Қонуни ҶТ «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(АМОҶТ  с.2007, №3, мод.174; с.2008, №12, қ.2, мод.1007)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани соҳаҳои комплекси агросаноатиро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд.

Мақсади Қонуни мазкур рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ, таъмини саноати коркарди ашёи хом, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

субсидия (кўмаки молиявӣ) — маблағҳои мақсаднок ва суроғавӣ, ки барои дастгирии соҳаҳои алоҳидаи комплекси агросаноатӣ равона карда мешаванд;

истифодабарандагони субсидия (кўмаки молиявӣ)- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд;

-комплекси агросаноатӣ- маҷмўи соҳаҳои иқтисодиёт буда, ба он истеҳсол, тайёр кардан, захира намудан, кашондан, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии моҳипарварӣ, саноати хўроковорӣ, дигар соҳаҳо ва фаъолиятҳо, аз ҷумла саривақт таъмин намудан бо техникаи муосир, таҷҳизоти технологӣ, маблағ, иттилоот ва дигар захираҳо, таъмини бехатарии байторӣ-санитарӣ, фитосанитарӣ, таъминоти илмӣ ва тайёр намудани мутахассисон дохил мешаванд; «қҷт 31.12.08 №473»

-маҳсулоти кишоварзӣ –маҳсулоти растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбўриасалпарварӣ, аз ҷумла маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди аввалия ҳосил шудааст; «қҷт 31.12.08 №473»

-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ –ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандоне, ки хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, кооператсияи матлубот, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ё коркарди аввалия ва минбаъдаи (саноатии) он ва ба муомилоти бозор ворид намудани ин маҳсулот машғуланд, ба шарте ки ҳиссаи даромади умумии онҳо аз ин маҳсулот на камтар аз 70 фоиз дар давоми соли тақвимӣ бошад. «қҷт 31.12.08 №473»

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие,  ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст,  иборат аст.

 

Моддаи 4. Тартиби дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ

Дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ба воситаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бо роҳҳои зайл амалӣ гардонида мешавад:

— ҷудо намудани субсидия (кўмаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ;

— ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо барои рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ.

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои зерин дорад:

— мақомоти ваколатдорро, ки фаъолияти субсидияро (кўмаки молиявиро) назорат мекунад, муқаррар менамояд;

— рўйхати истифодабарандагони субсидияро (кўмаки молиявӣ) таҳия, тартиб ва маблағи умумии онро муаяйн мекунад;

— шакл ва тартиби пешниҳоди маълумотномаи ҳисобӣ ва маълумотномаи ҳисобии ҷамъбастиро муқаррар менамояд;

— вобаста ба зарурияти соҳа бо кадом мақсад истифода бурдани субсидияро (кўмаки молиявиро) муайян мекунад;

-манфиати иқтисодии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро дар бозори дохилӣ ва берунӣ ҳимоя менамояд; «қҷт 31.12.08 №473»

-такмили системаи таълим, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва такмили тахассуси онҳоро таъмин менамояд; «қҷт 31.12.08 №473»

-ба рушди илм ва фаъолияти навоварӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мусоидат менамояд. «қҷт 31.12.08 №473»

 

Моддаи 6. Тартиби ҷудо намудани субсидия (кўмаки молиявӣ)  аз ҳисоби буҷети давлатӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ миқдор ва тартиби ҷудо намудани субсидияро (кўмаки молиявӣ) ба мақсадҳои муайян муқаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Тартиби ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо

Ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо ҷиҳати рушди соҳаҳои комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ асоси дастгирии давлатии соҳаҳо буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 8. Номгўи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ,  ки ба онҳо субсидия (кўмаки молиявӣ) ҷудо карда мешавад

Субсидия (кўмаки молиявӣ) вобаста ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба соҳаҳои зерини комплекси агросаноатӣ ҷудо карда мешавад:

— тухмипарварии элита ва ибтидоӣ, истеҳсоли тухмиҳои репродуксияи якум ва дуюм,  таъсиси фонди гардиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ;

—  ҳосилхезгардонии заминҳои кишоварзӣ;

— беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ;

— азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ дохил намудани заминҳои партов;

— баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд намудани истеҳсоли пахта, картошка, сабзавот, полизӣ, ғаллагӣ, лубиёгӣ, тамоку ва мубориза бар зидди касалиҳои онҳо;

— бунёди боғу токзорҳо ва парваришхонаҳо барои ниҳолҳои мевадиҳанда;

— харид ва парвариши чорвои зотӣ, парранда ва моҳӣ;

— рушди соҳаи байторӣ ва гузаронидани чорабиниҳои эпизоотӣ;

— рушди соҳаи занбўри  асалпарварӣ;

— хариди тухми пилла ва мубориза бар зидди касалиҳои зараррасони тут;

— инкишоф ва татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ, ташкил ва таҳкими минбаъдаи фонди генетикии миллии зироатҳои кишоварзӣ, чорво, парранда ва моҳӣ, инчунин хариди асбобҳо ва таҷҳизоти замонавӣ, маводҳои химиявию биологӣ барои пажуҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;

— таъсис додани истеҳсолоти нав, харид ва таъсиси фонди заҳрхимикатҳо, нуриҳои минералӣ.

БОБИ 2. ТАРТИБИ МУРОҶИАТ, МАБЛАҒГУЗОРӢ, БАҲИСОБГИРӢ

ВА НАЗОРАТИ СУБСИДИЯ (КЎМАКИ МОЛИЯВӢ)

 

Моддаи 9. Муроҷиат барои пешниҳод намудани субсидия (кўмаки молиявӣ)

Муроҷиат барои пешниҳод намудани  субсидия (кўмаки молиявӣ) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рўи ҳар як соҳаи комплекси агросаноатӣ асоснок гардонида шуда, барои баррасӣ ба мақомоти ваколатдор пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 10. Пешбинӣ ва маблағгузории субсидия (кўмаки молиявӣ) аз буҷети давлатӣ

Мувофиқи маълумоти асосноки мақомоти ваколатдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар буҷети давлатӣ барои соҳаҳои алоҳидаи комплекси агросаноатӣ субсидия (кўмаки молиявӣ) пешбинӣ карда шуда, маблағгузории он мақсаднок ва суроғавӣ буда, ба ҳар як соҳаи комплекси агросаноатӣ бо тартиби муқарраргардида аз тарафи низоми хазинадории марказӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо дар доираи буҷети тасдиқшуда таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 11. Баҳисобгирии субсидия (кўмаки молиявӣ)

Ҷудо намудани субсидия (кўмаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, қарзҳои бонкӣ ва грантҳо барои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, новобаста аз шакли моликияташон мақсаднок буда, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайримақсаднок истифода бурдани ин маблағҳо манъ аст. «қҷт 31.12.08 №473»

Субсидия (кўмаки молиявӣ) дар ҳисоби махсуси муҳосибавӣ алоҳида вобаста ба даромад ва хароҷот ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 12. Назорати пардохти субсидия (кўмаки молиявӣ) ва дигар манбаъҳои дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ «қҷт 31.12.08 №473»

Назорати пардохти дурусти субсидия (кўмаки молиявӣ) ва истифодаи мақсадноки он аз ҷониби мақомоти ваколатдор ва мақомоти иҷрокунандаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 241

ШАРИКОН: