Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси

Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи банди 8 Низомномаи Ассамблеяи Байнипарламентии Ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р    м е к у н а д:

  1. Тибқи пешниҳодҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун қисми таркибии ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарламентии Ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз шахсони зерин таъсис дода шавад:

— Абдураҳимзода Темур Абдуманон, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Сангинов Дониёр Шомаҳмадович, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои ҳуқуқ, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

— Хоҷазода Фарзона Ҳамдам, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат, муовини раиси шаҳри Ваҳдат.

  1. Ба инобат гирифта шавад, ки ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле як маротиба гузаронида мешавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                  М.Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

3 апрели соли  2018,

№ 593

ШАРИКОН: