Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари Насимов А. Н. ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия»

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари Насимов А. Н.

ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия»

          Даъвати Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия В. В. Володинро пази­руфта, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ оид ба рушди парламентаризм узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Насимов Абдурасул Нишанкулович аз 3 то 6 июни соли 2018 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия фиристодашавад.
  1. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки хароҷоти марбут ба сафари мазкурро тибқи меъёрҳои муқарраргардида пардохт намояд.

Раиси
Маҷлиси милли Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,
18 апрели соли 2018,
№597

 

ШАРИКОН: