Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари Абдураҳмон Қодирӣ ва Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия»

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари Абдураҳмон Қодирӣ ва Имомзода

Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия»

 

Даъвати муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Е.В. Бушминро пази­руфта, Шӯ­­рои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Барои иштирок дар ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Форуми VI байнипарламентии «Россия–Тоҷикис­тон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» аъзои Кумитаи тадорукоти мазкур Абдураҳмон Қодирӣ — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, муовини ҳамраиси Комиссияи зикршуда аз 27 феврал то 1 марти соли 2018 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия фиристода шаванд.
  1. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки хароҷоти марбут ба сафари мазкурро тибқи меъёрҳои муқарраргардида пардохт намояд.

 

Раиси

Маҷлиси милли Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

21 феврали соли 2018,

№589

ШАРИКОН: