Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории муҳокимаи парламентӣ»

Қарори
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории муҳокимаи парламентӣ»

          Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017» аз 19 январи соли 2018, №565/1», аз 16 феврали соли 2018, №513 Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қ а р о р    м е к у н а д:

         1.  Муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 19 декабри соли 2018, соати 10.00 дар толори маҷ­лис­гоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

        2. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ (Имомзода М.С.) ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ (Шамсзода А.С.) ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,
14 декабри соли 2018,
№661

ШАРИКОН: