Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия»

Қарори
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари ҳайати парламентии
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия»

        Бо инобати даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил В.И.Матвиенко,  Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер ва Котиби масъули Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ П.П.Рябухин, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Ба инобат гирифта шавад, ки барои иштирок дар ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иш­тирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», инчунин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти дастаҷамъӣ бо сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев шахсони зерин аз 28 ноябр то 1 декабри соли 2018 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом медиҳанд:

Ҳайати парламентӣ:

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои консти­тут­сионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байни­парламентии давлатҳои иш­тирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният;

Ҷаббори Ғаффор узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байни­парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба назорат ва буҷет;

Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна узви Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷ­­лиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байни­парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқ.

Ҳайати ҳамроҳон:

Зуҳурзода Хуршед Ҳасан мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷ­­лиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;

Қурбонзода Наврӯз Шариф ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ.

Ҳайати муҳофизин:

Маҳмудов Фатҳулло Хайруллоевич афсари амният;

Эмомов Фарҳод Давлатович аскари амният.

  1. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки хароҷоти сафари зикршударо тибқи меъёрҳои муқарраргардида пардохт намояд.

 

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                        М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,
19 ноябри соли 2018,
№ 659

ШАРИКОН: