Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017»

Қарори

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017»

      Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017» ҷонибдорӣ ва барои тасдиқ ба баррасии иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
  2. Кумитаҳо, Комиссияи Маҷлиси миллӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоту сохторҳои марбута иҷрои чорабиниҳои зикршударо таъмин намоянд.
  3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зимаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ вогузор ва муваззаф карда шавад, ки аз натиҷаи иҷрои он то 10 декабри соли 2018 ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори муфассал манзур намояд.

 

Раиси

Маҷлиси милли Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                          М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

19 январи соли 2018,

№565/1

ШАРИКОН: