Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон»

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи сафари Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна

ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон»

Даъвати муваққатан иҷрокунандаи мансаби Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил С.В. Антуфевро пази­руфта, Шӯ­­рои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Барои иштирок дар мушоҳидаи омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботи ғайринавбатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна дар ҳайати нозирони Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 то 13 апрели соли 2018 ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон фиристода шавад.
  1. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки хароҷоти марбут ба сафари мазкурро тибқи меъёрҳои муқарраргардида пардохт намояд.

 

Раиси

Маҷлиси милли Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

13 марти соли 2018,

№591

ШАРИКОН: