Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари Лоиқзода Қ.Х. ва Самадзода З.М. ба шаҳри Санкт-ПетербургиФедератсияи Россия»

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари Лоиқзода Қ.Х. ва Самадзода З.М. ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия»

Даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил В.И.Матвиенко ва Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ В.В.Володинро пазируфта, Шӯрои   Маҷлиси миллии   Маҷлиси   Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р    м е к у н а д:

  1. Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро, ҷаласаи чилуҳафтуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кори комиссияҳои доимии он, инчунин ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ва узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ-лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон аз 11 то 14 апрели соли 2018 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия фиристода шаванд.
  2. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки хароҷоти марбут ба сафари мазкурро тибқи меъёрҳои муқарраргардида пардохт намояд.

 

Раиси

Маҷлиси милли Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                        М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

27 марти соли 2018,

№592

ШАРИКОН: