Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории муҳокимаи парламентӣ»

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи баргузории муҳокимаи парламентӣ»

 

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017» аз 19 январи соли 2018, №565/1», аз 16 феврали соли 2018, №513 Шӯрои   Маҷлиси   миллии   Маҷлиси   Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қ а р о р    м е к у н а д:

 

  1. Муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 апрели соли 2018, соати 10.00 дар толори маҷ­лис­гоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
  2. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа (Раҳимӣ Фарҳод) ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ (Шамсзода А.С.) ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии ҶумҳурииТоҷикистон                                                                                                     М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

4 апрели соли  2018,

№ 595

 

ШАРИКОН: