ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ с. 1999, №12, м. 296; с. 2004, №7, м. 451; с.2007, №5, м.361; с.2008, №10, м.797; с.2012, №8, м.811; 2014, №3, м.140; №7,қ.1,мод.382)

I.                  Қоидаҳои умумӣ

 

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ин Қонун танзим менамояд

Ин Қонун мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихобот, кафолатҳои он, тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд.

 

Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 2. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

 

Моддаи 3. Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита  бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди нисоб (квота) муқаррар карда намешавад.

Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

 

Моддаи 4. Ҳуқуқи умумии интихобот

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шаҳрвандоне таъин ва интихоб мешаванд, ки ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун ҷавобгў буда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 5 соли охир истиқомат дошта бошанд. (қҷт аз 15.07.04, №44) (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, сарфи назар аз вазъи иҷтимоию молумулкӣ, мансубияти сиёсӣ, нажодӣ ва миллӣ, ҷинс, забон, маълумот, мазҳаб ва шуғл ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шаҳрвандоне интихоб ва таъин мешаванд, ки ба синни дар  Конститутсия ва ин Қонун пешбинишуда расидаанд.

Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.

Шарту шароити интихоб нашудан ва бо статуси узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон  номувофиқ будани вазифаи ишғолкардаи шаҳрвандонро Конститутсия ва ҳамин Қонун муайян мекунад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Моддаи 5. Ҳуқуқи баробари интихобот

Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд .

 

Моддаи 6. Ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихобот

Вакилони халқ ба Маҷлиси намояндагон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллӣ интихоб мешаванд.

 

Моддаи 7. Овоздиҳии пинҳонӣ

Овоздиҳӣ дар интихоботи аъзои Мачлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси  намояндагон   пинҳонӣ мебошад. Мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон манъ аст.

 

Моддаи 8. Ошкорбаёнӣ ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон

Тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи комиссияҳои интихобот ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Комиссияҳои интихобот аз кори худ, аз ташкили ҳавзаҳои интихобот, участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою вақти кори комиссияҳои интихобот ба аҳолӣ хабар медиҳанд ва онҳоро бо рўйхати интихобкунандагон, феҳристи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштироккунанда шинос мекунанд, дар бораи номзадҳо , натиҷаи овоздиҳӣ ва интихобот маълумот медиҳанд.

Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд. (қҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 81. Мақом ва ваколатҳои нозирони миллӣ

Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳо ба вакилӣ, ки ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида нозирони миллиро таъин намоянд, ки онҳо дар рўзи интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ назоратро анҷом медиҳанд.

Нозирони миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

-бо рўйхати интихобкунандагон шинос шаванд;

-дар хонаи овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд;

-супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд;

ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;

ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро, дар шароите ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;

-бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи  натиҷаи интихобот шинос шаванд;

-аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;

ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.

Нозирони миллӣ ҳуқуқ надоранд:

-бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд;

-бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;

-бо хоҳиши интихобкунанда бюллетен пур кунанд;

-амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;

-бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;

-амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд.

 

Моддаи 82. Мақом ва ваколатҳои нозирони байналмилалӣ

Бо мақсади назорати интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро нозирони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.

Фаъолияти нозирони байналмилалӣ тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори байналмилалӣ танзим мегардад.

Нозирони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рўзи интихобот фиристода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба нозирони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба нозири байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки дар давраи омодагирӣ ва гузаронидани интихобот назоратро амалӣ намояд.

Нозирони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Нозирони байналмилалӣ фаъолияти худро мустақилона ва озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти онҳо аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.

Нозирони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд:

ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд, аз комиссияҳои интихобот иттилооти зарурӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои интихоботиро гиранд;

-бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида робита дошта бошанд;

-озодона дар ҳар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рўзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;

ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро, дар шароите ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;

-бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шаванд;

-ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд;

-баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагирӣ ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд;

-хулосаи худро оид ба назорати ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кунанд.

Нозирони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:

ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд;

-ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботиро паҳн намоянд;

-нисбати ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ ё тартиби гузаронидани интихобот афзалиятеро баён намоянд;

-аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд;

-дар хулосаи худ аз фактҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд;

-статуси худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи нозирони байналмилалӣ вайрон намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи нозирони байналмилалиро бекор менамояд.

Нозирони байналмилалӣ ўҳдадоранд:

-Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалиро риоя намоянд;

-бо худ дар бораи аккредитатсия ба сифати нозири байналмилалӣ шаҳодатномаи нозири байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд;

-вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор ва дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот анҷом диҳанд;

-ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд;

-хулосаҳои худро дар асоси назорат ва маводи воқеӣ таҳия намоянд. (қҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 9. Маблағгузории интихобот

Маблағ барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.

Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот иштирок мекунанд, хазинаи интихоботии худро барои маблағгузории интихобот таъсис медиҳанд. Маблағҳои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ дар суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шўъбаҳои он нигоҳ дошта мешаванд. Маблағҳои ин хазинаҳо танҳо барои гузаронидани интихобот истифода шуда, аз ҷониби номзад ва ҳизби сиёсӣ ихтиёрдорӣ карда мешаванд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шўъбаҳои он суратҳисобҳои муваққатии махсусро барои ташкили хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ дар асоси маълумоти хаттии комиссияи дахлдори интихобот мекушоянд. Аз ин маблағ фоида гирифта намешавад. Хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз маблағҳои зерин метавонанд ташкил карда шаванд:

-маблағҳое, ки барои ташвиқоти пеш аз интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихобот ҷудо карда мешаванд;

-маблағҳои шахсии номзад ба вакилӣ, ки он набояд аз 500 (панҷсад)  нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд; «қкҷт 06.10.08 №444»

-маблағи ҳизби сиёсӣ барои номзаде, ки ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатии интихобот пешбарӣ намудааст, набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад; «қкҷт 06.10.08 №444»

-маблағҳои хазинаи интихоботии ҳизби сиёсӣ, ки рўйхати номзадҳоро ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудааст, набояд аз 10000(даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд; «қкҷт 06.10.08 №444»

-маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

Маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 50 (панҷоҳ) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд. Маблағҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ барои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 100 (сад) ва барои ҳизби сиёсӣ набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд.  «қкҷт 06.10.08 №444»

Ҳадди ниҳоии хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ набояд аз 1500 (як ҳазору панҷсад) ва ҳизби сиёсӣ набояд аз 30 000 (сӣ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. «қкҷт 06.10.08 №444»

Ба таври хайрия маблағгузорӣ ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии зерин манъ аст:

-давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;

-шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 нарасидаанд;

-шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки саҳмияи хориҷӣ таъсис ёфтаанд;

-ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ;

-мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

-ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳое, ки саҳми давла    т дар онҳо аз сӣ фоиз зиёд мебошад;

қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

-ташкилотҳои динӣ ва эҳсонкорӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз ҷониби онҳо таъсис дода шудаанд;

-хайрияҳое, ки соҳибашон номаълум аст

Дар сурати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи пардохти маблағи хайрияро ба хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ надоранд ва ё маблағи хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз ҳадди муайяншудаи моддаи мазкур зиёд мебошад, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шўъбаҳои он дар асоси дархости комиссияи интихоботии дахлдор ўҳдадоранд ба комиссия оид ба ворид шудан ва харҷи маблағи хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ маълумот диҳанд.

Ҳамаи амалиёти молиявӣ аз хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ як рўз пеш аз рўзи интихобот қатъ мегардад.

Шакли ҳисоботи молиявии комиссияҳои интихобот оид ба маблағи воридшуда ва харҷшуда, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин ҳисоботи молиявии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсиро оид ба воридшавӣ ва харҷи маблағи хазинаи интихоботии онҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ на дертар аз 30 рўзи баъди интихобот маблағи истифоданашудаи аз буҷет ҷудошударо ба комиссияи дахлдори интихобот бармегардонанд. Маблағи истифоданашудаи хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ, ки аз ҳисоби худи номзад, ҳизби сиёсӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил ёфтаанд, мутаносибан ба онҳо баргардонида мешавад.

Назорат оид ба мувофиқи мақсад истифода намудани маблағе, ки ба комиссияҳои интихоботии дахлдор барои гузаронидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшавӣ, сарчашмаҳои баҳисобгирии дуруст ва истифодаи мақсадноки маблағи хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ наметавонанд маблағи дигарро, ба истиснои маблағҳои хазинаи номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ, барои гузаронидани интихобот истифода баранд. Агар номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ маблағи дигарро, ба истиснои маблағи хазинаи интихоботии вакил ва ҳизби сиёсӣ истифода баранд, комиссияи дахлдори интихобот қарори бақайдгирии номзад ба вакилӣ ва рўйхати номзадҳои аз ҷониби ҳизби сиёсӣ пешбаришударо бекор мекунад.

Истифодаи амвол ва маблағи давлатӣ, ки қонун пешбинӣ накардааст, манъ аст. (қкҷт аз 15.07.04, №44)

  1. II. Комиссияҳои интихобот

 

Моддаи 10. Системаи комиссияҳои интихобот

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд:

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

комиссияҳои  ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;

комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;

комиссияҳои участкавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон.

Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлатӣ вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатмӣ мебошад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Қарори комиссияҳои интихобот,ки хилофи Конститутсия, ин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон мебошанд ё берун аз доираи салоҳияташон қабул карда шудааст, аз тарафи комиссияи болоии интихобот ё суд бекор карда мешавад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Таъсис ва фаъолияти дигар сохторҳо (мақомот, ташкилотҳо), ки мақомоти интихоботиро иваз мекунанд ё пурра ё қисман вазифаи онҳоро анҷом медиҳанд, ё ба фаъолияти қонунии онҳо халал мерасонанд, ё ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо дахолат мекунанд, ё мақом, ё салоҳияти онҳоро ба зиммаи худ мегиранд, манъ аст. (қкҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 11. Таъсиси  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба системаи комиссияҳои интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, шахси ҳуқуқӣ ва мақоми доимоамалкунанда мебошад. Мўҳлати ваколати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 5 сол аст ва он ҳангоми интихоби ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қатъ мегардад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз Раис, муовин ва 13 нафар аъзо иборат аст.

Раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон дар давоми се рўзи баъди таъин шудани интихобот интихоб мекунад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар матбуоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳайат, суроға ва рақами телефонҳои худ маълумот чоп мекунад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дорои дастгоҳи корӣ мебошад.

Хароҷоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва дастгоҳи он аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ сурат мегирад. (қкҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 12. Ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дорои ваколатҳои зерин  мебошад:

1) дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои ин Қонун  назорат ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ  дастурҳо қабул ва тартиби татбиқи Қонуни мазкурро маънидод мекунад; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

2) ҳавзаҳои якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил мекунад ва ба онҳо ному рақам мегузорад;

3) комиссияҳои ҳавзавии интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил медиҳад ва доир ба қароргоҳи онҳо маълумот дарҷ мекунад;

4) кори комиссияҳои интихоботро ба роҳ мемонад, тартиби ба ҳайати онҳо даровардани тағйиротро муайян мекунад, агар қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи   аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хилофи ин Қонун бошанд, онҳоро мустақилона, ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор мекунад;

5) масъалаҳои ба ҳавзаи интихобот ҳамроҳ намудани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, ҳаллу фасл менамояд;

6) ба номзадҳои вакилони халқ барои иштирок карданашон дар маъракаи интихобот шароити баробар муҳайё мекунад;

7) маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим мекунад, бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва масъалаҳои дигари таъминоти моддию техникии интихоботро ҳаллу фасл менамояд;

8) шакли бюллетенҳои интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, рўйхати интихобкунандагон, протоколи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот, ҳуҷҷатҳои дигари интихобот, намунаи қуттиҳои интихобот ва мўҳри комиссияҳои интихобот, тартиби нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои интихоботро муқаррар мекунад;

9) бюллетенҳоро барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳамаи ҳавзаҳои интихобот  тайёр мекунад; (қкҷт аз 15.07.04, №44)

10) гузориши роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони ҳизбҳои сиёсиро аз рўи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

11) тартиби иштироки нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва маҳаллиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд; (қкҷт аз 15.07.04, №44)

12) рўйхати номзадҳоро аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидаанд ва намояндагони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад;

13) ба номзадҳое, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудаанд ва ба шахсони боэътимоди ҳизбҳои сиёсӣ шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад;

14) натиҷаи интихоботро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд, вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, дар матбуот оид ба ҷамъбасти интихобот ахборот ва рўйхати  аъзоёни интихобшудаи  Маҷлиси  миллӣ ва  вакилони Маҷлиси  намояндагонро чоп мекунад; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

15) масъалаҳои гузаронидани интихоботи такрории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро   ҳал мекунад;

16) интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллиро ба ҷои вакилони хориҷшуда таъин намуда, мегузаронад;

17) аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои интихобот муҳокима менамояд ва аз рўи онҳо қарорҳо қабул мекунад;

18) ба бойгониҳо супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихоботро таъмин менамояд;

19) мувофиқи ин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад.

 

Моддаи 13. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот

Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакили Маҷлиси намояндагон  инҳо мебошанд:

1) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ

2) комиссияи ҳавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ) оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот;

3) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси  намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот.

Комиссияҳои ҳавзавии интихоботи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ (шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо камаш ду моҳ пеш аз интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд. Ин комиссияҳо ҳамчун комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ амал мекунанд. Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ камаш ду моҳ пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 6 аъзо ташкил медиҳад.

Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихобот сурат мегирад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва комиссияи ҳавзавии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон

Комиссияи ҳавзавии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) иҷрои ин Қонунро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;

2) участкаҳои интихоботро ташкил менамояд, онҳоро рақамгузорӣ мекунад, комиссияҳои участкавии интихобот ташкил медиҳад ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;

3) ахбори мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлати, роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро аз рўи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

4) маблағро байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои участкавии интихоботро назорат мекунад ва масъалаҳои дигари дар ҳавзаҳои интихобот аз ҷиҳати моддию техникӣ таъмин кардани интихоботро ҳаллу фасл менамояд;

5) ба тартиб додани рўйихатҳои интихобкунандагон ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани он назорат мекунад;

6) ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон мусоидат менамояд;

7) дар маъракаи интихобот шароити баробари иштироки номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон  таъмин менамояд;

8) ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон (ба таври худпешбарӣ), ки ба вакилӣ номзад пешбарӣ кардаанд, кабул менамояд;

9) номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад, плакатҳои тарҷимаи ҳоли номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон нашр менамояд;

10) мулоқоти номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагонро бо интихобкунандагон ташкил мекунад;

11) ба комиссиҳои участкавии интихобот бюллетенҳои интихоботиро дастрас мекунад; (қҷт аз 15.07.04, №44)

12) натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мефиристад, ба вакили интихобшудаи Маҷлиси намояндагон шаҳодатнома медиҳад;

13) овоздиҳӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакилони хориҷшударо ташкил мекунад;

14) арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, аз рўи онҳо қарор қабул мекунад;

15) мувофиқи ин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот  оид ба  интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) ба иҷрои ин Қонун дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;

2) гузориши мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатиро аз рўи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

3) рўйхати вакилони интихобкунандаро тартиб медиҳад;

4) дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияву шаҳрҳо ва вилоятҳо иштирок мекунад;

5) ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ қабул менамояд;

6) матни бюллетени овоздиҳиро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ мувофиқи намунае, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, тасдиқ менамояд;

7) натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мефиристад, ба аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллӣ шаҳодатнома медиҳад;

8) арзу шикоятҳои дохилшударо баррасӣ намуда, аз рўи онҳо қарор қабул мекунад;

9) интихоботи такрориро оид ба интихоботи   аъзои Маҷлиси миллӣ  ташкил медиҳад;

10) мувофиқи ин Қонун ва дигар  санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 16. Ташкили комиссияҳои участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи  вакилони Маҷлиси  намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот камаш 45 рўз пеш аз интихобот дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, ҷонишини раис, котиби комиссия ташкил мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ҳайати комиссияи участкавии интихобот каму зиёд шуда метавонад.

Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд – намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 22 Қонуни конститутсионии мазкур ташкил карда шуда, вазифаи раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 17. Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот

Комиссияи участкавии интихобот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) рўйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;

2) интихобкунандагонро бо рўйхати интихобкунандагон шинос менамояд, аризаю шикоятҳоро оид ба саҳву хатоҳои рўйихат дида мебарояд ва масъалаи ба рўйихат даровардани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

3) аҳолиро аз  қароргоҳи комиссияи участкавии интихобот ва вақти кори он, инчунин аз рўзи интихобот ва ҷои овоздиҳӣ огоҳ мекунад;

4) бинои овоздиҳӣ ва қуттию таҷҳизоти дигари интихоботиро омода месозад;

5) овоздиҳиро дар рўзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд ;

6) шумораи овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;

7) арзу шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ намуда, аз рўи онҳо қарор қабул менамояд;

8) мувофиқи  ин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 18. Узвият дар комиссияҳои интихобот

Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад.

Узви комиссияро аз рўи аризааш оид ба даст кашидан аз ваколат ё дар сурати маҳрум гардидан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.

Мақоме, ки комиссияи интихоботро ташкил кардааст, ҳақ дорад узви комиссияро, ки талабҳои ин Қонунро риоя намекунад, ё вазифаҳояшро мунтазам ба ҷо намеорад, аз ваколатҳояш маҳрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссияи интихобот аз рўи тартиби муқаррарнамудаи ин Қонун таъин карда мешавад.

Номзадҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, судяҳо, прокурорҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони боэътимоди номзадҳо наметавонанд аъзои комиссияҳои интихобот бошанд. Шаҳрванде, ки  ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон  номзад пешбарӣ гардидааст ва узви комиссияи интихобот мебошад, аз лаҳзаи номзади аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданаш аз вазифаи дар комиссия доштааш озодгардида ҳисоб меёбад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Як шаҳрванд узви фақат як комиссияи интихобот шуда метавонад.

 

Моддаи 19. Ташкили кори комиссияҳои интихобот

Ҷаласаи комиссияи интихобот дар сурате босалоҳият шуморида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошад. Ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд.Қарори комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва аз нисф зиёди аъзои ҳузурдоштаи комиссия қабул мешавад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Узви комиссия, ки бо қарори комиссия розӣ нест, ҳақ дорад фикри махсуси худро хаттӣ баён кунад, ки он ба протоколи маҷлис замима карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози раиси  ҷаласа ҳалкунанда аст.

Мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияҳои интихобот дар иҷрои ваколатҳояшон ёрӣ расонанд, маълумоти барояшон зарурбударо дастраси онҳо кунанд.        Комиссияи интихобот ҳақ дорад, ки аз рўи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ба мансабдорон муроҷиат кунад ва онҳо ўҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссияи интихобот дар мўҳлати  на дертар аз се рўз ҷавоб диҳанд.

Раис, муовини раис, котиб ё дигар узви комиссияи интихобот бо қарори комиссия дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва ё хидматӣ метавонанд озод бошанд. Дар ин  сурат музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо  карда мешавад, пардохт мегардад.

Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот фаъолияти худро баъди интихоби   аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагон қатъ мекунанд.

 

Моддаи 20. Баррасии шикоятҳо аз хусуси қарори  комиссияҳои интихобот

Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо, шахсони боэътимод, нозирон ва интихобкунандагон ба комиссияҳои болоии интихобот ё ба суд аз хусуси қарорҳои комиссияҳои интихобот дар давоми даҳ рўзи пас аз қабул гардидани қарорҳо шикоят карда метавонанд. Аз хусуси қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рўзи баъд аз қабул шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят баъди расиданаш дар давоми се рўз ва агар то рўзи интихобот камтар аз шаш рўз монда бошад, бояд фавран баррасӣ карда шавад.

 

III.                     Ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот

 

Моддаи 21. Ташкили ҳавзаҳои интихобот

Барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд.

Дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ панҷ ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ, аз ҷумла якҳавзагӣ дар Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ як ҳавза ташкил карда мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии интихобот  оид ба интихоботи аъзоёни Маҷлиси миллӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо мувофиқан марказҳои вилоятҳо — шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва шаҳри Қўрғонтеппа мебошад, барои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе.

Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ ва барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рўйихаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешаванд.

 Меъёри шумораи интихобкунандагони ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳар як интихобот бо роҳи тақсими шумораи умумии интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумораи ҳавзаҳои ташкилёбандаи территориявии якмандата муайян карда мешавад. (қҷт аз 15.07.04, №44), (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Ҳавзаҳои интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъсис медиҳад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Ҳангоми ташкил намудани ҳавзаҳои интихобот талаботи зерин дар назар дошта мешавад:

1)  шумораи тақрибан баробари интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихобот бо 15 фоиз каму зиёдии шумораи интихобкунандагон, дар ноҳияҳои дурдаст бошад, то 20 фоиз иҷозат дода мешавад.

2) ҳавзаҳои интихобот ҳудуди ягонаро дар қаламрави Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Ташкили ҳавзаҳои интихобот аз ҳисоби маҳалҳои ба ҳам ҳамҳудуд набуда мумкин нест.

Дар сурати риояи талаботи дар бандҳои 1,2 зикршудаи ин модда, чун қоида тақсимоти маъмурию марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ рўйхати ҳавзаҳои интихоботро бо зикри ҳудуд ва шумораи интихобкунандагони онҳо ва қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии интихобот баъд аз панҷ   рўзи таъйини интихобот чоп мекунад.

 

Моддаи 22. Тартиб ва меъёри ташкили участкаҳои интихобот

Ба мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон ҳудуди ноҳия, шаҳр, ноҳияҳои тобеи шаҳрҳоро ба назар гирифта, участкаҳои интихобот ташкил карда мешаванд. Сарҳади участкаи интихобот набояд аз сарҳади ҳавзаи интихобот берун бошад.

Участкаҳои интихобот дар назди намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ воқеанд, дар санатория, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва муассисаҳои дигари доимии муолиҷавӣ, дар ҷои буду боши шаҳрвандон, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар, дар маҳалҳое, ки мутобиқи ҷои воқеъгаштаашон ба ҳавзаҳои интихоботӣ дохиланд, ташкил шуда метавонанд. Масъалаи ба ҳавзаи интихобот вобаста кардани участкаҳои интихоботро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳал мекунад.

Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо ташкил карда мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Участкаҳои интихобот дар давоми бисту панҷ  рўзи баъди таъйини интихобот ташкил карда мешаванд. Дар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ воқеанд, инчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар мўҳлати мазкур ва дар ҳолатҳои истисноӣ камаш даҳ рўз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот дар маҳалҳое, ки на камтар аз 20 нафар ва на зиёдтар аз 3000 нафар интихобкунандагон доранд, ташкил карда мешаванд.

Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рўз ҳар як участкаи интихоботро барои гузаронидани интихобот ройгон бо бино таъмин менамояд. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Комиссияи ҳавзавии интихобот, интихобкунандагонро аз ҳудуди ҳар участкаи интихобот хабардор карда, қароргоҳи комиссияи участкаи интихобот ва бинои овоздиҳиро зикр мекунад.

 

IV.                     Рўйхати интихобкунандагон

 

Моддаи 23. Рўйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

Рўйхати интихобкунандагон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳар участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо мегузоранд. Комиссияи участкавии интихобот барои тартиб додани рўйихат намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб карда метавонад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи интихобкунандагонро ба ҳисоб гирифта, ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагоне, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунанд, барои тартиб додани рўйхати интихобкунандагон маълумоти даркорӣ медиҳад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Барои дохил кардан ба рўйхати интихобкунандагон дар ҳавзаи муайяни интихобот далели  истиқомат дар ҳудуди ҳавзаи интихобот асос мебошад.

Рўйхати интихобкунандагон аз рўи алифбо ё тарзи дигар, ки барои овоздиҳӣ муносиб аст, тартиб дода мешавад.

Дар рўйхат насаб,ном ва номи падар  соли таваллуд (синни 18-сола бо иловаи рўзу моҳи таваллуд) ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Рўйхати интихобкунандагон камаш 15 рўз баъд аз ташкили комиссияҳои участкавии интихобот тартиб дода мешавад.

Рўйхати вакилони интихобкунандаро комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 рўз пеш аз интихобот тартиб дода, ба он раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

Рўйхати вакилони интихобкунанда аз рўи алифбо ё тарзи дигар тартиб дода шуда, дар он ному насаб, соли таваллуд, номи мақомоте, ки интихобкунанда вакили он мебошад ва суроғаи вакилии интихобкунанда нишон дода мешавад.

Ба рўйхати интихобкунандагон баъди саршавии ҳисобкунии овозҳо тағйирот даровардан манъ аст.

Рўйхати интихобкунандагоне, ки низомиёни қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои низомиён ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалли қисмҳои ҳарбӣ истиқомат доранд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи командирони қисмҳои ҳарбӣ тартиб дода мешавад. Низомиёне, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ истиқомат доранд, ба рўйхати интихобкунандагони маҳалли истиқомат дар асосҳои умумӣ дохил карда мешаванд.

Рўйхати интихобкунандагони участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ ташкил  шудаанд, дар асоси маълумотҳое тартиб дода мешавад, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод кардаанд.

 

Моддаи 24. Тартиби ба рўйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон

Ба рўйхати интихобкунандагон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рўзи интихобот 18-сола шудаанду ҳангоми тартиб додани рўйихат дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунанд ва ҳуқуқи интихоботӣ доранд, дохил карда мешаванд.

Интихобкунанда ба рўйхати интихобкунандагони фақат як участкаи интихобот дохил карда мешавад.

Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот истиқомат мекунаду бо ягон сабаб ба рўйихат дохил карда нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба он дохил карда мешавад.

Ба рўйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоботи Маҷлиси миллӣ вакилони мақомоти зерин дохил карда мешаванд:

  • вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо воқеъ буда, ҳамчунин вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон ва вилоятҳо; (қҷт аз 14.03.14, №1065)
  • вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъбуда ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;
  • вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 25. Бо рўйхати интихобкунандагон шиносонидани шаҳрвандон ва ҳуқуқи шикоят кардан аз хусуси  саҳву хатои рўйихат

Рўйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ понздаҳ рўз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, панҷ рўз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.

Рўйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ барои шиносоӣ тавассути воситаҳои ахбори маҳаллӣ ҳафт рўз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.

Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки бо рўйхати интихобкунандагон дар бинои комиссияи интихобот шинос шуда, дуруст тартиб дода шудани онро тафтиш кунанд.

Ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дода мешавад, ки аз хусуси ба рўйихат дохил намудан, нодуруст ба рўйихат дохил кардан ё аз руйихат баровардан, инчунин аз хусуси саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Комиссияи интихобот аризаро дар бораи  саҳву хатои рўйихат баррасӣ мекунад ва он вазифадор аст, ки аризаро дар давоми ду рўз ва дар арафа ва рўзи интихобот бошад, фавран дида баромада, ба рўйихат ислоҳоти зарурӣ дохил кунад ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро аз хусуси рад карда шудани аризааш супорад. Аз хусуси қарори комиссияи интихобот бо тартиби муқаррашуда ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи интихобот мувофиқи қарори суд ба рўйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.

 

Моддаи 26. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар вақти дигар кардани маҳалли зист

Агар интихобкунанда дар давраи барои шиносоии умумӣ пешниҳод кардани рўйхати интихобкунандагон ва то рўзи интихобот имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад (дар сафари хизматӣ, табобатгоҳ рафтан ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти вайро тасдиқ мекунад, аз комиссияи ҳавзаи интихобот бюллетени интихоботро талаб намояд, нисбати номзад иродаи худро изҳор  кунад,  лифофаи сарбастаро  ба комиссияи интихобот  супорад. Комиссияи интихобот инро дар рўйхати интихобкунандагон бо зикри сана қайд мекунад. Лифофаи сарбаста дар ҳузури интихобкунанда мўҳр карда мешавад. Комиссияи интихобот барои сариштаи лифофа масъул аст.

 

I.     Пешбарӣ, бақайдгирӣ ва кафолатҳои фаъолияти номзадҳо

 

Моддаи 27. Таъини интихоботи аъзои  Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагон

Интихоботи  вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рўз пеш аз ба охир расидани ваколатҳои аъзои Маҷлиси Олии даъвати қаблӣ таъин карда мешавад. Интихоботи Маҷлиси миллӣ 25 рўз баъд  аз интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад.

Дар сурати пеш аз мўҳлат парокандашавии Маҷлиси Олӣ дар мавридҳои пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 80 рўзи баъди парокандашавӣ интихоботро ба Маҷлиси Олӣ таъйин мекунад.

Дар бораи рўзи интихобот дар мўҳлати се рўз баъд аз таъини он тавассути матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ хабар дода мешавад.

Амал ё даъвате, ки барои вайрон кардан, бекор намудан ё ба вақти дигар гузаронидани интихобот, фаъолият ва расмиёти интихоботии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун равона шудааст, манъ аст. (қҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 28. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон

Вакили Маҷлиси намояндагон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки ба синни 25 солагӣ расида, ҳадди ақал панҷ соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби таҳсилоти олӣ буда, забони давлатиро донад. (қҷт аз 15.07.04, №44); (қҷт. 01.08.2012, №896)

Маҷлиси  намояндагон аз 63 вакил иборат аст:

— 65 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (41 нафар) аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд;

— 35 фоизи вакилони Маҷлиси  намояндагон (22 нафар) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан ба шумораи овозҳое,ки ба рўйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодгардида дода шудаанд, интихоб карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Интихобот ва таъин намудани аъзои Маҷлиси  миллӣ

Аъзои Маҷлиси миллӣ ба мўҳлати 5 сол  интихоб ва таъин карда мешаванд.

Маҷлиси миллӣ  иборат аст аз 25 нафар аъзо, ки онҳо дар асоси намояндагии манфиатҳои  минтақавӣ интихоб мешаванд, аз президентҳои собиқ, агар онҳо аз ин ҳуқуқашон даст накашида бошанд ва 8 нафар аъзои дигар, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мўҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ таъйин мекунад.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ (25 нафар)  дар асоси намояндагии манфиатҳои ҳудудҳо аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд. Аъзоёни мазкур бо шумораи баробар -5 нафарӣ аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, аз ҳар як вилоят, шаҳри Душанбе ва аз  шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ  якҷоя интихоб мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  узви якумраи Маҷлиси миллӣ   мебошад , агар ў аз  истифодаи ин ҳақ даст накашад.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 нафар) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ва таъйин мешавад, ки ба синни 35-солагӣ расидааст, соҳиби таҳсилоти олӣ буда, забони давлатиро донад ва ҳадди ақал ҳафт соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. (қҷт аз 15.07.04, №44); (қҷт. 01.08.2012, №896)

Аъзои Маҷлиси миллӣ, ки аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд, бояд дар ҳудуди ҳавзаҳои дахлдор истиқомати доимӣ дошта бошанд.   (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 30. Ҳуқуқи пешбарии номзадҳо

Барои пешбарӣ намудани номзадҳои вакилони  Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд.

Ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд шахсонеро ҳам, ки аъзои ҳизбҳои сиёсӣ намебошанд, номзад пешниҳод кунанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ба шарте номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карда метавонанд, агар онҳо ба тартиби муқарраркардаи қонун то рўзи таъини интихобот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд ва дар бораи сарчашмаи даромадашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.

Ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ба аъзогии Маҷлиси миллӣ Маҷлисҳои  вакилони халқи шаҳрҳо  ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон ва вилоятҳо доранд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

 

 

Моддаи 31. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси намояндагон

Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси  намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот 60 рўз пеш аз интихобот, аз рўи рўйхати номзадҳо бошад, баъд аз таъйини интихобот сар шуда, 45 рўз пеш аз интихобот тамом мешавад.

Пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи мақомоти шаҳрӣ (ба истиснои мақоми ҳизбии шаҳри Душанбе), ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар пленумҳои (конференцияи) онҳо бо зикри ҳавзаи интихоботӣ, ки номзадашон пешбарӣ мешавад, сурат мегирад.

Дар ин пленуми (конференцияи) ҳизбҳои сиёсӣ аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот ҳуқуқ доранд иштирок намоянд.

Мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳар як ҳавзаи интихоботие, ки дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия воқеъ гардидааст, як номзадӣ пешбарӣ мекунанд. Қарор дар бораи пешбарии номзад ба таври пинҳонӣ қабул карда мешавад.

Дар мавриде, ки ҳудуди ҳавзаи интихобот қаламрави ду ва зиёда ноҳия ва шаҳрро дарбар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳавза дар пленумҳои (конференцияҳои) якҷояи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб сурат мегирад. Дар ин ҳолат ба ин ҳавза як номзад пешбарӣ карда мешавад.

Тартиби пешбарӣ кардани номзади вакили Маҷлиси намояндагонро ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар мекунад. Дар бораи пешбарии номзади вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби сиёсӣ қарор қабул мегардад ва протокол тартиб дода мешаванд. Дар қарор инҳо сабт мегарданд: номи қарор ва мақом, сана, ҷой, ном ва рақами ҳавзаи интихоботӣ, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва мўҳр. Протокол масоили зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, ном ва рақами ҳавзаи интихоботӣ, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳӣ, натиҷаи овоздиҳӣ, матни қарори қабулшуда, имзои раисикунанда ва котиби маҷлис, мўҳр. Дар бораи қарори қабулшудаи ҳизби сиёсӣ ба номзади вакили Маҷлиси намояндагон камаш дар давоми ду рўз хабар медиҳад.

Рўйхати номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ дар анҷумани (конференсияҳои) онҳо пешбарӣ карда мешавад.

Рўйхати номзадҳо ва тартиби чобаҷокунии номзадҳоро дар рўӣхат ҳизби сиёсӣ муайян мекунад. Рўйхати номзадҳо ва тартиби ҷобаҷокунии номзадҳо дар рўйихат баъд аз пешниҳод намудани он ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тағйир дода намешавад, ба истиснои холатҳои хориҷ шудани номзад аз рўйихат.

Шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рўйихат пешниҳод мешаванд, набояд аз 45 фоизи миқдори умумии вакилони Маҷлиси намояндагон зиёд бошад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Рўйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодшуда, протокол ва қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёсӣ, ки дар он рўйхати номзадҳо пешбарӣ шудаанд, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карда мешавад. Дар қарор инҳо сабт мешаванд: номи мақом ва қарор, сана ва ҷой, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва мўҳр. Рўйхати номзадҳои пешбаришуда ба қарор замима мегардад. Протокол масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳӣ, натиҷаи овоздиҳӣ, матни қарори қабулшуда, имзои раисикунанда, котиби маҷлис ва мўҳр.

Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизби сиёсиро дида баромада, ба ҳизби сиёсӣ дар муддати панҷ рўзи корӣ нусхаи рўихати тасдиқкардаашро ва ё қарори асосноки худро дар бораи рад кардани тасдиқи рўйхати мазкур медиҳад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Дар мавриди тасдиқ накардани рўйхати номзадҳо ҳизби сиёсӣ метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд ва Суди Олӣ ўҳдадор аст, ки дар муддати на дертар аз 6 рўз шикоятро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсӣ рўихати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот  аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ иштироккунандаро дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд.

Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбарӣ бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба овоз мондани  номзадии ў сурат мегирад. Номзад бояд барои тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ин ҳавзаро ҷамъ намояд. Ҳар интихобкунанда бояд ба тарафдории фақат як номзад аз ҳавзаи маҳали истиқомати худ имзо гузорад.  Дар варақаҳои имзогузорӣ насаб, ном ва номи падари номзад ва шахси ташаббускори номзад, ҷои истиқомат, серия ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти шахси ташаббускорро тасдиқ мекунад, рақамҳои тартибӣ, фамилия, ном, насаб, рўз, моҳ ва соли таваллуд, шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти имзогузорандаро тасдиқ мекунад, серия ва рақами он ҳуҷҷат,ҷои истиқомат, имзои шахси имзогузоранда ва таърихи имзои варақа сабт мегарданд. Намунаи варақаи имзогузориро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 32. Тартиби пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ

Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ даҳ рўз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон оғоз ёфта, 7  рўз пеш аз интихоботи Маҷлиси миллӣ ба охир мерасад.

Номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо  ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе,Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон ва вилоятҳо дар сурати мавҷуд будани кворум пешбарӣ карда мешаванд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба таври пинҳонӣ қабул карда шуда,  дар давоми 3 рўз ба номзад хабар дода мешавад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Мақомоти намояндагии маҳалии ҳокимияти давлатӣ  метавонанд танҳо як номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбарӣ кунанд. Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ   шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он метавонанд на зиёда аз ду номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбарӣ кунанд. Зимнан якчанд мақомоти  намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд як номзадро пешбарӣ намоянд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Дар ҳолати пешбарӣ нашудани ягон номзад ё аз шумораи муқарраргардида камтар будани шумораи номзадҳои пешбаришуда ва ё то ба қайд гирифтани номзадҳои пешбаришуда онҳо номзадии худро гирифтаанд, ё хориҷ гардидаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот бо қарори худ мўҳлати пешбарии номзадҳоро на зиёдтар аз 30 рўз дароз менамояд.

 

Моддаи 321. Гарави интихоботӣ

Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз бақайдгирӣ ва баъд аз муайян намудани мувофиқати ў ба талаботи Конститутсия ва Қонуни мазкур аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба миқдори 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад. «қкҷт 06.10.08 №444» (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад.

Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1086)

Ҳизбҳои сиёсие, ки рўйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, баъд аз санҷиши мувофиқ будани номзадҳо ба талаботи Конститутсия ва Қонуни мазкур аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз маблағи худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мутаносибан ба ҳар номзади пешниҳодшуда 100(сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупоранд. Гарави интихоботӣ дар сурати аз тарафи ҳизби сиёсӣ гирифтани на камтар аз панҷ фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда ба ҳизби сиёсӣ баргардонида мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар гарави интихоботии ҳизби сиёсӣ баргардонида намешавад ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад. (қкҷт аз 15.07.04, №44); «қкҷт 06.10.08 №444» (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 33. Шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси  намояндагон номзад шуданро надоранд

Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилониМаҷлиси  намояндагон номзад шуданро надоранд:

— шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Қонун  ҷавоб дода наметавонанд;

— шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ мебошанд;

хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар кўшуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо Қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон». (қҷт 12.05.07 №256)

— ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳангоми дар вазифа буданашон;

— шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд новобаста аз гузаштани мўҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон;

— шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст ;

— шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои  ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи органҳои таҳқиқу тафтишот гумонбар шудаанд ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муқовимати сиёсию низомӣ, ки шомили авф гардидаанд.

Моддаи 34. Талаботе, ки нисбати номзадҳо пешниҳод  мешаванд

Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад.

Вакили Маҷлиси  намояндагон наметавонад дар як вақт вакили мақомоти намояндагии маҳалии ҳокимияти давлатӣ  ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар як вақт вакили  зиёда аз ду мақоми намояндагии ҳокимият буда наметавонад.

Аъзои  ҳукумат, судяҳо, Прокурори генералӣ, муовинони   ў, прокурорҳо ва дигар шахсони мансабдори мақомоти прокуратура, муовинони вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони консернҳо компанияҳо, ассосиацияҳо ва корпоратсияҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва муовинони онҳо, ҳамчунин роҳбарон ва шахсони мансабдори бонкҳо, дар як вақт аъзои Маҷлиси миллӣ буда наметавонанд ва ба шарте номзад ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ аз хусуси баъди аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд.

 

Моддаи 35. Бақайдгирии номзадҳо

Барои бақайдгирии номзадҳо (рўйхати номзадҳо) ба комиссияи интихобот санадҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) протокол бо қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёсӣ, пленуми (конференсияи) мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар бораи пешниҳоди номзад  (рўйхати номзадҳо); қарори мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи пешниҳоди номзад; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

2) аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздиҳӣ мондани номзадии худ; дар ариза бояд ўҳдадории номзад оид ба қатъи фаъолияти худ дар сурате, ки он бо мандати вакилӣ номувофиқ бошад, зикр гардад;

3) маълумот оид ба тарҷимаи ҳоли номзадҳо бо зикри ному насаб, санаи таваллуд, ҷои кор, мансаби ишғолкардааш (машғулият) ва маҳалли зист;

4)  маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади номзад;

5) маълумот дар бораи амволе, ки ба моликияти номзад  мансуб аст. (қкҷт аз 15.07.04, №44)

6) маълумоти тиббӣ дар бораи солимии рўҳӣ;

7) ҳуҷҷат дар бораи гарави интихоботӣ;

8) маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудан, маҳкум нашудан ва доғи судӣ надоштан. Маълумоти мазкур бо талаби комиссияи ҳавзавии интихобот аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод мегардад. (қкҷт аз 15.07.04, №44)

Пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ нашудааст, талаб намудан манъ аст. (қкҷт аз 15.07.04, №44)

Маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромади шаҳрванде, ки номзад мебошад дар намуди нусхаи декларатсия дар бораи даромади яксолаи пеш аз соли таъин шудани интихобот (бо қайди мақомоти андоз) пешниҳод карда мешавад.

Агар шаҳрванди номзад буда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозҳо ва хироҷҳо барои пешниҳод кардани декларатсия дар бораи даромад ўҳдадор набошад, оиди ҳаҷми умумии даромад дар як соли пеш аз таъин шудани интихобот аз ташкилоте, ки даромад гирифтааст, маълумотнома пешниҳод менамояд.

Маълумотнома дар бораи амволе, ки ба ҳуқуқи моликияти номзад мансуб аст, ба шакли муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати худпешбарии номзад барои ба қайдгирӣ санадҳои дар бандҳои 3 ,4,5,6 ҳамин модда зикршуда, ҳамчунин аризаи номзад оид ба розигии вай дар бораи ба овоздиҳӣ мондани номзадии ў якҷоя бо варақаҳои имзогирӣ пешниҳод карда мешаванд.

Комиссияи дахлдори интихобот дурустии имзоҳои интихобкунандагонро, ки ба тарафдории номзад ҷамъ карда шудаанд, месанҷад. Тамоми варақаҳо ё як қисми онҳо, ки интихобан гирифта шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуда метавонад.

Дар сурати ошкор шудани нодурустии имзоҳо, ки боиси аз 500 кам шудани шумораи имзоҳои ҷамъовардашуда мегардад ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст оид ба даромадҳо ва ё амволе, ки ба моликияти номзад мансуб аст, бақайдгирии номзад рад карда мешавад. (қкҷт аз 15.07.04, №44) (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Комиссияи дахлдори интихобот ба талаботи ин Қонун мувофиқат доштани тартиби пешбарии номзадро санҷида, ўро ба қайд мегирад ё дар бораи рад намудани бақайдгирӣ қарори асоснок мебарорад.

Номзад фақат дар як ҳавзаи интихобот ба қайд гирифта мешавад. Як номзад фақат ба як рўйхати номзадҳо дохил карда мешавад. Ин қоида нисбати номзаде, ки аз тарафи ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаи якмандатӣ ва ё рўйхати номзадҳо дохил карда шудааст, татбиқ намегардад.

Ҳангоми бақайдгирии номзад, ки аз тарафи ҳизби сиёсӣ пешбарӣ шудааст, дар қарори дахлдори комиссияи интихобот факти пешбарӣ гардидани он аз ҷониби ҳизби сиёсӣ қайд карда мешавад.

Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад (рўйхати номзадҳо) комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарўз ба номзад, ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ диҳад.

Маълумот дар бораи номзадҳои бақайдгирифташуда аз рўзи бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карда мешавад.

Комиссияи дахлдори интихобот дар давоми як ҳафтаи баъди бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ дар матбуот оид ба қайд гирифта шудани онҳо бо зикри насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҳизбият, мансаб (шуғл), чои кор ва маҳалли зисти ҳар номзад ахборот чоп мекунад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз рўзи ҳафтуми ба қайдгирии рўйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ  рўйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро дар матбуот  чоп мекунад.

Комиссияи дахлдори интихобот дар давоми се рўз баъди бақайдгирӣ ба номзад шаҳодатномаи дахлдори номзадиро бо зикри ҳавзаи интихоботӣ ва санаи бақайдгирӣ месупорад.

Бақайдгирии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон 45 рўз пеш аз интихобот сар шуда, 20 рўз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Бақайдгирии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар давоми се рўз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 4 рўз   пеш аз интихобот ба охир мерасад.

 

 

Моддаи 36. Бекор кардани қарори пешбарии номзад. Номзадии худро пас гирифтани номзад

Мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзад пешбарӣ кардааст, ҳуқуқ дорад ҳар вақт пеш аз интихобот қарори худро дар бораи  пешбарии номзад бекор кунад. Аз рўи ин масъала қарор ба тартибе, ки барои пешбарии номзад пешбинӣ шудааст, қабул карда шуда, ба комиссияи дахлдори интихобот пешниҳод мегардад. Ин номзадро комиссияи ҳавзавии интихобот аз статуси номзадӣ маҳрум месозад Номзад метавонад дар мўҳлати на дертар аз 7 рўз то рўзи интихобот ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот ариза навишта, номзадиашро пас гирад. Комиссияи ҳавзавии интихобот, ки номзадро ба қайд гирифтааст, дар бораи бекор кардани қарори пешбарии номзад ё номзадиашро пас гирифтани номзад ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба аҳолии ҳавзаи интихобот, мақоми ҳизби сиёсӣ, ки номзадро пешбарӣ кардааст, хабар  медиҳад.(қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

 

 

Моддаи 37. Статуси номзадҳо

Ҳамаи номзадҳо дорои ҳуқуқӣ баробар ва ўҳдадориҳои баробар мебошанд.

Маъмурияти корхона, муассисаю ташкилот, ки дар онҳо номзадҳои ба қайд гирифташуда кор мекунанд, аз рўзи ба қайдгирии номзад аз тарафи комиссияи дахлдори интихобот то рўзи эълони расмии натиҷаи умумии интихобот ўҳдадоранд дар асоси аризаи номзад ўро аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар вақт ва дар ҳар рўз дар давоми ин мўҳлат бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби ташкилот , муассисаю корхона новобоста аз шакли моликият, озод намоянд.

Дар вақти гузаронидани интихобот номзади ба қайдгирифташударо бо ташаббуси маъмурият (корфармо) аз кор (вазифа) озод кардан мумкин нест ё бе розигиаш ўро ба дигар кор (вазифа) гузаронидан мумкин нест.

Вақти иштироки номзади ба қайдгирифташуда дар интихобот ба собиқаи кори номзад дохил карда мешавад.

Номзади ба қайд гирифташударо бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҳабс ё ҷазои маъмурӣ, ки аз тарафи суд таъин карда мешавад, қарор додан мумкин нест, ба  истиснои дастгир шудани ў ҳангоми содир намудани ҷиноят.

Номзадҳо аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи интихобот дар асосҳои баробар иштирок мекунанд, дар гузаронидани маҷлисҳои пеш аз интихобот ва маҷлисҳои дигар, истифодаи имконияти воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион ҳуқуқи баробар доранд.

Номзад метавонад бо барномаи фаъолияти ояндаи худ баромад кунад. Барномаи номзад набояд хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Аз тарафи номзад вайрон намудани талаботи пешбиникардаи  ин модда боиси бекор карда шудани қарори комиссияи интихобот дар бораи бақайдгирии номзад  мегардад.

 

Моддаи 38. Шахсони боэътимоди номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ

Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рўйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ҳуқуқ доранд шахсони боэътимод дошта бошанд.

Бақайдгирии шахсони боэътимод аз тарафи комиссияи интихобот, ки номзадро (рўйхати номзадҳоро) ба қайд гирифтааст, дар асоси аризаи хаттии номзад, пешниҳоди ҳизби сиёсӣ ва аризаи шаҳрванд барои розигиаш дар бораи шахси боэътимод шудан сурат мегирад. Комиссияи интихобот ба шахси боэътимод дар муддати се рўз шаҳодатнома медиҳад. (қкҷт аз 15.07.04, №44)

Номзадҳо метавонанд то 5 нафар шахсони боэътимод ва ҳизбҳои сиёсие, ки рўйхати  номзадҳоро пешниҳод намудаанд, то 5 нафар шахсони боэътимод барои ҳар як номзад дошта бошанд. Аъзоёни комиссияҳои интихобот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд шахсони боэътимод бошанд.

Шахсони боэътимод дар доираи ваколатҳое, ки номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ додаанд, амал мекунанд.

Шахсони боэътимод  ҳуқуқ доранд:

— бо ҳар шаклу усули қонунӣ барои интихоб шудани номзад (рўйхати номзадҳо) ташвиқот ва фаъолияти дигарро иҷро намуда, барномаи пешазинтихоботии номзадро таблиғ кунанд;

— дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, вохўрӣ бо интихобкунандагон баромад кунанд ва дар баҳсу мунозираҳои пешазинтихоботӣ иштирок  намоянд;

— барои гузаронидани маҷлисҳои пешазинхоботӣ ва вохўриҳо бо интихобкунандагон аз кўмаки мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  истифода баранд; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

-дар маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ иштирок кунанд;

— дар участкаҳои интихоботӣ ҳангоми гузаронидани овоздиҳӣ, ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон ва ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд;

-бо ҳуҷҷатҳои комиссияҳои интихобот, ҳамчунин протоколҳои ҷамъбасти овоздиҳӣ ва натиҷаҳои интихобот шинос шаванд;

— аз қарору амалҳои комиссияи интихобот шикоят кунанд ва дар баррасии шикояту аризаҳо иштирок  намоянд.

Шахсони боэътимоди номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба кори комиссияҳои интихоботӣ мудохила намоянд.

Номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд дар ҳар вақт шахсони боэътимоди худро бозхонанд ва дар ин бора ба комиссияи интихобот хабар диҳанд.

Комиссияи интихобот шаҳодатномаи ба шахсони боэътимод додаашро  дар сурати талаботи ин Қонунро вайрон кардани онҳо бекор мекунад.

Ваколати шахсони боэътимод якҷоя бо аз байн рафтани статуси номзадҳои бақайдгирифташудае, ки шахсони боэътимодро таъин кардаанд ё бозхондани рўйхати номзадҳо ва ё аз интихобот даст кашидани ҳизбҳои сиёсӣ қатъ мегардад.

 

Моддаи 39. Гузаронидани ташвиқоти пеш аз интихобот

Давлат ба шаҳрвандон , номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар вақти гузаронидани интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро мувофиқи ин Қонун таъмин менамояд.

Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёсӣ, корӣ, шахсии онҳо, ҳамчунин барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро муҳокима намоянд, ба  тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо  ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд.

Комиссияи интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани ин вохўриҳо мусоидат мекунанд, биноҳо ҷудо менамоянд, аз вақту маҳалли вохўриҳо пешакӣ хабар медиҳанд ва дигар чорабиниҳои заруриро амалӣ мекунанд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд дар вохўрии номзадҳо бо интихобкунандагон раисӣ кунанд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Ташвиқот дар вақти гузаронидани интихобот бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

— аз тариқи воситаҳои ахбори омма;

— гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохўриҳо бо шаҳрвандон; ташкили баҳсу мунозираҳо);

— нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ;

— бо дигар шаклҳое, ки ин Қонун муқаррар намудааст.

Номзад, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд мустақилона шаклҳо ва хусусияти ташвиқоти худро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоянд.Дар ташвиқоти пеш аз интихобот аъзоёни комиссияҳои интихобот, ташкилотҳои динӣ, судяҳо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда наметавонанд.

Дар ташвиқоти пеш аз интихобот иштироки давлатҳои хориҷӣ, ташкилот ва шаҳрвандони онҳо, шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, созмонҳо ва ҳаракатҳои байналхалқӣ мумкин нест.

Хабарнигорон, дигар кормандони эҷодӣ, ҳамчунин шахсони мансабдори идораҳои воситаҳои ахбори омма, ки онҳо номзад ва ё шахсони боэътимод мебошанд, наметавонанд дар инъикоси ҷараёни интихобот аз тариқи ин воситаҳои ахбори омма иштирок намоянд. Ин қоида ба баромадҳои ташвиқотии шахсони мазкур дар мавриди бепул истифода намудани каналҳои радиотелевизионии давлатӣ ва маҳаллӣ аз  тарафи номзад дахл надорад.

Ҳангоми нашри натиҷаи пурсиши афкори ҷамъиятии вобаста ба интихобот воситаҳои ахбори омма вазифадор ҳастанд  ташкилотеро, ки  пурсиш гузаронидааст, вақт ва ҷой, шумораи пурсидашудагон, тарзу усули ҷамъоварии маълумот, баёни дақиқи савол, арзёбии омории саҳву хатоҳои эҳтимолиро нишон диҳанд.

Ташвиқоти пешазинтихобот аз рўзи бақайдгирии номзад (рўйхати номзадҳо) оғоз гардида, як шабонарўз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

Дар давоми панҷ рўзи пеш аз овоздиҳӣ, ҳамчунин дар рўзи овоздиҳӣ дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани натиҷаи пурсиши афкори умум, пешгўиҳои натиҷаи интихобот ва дигар тадқиқотҳои вобаста ба интихобот мумкин нест.

 Ҳар як номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандата барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 20 дақиқа, ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа вақти эфир ҳуқуқ дорад. (қҷт аз 15.07.04, №44) (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Комиссияҳои интихобот ба тартиби муқарраршуда ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихобот назорат мекунанд.

Дар вақти бурдани ташвиқот истифодаи методҳои маҷбуркунии рўҳӣ, ҷисмонӣ, динӣ  ба суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ташвиқоте, ки ҳисси бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллиро бедор мекунанд, ба ғасби ҳокимият, зўран тағйир додани сохти конститутсионӣ, вайронкунии тамомияти кишвар  даъват менамояд, ташвиқоти ҷанг ва дигар шаклҳои суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ки қонунҳои Тоҷикистон манъ кардаанд, иҷозат дода намешавад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Воситаҳои ахбори омма, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ иштирок менамоянд, ҳақ надоранд ба нашри ахбороте, ки шаъну шараф ва обрўю эътибори кории номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд.

Вайрон намудани талаботи дар ин  модда пешбинишуда барои бекор кардани қарор оид ба бақайдгирии номзад (рўйхати номзадҳо) асос мешавад.

 

  1. VI. Ташкил ва тартиби овоздиҳӣ

 

Моддаи 40. Бинои овоздиҳӣ

Биноҳо барои овоздиҳӣ дар интихобот ба Маҷлиси намояндагон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ба ихтиёри комиссияҳои участкавии интихобот бе музд дода мешавад.

Биноҳо барои овоздиҳӣ дар интихоботи Маҷлиси миллӣ биноҳое мебошанд, ки дар онҷо ҷаласаҳои мақомоти дахлдори намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ гузаронида мешаванд. Ин биноҳо бояд ҳатман дар ҳудуди ҳамон шаҳрҳое ҷойгир бошанд, ки дар он ҷо қароргоҳи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ воқеъ гардидааст . (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Дар биноҳои овоздиҳӣ ҳуҷраҳо ва дигар ҷойи махсус таҷҳизонидашуда барои овоздиҳии пинҳонӣ омода карда мешаванд.  Қуттиҳои интихоботӣ бояд дар ҷои намоён ва дастрас барои аъзои комиссия ва нозирон тавре гузошта шаванд, ки овоздиҳандагон ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷраҳо ё хонаҳои овоздиҳии пинҳонӣ гузашта раванд; (қҷт аз 15.07.04, №44)

Дар рўзи интихобот дар дохили хонаи овоздиҳӣ ҳузури шахсони мусаллаҳ ва либоси низомидошта, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ба истиснои ҳолатҳои барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ, манъ аст. (қҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 41. Бюллетени интихобот

Бюллетенҳои интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ чоп мекунад ва онҳо бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Барои гузаронидани интихобот интихобкунанда бюллетени интихоботро мегирад, ки он ҳуҷҷати махсуси ҳисоботӣ мебошад. Шумораи бюллетени интихобот бояд ба шумораи интихобкунандагони ба қайд гирифташуда мувофиқат кунад, ки онҳо бояд дар ҳузури аъзои комиссияи участкавии интихобот ҳисоб карда, санҷида ва ба протокол то оғози овоздиҳӣ ҳамроҳ карда шаванд. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Ба бюллетени интихобот ба тартиби алифбо  ному насаб, соли таваллуд, мансаб (шуғл), ҷои кор ва истиқомати номзади ба қайд гирифташуда зикр гардида, ҳамчунин маълумот дар бораи аз тарафи кӣ пешниҳод шудани номзад навишта мешавад.

Дар сурати гузаронидани интихобот аз рўи рўйхати номзадҳо ба бюллетени интихобот номҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз рўи алифбои тоҷикӣ навишта мешавад.

Дар бюллетенҳои интихобот баъд аз рўйхати номзадҳо ва рўйхати ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқан сатри алоҳида бо ифодаи «муқобили ҳамаи номзадҳо» ва «муқобили ҳамаи рўйхати ҳизбҳои сиёсӣ» дарҷ карда мешавад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Бюллетенҳои интихоботӣ барои Маҷлиси намояндагон на дертар аз даҳ рўз ва барои Маҷлиси миллӣ бошад на дертар аз се рўз  то интихобот ба забони давлатӣ ва забоне нашр карда мешаванд, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихобот ба он гап мезананд.

Комиссияҳои интихобот бюллетенҳои интихоботро бо акт месупоранд.

Ба комиссияи дахлдори интихобот бюллетенҳои интихобот на дертар аз ҳафт рўз ва ба комиссияи участкавии интихобот на дертар аз ду рўз то интихобот супорида мешаванд.

Барои дуруст супоридани бюллетенҳои интихобот раиси комиссияи интихобот масъул мебошад.

Дар ҳолати хориҷ гардидани баъзе аз номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ баъд аз тайёр кардани бюллетенҳои интихобот комиссияҳои участкавии (ҳавзавии) интихобот бо супориши комиссияҳои болоии интихобот маълумотҳоро дар бораи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсии зикршуда аз бюллетенҳо хат мезананд.

Биноҳое, ки дар онҳо бюллетенҳо нигоҳдорӣ мегарданд, мўҳр карда ва муҳофизаташон ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 42. Тартиби овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси  намояндагон

Овоздиҳӣ дар рўзи интихобот аз соати 6 то 20 гузаронида мешавад.

Дар участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, дар санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонанд овоздиҳиро ҳар вақт анҷомёфта эълон кунад, ба шарте ки ҳамаи интихобкунандагони ба рўйихат воридшуда овоз дода бошанд.

Комиссияи участкавии интихобот вақту ҷои овоздиҳиро ба интихобкунандагон камаш даҳ рўз пеш аз интихобот хабар медиҳад.

Ҳар як интихобкунанда худаш овоз медиҳад. Ба ҷои дигарон овоз додан мумкин нест.

Дар рўзи интихобот, пеш аз оғози овоздиҳӣ раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури аъзоёни комиссия, инчунин нозирон ва шахсони дигар, намояндагони воситаҳои ахбори омма қуттиҳои интихоботиро аз назар гузаронида, сурғуч ё мўҳр мекунанд.

Бюллетенҳои интихоботро комиссияи участкавии интихобот дар асоси рўйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад. Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботро гирифта дар рўйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб,ном ва номи падари худ имзо мегузорад. Додани бюллетенҳои иловагӣ ба интихобкунанда манъ аст. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Овоздиҳанда бюллетени интихоботро дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунад. Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ бо салоҳдиди худ каси дигарро ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, нозирон, намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват кунад.

Интихобкунанда бояд фақат ба тарфдории як номзад ва ба як ҳизби сиёсӣ овоз медиҳад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ, дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ё ҳизби сиёсие, ки ба тарафдориашон овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо ва рўйхати ҳизбҳои сиёсӣ овоз додан, интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатрҳои «муқобили ҳамаи номзадҳо» ва «муқобили ҳамаи рўйхати ҳизбҳои сиёсӣ» аломати ҷамъ «+» мегузорад . (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо ва зидди ҳамаи  ҳизбҳои сиёсӣ овоз додан интихобкунанда бояд  ҳамаи номзадҳо ва ҳамаи ҳизбҳои сиёсиро хат занад.

Дар ҳолате, ки агар интихобкунанда дар вақти пур кардани бюллетен ба хатогӣ роҳ диҳад, вай метавонад аз аъзои комиссия, ки ба ў бюллетенро додааст, хоҳиш намояд, ки барояш бюллетени нав диҳад. Аъзои комиссия ба вай бюллетени нав дода, дар ин бора ба рўйхати интихобкунандагон қайди дахлдор мегузорад. Бюллетени вайроншуда дар асоси акт аз ҳисоб бароварда мешавад.

Овоздиҳанда баъди пур кардани бюллетен онро ба қуттии овоздиҳӣ мепартояд.

Агар баъзе интихобкунандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури нозирон ва шахсони боэътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва дар ин хусус дар рўйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рўйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсияти онҳоро тасдиқ менамояд, ба замимаи рўйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Дар ҳолате, ки узви комиссияи интихобот, нозирон ва шахсони дигар, ба кори комиссияи интихобот халал расониданӣ шаванд, ё ба ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат кунанд, ҳамчунин  ба овоздиҳии пинҳонӣ халал расонданӣ шаванд, дар ин маврид узви комиссия фавран аз иштирок дар кори комиссия дур карда шуда, шахсони дигар аз бинои овоздиҳӣ хориҷ карда мешаванд. Дар ин бора комиссия қарори дахлдор мебарорад ва ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани ин шахсон муроҷиат намояд.

 

Моддаи 43. Тартиби овоздиҳӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.( қҷт аз 14.03.14, №1065)

Ин ҷаласаро раиси комиссияи ҳавзавии интихобот мекушояд ва дар он раисӣ мекунад. Дар ҷаласа протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раиси комиссия ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба интихоботи Маҷлиси миллӣ он гоҳ салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар он аз нисф зиёди шумораи умумии вакилони интихобкунандаи  ҳар як мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок карда бошанд. Дар мавриди ҳозир набудани шумораи зарурии вакилони интихобкунанда ҷаласа мавқуф гузошта мешавад. қҷт аз 14.03.14, №1065)

Дар биное, ки ҷаласаи умумии вакилони интихобкунанда гузаронида мешавад, комиссияи ҳавзаи интихобот барои овоздиҳӣ ҷой ташкил медиҳад.

Овоз додан дар интихоботи Маҷлиси миллӣ  берун аз бинои овоздиҳӣ мумкин нест.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ онгоҳ баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар аз нисф зиёди вакилони интихобкунанда овоз дода бошанд. қҷт аз 14.03.14, №1065)

Ҷаласа баъд аз эълон кардани натиҷаи овоздиҳӣ аз тарафи раиси  комиссияи ҳавзавии интихобот пўшида мешавад.

Моддаи 44. Тартиби овоздиҳии пешакӣ

Агар интихобкунанда, дар рўзи интихобот ба участкаи интихобот, ки дар он ҷо ба рўйхати интихобкунандагон дохил карда шудааст, имконияти омаданро надошта бошад, ҳуқуқ дорад пешакӣ ба бинои комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот омада, бо пур кардани бюллетен овоз диҳад. Комиссияи интихобот вазифадор аст, ки махфияти овоздиҳии ўро таъмин намояд, ба ғалат нишон додани изҳори иродаи вай роҳ надиҳад, ҳифзи бюллетен ва баҳисобгирии овози интихобкунандаро дар вақти муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ ва муайян кардани ҷамъбасти интихобот таъмин созад.

Бюллетени интихобот, ки пешакӣ аз тарафи интихобкунанда пур карда шудааст, ба лифофа гузошта, он ширеш карда мешавад ва дар ҷои ширешшуда имзои ду нафар аъзои комиссияи дахлдори интихобот гузошта, бо мўҳри комиссияи интихобот ва имзои овоздиҳанда тасдиқ карда мешавад. Лифофаи ширеш кардашударо котиби комиссияи дахлдори интихобот дар бинои комиссияи ҳавзавии интихобот то лаҳзаи ба комиссияи участкавии интихобот супурдани бюллетенҳо нигоҳ медорад.

Дар рўзи овоздиҳӣ раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури аъзои комиссияи участкавии интихобот, нозирон ва дигар шахсон пеш аз оғози овоздиҳӣ дар бораи шумораи интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, маълумот дода, лифофаҳоеро, ки дар онҳо бюллетенҳои овоздиҳӣ ҷойгиранд ва рўихати интихобкунандагонеро, ки пешакӣ овоз додаанд, нишон медиҳад. Баъд аз ин лифофаро ба навбат бо риояи махфияти изҳори иродаи интихобкунандагон мекушояд ва бюллетенҳоро ба қуттии овоздиҳӣ мепартояд. Шумораи интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, қабл аз овоздиҳӣ ба протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ сабт гардида, дар рўйхати интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз додаанд, дар муқобили насаб, ном ва номи падари онҳо ишораи «Пешакӣ овоз додааст» гузошта мешавад.

Овоздиҳии пешакӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ  мумкин нест.

 

Моддаи 45. Протоколи комиссияи участкавии интихобот  дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ

Комиссияи участкавии интихобот ва комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси миллӣ дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ протокол тартиб медиҳанд.

Протоколи комиссияи мазкур бояд инҳоро дар бар гирад:

  • рақами нусхаи протокол;
  • зикри комиссияи дахлдори интихобот;
  • калимаи «Протоколи №»;
  • номи комиссияи интихобот бо зикри рақами участкаи интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон;
  • сатрҳои протокол бояд дорои сабтҳои зерин бошад:

а) шумораи интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда, ки ба рўйихат дохил карда шудаанд, ҳамчунин рўйхати интихобкунандагоне, ки ба рўйихат илова шудаанд;

б) шумораи бюллетенҳои интихобот, ки комиссияи интихобот гирифтааст;

в) шумораи бюллетенҳои интихобот, ки ба интихобкунандагони пешакӣ овоздода дода шудааст.

г) шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда;

д) шумораи бюллетенҳое, ки ба интихобкунандагон дар участкаҳои интихобот ва ба вакилони интихобкунанда дар ҷаласаҳои якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар рўзи овоздиҳӣ дода шудаанд; (қҷт аз 14.03.14, №1065)

е) шумораи бюллетенҳо дар қуттии овоздиҳӣ;

ж) шумораи бюллетенҳои эътиборноки интихобот;

з) шумораи бюллетенҳои беэътибор донисташуда;

и) шумораи овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда, ки ба тарафдории номзади, ҳизби сиёсии  ба бюллетенҳои овоздиҳӣ дохилгардида овоз додаанд;

к) шумораи овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда, ки ба муқобили ҳамаи номзадҳо, ҳамаи  ҳизбҳои сиёсӣ овоз додаанд.

Дар протокол дар бораи ҷамъбасти овоздиҳӣ сатрҳои зерин низ сабт карда мешаванд:

а) насаб, ном ва номи падари раис, котиб ва дигар аъзои комиссияи интихобот ва имзои онҳо; қҷт аз 14.03.14, №1065)

б) сана ва вақти имзои протокол;

в) мўҳри комиссияи интихобот.

Шумораҳое, ки дар қисми дуюми ин модда омадаанд, дар протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ бо рақам ва ҳарфҳо навишта мешаванд.

 

VII. Муайян кардани натиҷаҳои интихобот

 

Моддаи 46. Ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда ва тартиб додани протокол дар бораи  ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот аз  тарафи комиссияҳои интихобот

Ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда фавран баъд аз хатми овоздиҳӣ шурўъ шуда, бе танаффус  то муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ идома меёбад.

Баъди гузаштани вақти овоздиҳӣ пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот дар ҳузури нозирон ва шахсони боэътимод  бюллетенҳои истифоданашударо аз ҳисоб мебароранд. Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳои истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен сурат мегирад. Шумораи ин бюллетенҳо эълон мегардад  ва ба протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дохил карда мешавад. Баъд раиси комиссияи дахлдори интихобот дурустии мўҳру сурғучи қуттиҳои овоздиҳии сайёрро месанҷад  ва ба аъзоёни комиссия имкон медиҳад, ки онҳо низ ба дуруст будани мўҳру сурғуч боварӣ ҳосил намоянд ва қуттии овоздиҳии сайёрро мекушояд. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бюллетенҳои интихоботро ҳисоб мекунад ва мувофиқи сатрҳои протокол оиди ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ шумораи дахлдорро ба он дохил менамояд.

Ҳисобкунии бевоситаи овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда дар ҷойҳои махсус  таҷҳизонидашуда, ки ба он аъзоёни комиссияи интихобот дастрасӣ доранд, гузаронида мешавад. Ба аъзои комиссияи интихобот, ба истиснои раис ва котиби комиссия, ҳангоми ҳисобкунии овозҳо доштани воситаҳои хатнависӣ мумкин нест. Зимнан ҳангоми ҳисобкунии овозҳо фаъолияти аъзои комиссия бояд ба ҳозирон аён бошад.

Бюллетенҳои интихоботии намунаашон ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд. Бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарӣ бюллетенҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мазмун ва ё шакли онҳо ба матн ва шакли бюллетенҳои мувофиқи ин Қонун тасдиқгардида мувофиқат надорад.

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бюллетенҳои ба тарафдории ҳар номзад,  ҳар ҳизби сиёсӣ овоздодашударо ҷудо мекунанд ва дар айни замон бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарию беэътиборро алоҳида мегузоранд. Баъд аз ин овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда аз рўи бюллетенҳои шаклашон муқаррарӣ оид ба ҳар номзад, ҳар ҳизби сиёсӣ ҳисоб карда мешаванд.

Бюллетенҳои беэътибор алоҳида ҳисоб ва ҷамъ карда мешаванд. Бюллетенҳои беэътибор бюллетенҳое ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо зиёда аз як номзад монда шудааст, ё зиёда аз як  ҳизби сиёсӣ ё ҳамаи номзадҳо ё ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ монда шудааст, ҳамчунин бюллетенҳое, ки аз рўи онҳо изҳори иродаи интихобкунандаро, вакилони интихобкунанда муайян кардан мумкин нест. Агар оиди  беэътибор донистани бюллетен шубҳа пайдо шавад, комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот ин масъаларо бо роҳи овоздиҳӣ ҳал намуда, дар ақиби бюллетен сабаби беэътибор дониста шудани онро нишон медиҳад.

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот ба сатри протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ шумораи бюллетенҳои беэътибор ва баъд шумораи бюллетенҳои шаклашон муқаррариро, ки аз қуттиҳои овоздиҳӣ баромадаанд, зикр менамоянд.

Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ду нусха бо қалами худкори рангӣ тартиб дода шуда, ба он раис ва ҳамаи аъзои ҳозирбудаи комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бо зикри сана ва вақт имзо мегузоранд. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1086)

Протокол ҳамон вақт боэътибор ҳисобида мешавад, ки агар онро аз нисф зиёди аъзои комиссия имзо карда бошанд. Ҳангоми имзои протокол аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот, ки бо мазмуни протокол розӣ нестанд, ҳуқуқ доранд фикри махсуси худро ба протокол замима намоянд ва дар ин бора дар протокол ишораи дахлдор гузошта мешавад.

Нусхаи якуми протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ баъди имзо гардидани он якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба шумули бюллетенҳои интихобот, шикоятҳо (аризаҳо), қарорҳои доир ба онҳо қабулшуда ва актҳое, ки аз тарафи комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот тартиб дода шудаанд, фавран ба комиссияи болоии интихобот фиристода мешаванд.

Нусхаи дуюми протокол, ҳамчунин мўҳри комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот дар дасти котиби комиссия то ба охир расидани  фаъолияти комиссия нигоҳ дошта мешаванд.

Нусхаҳои тасдиқшудаи протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ аз ҷониби раис ё котиб ба ҳама аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот шинос карда шуда, дарҳол нусхаи он ба мўҳлати се шабонарўз ба девори бинои овоздиҳӣ овехта мешавад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 47. Тартиби муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ  аз тарафи комиссияи болоии интихобот

Нусхаи якуми протоколҳои комиссияҳои участкавии (ҳавзавии) интихобот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ баъд аз имзои аъзои комиссия бевосита ба комиссияи болоӣ фиристода мешаванд.

Ҳангоми ошкор намудани саҳву хато дар протоколҳо ва ба вуҷуд омадани шубҳа дар дурустии тартиб дода шудани онҳо, ки аз комиссияи поёнии интихобот ворид гардидаанд, комиссияи болоии интихобот ҳуқуқ дорад дар бораи ҳисобкунии такрории овозҳо аз тарафи комиссияи поёнии интихобот қарор қабул кунад. Ҳисобкунии такрорӣ бо иштироки ҳатмии узви (аъзои) комиссияи болоии интихобот ва дар ҳузури нозирон ва шахсони боэътимод сурат мегирад. Аз рўи ҷамъбасти ҳисобкунии такрории овозҳои интихобкунандагон (вакилони интихобкунанда) комиссияи интихобот протоколро дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ тартиб медиҳад, ки дар он ишораи «Ҳисобкунии такрории овозҳо» сабт мегардад. Протокол фавран ба комиссияи болоии интихобот фиристода мешавад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

 

Моддаи 48. Муайян намудани натиҷаи интихобот ба Маҷлиси  намояндагон

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вобаста ба ҳудуди худ муқаррар намуда ва онро фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод менамояд.

Дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки агар аз 50 фоиз зиёди овозҳои интихобкунандагони дар интихобот иштироккардаро гирифта бошад.

Интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот онгоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рўйихат дохилшуда иштирок карда бошанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  менамояд. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ бо роҳи ҷамъ намудани маълумоти дар онҳо зикршуда овозҳои интихобкунандагонро доир ба ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ҳисоб мекунад.

Интихобот дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ онгоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рўйихат дохилшуда иштирок карда бошанд.

Ҳизбҳои сиёсие, ки камтар аз 5 фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтаанд, аз гирифтани мандати вакилӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ маҳрум мегарданд.

Ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он овоздиҳандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд, мувофиқи қоидаи пешбиникардаи ин Қонун миқдори мандати вакилӣ мегиранд.

Тақсимоти мандати вакилӣ дар байни номзадҳо аз рўи рўихати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи тартиби ҷойгиркунонии онҳо дар рўйихат, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ онро тасдиқ намудааст, сурат мегирад. Аз ҳар рўихати номзадҳо вакилоне бароварда мешаванд, ки онҳо аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба Маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд. Дар ин ҳолат мандати вакилӣ ба номзадҳо ба тартиби навбаташон дар рўихат дода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ протоколро дар бораи тақсимоти мандатҳои вакилӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ аз рўи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи қоидаи  пешбиникардаи ин Қонун тартиб медиҳад.

Ба протокол инҳо илова карда мешаванд:

  • номи ҳизби сиёсӣ, ки ба тақсимоти мандатҳои вакилӣ ҳуқуқ дорад.
  • насаб, ном ва номи падари вакилони интихобшуда аз ҳар як рўихати номзадҳо. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мавриде, ки агар ягон ҳизби сиёсӣ ба меъёри  панҷфоиза ноил нагардида бошад, мандатҳои вакилиро доир ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тақсимнашуда ҳисоб мекунад.

Дар ин маврид Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот интихоботи такрорӣ таъин мекунад.

Моддаи 49. Овоздиҳии такрорӣ ба Маҷлиси  намояндагон

Агар дар ҳавзаи якмандатии интихобот зиёда аз ду номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон баовозмонда, ягонтои онҳо интихоб нашуда бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот қарор қабул мекунад, ки оид ба ду номзаде, ки аз ҳама бештар овоз гирифтаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронида шавад. Комиссияи ҳавзавӣ аз хусуси ин қарораш ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар дода, ҳамчунин интихобкунандагони ҳавзаро огоҳ менамояд. Овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаи интихобот дар давоми на дертар аз ду ҳафта дар ҳудуди ҳамон участкаҳои интихобот ва аз рўи ҳамон рўихати интихобкунандагон ва мувофиқи, талаботи ин Қонун  гузаронида мешавад.

Ҳамон номзад вакили Маҷлиси намояндагон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар вақти овоздиҳии такрорӣ аз номзади дигар, дар сурати дар овоздиҳӣ иштирок кардани беш аз нисфи шумораи интихобкунандагони ба рўйихат дохилгардида миқдори зиёдтари овози интихобкунандагонро гирифтааст.

Агар ҳангоми овоздиҳии такрорӣ яке аз номзадҳо бо ягон сабаб хориҷ шавад, овоздиҳӣ барои як номзад гузаронида мешавад. Дар айни ҳол ба номзад барои вакил шуданаш зарур аст, ки зиёда аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирад.

Дар вақти овоздиҳии такрорӣ комиссияи участкавии интихобот овоздиҳиро ҳар вақт тамомшуда эълон карда метавонад, ба шарте ки ҳамаи интихобкунандагони ба рўйихат дохилшуда овоз дода бошанд.

 

Моддаи 50. Тарзу усули тақсимоти мандатҳои вакилӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маҷмўи овозҳои интихобкунандагонро, ки ба тарафдории   ҳизбҳои сиёсӣ дода шудааст ва он 5 фоиз ва зиёда аз он овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ иштироккардаро ташкил медиҳад, ҳисоб мекунад. Маҷмўи овозҳои интихобкунандагон ба 22 (шумораи мандатҳои вакилон аз ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ) тақсим карда мешавад. Натиҷаи ҳосилшуда миқдори овозҳое мебошад, ки барои як мандати вакилӣ лозим аст. Баъд миқдори овозҳое, ки ҳар як  ҳизби сиёсӣ дар тақсимоти мандати вакилӣ иштироккарда гирифтааст, ба миқдори овозҳое, ки барои як мандати вакилӣ лозим, тақсим карда мешавад. Натиҷаи ҳосилшуда шумораи мандатҳои вакилие мебошад, ки рўйхати дахлдори номзадҳо мегирад.

Агар баъд аз ин мандатҳои тақсимнашуда боқӣ монанд, онҳо дуюмбора тақсим карда мешаванд. Мандатҳои тақсимнашуда яктоӣ ба  ҳизбҳои сиёсие дода мешавад, ки бақияи  овозҳои гирифтаи онҳо зиёд аст.

Дар сурати баробар будани миқдори овозҳо афзалият ба ҳамон рўихати номзадҳо дода мешавад, ки ба онҳо шумораи зиёдтари овозҳои интихобкунандагон дода шудааст. Агар шумораи овозҳои интихобкунандагон баробар бошад, афзалият ба ҳамон рўйхати номзадҳо дода мешавад, ки он пештар ба қайд гирифта шудааст.

 

Моддаи 51. Муайян намудани натиҷаи интихобот ба Маҷлиси миллӣ

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи худ, ки дар ҷои овоздиҳӣ гузаронида мешавад, овозҳоро ҳисоб мекунад. Ҳисобкунии овозҳо зимнан баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ сар мешавад.

Номзадҳое интихобшуда ҳисоб мегарданд, ки агар шумораи зиёдтари овозҳои вакилони интихобкунандаи дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифта бошанд. Дар сурати баробар будани овозҳои гирифтаи номзадҳо афзалият ба номзади синну солаш калонтар дода мешавад.

Натиҷаи интихобот дар протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихобот сабт гардида,  ба он раис ва ҳамаи аъзои ҳузурдоштаи комиссияи ҳавзавии интихобот имзо мегузоранд ва он фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ супорида мешавад.

 

Моддаи 52. Тартиби таъйин намудан ва бақайдгирии аъзои  Маҷлиси миллӣ

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   на дертар аз 30  рўзи баъди интихоботи Маҷлиси намояндагон ба Фармони худ таъйин мекунад.

Номзади  ба аъзогии Маҷлиси миллӣ интихоб ва таъингардида  бояд дар муддати се рўз дар шакли хаттӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи даст кашидан аз вазифае, ки ба статуси аъзои Маҷлиси миллӣ  мувофиқ нест,  хабар диҳад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баъди гирифтани аризаи номзади интихобгардида ва таъингардида дар бораи даст кашидан аз вазифае, ки ба статуси аъзои Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, ҳамчунин президентҳои собиқро, ки аз ҳуқуқи аъзои Маҷлиси миллӣ будан даст накашидаанд, ба қайд мегирад.

Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот қонун риоя нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳуқуқ дорад интихоботро беэътибор шуморад ва аъзои Маҷлиси миллиро ба қайд нагирад. Нисбати қарор дар бораи беэътибор донистани  интихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рўз шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 53. Интихоботи такрорӣ

Агар дар ҳавзаи якмандатии интихобот ба Маҷлиси намояндагон  на бештар аз ду кас номзадии худро ба вакилии Мачлиси намояндагон пешбарӣ карда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо   интихоб нагардида бошад ва ё интихоботи ин ҳавза баргузор нашуда ё беэътибор дониста шуда бошад, ё дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ягон ҳизби сиёсӣ ба тақсимоти мандати вакилӣ ҳуқуқ пайдо накарда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба комиссияи ҳавзавии интихобот супориш медиҳад, ки дар ин ҳавза интихоботи такрорӣ гузаронида шавад. Дар ин ҳолат Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ метавонад дар бораи зарурати бо ҳайати нави комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ гузаронидани интихобот қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар худи ҳамон участкаҳои интихобот ва мутобиқи рўйихатҳои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асосӣ таҳия гардидаанд, гузаронида мешавад.

Шахсе, ки номзадиаш ба вакилии  Маҷлиси  намояндагон дар давраи гузаронидани интихоботи асосӣ пешбарӣ гардида, ба қайд гирифта шудааст, наметавонад дар вақти интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза номзад пешбарӣ шавад.

Интихоботи такрорӣ камаш баъди ду моҳи интихоботи асосӣ гузаронида мешавад. Комиссияҳои интихобот аз рўи тартиби муқаррарнамудаи ин Қонун ташкил гардида, пешбарӣ ва ба қайд гирифтани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар амалҳои вобаста ба интихобот ба тартибе, ки ин Қонун муқаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 54. Бақайдгирии вакилони Маҷлиси намояндагон

Комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот баъди имзои протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ин бора ба номзади интихобгардида хабар медиҳад.

Ба вакилоне, ки дар натиҷаи тақсимоти мандатҳо аз рўи рўйхати номзадҳо интихоб шудаанд, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар ин бора хабар дода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баъди ба таври расмӣ дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намудани натиҷаи интихобот  дар муддати 3 рўз вакилони интихобгардидаро ба Маҷлиси намояндагон ба қайд мегирад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

Агар дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисоби овозҳо ва ё муайян намудани натиҷаи интихобот қонун риоя нашуда бошад, ки он барои муайян намудани номзади ғолиб таъсир дошта бошад Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ метавонад интихоботро беэътибор шуморад. Нисбати қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рўз шикоят кардан мумкин аст. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Агар интихобот дар участкаҳои алоҳида беэътибор дониста шуда бошад, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи овоздиҳӣ дар ин участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте, ки бе онҳо интихобот дар маҷмўъ баргузоршуда ҳисоб карда шавад.

 

Моддаи  55. Чоп кардани натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагон

Натиҷаи пешакии интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон карда мешавад. (қҷт аз 15.07.04, №44)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ахборотро дар бораи натиҷаи интихоботи саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўйхати   аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагонро дар муддати  на дертар аз ду ҳафта баъди интихобот интишор мекунад. (қҷт аз 14.03.14, №1065)

 

Моддаи 56. Шаҳодатномаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакили Маҷлиси  намояндагон

Комиссияи ҳавзавии интихобот баъди дар матбуот чоп шудани рўйхати вакилони Маҷлиси намояндагон, ки Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ онҳоро ба қайд гирифтааст, ба ҳар вакили интихобшуда дар бораи интихоб гардиданаш шаҳодатнома медиҳад.

Баъд аз ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  ба Маҷлиси намояндагон интихобшударо тасдиқ намудани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз тарафи Комиссияи мазкур ба онҳо шаҳодатномаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон  дода мешавад.

 

Моддаи 57. Гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси  миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон  ба ивази аъзоҳо ва вакилони хориҷшуда

Дар сурати пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот интихоботи нав дар муддати 3 моҳи баъди қатъ гардидани ваколати онҳо гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ камаш ду моҳ пеш аз гузаронидани интихобот таъин карда шуда, он мувофиқи талаботи ин Қонун гузаронида мешавад. Зимнан комиссияи ҳавзавии интихобот 50 рўз пеш, комиссияҳои участкавии интихобот як моҳ пеш аз интихобот ташкил гардида, бақайдгирии номзадҳо ба аъзогии  Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагон як моҳ қабл аз интихобот ба охир мерасад.

Дар сурати пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати вакиле, ки дар натиҷаи тақсимоти мандатҳои вакилӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ интихоб шудааст, мандати вай бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба номзаде, ки баъд аз интихобшудагон дар рўйхати дахлдор қарор дорад, дода мешавад.

Агар дар рўйихат номзад намонда бошад, мандат то интихоботи оянда холӣ мемонад.

Агар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон   камаш як сол пеш аз қатъи ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон   ваколаташ қатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили   Маҷлиси  намояндагон  ба ҷои вакили  ваколаташ қатъгардида гузаронида намешавад.

 

Моддаи 58. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани ин Қонун

Шахсоне, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона истифода бурдан аз ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ва бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо роҳи зўрӣ, фиреб, таҳдид ё роҳи дигар монеъ мешаванд, инчунин аъзои комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки нисбати ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ба сохтакорӣ роҳ медиҳанд ва овозҳоро қасдан нодуруст ҳисоб мекунанд, махфияти овоздиҳиро вайрон менамоянд ва ба дигар вайронкунии ин Қонун роҳ медиҳанд, мувофиқи муқаррароти   қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамчунин шахсоне, ки бо роҳи дар матбуот чоп кардан ё ба воситаи дигар дар бораи номзад  қасдан овозаҳои бардурўғ паҳн намуда, ба ин восита шаъну эътибори ўро доғдор месозанд, ё аъзои комиссияҳои интихоботро таҳқир мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 59. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аз рўзи эътибор пайдо кардани ин Қонуни конститутсионӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1994, №23-24, моддаи 444) беэътибор  дониста шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 10 декабри соли 1999

№ 856

ШАРИКОН: