянд, изҳори рад намоянд, аз болои ҳаракатҳо ё қарори мақомоти иҷро оид ба масъалаҳои истеҳсолоти иҷро шикоят намоянд. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  2. Шахсони иштирокчии истеҳсолоти иҷро ўҳдадоранд аз ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бовиҷдонона истифода баранд, инчунин талаботи қонунгузориро оид ба истеҳсолоти иҷро ба ҷо оранд.

 

Моддаи 36. Иштироки тарҷумон дар истеҳсолоти иҷро

  1. Ҳангоми амалӣ намудани амалҳои иҷро, ки барои анҷом додани онҳо донистани дигар забонҳо зарур аст, шахсони иштироккунандаи истеҳсолоти иҷро метавонанд бо ташаббуси худ ё бо таклифи иҷрочии суд тарҷумон даъват кунанд. Ҳар шахси ба балоѓатрасидаи қобилияти амалдошта, ки дар иҷрои кор манфиатдор намебошад ва забонеро медонад, ки донистани он барои амалӣ намудани амалҳои иҷро зарур аст, метавонад тарҷумон бошад.
  2. Тарҷумон барои меҳнаташ ҳуқуқи гирифтани подошпулӣ дорад. Подошпулии пардохтшуда ба хароҷоти амали иҷро тааллуқ дорад.

 

Моддаи 37. Иштироки шахсони холис дар истеҳсолоти иҷро

  1. Амалҳои иҷро дар мавриди пешбининамудаи конунгузорӣ метавонад дар ҳузури на камтар аз ду шахси холис ба ҷо оварда шавад.
  2. Иштироки шахсони холис дар ҳолатҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

— бо талаби  ситонанда ё қарздор;

— ҳангоми ба рўйхат гирифтани молу мулки қарздор;

— ҳангоми иҷрои қарорҳо дар бораи маскун намудан ба манзил ё кўчонидан аз манзил, амалҳои марбут ба ҳабс, кашида гирифтан ва супоридани молу мулки қарздор, кушодани манзил, бино ва амбори ў,  азназаргузаронӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.

  1. Ба сифати шахсони холис шаҳрвандони ба балоѓатрасида, қобилияти амалдошта, дар оқибатҳои амали иҷро манфиатдорнабуда даъват карда мешаванд.
  2. Пеш аз оѓози амали иҷро, ки дар он шахсони холис иштирок мекунанд, иҷрочии суд тартиби иштироки шахси холисро дар амалҳои иҷро фаҳмонда медиҳад.
  3. Шахси холис ҳақ дорад донад, ки барои иҷрои кадом амалҳои иҷро даъват шудааст ва дар асоси кадом ҳуҷҷати иҷро онҳо анҷом дода мешаванд. Шахси холис нисбати амалҳои гузаронидашуда метавонад эрод гирад. Эроди шахси холис ба санади амали иҷрои дахлдор дохил карда мешавад.
  4. Шахси холис далел, мазмун ва натиҷаи амали иҷроро, ки дар он иштирок кардааст, тасдиқ мекунад.
  5. Шахсони холиси дар амали иҷро иштироккарда ҳуқуқи ҷуброни ҳароҷоти кардаашонро доранд. Маблаѓҳои пулии ба шахсони холис додашаванда ба хароҷоти иҷрои амали иҷро дохил мешаванд.

 

Моддаи 38. Иштироки мутахассис дар истеҳсолоти иҷро

  1. Барои фаҳмонидани масъалаҳои дар рафти амалҳои иҷро ба вуҷуд омада, ки дониши махсусро талаб мекунад, иҷрочии суд аз рўи дархости иштироккунандагони истеҳсолоти иҷро ё бо ташаббуси худ мутахассисро таъин мекунад. Аз рўи зарурат мумкин аст якчанд мутахассис таъин карда шавад. Иҷрочии суд дар ин бора қарор мебарорад.
  2. Ба сифати мутахассис шахси ба баррасии кор манфиатдорнабуда ва дорои дониши махсусе, ки барои додани хулосаи хаттӣ зарур аст, таъин мешавад.
  3. Мутахассисон ба гирифтани подошпулӣ барои иҷрои коре, ки бинобар амалӣ намудани амалҳои иҷро гузаронида мешавад, ҳуқуқ доранд. Ин подошпулӣ ва дигар хароҷот барои ҷалби мутахассисон ба хароҷоти амали иҷро тааллуқ доранд.
  4. Барои даст кашидан ва ё саркашӣ кардан аз пешниҳоди хулоса ё барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўѓ тибқи қонун мутахассис ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки дар ин бора иҷрочии суд ўро огоҳ менамояд.

 

Моддаи 39. Ҳамкории иҷрочиёни суд бо кормандони милитсия

Агар ба иҷрочиёни суд ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматиашон ҷиҳати баамалбарории амали иҷро монеагӣ карда шавад ё ба ҳаёт ва саломатиашон хатар таҳдид кунад, кормандони милитсия ўҳдадоранд дар доираи ҳуқуқҳои бо қонун пешбинигардида ба онҳо  мусоидат намоянд.

 

Моддаи 40. Рад кардан дар истеҳсолоти иҷро

  1. Иҷрочии суд, тарҷумон, мутахассис ва шахси холис дар ҳолатҳои зерин наметавонанд дар истеҳсолоти иҷро иштирок намоянд ва бояд рад карда шаванд, агар:

— ҳангоми баррасии парвандае, ки оид ба иҷрои қарори он истеҳсолоти иҷро оѓоз карда шудааст, ба сифати судя, прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ва котиби маҷлиси судӣ иштирок намуда бошанд;

— бо тарафҳо ё намояндаи онҳо муносибати хешутаборӣ дошта бошанд;

— шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошанд ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беѓаразӣ ва холисии онҳоро зери шубҳа гузоранд.

  1. Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ўҳдадоранд, ки изҳори худрадкунӣ намоянд. Рад кардан бояд асоснок ва дар шакли хаттӣ то саршавии амали иҷро пешниҳод карда шавад. Дар рафти амали иҷро рад кардан иҷозат дода мешавад, агар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида баъди саршавии амали иҷро маълум гарданд.
  2. Рад кардан ё худрадкунии иҷрочии суд аз ҷониби иҷрочии калони суд ва дар маҳалле, ки як иҷрочии суд амал менамояд, аз ҷониби иҷрочии суд ҳал карда шуда, дар ин хусус қарори асоснок қабул карда мешавад. Ба дигар иҷрочии суд вобаста намудани истеҳсолоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Рад кардани тарҷумон, мутахассис ва шахсони холис аз ҷониби иҷрочии суд ҳал карда мешавад. Дар ин бора иҷрочии суд қарори асоснок қабул менамояд. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 41. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд

Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 42. Феҳристи қарздорон

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ Феҳристи қарздоронро, ки оид ба вазъи молумулкии худ итминон додаанд ва ё нисбати онҳо мувофиқи моддаи 18 Қонуни мазкур чораҳои иҷрои маҷбурӣ татбиқ шудаанд, пеш мебарад. Тартиби пешбурди Феҳристи қарздорон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. Барои додани маълумот аз Феҳристи қарздорон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
  2. Дар ҳолатҳои аз ҷониби қарздор қонеъ гардонидани талаботи ситонандае, ки амалӣ намудани иҷрои маҷбуриро талаб кардааст ва ё бо гузаштани се сол аз рўзи ворид намудани қарздор ба Феҳрист мақомоти ваколатдори давлатӣ аз рўи аризаи қарздор фармоиш дар бораи аз эътибор соқит донистани навиштаҷот дар Феҳристи қарздоронро қабул менамояд.

 

Моддаи 421. Муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми бе сабаби узрнок аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст ва ё санади судӣ мебошад, иҷрочии суд дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд.
  2. Қарор оид ба маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарздор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират, назорати сарҳадӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

БОБИ  4. ТАРТИБИ НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ

БА МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛИ ҚАРЗДОР

 

Моддаи 43. Тартиби нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор

  1. Нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор бо роҳи кашида гирифтани маблаѓҳои пули нақд амалӣ карда мешавад.
  2. Кашида гирифтани маблаѓҳои пулии нақди қарздор бо роҳи тартиб додани санад оид ба кашида гирифтан бо иштироки на камтар аз ду шахси холис амалӣ карда мешавад.
  3. Агар қарздор маблаѓҳои пулии бо асъори миллӣ, ки барои қонеъ гардонидани талаботи ситонанда кифояро надошта бошад, ситониш ба воситаҳои пулии бо асъори хориҷӣ доштаи қарздор нигаронида мешавад.
  4. Ҳангоми ошкор кардан ва аз қарздор кашида гирифтани маблаѓҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ иҷрочии суд бояд на дертар аз рўзи дигар пас аз кашида гирифтан бо қарори худ онро барои мубодила ба асъори миллӣ ба бонк ё дигар ташкилоти кредитие, ки ҳуқуқи амалӣ намудани чунин амалиётро дар бозори дохилии асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, диҳад.

 

Моддаи 44. Нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри дигар шахсон қарор дорад

Ҳабси молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри ситонанда ё шахси сеюм қарор дорад ва ў розӣ ҳаст, ки ин молу мулкро диҳад, мувофиқи талаботи қисми  10 моддаи 46 Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

Моддаи 45. Молу мулке, ки ба он нигаронидани ситониш мумкин нест

Ҳангоми иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро нисбати молу мулке, ки қонунгузорӣ ба чунин молу мулк ситонишро манъ кардааст, ситониш нигаронида намешавад.

 

Моддаи 46. Ҳабси молу мулки қарздор

  1. Ҳабси молу мулки қарздор аз ба рўйхат гирифтани молу мулк, эълони манъи ихтиёрдории он ва ҳангоми зарурат аз маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодаи молу мулк, кашида гирифтан ва ё барои нигаҳдорӣ супоридани он иборат мебошад.
  2. Намуд, ҳаҷм ва мўҳлати маҳдуд карданро дар ҳар як ҳолати мушаххас иҷрочии суд бо назардошти хусусияти молу мулк, аҳамияти он барои соҳибмулк ё шахсе, ки онро соҳибӣ менамояд, истифодаи хоҷагӣ, маишӣ ва дигар омилҳо муайян мекунад.
  3. Вайрон намудани манъи иҷрочии суд ҷиҳати ихтиёрдорӣ ё ин ки риоя накардани маҳдудияти ҳуқуқи истифодабарии молу мулки қарздор, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.
  4. Ҳабс татбиқ карда мешавад:

— барои таъмини муҳофизати молу мулки қарздор, ки бояд минбаъд ба ситонанда супорида ё ин ки дар оянда фурўхта мешавад;

— ҳангоми иҷрои санади судӣ оид ба кашида гирифтани молу мулки қарздор;

— ҳангоми иҷрои таъиноти суд оид ба нигаронидани ҳабс ба молу мулки қарздор, ки ба ў тааллуқ дорад ё дар ихтиёри ў ва шахсони дигар қарор дорад.

  1. Кашида гирифтани молу мулки ҳабсшуда бо супоридани он ҷиҳати фурўхтан дар оянда дар мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 12 Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад.
  2. Молу мулки зуд вайроншаванда ё хўрдашаванда кашида гирифта шуда, фавран барои фурўш супорида мешавад.
  3. Маблаѓҳои пулӣ бо асъори миллӣ ва асъори хориҷӣ, металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ҷавоҳирот ва дигар маснуоти аз тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурўҳи платина, сангҳои қимматбаҳо ва марворид, инчунин шикастапора ва қисмҳои алоҳидаи чунин маснуоти ҳангоми ба руйхатгирии молу мулки қарздор ошкор кардашуда, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, ҳатман кашида гирифта мешаванд.
  4. Ба коѓазҳои қимматнок мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс гузошта мешавад.
  5. Бо ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор ситонанда ҳуқуқи гаравро ба молу мулки ба ҳабсгузошташуда ба даст меорад. Ҳуқуқи гарав, ки аз молу мулки пештар ҳабсгузошташуда бармеояд, дар муқоиса бо ҳуқуқе, ки аз гарави баъдтар бармеояд, бартарият дорад. Ҳуқуқи гарав, ки аз ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор бармеояд, ба ситонанда ҳамон ҳуқуқҳоро дар муносибат ба дигар ситонандагон медиҳад, чунонки гарав дар асоси шартномаи гражданӣ оид ба гарав. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  6. Ҳабс гузоштан ба молу мулки манқул, ки дар соҳибияти воқеии қарздор қарор дорад, ба гузаштани ин молу мулк ба соҳибияти иҷрочии суд боис мегардад.
  7. Иҷрочии суд рўйхат тартиб медиҳад ва вобаста ба миқдори ситониш тамоми молу мулк ё қисми онро ҳабс намуда, дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатии бақайдгирии молу мулки ѓайриманқул, гарави молу мулк ва нотариати давлатӣ қарор оид ба манъи амалҳои бо молу мулки ҳабсшуда алоқамандро ирсол менамояд.
  8. Дар бораи гузоштани ҳабс ба молу мулки ба гарав гузошташуда иҷрочии суд гаравгирро фавран хабардор менамояд.

 

Моддаи 47. Ба рўйхат гирифтани молу мулки қарздор

  1. Иҷрочии суд рўйхати молу мулки қарздорро ба миқдоре, ки ҷиҳати пардохтани маблаѓи ба фоидаи ситонанда муқарраршуда ва хароҷоти иҷро зарур аст, тартиб медиҳад. Иҷрочии суд метавонад ба молу мулки ба рўйхат гирифташуда мўҳр гузорад.
  2. Барўйхатгирии молу мулки қарздор бо иштироки қарздор ва шахсони холис ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолати набудани қарздор, барўйхатгирӣ бо иштироки яке аз аъзои болиѓи оилаи ў, шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ, дар сурати набудани ин шахсҳо бо иштироки шахсони холис тартиб дода мешавад. Дар вақти барўйхатгирӣ қарздор ҳақ дорад ба иҷрочии суд оиди дар навбати аввал ба кадом молу мулк нигаронидани ситониш арз намояд. Иҷрочии суд ба шарте чунин арзро қонеъ мегардонад, ки ин ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ нашавад.

 

Моддаи 48. Мўҳтавои қарор дар бораи ҳабси  молу мулк

  1. Дар қарор оид ба ҳабси молу мулк бояд маълумотҳои зерин зикр карда шавад:

— сана ва маҳалли тартиб додани қарор;

— ном, номи падар ва фамилияи иҷрочии суд;

— номи суд ё мақомоти дигаре, ки ҳуҷҷати иҷрои он ба иҷро расонида мешавад;

— ном, номи падар ва фамилияи ситонанда ва қарздор;

— номи ҳар як молу мулки ба қарор дохилкардашуда, нишонаҳои фарқкунандаи он (вазн, андоза, дараҷаи дошти он ва ҳоказо), баҳои  тахминии ҳар як молу мулк дар алоҳидагӣ ва арзиши тахминии ҳамаи молу мулк;

— ишора ба мўҳр зада шудани молу мулк, агар он иҷро шуда бошад;

— ном, номи падар ва фамилияи шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, ки молу мулк барои нигаҳдошт ба онҳо супорида шудааст, суроѓаи онҳо, агар нигаҳдошти молу мулк ба зиммаи худи қарздор вобаста карда нашуда бошад;

— қайд дар бораи ба қарздор ва дигар шахсон фаҳмонида додани тартиб ва мўҳлати шикоят аз болои амали иҷрочии суд, инчунин дар бораи ба қарздор ва нигаҳбони молу мулк фаҳмонида додани ўҳдадориҳои онҳо оид ба нигаҳдошт, дар бораи ҷавобгарӣ ҷиҳати исрофкорӣ, азхудкунӣ ё пинҳонкунии молу мулки ба нигоҳдорӣ супоридашуда;

— эрод ва арзи ситонанда, қарздор ва шахсоне, ки дар вақти барўйхатгирӣ иштирок доштанд ва фармоишҳои аз рўи онҳо додаи иҷрочии суд.

  1. Қарор дар бораи ҳабси молу мулкро иҷрочии суд имзо намуда, нусхаи онро ба тарафҳо месупорад.

 

Моддаи 49. Нархгузории молу мулки ҳабсшудаи қарздор

  1. Нархгузории молу мулки ҳабсшудаи қарздор аз ҷониби иҷрочии суд аз рўи нархҳои бозории дар рўзи иҷрои ҳуҷҷати иҷро амалкунанда, ба истиснои ҳолатҳое, ки нархгузорӣ бо нархҳои танзимшаванда муқаррар карда шудаанд, сурат мегирад. Ҳамзамон созишномаи байни ситонанда ва қарздор дар бораи нархгузорӣ мумкин аст ба назар гирифта шавад. Агар ба баъзе молу мулк муайян намудани нарх душвор бошад, қарздор ё ин ки ситонанда ба нархгузории иҷрочии суд норозӣ бошанд, иҷрочии суд барои муайян кардани арзиши молу мулк мутахассисро ҷалб менамояд. Коѓазҳои қимматнок, маснуоти заргарӣ ва маҳсулоти дигар аз металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, маҳсулоти антиқӣ (антиквариат), асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалҳо бо иштироки ҳатмии мутахассисон нархгузорӣ карда мешаванд.
  2. Тарафе, ки нархи гузоштаи иҷрочии судро ба молу мулки ҳабсшуда мавриди баҳс қарор медиҳад, хароҷоти ҷалб намудани мутахассисро танҳо дар он ҳолате пардохт менамояд, ки талаботи ў оид ба аз нав нархгузорӣ тасдиқ нашуда бошад. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо хароҷот оид ба ҷалби мутахассис барои нархгузории молу мулк аз тарафи дигар рўёнида мешавад.

 

Моддаи 50. Нигаҳдории молу мулки ҳабсшуда

  1. Иҷрочии суд молу мулки ҳабсшударо дар асоси шартномаи нигаҳдошт, бо гирифтани забонхати нигоҳдошт ба нигаҳбон месупорад.
  2. Тартиб ва шартҳои нигоҳдошти молу мулки ҳабсшуда мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.
  3. Нигаҳбон бо иҷозати иҷрочии суд аз ин молу мулк метавонад истифода барад, ба шарте ки аз рўи хусусиятҳои молу мулк истифодаи он боиси нобуд шудан ё кам шудани қиммати он нагардад.
  4. Агар нигаҳбон худи қарздор ё аъзои оилаи ў набошад, барои нигоҳдошт подошпулӣ мегирад.
  5. Ба нигаҳбон хароҷоти зарурии сарфкардааш оид ба нигаҳ доштани молу мулк бо назардошти фоидаи воқеии аз ин молу мулк ба даст овардааш, ҷуброн карда мешавад.
  6. Хароҷоте, ки барои нигоҳдошти молу мулк сарф шудааст, ба хароҷоти иҷрои ҳуҷҷати иҷро тааллуқ дорад.

 

Моддаи 51. Ҷавобгарии нигаҳбони молу мулки ҳабсшуда

Дар сурати исроф кардан, бегона кардан ё пинҳон намудани молу мулки ҳабсшудаи барои нигаҳдошт супоридашуда нигаҳбон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 52. Фурўхтани молу мулки ҳабсшуда

  1. Фурўхтани молу мулки ҳабсшуда, ба ѓайр аз молу мулке, ки мувофиқи қонун аз гардиш гирифта шудааст, новобаста аз асосҳои ҳабсгирӣ ва намудҳои молу мулк аз тарафи иҷрочии суд дар музоядаҳои оммавӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигар бо Қонуни мазкур пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор, агар дар вақти қабули қарор дар бораи фурўхта шудани молу мулке, ки мебоист ба он ситониш нигаронида шавад, оид ба муфлисшавии қарздор истеҳсолот оѓоз шуда бошад, то моҳиятан ҳал кардани ин масъала фурўхтани молу мулк боздошта мешавад.
  3. Иҷрочии суд бо розигии хаттии тарафҳо ҳақ дорад молу мулкро бе гузаронидани музоядаи оммавӣ, бо роҳи савдои он ба шахси муайян анҷом диҳад.

 

Моддаи 53. Хабар додан дар бораи музоядаи барпошаванда

  1. Ҳангоми фурўхтани молу мулки қарздор дар музояда иҷрочии суд ўҳдадор аст ба воситаи матбуоти даврие, ки ҳуқуқи нашри ахбороти расмиро дорад, дар бораи музоядаи барпошаванда на дертар аз даҳ рўз то гузаронидани савдо хабар диҳад.
  2. Дар огоҳинома оид ба вақт, маҳал ва шакли савдо, молу мулки ба савдо баровардашаванда, тартиби бақайдгирии иштирок дар савдо, тартиби гузаронидани он, тартиби муайян намудани шахси бурдкарда дар савдо, инчунин оид ба нархи ибтидоӣ бояд маълумот дода шавад. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  3. 3. Дар бораи вақт ва маҳалли дар музояда фурўши молу мулки ба гарав гузошташуда иҷрочии суд гаравгирро фавран огоҳ месозад.

 

Моддаи 54. Тартиби гузаронидани музояда

  1. Шахсоне, ки дар музояда иштирок кардан мехоҳанд, ўҳдадоранд ба иҷрочии суд дар ҳаҷми панҷ фоизи арзиши нархи молу мулк пешпардохт супоранд. Маблаѓи супоридаи шахси дар музояда ѓолибомада ба ҳисоби нархи харид дохил мешавад. Ба иштирокчиёни боқимонда маблаѓи пешпардохтнамудаи онҳо пас аз анҷоми музояда, дар давоми се рўз баргардонида мешавад.
  2. Музояда аз нархи дар қарор оид ба ҳабс нишондодашуда, бо дарназардошти нархи аввалаи молу мулк оѓоз меёбад. Молу мулк ба ҳамон шахсе фурўхташуда ҳисоб меёбад, ки дар музояда аз ҳама нархи баландро пешниҳод кардааст. Ғолиби музояда ўҳдадор аст дар давоми панҷ рўз пас аз ба охир расидани музояда маблаѓи пурраи молу мулки ба дастовардашударо бо назардошти пешпардохти супоридашуда пардохт намояд.
  3. Ҳангоми аз ҷониби ѓолиби музояда дар мўҳлати муқарраргардида пардохт нашудани ҳамаи маблаѓи зикршуда, пешпардохти пеш аз музояда пардохтнамудааш ба ў баргардонида нашуда, ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Инчунин пешпардохт ба фоидаи давлат дар он ҳолат гузаронида мешавад, ки агар муайян карда шавад, ки ѓолиби музояда ҳуқуқи дар музояда иштирок карданро надошт.
  4. Пас аз пардохти ҳамаи маблаѓи зикргардида аз ҷониби ѓолиби музояда иҷрочии суд ба ў нусхаи санадро дар бораи музоядаи барпогардида месупорад, ки он асос барои бақайдгирии молу мулки фурўхташуда ба моликияти ў мегардад.
  5. Дар музояда иҷрочиёни суд ва судяҳое, ки оид ба истеҳсолоти иҷрои мазкур қарор қабул намудаанд, инчунин аъзои оила ва хешони наздики онҳо, инчунин шахсе, ки молу мулкаш дар музояда гузошта шудааст, иштирок карда наметавонанд. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

 

 

Моддаи 55. Барпонашуда эълон кардани музояда

  1. Иҷрочии суд дар мавридҳои зерин музоядаро барпонашуда эълон мекунад, агар:

— ба музояда камтар аз ду нафар харидор ҳозир шуда бошанд;

— ҳеҷ яке аз иштирокчиёни музояда дар бораи пардохти нархи аввалаи молу мулк таклиф пешниҳод накунад;

— ѓолиби музояда дар муддати панҷ рўз маблаѓи пешниҳоднамудаи худро барои молу мулки дар музояда гузошташуда насупорад.

  1. Дар бораи барпонашуда эълон кардани музояда иҷрочии суд қарор мебарорад, ки аз болои он дар мўҳлати даҳ рўз шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.
  2. Агар музояда барпо нагардад, пешпардохт ба он шахсоне, ки онро супурда буданд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми қисми 1 моддаи мазкур баргардонида мешавад.

 

Моддаи 56. Оқибати барпонашуда эълон намудани музояда

  1. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музояда ба ситонанда ҳуқуқ дода мешавад, ки молу мулкро аз арзиши аввалааш бист фоиз кам карда, ба моликияти худ гирад.
  2. Дар ҳолати барпонашуда эътироф намудани музояда ва аз ба ихтиёри худ гирифтани молу мулк даст кашидани ситонанда, иҷрочии суд бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур музоядаи такрорӣ таъин мекунад. Дар ин маврид нархи барои музоядаи такрорӣ муқарраршуда, то ҳамон вақте, ки яке аз иштирокчиён барои харидани молу мулк бо нархи эълоншуда розӣ нашавад, паст карда мешавад, аммо он набояд аз панҷоҳ фоизи нархи аввалаи арзиши молу мулки ба музояда гузошташуда кам бошад.
  3. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музоядаи такрорӣ, молу мулк бо нархи охирини эълоншуда ба ситонанда пешниҳод карда мешавад. Дар вақти даст кашидани ситонанда ҷиҳати ба моликияти худ қабул намудани молу мулки ба фурўш гузошташуда, ҳабс аз ин молу мулк бардошта мешавад.
  4. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музояда ва ба ихтиёри худ гирифтани молу мулк аз ҷониби ситонанда мутобиқи қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда иҷрочии суд қарор қабул менамояд. Қарори қабулнамудаи иҷрочии суд барои бақайдгирии молу мулке, ки мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирии ҳатмиро талаб менамояд, асос мебошад. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

Моддаи 57. Иҷрои ҷазо дар шакли ҷарима ва мусодираи молу мулк

Иҷрои ҷазо дар шакли ҷарима ва мусодираи молу мулк бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 5. ТАРТИБИ  НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ БА ҲУҚУҚИ ТАЛАБОТ

ВА ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ МОЛУМУЛКИИ БЕГОНАШАВАНДАИ ҚАРЗДОР

 

Моддаи 58. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор

  1. Агар ситониш ба талаботи пулии мавҷудбудаи қарздор нигаронида шавад, иҷрочии суд ҳангоми мавҷуд будани супориши дахлдор аз ҷониби ситонанда дар мўҳлати ду ҳафта бе огоҳонидани қарздор дар бораи гузоштани ҳабс қарор мебарорад.
  2. Дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор бояд маълумот оид ба ситонанда, асос ва ҳаҷми ситониш, қарздор, талаботи пулии вай нисбати шахси сеюми ўҳдадор, инчунин шахси сеюми ўҳдадор нишон дода шаванд.
  3. Иҷрочии суд дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор шахси сеюми ўҳдадорро ҷиҳати супоридани маблаѓ ба қарздор манъ мекунад. Ҳамзамон иҷрочии суд қарздорро, ки қарздиҳанда нисбати шахси сеюми ўҳдадор мебошад, водор месозад, ки аз ҳама гуна ихтиёрдорӣ нисбати ин талабот, махсусан аз талаб карда гирифтани он худдорӣ намояд.
  4. Нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми ўҳдадор супорида шуда, ба ситонанда ва қарздор ирсол карда мешавад. Гузоштани ҳабс ба талаботи зикршуда дар ҳаҷми талаби пулии ситонанда, аз лаҳзаи супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми ўҳдадор эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
  5. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи қарздор нисбати музди меҳнати ў ё дигар пардохтҳои давравӣ нисбат ба шахси сеюми ўҳдадор, инчунин ба маблаѓҳое, ки баъд аз гузоштани ҳабс то иҷрои пурраи ҳуҷҷати иҷро, аз он ҷумла хароҷот оид ба истеҳсолоти иҷро пардохт мешавад, паҳн мегардад.
  6. Баъд аз ба шахси сеюми ўҳдадор супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи қарздиҳандаи ў, ки аз рўи ҳуҷҷати иҷро қарздор ба ҳисоб меравад, иҷрочии суд нусхаи тасдиқшудаи қарори зикргардидаро бо ҳуҷҷате, ки супорида шуданро тасдиқ мекунад ва нусхаи варақаи иҷро ба ситонанда медиҳад.

 

Моддаи 59. Оқибати баровардани қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талабкунии  қарздор

  1. Қарорро дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талабкунии қарздор розигии расмии қарздор оид ба гузашти ҳуқуқи ба талаботе, ки аз он тибқи қонун имконияти ихтиёрдории ҳуқуқи талабкунӣ вобаста аст, иваз менамояд.
  2. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ситонанда ҳуқуқ медиҳад, ки аз шахси сеюми ўҳдадор қонеъ намудани талаботи қонунии ўро дар ҳаҷми маблаѓи ба фоидаи ў рўёнидашуда бо назардошти хароҷоти амалӣ намудани иҷрои маҷбурӣ талаб намояд.

 

Моддаи 60. Арзи  шахси сеюми ўҳдадор

  1. Дар мўҳлати ду ҳафта аз рўзи супоридани қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талаботи қарздор шахси сеюми ўҳдадор бояд ба ситонанда ба таври зайл арз намояд:

— оё ў асоснокии талаботро эътироф менамояд ва ба амалӣ намудани пардохт розӣ аст;

— оё дигар шахсон ба ҳамин талабот ҳуқуқи худро арз намудаанд;

— оё ба ҳамин ҳуқуқи талабкунии дар алоқамандӣ бо талаботи дигар ситонандаҳо ҳабс гузошта шудааст.

  1. Дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс оид ба зарурати чунин арз нишон дода мешавад. Шахси сеюми ўҳдадор дар сурати иҷро накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  2. Арзи шахси сеюми ўҳдадор метавонад ба иҷрочии суд ҳангоми супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ё дар давоми мўҳлати пешбинишудаи қисми 1 моддаи мазкур пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 61. Даъвои ситонанда нисбати шахси сеюм

  1. Агар шахси сеюми ўҳдадор қонеъ намудани талаботи ситонандаро рад намояд, ситонанда метавонад нисбати ин шахс ба суд даъво пешниҳод намояд.
  2. Ситонандае, ки нисбати шахси сеюми ўҳдадор ба суд даъво пешниҳод намудааст, бояд барои иштирок дар мурофиа қарздорро ҷалб намояд, агар он расонидани ҳуҷҷатҳоро ба хориҷи кишвар ё хабардоркунии оммавиро талаб нанамояд.

 

Моддаи 62. Ҷавобгарии ситонанда дар назди қарздор

Агар ситонанда ситонишро ба ҳуқуқи талаботи қарздор кашол диҳад, вай дар назди қарздор барои зарари бо сабаби кашолкорӣ расонидашуда ҷавобгарии моддӣ дорад.

 

Моддаи 63. Бозгардонидани ҳуқуқи талаботи ҳабсшуда аз ҷониби ситонанда ба қарздор

  1. Ситонанда ҳақ дорад ҳуқуқи талаботи ҳабсшударо ба қарздор бозгардонад.
  2. Дар ҳолатҳое, ки агар ситонанда сари вақт ҳуқуқи талаботро ба қарздор бозгардонад, ҷавобгарии моддии пешбининамудаи моддаи 62 Қонуни мазкур нисбати ситонанда татбиқ намегардад.

 

Моддаи 64. Тартиби ситонидани қарздорӣ оид ба ўҳдадориҳои алиментӣ

  1. Қарздорӣ оид ба ҳамаи ўҳдадориҳои алиментӣ аз молу мулки қарздор ситонида мешавад, ѓайр аз молу мулке, ки тибқи қонун ба он нигаронидани ситониш манъ аст.
  2. Ҳаҷми қарздорӣ бо қарори иҷрочии суд дар маҳалли иҷрои ҳалнома ва фармони судӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  3. Дар ҳолати аз рўи алимент ба вуқўъ омадани қарздорӣ дар натиҷаи саркашии қарздор аз пардохти онҳо ба маблаѓи қарздорӣ, тибқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноустуворона ҳисоб карда мешавад.

(қҷт. 03.07.2012, №867)

Моддаи 65. Ситонидани алимент ҳангоми ба давлати хориҷӣ барои истиқомати доимӣ ё барои кор рафтани қарздор

Тартиби ситонидани алиментро аз қарздоре, ки ба давлати хориҷӣ барои истиқомати доимӣ ё барои кор рафтааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 66.  Иҷрои ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба кор

  1. Ҳангоми аз ҷониби корфармо иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба ҷои кор, иҷрочии суд оид ба баровардани қарор дар бораи ба корманд пардохт намудани музди меҳнати миёна ё ин ки фарқияти дар музди меҳнат барои ҳамаи он муддати аз рўзи баровардани ҳалнома оид ба барқароркунии корманд то рўзи иҷрои он ба суд бо пешниҳод муроҷиат менамояд.
  2. Иҷрои ҳалнома оид ба барқарор намудан ба кор аз лаҳзаи воқеан ба кор роҳ додани корманди ѓайриқонунӣ аз кор озодшуда ё ин ки ба иҷрои вазифаи пештарааш шурўъ намудани корманди ба кори дигар гузаронидашуда, ки баъди бо фармон бекор намудани амри ѓайриқонунӣ оид ба аз кор озодкунӣ ё ба кори дигар гузаронидани корманд сурат гирифтааст, анҷомёфта ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 67. Нигаронидани ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор

  1. Ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор дар мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

— ҳангоми иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани маблаѓҳои даврагӣ;

— ситонидани маблаѓе, ки аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад.«қҷт 21.07.2010 №610»

— ҳангоми набудани имконияти ситониш аз маблаѓҳои пулӣ ва дигар молу мулки қарздор.». «қҷт 21.07.2010 №610»

  1. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор бо дарназардошти талаботи Қонуни мазкур иҷрочии суд қарор мебарорад, ки дар он ҳаҷми ҳармоҳаи ситонишро нишон дода, онро барои пурра ҷуброн намудани маблаѓи муқарраршуда, барои иҷро ба корфармое, ки қарздор бо вай муносибатҳои меҳнатӣ дорад ё аз ў ҳаққи меҳнат мегирад, равон менамояд.
  2. Иҷрочии суд ва ситонанда ўҳдадоранд, ки оид ба дуруст ва сари вақт ситонидан аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор, инчунин сари вақт ба ситонанда фиристодани маблаѓҳои ситонидашуда, мунтазам назоратро амалӣ намоянд.
  3. Ҳангоми аз кор озод кардани қарздор корфармое, ки бо қарздор дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошт, ўҳдадор аст, ки дар муддати се рўз оид ба қатъ шудани муносибатҳои меҳнатӣ ба иҷрочии суд хабарномаро бо замимаи ҳуҷҷати иҷро ирсол намояд. Ҳангоми таѓйири ҷои истиқомат қарздор ўҳдадор аст, ки суроѓаи нави худро ба иҷрочии суд хабар диҳад.

 

Моддаи 68. Ситонидан аз музди меҳнати қарздоре, ки адои ҷазоро ба ҷо меоварад

  1. Аз шахсоне, ки ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шудаанд, ситониш аз рўи ҳуҷҷатҳои иҷро аз маблаѓи пурраи музди меҳнат, бе назардошти нигоҳдории маблаѓе, ки тибқи ҳукм ва қарори суд сурат гирифтааст, амалӣ гардонида мешавад.
  2. Аз маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, колонияҳои сукунат, ҳабсхонаҳо, колонияҳои тарбиявӣ ҷазоро адо менамоянд, инчунин аз шахсоне, ки дар шўъбаҳои наркологӣ, диспансерҳои равонпизишкӣ ва муассисаҳои табобатии статсионарӣ қарор доранд, ситониш аз тамоми музди меҳнаташон бе назардошти пардохтҳо барои ҷуброни хароҷоти вобаста ба нигоҳдории онҳо дар ин муассисаҳо, нигаронида мешавад.

 

Моддаи 69. Нигаронидани ситониш аз кўмакпулӣ аз рўи суѓуртаи иҷтимоӣ

Аз кўмакпулиҳо аз рўи суѓуртаи иҷтимоӣ, ки ҳангоми муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва аз кўмакпулиҳое, ки ба занон дар давраи рухсатии иҷтимоӣ, вобаста ба нигоҳубини кўдак дода мешаванд, инчунин аз стипендияи хонандагон ва кўмакпулиҳо аз рўи бекорӣ ситониш бо қарори суд танҳо бо мақсади ситонидани алимент, ҷуброни зарар, ки дар натиҷаи зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст, мумкин аст нигаронида шавад.

 

Моддаи 70. Даромадҳое, ки аз онҳо нигаронидани ситониш мумкин нест

Нигаронидани ситониш аз даромадҳои зерин мумкин нест:

— аз маблаѓҳое, ки қарздор барои маъюбӣ ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин бо сабаби фавти саробон гирифтааст;

— аз маблаѓҳои суѓуртавӣ ва кўмакпулии яквақтае, ки бо сабаби маъюбӣ (латхўрӣ, садама) ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ва маблаѓҳое, ки барои фавти (ҳалоки) онҳо ба аъзои оила дода мешаванд;

— аз кўмакпулӣ ба модарони серфарзанд ва модарони танҳо бо сабаби таваллуди фарзанд барои нигоҳубини кўдакони  ноболиѓ дар давраи кофтукови падару модари онҳо ва аз маблаѓе, ки барои нигоҳубини нафақагирон ва маъюбони гурўҳи 1 ва 2 дода мешаванд;

— аз маблаѓе, ки ба ҷабрдидагон барои ѓизои иловагӣ, табобатҳои истироҳатию шифобахшӣ ва гузоштани узви сунъӣ, инчунин барои хароҷоти нигоҳубини онҳо дар ҳолатҳои расонидани зарар ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, пардохт карда мешаванд;

— аз ҷубронпулӣ барои меҳнате, ки дар шароитҳои зараровар ва ѓайриоддӣ, ҳамчунин аз маблаѓе, ки ба шаҳрвандон, дар натиҷаи  офатҳои экологӣ ё таъсири радиатсионӣ, ки дар натиҷаи бартараф  намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта расонда шудааст;

— аз мукофотпулӣ ва ёрдампулиҳои яквақта, новобаста аз манбаи пардохти онҳо;

— аз кўмакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан ё истеъфои корманд;

— аз ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки рухсатии меҳнатии якчандсолаи истифоданашуда якҷоя карда шудаанд);

— аз кўмакпулӣ барои дафнкунӣ;

— дигар пардохтҳое, ки мутобиқи қонунгузорӣ хусусияти доимӣ надоранд.

 

Моддаи 71. Кам намудани андозаи ситониш аз рўи ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи қарздор

  1. Иҷрочии суд дар асоси аризаи қарздор ҳуқуқ дорад андозаи ситониши даврагии рўёнидашавандаро дар ҳолатҳои зерин кам намояд:

— ба вуҷуд омадани хароҷоти ҷиддии иловагии қарздор, махсусан бо сабаби дармондагӣ, заъифӣ ва ё бемории шахси сеюми ўҳдадор ё аъзои оилаи ў, ки дар таъминоти ў мебошанд;

— бад шудани вазъи молумулкии қарздор бо сабаби маъюбӣ ё расидан ба синни нафақа;

— агар кам кардани андозаи ситониши даврагии рўёнидашаванда ба манфиатҳои ситонанда зарари ҷиддӣ нарасонад.

  1. Дар бораи кам кардан ё рад намудани кам кардани андозаи ситониши даврагии руёнидашаванда иҷрочии суд қарор қабул менамояд.

 

Моддаи 72. Зиёд намудани андозаи ситониш аз рўи ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи ситонанда

  1. Иҷрочии суд дар асоси аризаи ситонанда ҳуқуқ дорад андозаи ситониши даврагии рўёнидашавандаро зиёд намояд, агар вазъи молумулкии қарздор беҳтар шуда бошад ва ҳаҷми ситониш мувофиқи моддаи 71 Қонуни мазкур кам карда шуда бошад.
  2. Дар бораи зиёд намудан ё рад кардани зиёд намудани андозаи ситониши даврагии рўёнидашаванда иҷрочии суд қарор қабул менамояд.

 

Моддаи 73. Ҳимояи суратҳисоби бонкии қарздор

Дар ҳолате, ки агар ба суратҳисоби бонкии қарздор маблаѓҳое, ки нисбат ба онҳо мувофиқи моддаи 70 Қонуни мазкур ҳабс гузоштан мумкин нест, ворид шаванд, иҷрочии суд аз рўи аризаи қарздор  гузоштани ҳабсро ба суратҳисоб ба андозаи маблаѓи умумии даромадҳое, ки нисбат ба онҳо гузоштани ҳабс мумкин нест, аз рўзи гузоштани ҳабс то  дафъаи дигари пардохт бекор менамояд.

Моддаи 74. Аз ҷониби суд муқаррар намудани даромадҳое, ки ба онҳо ҳабс гузошта мешавад

  1. Ҳангоми аниқ набудани он, ки ба кадом қисми даромади қарздор ҳабс гузошта мешавад, суд аз рўи аризаи ситонанда, қарздор ё шахси сеюми ўҳдадор маблаѓеро, ки бояд ба ҳабс гирифта шавад, муқаррар менамояд ва дар ин хусус дар мўҳлати ду ҳафта баъди пешниҳоди аризаи зикргардида қарор қабул менамояд.
  2. Аризадиҳанда дар якҷоягӣ бо аризаи худ бояд ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки маблаѓи ба ҳабс гирифташавандаро тасдиқ намояд.

 

Моддаи 75.  Иҷрои маҷбурӣ ҳангоми нигаронидани ситониш ба дигар ҳуқуқҳои молумулкии қарздор

  1. Барои иҷрои маҷбурии нигаронидани ситониш ба дигар ҳуқуқҳои молумулкии қарздор, ки предмети ситониш ба молу мулки ѓайриманқул ҳисоб намешавад, қоидаҳои пешбининамудаи боби мазкур татбиқ карда мешаванд.
  2. Дар сурати набудани шахси сеюми ўҳдадор гузоштани ҳабс ба ҳуқуқҳои молумулкии қарздор аз лаҳзаи ба қарздор супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқҳои молумулкӣ бо нишон додани ўҳдадорӣ ҷиҳати худдорӣ аз амалӣ намудани ин ҳуқуқҳо эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

 

БОБИ 6. ТАРТИБИ НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ

БА МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛИ ҚАРЗДОР

 

Моддаи 76.  Тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки ѓайриманқули қарздор

Нигаронидани ситониш ба молу мулки ѓайриманқули қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ 7. ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ, КИ ҚАРЗДОРРО БАРОИ СОДИР НАМУДАНИ АМАЛҲОИ МУАЙЯН ВА ХУДДОРӢ Ё ТОҚАТ НАМУДАН АЗ СОДИР НАМУДАНИ АМАЛҲОИ МУАЙЯН ЎҲДАДОР МЕНАМОЯД

 

Моддаи 77. Иҷрои ҳалномае, ки қарздорро ўҳдадор месозад, то амалҳои муайянро содир намояд

Агар ҳуҷҷати иҷро ба қарздор ўҳдадории содир намудани амали муайянеро вогузор намояд ва ў талаботи мазкурро иҷро накунад, ситонанда ҳуқуқ дорад бо ариза ба суд оид ба ҷалби қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ ё ин ки оид ба гирифтани иҷозати содир намудани амали мазкур аз ҷониби худ, агар содир намудани он аз ҷониби дигар шахс мумкин бошад, муроҷиат намояд.

 

Моддаи 78. Иҷрои амал аз ҷониби ситонанда ё шахси сеюми ваколатдор аз ҳисоби қарздор

  1. Агар ситонанда ба суд бо ариза оид ба гирифтани иҷозат ба содир намудани амале, ки мумкин аст аз ҷониби шахси сеюм иҷро гардад, муроҷиат намояд, суд аризаи мазкурро мутобиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
  2. Агар қарздор тасдиқ накунад, ки амали талабшавандаро иҷро намудааст, суд ҳуқуқ дорад ситонандаро ба иҷрои амали мазкур ваколатдор намояд ва бо аризаи ситонанда қарздорро ба додани байъона ўҳдадор менамояд, агар ситонанда асоснок кунад, ки иҷрои амали мазкур аз ҷониби ў бо хароҷоти муайян вобастагӣ дорад. Ситониш оид ба пардохти байъона аз ҷониби иҷрочии суд бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 79. Иҷрои ҳалномае, ки қарздорро ба худдорӣ ё тоқат кардан аз содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор мегардонад

Агар ҳуҷҷати иҷро қарздорро ба худдорӣ ё тоқат кардан аз содир намудани амалҳои муайян ўҳдадор гардонад ва ў талаби мазкурро иҷро накунад, ситонанда ҳуқуқ дорад ба суд бо ариза оид ба ҷалби қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ муроҷиат намояд. Тартиби баррасии аризаи ситонанда тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 80. Иҷрои ҳалнома дар бораи аз қарздор кашида гирифтан ва ба ситонанда додани молу мулки манқули муайян

  1. Агар ҳуҷҷати иҷро қарздорро ўҳдадор намояд, ки ба ситонанда молу мулки манқули муайянро диҳад ва ў талаботи мазкурро иҷро нанамояд, ин молу мулк аз ў аз ҷониби иҷрочии суд кашида гирифта шуда, ба ситонанда дода мешавад.
  2. Агар иҷрочии суд молу мулки манқули мазкурро пайдо накунад, қарздор ўҳдадор аст ба иҷрочии суд маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулки манқулро хабар диҳад. Агар қарздор ин имкониятро надошта бошад, ў ўҳдадор аст итминон диҳад, ки ин молу мулки манқулро соҳибӣ намекунад ва маҳалли ҷойгиршавии онро намедонад, инчунин маълумоте, ки ў пешниҳод менамояд, мукаммал ва ба ҳақиқат мувофиқ мебошанд, ки ба протокол ворид карда мешавад.
  3. Агар қарздор итминони пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкурро иҷро накунад, бо пешниҳоди иҷрочии суд суди маҳалли истиқомати қарздор ўро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашад.

 

Моддаи 81. Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кўчонидани қарздор

  1. Ҳангоми дар мўҳлати муқаррарнамудаи иҷрочии суд ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба кўчонидани қарздор, иҷрочии суд кўчониданро ба тариқи маҷбурӣ амалӣ менамояд.
  2. Иҷрочии суд қарздорро дар бораи рўз ва вақти кўчонидани маҷбурӣ расман хабардор менамояд. Набудани қарздоре, ки аз рўзи кўчонидан хабардор карда шуда буд, барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ намегардад.
  3. Кўчонидан аз холӣ намудани бинои дар ҳуҷҷати иҷро нишон додашуда, аз кўчонидашаванда (кўчонидашавандаҳо), молу мулки он (онҳо), ҳайвоноти хонагӣ ва ба ситонанда супоридани бинои холикардашуда ё ба тартиби муқаррараргардида барои нигаҳдорӣ супоридашуда иборат мебошад.
  4. Кўчонидан дар ҳузури шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳатман бо барўйхатгирии молу мулк аз тарафи иҷрочии суд амалӣ карда мешавад.
  5. Иҷрочии суд дар мавридҳои зарурӣ нигоҳдории молу мулки қарздорро бо ба зиммаи ў гузоштани хароҷоти сарфшуда таъмин менамояд. Молу мулки қарздор дар мўҳлати на зиёда аз се сол нигоҳ дошта мешавад, пас аз ин мўҳлат молу мулки мазкур ҳамчун молу мулки бесоҳиб бо тартиби муқарраршуда ба фурўш бароварда мешавад. Маблаѓ аз фурўши молу мулки қарздор ба буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
  6. Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кўчонидани қарздор аз тарафи иҷрочии суд бо тартиб додани санад оид ба кўчонидан ба расмият дароварда мешавад.

 

Моддаи 82. Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда

  1. Дар мавриди ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудан дар мўҳлати муқаррарнамудаи иҷрочии суд, он аз ҷониби иҷрочии суд ба таври маҷбурӣ амалӣ гардонида мешавад. Маскун намудан ин аз тарафи иҷрочии суд бемамониат таъмин намудани воридшавии ситонанда ба бинои дар ҳуҷҷати иҷро нишондодашуда ва аз истиқомат намудани вай дар ин бино иборат мебошад. Дар ин маврид ба қарздор фаҳмонида мешавад, ки маскун намудан ба таври маҷбурӣ амалӣ шуда истодааст ва ў ўҳдадор аст барои истиқомати ситонанда (ҳозир буданаш) мамониат накунад.
  2. Дар ҳолати мамониат намудани қарздор ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда, амалҳои иҷро бо иштироки шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад. Ҳангоми минбаъд мамониат намудан ба истиқомати (ҳозир будани) ситонанда амалҳои зикршуда аз нав гузаронида мешаванд ва чораҳои ҷаримавию дигар чораҳои дар моддаи 91 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ карда мешаванд.
  3. Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда бо тартиб додани санад оид ба маскун кардан аз тарафи иҷрочии суд ба расмият дароварда мешавад.
  4. Ҳуҷҷати иҷро ба шарте иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки агар ба ситонанда имконияти ҳамарўза бемамониат истифодабарии бинои дахлдор таъмин шуда бошад.
  5. Агар баъди тартиб додани санад оид ба маскун кардани ситонанда қарздор боз аз нав барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намояд, истеҳсолоти иҷро аз рўи ҳуҷҷати иҷрошуда мумкин аст аз нав оѓоз карда шавад.
  6. Ҳангоми барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намудани шахсе, ки аз рўи ҳуҷҷати иҷро қарздор намебошад, масъалаи маскун намудан бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 83. Тартиби кашида гирифтан ва ба ситонанда додани молу мулке, ки дар соҳибияти шахси сеюм мебошад

Агар молу мулки кашида гирифташаванда ва ба ситонанда додашаванда дар соҳибияти шахси сеюм бошад, ки ў ба додани он розӣ нест, суд аризаи ситонандаро оид ба кашида гирифтан ва додани ин молу мулк бо тартиби мурофиаи даъво тибқи пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

 

БОБИ 8. ТАҚСИМОТИ МАБЛАҒИ ПУЛИИ СИТОНИДАШУДА

 

Моддаи  84. Тақсимоти маблаѓи пулии ситонидашуда

  1. Аз маблаѓе, ки иҷрочии суд аз қарздор ситонидааст, дар навбати аввал ҷаримаҳое, ки дар давоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро ба қарздор вогузор карда шудааст, баъд аз он хароҷотҳо вобаста ба иҷро пардохта шуда, сипас маблаѓи боқимонда барои қонеъ гардонидани талаботи ситонандагон пардохт мегардад. Маблаѓе, ки баъд аз пурра қонеъ гардонидани тамоми талабот боқӣ мондааст, ба қарздор баргардонида мешавад.
  2. Маблаѓи аз қарздор ситонидашудае, ки ба ситонандагон бояд дода шавад, аз тарафи иҷрочии суд ба суратҳисоби депозитии мақомоти ваколатдор дохил карда шуда, баъд аз он мувофиқи тартиби муқарраршуда дода ва ё гузаронида мешавад, ки маънои баохиррасии истеҳсолотро мефаҳмонад.
  3. Маблаѓҳои ба даромади давлат пардохтшаванда аз тарафи иҷрочии суд бевосита ба суратҳисоби хазинадорӣ гузаронида мешавад.
  4. Ҳангоми иҷрои ситониш шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои иҷроро аз рўи парвандаҳои дигар доранд, метавонанд ба ин ситониш то баохиррасии он ҳамроҳ шаванд.

 

Моддаи 85. Ситониши навбати аввал

Дар навбати аввал талабот оид ба ситонидани алимент, талабот оид ба ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё зарари дигари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин вобаста ба фавти саробон қонеъ гардонида мешаванд.

 

Моддаи 86. Ситониши минбаъда

  1. Дар навбати дуюм талаботи кормандон, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд ва талабот оид ба пардохти мукофотпулӣ вобаста ба шартномаи муаллифӣ қонеъ гардонида мешавад.
  2. Дар навбати сеюм талаботи қарздорон оид ба ўҳдадорӣ, ки бо гарав таъмин карда шудаанд, дар доираи маблаѓи таъминот қонеъ гардонида мешавад.
  3. Дар навбати чорум талабот оид ба ўҳдадории пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва талабот оид ба ҷуброни зарар қонеъ гардонида мешавад.
  4. Дар навбати панҷум ҳамаи дигар талаботҳо қонеъ гардонида мешаванд.

 

Моддаи 87.  Ситонидани пардохтҳои иҷро

  1. Ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкидошта аз қарздор ба андозаи ҳафт фоиз аз маблаѓи ситонидашаванда ва ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусияти молумулкинадошта аз қарздор–шаҳрванд ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз қарздор–ташкилот ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохти иҷро ситонида мешавад. Дар бораи ситонидани пардохти иҷро иҷрочии суд қарор қабул мекунад. «қҷт 21.07.2010 №610»
  2. Қарор дар бораи ситонидани пардохти иҷро дар ҳолати бори аввал ворид шудани ҳуҷҷати иҷро ба иҷрочии суд қабул карда мешавад. Пешниҳоди минбаъдаи ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба иҷрочии суд мавриди ситонидани пардохти иҷро қарор дода намешавад.
  3. Маблаѓи пардохти иҷро ба фонди инкишофи истеҳсолоти иҷро ворид карда мешавад. Тартиби истифодабарии фонди инкишофи истеҳсолоти иҷро аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  4. Маблаѓ барои иҷро дар ҳолати қатъ намудани истеҳсолоти иҷро бо сабаби бекор кардани санади судӣ ё санади мақомоти дигар, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва ё ҳуҷҷате, ки тибқи қонун ҳуҷҷати иҷро мебошад, ба қарздор баргардонида мешавад.
  5. Қарор дар бораи ситониши пардохти иҷро дар баробари баровардани қарор дар бораи оѓози истеҳсолоти иҷро қабул карда мешавад ё ситонидани пардохти иҷро дар қарор дар бораи оѓози истеҳсолоти иҷро мумкин аст нишон дода шавад.

 

Моддаи 88. Хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро

  1. Хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро ин маблаѓҳои буҷетӣ ва маблаѓҳое, ки тарафҳои иштироккунандаи истеҳсолоти иҷро барои ташкил ва гузаронидан масраф намудаанд, мебошанд.
  2. Ба хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро маблаѓҳои сарфшудае, ки барои:

— ошкоркунӣ, азназаргузаронӣ, нархгузории молу мулки қарздор;

— ташкил, ба рўйхат гирифтан ва ҳабси молу мулки қарздор, ҳамлу нақл ва нигоҳ доштани чунин молу мулк;

— фурўхтани молу мулки ҳабсшуда;

— пардохт намудани хизмати тарҷумонҳо, мутахассисон ва дигар шахсоне, ки мувофиқи тартиби муайянкардашуда барои анҷом додани амали иҷро ҷалб карда шуда буданд;

— хароҷоти нақлиётии иҷрочии суд ҳангоми иҷрои амали иҷро;

— хароҷоти почтавию телеграфӣ, алоқаи барқӣ ва дигари коммуникатсионӣ;

— кофтукови қарздор;

— пешпардохти ҳаққи ситонанда;

— дигар амалҳои зарурие, ки дар рафти иҷрои ҳуҷҷати иҷро  гузаронида шудаанд, тааллуқ доранд.

 

Моддаи 89. Тартиби рўёнидани хароҷот оид ба амалҳои иҷро

  1. Хароҷоте, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро сарф шудаанд, аз қарздор ситонида мешаванд.
  2. Ҳангоми қатъ ёфтани истеҳсолоти иҷро дар ҳолати бекор шудани санади судӣ ё санади дигар мақомот, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шуда буд, хароҷоти оид ба гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешаванд.
  3. Дар мавриди қатъ шудани истеҳсолоти иҷро, бинобар бе асос даст кашидани ситонанда аз гирифтани ашёҳои аз қарздор кашида гирифташуда, зимни иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонанда додани онҳо ва ба ў баргардонидани ҳуҷҷати иҷро, агар ситонанда бо амал ё беамалии худ барои иҷро монеагӣ карда бошад, хароҷоти вобаста ба гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби ситонанда ситонида мешавад.
  4. Ситонидани хароҷоте, ки аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ сарф шудаанд, дар асоси қарори суд амалӣ карда мешавад. Ҷуброни хароҷот аз рўи ҳисоби тартибдодаи иҷрочии суд анҷом дода мешавад.
  5. Нусхаи қарор дар муддати се рўз ба тарафҳо фиристонида мешавад. Ба қарор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар мўҳлати даҳ рўз шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

 

Моддаи 90. Пешпардохти хароҷот аз тарафи ситонанда

Бо мақсади таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ситонанда ҳақ дорад, ки ба суратҳисоби депозитии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  хароҷоти заруриеро, ки барои  гузаронидани амалҳои иҷро кифоя аст,  пешпардохт намояд.

 

Моддаи 91. Ҷавобгарии қарздор барои иҷро накардани ҳуҷҷатҳои иҷро

  1. Дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои иҷро накардани ҳуҷҷатҳои иҷро қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешавад.
  2. Ба ҷавобгарӣ кашидани қарздор ўро аз ўҳдадории иҷрои амалҳое, ки дар ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ шудаанд, озод намекунад.

 

Моддаи 92. Иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд

Иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд мувофиқи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 93. Иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо)

  1. Тартиби иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад. Варақаи иҷро, ки дар асоси ҳалномаи суди хориҷӣ дода шудааст, аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ки барои иҷрои маҷбурӣ дар муддати се сол аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалнома пешниҳод шавад.
  2. Дар ҳолатҳое, ки агар мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, он гоҳ қоидаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 94. Ҳифзи ҳуқуқҳои ситонанда ҳангоми сари вақт аз тарафи ташкилот ба амал набаровардани ситониш аз рўи ҳуҷҷати иҷро

Ситонанда ҳуқуқ дорад нисбати ташкилот дар бораи ситонидани маблаѓе, ки бо гуноҳи ў аз қарздор ситонида нашудааст, ба суд бо даъво муроҷиат намояд.

 

Моддаи 95. Ҳифзи ҳуқуқи шахсони дигар ҳангоми содир намудани амалҳои иҷро

Ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба тааллуқдории молу мулке, ки ба он ситониш нигаронида мешавад, шаҳрвандон ва ташкилотҳои манфиатдор ҳуқуқ доранд оид ба озод кардани молу мулк аз ҳабс ё аз рўйхат баровардани он ба суд бо даъво муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 96. Қонеъ гардонидани талабот оид ба ҳуҷҷати иҷро

  1. Пас аз пурра қонеъ гардонидани талабот оид ба ҳуҷҷати иҷро ситонанда нусхаи ҳуҷҷати иҷрои худро бо тасдиқи имзояш бо ишора оид ба қонеъгардонии ситониш ба иҷрочии суд месупорад.
  2. Агар талабот аз ҷониби шахси сеюми ўҳдадор қонеъ гардонида шуда бошад, ситонанда квитансияро ба шахси сеюми ўҳдадор низ медиҳад.

 

Моддаи 97. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани иҷрочии суд

  1. Ба вазифаи иҷрочии суд шахсе таъин карда мешавад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад.
  2. Иҷрочии суд аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

Моддаи 98. Мукофотонидани иҷрочии суд

  1. Иҷрочии суде, ки иҷрои ҳуҷҷати иҷроро ба таври воқеӣ ва сари вақт таъмин менамояд, ба андозаи панҷ фоизи маблаѓҳои ситонидаи ў ё арзиши молу мулк, вале на зиёда аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбати ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо мукофотонида мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №867)
  2. Ҳангоми қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро новобаста аз сабабҳое, ки ба иҷрочии суд вобастагӣ надоранд, мукофот мутаносибан ба маблаѓи рўёнидашуда дода мешавад.
  3. Маблаѓи нишондодашуда ба иҷрочии суд аз ҳисоби фонди инкишофи истеҳсолоти иҷро дода мешавад.

БОБИ 81. ҲУҚУҚУ ЎҲДАДОРИҲО ВА КАФОЛАТҲОИ

ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ИҶРОЧИИ СУД

 

Моддаи 981. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иҷрочии суд

  1. Иҷрочии суд ҳуқуқ дорад:

— вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумотеро, ки ба сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, амалиёти нотариалии баҷоовардашуда мансуб мебошад, аз мақомоти андоз, бонк ва нотариати давлатӣ талаб карда гирад;

— дар ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомотро нисбат ба пардохти маблаѓҳои пулии дахлдор  санҷад;

— бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ба бинои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият ва дигар маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли истиқоматии қарздор ворид гардад, инчунин  молу мулки ўро аз назар гузаронад;

— барои муқаррар намудани  маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор баёноти ситонанда, қарздор ва шахси сеюмро гирад ва дар ин хусус протокол тартиб диҳад;

— маълумоти заруриро оид ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад, ҷамъоварӣ намояд; (қҷт. 03.07.2012, №867)

— вазифаҳои дигареро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, иҷро намояд.

  1. Ўҳдадориҳои иҷрочии суд:

 — маводҳоро ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоте, ки барои иҷро ҳуҷҷати иҷроро пешниҳод намудаанд, вобаста ба дароз намудани мўҳлати иҷро, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, таѓйир додани тарз ва тартиби иҷрои он, инчунин барои дидани дигар чораҳои қонунӣ пешниҳод менамояд;

— ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз суд ё дигар мақомоте, ки онро додааст, барои иҷро қабул намуда, фавран истеҳсолоти иҷроро оѓоз менамояд;

— маълумот ва (ё) ҳисоботи омориро оид ба ҳуҷҷатҳои иҷро тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

— ўҳдадориҳои дигареро, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, иҷро менамояд.

  1. Иҷрочии суд барои воридшавӣ ба бинои ишѓолнамуда ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулк ё барои кушодани анбор намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва шахcони холисро даъват намуда, дар ҳузури онҳо бино ё анборро мекушояд ва аз назар мегузаронад. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

Моддаи 982. Ўҳдадориҳои мақомотҳо ва шаҳрвандон оид ба  талаботи иҷрочии суд

Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият ўҳдадоранд дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро, ки аз талаботи иҷрочии суд бармеоянд, пешниҳод кунанд. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

Моддаи 983. Ҳатмӣ будани талаботи  иҷрочии суд

Талаботи иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият ҳатмӣ буда, он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамониат ба иҷро расонида мешавад. «қҷт 21.07.2010 №610»; (қҷт. 03.07.2012, №867)

 

Моддаи 984. Ҳифзи ҳуқуқии иҷрочии суд

  1. Иҷрочии суд ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ намояндаи ҳокимияти иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
  2. Иҷро накардан ё ин ки монеъ шудан ба иҷрои талаботи қонунии иҷрочии суд, паст задани шаъну шарафи ў, таҳдид, истифодаи зўроварӣ, таҷовуз ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ў, инчунин дигар ҳаракатҳое, ки барои иҷрои вазифаи хизматии ў монеъ мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

Моддаи 985. Таъмини амнияти шахсии иҷрочии суд ва хешовандони наздики ў

  1. Амнияти шахсии иҷрочии суд ва хешовандони наздики ў аз таҷовузи ҷиноятӣ ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки онҳо, ки ба фаъолияти хизматии ў алоқаманд мебошад, аз ҷониби давлат таъмин карда мешавад.
  2. Чораҳо доир ба таъмини амнияти шахсии иҷрочии суд ва хешовандони наздики ў дар ҳолатҳои мавҷудияти хатар ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ў тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. «қҷт 21.07.2010 №610»

 

Моддаи 986. Тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ва либоси ягонаи  хизматӣ ба иҷрочиёни суд

Ба иҷрочии суд тибқи тартиби барои кормандони мақомоти адлия ва нотариати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида рутбаи дараҷавӣ дода мешавад. Иҷрочиёни суд тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси ягонаи хизматӣ ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд. «қҷт 21.07.2010 №610»; (қҷт. 03.07.2012, №867)

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 99. Ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёни суд

Ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёни судро Дастурамали аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда, муайян менамояд.

 

Моддаи 100. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 101. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ш.Душанбе, 20 марти соли 2008

                                   № 373            

ШАРИКОН: