Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008»

(АМОҶТ с.2007, №11,м.893; с.2008, №2, м.107,108; №     , м.      )

 

Моддаи 1.  Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои  маблаѓгузорӣ ба маблаѓи 4476015 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:

— даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ѓайриандозӣ ва грантҳо        — 3050000 ҳазор сомонӣ;

аз онҳо:

воридоти андозӣ                                                       — 2809607 ҳазор сомонӣ;

воридоти ѓайриандозӣ                                             — 172393  ҳазор сомонӣ;

грантҳо барои дастгирии буҷет                              — 68000  ҳазор сомонӣ;

— буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ,

ки якҷоя бо ташкилотҳои   молиявии

байналмилалӣ татбиқ мегарданд                                — 567485  ҳазор сомонӣ;

аз онҳо:

қарзҳо                                                                          — 400983 ҳазор сомонӣ;

грантҳо                                                                        — 166502 ҳазор сомонӣ;

— қарзҳои давлатӣ барои амалӣ

намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ

дар секторҳои энергетика ва нақлиёт                                 -728856 ҳазор сомонӣ;

— буҷети маблаѓҳои махсуси

ташкилотҳои буҷетӣ                                                              — 129674  ҳазор сомонӣ.

Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 ба маблаѓи 4550015 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблаѓгузории:

  • мақомоти ҳокимият ва

идоракунии давлатӣ                                                                                   — 354597 ҳазор сомонӣ;

— маориф                                                                              — 691248 ҳазор сомонӣ;

— нигоҳдории тандурустӣ                                                 — 255494 ҳазор сомонӣ;

— чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ

ва солимгардонӣ                                                                              — 149510 ҳазор сомонӣ;

— ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                                                   — 469829 ҳазор сомонӣ;

— хоҷагии манзилию коммуналӣ                                      — 181310 ҳазор сомонӣ;

— комплекси сўзишворию энергетикӣ                            — 732036 ҳазор сомонӣ;

— соҳаи кишоварзӣ ва заминсозӣ                          — 320085 ҳазор сомонӣ;

— истихроҷ ва коркарди маъдан,

саноати истеҳсоли маъдан ва сохтмон                                        — 25034 ҳазор сомонӣ;

— нақлиёт ва коммуникатсия                                           — 532517 ҳазор сомонӣ;

  • пардохти фоизҳо

аз рўи қарзҳои давлатӣ                                                                   — 91130 ҳазор сомонӣ;

— дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва

хизматрасонӣ                                                                                  — 12974 ҳазор сомонӣ;

— хароҷоти дигар                                                   — 288180 ҳазор сомонӣ;

аз ҷумла:

баргардонидани андоз аз

арзиши иловашуда                                                                          — 18000 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 3. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмўи  маҳсулоти  дохилӣ  ё ба маблаѓи 74000 ҳазор сомонӣ тасдик карда шавад.

Манбаи пўшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:

  • даромад аз хусусигардонии

моликияти давлатӣ                                                             – 10000  ҳазор сомонӣ;

  • даромад аз фурўши векселҳои

хазинадорӣ                                                                           – 8000  ҳазор сомонӣ;

  • аз ҳисоби депозитҳои буҷети

ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии

Тоҷикистон ба 1 январи соли 2008                              – 56000  ҳазор сомонӣ.

Маблаѓгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,0 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблаѓи 153723 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои барномавии Бонки рушди Осиё ва депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2008 муайян карда шавад.

Моддаи 4. Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2008 аз рўи даромад ба маблаѓи 2003423 ҳазор сомонӣ ва аз рўи хароҷот ба маблаѓи 2077423 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблаѓи 74000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 5. Буҷети суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2008 аз рўи даромад ба маблаѓи 445000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблаѓи 450000 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблаѓи 5000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. Касри буҷети суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пўшонида шавад.

Моддаи 6. Дар соли 2008 хаҷми буҷетҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рўи даромад ва хароҷот бо дарназардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблаѓи 929308 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.

Моддаи 7. Дар соли 2008 ба буҷети ҷумҳуриявӣ андоз ва даромадҳои ѓайриандозии зерин ворид карда шаванд:

— андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия            —  100 фоиз;

— андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо                                         — 100 фоиз;

— боҷи гумрукӣ                                                                               — 100 фоиз;

— андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба

воситаи мақомоти гумрук ворид мешаванд                                            — 100 фоиз;

— дигар пардохтҳои ҳатмии умумидавлатӣ ва даромадҳои

ѓайриандозӣ (инчунин муҷозотҳои

молиявии онҳо), пардохт барои дохил шудан

ба қаламрав ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               — 100 фоиз;

— аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи

«Барқи Тоҷик» андоз аз арзиши иловашуда,

андоз аз истифодабарандагони роҳҳои

автомобилгард, андоз аз фоида ва андози ҳадди

ақал аз даромади корхонаҳо                                                           — 100 фоиз;

— аз корхонаҳои воҳиди давлатии «Ширкати

Алюминийи Тоҷик» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,

корхонаҳои тобеи Ҷамъияти саҳомии кушодаи

«Тоҷиктелеком»-и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда,

андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз

даромади  корхонаҳо                                                                      — 100 фоиз;

— аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Амонатбонк» андоз аз фоида ва

андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо                                              — 100 фоиз.

Моддаи 8. Дар соли 2008 ҳиссаҷудокунии маблаѓ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рўи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:

— андоз аз арзиши иловашуда:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо   (ѓайр  аз  вилояти Суѓд, шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор) – 100 фоиз;

аз  вилояти Суѓд – 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

аз шаҳри Душанбе – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

аз шаҳри Турсунзода –  30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

аз ноҳияи Ҳисор — 70 фоиз ба буҷети ноҳия ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

— андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ѓайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода)  – 100 фоиз;

аз шаҳри Душанбе – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

аз шаҳри Турсунзода –  100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

— андози даромад аз шахсони воқеӣ:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ѓайр аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода) – 100 фоиз;

аз шаҳри Душанбе – 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

аз шаҳри Турсунзода — 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

— андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ѓайр аз шаҳри Душанбе , шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор) – 100 фоиз;

аз шаҳри Душанбе – 67 фоиз ба буҷети шаҳр ва 33 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

аз шаҳри Турсунзода – 44 фоиз ба буҷети шаҳр ва 56 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

ноҳияи Ҳисор — 47 фоиз ба буҷети ноҳия ва 53 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

— аксизҳо:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ѓайр аз вилояти Суѓд)  – 100 фоиз;

аз  вилояти Суѓд – 66 фоиз ба буҷети вилоят ва 34 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

— андози замин:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;

— андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  – 100 фоиз;

— андоз аз истифодабарандагони қаъри замин:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  – 100 фоиз;

— боҷи давлатӣ:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;

— андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;

— андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ (андоз аз амволи ѓайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурўши чакана, андози даромад дар асоси патент, пардохтҳо ва  даромадҳои дигари ѓайриандозӣ):

ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;

— воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз  нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудаанд, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида  шаванд.

Моддаи 9. Дар соли 2008 воридоти сӯзишворӣ, равѓанҳои молиданӣ ва ѓалла ба маблаѓи 20 млн. сомонӣ, ки барои ташаккул додан ва пурра кардани Фонди давлатии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузорӣ карда мешаванд, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд.

Дар соли 2008 шаш адад чархболҳои ҳарбӣ – ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз таъмир дар Федератсияи Россия ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. (қҷт 26.12.08, №449)  

Моддаи 10. Дар соли 2008 воридоти техника ва нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ, битуми тамѓаи БНД 60/90, ки номгў ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харида шуда, барои пурра намудани парки нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегарданд,  аз андоз аз арзиши иловашуда озод  карда  шаванд.

Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе ва Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии ноҳияи Ёвон, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.

Моддаи 11. Дар соли 2008 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба  сохтмони Қасри Миллат дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадор  воқеъ дар  хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кўчаи Айнӣ, меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» воқеъ дар  хиёбони Рудакӣ,  меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар  кўчаи Айнӣ, Маркази фарҳанги  Осиёи Миёна  воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, меҳмонхонаи «Сирена Душанбе» дар хиёбони Рўдакӣ ва корхонаи ресандагию бофандагӣ бо сехи рангубор  дар шаҳри Душанбе, иншоотҳои  соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз пардохти андозҳои зерин озод карда шаванд: (қҷт аз 20.02.08,№ 361)

— андоз аз арзиши иловашуда;

— андоз аз истифодабарандагони роҳҳои  автомобилгард;

— андоз аз фоидаи шахсони  ҳуқуқӣ;

— андози  ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;

— андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.

Фармоишгарои ва пудратчиёни асосии иншоотҳои мазкур (ба истиснои иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд) бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Воридоти молҳо аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншоотҳои дар ҳамин модда зикршуда аз андоз аз арзиши иловашуда тибқи номгўй ва дар ҳаҷме, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, озод карда мешаванд.

Номгўй, сметаҳои хароҷот, мўҳлати оѓоз ва анҷоми сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф, ки минбаъд ройгон ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.

      Моддаи 12.  Дар соли 2008 ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» иҷозат дода мешавад, ки ба фонди инноватсионии худ дар ҳаҷми то 20 фоиз аз хароҷоти мустақими истеҳсолӣ, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дохил карда мешавад, бо назардошти нигоҳ доштани ҳамаи пардохтҳои андозӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба Буҷети давлатӣ бе таѓйирдиҳии нархномаҳои амалкунанда ба истиснои нархномаҳое, ки дар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, гузаронад. (қҷт аз 20.02.08,№ 361)

            Дар соли 2008 қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пўшидаи «ТоҷИрон» ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. (қҷт аз 06.02.08,№ 360)

 

 

Моддаи 13. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2008 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавҷудбуда ба маблаѓи умумии  2003423 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:

— андоз аз арзиши иловашуда                           —  1245691 ҳазор сомонӣ;

— аксизҳо                                                                 —  100530 ҳазор сомонӣ;

— андоз аз фурўш (нахи пахта ва

алюминийи аввалия)                                                          —  70440 ҳазор сомонӣ;

— андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо                  — 35862 ҳазор сомонӣ;

— андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ                    —  72370 ҳазор сомонӣ;

— андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо   — 41489 ҳазор сомонӣ;

— андози даромад аз  шахсони воқеӣ                  — 41498 ҳазор сомонӣ;

— боҷҳои гумрукӣ                                                   — 146237 ҳазор сомонӣ;

— андоз аз истифодабарандагони

роҳҳои автомобилгард                                                         — 42524 ҳазор сомонӣ;

— даромадҳои дигари ѓайриандозӣ                      — 138782 ҳазор сомонӣ;

— грантҳои ташкилотҳои

байналмилалӣ                                                                    — 68000 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 14. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2008 аз рўи тартиби тақсимоти  вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:

Маблаѓгузории мақомоти

ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ                         — 253921 ҳазор сомонӣ.

аз ҷумла:

— Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        — 3415  ҳазор сомонӣ;

— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             — 11024 ҳазор сомонӣ;

— Комиссияи марказии интихобот

ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 —  867 ҳазор сомонӣ;

— Дастгоҳи иҷроияи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         — 73107 ҳазор сомонӣ;

— Раёсати хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     — 750 ҳазор сомонӣ;

— Кумитаҳои назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         — 10853  ҳазор сомонӣ;

— дастгирии барномаҳои сиёсати

давлатии  ҷавонон                                                                 — 812  ҳазор сомонӣ;

  • сафарҳои хизматии  хориҷии кормандони

мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ,

кирояи (фрахти) ҳавопаймоҳо                                              — 10000  ҳазор сомонӣ;

— вазоратҳо ва идораҳои машѓули

сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет                                         —  47803 ҳазор сомонӣ;

— вазоратҳо ва идораҳои машѓули

фаъолияти сиёсати хориҷӣ                                                   — 59202  ҳазор сомонӣ;

— вазоратҳо ва идораҳои машѓули

хизматрасониҳое, ки барои соҳаҳои

иқтисодиёт хусусияти умумӣ доранд                                  — 18073 ҳазор сомонӣ;

— тадқиқоти бунёдӣ ва илм                                    —  18015 ҳазор сомонӣ;

аз ҷумла:

— Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           — 12726 ҳазор сомонӣ;

— Академияи илмҳои кишоварзии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           —  4226 ҳазор сомонӣ;

—  дигар ташкилотҳо дар соҳаи илм                          — 1063 ҳазор сомонӣ.

аз ҷумла:

— хадамоти милитсия  ва

муҳофизат аз сўхтор                                                   — 80461 ҳазор сомонӣ;

— дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ                                 — 72352 ҳазор сомонӣ;

— Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           — 567   ҳазор сомонӣ;

— Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         — 5571  ҳазор сомонӣ;

— Суди олии иқтисодии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            — 767 ҳазор сомонӣ;

— Коллегияи ҳарбии назди Суди

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 — 346 ҳазор сомонӣ;

— Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва мақомоти он дар маҳалҳо                                                  — 3765  ҳазор сомонӣ;

— Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

мақомоти он, судҳо ва дастгоҳи судҳо                                 — 8608  ҳазор сомонӣ;

— Прокуратураи генералии Ҷумҳурии

 Тоҷикистон  ва мақомоти он дар маҳалҳо                           — 9488 ҳазор сомонӣ.

Маориф                                                                     — 161750 ҳазор сомонӣ.

аз ҷумла:

— таҳсилоти умумӣ                                                  — 55180 ҳазор сомонӣ;

— таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ                          — 73192  ҳазор сомонӣ;

— илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф                        — 1008   ҳазор сомонӣ;

— Вазорати маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       —  904 ҳазор сомонӣ;

— дигар хароҷот дар соҳаи маориф                      — 31466 ҳазор сомонӣ.

Нигаҳдории тандурустӣ                                      —  49066 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

— беморхонаҳо                                                       — 30181  ҳазор сомонӣ;

— дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ                      —  499 ҳазор сомонӣ;

— илмҳои амалӣ дар соҳаи

нигаҳдории тандурустӣ                                                     —  1246  ҳазор сомонӣ;

— Вазорати тандурустии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       —  538 ҳазор сомонӣ;

— дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои

соҳаи нигаҳдории тандурустӣ                                          — 16602  ҳазор сомонӣ;

— аз онҳо:

таъмини чорабиниҳои эмкунии аҳолӣ                            —  2000 ҳазор сомонӣ.

Суѓуртаи  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ    — 144629 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

— таъминоти нафақаи сохторҳои қудратӣ

ва хизматчиёни давлатӣ                                                     — 52898   ҳазор сомонӣ;

— пардохти ҷубронпулӣ барои

дастгирии иҷтимоии аҳолӣ                                                —  35338 ҳазор сомонӣ;

— Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          —  11061 ҳазор сомонӣ;

— муассисаҳои махсус барои маъюбон

ва пиронсолон                                                                     —  7684 ҳазор сомонӣ;

— дигар ташкилотҳо ва

чорабиниҳои соҳаи таъминоти

иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ                                               — 37648 ҳазор сомонӣ.

Хоҷагии манзилию коммуналӣ              — 10468 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

— Корхонаи воҳиди давлатии

«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»                         — 3000 ҳазор сомонӣ;

— барои тараққиёти шаҳри Хуҷанд

(барқароркунии низоми обтаъминкунии

шаҳри  Хуҷанд)                                                       — 4000 ҳазор сомонӣ;

—  ѓайраҳо дар соҳаи хоҷагии

манзилию коммуналӣ                                                        — 3468 ҳазор сомонӣ.

Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,

солимгардонӣ  ва ҷамъиятӣ                                               — 102422 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

— телевизион ва радиошунавонӣ                         — 25168 ҳазор сомонӣ;

— Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       — 2564 ҳазор сомонӣ;

— илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг                     —  119 ҳазор сомонӣ;

— Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          — 3832 ҳазор сомонӣ;

— матбуоти даврӣ ва нашриёт                              — 4833 ҳазор сомонӣ;

— ташкилотҳои ҷамъиятӣ

дар соҳаи фарҳанг                                                               — 1808 ҳазор сомонӣ;

— мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг        — 100 ҳазор сомонӣ;

— дигар чорабиниҳо дар соҳаи фарҳанг              — 63998 ҳазор сомонӣ.

Комплекси сўзишворию энергетикӣ                 — 208345 ҳазор сомонӣ.

Хоҷагии қишлоқ ва моҳидорӣ                            — 109000 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

Вазорати мелиоратсия ва захираҳои

оби Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  — 22981 ҳазор сомонӣ;

— Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи

табиати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                       — 24500 ҳазор сомонӣ;

аз онҳо:

— барои хариди ѓаллаи тухмӣ                              — 1500 ҳазор сомонӣ;

— барои хариди картошкаи тухмӣ                       — 1500 ҳазор сомонӣ;

— чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ                            — 1800 ҳазор сомонӣ;

— барои дастгирии  боѓу токпарварӣ      — 1000 ҳазор сомонӣ;

— муассисаи давлатии мубориза бар

зидди малах ва дигар  ҳашаротҳои

хатарноки кишоварзӣ                                                        — 4500 ҳазор сомонӣ.

Истихроҷ ва коркарди маъданҳои

фоиданок, саноати истеҳсоли маъдан ва

сохтмон                                                                                — 22829 ҳазор сомонӣ.

Нақлиёт ва коммуникатсия                                 — 67403 ҳазор сомонӣ.

Вазоратҳо ва идораҳои машѓули

фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ                             — 11974 ҳазор сомонӣ.

Дигар чорабиниҳо                                                — 553555 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

— хизматрасонии ўҳдадориҳои қарзӣ                  — 91130 ҳазор сомонӣ.

аз онҳо:

а) пардохти фоизи қарзҳои берунӣ                    — 69130  ҳазор сомонӣ;

б) пардохти фоизи қарзҳои дохилӣ                    — 22000 ҳазор сомонӣ;

— хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ

намудани вазифаҳои пойтахт                                             — 6000 ҳазор сомонӣ;

— фонди хароҷоти пешбининашудаи

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      — 20000 ҳазор сомонӣ;

— хароҷоти дигаре, ки аз рўи соҳаҳои

иқтисодӣ гурўҳбандӣ нашудааст                                      — 436425 ҳазор сомонӣ.

аз онҳо:

— баргардонидани андоз аз арзиши

иловашуда                                                                                   — 18000  ҳазор сомонӣ;

— трансфертҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ дар

намуди маблаѓҳои мақсаднок (субвенсия)                           — 181619 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 15. Дар соли 2008 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ ба тариқи зайл сурат мегирад:

а) Хароҷоти ҷорӣ                                                       — 1533507 ҳазор сомонӣ.

Хароҷот барои молҳо ва

хизматрасониҳо                                                                  -1076918 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

— музди меҳнат ва хизматпулӣ                            — 297140 ҳазор сомонӣ;

— маблаѓҷудокунӣ ба буҷети суѓуртаи

иҷтимоӣ ва нафақа                                                             — 30102 ҳазор сомонӣ;

— дигар хариди молҳо ва

хизматрасониҳо                                                                  — 749676 ҳазор сомонӣ;

аз онҳо:

— пардохти хизматрасонии алоқа                         — 22776 ҳазор сомонӣ.

— пардохти хизматрасонии газ, барқ ва

дигар хизматрасонии коммуналӣ                                     — 17726 ҳазор сомонӣ;

— хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу

анҷом, дигар молҳо ва хизматрасонӣ                               — 709174 ҳазор сомонӣ;

Пардохти фоизҳо аз рўи қарзҳои

дохилӣ ва берунӣ                                                                — 91130 ҳазор сомонӣ.

Субсидияҳо ва дигар

трансфертҳои ҷорӣ                                                 — 365459 ҳазор сомонӣ.

аз ҷумла:

— субсидияҳо ба

ташкилотҳои давлатӣ                                             —  40773 ҳазор сомонӣ;

  • маблаѓе, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ дар

шакли маблаѓи мақсаднок дода мешавад                          — 187619 ҳазор сомонӣ;

— трансфертҳо ба аҳолӣ                             — 110775 ҳазор сомонӣ:

аз онҳо:

— таъминоти нафақавии сохторҳои

қудратӣ ва мақомоти дигари давлатӣ                                  52898 ҳазор сомонӣ;

— трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ  —  26292 ҳазор сомонӣ.

б)  Хароҷоти асосӣ                                                    — 538109 ҳазор сомонӣ:

аз ҷумла:

— хариди сармояи асосӣ                                        —  49434 ҳазор сомонӣ;

— маблаѓҳои асосии марказонидашуда     — 460000 ҳазор сомонӣ;

— хариди мол барои ташкили захираҳо   —  25000 ҳазор сомонӣ;

— трансфертҳои асосӣ                                            — 3675 ҳазор сомонӣ.

в) Қарздиҳӣ ва ёрдами яквақтаина ба

муҳоҷирон ва хизматчиёни давлатӣ мувофиқи

қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      — 5807 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 16. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 ба маблаѓи 60000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 17. Дар соли 2008 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблаѓҷудокунӣ барои суѓуртаи иҷтимоӣ, стипендияҳо, нафақаҳо, ёрдампулиҳо, ҷубронпулӣ барои истеъмоли қувваи барқ, газ ва хизматрасонии алоқа дохил карда мешаванд.

Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рўи моддаҳои алоҳидаи хароҷот, аз ҷумла хароҷоти хизматрасонии коммуналӣ дар ҳолати набудани қарздорӣ аз рўи онҳо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо метавонанд бо тартиби муқарраргардида дар маблаѓгузории моддаҳои хароҷот, ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда таѓйироти дахлдор ворид  намоянд.

Фонди музди меҳнат, нафақа, стипендия дар раванди иҷрои буҷет, сарфи назар аз ҳаҷми касри буҷет кам карда намешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 18. Маблаѓҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблаѓгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 10 фоизи маблаѓҳои махсус ҳар семоҳа ба даромади буҷетҳои дахлдор, ба истиснои маблаѓҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, инчунин  маблаѓҳои гранту  мададгорӣ (спонсорӣ), ки барои чорабиниҳои хусусияти ѓайритиҷоратидошта пешниҳод мегарданд, дохил карда мешаванд.

Ба Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки дар ҳолати аз ҳаҷми маблаѓҳои дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ё зиёд ворид гардидани маблаѓҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ таѓйироти дахлдор ворид намояд.

Моддаи 19. Дар соли 2008  40 фоизи  маблаѓи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Маблаѓи (60 фоизи) аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  андозбандӣ карда мешавад.

Моддаи 20. Дар соли 2008 маблаѓҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблаѓгузории фаъолияти онҳо равона карда мешаванд.

Моддаи 21. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.

Моддаи 22. (на барои нашр).

Моддаи 23. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати  қаторӣ ва роҳбарикунандаи  мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки  дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблаѓи фонди музди меҳнат, ки тибқи Қонуни  мазкур дар сметаи хароҷот барои ҳамин вазорату идораҳо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.

Моддаи 24. Пардохти роҳхат барои табобати санаторию фароѓатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблаѓе, ки дар сметаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсадҳо тасдиқ  шудаанд,  амалӣ карда мешавад.

Моддаи 25. Ҳаҷми маблаѓҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо ба маблаѓи 181619 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:

— Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон           —  41043 ҳазор сомонӣ;

— Вилояти Хатлон                                                    — 93941 ҳазор сомонӣ;

— шаҳри Ваҳдат                                                        — 2305 ҳазор сомонӣ;

— шаҳри Роѓун                                                          — 3726  ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи Варзоб                                                      — 1266 ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи Рашт                                                          — 7433 ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи Ҷиргатол                                                  —  5390 ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи  Нуробод                                                  —  5375 ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи Тавилдара                                                 —  3787 ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи Тоҷикобод                                                —  4833 ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи  Файзобод                                                 —  6198 ҳазор сомонӣ;

— ноҳияи  Шаҳринав                                               —  6322 ҳазор сомонӣ.

Маблаѓҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат, пардохтҳои ба он баробаркардашуда, маблаѓгузории асосӣ  ва дигар хароҷотҳо ҷудо карда шаванд.

Моддаи 26. Пули нақди гардони кассавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба        1 январи соли 2009 ба маблаѓи  40000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 27. Аз 1 январи соли 2008 тамоми амалиёти молиявии иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешавад, ба тариқи музднок амалӣ мегардад. Инчунин аз рўи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонк бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фоиз дода мешавад.

Моддаи 28. Аз 1 январи соли 2008 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи базаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи маблаѓи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо ва ҷаримаҳои  дар рафти корҳои назоратӣ ошкоргардида ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 фоизи хироҷҳои гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблаѓҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблаѓгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур  пешбинишуда  истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида  нисбати онҳо татбиқ намегардад.

Моддаи 29.  Аз 1 июли соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки барои ҳисобкунии андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад,  дар ҳаҷми 25 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Моддаи 30. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 аз рўи даромад ба маблаѓи 1836282 ҳазор сомонӣ, аз рўи хароҷот ба маблаѓи 1778795 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблаѓи 57487 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 барои пардохти ўҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблаѓи 94283 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 31. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2008 мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе таѓйири ҳаҷми касри буҷет таѓйирот ворид намояд.

Моддаи 32. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 14 ноябри соли 2007

№ 337

ШАРИКОН: